Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бидавед, то ки соҳиби мукофот гардед

Бидавед, то ки соҳиби мукофот гардед

Бидавед, то ки соҳиби мукофот гардед

«Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед» (1 ҚӮР. 9:24).

1, 2. а) Барои рӯҳбаланд кардани масеҳиёни ибрӣ Павлус чиро истифода бурд? б) Павлус ҳамаи хизматгорони Худоро ба чӣ бармеангезад?

ПАВЛУСИ ҲАВВОРӢ дар Нома ба ибриён бо мисоли таъсирбахше ҳамимононро рӯҳбаланд кард. Вай дар аввал гуфт, ки онҳо ба давандагони майдони мусобиқа монанданд, вале баъд хотиррасон кард, ки онҳо дар ин мусобиқа танҳо нестанд. Онҳо дар «дар гирди худ чунин абри шоҳидонро» доранд, ки бомуваффақият ба хати марра расидаанд. Дар хотир нигоҳ доштани корҳои имон ва кӯшишҳои сахти он шоҳидони даврони пеш ба масеҳиёни ибрӣ кӯмак карда метавонист, ки онҳо минбаъд низ фаъолона давиданро давом диҳанд ва суст нагарданд.

2 Дар мақолаи гузашта мо тарзи ҳаёти якчанд касонро аз қатори «абри шоҳидон» дида баромадем. Ҳамаи он мисолҳо нишон доданд, ки ба туфайли имони қавии худ он шахсон тавонистанд то охири ҳаёташон ба Худо содиқ монанд. Онҳо «давиданро» то ба охир давом доданд. Чӣ тавр мо низ мисли онҳо то ба марра давида метавонем? Павлус гуфт: «Ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад [«гуноҳеро, ки ба осонӣ ба мо мепечад», ТДН] аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон–давон тай кунем» (Ибр. 12:1).

3. Павлус дар мисоли давандагони юнонӣ чиро қайд карданӣ буд?

3 Чаро Павлус гуфт, ки «ҳар бори гарон»–ро аз худ дур созем? Як китобе, ки дар бораи масеҳиёни замони Павлус нақл мекунад, мефаҳмонад, ки давандагони мусобиқа дар он замон чӣ тавр медавиданд («Backgrounds of Early Christianity»). Дар он гуфта мешавад: «Юнониён бараҳна машқ мекарданд ва дар мусобиқаҳо низ бараҳна иштирок мекарданд» *. Ҳамин тавр, давандагон ҳар гуна бори зиёдатиеро, ки ба тез давиданашон халал мерасонд, аз худ мекашиданд. Ҳарчанд мо чунин мешуморем, ки бо ин тарз давидан ношоиставу нодуруст аст, он давандагон бе ягон либос медавиданд, зеро танҳо дар бораи гирифтани мукофот фикр мекарданд. Павлус қайд карданӣ буд, ки барои гирифтани мукофоти ҳаёт ба «давандагон» хеле муҳим аст, ки ҳар гуна чизҳои ба онҳо монеа мешударо аз худ дур созанд. Ин барои масеҳиёни онвақта маслиҳати оқилона буд ва имрӯз барои мо низ маслиҳати хуб аст. Кадом чизҳо дар ҳаёти мо «бор» шуда метавонанд ва то марра давидани моро мушкил гардонда метавонанд?

«Ҳар бори гарон»–ро аз худ дур андозед

4. Одамони рӯзҳои Нӯҳ бо кадом корҳо андармон буданд?

