Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Сулҳҷӯ бошед!

Сулҳҷӯ бошед!

Сулҳҷӯ бошед!

«Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӣ... саъю кӯшиш кунем» (РУМ. 14:19).

1, 2. Чаро байни Шоҳидони Яҳува сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармост?

ДАР ҷаҳони имрӯза сулҳу осоиштагиро ёфтан хеле душвор аст. Ҳатто байни одамони як миллат, ки бо як забон гап мезананд, бисёр вақт ягонагӣ вуҷуд надорад. Онҳоро дин, сиёсат ва сатҳи гуногуни зиндагӣ аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Вале дар байни халқи Яҳува вазъият тамоман дигар хел аст. Қатъи назар аз он ки онҳо «аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо ва забонҳо» мебошанд, дар байни онҳо сулҳу ягонагӣ ҳукмфармост (Ваҳй 7:9).

2 Чаро дар байни халқи Худо чунин сулҳу осоиштагӣ дида мешавад? Сабаби асосӣ ин аст, ки мо тавассути имон ба Писари Худо, ки барои гуноҳҳои мо ҳаёташро қурбон кардааст, «бо Худо... сулҳу осоиштагӣ дорем» (Рум. 5:1; Эфс. 1:7). Ҳамчунин, Яҳува ба хизматгорони содиқаш рӯҳи муқаддас медиҳад ва самари он рӯҳ осоиштагиро дар бар мегирад (Ғал. 5:22). Сабаби дигари сулҳу ягонагиамон дар он аст, ки мо «аз ҷаҳон» нестем (Юҳ. 15:19). Ин маънои онро дорад, ки мо дар сиёсат ва ҷангҳо иштирок намекунем. Чӣ тавре ки Китоби Муқаддас мегӯяд, халқи Яҳува «шамшерҳои худро ба амочҳо» табдил додаанд (Иш. 2:4).

3. Сулҳе, ки мо дар байни худ дорем ба чӣ имконият медиҳад ва дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Ҳарчанд ҷамъомади Шоҳидони Яҳува, ки мо ба он тааллуқ дорем, аз одамони халқу маданияташон гуногун иборат аст, мо «якдигарро дӯст» медорем (Юҳ. 15:17). Сулҳе, ки дар байни мо аст, на танҳо онро дар бар мегирад, ки мо ба бародаронамон зарар намерасонем. Он ба мо имконият медиҳад, ки «ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ» (Ғал. 6:10). Сулҳ бо Яҳува ва бо хоҳару бародаронамон хеле пурарзиш аст. Мо бояд онро муҳофизат кунем. Аз ин рӯ, биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо дар дохили ҷамъомад сулҳҷӯ буда метавонем.

Вақте ки мо «пешпо мехӯрем»

4. Вақте ки касе аз мо меранҷад, мо барои нигоҳ доштани сулҳ чӣ кор карда метавонем?

4 Яъқуби шогирд навишта буд: «Ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар сухан пешпо намехӯрад, вай одами комил аст» (Яъқ. 3:2). Аз ин рӯ, баъзан байни аъзоёни ҷамъомад гуногунфикрӣ ё ягон проблема ба миён меояд (Фил. 4:2, 3). Вале агар проблема рӯй диҳад, онро бе вайрон кардани сулҳу осоиштагии ҷамъомад ҳал кардан мумкин аст. Масалан, фикр кунед, ки аз рӯи маслиҳати Исо ҳангоми ранҷонидани касе мо бояд чӣ кор кунем. (Матто 5:23, 24–ро бихонед.)

5. Вақте ки касе моро хафа мекунад, чӣ тавр мо сулҳро нигоҳ дошта метавонем?

5 Чӣ бояд кард, агар моро касе бо ягон рафтори андак нодурусти худ хафа кунад? Оё мо бояд интизор шавем, ки ӯ омада аз мо бахшиш пурсад? Дар 1 Қӯринтиён 13:5 гуфта мешавад, ки «[муҳаббат]... ба дил кина намегирад». Вақте ки касе моро меранҷонад мо сулҳҷӯ будани худро бо он нишон медиҳем, ки мо ӯро мебахшем ва он проблемаро фаромӯш мекунем. (Эфсӯсиён 4:32–ро бихонед.) Бо ин роҳ мо проблемаҳои ночизи ҳаёти ҳаррӯзаро бо роҳи беҳтарин ҳал мекунем, зеро ин кӯмак мекунад, ки бо ҳамимононамон сулҳро нигоҳ дорем ва осоиштагии ботинӣ ҳис кунем. Дар як масали хирадмандонае гуфта мешавад, ки аз хатогӣ «чашм пӯшида гузаштан ҷалолати» шахс аст (Мас. 19:11).

