Худо ба ман барои тоб овардан ба озмоишҳо кӯмак кард
Худо ба ман барои тоб овардан ба озмоишҳо кӯмак кард
НАҚЛ КАРД ВАЗИР АСАНОВ
Аз ҷойгаҳ парида хеста, ман Китоби Муқаддасро ба миёнам бастам ва тез либосамро пӯшидам. Пеш аз он ки аз оина ҷаҳида худро ба берун партоям, ба таги кӯрпа либосҳоямро ғун карда мондам, то чунин тобад, ки гуё ман ҳоло ҳам хобидаам. Баъд, ман сӯи Толори Салтанат давидам ва ба Худо дуо мегуфтам, ки маро дастгирӣ кунад. Ин воқеа соли 1991, вақте ки ман 14–сола будам рӯй дод.
МАН дар оилаи курдҳо дар шаҳре, ки дар ҷануби Қазоқистон аст, таваллуд шудам. Волидон ва хешу ақрабоям мехостанд, ки ман ба воя расида, пешво ва озодкунандаи ҳалқи худ гардам. Ман ба душманони курдҳо дар дилам чунон нафрат доштам, ки барои аз азоб озод кардани халқи худ ба куштани одамон тайёр будам.
Дар охири солҳои 1980–ум, модарам, додари хурдиам ва ман бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардем. Аммо падарам ба ин зид буд ва бо масеҳиён муносибат кардани моро манъ кард. Лекин, ман ба ҳар ҳол омӯзишро давом додам. Дар оилаи курдҳо ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба сарвари оила беитоатӣ кунад. Ман падарамро дӯст медоштам, вале ҳамзамон ҳақиқатҳоеро, ки аз Китоби Муқаддас мефаҳмидам, дӯст медоштам.
Муқобилат дар хона ва мактаб
Боре муаллим дар сумкаи мактабии ман «Бурҷи дидбонӣ»–ро дид ва дар ин бора ба волидонам гуфт. Падарам ба ғазаб омада, маро чунон сахт зад, ки аз биниам хун ҷорӣ шуд. «Оё ту то ҳол бо он дин ҳастӣ?»,— гуфта дод зад ӯ.
Баъд аз ин падарам гуфт, ки ман дигар писари ӯ нестам. Чӣ қадар дарднок буд шунидани ин суханон барои ман! Ҳамзамон, бисёр ҳамсинфонам аз ман дурӣ меҷустанд, баъзеҳо бошанд, маро рӯи рост дашном медоданд. Муаллимон баҳоҳои маро паст мекарданд ва бисёр вақт эътиқоди маро дар пеши синф мазоҳ намуда мекӯшиданд, ки ақидаҳои атеистонаашонро ба ман талқин кунанд.
Ба чунин муқобилият нигоҳ накарда, ман мекӯшидам, ки ба вохӯриҳои масеҳӣ ташриф орам ва дар бораи эътиқоди навам ба дигарон нақл кунам. Чанд вақт пас, падарам фаҳмид, ки ман хондани Китоби Муқаддас ва бо Шоҳидони Яҳува муносибат карданамро давом дода истодаам. Боре, рӯзи якшанбе, ман бо баҳонае аз хона баромаданӣ шудам, то ки ба вохӯрӣ равам. Падарам дарҳол маро маҷбур кард, ки рафта хоб кунам. Ӯ сахт карда гуфт: «Минбаъд, ҳар рӯзи якшанбе, дар ин вақт ту бояд дар ҷойгаҳ бошӣ». Ва маро таҳдид кард, ки агар ба гапаш итоат накунам, оқибати кор хеле бад мешавад ва ман медонистам, ки вай гуфтаашро мекунад.
Ман гирякунон Яҳува, Худои ҳақиқиро, илтиҷо менамудам, ки дили падарамро мулоим кунад, лекин ӯ тағйир намеёфт. Ман Хуруҷ 5:1, 2).
азобу уқубати дар Миср кашидаи исроилиёнро ба ёд меовардам. Рафтори падарам ба ман фиръавнро, ки ба исроилиён барои Яҳуваро рафта ибодат кардан иҷозат намедод, хотиррасон мекард (Ман қарор қабул мекунам
Боре, рӯзи якшанбе, ман қарор қабул кардам, ки ба вохӯрӣ меравам. Дар ҷойгаҳ ман беовоз ба Яҳува дуо мегуфтам ва дилам аз тарс сахт метапид. Вақте, ки волидонам ба хонаи ман даромаданд, ман чунин вонамуд кардам, ки гӯё хоб рафтаам. Падарам бо фахр гуфт: «Бинед, ман чӣ хел писари гапдаро дорам». Ӯ маро бӯсид ва онҳо оҳиста баромада рафтанд. Ман самимона дуо гуфтанро давом медодам.
