Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува ҳиссаи ман аст

Яҳува ҳиссаи ман аст

Яҳува ҳиссаи ман аст

«Ман ҳиссаи ту ва мулки ту дар миёни банӣ–Исроил ҳастам» (АД. 18:20).

1, 2. а) Ҳангоми тақсим кардани замин сибти Левӣ дар кадом вазъият қарор дошт? б) Яҳува сибти Левиро ба чӣ боварӣ бахшид?

БАЪДИ он ки исроилиён қисми зиёди Замини ваъдашударо аз они худ карданд, Еҳушаъ, Элъозори саркоҳин ва пешвоёни сибтҳо онро бо қуръа байни сибтҳо тақсим карданд (Ад. 34:13–29). Яҳува ба ҳамаи сибтҳо ҳиссаи замин дод, вале ба сибти Левӣ ҳисса надод (Еҳ. 14:1–5). Чаро ба сибти Левӣ дар Замини ваъдашуда қитъаи замин ё ҳисса дода нашуд? Оё онҳо фаромӯш шуданд?

2 Ҷавоби ин савол аз суханони ба сибти Левӣ гуфтаи Яҳува маълум аст. Яҳува ваъда дод, ки онҳоро тарк нахоҳад кард. Ӯ гуфт: «Ман ҳиссаи ту ва мулки ту дар миёни банӣ–Исроил ҳастам» (Ад. 18:20). Магар «Ман ҳиссаи ту... ҳастам» гуфтани Яҳува суханони боварибахш нестанд? Шумо чӣ ҳис мекардед, агар Яҳува ба шумо чунин мегуфт? Пеш аз ҳама шумо шояд мепурсидед, ки «Оё ман ба чунин суханони боварибахши Худои Қодир сазоворам?» Ҳамчунин шояд шумо савол медодед, ки «Оё Яҳува дар ҳақиқат метавонад имрӯз ҳиссаи масеҳиёни нокомил бошад?» Ин саволҳо ба шумо ва ба шахсоне, ки шумо дӯст медоред, дахл доранд. Пас, биёед фаҳмем, ки он суханони Худо чӣ маъно доранд. Ин барои фаҳмидани он ба мо кӯмак мекунад, ки чӣ тавр Яҳува барои масеҳиёни имрӯза ҳисса буда метавонад. Аниқтараш, чӣ тавр Ӯ метавонад ҳиссаи шумо бошад, хоҳ шумо умеди осмонӣ дошта бошед, хоҳ умеди зиндагӣ дар Биҳишти рӯи замин.

Яҳува ба левизодагон ғамхорӣ мекард

3. Дар натиҷаи кадом воқеа Худо ба левизодагон ба Ӯ хизмат карданро супориш дод?

3 Пеш аз он ки Яҳува ба исроилиён Қонун дод, сардорони оила барои оилаашон чун коҳинон хизмат мекарданд. Вақте ки Худо Қонунро дод, ӯ сибти Левиро интихоб кард, ки чун коҳинон ва ёрдамчиёни онҳо хизмат кунанд. Ин чӣ тавр рӯй дод? Вақте ки Худо нахустзодагони Мисрро нобуд кард, Ӯ нахустзодагони исроилиро «тақдис намуд» ва онҳоро чун касоне, ки ба Ӯ тааллуқ доранд, ҷудо кард. Баъдтар бошад, Яҳува чунин гуфт: «Ман левизодагонро аз миёни банӣ–Исроил дар ивази ҳамаи нахустзодагони раҳимкушо гирифтаам». Азбаски баъди ҳисоб кардан шумораи нахустзодагони дигар сибтҳои Исроил аз шумораи левизодагон зиёдтар баромад, барои пӯшонидани шумораи намерасида маблағи муайян, чун фидия пардохта шуд (Ад. 3:11–13, 41, 46, 47). Ҳамин тавр левизодагон метавонистанд ба Худои Исроил хизмат кунанд.

4, 5. а) Ба кадом маъно Худо ҳиссаи левизодагон буд? б) Чӣ тавр Худо дар бораи левизодагон ғамхорӣ мекард?

