Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бо истодагарӣ бидавед

Бо истодагарӣ бидавед

Бо истодагарӣ бидавед

«Майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон–давон тай кунем» (ИБР. 12:1).

1, 2. Павлуси ҳавворӣ ҳаёти масеҳиёнро ба чӣ монанд кард?

ҲАР сол дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон мусобиқаи марафонӣ гузаронда мешавад. Дар ин намуди мусобиқа давандагон ба масофаи 42 километр медаванд. Баъзе иштирокчиёни он давандагони хеле моҳиранд ва онҳо ғолиб омадан мехоҳанд. Вале аксари дигар давандагон медонанд, ки дар мусобиқа ғолиб омада наметавонанд. Барои онҳо то ба охири марра расидан аллакай як комёбӣ ҳисоб меёбад.

2 Дар Китоби Муқаддас ҳаёти масеҳиён ба мусобиқаи давидан монанд карда шудааст. Павлуси ҳавворӣ дар номаи аввали ба масеҳиёни Қӯринти қадим навиштааш диққатро ба ин чиз равона кард. Ӯ гуфт: «Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофот мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед» (1 Қӯр. 9:24).

3. Павлус бо суханони «фақат як нафар мукофот мегирад» чӣ гуфтанӣ буд?

Вақте Павлус гуфт, ки фақат як нафар мукофот мегирад, оё вай гуфтанӣ буд, ки танҳо як масеҳӣ мукофоти ҳаётро мегирад? Албатта не! Дар мусобиқа ҳамон шахс соҳиби мукофот мешуд, ки барои ин сахт машқ мекард ва тамоми кӯшишашро ба харҷ медод. Павлус гуфтанӣ буд, ки ба масеҳиён низ барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидона саъю кӯшиши сахт лозим аст. Дар ин сурат онҳо ба гирифтани мукофоти ҳаёт умед дошта метавонанд. Бале, дар «мусобиқае», ки масеҳиён медаванд, ҳамаи онҳое, ки то охир медаванд, он мукофотро соҳиб хоҳанд шуд.

4. Дар бораи майдони дар пеши мо буда чиро донистан лозим аст?

4 Он суханон рӯҳбаландкунандаанд, вале ҳамзамон ҳамаи онҳоеро, ки имрӯз дар «мусобиқаи давидан» иштирок доранд, ҳушёр мекунанд. Чаро? Барои он ки мукофот — хоҳ ҳаёти осмонӣ бошад, хоҳ зиндагӣ дар Биҳишт дар рӯи замин — хеле пурарзиш аст. Рост аст, ки майдони дар пеши мо буда хеле дурудароз ва мушкил аст; он бисёр монеаҳо ва хатарҳо дорад ва чизҳои зиёд ҳуши моро ба худ ҷалб мекунанд (Мат. 7:13, 14). Афсӯс ки баъзеҳо суръати давиданашонро суст карданд, давиданро бас карданд ё ҳатто дар роҳ афтоданд. Дар роҳи ҳаёти ҷовидона чӣ гуна домҳо ва хатарҳо вомехӯранд? Чӣ тавр шумо худро аз онҳо дур гирифта метавонед? Шумо чӣ кор карда метавонед, то ки ба марра расед ва ҳамин тавр дар он «мусобиқа» ғолиб бароед?

Барои ғолиб омадан ба мо истодагарӣ лозим аст

5. Дар ояти Ибриён 12:1 Павлус чиро фаҳмонд?

5 Павлус ба масеҳиёни ибрие, ки дар Ерусалим ва Яҳудо мезистанд, нома навишта, боз дар бораи давандагони майдони мусобиқа сухан гуфт. (Ибриён 12:1–ро бихонед.) Ӯ на танҳо фаҳмонд, ки чаро масеҳиён бояд давиданашонро давом диҳанд, балки ҳамчунин қайд кард, ки барои ғолиб омадан бояд чӣ кор кунанд. Дар аввал мо дар бораи он гап мезанем, ки чаро Павлус ба ибриён мактуб навишт ва онҳоро ба чӣ барангехт. Сипас дида мебароем, ки аз суханони навиштаи ӯ мо чӣ омӯхта метавонем.

