Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба мардон дар пешрафти рӯҳонӣ кӯмак кунед

Ба мардон дар пешрафти рӯҳонӣ кӯмак кунед

Ба мардон дар пешрафти рӯҳонӣ кӯмак кунед

«Минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард» (ЛУҚ. 5:10).

1, 2. а) Мавъизаи Исо ба мардон чӣ тавр таъсир мекард? б) Дар ин мақола чӣ дида баромада мешавад?

ҲАНГОМИ мавъиза дар вилояти Ҷалил, Исо ва шогирдонаш ба қаиқ савор шуданд, то ба ҷои хилвате раванд. Аммо тӯдаи мардум аз қафои онҳо пиёда равона шуд. Шумораи ҷамъшудагон дар ин рӯз «ба ғайр аз занону бачагон, тақрибан панҷ ҳазор мард буданд» (Мат. 14:21). Дар мавриди дигар, тӯдаи одамон назди Исо омаданд, то аз касалии худ шифо ёбанд ва ба суханони ӯ гӯш диҳанд. Шумораи онҳо «ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор мард буданд» (Мат. 15:38). Аз афташ, дар байни онҳое, ки ба назди Исо меомаданд, бисёр мардон буданд ва аз ӯ таълим гирифтан мехостанд. Дар асл, Исо медонист, ки боз мардони бисёр ҳақиқатро қабул мекунанд, зеро баъди ба таври мӯъҷизавӣ сайд кардани моҳӣ, ӯ ба шогирдаш Шимъӯн гуфт: «Минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард» (Луқ. 5:10). Исо дар назар дошт, ки кори мавъиза ба сайди моҳӣ монанд аст. Ӯ метавонист ба онҳо кӯмак кунад, то бисёр одамонеро, ки ҳақиқатро қабул мекунанд, ёбанд. Ин бешубҳа бисёр мардонро дар бар мегирифт.

2 Имрӯз низ, ҳангоми мавъиза, мардон ба хабари Китоби Муқаддас шавқ зоҳир мекунанд ва онро қабул менамоянд (Мат. 5:3). Аммо баъзе мардон омӯзишро сар мекунанду лекин пешрафти рӯҳонӣ намекунанд. Мо ба онҳо чӣ тавр кӯмак карда метавонем? Гарчанд Исо барои ёфтани мардон хизмати махсусро ташкил намекард, ӯ ниёзу ташвишҳои мардони замони худро медонист. Биёед се вазъияти паҳнгаштаро дида бароем, ки чӣ тавр ба намунаи Исо пайравӣ карда, мо имрӯз ба мардон кӯмак карда метавонем: 1) таъминоти моддӣ; 2) одамтарсӣ; 3) ҳисси дудилагӣ ва беҷуръатӣ.

Таъминоти моддӣ

3, 4. а) Бисёр мардон асосан дар бораи чӣ ташвиш мекашанд? б) Чаро баъзе мардон таъминоти моддиро аз корҳои рӯҳонӣ авлотар меҳисобанд?

3 Як китобдон ба Исо гуфт: «Устод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард». Аммо вақте ки Исо ба ӯ гуфт, ки «Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад», китобдон фикрашро дигар кард. Китоби Муқаддас намегӯяд, ки ӯ пайрави Исо шуд. Шояд ӯ оиди аз куҷо хӯрдан ё дар куҷо зистанаш ташвиш мекашид (Мат. 8:19, 20).

4 Мардон бисёр вақт бехатарии моддиро аз корҳои рӯҳонӣ авлотар меҳисобанд. Гирифтани маълумоти олӣ, кори сердаромад барои бисёрии онҳо муҳимтар аст. Онҳо медонанд, ки барои ҳаёти ҳаррӯза пул даркор аст. Барои ҳамин онҳо фикр мекунанд, ки назар ба омӯзиши Китоби Муқаддас ва доштани муносибати наздик бо Худо кор ва пул фоидаи бештаре меорад. Таълимоти Китоби Муқаддас шояд барои онҳо маъқул аст, аммо «андешаҳои дунёӣ, ҳирси сарват» шавқи доштаи онҳоро пахш мекунад (Марқ. 4:18, 19). Таваҷҷӯҳ кунед, ки чӣ тавр Исо ба шогирдонаш кӯмак кард, ки чизи дар ҳаёташон аз ҳама муҳимро муайян кунанд.

5, 6. Ба Андриёс, Петрус, Яъқуб ва Юҳанно чӣ кӯмак расонд, ки муносибаташонро нисбати кори мавъиза ва таъминоти моддӣ дигар кунанд?