6. Чӣ бояд кард, агар бахшидани касе, ки моро ранҷондааст, бароямон хеле душвор бошад?

6 Вале агар касе моро ранҷонаду бахшидани ӯ бароямон хеле душвор бошад, он гоҳ–чӣ? Дар ин бора ба гӯши ҳама расонидани ин аз рӯи хирад нест. Ин намуди ғайбат сулҳу осоиштагии ҷамъомадро вайрон мекунад. Чӣ тавр мо ин проблемаро бо роҳи сулҳ ҳал карда метавонем? Дар Матто 18:15 гуфта шудааст: «Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарёфтӣ». Ҳарчанд дар Матто 18:15–17 оиди гуноҳи ҷиддӣ сухан меравад, мо принсипи дар ояти 15 бударо дар дигар мавридҳо низ ба кор бурда метавонем. Пас, вақте ки байни мову касе проблема ба миён меояд, хуб мебуд, ки дар ин бора танҳо бо худи ӯ сӯҳбат кунем. Мо бояд бо бародарамон меҳрубонона гап занем ва кӯшиш кунем, ки сулҳро аз нав бо ӯ барқарор кунем *.

7. Чаро мо бояд проблемаҳоро ҳар чӣ зудтар ҳал кунем?

7 Павлуси ҳавворӣ навишт: «Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад; ва ба иблис ҷой надиҳед» (Эфс. 4:26, 27). Исо низ гуфт: «Зуд бо... [даъвогари худ] оштӣ шав» (Мат. 5:25). Пас барои бо дигарон нигоҳ доштани сулҳ мо бояд проблемаҳоро ҳар чӣ зудтар ҳал кунем. Чаро? Зеро чӣ тавре ки ҷои захмишудаи баданамонро ҳар чӣ зудтар тоза карда дору намолем, он аз будаш бадтар мешавад, ҳамон тавр агар проблемаҳоро зудтар ҳал накунем, онҳо калонтар ва боз ҳам ҷиддитар мешаванд. Биёед ба ғурур, ҳасад ва пулдӯстӣ роҳ надиҳем, ки моро аз тез ҳал кардани проблемаҳои байни мову ҳамимононамон боздоранд (Яъқ. 4:1–8).

Вақте ки проблема ба бисёриҳо дахл дорад

8, 9. а) Дар ҷамъомади шаҳри Рум чӣ гуна баҳс ба миён омада буд? б) Чӣ тавр Павлус масеҳиёни румиро ислоҳ кард?

8 Баъзе проблемаҳое, ки дар ҷамъомад ба миён меоянд, ба бисёриҳо дахл доранд. Чунин ҳолат бо масеҳиёни румӣ рӯй дода буд. Он ҷо байни масеҳиёни яҳудӣ ва ғайрияҳудӣ баҳс ба миён омад. Баъзе аъзоёни ҷамъомад аз афташ ба касоне, ки виҷдони сусттар доштанду чизҳои аз ҳад зиёдро ба худ раво намеҳисобиданд, ҳавобаландона менигаристанд. Ва шахсоне, ки имони сусттар доштанд, дигаронро барои кору масъалаҳои шахсӣ бемаврид маҳкум мекарданд. Павлус ба аъзоёни ин ҷамъомад чӣ маслиҳат дод? (Рум. 14:1–6).

9 Павлус ҳар ду тарафи баҳскунандагонро насиҳат дод. Касоне, ки виҷдони қавӣ доштанд, мефаҳмиданд, ки дигар Қонуни Мусоро риоя кардан лозим нест. Павлус ба онҳо гуфт, ки ба бародарони худ ҳавобаландона назар накунанд (Рум. 14:2, 10). Чунин рӯҳия метавонист сабаби пешпо хӯрдани онҳое гардад, ки то ҳол хӯрдани чизҳои аз тарафи Қонуни Мусо манъшударо нодуруст меҳисобиданд. «Аз барои хӯрок кори Худоро вайрон накун,— гуфт Павлус,— беҳтар аст, ки ту гӯшт нахӯрӣ, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан[и]... бародарат мегардида бошад» (Рум. 14:14, 15, 20, 21). Аз тарафи дигар, Павлус ба онҳое, ки виҷдони сусттар доштанд, гуфт, ки касонеро, ки тарзи фикрронии васеътар доранд, маҳкум накунанд (Рум. 14:13). Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед» (Рум. 12:3). Баъди ислоҳ намудани ҳар ду гурӯҳи масеҳиён ӯ онҳоро даъват кард: «Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва тақвияти якдигар саъю кӯшиш кунем» (Рум. 14:19).

