Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Насиҳатҳои оқилона барои муҷаррадон ва оиладорон

Насиҳатҳои оқилона барои муҷаррадон ва оиладорон

Насиҳатҳои оқилона барои муҷаррадон ва оиладорон

«Ман ба фоидаи шумо мегӯям... ки шумо боодобона ва пай дарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад» (1 ҚӮР. 7:35).

1, 2. Чаро дар бобати муҷаррадӣ ва оиладорӣ ба мо насиҳати Китоби Муқаддас лозим аст?

ХУРСАНДӢ, рӯҳафтодагӣ, нооромӣ — инҳоянд баъзе аз ҳиссиёте, ки мо дар муносибат бо шахси ҷинси муқобил бисёр вақт эҳсос мекунем. Азбаски мо чунин ҳиссиёти гуногунро ҳис мекунем, мо ба роҳнамоии Худо ниёз дорем. Лекин мавридҳои дигар низ ҳастанд, ки дар онҳо ба мо роҳнамоии Худо лозим аст. Масалан, масеҳиёне, ки аз муҷаррадии худ қаноатманданд шояд ҳис мекунанд, ки дӯстону наздиконашон ба онҳо дар мавриди оиладоршавӣ фишор меоранд. Дигарон шояд оиладор шудан мехоҳанд, лекин ҳоло шахси ба худ мувофиқро наёфтаанд. Онҳое, ки бо мақсади издивоҷ муддати муайяне бо ҳам вомехӯранд, роҳнамоӣ меҷӯянд, ки чӣ тавр пеш аз оиладоршавӣ ба гирифтани вазифаи ҳамсарӣ хубтар тайёр шаванд. Инчунин, ҳам ба масеҳиёни муҷаррад ва ҳам оиладор лозим аст, ки худро аз бадахлоқии ҷинсӣ нигоҳ доранд.

2 Ин ҳолатҳо ба хушбахтии ҳаёти шахсии мо таъсир карда метавонанд. Вале муҳимтар аз ин, онҳо метавонанд ба дӯстии мову Яҳува таъсир кунанд. Дар боби 7–уми Номаи якум ба Қӯринтиён Павлус дар бораи муҷаррадӣ ва оиладорӣ насиҳат медиҳад. Мақсади ӯ дар он буд, ки хонандагонаш «пай дарҳам дар ибодати Худованд» бошанд ва чизе диққати онҳоро аз ин чиз дур накунад (1 Қӯр. 7:35). Насиҳатҳое, ки Павлус дар бораи ин чизҳои муҳим дод, ба шумо кӯмак карда метавонанд. Ӯ мехост, ки ҳам шахсони муҷаррад, ва ҳам оиладор ба вазъияти худ чун ба имконияти хубтар ба Яҳува хизмат кардан нигаранд.

Қарори ҷиддие, ки шахс қабул мекунад

3, 4. а) Агар дӯстону хешовандон ба шахс дар мавриди оиладоршавӣ фишор оранд, чӣ рӯй доданаш мумкин аст? б) Чӣ тавр суханони Павлус ба мо кӯмак мекунанд, ки ба оиладоршавӣ назари бомувозинат дошта бошем?

3 Дар асри як яҳудиён фикр мекарданд, ки оиладор шудан чизи хеле муҳим аст ва имрӯз низ бисёриҳо ҳамин тавр фикр мекунанд. Агар ҷавон ё духтаре аз синни муайян гузараду оиладор нашавад, дӯстону наздикон аз ин ба ташвиш омада, метавонанд чунин фикр кунанд, ки дар мавриди хонадоршавӣ ба ӯ бояд маслиҳат дод. Дар вақти сӯҳбат онҳо шояд ба ӯ гӯянд, ки дар ҷустани ҳамсар фаъолтар шавад ё шояд худашон касеро чун номзади арзанда пешниҳод кунанд. Онҳо ҳатто метавонанд бо роҳи ҳилла ду шахси муҷаррадро бо ҳам рӯбарӯ кунанд. Чунин рафтор баъзан боиси шарму изо кашидани шахс, вайрон шудани дӯстӣ ва ранҷидани шахс мегардад.