4 Павлус маслиҳат дод, ки «ҳар бори гарон»–ро аз худ дур созем. Ба чунин бор чӣ дохил мешавад? — Ҳар он чизе, ки метавонад ба мо барои пурра диққату кӯшишамонро ба «давидан» равона кардан халал расонад. Баъзеи он чизҳо кадоманд? Ба мисоли Нӯҳ, яке аз шахсони номбаркардаи Павлус диққат дода, мо суханони зерини Исоро ба ёд меорем: «Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд» (Луқ. 17:26). Исо асосан на дар бораи мусибати бемислу монанде, ки бояд рӯй медод, гуфтанӣ буд, балки вай ба тарзи ҳаёти одамони онвақта ишора кард. (Матто 24:37–39-ро бихонед.) Аксарияти одамони замони Нӯҳ ба Худо ягон шавқ надоштанд, ҳол он ки дар бораи ба Ӯ писанд омадан онҳо ҳатто фикр ҳам намекарданд. Чаро? Онҳо ба чӣ корҳо банд буданд? Ба чизҳои муқаррарии ҳаёт, ба монанди хӯрдан, нӯшидан ва издивоҷ кардан. Бале, проблема дар он буд, ки онҳо ба хабари Худо аҳамият намедоданд.

5. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки давиданро бомуваффақият ба анҷом расонем?

5 Мисли Нӯҳ ва оилаи ӯ, мо ҳар рӯз корҳои зиёдеро бояд ба ҷо орем. Ба мо лозим аст, ки пул кор кунем ва дар бораи худамону оилаамон ғамхорӣ кунем. Ин метавонад вақту қуввати зиёди моро гирад. Хусусан дар вақтҳои душвории иқтисодӣ шахс ба осонӣ метавонад ба ташвишҳои ҳаёт андармон шавад. Ҳамчунин, азбаски мо ҳаётамонро ба Яҳува бахшидаем, мо боз дигар масъулиятҳои муҳим дорем. Мо мавъиза мекунем, ба вохӯриҳо тайёрӣ мебинем ва ба онҳо ташриф меорем ва барои рӯҳан қавӣ монданамон омӯзиши шахсӣ ва ибодати оилавӣ мегузаронем. Нӯҳ низ бояд дар хизмати Худо бисёр кор мекард, вале ӯ «ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард» (Ҳас. 6:22). Бешубҳа, барои то марра «давидан» ба мо хеле муҳим аст, ки бори худро то ҳадди имкон сабук нигоҳ дорем ва ҳамчунин аз ҳар гуна борҳои нозарур худдорӣ намоем.

6, 7. Кадом насиҳати Исоро мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем?

Вақте ки Павлус «ҳар бори гарон»–ро аз худ дур созед гуфт, чиро дар назар дошт? Албатта, мо наметавонем ҳамаи масъулиятҳои бар дӯшамон бударо аз худ дур созем. Вале ба ёд оред, ки Исо дар бораи чизҳои зарурии ҳаёт чӣ гуфта буд: «Ғамхорӣ накунед [«ғам нахӯред», ТДН] ва нагӯед: “Чӣ бихӯрем?” ё: “Чӣ бинӯшем?” ё: “Чӣ бипӯшем?” Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред» (Мат. 6:31, 32). Ин суханони Исо нишон медиҳанд, ки агар мо гузорем, ки чунин чизҳои муқаррарии ҳаёт ба монанди хӯроку либос дар ҳаётамон чизҳои муҳимтарин гарданд, ҳатто онҳо метавонанд барои мо «бор» шаванд.

7 Ба ин суханони Исо аҳамият диҳед: «Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред». Ин суханон нишон медиҳанд, ки Падари осмонии мо, Яҳува, дар бораи ниёзҳои мо ғамхорӣ мекунад. Албатта доштани «ҳамаи ин чизҳо» маънои онро надорад, ки мо ҳар чизеро ки доштанашро мехостем, хоҳем дошт. Ба ҳар ҳол, Исо ба мо гуфт, ки ҳатто дар бораи он чизҳое ки мо ба онҳо ниёз дорем, ғам нахӯрем. Дар акси ҳол, мо ба халқҳое монанд мешудем, ки фақат «дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд». Чаро дар бораи ниёзҳои худ ғам хӯрдан хатарнок аст? Зеро Исо гуфт: «Бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд» (Луқ. 21:34, 35).

8. Чаро хусусан ҳозир мо бояд «ҳар бори гарон»–ро аз худ дур созем?