6. Сарварони динӣ ба масеҳиён чӣ гуна фишор меоварданд?

6 Масеҳиёни асри як, хусусан онҳое, ки дар Ерусалим ва Яҳудо буданд, бо бисёр душвориҳову озмоишҳо дучор мешуданд. Онҳо зери фишори пурзӯри сарварони дини яҳудӣ, ки ҳанӯз ба одамон таъсири сахт мерасонданд, қарор доштанд. Муддате пештар, ба ин сарварон муяссар гашт, ки Исои Масеҳро дар исён айбдор намуда чун ҷинояткор ба қатл расонанд. Ва онҳо акнун ба касоне, ки дар бораи ӯ мавъиза менамуданд, муқобилат мекарданд. Дар китоби Аъмол мо мехонем, ки чӣ тавр онҳо паи ҳам ба масеҳиён таҳдид ва ҳамла мекарданд. Ва ин дарҳол баъди мӯъҷизаҳое, ки дар Пантикости соли 33–юми эраи мо ба амал омада буданд, сар шуд. Ин ҳаёти он шахсони содиқро хеле мушкил мегардонд (Аъм. 4:1–3; 5:17, 18; 6:8–12; 7:59; 8:1, 3).

7. Масеҳиёне, ки Павлус ба онҳо нома навишт, дар кадом замони вазнин зиндагӣ мекарданд?

7 Ҳаёти он масеҳиён ҳамчунин аз он сабаб хеле мушкил буд, ки он вақт нобудшавии тартиботи яҳудӣ наздик буд. Исо онҳоро аз нобудшавии Ерусалим огоҳ карда гуфта буд, ки пеш аз ин воқеа чӣ рӯй медиҳад ва ба онҳо дастуроти аниқ дод, ки барои наҷот ёфтан онҳо бояд чӣ кор кунанд. (Луқо 21:20–22-ро бихонед.) Исо онҳоро огоҳ кард: «Бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд» (Луқ. 21:34).

8. Аз кадом сабаб баъзе масеҳиён суръати давиданашонро суст карда буданд ё онро бас карданд?

Вақте ки Павлус ба ибриён нома навишт, аз ин суханони гуфтаи Исо қариб 30 сол гузашта буд. Дар давоми ин 30 сол бо ин масеҳиён чӣ рӯй дод? Баъзеҳо ба фишору ташвишҳои ҳаёти ҳаррӯза дода шуда буданд ва дигар пешрафти рӯҳонӣ намекарданд (Ибр. 5:11–14). Дигарон аз афташ фикр мекарданд, ки агар барои мисли дигар яҳудиён зиндагӣ кардан розӣ шаванд, ҳаёташон осонтар мегардад. Шояд онҳо инро нодуруст намеҳисобиданд, зеро яҳудиён то ҳол ба Худо бовар мекарданд ва қисми зиёди Қонуни Мусоро риоя менамуданд. Ҳамчунин, дар ҷамъомад баъзе касон мекӯшиданд, ки дигаронро ба риоя кардани Қонуни Мусо ва урфу одатҳои яҳудиён маҷбур кунанд ва баъзе масеҳиён ба онҳо бовар мекарданд ё аз тарс онҳоро гӯш мекарданд. Павлус чӣ тавр бародарони масеҳиашро ташвиқ карда метавонист, ки рӯҳан бедор монанд ва дар «мусобиқаи давидан» истодагарӣ кунанд?

9, 10. а) Дар охири боби 10–и китоби Ибриён Павлус хонандагонро ба чӣ ташвиқ кард? б) Чаро Павлус дар бораи корҳои имони шоҳидони даврони пеш навишт?