5 Андриёс ва бародараш Шимъӯни Петрус моҳигир буданд. Бародарон Юҳаннову Яъқуб ва падарашон Забдой низ моҳигир буданд. Даромади корашон нағз буд ва онҳо ҳатто имконият доштанд, ки барояшон коргар гиранд (Марқ. 1:16–20). Вақте ки Андриёс ва Юҳанно бори аввал дар бораи Исо аз Яҳёи Таъмиддиҳанда шуниданд, онҳо боварӣ доштанд, ки Масеҳро ёфтанд. Андриёс ин хабарро ба бародараш Шимъӯни Петрус расонд ва Юҳанно эҳтимол инро ба бародараш Яъқуб расонд (Юҳ. 1:29, 35–41). Дар давоми чанд моҳи дигар, вақте ки Исо дар Ҷалил, Яҳудия ва Сомария мавъиза мекард, ҳар чори онҳо бо ӯ буданд. Баъдтар ҳар чорашон ба кори моҳигирии худ баргаштанд. Онҳо ба чизҳои рӯҳонӣ шавқ доштанд, лекин кори мавъиза барои онҳо аз ҳама муҳим набуд.

6 Чанде пас, Исо Петрус ва Андриёсро даъват намуд, ки аз паи ӯ раванд ва «сайёди мардум» гарданд. Ҳар дуи онҳо ба ин чӣ гуна муносибат карданд? «Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд». Яъқуб ва Юҳанно низ «дарҳол қаиқ ва падари худро гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд» (Мат. 4:18–22). Ба ин мардон чӣ кӯмак кард, ки хизмати пурравақтро сар кунанд? Оё онҳо ба ҳиссиёт дода шуда ин қарорро қабул карданд? Албатта не! Дар давоми моҳҳои гузашта ин мардон гуфтаҳои Исоро мешуниданд, мӯъҷизаҳои ӯро медиданд ва нисбати адолат рашк доштанашро мушоҳида мекарданд. Ҳамчунин онҳо шоҳиди он буданд, ки чӣ тавр одамон мавъизаи ӯро бо хурсандӣ қабул мекарданд. Дар натиҷа имони онҳо ба Яҳува мустаҳкам шуд ва акнун бештар ба Ӯ такя мекарданд!

7. Чӣ тавр мо ба омӯзандагони Китоби Муқаддас кӯмак карда метавонем, ки ба Яҳува такя карданро ёд гиранд?

7 Чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ карда ба омӯзандагони Китоби Муқаддас ба Яҳува такя карданро ёд дода метавонем? (Мас. 3:5, 6). Тарзи таълимдиҳиамон дар ин нақши муҳим мебозад. Ҳангоми таълимдиҳӣ мо қайд карда метавонем, ки агар манфиатҳои Салтанатро дар ҷои аввал гузорем, Худо ваъда медиҳад, ки бо фаровонӣ моро баракат медиҳад. (Малокӣ 3:10; Матто 6:33–ро бихонед.) Гарчанд мо оиди он ки чӣ тавр Яҳува халқашро дастгирӣ мекунад оятҳои гуногуни Китоби Муқаддасро истифода бурда метавонем, набояд фаромӯш кард, ки намунаи шахсиамон низ таъсири хуб дошта метавонад. Бо нақл кардани воқеаҳо аз ҳаётамон мо ба омӯзандагон кӯмак мекунем, ки ба Яҳува таваккал карданро ёд гиранд. Мо ҳамчунин воқеаҳои рӯҳбаландкунандаро, ки аз адабиётамон хонда будем, нақл карда метавонем *.

8. а) Чаро муҳим аст, ки омӯзандаи Китоби Муқаддас «[бичашад ва бубинад], ки Худованд некӯст»? б) Ба омӯзандаи Китоби Муқаддас мо чӣ тавр кӯмак карда метавонем, то худаш бинад, ки Яҳува некӯст?