4 Павлус ҳеҷ гоҳ дигаронро маҷбур намекард, ки оиладор шаванд ё муҷаррад монанд (1 Қӯр. 7:7). Ӯ қаноатманд буд, ки бе зан ба Яҳува хизмат мекунад, вале ӯ одамонеро, ки оиладор шудан мехостанд, танқид намекард. Масеҳиён низ имрӯз ҳуқуқ доранд, ки дар мавриди оиладор шудан ё муҷаррад мондан озодона қарор қабул кунанд. Дигарон набояд дар интихобашон ба онҳо фишор оранд.

Аз муҷаррадии худ бомуваффақият истифода баред

5, 6. Чаро Павлус масеҳиёнро ба муҷаррад мондан ташвиқ кард?

5 Cуханони ба қӯринтиён гуфтаи Павлус нишон медиҳанд, ки ӯ ба муҷаррадӣ назари мусбӣ дошт. (1 Қӯринтиён 7:8–ро бихонед.) Баъзе пешвоёни ҷаҳони масеҳият, ки тамоми умр муҷаррад монданро ваъда додаанд, худро аз дигарон боло меҳисобанд. Лекин Павлус ин хел намекард. Ҳарчанд ӯ муҷаррад буд, вай фикр намекард, ки аз дигарон беҳтар аст. Аниқтараш Павлус қайд кардан мехост, ки шояд ҳамон тавре ки масеҳиёни муҷаррад ба Худо хизмат мекунанд, масеҳиёни оиладор наметавонанд. Ин чӣ маъно дорад?

6 Масеҳиёни муҷаррад бисёр вақт дар хизмати Яҳува метавонанд таъинотҳоеро қабул кунанд, ки шахсони оиладор қабул карда наметавонанд. Павлус имконияти пуршараф дошт, ки чун «ҳаввории халқҳо» хизмат кунад (Рум. 11:13). Агар бобҳои 13–20-и китоби Аъмолро хонед, шумо мебинед, ки чӣ тавр Павлус ҳамроҳи миссионерони дигар барои мавъиза кардан ба ҷойҳои нав сафар мекард ва дар он ҷо бисёр ҷамъомадҳои навро ташкил менамуд. Дар хизмат ӯ бо чунон вазъиятҳои сахт дучор мешуд, ки шояд бисёре аз мо имрӯз дучор нашавем (2 Қӯр. 11:23–27, 32, 33). Вале шодиву хурсандие, ки вай аз тайёр кардани шогирдон ҳис мекард, ба ӯ кӯмак мекард, ки ба ҳамаи он душвориҳо тоб орад (1 Тас. 1:2–7, 9; 2:19). Агар Павлус оиладор мебуд, оё ӯ метавонист ҳамаи ин корҳоро анҷом диҳад? Эҳтимол не.

7. Чӣ тавр ду хоҳари муҷаррад вазъияташонро барои мавъизаи хушхабари Салтанат истифода бурданд?

7 Бисёр масеҳиёни муҷаррад вазъияти худро барои бештар мавъиза кардани хушхабари Салтанат истифода мебаранд. Сара ва Лимбания, пешравони муҷаррад аз Боливия, ба қишлоқе сафар карданд, ки дар он ҷо солҳои зиёд мавъиза нашуда буд. Дар он қишлоқ қувваи барқ набуд. Хоҳарон нақл карданд: «Азбаски одамон дар он ҷо телевизор тамошо карда наметавонанд ва радио гӯш карда наметавонанд, онҳо асосан вақти холигиашонро ба хондан сарф мекунанд». Баъзе одамони қишлоқ то ҳол китобу маҷаллаҳои кӯҳнаи Шоҳидони Яҳуваро мехонданд, ки ин адабиётҳо дигар чоп намешаванд. Қариб дар ҳар хона хоҳарон одамони ба Китоби Муқаддас шавқмандро вомехӯрданд ва аз ин рӯ, тамоми қишлоқро давр зада баромадан вақти зиёд талаб мекард. Як зани пиронсол ба хоҳарон гуфт: «Охири дунё аз афташ наздик аст, зеро Шоҳидони Яҳува ҳатто то мо расида омаданд». Камтар вақт нагузашта одамони он қишлоқ ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меоварданд.