9 Яҳува Павлусро илҳом бахшид, ки ба масеҳиёни ибрӣ нома навишта онҳоро рӯҳбаланд кунад. Дар боби 10–уми номааш Павлус қайд кард, ки Қонуни Мусо танҳо «сояи некиҳои оянда» буд ва ӯ арзиши фидияи қурбонии Масеҳро равшан нишон дод. Дар охири он боб Павлус хонандагонро ташвиқ намуд: «Шуморо сабр [«истодагарӣ», ТДН] лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред; зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард» (Ибр. 10:1, 36, 37).

10 Дар боби 11–уми китоби Ибриён Павлус моҳирона фаҳмонд, ки ба Худо имони ҳақиқӣ доштан чӣ маъно дорад. Ва ӯ инро дар мисоли мардону заноне, ки ба Худо имон зоҳир мекарданд, нишон медиҳад. Оё бо ин ӯ аз мавзӯи асосӣ — истодагарӣ дур шуд? Не. Павлус ба ҳамимононаш фаҳмондан мехост, ки имон амалҳои далерона ва истодагарӣ металабад. Намунаи олиҷаноби он шахсони содиқ, ки дар гузашта ба Яҳува хизмат карда буданд, масеҳиёни ибриро бояд қувват мебахшид, ки ба душвориву озмоишҳои худ тоб оранд. Ҳамин тавр, баъди номбар кардани корҳои имони он ходимони содиқи замони пеш Павлус гуфта метавонист: «Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр [«бо истодагарӣ», ТДН] давон–давон тай кунем» (Ибр. 12:1).

«Абри шоҳидон»

11. Мулоҳиза дар бораи «абри шоҳидон» чӣ тавр ба мо таъсир карда метавонад?

11 Оё «абри шоҳидон» фақат мисли онҳое буданд, ки аз дур истода дар мусобиқа иштирок кардани варзишгарони дӯстдоштаашонро тамошо мекунанд? Не, худи онҳо низ гӯё дар мусобиқа иштирок карда буданд. Ва онҳо дар он мусобиқа чун давандагони бомуваффақият ба марра расиданд. Ҳарчанд ҳозир онҳо мурдаанд, намунаи онҳо давандагони навро рӯҳбаланд мекунад, ки то марра бидаванд. Тасаввур кунед, ки даванда чӣ ҳис мекард агар ӯ медонист, ки дар гирду атрофаш варзишгарони хеле номдор истода ӯро тамошо мекунанд. Оё ин ӯро барнамеангехт, ки бо тамоми зӯру қувваташ бидавад? Он шоҳидони даврони пеш шаҳодат дода метавонистанд, ки нигоҳ накарда ба душвориҳо ғолиб омадан мумкин аст. Ҳамин тавр, намунаи «абри шоҳидон»–ро нағз дар хотир дошта, масеҳиёни ибрии асри як метавонистанд дар «майдони дар пеш» буда далерона ва бо истодагарӣ бидаванд — ва мо низ инро карда метавонем.

12. Барои чӣ дида баромадани намунаи шахсоне, ки Павлус номбар кард, ба мо аҳамият дорад?

12 Бисёре аз он шахсони содиқ, ки Павлус номбар кард, вазъиятҳое доштанд, ки ба вазъиятҳои мо монанд буд. Масалан, Нӯҳ дар замоне, ки нобудшавии тартиботи онвақта наздик буд, зиндагӣ мекард. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки нобудшавии тартиботи ҳозира наздик аст. Худо ба Иброҳим ва Соро гуфт, ки ватани худро тарк кунанд ва Ӯ ваъда дод, ки аз онҳо халқе ба вуҷуд меорад, ки ба Ӯ хизмат мекунад. Онҳо иҷрошавии он ваъдаро интизор буданд. Мо ташвиқ карда мешавем, ки худро инкор кунем ва илтифоти Худо ва баракатҳоеро, ки Ӯ пешниҳод мекунад, ба даст орем. Мусо сӯи Замини ваъдашуда равон шуда, бояд аз биёбони хатарнок роҳи дурударозро паси сар мекард. Мо сӯи дунёи нав равонаем ва бояд ин тартиботи нобудшудаистодаро паси сар кунем. Аз он чизе ки ин одамон аз сар гузаронданд, аз муваффақиятҳо ва нобарориҳои ҳаёти онҳо ва ҳамчунин аз ҷиҳатҳои мусбӣ ва камбудиҳои онҳо мо метавонем барои худ дарс гирем (Рум. 15:4; 1 Қӯр. 10:11).