Вақте ки Яҳува левизодагонро барои хизмати худ интихоб кард, чӣ тавр Ӯ ҳиссаи онҳо гашт? Ба ҷои он ки ба онҳо мулки меросӣ диҳад, Яҳува ба онҳо чизи пурарзиш, супориши хеле муҳимро дод. «Каҳонати Худованд насибаи [яъне ҳиссаи] онҳо» буд (Еҳ. 18:7). Контексти ояти Ададҳо 18:20 нишон медиҳад, ки онҳо бо чизҳои моддие, ки ба онҳо лозим буд, таъмин мешуданд. (Ададҳо 18:19, 21, 24–ро бихонед.) Яҳува ба левизодагон «тамоми ушр [даҳяк]–и банӣ–Исроилро барои моликият... дар ивази хизмате ки онҳо» ба ҷо меоварданд, медод. Яъне исроилиён аз ҳосили замини худ ва аз шумораи зиёдшудаи чорвояшон ба левизодагон даҳяк ё даҳ фоизи онро медоданд. Дар навбати худ, левизодагон аз инъомҳои гирифтаашон даҳ фоизи беҳтаринашро барои ниёзҳои коҳинон тақдим мекарданд * (Ад. 18:25–29). Коҳинон ҳамчунин «ҳамаи ҳадияҳо»–и муқаддасро, ки исроилиён дар ҷои ибодат ба Худованд тақдим менамуданд, мегирифтанд. Пас, коҳинон метавонистанд аз Яҳува дилпур бошанд, ки Ӯ дар бораи ниёзҳои онҳо ғамхорӣ мекунад.

5 Аз афташ исроилиён даҳяки дигареро низ ҷудо мекарданд. Одатан оилаҳои исроилӣ онро дар давоми идҳои муқаддаси ҳарсола барои хӯрдан, нӯшидан ва хурсандӣ кардан истифода мебурданд (Такр. Ш. 14:22–27). Лекин дар охири соли сеюм ва шашуми ҳар ҳафтсола ин даҳяк барои кӯмак ба камбағалон ва левизодагон истифода бурда мешуд. Чаро левизодагон ба ин қатор дохил мешуданд? Зеро онҳо дар Исроил «ҳисса ва мулке» надоштанд (Такр. Ш. 14:28, 29).

6. Ҳарчанд сибти Левӣ дар замини Исроил ҳиссае надоштанд, онҳо дар куҷо зиндагӣ мекарданд?

6 Агар левизодагон дар он замин ҳиссае надошта бошанд, пас онҳо дар куҷо зиндагӣ мекарданд? Худо дар бораи онҳо ғамхорӣ мекард. Ӯ ба онҳо 48 шаҳрҳоро бо саҳроҳои гирду атрофашон дода буд. Ба онҳо шаш шаҳри гуреза дохил мешуданд (Ад. 35:6–8). Барои ҳамин левизодагон ҳангоми дар маъбади Худо хизмат накарданашон барои зиндагӣ кардан ҷой доштанд. Яҳува дар бораи онҳое, ки худро ба хизмати Ӯ бахшида буданд, хеле хуб ғамхорӣ мекард. Пас, левизодагон чӣ тавр нишон дода метавонистанд, ки Яҳува ҳиссаи онҳо буд? Онҳо бояд боварӣ медоштанд, ки Яҳува барои нисбати ниёзҳои онҳо ғамхорӣ кардан ҳам хоҳиш дорад, ҳам қудрат.

7. Ба левизодагон барои он ки Яҳува ҳиссаи онҳо бошад, чӣ лозим буд?

7 Барои касоне, ки даҳяк намедоданд дар Қонун ягон ҷазо пешбинӣ нашуда буд. Вале вақте ки одамон ба қонуни Яҳува оиди даҳяк итоат намекарданд, ин ба коҳинону левизодагон таъсир мерасонд. Чунин ҳолат дар замони Наҳемё рӯй дод. Дар он вақт левизодагон маҷбур шуда буданд, ки хизмати худро тарк карда, ҳар яке дар киштзори худ кор кунанд. (Наҳемё 13:10–ро бихонед.) Равшан аст, ки ризқу рӯзии левизодагон аз он вобаста буд, ки халқи Исроил ба қонунҳои Яҳува итоат мекунад ё не. Ва ба худи коҳинону левизодагон лозим буд, ки ба Яҳува ва ба он роҳе, ки тавассути он Ӯ нисбати онҳо ғамхорӣ мекунад, имон зоҳир кунанд.

Левизодагони алоҳида, ки Яҳува ҳиссаи онҳо буд

8. Кадом фикру хаёл Ософи левизодаро азоб медод?

