Барои ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ мувофиқи рӯҳ рафтор кунед
Барои ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ мувофиқи рӯҳ рафтор кунед
«На ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунем» (РУМ. 8:4).
1, 2. а) Дар натиҷаи бедиққатона рондани мошин кадом мушкилиҳои ҷиддӣ рӯй дода истодаанд? б) Агар аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедиққат бошем, ба кадом хатар дучор шуда метавонем?
«БЕДИҚҚАТОНА рондани мошин гӯё як эпидемияест, ки сол аз сол зиёд шуда истодааст»,— қайд намуд вазири нақлиёти ИМА. Телефонҳои мобилӣ аз қабили асбобҳое мебошанд, ки диққати ронандаро аз кори муҳим, яъне аз рондани мошин парешон карда метавонанд. Ҳангоми гирифтани мусоҳиба, зиёда аз сеяки одамон гуфтанд, ки маҳз аз ҳамин сабаб онҳоро мошин зад ё қариб мезад. Ҳангоми рондани мошин бисёр корҳоро якбора кардан ба назар қулай метобад, лекин он оқибати фалокатовар дошта метавонад.
2 Ба ин монанд, аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедиққат будан метавонад ба муносибати мо бо Худо зарар расонад. Чӣ тавре ки ронандаи парешонхотир ба аломатҳои роҳ аҳамият намедиҳад ва ба фалокат дучор мешавад, ҳамин тавр шахс агар бо корҳое банд шавад, ки ӯро аз Худо дур мекунанд, ба осонӣ ба фалокат дучор шуда метавонад. Агар мо аз роҳи масеҳӣ ва фаъолияти теократӣ дур шавем, оқибат киштии имонамон ғарқ шуда метавонад (1 Тим. 1:18, 19). Дар номаи худ ба масеҳиёни шаҳри Рум, Павлуси ҳавворӣ аз ин хатар огоҳ кард: «Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» (Рум. 8:6). Ин суханонро навишта Павлус чиро дар назар дошт? Чӣ тавр мо метавонем «фикрҳои ҷисмонӣ»-ро аз худ дур кунем ва аз рӯи «фикрҳои рӯҳонӣ» рафтор кунем?
Барои онҳо «ҳеҷ маҳкумияте нест»
3, 4. а) Павлус дар бораи кадом муборизааш навишт? б) Чаро мо бояд ба вазъияти Павлус диққат диҳем?
3 Дар номаи худ ба румиён Павлус оиди муборизаи шахсиаш, яъне ҷанг байни ҷисм ва фикраш навишт. (Румиён 7:21–23-ро бихонед.) Павлус худро сафед намекард, ки аз сабаби нокомилиаш мубориза бурда наметавонад. Ӯ масеҳии баркамол ва тадҳиншуда буд, ки «ҳамчун ҳаввории халқҳо» таъин шуда буд (Рум. 1:1; 11:13). Пас, барои чӣ Павлус дар бораи муборизаи худ навишт?
4 Павлус ростқавлона эътироф кард, ки иродаи Худоро фақат бо қувваи худаш ба он дараҷае, ки мехост иҷро карда наметавонад. Чаро? «Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд»,— гуфт ӯ (Рум. 3:23). Азбаски Павлус аз насли Одам буд, ӯ низ гуноҳ ва ҷисми нокомилро мерос гирифт. Мо ҳам мисли ӯ нокомилиро мерос гирифтаем ва ҳар рӯз бо муборизаи ба ин монанд бояд дучор шавем. Зиёда аз ин, бисёр чизҳое ҳастанд, ки фикрҳоямонро метавонанд парешон созанд ва аз «роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад» дур кунанд (Мат. 7:14). Лекин вазъият барои Павлус ноилоҷ набуд ва барои мо ҳам ноилоҷ нест.
5. Павлус аз куҷо тасаллӣ ва кӯмак ёфт?
5 Павлус навишт: «Кӣ маро... раҳоӣ медиҳад? Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям» (Рум. 7:24, 25). Сипас ӯ ба онҳое, ки «дар Исои Масеҳ ҳастанд», яъне ба масеҳиёни тадҳиншуда муроҷиат мекунад. (Румиён 8:1, 2–ро бихонед.) Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш онҳоро ба писархондӣ қабул мекунад ва онҳоро «ҳамирсони Масеҳ» меномад (Рум. 8:14–17). Рӯҳулқудси Худо ва имоне, ки онҳо ба қурбонии фидияи Масеҳ зоҳир мекунанд, имконият медиҳад, то онҳо ба муборизае, ки Павлус тасвир кард, ғолиб бароянд ва аз ин сабаб барои онҳо «ҳеҷ маҳкумияте нест». Онҳо аз «қонуни гуноҳ ва мамот» озод ҳастанд.