Онҳо муваффақ гаштанд — Чӣ тавр?

13. Чаро вазъияти Нӯҳ душвор буд ва чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуд, ба ҷо оварад?

13 Чӣ ба ин хизматгорони Яҳува кӯмак кард, ки дар «мусобиқаи давидан» истодагарӣ намоянд ва муваффақ бошанд? Аҳамият диҳед, ки Павлус дар бораи Нӯҳ чӣ навишт. (Ибриён 11:7–ро бихонед.) «Тӯфони об», ки аз он ҳар махлуқ бояд нест мешуд, чизе буд, ки барои Нӯҳ «ҳанӯз намоён набуд» (Ҳас. 6:17). Ин воқеае буд, ки пеш аз ин ҳеҷ гоҳ рӯй надода буд. Бо вуҷуди ин, Нӯҳ инро чун чизи имконнопазир ё аз эҳтимол дур рад накард. Барои чӣ? Барои он ки ӯ имон дошт, ки Яҳува ҳар чизе ки гуфт, иҷро мекунад. Нӯҳ чунин фикр накард, ки корҳое, ки Яҳува иҷрои онҳоро ба ӯ супурд, барояш аз ҳад душвор аст. Баръакс, вай «ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард» (Ҳас. 6:22). Агар дар бораи ҳамаи он корҳое, ки Нӯҳ бояд мекард, фикр кунем, масалан — сохтани киштӣ, ҷамъ овардани ҳайвонҳо, барои одамону ҳайвонот дар киштӣ захира кардани хӯрок, одамонро аз омадани Тӯфон огоҳ кардан ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ дастгирӣ кардани оилааш — гуфтан мумкин аст, ки ба ҷо овардани ҳамаи ин осон набуд. Вале имон ва истодагарие, ки Нӯҳ зоҳир кард, дар натиҷа ӯ ва аҳли оилаашро наҷот доданд ва ба онҳо баракатҳо оварданд.

14. Дар кадом вазъиятҳо Иброҳим ва Соро истодагарӣ нишон доданд ва мо аз онҳо чӣ дарс гирифта метавонем?

14 Шахсони дигаре, ки Павлус аз «абри шоҳидон» номбар кард, Иброҳим ва Соро мебошанд. Вақте Худо ба онҳо гуфт, ки хонаи худро дар шаҳри Ур тарк кунанд, ҳаёти онҳо тағйир ёфт. Ояндаашон ба онҳо номаълум буд. Вале онҳо ба Яҳува имони мустаҳкам доштанд ва ҳатто дар вазъиятҳои душвор ба ӯ итоат карданд. Китоби Муқаддас Иброҳимро «падари ҳамаи имондорон» меномад, зеро вай барои Яҳува шуда дар бисёр мавридҳо фидокорӣ нишон дод (Рум. 4:11). Масеҳиёни ибрӣ аллакай дар бораи ҳаёти Иброҳим ва оилаи ӯ медонистанд, аз ин рӯ Павлус фақат баъзе корҳои имони онҳоро хотиррасон кард. Вале ин кифоя буд, ки имони мустаҳками онҳоро нишон диҳад. Павлус дар бораи онҳо гуфт: «Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд» (Ибр. 11:13). Равшан аст, ки имон ба Худо ва муносибати шахсии бо Ӯ доштаашон ба онҳо кӯмак мекард, ки дар мусобиқа бо истодагарӣ «бидаванд».

15. Чӣ Мусоро барангехт, ки дар ҳаёташ роҳи дигарро интихоб кунад?