8, 9. а) Чаро Павлус гуфт, ки ба Худо чун шахси муҷаррад хизмат кардан хубтар аст? б) Масеҳиёни муҷаррад дар хизмати Яҳува чӣ имкониятҳо доранд?

8 Албатта, масеҳиёни оиладор низ ҳангоми дар ҷойҳои душвор мавъиза кардани хушхабар натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Вале баъзе таъинотҳое, ки пешравони муҷаррад қабул карда метавонанд, ба масеҳиёни оиладор ё фарзанддор душвор буда метавонанд. Вақте ки Павлус ба ҷамъомадҳо нома навишт, вай медонист, ки дар мавъизаи хушхабар кор то ҳол бисёр аст. Ӯ мехост, ки ҳар кас аз кори шогирдсозӣ мисли ӯ хурсандӣ ёбад. Барои ҳамин, вай гуфт, ки ба Яҳува чун шахси муҷаррад хизмат кардан хубтар аст.

9 Як хоҳари муҷаррад аз Иёлоти Муттаҳида чунин навишт: «Баъзе одамон фикр мекунанд, ки ба муҷаррадон хушбахтӣ дастнорас аст. Вале ман мебинам, ки хушбахтии ҳақиқӣ аз дӯстӣ бо Яҳува вобаста аст. Муҷаррадӣ, ҳарчанд фидокорӣ аст, он атои олиҷанобе хоҳад буд, агар шумо аз он дуруст истифода баред». Дар бораи ёфтани хушбахтии ҳақиқӣ ӯ чунин гуфт: «Муҷаррадӣ метавонад сӯи хушбахтӣ роҳ кушояд, на ин ки монеа гардад. Ман медонам, ки Яҳува ҳеҷ касро — на шахси муҷаррад ва на оиладорро аз меҳрубониаш маҳрум намекунад». Ин хоҳар ҳоло дар мамлакате, ки ба воизони Салтанат ниёзи калон ҳаст, ба Яҳува хизмат карда истодааст. Агар шумо муҷаррад бошед, оё метавонед дар кори ба дигарон таълим додани ҳақиқат бештар саҳм гузоред? Он гоҳ муҷаррадӣ бароятон як атои пурбаҳои Яҳува мегардад.

Шахсони муҷаррад, ки оиладор шудан мехоҳанд

10, 11. Онҳоеро, ки оиладор шудан мехоҳанду лекин ба худ ҳамсари мувофиқ наёфтаанд, Яҳува чӣ гуна дастгирӣ мекунад?

10 Баъди як вақти муайянро дар муҷаррадӣ гузарондан, бисёри хизматгорони содиқи Яҳува оиладор шудан мехоҳанд. Ба роҳнамоӣ ниёз доштани худро дарк намуда, онҳо аз Яҳува мепурсанд, ки ба ёфтани ҳамсари мувофиқ ба онҳо кӯмак кунад. (1 Қӯринтиён 7:36–ро хонед.)

11 Агар шумо бо шахсе, ки ба Яҳува аз таҳти дил хизмат мекунад, оиладор шудан хоҳед, ба Яҳува дар ин бора дуо гуфтанро давом диҳед (Фил. 4:6, 7). Новобаста аз он ки чанд вақт интизор шудан лозим меояд, рӯҳафтода нашавед. Ба Худои пурмуҳаббатамон чун Мададгори худ такя кунед ва Ӯ шуморо мувофиқи ниёзҳоятон аз ҷиҳати эмотсионалӣ дастгирӣ хоҳад кард (Ибр. 13:6).

12. Чаро ба шахси масеҳӣ лозим аст, ки таклифи издивоҷро бодиққат баркашад?