Баъд аз баромадани волидонам, чӣ тавре ки дар сарсухан нақл кардам, ман аз ҷойгаҳ хеста пойафзоламро аз таги кат гирифтам ва аз оина ҷаҳида худро берун партофтам. Ду соат дар вохӯрӣ тез гузашт ва ман акнун фикр мекардам, ки вақте ки ба хона бармегардам, чӣ рӯй медиҳад. Модарам фаҳмида будааст, ки дар ҷойгаҳ ман неву либосҳоям «хобидаанд», лекин хушбахтона ӯ ба падарам чизе нагуфт. Аммо ӯ маро огоҳ кард, ки дигар чунин корҳоро аз вай пинҳон намекунад.
Соли 1992 ман ба волидонам гуфтам, ки як дӯстам ба маъракаи махсусе меравад ва маро низ ба он таклиф кард. Дар асл, маъракае, ки ман ба он рафтан мехостам, анҷумани Шоҳидони Яҳува буд. Он бояд дар шаҳри Тараз, ки аз шаҳри мо, Каратау, 100 километр дур буд, мегузашт. Он ҷо ман чун рамзи ба Яҳува бахшидани худ бояд таъмид мегирифтам. Ман аз модарам иҷозат пурсидам, ки як сатил донаи офтобпараст (семечки)–ро аз анбор гирам. Ман онро бирён карда, ба бозор бурда фурӯхтам ва акнун барои ба анҷуман рафтан пул доштам.
Вақте ки аз он ҷо баргаштам, падарам пурсид, ки ман бо дӯстам вақтамро чӣ тавр гузарондам. Ман ҷавоб додам, ки хеле нағз. Ман ҳис кардам, ки Яҳува маро дастгирӣ мекунад, зеро падарам дигар дар ин бора савол надод. Ман суханони Масалҳо 3:5, 6–ро хеле дӯст медоштам. Он ҷо гуфта шудааст: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард».
Аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст мешавам
Муқобилати падарам баъди таъмидам низ тамом нашуд. Азбаски ман бо Шоҳидон муносибатамро давом медодам, падарам маро ҳам дар ҳузури дигарон, ва ҳам дар танҳоӣ лату кӯб мекард. Қариб ҳар рӯз ӯ маро паст мезад ва ба ман фишор меовард, ки аз ин ман бисёр вақт гиря мекардам. Қазоқистон он вақт аз Иттифоқи Советӣ мустақил мешуд ва волидону хешовандон мехостанд маро розӣ кунонанд, ки шахси сиёсатдор шуда корҳои фоиданоке кунам. Онҳо фикр мекарданд, ки ман имкониятро аз даст дода истодаам.
Акаам дар варзиш муваффақиятҳои зиёд ба даст оварда буд ва падарам бисёр вақт ӯро чун намуна ба ман мисол меовард. Ва дар охири соли 1994 ман ҳам ба варзиш машғул шуданро сар кардам. Азбаски ман қобилияти ҷисмонии хуб доштам ва дар футболбозӣ ва гимнастика маҳорат нишон медодам, ба зудӣ ман соҳиби мукофотҳо шудам ва дигарон маро таъриф мекарданд. Ҳамчунин, ман ба омӯхтани қонун сар кардам, то манфиати курдҳоро ҳимоя карда тавонам. Ман ҳатто ба сиёсат шавқ пайдо кардам ва дар бораи ташкил кардани ҳизби ҷавонони курдӣ фикр мекардам. Акнун падарам маро таъриф мекард.
«Шумо ғолиб баромадед, дада»
Ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст шудам ва хондани Китоби Муқаддасу ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува рафтанро бас кардам. Ман худро бо он фикр тасаллӣ медодам, ки вақте ки ба синни балоғат мерасам, боз ба Яҳува хизмат мекунам. Боре падарам пурсид, ки оё ман ҳоло ҳам бо Шоҳидони Яҳува муносибат мекунам. «Не. Шумо ғолиб баромадед, дада,— ҷавоб додам ман. Акнун шумо хурсандед?» Инро шунида падарам хеле хурсанд шуд. «Ана акнун, ту писари ман ҳастӣ!»,— бо фахр гуфт ӯ.
Дар давоми ду сол ман ба вохӯриҳо нарафтам. Ҳарчанд ман баъзан рафтан мехостам, шарм маро бозмедошт. Ман фикр мекардам, ки аъзоёни ҷамъомад шароити маро намефаҳманд.
Ҳамзамон, ман боварӣ доштам, ки аз хизмати Яҳува дида ҳеҷ чизи хубтаре нест. «Охир, ман Яҳуваро дӯст медорам!», мегуфтам ман бисёр вақт ба худ. Он вақт падарам маро водор кардан гирифт, ки ба донишгоҳ дохил шавам. Ман ба фишори ӯ дода шудам ва ҳатто ваъда додам, ки мактабро бо баҳои аъло тамом мекунам. Вале ман дар дил умед доштам, ки ба донишгоҳи шаҳри Алмаато дохил шуда, дар он ҷо Шоҳидонро меёбам.
Дигаргуниҳои хурсандибахш
Чанде пас аз ба донишгоҳ дохил шуданам, ман бо ду Шоҳидон вохӯрдам, ки дар кӯчаи Алмаато мавъиза мекарданд. Онҳо ба ман наздик шуда пурсиданд: «Ба фикри шумо ҳокими ин ҷаҳон кист?»