15 Мусо хизматгори дигари Яҳува аст, ки ба қатори «абри шоҳидон» дохил мешавад. Мусо низ мисли Иброҳим хонаи худро тарк кард. Ӯ шӯҳрату боигарии дарбори подшоҳро гузошта «бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист». Чаро ӯ ин роҳро интихоб кард? Павлус мегӯяд: «[Мусо] ба мукофот назар медӯхт... Ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд». (Ибриён 11:24–27-ро бихонед.) Мусо медонист, ки аз «ҳаловати муваққатӣ»–и гуноҳ дида чизи муҳимтаре ҳаст. Худо барои Мусо воқеӣ буд ва ӯ медонист, ки ҳамаи ваъдаҳои Худо иҷро хоҳанд шуд. Ин ба вай кӯмак мекард, ки бо далерии бузург амал кунад ва дар вазъиятҳои мушкил истодагарӣ намояд. Исроилиёнро аз Миср ба Замини ваъдашуда роҳнамоӣ карда ӯ пайваста саъю кӯшиш намуд.

16. Мо аз куҷо медонем, ки Мусо аз сабаби ба Замини ваъдашуда надаромаданаш ба рӯҳияи манфӣ дода нашуд?

16 Мисли Иброҳим, Мусо низ иҷрошавии ваъдаи Худоро дар ҳаёташ надид. Вақте ки исроилиён дар остонаи Замини ваъдашуда буданд, Худо ба Мусо гуфт: «Ту аз дур ин заминро хоҳӣ дид, вале ба он ҷо, ба замине ки Ман ба банӣ–Исроил медиҳам, дохил нахоҳӣ шуд». Аз он сабаб чунин шуд, ки чанде пеш ӯ ва Ҳорун аз якравии халқ ба ғазаб омада «андаруни банӣ–Исроил, назди обҳои Мерибо» Худоро ҷалол надоданд (Такр. Ш. 32:51, 52). Оё Мусо ба рӯҳияи манфӣ дода шуд ё хафа гашт? Не. Ӯ халқро баракат дод ва суханонашро ин тавр ба охир расонд: «Хушо ту, эй Исроил! Кист монанди ту, эй қавме ки наҷотбахши ту Худованд аст, ки Ӯ сипари нигаҳбони ту ва шамшери ҷалоли туст!» (Такр. Ш. 33:29).

Дарси ибрат барои мо

17, 18. а) Мо аз «абри шоҳидон» чӣ омӯхта метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

17 Мо ҳаёти баъзе аз «абри шоҳидон»–ро дида баромадем ва фаҳмидем, ки барои то хати марра давидан, мо бояд ба Худо ва ваъдаҳои Ӯ пурра имон дошта бошем (Ибр. 11:6). Чунин имон ҳоло бояд ба тарзи ҳаёти мо таъсир кунад. Баръакси одамоне, ки имон надоранд, ходимони Яҳува медонанд, ки ҳаёти аз ҳозира беҳтареро Худо ваъда додааст. Мо бо чашмони имон Худои «Нонамоён»–ро мебинем ва Ӯ барои мо воқеӣ аст. Аз ин рӯ, дар «майдони мусобиқа» мо бо истодагарӣ медавем (2 Қӯр. 5:7).

18 Мусобиқае, ки дар он масеҳиён барои ҳаёт медаванд, осон нест. Бо вуҷуди ин, то марра давидан барои мо имконпазир аст. Дар мақолаи навбатӣ мо баъзеи дигар чизҳоеро, ки барои то охир давидани мо кӯмак мекунанд, дида мебароем.

Оё шумо фаҳмонда метавонед?

• Чаро Павлус дар бораи корҳои имони шоҳидони даврони пеш навишт?

• Чӣ тавр «дар гирди худ» тасаввур кардани «абри шоҳидон» моро бармеангезад, ки бо истодагарӣ «бидавем»?

• Шумо аз намунаи Нӯҳ, Иброҳим, Соро ва Мусо чӣ омӯхтед?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 21]

Иброҳим ва Соро тайёр буданд, ки ҳаёти бароҳати худро дар шаҳри Ур тарк кунанд