12 Чӣ бояд кард, агар шахсе ки бо Худо муносибатҳои наздик надорад ё касе ки Шоҳиди Яҳува нест ба шумо таклифи издивоҷ намояд? Шояд хоҳиши издивоҷ кардан дар шумо пурзӯр бошад. Лекин агар шумо интихоби нодуруст кунед, дарди эмотсионалие, ки баъди издивоҷ шумо ҳис мекунед аз он дарди танҳоӣ, ки дар муҷаррадиатон эҳсос мекардед, бадтар хоҳад буд. Дар ёд доред, ки шумо бо шахси интихоб кардаатон, хоҳ вай нағз бошад, хоҳ бад, бояд якумр зиндагӣ кунед (1 Қӯр. 7:27). Аз рӯи беилоҷӣ қароре қабул накунед, ки баъдтар аз он пушаймон хоҳед шуд. (1 Қӯринтиён 7:39–ро бихонед.)

Тайёрӣ ба издивоҷ

13–15. Дар бораи кадом душвориҳои имконпазир ҷуфтон бояд пеш аз тӯй маслиҳат кунанд?

13 Ҳарчанд Павлус гуфт, ки ба Яҳува чун шахси муҷаррад хизмат кардан хубтар аст, ӯ шахсонеро, ки издивоҷ карданӣ мешаванд, маҳкум намекард. Баръакс, насиҳатҳои аз рӯи илҳоми илоҳӣ додаи ӯ ба ҷуфти ҳамсарон ёрӣ медиҳанд, ки мушкилиҳои ҳаёти оилавиро паси сар намоянд ва издивоҷашонро доимӣ нигоҳ доранд.

14 Ба баъзе ҷуфтон лозим аст, ки назарашонро оиди интизориҳои ояндаи худ дигар созанд. Вақте ки онҳо ба якдигар номзад мешаванд, ҷуфтон метавонанд фикр кунанд, ки муҳаббати онҳо бемислу беҳамто аст ва он ба хушбахтии оилавӣ кафолат медиҳад. Онҳо бо чунин орзуву хаёлот ҳаёти оилавии худро оғоз мекунанд ва фикр мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ чизе ба хушбахтии якҷояи онҳо халал расонида наметавонад. Вале чунин фикрронӣ ғайривоқеист. Рост аст, ки лаҳзаҳои ошиқона хурсандӣ меоранд. Вале барои ҳал кардани проблемаю душвориҳое, ки ҳар ҷуфт рӯ ба рӯ мешавад, онҳо кифоя нестанд. (1 Қӯринтиён 7:28–ро бихонед.) *

15 Баъди оиладоршавӣ, баъзе ҷуфти ҳамсарон ба ҳайрат меоянд ё ҳатто рӯҳафтода мешаванд, ки дар масъалаҳои муҳим фикри онҳо бо ҳам мувофиқат намекунад. Мумкин ки дар байни онҳо оиди чӣ тавр сарф кардани пул, чӣ хел дамгириву вақтхушӣ кардан, дар куҷо зистан ва чӣ қадар тез–тез волидону хешонро хабар гирифтан гуногунфикрӣ ва нофаҳмӣ ба миён ояд. Ва аз нокомилии яке аз онҳо дигарӣ асабӣ шуданаш мумкин аст. Дар давраи номзадӣ ҷуфтон шояд фикр кунанд, ки оиди чунин масъалаҳо гап задан шарт нест. Вале агар онҳо дар бораи ин чизҳои муҳим гап назананд, баъдтар душвориҳо ба миён омаданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, ба ҳамсарон хуб мебуд, ки дар бораи чунин масъалаҳо пеш аз тӯй маслиҳат кунанд.

16. Чаро фикри ҳамсарон оиди ҳалли душвориҳои оилавӣ бояд бо ҳам мувофиқат кунанд?

16 Барои он ки ҳаёти оилавиашон хушбахт бошад, ҷуфтон бояд душвориҳоро якҷоя паси сар кунанд. Фикри онҳо бояд оиди чӣ тавр тарбия кардани фарзанд ва ғамхорӣ нисбати волидони пиронсол бо ҳам мувофиқат кунад. Зери фишори душвориҳои оилавӣ ҳамсарон набояд аз ҳамдигар дур шаванд. Насиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда онҳо метавонанд бисёр проблемаҳоро ҳал кунанд, ба он душвориҳое, ки ҳал намешаванд, тоб оранд ва якҷоя хушбахт монанд (1 Қӯр. 7:10, 11).