10. Чун дар мавриди масеҳиёни румӣ, онҳое, ки дар байнашон баҳс ба миён меояд, бояд чӣ кор кунанд?

10 Мо боварӣ дошта метавонем, ки масеҳиёни ҷамъомади Рум насиҳати Павлусро қабул карданд ва дар тарзи фикрронӣ ва рафтори худ дигаргуниҳои лозима дароварданд. Имрӯз, вақте ки байни мо ва хоҳарону бародаронамон баҳс ба миён меояд, мо онро аз рӯи муҳаббат ҳал карда метавонем, агар мувофиқи маслиҳати Китоби Муқаддас амал кунем. Чун дар мавриди масеҳиёни румӣ, вақте ки дар ҷамъомад ягон проблема ба миён меояд, шояд ба ҳар ду ҷониб лозим аст, ки ба тарзи фикррониву рафтори худ дигаргуниҳои даркорӣ дароранд, то «бо якдигар муросо» кунанд ва сулҳро нигоҳ доранд (Марқ. 9:50).

Пирон чӣ тавр кӯмак карда метавонанд

11. Вақте ки масеҳие оиди проблемаи бо ҳамимон доштааш бо пири ҷамъомад гап мезанад, пир бояд чӣ кор кунад?

11 Фарз мекунем, ки ягон масеҳӣ бо аъзои оилааш ё масеҳии дигар проблемае дораду бо пири ҷамъомад дар ин бора гап задан мехоҳад. Масалҳо 21:13 мегӯяд: «Касе ки гӯши худро аз фиғони бенаво баста бошад, худаш низ фарёд занад, фарёдрас намеёбад». Пири ҷамъомад албатта гӯши худро аз шунидани касе ки ба кӯмак мӯҳтоҷ аст, намебандад. Вале масали дигаре мегӯяд: «Нахустин дар даъвои худ ҳақ менамояд, вале ҳарифи ӯ меояду ӯро тафтиш мекунад» (Мас. 18:17). Пири масеҳӣ бояд шахсро меҳрубонона гӯш кунад, лекин ба ӯ эҳтиёт будан лозим аст, ки шахсеро, ки дар бораи айби касе нақл карда истодааст, тарафгирӣ накунад. Баъди шунидани масъала, ӯ эҳтимол мепурсад, ки оё вай бо шахсе ки ӯро ранҷонд, гап зад ё не. Пири масеҳӣ ҳамчунин метавонад ҳамроҳи вай дида барояд, ки Китоби Муқаддас дар бораи бо дигарон нигоҳ доштани сулҳ чӣ мегӯяд.

12. Кадом се мисол нишон медиҳад, ки ҳама ҷонибҳои масъаларо нафаҳмида чора андешидан, хатарнок аст?

12 Танҳо як шахси бо проблема алоқамандро гӯш карда дарҳол чора андешидан, хатарнок аст. Инро се мисоли Китоби Муқаддас нишон медиҳад. Мисоли аввал бо Фӯтифар рӯй дода буд. Фӯтифар ба суханони дурӯғи занаш, ки Юсуфро дар таҷовуз айбдор карданӣ шуд, бовар кард. Ӯ чунон ба ғазаб омад, ки Юсуфро ба зиндон партофт (Ҳас. 39:19, 20). Мисоли дигар бо шоҳ Довуд рӯй дода буд. Хизматгори Мефибӯшет, Сибо, ба Довуд гуфт, ки Мефибӯшет ба душманони Довуд ҳамроҳ шудааст. Довуд ба ин бовар кард ва фикр накарда чунин гуфт: «Инак, ҳар он чи Мефибӯшет дорад, аз они ту хоҳад шуд» (2 Подш. 16:4; 19:25–27). Мисоли сеюм бо шоҳ Артаҳшасто рӯй дода буд. Душманони халқи Яҳудо ба подшоҳ гуфтанд, ки яҳудиён деворҳои Ерусалимро аз нав сохта истодаанд, зеро мехоҳанд ба муқобили ӯ бароянд. Подшоҳ ба ин дурӯғ бовар кард ва амр дод, ки ҳамаи корҳои азнавсозӣ дар Ерусалим қатъ карда шавад. Дар натиҷа кори сохтмони маъбади Худо боздошта шуд (Эзро 4:11–13, 23, 24). Пирони масеҳӣ аз рӯи хирад рафтор мекунанд, агар мувофиқи маслиҳати ба Тимотиюс додаи Павлус амал кунанд ва ҳама ҷонибҳои масъаларо нафаҳмида доварӣ накунанд. (1 Тимотиюс 5:21, 22–ро бихонед.)