8 Хати марра ҳоло ба мо гӯё намоён аст. Бехирадона мебуд, агар мо ба худ борҳои зиёдатиро, ки ба марра расидани моро душвор мегардонанд, бор кунем. Аз ин рӯ, Павлуси ҳавворӣ маслиҳати оқилона медиҳад: «Диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад» (1 Тим. 6:6). Пас, агар мо танҳо бо чизҳои зарурӣ қаноат кунем, то охир давида соҳиби мукофот шудан ба мо осонтар мешавад.

Гуноҳе, ки ба осонӣ ба мо мепечад

9, 10. а) Гуноҳе, ки «ба осонӣ ба мо мепечад» чист? б) Бо имони шахси масеҳӣ чӣ рӯй дода метавонад?

9 Павлус боз ба як чизи дигаре ишора кард, ки мо онро бояд аз худ дур кунем. Ӯ гуфт, ки мо бояд «гуноҳеро, ки ба осонӣ ба мо мепечад» аз худ дур созем. Ин гуноҳ чист? Ин беимонӣ аст. Калимаи юноние, ки «ба осонӣ мепечад» тарҷума шудааст, дар Китоби Муқаддас, танҳо як бор, дар ояти Ибриён 12:1, вомехӯрад. Олим Алберт Барнс мефаҳмонад: «Давандагон эҳтиёт мешаванд, то ягон либосе, ки дар гирди пои онҳо печида давиданро барояшон мушкил мегардонад, напӯшанд. Мисли ин, хусусан масеҳиён бояд ҳар чизи ба ин монандро аз худ дур созанд». Чӣ тавр масеҳӣ метавонад ба чизе «печад», ки он дар натиҷа имонашро суст мекунад?

10 Имони масеҳӣ яку якбора гум намешавад. Ин метавонад оҳиста–оҳиста рӯй диҳад ва шояд худи ӯ пай набарад, ки имонаш торафт суст шуда истодааст. Пештар Павлус дар номаи ба масеҳиёни ибрӣ навиштааш онҳоро аз ин хатар огоҳ кард. Ӯ ба онҳо гуфт, ки эҳтиёт бошанд, то ҳеҷ гоҳ аз имон дур бурда нашаванд ва дилашон ҳеҷ гоҳ «шарир ва беимон» нашавад (Ибр. 2:1; 3:12). Агар либоси даванда ба гирди пойҳои ӯ печад, ӯ одатан меафтад. Аз ин рӯ, вай бояд ин огоҳиро дар хотир дорад, ки интихоби либоси номувофиқ хатарнок аст. Аз кадом сабаб вай ин огоҳиро ба назар нагирифтанаш мумкин аст? Шояд вай бепарво ё худбовар аст ё ҳушаш ба чизҳои дигар парешон аст. Аз маслиҳати Павлус мо чӣ дарс гирифта метавонем?

11. Чӣ метавонад сабаби гум шудани имони мо гардад?

11 Мо бояд дар хотир дорем, ки гум шудани имони масеҳӣ аз корҳои мекардаи ӯ вобаста аст. Дар бораи гуноҳе, ки «ба осонӣ ба мо мепечад» олими дигаре гуфт, ки вазъияти мо, одамони муошират мекардаамон ва хоҳишҳои нодурустамон ба мо таъсири хеле калон мерасонанд. Ин чизҳо метавонанд имони моро суст кунанд ё ҳатто сабаби гум шудани имони мо гарданд (Мат. 13:3–9)

12. Агар мо хоҳем, ки имонамонро гум накунем, ба кадом огоҳиҳо гӯш доданамон муҳим аст?