17. Чаро ҷуфти ҳамсарон дар бораи чизҳое, ки «ба ҷаҳон оид аст» ғамхорӣ мекунанд?

17 Павлус дар 1 Қӯринтиён 7:32–34 боз як чизи воқеиро қайд кард. (Оятҳоро бихонед.) Ба шахси оиладор ҳатман лозим меояд, ки дар бораи чизҳое, ки «ба ҷаҳон оид аст» ғамхорӣ кунад — масалан дар бораи хӯрдан, пӯшидан, хонаву ҷой ва дигар ниёзҳо. Чаро? Дар вақти муҷаррад буданаш бародар шояд вақту қуввати бештари худро ба хизмат сарф мекард. Вале чун шавҳар ӯ акнун бояд ба андозае вақту қувваташро барои ғамхорӣ кардан ба занаш ва ба даст овардани илтифоти ӯ сарф кунад. Ва зан низ нисбати шавҳараш айнан ҳамин тавр мекунад. Яҳува мефаҳмад, ки ҳам зан ва ҳам шавҳар хурсандии ҳамсарашро ба даст овардан мехоҳад. Ӯ медонад, ки ҳамсарон шояд наметавонанд вақту қувваташонро ба миқдори пештара, чун дар давраи муҷаррадӣ, ба хизмати Ӯ сарф кунанд. Акнун ба онҳо лозим аст, ки миқдори муайяни вақту қувваташонро барои мустаҳкам кардани издивоҷашон истифода баранд.

18. Ҳамсарон баъди издивоҷ дар истифодаи вақти бо вақтхушиҳо алоқаманд чӣ тағйиротҳо дароварданашон лозим аст?

18 Вале барои мо боз як дарсе аст. Агар ҳамсарон як миқдори вақту қуввати пеш ба хизмати Худо сарф мекардаашонро барои мустаҳкам кардани издивоҷи худ сарф кунанд, пас айнан ҳаминро дар бораи вақту қуввате ки онҳо дар муҷаррадӣ ба вақтхушиҳо сарф мекарданд, гуфтан мумкин нест? Агар шавҳар барои бо ҷӯраҳояш бо варзиш машғул шудан чун пештара вақти бисёр сарф кунад, занаш чӣ эҳсос мекунад? Ё ин ки агар зан вақти зиёдашро чун пештара бо дугонаҳояш гузаронад, шавҳар аз ин чӣ ҳис мекунад? Аз чунин рафтор ҳар ду ҳам худро танҳову бечора ҳис мекунанд ва шояд фикр кунанд, ки ҳамсар ӯро дӯст намедорад. Барои чунин нашуданаш, ҷуфти ҳамсарон бояд ҳар кори аз дасташон меомадаро карда издивоҷи худро мустаҳкам намоянд (Эфс. 5:31).

Яҳува покии ахлоқӣ металабад

19, 20. а) Чаро шахсони оиладор бояд худро аз бадахлоқии ҷинсӣ муҳофизат кунанд? б) Агар ҳамсарон муддати дурудароз аз ҳамдигар дур бошанд, кадом хатар вуҷуд дорад?

19 Хизматгорони Яҳува қатъиян мекӯшанд, ки аз ҷиҳати ахлоқӣ пок монанд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар оиладор шаванд, аз проблемаи бадахлоқии ҷинсӣ эмин хоҳанд буд. Аммо издивоҷ худ аз худ касро аз бадахлоқии ҷинсӣ муҳофизат намекунад. Баъди издивоҷ низ шахс бояд эҳтиёт бошад, то ки ахлоқан пок монад. Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас шаҳрро деворҳои баланду мустаҳками он муҳофизат мекарданд. Агар шахс дар дохили шаҳр монад, вай дар амон мебуд. Вале агар ӯ аз деворҳои он берун барояд, он гоҳ роҳзанону ғоратгарони оворагард метавонистанд ӯро ғорат кунанд ё кушанд. Ҳудуде, ки Асосгузори издивоҷ барои одамони оиладор муқаррар кардааст, ба деворҳои мустаҳками шаҳр монанданд. Шахсони дар издивоҷбуда танҳо дар он сурат аз бадахлоқии ҷинсӣ эмин буда метавонанд агар дар дохили он ҳудуд бимонанд.