13, 14. а) Вақте ки байни ду шахс баҳс ба миён меояд, мо бояд чиро дар хотир дорем? б) Ба пирон чӣ кӯмак мекунад, ки дуруст доварӣ кунанд?

13 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар касе гумон кунад, ки ягон чизро медонад, ӯ ҳанӯз ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад» (1 Қӯр. 8:2). Мо шояд фикр кунем, ки ҳамаи сабабҳои баҳси ду шахсро медонем. Лекин, мо бояд дар хотир дорем, ки мо шояд ҳама ҷонибҳои масъаларо намедонем. Ҳамчунин мо шояд дар бораи худи он ду шахси баҳскунанда ҳама чизро намедонем. Ҳангоми дида баромадани вазъият пирон бояд хеле эҳтиёт бошанд, ки ба ягон сухани дурӯғ, макру ҳилла ва овозаҳо дода нашаванд. Ҳамчунин онҳо набояд ба касе танҳо аз сабаби бой буданаш, бовар кунанд. Исо, довари аз тарафи Худо интихобшуда, «на бар тибқи нигоҳи чашмонаш доварӣ хоҳад намуд, ва на аз рӯи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард» (Иш. 11:3, 4). Исоро рӯҳулқудси Худо роҳнамоӣ мекунад. Пирони масеҳӣ низ бояд мувофиқи ҳидояту роҳнамоии рӯҳулқудси Худо амал намоянд.

14 Пирон бояд пеш аз доварӣ кардани ҳамимонон, дар дуо аз Яҳува рӯҳулқудс пурсанд. Онҳо бо он ки Китоби Муқаддас ва адабиётҳои «ғуломи мӯътамад ва доно»–ро истифода мебаранд, ба рӯҳи Худо мегузоранд, ки онҳоро ҳидоят кунад (Мат. 24:45).

Мо бояд сулҳро бо Худо нигоҳ дорем

15. Кай мо бояд дар бораи гуноҳи бохабаршудаамон ба пирон хабар диҳем?

15 Каломи Худо моро ташвиқ мекунад, ки бо дигарон сулҳро нигоҳ дорем. Вале он ҳамчунин мегӯяд: «Ҳикмате ки аз болост, аввалан пок аст, сонӣ осоишта» (Яъқ. 3:17). Сулҳу осоиштагӣ баъди покӣ меистад, яъне мо бояд пеш аз ҳама меъёрҳои поки ахлоқии Худоро дастгирӣ кунем ва ба талаботҳои одилонаи Ӯ мувофиқат кунем. Агар шахси масеҳӣ аз гуноҳи ҷиддии ягон ҳамимон бохабар шавад, вай бояд ӯро ташвиқ кунад, ки ба пирон муроҷиат карда ба гуноҳаш иқрор шавад (1 Қӯр. 6:9, 10; Яъқ. 5:14–16). Агар шахси гуноҳкарда ин корро накунад, он гоҳ масеҳии бохабаргашта бояд дар бораи гуноҳ ба пирон хабар диҳад. Агар ӯ барои бо шахси гуноҳкарда сулҳро нигоҳ доштан ба пирон чизе нагӯяд, вай низ дар гуноҳи ӯ шарик хоҳад шуд. (Ибодат 5:1–ро бихонед; Мас. 29:24.)

16. Аз амали бар муқобили шоҳ Йӯром кардаи Еҳу мо чӣ меомӯзем?