12 Ғуломи мӯътамад ва доно зуд–зуд моро огоҳ мекунад, ки дар мавриди он чизҳое, ки мо тамошо мекунем ва гӯш мекунем эҳтиёт бошем, зеро ин чизҳо ба ақлу дили мо таъсир мерасонанд. Мо ҳамчунин аз хатари хоҳиши доштани пулу чизи зиёд огоҳонида мешавем. Агар мо вақтхушиҳои ин ҷаҳонро дӯст дорем ё ҳар гуна техникаи навбаромадро харидан хоҳем, мо метавонем ба дараҷае банд шавем, ки ба чизҳои муҳимтар дигар вақтамон намемонад. Чунин фикр кардан хеле хато мебуд, ки ин маслиҳатҳо аз ҳад сахтгиронаанд, ё онҳо танҳо ба дигарон дахл доранд ва гӯё худи мо аз ин хатарҳо эмин ҳастем. Ҷаҳони Шайтон дар роҳи мо чизҳоеро мегузорад, ки онҳо ба таври ноаён ба пои мо мепечанд. Баъзеҳо аз сабаби бепарвоӣ, худбоварӣ ё аз сабаби диққаташонро ба чизҳои ин ҷаҳон равона кардан, имонашонро гум карданд. Агар ин бо мо рӯй диҳад, мо шояд мукофоти ҳаёти ҷовидонаро соҳиб шуда наметавонем (1 Юҳ. 2:15–17).

13. Чӣ тавр мо аз тарзи фикрронии одамони ин ҷаҳон канорагирӣ карда метавонем?

13 Ҳар рӯз одамони гирду атрофи мо мекӯшанд, ки фикру мақсадҳои худро ба мо бор кунанд. (Эфсӯсиён 2:1, 2–ро бихонед.) Вале ба таъсироти онҳо дода шудан ё нашудани мо аз худи мо вобаста аст. Павлус гуфт, ки тарзи фикрронии одамони ин ҷаҳон ба ҳавои гирду атрофи мо монанд аст. Вале ин тарзи фикрронӣ чун ҳавои заҳролуд мебошад. Чӣ тавре ки мо аз ҳавои заҳролуд нафас кашидан намехостем, мо бояд ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки тарзи фикрронии одамони ҷаҳон ба тарзи фикрронии мо таъсир кунад. Чӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки «давиданро» давом диҳем? — Намунаи Исо. Гуфтан мумкин, ки ӯ сарвари комили «давандагон» аст (Ибр. 12:2). Мо ҳамчунин аз Павлус дарси ибрат гирифта метавонем, зеро вай низ дар қатори давандагони майдони мусобиқа буд ва ҳамимононашро даъват мекард, ки ба ӯ пайравӣ кунанд (1 Қӯр. 11:1; Фил. 3:14).

«Соҳиби он гардед» — Чӣ тавр?

14. То марра расидан барои Павлус то чӣ андоза муҳим буд?

14 То марра расидан барои Павлус то чӣ андоза муҳим буд? Вақте ки ӯ ба пирони эфсӯсӣ бори охир муроҷиат кард, ӯ гуфт: «Ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он хизматеро, ки Исои Масеҳи Худованд ба ман супурдааст... анҷом диҳам» (Аъм. 20:24). Яъне Павлус тайёр буд, ки барои ба марра расидан ҳар чизро, ҳатто ҳаёташро фидо кунад. Барои Павлус ҳамаи кӯшишу меҳнатҳои дар мавъизаи хушхабар кардааш ҳеҷ мебуд агар ӯ то ба охир «давида» ба марра намерасид. Лекин ӯ худбовар набуд ва фикр намекард, ки ӯ ҳатман ба марра мерасад. (Филиппиён 3:12, 13–ро бихонед.) Танҳо дар охири ҳаёташ ӯ бо андозаи боварӣ гуфт: «Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам» (2 Тим. 4:7).

15. Павлус ҳамимононашро ба чӣ ташвиқ намуд?

15 Павлус мехост, ки бародаронаш то марра бидаванд ва дар роҳ намонанд. Масалан, ӯ масеҳиёни филиппиро ташвиқ кард, ки барои наҷоти худ сахт меҳнат кунанд ва «каломи ҳаётро нигоҳ» доранд. Павлус ба онҳо фаҳмонд, ки чаро ин барои вай муҳим аст. Ӯ гуфт: «То ки ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам» (Фил. 2:16). Вай ҳамчунин масеҳиёни қӯринтиро ташвиқ кард: «Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби [мукофот] гардед» (1 Қӯр. 9:24).

16. Чаро мақсад, яъне мукофот бояд барои мо воқеӣ бошад?