8 Барои инкишоф додани имони мустаҳкам хондан ва шунидани он ки чӣ тавр дигарон баракати Яҳуваро ҳис мекарданд, кифоя нест. Ба омӯзандаи Китоби Муқаддас лозим аст, ки некӯии Яҳуваро шахсан ҳис кунад. Забурнавис месароид: «Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст! Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!» (Заб. 33:9). Чӣ тавр мо ба омӯзанда кӯмак расонда метавонем, то некӯ будани Яҳуваро бинад? Масалан, омӯзандаеро тасаввур кунед, ки оиди пул ташвиш мекашад ва ҳамзамон барои бартараф кардани одати бад, ба мисли носкашӣ, сигоркашӣ, қиморбозӣ ва арақхӯрӣ кӯшиш мекунад (Мас. 23:20, 21; 2 Қӯр. 7:1; 1 Тим. 6:10). Мо ӯро таълим дода метавонем, ки барои бартараф кардани одати бад ба Худо дуо гӯяд. Вақте ки ҳаёташ беҳтар мегардад, ӯ мебинад, ки Яҳува некӯст. Сипас мо метавонем ӯро барангезем, ки ибодати Яҳуваро дар ҳаёташ дар ҷои аввал гузорад. Ва агар мо ба ӯ ёд диҳем, ки ҳар ҳафта Китоби Муқаддасро омӯхтан, ба вохӯриҳо тайёрӣ дидан ва ба онҳо рафтан лозим аст, ин чӣ натиҷа медиҳад? Вақте ӯ мебинад, ки Яҳува кӯшишҳояшро баракат медиҳад, имони ӯ мустаҳкамтар мегардад ва ӯ дар бораи дигар чизҳо, масалан пул, камтар ташвиш мекашад.

Одамтарсӣ

9, 10. a) Чаро Ниқӯдимус ва Юсуфи ҳаромотӣ ба Исо имон доштани худро пинҳон мекарданд? б) Чаро имрӯз баъзе мардон ба пайравӣ кардани Исо ҷуръат намекунанд?

9 Баъзе мардон аз ҷиҳати одамтарсӣ ба пайрави Исо шудан ҷуръат намекунанд. Масалан, Ниқӯдимус ва Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот буд, ба Исо имон доштани худро пинҳон мекарданд. Онҳо метарсиданд, ки агар яҳудиёни дигар инро фаҳманд, ба онҳо чӣ мегӯянд ва чӣ гуна рафтор мекунанд (Юҳ. 3:1, 2; 19:38). Ин тарси онҳо асос дошт. Нафрати сарварони дин нисбати Исо чунон зиёд шуда буд, ки ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, аз куништ ронда мешуд (Юҳ. 9:22).

10 Имрӯз низ дар баъзе ҷойҳо, агар марде ба Худо, Китоби Муқаддас ё дин шавқ пайдо кунад, чунин шуда метавонад, ки коргарон, дӯстон ё хешовандон ӯро масхара кунанд. Дар дигар ҷойҳо бошад, гап задан дар бораи иваз кардани дини худ ҳатто хатарнок буда метавонад. Фишори атрофиён махсусан дар он мавридҳо сахт буда метавонад, агар мард бо хизмати ҳарбӣ ё бо сиёсат машғул бошад, ё дар ҷамъият мавқеи баландро ишғол мекунад. Масалан, як марди олмонӣ мегӯяд: «Чизе ки шумо Шоҳидони Яҳува дар бораи Китоби Муқаддас нақл мекунед, ҳамааш рост аст. Аммо агар имрӯз ман Шоҳиди Яҳува шавам, пагоҳ дар ҳама ҷо овоза мешавад. Ҳамкорон, ҳамсояҳо ва аъзоёни клуб, ки ману оилаам низ ба он аъзо ҳастем, чӣ фикр мекунанд? Ман ба ин тоқат карда наметавонам».

11. Чӣ тавр Исо барои бартараф кардани одамтарсӣ ба шогирдонаш ёрдам кард?

11 Гарчанд ягон шогирди Исо тарсончак набуд, ҳамаи онҳо ҳисси одамтарсӣ доштанд (Марқ. 14:50, 66–72). Чӣ тавр нигоҳ накарда ба фишори сахти атрофиён, Исо дар пешрафти рӯҳонӣ ба онҳо кӯмак кард? Исо шогирдонашро барои рӯ ба рӯ шудан бо зиддиятҳои оянда тайёр намуд. Ӯ гуфт: «Хушо шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд» (Луқ. 6:22). Исо пайравонашро огоҳ намуд, ки ба дашном ё суханони ҳақоратомез аз тарафи атрофиён бояд тайёр бошанд. Лекин Исо ба онҳо гуфт, ки ҳар яки ин дашном «ба хотири Писари Одам» гуфта мешавад. Исо ҳамчунин онҳоро бовар кунонд, ки агар онҳо барои кӯмак ва қувват ба Худо такя кунанд, Худо онҳоро дастгирӣ хоҳад кард (Луқ. 12:4–12). Ғайр аз ин, Исо пайравони навомадаро даъват намуд, ки бо шогирдонаш ҳамроҳ шаванд ва бо онҳо дӯстӣ пайдо кунанд (Марқ. 10:29, 30).

