Оё Худо дар як ҷо сокин аст?
Хонандагони мо савол медиҳанд...
Оё Худо дар як ҷо сокин аст?
▪ Динҳои гуногун Худоро чун шахсияти дар ҳама ҷо вуҷуддошта тасвир мекунанд, яъне онҳо фикр мекунанд, ки Худо дар як вақт дар ҳама ҷо мебошад. Масалан, дар Энсиклопедияи нави католикӣ Худо чун касе, ки «дар ҳама ҷой ва дар ҳама чиз вуҷуд дорад» қайд шудааст. Ба ин монанд, Ҷон Уэсли, асосгузори калисои методистӣ, маърӯзае навишт, ки он «Дар бораи Худои дар ҳама ҷо вуҷуддошта» ном дошт. Ӯ дар он қайд кард, ки «хоҳ дар офаридаҳо ва хоҳ берун аз онҳо ягон нуқтае нест, ки дар он Худо набошад».
Китоби Муқаддас чиро таълим медиҳад? Оё Худо дар ҳамон як вақт дар ҳама ҷо — дар осмон, дар замин ва ҳатто дар одамон — вуҷуд дорад?
Дар асл, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо дар як ҷои муайян — дар осмон — сокин аст. Ин аз дуои шоҳ Сулаймон дида мешавад. Ӯ ба Худо чунин муроҷиат кард: «Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав» (3 Подшоҳон 8:43). Пайғамбар Ирмиё гуфт: «Дилҳои худро сӯи Худое ки дар осмон аст, бо дастҳо боло кунем» (Навҳаҳои Ирмиё 3:41). Дар Китоби Муқаддас қайд мешавад, ки Масеҳ баъди эҳё шуданаш «ба худи осмон даромад», то ки «барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад» (Ибриён 9:24).
Ин оятҳо равшан нишон медиҳанд, ки Яҳува Худо на дар ҳама ҷо, балки танҳо дар осмон сокин аст. Албатта, «осмон» гуфта дар ин оятҳо атмосфераи дар гирди замин буда ё фазои беканори кайҳонӣ дар назар дошта нашудааст. «Осмон ва фалакулафлок» Офаридгори оламро наметавонад ғунҷонад (3 Подшоҳон 8:27). Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки «Худо рӯҳ аст» (Юҳанно 4:24). Ӯ дар осмони рӯҳонӣ — берун аз олами моддӣ зиндагӣ мекунад (1 Қӯринтиён 15:44).
Вале баъзе гуфтаҳои Китоби Муқаддасро, ки аз рӯи онҳо Худо гӯё дар ҳама ҷо мебошад, чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст? Масалан, дар Забур 138:7–10 Довуд дар бораи Худо мегӯяд: «Аз Рӯҳи Ту куҷо равам? Ва аз ҳузури Ту куҷо гурезам? Агар ба осмон бароям, он ҷо Ту ҳастӣ, ва агар дар гӯр бистар андозам, он ҷо низ Ту ҳастӣ. Агар болҳои шафақи субҳро гирифта, дар ақсои баҳр сокин шавам, дар он ҷо низ дасти Ту маро ҳидоят хоҳад намуд». Оё ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки Худо дар ҳақиқат дар ҳар яки ин ҷойҳои номбаршуда сокин аст?
Аҳамият диҳед, ки Довуд аввал пурсид: «Аз Рӯҳи * Ту куҷо равам?» Худо бе он ки ба ҷое равад ё он ҷо сокин шавад бо воситаи рӯҳулқудсаш ҳама чиро дида ва ба ҳама ҷо таъсир карда метавонад. Барои мисол: солҳои охир олимон тавонистанд, ки хоки сайёраи Марсро, ки аз Замин миллионҳо километр дур аст, таҳқиқ кунанд. Чӣ тавр? Онҳо шахсан ба он ҷо сафар накарданд, балки онро тавассути суратҳои махсус ва маълумотҳои дигаре, ки аппаратҳои кайҳонӣ аз Марс ба Замин фиристоданд, омӯхтанд.
Ба ҳамин монанд, ба Яҳува Худо лозим нест, ки барои аз корҳои дар олам рӯй додаистода бохабар гаштан, дар ҳама ҷо сокин шавад. Каломи Худо мегӯяд: «Ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад» (Ибриён 4:13). Бале, қувваи фаъолу бузурги Яҳува ё рӯҳулқудси Ӯ метавонад ба ҷои дилхоҳ рафта ба Худо имкон диҳад, ки ҳама чиро бинад ва аз як ҷо, яъне аз «макони муқаддаси Худ» истода нияти худро ба анҷом расонад (Такрори Шариат 26:15).
[Эзоҳ]
^ сарх. 8 Калимаи иброние, ки ин ҷо «рӯҳ» тарҷума шудааст, ба қувваи фаъоли Худо, ба қудрате, ки Худо барои иҷрои иродааш истифода мебарад, ишора мекунад.
[Тасвир дар саҳифаи 15]
IAC/RGO/David Malin Images