20 Павлус чӣ будани он ҳудудро дар 1 Қӯринтиён 7:2–5 фаҳмонд. Зан ҳақ дорад интизор шавад, ки шавҳараш танҳо бо ӯ алоқаи ҷинсӣ мекунад ва шавҳар низ ҳақ дорад интизор шавад, ки занаш танҳо бо вай алоқаи ҷинсӣ мекунад. Худо мегӯяд, ки ҳар яки онҳо бояд «вазифаи заношӯӣ»–ро иҷро кунанд, яъне якдигарро аз алоқаи ҷинсӣ, ки шахсони дар издивоҷбуда ба он ҳақ доранд, маҳрум насозанд. Лекин баъзе шавҳарон ва занон муддати дурудароз аз ҳам дур мешаванд, масалан, дар алоҳидагӣ ба дамгирӣ мераванд, ё ҳар яке барои кор шуда дар шаҳрҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва барои ҳамин «вазифаи заношӯӣ»–ро иҷро карда наметавонанд. Шайтон метавонад чунин вазъиятро истифода бурда оилаҳоро вайрон кунад. Агар зан ва шавҳар дар бораи ниёзҳои якдигар ба алоқаи ҷинсӣ фикр накунанд, яке аз онҳо метавонад ба васваса дода шуда зино содир кунад. Яҳува он сарварони оиларо баракат медиҳад, ки оилаи худро зери хатар нагузошта онро таъмин мекунанд (Заб. 36:25).

Ба насиҳати Китоби Муқаддас итоат кунед

21. а) Чаро оиди муҷаррадӣ ва оиладорӣ қарор қабул кардан душвор аст? б) Барои чӣ насиҳатҳои дар боби 7–уми китоби 1 Қӯринтиён гуфташуда фоиданоканд?

21 Оиди муҷаррадӣ ва оиладоршавӣ қарор қабул кардан кори хеле душвор аст. Хоҳ шумо муҷаррад монданро қарор диҳед, хоҳ оиладор шуданро, проблемаҳо ҳамеша вуҷуд хоҳанд дошт, зеро ҳама одамон нокомиланд. Ва ҳарчанд Яҳува хизматгоронашро баракат медиҳад, онҳо пурра аз рӯҳафтодагӣ эмин нестанд. Вале агар шумо насиҳатҳои оқилонаи боби 7–уми китоби 1 Қӯринтиёнро ба кор баред, шумо аз бисёри ин проблемаҳо дар амон буда метавонед. Шумо, хоҳ муҷаррад бошед, хоҳ оиладор, дар чашмони Яҳува «кори хуб» мекунед. (1 Қӯринтиён 7:37, 38–ро бихонед.) Илтифоти Худоро ба даст овардан баракати бузургтарини ҳаёти мо аст. Бо илтифоти Ӯ мо сӯи ҳаёти ҷовидонӣ, сӯи дунёи нав, роҳ рафтанро давом медиҳем. Он ҷо дар муносибати марду зан мисли имрӯза проблемаву фишорҳо нахоҳанд буд.

[Эзоҳ]

Оё шумо ҷавоб дода метавонед?

• Чаро ҳеҷ кас набояд каси дигарро ба оиладоршавӣ маҷбур намояд?

• Чӣ тавр хизматгорони муҷарради Яҳува вақташонро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонанд?

• Ҷуфтони ба ҳам номзад чӣ тавр ба душвориҳои ҳаёти оилавӣ тайёрӣ дида метавонанд?

• Чаро издивоҷ худ аз худ шахсро аз бадахлоқии ҷинсӣ эмин намедорад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 15]

Масеҳиёни муҷаррад, ки вақташонро ба васеъ кардани хизмат истифода мебаранд, хурсандӣ меёбанд

[Tасвир дар саҳифаи 17]

Баъди оиладоршавӣ баъзеҳо ба ҳаёташон чӣ дигаргуниҳо медароранд?