12. Бо кадом роҳҳо мо ба навомадагон барои ғолиб омадан бар одамтарсӣ ёрдам карда метавонем?

12 Мо ҳам бояд ба омӯзандаи Китоби Муқаддас барои ғолиб омадан бар одамтарсӣ кӯмак расонем. Бо душворӣ ҳамон вақт рӯ ба рӯ шудан осонтар аст, агар шахс ба он пешакӣ тайёр бошад (Юҳ. 15:19). Масалан, ҳамкорон ё дигарон шояд ба ақидаҳои дини наваш розӣ нашаванд ё оиди эътиқодаш саволҳо диҳанд. Мо метавонем ба ӯ барои тайёр кардани ҷавобҳои оддӣ дар асоси Китоби Муқаддас кӯмак расонем. Ғайр аз он ки худи мо бо ӯ дӯст мешавем, мо метавонем ӯро бо дигар аъзоҳои ҷамъомад, махсусан бо онҳое, ки саргузашт ё шавқу рағбаташон бо ӯ монанд аст, шинос кунем. Пеш аз ҳама мо бояд ба ӯ ёд диҳем, ки мунтазам ва аз таҳти дил дуо гӯяд. Ин ба ӯ ёрдам карда метавонад, ки ба Худо наздик шавад ва Яҳуваро паноҳгоҳ ва кӯҳпораи худ созад. (Забур 93:21–23; Яъқуб 4:8–ро бихонед.)

Ҳисси дудилагӣ ва беҷуръатӣ

13. Чӣ тавр дудилагӣ касро аз иштирок кардан дар фаъолияти рӯҳонӣ боздошта метавонад?

13 Баъзе мардон фикр мекунанд, ки аз сабаби он ки бурро намехонанд, ё сухангӯи бомаҳорат нестанд, ё шармгинанд, онҳо мисли дигарон дар фаъолияти ҷамъомад иштирок карда наметавонанд. Баъзе мардон худро нороҳат ҳис мекунанд, вақте ки фикр ё нуқтаи назарашонро дар назди дигарон баён мекунанд. Танҳо фикр дар бораи омӯзиши Китоби Муқаддас, шарҳ додан дар вохӯриҳои масеҳӣ, ё ба дигарон мавъиза кардан ба онҳо метавонад хеле гарон тобад. Бародаре иқрор мешавад: «Вақте ки ман наврас будам, ман ба назди дари хонае омада, вонамуд мекардам, ки гӯё занг зада истодаам ва оҳистакак аз он ҷо мерафтам, ба умеди он ки маро ҳеҷ кас намешунавад ва намебинад. [...] Танҳо аз фикр кардан дар бораи мавъизаи хона ба хона ман худро бад ҳис мекардам».

14. Чаро шогирдони Исо писарбачаеро, ки гирифтори дев буд шифо дода натавонистанд?

14 Дар бораи ҳиссиёти шогирдони Исо фикр кунед. Боре ба назди онҳо писарбачаеро оварданд, ки гирифтори дев буд. Лекин онҳо ӯро шифо дода натавонистанд, барои ҳамин шояд онҳо ҳис мекарданд, ки ҳеҷ вақт аз ӯҳдаи супорише, ки Исо ба онҳо дода буд, баромада наметавонанд. Падари писарча назди Исо омада, гуфт: «[Писарам] масрӯъ аст ва сахт азият мекашад, зеро ки худро дам ба дам дар оташ меандозад ва дам ба дам дар об. Вайро ба шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд». Исо девро аз бача берун ронд ва ҳамин тавр писарбачаро шифо бахшид. Баъдтар шогирдони Исо наздаш омаданд ва аз ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем? » Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: “Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун”, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд» (Мат. 17:14–20). Барои бартараф кардани душвориҳои ба кӯҳ монанд, доштани имон ба Яҳува муҳим аст. Чӣ агар шахс инро фаромӯш карда, ба қобилиятҳои худ такя карданро сар кунад? Дар ин маврид ӯ мисли шогирдони Исо комёб намегардад ва аз ин сабаб дар ӯ ҳисси дудилагӣ ё беҷуръатӣ пайдо хоҳад шуд.

15, 16. Чӣ тавр мо ба омӯзандагони Китоби Муқаддас барои бартараф намудани ҳисси дудилагӣ ё беҷуръатӣ ёрдам карда метавонем?