6. Барои чӣ ҳамаи хизматгорони Худо бояд ба суханони Павлус диққат диҳанд?
6 Гарчанд ин суханони Павлус ба масеҳиёни тадҳиншуда равона шуда буданд, суханоне, ки ӯ дар бораи рӯҳулқудс ва қурбонии фидияи Масеҳ гуфта буд, ба ҳамаи хизматгорони Яҳува новобаста аз он ки умедашон чӣ гуна аст, манфиат оварда метавонад. Ҳарчанд Павлус зери илҳоми илоҳӣ ин маслиҳатро ба масеҳиёни тадҳиншуда дод, хеле муҳим аст, ки ҳамаи хизматгорони Худо маънои ин маслиҳатро фаҳманд ва барои аз он манфиат гирифтан, кӯшиш кунанд.
Чӣ тавр Худо «гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард»
7, 8. а) Ба кадом маъно Қонуни Мусо «бо айби ҷисм суст» буд? б) Худо тавассути рӯҳулқудс ва бо пешниҳод кардани фидия чиро имконпазир сохт?
7 Дар боби 7-уми Румиён, Павлус эътироф кард, ки дар ҷисми нокомил қувваи гуноҳ вуҷуд дорад. Дар боби 8-ум бошад, ӯ қувваи рӯҳулқудсро қайд намуд. Павлус фаҳмонд, ки дар мубориза зидди қувваи гуноҳ рӯҳулқудси Худо ба масеҳиён ёрдам карда метавонад, то ки онҳо мувофиқи иродаи Худо зиндагӣ карда тавонанд ва илтифоти Ӯро ба даст оранд. Павлус қайд намуд, ки он ҷизеро ки қонуни Мусо иҷро карда наметавонист, Худо онро тавассути рӯҳулқудс ва қурбонии фидияи Писараш имконпазир сохт.
8 Қонуни Мусо бо бисёр аҳкомҳояш гунаҳкоронро маҳкум мекард. Беш аз ин, саркоҳинони Исроил, ки зери Қонун хизмат мекарданд, нокомил буданд ва барои гуноҳ қурбонии мувофиқ пешкаш карда Румиён 8:3, 4–ро бихонед.) Дар ҳақиқат онҳо бояд то охири ҳаёти заминиашон вафодорона ин тавр амал кунанд, то ки ба «тоҷи ҳаёт» сазовор шаванд (Ваҳй 2:10).
наметавонистанд. Барои ҳамин Қонун «бо айби ҷисм суст» буд. Лекин «Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ... фиристод» ва ӯро ҳамчун фидия пешниҳод намуда, «гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард». Бо ин Худо «ноилоҷ» будани шариати Мусоро бартараф намуд. Бинобар ин масеҳиёни тадҳиншуда дар асоси имони худ ба қурбонии фидияи Исо одил ҳисобида мешаванд. Онҳо барангехта мешаванд, ки «на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ» кунанд. (9. Калимаи «қонун» дар Румиён 8:2 ба кадом маъно омадааст?
9 Ғайр аз «шариат» ё Қонуни Мусо, Павлус «қонуни рӯҳ», «қонуни гуноҳ ва мамот»-ро низ қайд намуд (Рум. 8:2). Ин кадом қонунҳо мебошанд? Калимаи «қонун» дар ин оят ба ягон аҳком, аз ҷумла аҳкомҳое, ки дар шариати Мусо буданд, ишора намекунад. Дар як маълумотнома дар ин бора гуфта мешавад, ки калимаи юнонии қонун дар ин ҷо ба корҳои хуб ё бади одамон ишора мекунад ва ин корҳо мисли қонун онҳоро идора мекунанд. Инчунин ин калима ба тарзи ҳаёти одам ишора мекунад.
10. Чӣ тавр қонуни гуноҳ ва марг ба мо таъсир мекунад?