8 Яҳува ҳиссаи тамоми сибти Левӣ буд. Вале баъзе левизодагони алоҳида низ Худоро ҳиссаи худ меномиданд. Онҳо барои ба Худо изҳор кардани садоқатмандиву бовариашон ибораи «Худованд насибаи ман аст»–ро истифода мебурданд (Нав. Ирм. 3:24). Таронаи 72 китоби Забур дар бораи як левизодае нақл мекунад, ки ӯ ҳам сароянда буд ва ҳам мусиқӣ эҷод мекард. Мо ӯро Ософ меномем, ҳарчанд аниқ намедонем, ки ин худи Ософ буд ё яке аз наслҳои вай *. Ӯ дар дилаш нисбати бадкорон ҳасад пайдо кард ва намефаҳмид, ки чаро онҳо ҳаёти бароҳат мебаранд. Ӯ ҳатто гуфт: «Пас, беҳуда ман диламро соф кардаам, ва кафҳоямро ба покӣ шустаам». Аз афташ, Ософ муддате фаромӯш кард, ки коре, ки Яҳува ба ӯ супорида аст, кори хеле пурарзиш аст ва Яҳува ҳиссаи ӯ мебошад. Ӯ «то даме ки ба қудсҳои Худо даромад», аз чунин фикру хаёл азоб мекашид (Заб. 72:2, 3, 12, 13, 17).

9, 10. Чаро Ософ гуфта метавонист, ки Худо то абад насибаи ӯст?

9 Ба қудс, яъне ибодатгоҳи Худо омадан ба Ософ кӯмак кард, ки тарзи фикррониашро ислоҳ кунад. Шояд чизи ба ин монанде бо шумо рӯй дода бошад. Шояд шумо низ пурарзиш будани хизмати Яҳуваро муддате фаромӯш карда дар бораи чизҳои моддие, ки ба шумо намерасанд, фикр карда бошед. Вале тавассути омӯзиши Каломи Худо ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои масеҳӣ, шумо аз нав ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ мекардагӣ шудед. Ософ фаҳмид, ки оқибат бо бадкорон чӣ рӯй медиҳад. Ӯ диққаташро ба чизҳои хубе, ки ӯ чун хизматгори Худо дошт, равона кард ва дарк намуд, ки Яҳува дасти рости ӯро гирифта ӯро роҳнамоӣ мекунад. Ва ӯ ба Яҳува гуфта метавонист: «Бо Ту дар замин хоҳони чизе нестам» (Заб. 72:23, 25). Сипас ӯ гуфт, ки Яҳува ҳиссаи ӯ аст. (Забур 72:26–ро бихонед.) Ософ навишт: «Агарчи ҷисмам ва дилам адо мешавад, Худо... насибаи ман аст то абад». Забурнавис боварӣ дошт, ки Яҳува ӯро чун дӯст абадӣ дар ёд хоҳад дошт ва хизмати содиқонаи ӯро фаромӯш нахоҳад кард (Воиз 7:1). Ин фикр эҳтимол Ософро хеле тасаллӣ мебахшид. Ӯ месуруд: «Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст; ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам» (Заб. 72:28).

10 Вақте ки Ософ Худоро насибаи худ номид, ӯ на танҳо дар бораи чизҳои моддие, ки чун левизода мегирифт, сухан меронд. Ӯ асосан хизмати Яҳува ва дӯстиеро, ки бо Ҳокими Даҳр дошта буд, дар назар дошт (Яъқ. 2:21–23). Барои ин дӯстиашро давом додан Ософ бояд имон ва бовариашро ба Яҳува нигоҳ медошт. Ба Ософ лозим буд, ки аз Яҳува дилпур бошад, ки Ӯ дар сурати итоаткор буданаш вайро бо ояндаи хушбахт мукофот медиҳад. Шумо низ метавонед аз Худои Қодир чунин дилпур бошед.

11. Кадом саволро Ирмиё ба Яҳува дод ва чӣ тавр Яҳува ба он ҷавоб дод?

11 Левизодаи дигаре, ки Яҳуваро ҳиссаи худ меномид, Ирмиё–пайғамбар буд. Биёед дида бароем, ки дар вақти чунин гуфтанаш ӯ чиро дар назар дошт. Ирмиё дар шаҳри Анотӯт, шаҳри левизодагон, ки дар наздикии Ерусалим буд, зиндагӣ мекард (Ирм. 1:1). Боре дар сари Ирмиё чунин фикру андеша пайдо шуд, ки чаро золимон гул–гул мешукуфанд, дар ҳолате ки росткорон азоб мекашанд (Ирм. 12:1). Вақте ки ӯ корҳои дар Ерусалим ва Яҳудо шудаистодаро дид, ӯ ба Яҳува нолиш кард. Ирмиё медонист, ки Яҳува одил аст. Яҳува ба саволи Ирмиё ҷавоб дод. Чӣ тавр? Бо он ки ба вай мавъизаи хабари вайроншавиро супориш дод ва баъд он пешгӯиро иҷро кард. Касоне, ки ба Яҳува итоат карданд, наҷот ёфтанд, лекин бадкорон ба огоҳӣ гӯш надоданд ва мурданд (Ирм. 21:9).