15 Агар омӯзандаи Китоби Муқаддас фикр кунад, ки мисли дигарон ба Яҳува хизмат карда наметавонад, мо метавонем ӯро барангезем, то ки вай на ба қобилияти худ такя кунад, балки боварӣ дошта бошад, ки Яҳува ӯро дастгирӣ мекунад. Петрус навишт: «Дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад. Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед» (1 Пет. 5: 6, 7). Ин аз мо талаб мекунад, ки ба омӯзандагони Китоби Муқаддас барои рӯҳан инкишоф ёфтан кӯмак расонем. Шахсе, ки дар ҳақиқат Худоро дӯст медорад, чизҳои рӯҳонӣ, аз ҷумла Каломи Худоро хеле қадр мекунад. Ӯ ҳамчунин «самари Рӯҳ»–ро дар ҳаёташ зоҳир месозад (Ғал. 5: 22, 23). Барои ӯ дуо гуфтан хеле муҳим аст (Фил. 4: 6, 7). Ғайр аз ин, ӯ барои рӯ ба рӯ шудан бо ҳар вазъият ё барои бомуваффақият иҷро намудани ҳар вазифаҳои ба ӯ супоридашуда, аз Худо кӯмак ва қуввати лозимаро ҷӯё мешавад. (2 Тимотиюс 1:7, 8–ро бихонед.)

16 Ҳамчунин ба баъзеи дигар омӯзандагон бояд ёрдам кард, то онҳо қобилияти дуруст хондан, муошират кардан ё фикри худро дуруст баён карданро дар худ инкишоф диҳанд. Дигарон бошанд, шояд аз сабаби он ки дар гузашта, пеш аз Яҳуваро шинохтан, корҳои бад мекарданд, барои ба Худо хизмат кардан худро нолоиқ ҳисобанд. Дар ҳар маврид, вақте ки мо онҳоро бо меҳрубонӣ ва пурсабрӣ дастгирӣ мекунем, ин барои онҳо кӯмаки саривақтӣ шуда метавонад. Исо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд» (Мат. 9:12).

Мардони зиёдро «сайд» кунед

17, 18. а) Чӣ тавр мо ба мардони зиёд хушхабарро расонда метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

17 Танҳо Китоби Муқаддас хабареро дорад, ки одамонро дар ҳақиқат хушбахт карда метавонад ва мо хеле мехоҳем ба шумораи ҳар чӣ бештари мардон ёрӣ диҳем, ки онро қабул намоянд (2 Тим. 3: 16, 17). Пас, чӣ тавр дар хизмат ба мардони зиёд хушхабарро расонда метавонем? Масалан, бегоҳиҳо, ё рӯзона дар рӯзҳои истироҳат ё дар рӯзҳои ид мардони зиёд дар хона ҳастанд ва бароямон имконияти хуб аст, то ба онҳо хушхабарро расонем. Агар муносиб бошад, мо пурсида метавонем, ки мо бо марди ин оила сӯҳбат кунем. Агар бамаврид аст, мо метавонем дар ҷои кор ба мардон мавъиза кунем. Дар ҷамъомад хоҳароне ҳастанд, ки шавҳарашон Шоҳиди Яҳува нест ва мо метавонем ба онҳо кӯмак расонем, то ба ҳақиқат шавқманд гарданд.

18 Ҳангоме ки мо ба ҳама мавъиза мекунем, боварӣ дошта метавонем, ки шахсони сипосгузор хушхабарро бо хурсандӣ қабул хоҳанд кард. Барои ҳамин, биёед ба ҳамаи онҳое ки ба ҳақиқат шавқ доранд босаброна кӯмак расонем. Аммо чӣ тавр мо ба мардони таъмидёфта ёрдам дода метавонем, то онҳо барои ба ӯҳда гирифтани масъулияти ҷамъомад ба талабот ҷавобгӯ бошанд? Мақолаи навбатӣ ба ин савол ҷавоб медиҳад.

[Эзоҳ]

^ сарх. 7 Нигаред ба «Солномаҳои Шоҳидони Яҳува» (рус.), ҳамчунин ба тарҷумаи ҳоли бародарону хоҳарон дар «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» (рус.)

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Чӣ тавр ба мардон кӯмак карда метавонем, то онҳо корҳои рӯҳониро дар ҷои аввал гузоранд?

• Чӣ тавр ба навомадагон барои ба фишори атрофиён тоб овардан кӯмак карда метавонем?

• Ба баъзеҳо барои бартараф сохтани ҳисси дудилагӣ ва беҷуръатӣ чӣ кӯмак карда метавонад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 25]

Оё шумо барои ба мардони зиёд хушхабарро расондан имконият меҷӯед?

[Tасвир дар саҳифаи 26]

Чӣ тавр шумо омӯзандаи Китоби Муқаддасро барои бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудан тайёр мекунед?