10 Павлуси ҳавворӣ навишт: «Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд» (Рум. 5:12). Чун насли Одам, ба ҳамаи мо қонуни гуноҳ ва марг таъсир мекунад. Ҷисми гунаҳкоронаи мо ҳамеша моро ба корҳои ба Худо номақбул тела медиҳад, ки оқибаташон фақат марг аст. Павлус дар номаи худ ба ғалотиён чунин амалу хусусиятҳоро «корҳои ҷисм» номид. Сипас илова намуд, «ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғал. 5:19–21). Чунин одамон мисли шахсоне мебошанд, ки ба ҳасби ҷисм рафтор мекунанд (Рум. 8:4). Онҳо роҳ медиҳанд, ки хоҳишҳои ҷисми нокомилашон онҳоро идора кунад. Лекин оё ба қатори чунин шахсон фақат онҳое дохил мешаванд, ки бо зино, бутпарастӣ, ҷодугарӣ ё дигар гуноҳҳои ҷиддӣ машғуланд? Не, зеро «корҳои ҷисм» ҳамчунин амалҳоеро дар бар мегирад, ки бисёриҳо шояд инро танҳо сустии шахсӣ ҳисоб кунанд. Ба «корҳои ҷисм» инчунин рашк, хашм, хархаша ва ҳасад дохил мешаванд. Кӣ гуфта метавонад, ки вай худро аз таъсири ҷисми гунаҳкор пурра озод кардааст?
11, 12. Барои қонуни гуноҳ ва маргро бартараф кардан Яҳува чӣ кор кард ва барои ба даст овардани илтифоти Худо мо бояд чӣ кор кунем?
Юҳ. 3:16–18). Барои ҳамин, мо мисли Павлус чунин гуфта метавонем: «Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям».
11 Чӣ хушбахтист, ки Яҳува бартараф кардани қонуни гуноҳ ва маргро барои мо имконпазир сохт! Исо гуфт: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад». Аз сабаби гуноҳи мерос гирифтаамон мо бо марг маҳкум шудаем. Аммо бо миннатдор будан барои муҳаббати Худо ва зоҳир намудани имон ба қурбонии фидияи Масеҳ мо метавонем аз ин маҳкумият озод шавем (12 Мо гӯё дар вазъияте қарор дорем, ки худро аз касалии ҷиддӣ табобат карда истодаем. Агар аз ин беморӣ озод шудан хоҳем, мо бояд гуфтаҳои духтурро иҷро кунем. Гарчанд имон ба фидия моро аз қонуни гуноҳ ва марг озод карда тавонад ҳам, лекин мо то ҳол нокомил ва гунаҳкор ҳастем. Барои саломатии рӯҳонии хуб доштан ва аз илтифоту баракатҳои Худо баҳраманд будан, чизи бештаре дар талаб аст. Павлус гуфт ки, агар аз таъсири гуноҳ озод шудан хоҳем, мо бояд ҳатман мувофиқи рӯҳ амал кунем.
Чӣ тавр бар тибқи рӯҳ рафтор кунем?
13. Бар тибқи рӯҳ рафтор кардан чӣ маъно дорад?
13 Бар тибқи рӯҳ рафтор кардан талаб намекунад, ки мо рӯҳан комил бошем, лекин барои ба даст овардани муваффақияти рӯҳонӣ мунтазам кӯшиш кардан лозим аст (1 Тим. 4:15). Бо тамоми ҳастиямон мо бояд кӯшиш кунем, ки ҳар рӯз мувофиқи роҳнамоии рӯҳ рафтор яъне зиндагӣ кунем. «Бар тибқи Рӯҳ рафтор» карда, мо илтифоти Худоро ба даст меорем (Ғал. 5:16).
14. «Онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд» ба чӣ майл доранд?
14 Дар номаи худ ба румиён Павлус ҳамчунин дар бораи одамоне, ки ду тарзи фикрронии бо ҳам муқобил доранд, навишт. (Румиён 8:5–ро бихонед.) Дар ин ҷо калимаи ҷисм танҳо ба маънои бадани аслӣ наомадааст. Дар Китоби Муқаддас калимаи «ҷисм» баъзан барои нишон додани гуноҳ ва нокомилии ҷисм, ки ба ҳавасҳои пасти нафсонӣ майл дорад, истифода бурда мешавад. Ин майли ҷисм сабаби зиддият байни ҷисм ва фикрҳои рӯҳонӣ мегардад, ки инро Павлус дар боло зикр карда буд. Аммо «онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд», баръакси Павлус барои мубориза бурдан ҳатто кӯшиш ҳам намекунанд. Ба ҷои он ки онҳо бо талаботи Худо шинос шаванд ва кӯмаки пешниҳодкардаи Ӯро қабул кунанд, онҳо «дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр меронанд». Онҳо бисёр вақт фақат дар бораи қонеъ гардондани хоҳишу талаботи ҷисмашон фикр мекунанд. Бархилофи ин, «онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд», бештар «дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр меронанд», яъне оиди фаъолият ва баракатҳои рӯҳонӣ.