12, 13. а) Чӣ Ирмиёро барангехт, ки «Худованд насибаи ман аст» гӯяд ва ӯ чӣ хел рӯҳия дошт? б) Чаро ба ҳамаи сибтҳои Исроил лозим буд, ки мисли Ирмиё вақти амал кардани Яҳуваро интизор шаванд?

12 Баъдтар, Ирмиё ба ватани харобу валангори худ нигариста, худро чунин ҳис кард, ки гӯё дар торикӣ роҳ меравад. Ин мисли он буд, ки гӯё Яҳува ӯро ба «онҳое ки аз қадим мурдаанд», монанд гардондааст (Нав. Ирм. 1:1, 16; 3:6). Ирмиё ба исроилиёни саркаш мегуфт, ки ба Падари осмонии худ рӯ оранд, вале бадкории онҳо ба дараҷае расид, ки Худо маҷбур шуд Ерусалим ва Яҳудоро хароб гардонад. Ин барои Ирмиё дардовар буд, ҳарчанд ӯ ба ин айбдор набуд. Дар ғаму ғуссаҳои худ пайғамбар меҳрубонии Худоро ба хотир оварда гуфт: «Онҳо [эҳсону марҳаматҳои Худо] ҳар субҳ аз нав зоҳир мешаванд». Маҳз он вақт Ирмиё хитоб кард: «Худованд насибаи ман аст». Ӯ минбаъд низ чун пайғамбари Худо хизмати пуршарафашро давом дод. (Навҳаҳои Ирмиё 3:22–24-ро бихонед.)

13 Дар давоми 70 сол исроилиён дар ватани худ набуданд. Он холиву харобазор гашта буд (Ирм. 25:11). Вале «Худованд насибаи ман аст» гуфтани Ирмиё нишон медод, ки ӯ ба раҳмдилии Яҳува «умедвор» буд ва ин ба ӯ кӯмак мекард, ки вақти амал кардани Яҳуваро босаброна интизор шавад. Ҳамаи сибтҳои Исроил мулкҳои меросии худро аз даст дода буданд, аз ин рӯ ба онҳо лозим буд, ки мисли Ирмиё вақти амал кардани Яҳуваро интизор шаванд. Яҳува ягона умеди онҳо буд. Баъди 70 сол онҳо ба ватанашон баргаштанд ва имконият доштанд, ки дар он ҷо ба Яҳува хизмат кунанд (2 Вақ. 36:20–23).

Яҳува ҳиссаи шахсони дигар ҳам буда метавонист

14, 15. Ба ғайр аз левизодагон боз кӣ гузошт, ки Яҳува ҳиссаи ӯ бошад ва чаро?

14 Ҳам Ософ ва ҳам Ирмиё аз сибти Левӣ буданд, вале оё танҳо левизодагон имконият дошта метавонистанд, ки ба Яҳува хизмат кунанд? Албатта не! Довуди ҷавон, подшоҳи ояндаи Исроил, дар дуо ба Худо чунин гуфт: «Ту... насибаи ман дар замини зиндаҳо [ҳастӣ]». (Забур 141:1, 5–ро бихонед.) Дар он вақте ки Довуд ин таронаро навишт, ӯ дар ягон қаср ё ҳатто хонае набуд. Ӯ дар ғор аз душманонаш пинҳон мешуд. Камаш ду маротиба Довуд дар ғор паноҳ ёфта буд — як бор дар наздикии Адулом, бори дигар дар биёбони Эйн-Ҷадӣ. Мумкин таронаи 141–и Забурро ӯ дар яке аз он ғорҳо навиштааст.

15 Агар ин тавр бошад, пас сабаби дар ғор будани вай дар он буд, ки ӯ аз душмани худ шоҳ Шоул паноҳ меҷуст. Шоул Довудро куштан мехост, аз ин рӯ Довуд дар ғоре, ки ба он даромадан душвор буд, пинҳон шуд (1 Подш. 22:1, 4). Дар ин ҷои дурдаст Довуд мумкин ҳис мекард, ки ягон дӯсте ӯро дастгирӣ ва муҳофизат карда наметавонад (Заб. 141:4). Маҳз он вақт Довуд аз Яҳува кӯмак пурсид.