«Шайтон Иблис, душмани Яҳува ва тамоми инсоният»,— ҷавоб додам ман (2 Қӯринтиён 4:3, 4). Ман фаҳмондам, ки ман Шоҳиди таъмидёфта ҳастам, вале ҳоло ғайрифаъол гаштаам.
Дар охири соли 1996, ман аз нав бо Шоҳидон омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам. Баъди якчанд омӯзиш хоҳиши ба Яҳува хизмат кардан аз нав дар дили ман аланга зад ва акнун ман дар ҳамаи фаъолияти Шоҳидон дар Алмаато иштирок мекардам. Моҳи сентябри соли 1997 ман хизмати пешравиро сар кардам.
Як сол пас, падарам ба хабаргирии ман омад. Ман ба пешвози ӯ давидам ва мо якдигарро ба оғӯш гирифтем. Вай барои муносибате, ки дар давоми ин солҳо нисбати ман дошт, бахшиш пурсид. Ӯ гуфт, ки он вақт ҳам ман ва ҳам имонамро нодуруст фаҳмида буд. «Дадаҷон, ман шуморо хеле дӯст медорам»,— гуфтам ман.
Чӣ қадар хурсанд шудам ман вақте, ки падарам адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро қабул кард ва Китоби Муқаддас пурсид. Ӯ гуфт, ки онро аз сар то охир хондан мехоҳад! Баъди як сол, ӯ ба назди ман омад, ин дафъа ҳамроҳи модарам. Дар Толори Салтанат, одамони гуногунмиллат ба назди онҳо омада худро шинос мекарданд ва онҳоро гарм пазироӣ менамуданд. Ин ба падарам таъсири калон расонд ва ӯ бо шавқи калон ба хондани адабиёти Шоҳидон сар кард.
Баракатҳои фаровон
Сентябри соли 2001, ман бо Елена ном русдухтари хубе хонадор шудам. Вай соли 1997 таъмид гирифта буд ва моҳи майи соли 2003 ба хизмати пешравӣ сар кард. Фаҳмидани он бароямон хеле хурсандиовар буд, ки волидони ман ҳамроҳи Шоҳидон ба омӯзиши Китоби Муқаддас сар кардаанд ва пешравиҳои рӯҳонӣ карда истодаанд. Дар асл, ман ба ин хабар бовариам наомад, то даме ки онро аз даҳони худи падарам нашунидам. Тавассути телефон ӯ ба ман гуфт, ки Яҳува Худои ягонаи ҳақиқӣ аст!
Ман хеле хурсандам, ки дар Алмаато имконият доштам бо одамони ҷойҳои гуногун, аз он ҷумла одамони аз Хитой, Эрон, Покистон, Сурия ва Туркия омада омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронам. Чанд вақт пеш як муллои эронӣ аз ман хоҳиш кард, ки бо ӯ ба забони модариаш, забони форсӣ Китоби Муқаддас омӯзам. Ба собиқ генерале аз Афғонистон чизҳои дар бораи Яҳува фаҳмидааш сахт таъсир карданд ва дар ӯ нисбати Яҳува ва Китоби Муқаддас эҳтиром пайдо кунонданд. Ҳамчунин ман хурсанд будам, ки бо як марде аз Сурия бо забони модариам, курдӣ, омӯзиш мекардам ва боз бо забонҳои қазоқиву русӣ, ки аз кӯдакӣ ёд гирифта будам, бо одамон омӯзиш мегузарондам.
Ҳоло, мо ҳамроҳи Елена, дар Алмаато, дар яке аз ҷамъомадҳои қазоқзабони Шоҳидони Яҳува хизмат мекунем. Ҳамчунин, ману Елена имконият доштем, ки муваққатан дар филиали навсохташудаи Шоҳидони Яҳува, ки дар наздикии Алмаато аст, хизмат кунем.
Як вақтҳо маро ёд медоданд, ки дар дил нафрат парварам, вале Яҳува маро таълим дод, ки одамонро дӯст дорам. Ман боварӣ дорам, ки мо набояд ҳеҷ вақт гузорем, ки касе — ҳатто дӯстону хешовандон, ки аз ниятҳои нек амал мекунанд,— моро аз ибодати Яҳува боздоранд (Ғалотиён 6:9). Ҳоло ман хеле хурсандам, ки мо бо ҳамсарам «дар кори Худованд ҷадал» мекунем (1 Қӯринтиён 15:58).
[Tасвир дар саҳифаи 30]
Модарам маро огоҳ кард, ки дигар чунин корҳоро аз падарам пинҳон намекунад
[Tасвир дар саҳифаи 32]
Толори Салтанат дар Каратау, ки ман дар наврасиам ба он ҷо мерафтам
[Tасвир дар саҳифаи 32]
Волидони ман, ки ҳоло аз кори мо розиянд
[Tасвир дар саҳифаи 32]
Ману Елена дар рӯзи тӯямон
[Tасвир дар саҳифаи 32]
Бо Елена дар филиали навсохташудаи назди Алмаато