15, 16. а) Чӣ тавр оиди ягон чиз фикр рондан ба тарзи фикрронии шахс таъсир мерасонад? б) Мо дар бораи тарзи фикрронии аксарияти одамони имрӯза чӣ гуфта метавонем?
15 Румиён 8:6–ро бихонед. Пеш аз кардани ягон кор хоҳ он хуб бошад хоҳ бад, шахс аввал бояд дар бораи он фикр кунад. Одамоне, ки ҳамеша дар бораи чизҳои ҷисмонӣ фикр меронанд, дере нагузашта тарзи фикрронӣ ё майлеро инкишоф медиҳанд, ки фақат ба чизҳои ҷисмонӣ равона мешаванд. Онҳо одатан ба чунин чизҳо пурра майлу рағбат ва меҳр пайдо мекунанд.
16 Имрӯз аксарияти одамон бештар ба кадом чизҳо майлу рағбат доранд? Юҳаннои ҳавворӣ навишт: «Ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст» (1 Юҳ. 2:16). Чунин ҳавасҳо чизҳои зеринро дар бар мегиранд: бадахлоқии ҷинсӣ, хоҳиши мавқеи баланд доштан ва хоҳиши молу мулки бештар доштан. Имрӯз аксарияти одамон дар бораи ин гуна хоҳишҳо фикр мекунанд ва дар ҳақиқат ин чизҳоро мехоҳанд, барои ҳамин дар китобҳо, маҷаллаву рӯзномаҳо, филмҳо, намоишҳои телевизионӣ ва интернет оиди ин хоҳишҳо маълумот хеле зиёданд. Лекин «фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст», ки метавонад имрӯз муносибатамонро бо Худо вайрон созад ва дар ояндаи наздик ба марг орад. Барои чӣ? «Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад. Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд афтода наметавонанд» (Рум. 8:7, 8).
17, 18. Чӣ тавр мо аз паи фикрҳои рӯҳонӣ шуда метавонем ва дар натиҷа кадом баракатҳоро ба даст меорем?
17 Аз дигар тараф «фикрҳои рӯҳонӣ ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» меоранд. Ин маънои онро дорад, ки мо дар оянда ҳаёти ҷовидониро соҳиб мешавем ва имрӯз бошад оромии ботинӣ ва сулҳ бо Худо дорем. Чӣ тавр мо аз паи «фикрҳои рӯҳонӣ» шуда метавонем? Ба мо зарур аст, ки мунтазам оиди чизҳои рӯҳонӣ фикр ронем, тарзи фикрронии рӯҳонӣ ва ба чизҳои рӯҳонӣ майл доштанро инкишоф диҳем. Бо иҷро кардани ин, мо тарзи фикррониеро хоҳем дошт, ки «ба шариати Худо итоат» мекунад ва мувофиқи фикрҳои Ӯ мебошад. Ҳангоми бо озмоишҳо дучор шудан, мо хоҳем донист, ки чӣ гуна бояд рафтор кард. Мо ба он барангехта мешавем, ки рафтори дурустро интихоб кунем, яъне рафтореро ки мувофиқи рӯҳ аст.
18 Барои ҳамин хеле муҳим аст, ки дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр ронем. Мо «камари ақли худро маҳкам баста», ҳаётамонро дар атрофи чизҳои рӯҳонӣ инкишоф медиҳем, ки ин дуои мунтазам, хондани Китоби Муқаддас, ташриф ба ҷамъомад ва хизмат ба Худоро дар бар мегирад (1 Пет. 1:13). Биёед дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунем ва нагузорем, ки чизҳои ҷисмонӣ диққатамонро парешон созанд. Ҳамин тавр мо мувофиқи рӯҳ рафтор хоҳем кард. Чунин амал карда мо соҳиби баракатҳо мешавем, зеро фикрҳои рӯҳонӣ ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ меорад (Ғал. 6:7, 8).
Оё фаҳмонда метавонед?
• «Ноилоҷ» будани шариати Мусо дар чӣ буд ва чӣ тавр Худо онро бартараф кард?
• «Қонуни гуноҳ ва мамот» чист ва мо аз он чӣ гуна озод шуда метавонем?
• Барои инкишоф додани «фикрҳои рӯҳонӣ» мо бояд чӣ кор кунем?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Tасвир дар саҳифаи 12]
Шумо мувофиқи ҷисм рафтор мекунед ё мувофиқи рӯҳ?