16, 17. а) Аз кадом сабабҳо Довуд худро шояд танҳову нотавон ҳис мекард? б) Довуд аз кӣ кӯмак пурсида метавонист?

16 Пеш аз навиштани таронаи 141–и Забур, Довуд эҳтимол фаҳмид, ки бо саркоҳин Аҳималик чӣ рӯй додааст. Бехабар аз он ки Довуд аз Шоул дар гурез аст, Аҳималик ба ӯ кӯмак кард. Шоҳи ҳасудхӯр Шоул фармон дод, ки Аҳималик ва оилааш кушта шаванд (1 Подш. 22:11, 18, 19). Довуд дар марги онҳо худро ҷавобгар ҳис мекард. Ин мисли он буд, ки гӯё вай худаш коҳини ба ӯ ёрӣ додаро кушта бошад. Агар шумо дар вазъияти Довуд мебудед, оё шумо ҷавобгарӣ ҳис мекардед? Ин вазъияти мушкилро боз ҳамин чиз душвортар мегардонд, ки ӯ оромӣ ёфта наметавонист, зеро Шоул таъқиб кардани ӯро давом медод.

17 Аз марги Аҳималик каме нагузашта, Самуил–пайғамбар, ки Довудро чун подшоҳи оянда тадҳин карда буд, мурд (1 Подш. 25:1). Аз ин воқеа Довуд эҳтимол худро боз ҳам танҳову нотавон ҳис мекард. Лекин ӯ медонист, ки аз кӣ кӯмак пурсида метавонад — аз Яҳува. Довуд мисли левизодагон дар маъбад хизмат намекард, вале ӯ аллакай барои намуди дигари хизмат тадҳин шуда буд — бо гузашти вақт ӯ бояд бар халқи Худо подшоҳӣ мекард (1 Подш. 16:1, 13). Барои ҳамин, Довуд дилашро ба Яҳува холӣ карда ҳамаи фикру эҳсосоташро ба ӯ гуфт ва ба Ӯ такя карданро давом дод. Шумо ҳам метавонед ва бояд Яҳуваро ҳиссаи худ донед. То даме ки шумо дар хизмати Ӯ ҳар кори аз дастатон меомадаро мекунед, шумо метавонед ба Ӯ такя кунед.

18. Чӣ тавр онҳое, ки дар бораашон дар ин мақола гап задем, нишон доданд, ки Яҳува ҳиссаи онҳо буд?

18 Дар ин мақола мо дар бораи касоне, ки Яҳува ҳиссаи онҳо буд, гап задем. Яҳува ба он маъно ҳиссаи онҳо буд, ки онҳо дар хизмат таъиноти махсусе гирифта буданд. Ва ҳамчунин онҳо аз Яҳува дилпур буданд, ки Ӯ дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунад. Ҳам левизодагон ва ҳам аъзоёни сибтҳои дигар, масалан Довуд, гузоштанд, ки Яҳува ҳиссаи онҳо бошад. Чӣ тавр шумо метавонед гузоред, ки Яҳува ҳиссаи шумо бошад? Мо инро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 4 Барои гирифтани маълумоти бештар оиди он ки чӣ тавр Яҳува дар бораи ниёзҳои коҳинон ғамхорӣ мекард, ба китоби «Назари амиқ ба Навиштаҳо» (англ.) ҷилди 2, саҳифаи 684 нигаред.

^ сарх. 8 Ософ левизодае буд, ки дар замони шоҳ Довуд чун таронасарои асосӣ хизмат мекард (1 Вақ. 6:31–43).

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Ба кадом маъно Яҳува ҳиссаи левизодагон буд?

• Чӣ тавр Ософ, Ирмиё ва Довуд нишон доданд, ки Яҳува ҳиссаи онҳост?

• Барои он ки Яҳува ҳиссаи шумо бошад, кадом хислат ба шумо лозим аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Чорчӯба дар саҳифаи 7]

Сибти Левӣ мулки меросӣ нагирифтанд. Ба ҷои ин, Яҳува ҳиссаи онҳо буд, зеро онҳо дар хизмати Ӯ супориши пурарзишро ба ҷо меоварданд

[Tасвир дар саҳифаи 6]

Ба кадом маъно Яҳува ҳиссаи коҳинону левизодагон буд?

[Tасвир дар саҳифаи 8]

Чӣ ба Ософ кӯмак кард, ки минбаъд низ Яҳуваро ҳиссаи худ донад?