16 Давандае, ки ба масофаи дурудароз медавад, дар аввал хати марраро намебинад. Ба ҳар ҳол, дар тӯли тамоми мусобиқа вай дар бораи хати марра фикр мекунад ва медонад, ки ба он наздиктар шуда истодааст. Ва вақте ӯ мебинад, ки то марра кам мондааст, хоҳиши ба он расидани ӯ боз ҳам пурзӯртар мешавад. Дар мавриди мусобиқаи масеҳӣ низ ҳамин тавр аст. Мақсад, яъне мукофот бояд барои мо воқеӣ бошад. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки то марра бидавем ва соҳиби мукофот шавем.

17. Чӣ тавр имон ёрӣ медиҳад, то мукофот барои мо воқеӣ бошад?

17 Павлус навишт: «Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд» (Ибр. 11:1). Иброҳим ва Соро тайёр буданд, ки хонаи бароҳати худро тарк карда дар замин чун «мусофир ва ғариб» зиндагӣ кунанд. Чӣ ба онҳо кӯмак мекард? Онҳо «аз дур [иҷрои ваъдаҳои Худоро]» медиданд. Мусо аз «ҳаловати муваққатӣ»–и гуноҳ ва «ганҷҳои Миср» даст кашид. Чунин имон дар ӯ аз куҷо буд ва чӣ дар ин ба вай қувват мебахшид? Ӯ «ба мукофот назар медӯхт» (Ибр. 11:8–13, 24–26). Павлус гуфт, ки ҳар яки ин одамон «бо имон» амал мекарданд. Имони қавӣ ба онҳо кӯмак мекард, ки ба ҳар гуна мушкиливу озмоишҳо тоб оранд ва диққаташонро ба он чизе ки Худо барояшон мекунад, равона созанд. Онҳо имон доштанд, ки ваъдаҳои дар бораи оянда додаи Худо ҳатман иҷро мешаванд.

18. Барои он ки «гуноҳеро, ки ба осонӣ ба мо мепечад аз худ дур» андозем, мо кадом қадамҳоро гузошта метавонем?

18 Агар мо дар бораи мардон ва занони имон, ки дар боби 11–уми китоби Ибриён дар бораашон нақл шудааст, мулоҳиза ронем ва ба намунаи онҳо пайравӣ кунем, мо метавонем имони худро инкишоф диҳем ва «гуноҳеро, ки ба осонӣ ба мо мепечад аз худ дур» андозем (Ибр. 12:1, ТДН). Ҳамчунин мо метавонем, якҷоя бо онҳое, ки чунин имон инкишоф медиҳанд, ҷамъ омада «якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем» (Ибр. 10:24).

19. Чаро муҳим аст, ки ҳоло «давиданро» давом диҳем?

19 Мо ҳоло ба марра наздикем. Хати марра ба мо қариб намоён аст. Ба туфайли имон ва кӯмаки Яҳува мо низ метавонем «ҳар бори гарон» ва «гуноҳеро, ки ба осонӣ ба мо мепечад», аз худ дур андозем. Бале, мо метавонем давиданамонро давом диҳем ва мукофотеро, ки Падари мо, Яҳува Худо, ваъда додааст, соҳиб шавем.

[Эзоҳ]

^ сарх. 3 Яҳудиёни қадим инро як чизи зишт меҳисобиданд. Дар яке аз китобҳои қадима, гуфта мешавад, ки вақте ки саркоҳини осиён Ясон хост дар Ерусалим низ барои чунин машқҳо гимназияе бино кунад, бисёр яҳудиён ба ғазаб омаданд (китоби дуюми Маккабиён, боби 4, оятҳои 7–17).

Оё шумо дар хотир доред?

• Чӣ тавр мо «ҳар бори гарон»–ро аз худ дур карда метавонем?

• Чӣ тавр масеҳӣ имони худро гум карда метавонад?

• Чаро мукофот бояд барои мо воқеӣ бошад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 25]

Гуноҳе, ки «ба осонӣ ба мо мепечад», чист ва чӣ тавр он ба мо печида метавонад?