16 Як воқеаи бо Еҳу рӯйдода нишон медиҳад, ки дуруст рафтор кардан назар ба нигоҳ доштани сулҳ бо шахси гуноҳкарда муҳимтар аст. Худо Еҳуро фиристод, то ӯ оилаи шоҳ Аҳъобро ҷазо диҳад. Писари Аҳъоб ва Изобал шоҳи бадкор Йӯром буд. Ӯ бо аробаи худ ба пешвози Еҳу баромад ва аз ӯ пурсид: «Эй Еҳу, оё бо сулҳ омадӣ?» Еҳу ҷавоб дод: «Чӣ гуна сулҳ хоҳад буд, дар сурате ки зинокориҳои модарат Изобал ва ҷодугариҳои вай ин қадар бисёр аст?» (4 Подш. 9:22, ТДН). Сипас Еҳу камони худро гирифта тир андохт, ки он рафта ба дили Йӯром халид. Мисли Еҳу пирон низ набояд дар байни халқи Худо нопокиро роҳ диҳанд. Онҳо танҳо бо мақсади нигоҳ доштани сулҳ ба шахси тавбанакарда роҳ намедиҳанд, ки аъзои ҷамъомад бимонад. Пирон гунаҳкорони тавбанакардаро хориҷ мекунанд, то ки ҷамъомад минбаъд низ бо Худо дар сулҳ бошад (1 Қӯр. 5:1, 2, 11–13).

17. Барои нигоҳ доштани сулҳ ҳамаи масеҳиён бояд чӣ кор кунанд?

17 Аксар вақт проблемаҳое, ки байни мову ҳамимонон ба миён меоянд, бо гуноҳи ҷиддӣ алоқаманд нестанд. Пас, то чӣ андоза беҳтар аст, ки хатогиҳои ҳамимононамонро бо муҳаббат рӯпӯш кунем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Касе ки гуноҳро рӯпӯш кунад, толиби муҳаббат аст; вале касе ки онро такроран хотиррасон намояд, дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад» (Мас. 17:9). Агар мо мувофиқи суханони Китоби Муқаддас амал кунем, мо сулҳро дар ҷамъомад нигоҳ хоҳем дошт ва бо Яҳува дӯст хоҳем монд (Мат. 6:14, 15).

Сулҳҷӯ будан баракатҳо меорад

18, 19. Сулҳҷӯ будан чӣ баракатҳо меорад?

18 Вақте ки мо «дар роҳи сулҳу осоиштагӣ... саъю кӯшиш» мекунем, Яҳува моро баракат медиҳад. Мо метавонем бо Яҳува муносибатҳои наздик дошта бошем ва дар нигоҳ доштани ягонагии ҷамъомад саҳм гузорем. Вақте ки мо дар дохили ҷамъомад сулҳро нигоҳ медорем, мо ҳамчунин ёд мегирем, ки бо касоне, ки ба онҳо «башорати осоиштагӣ»–ро мавъиза мекунем, сулҳҷӯ бошем (Эфс. 6:15). Ин моро тайёр мекунад, ки «бо ҳама меҳрубон» бошем ва ҳангоми дучоршавӣ бо бадӣ пурсабр бошем (2 Тим. 2:24).

19 Агар мо ҳозир сулҳҷӯ буданро ёд гирем, ин ба мо дар оянда кӯмак хоҳад кард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъм. 24:15). Ин маънои онро дорад, ки Яҳува миллионҳо одамони аслу насабашон гуногунро эҳё мекунад. Онҳо дар ҷойҳои гуногуни рӯи замин ва дар замонҳои гуногун, ҳатто дар оғози таърихи инсоният зиндагӣ карда буданд (Луқ. 11:50, 51). Ба эҳёшудагон таълим додани роҳҳои сулҳу осоиштагӣ дар ҳақиқат шарафи бузурге хоҳад буд. Он ки мо ҳоло сулҳҷӯ буданро таълим гирифта истодаем, он вақт бароямон кӯмаки калон хоҳад буд.

[Эзоҳ]

^ сарх. 6 Китоби Муқаддас ба мо маълумоти бештар медиҳад, ки дар вақти содир шудани чунин гуноҳҳои ҷиддӣ, ба монанди тӯҳмат ва фиребгарӣ дар масъалаҳои пулӣ чӣ кор кардан лозим аст. Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 октябри с. 1999, саҳ. 17–22 ва китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», замимаи саҳифаи 222–223.

Шумо чӣ фаҳмидед?

• Вақте ки мо касеро меранҷонем, барои сулҳро нигоҳ доштан чӣ кор карда метавонем?

• Агар касе моро ранҷонад, мо бояд чӣ кор кунем, то бо ӯ сулҳро нигоҳ дорем?

• Чаро дар баҳси ду тараф якеро тарафгирӣ кардан аз рӯи хирад нест?

• Фаҳмонед, ки чаро мо набояд бо мақсади нигоҳ доштани сулҳ бо шахси гуноҳкарда принсипҳои Худоро вайрон кунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 25]

Яҳува онҳоеро, ки дигаронро бо омодагӣ мебахшанд, дӯст медорад