Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар ҷаҳони шарир «мусофир ва ғарибанд»

Дар ҷаҳони шарир «мусофир ва ғарибанд»

Дар ҷаҳони шарир «мусофир ва ғарибанд»

«Ҳамаи инҳо дар имон... эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд» (ИБР. 11:13).

1. Исо оиди масеҳиёни ҳақиқӣ ва ин ҷаҳон чӣ гуфт?

«ОНҲО дар ҷаҳон ҳастанд»— гуфт Исо дар бораи шогирдони худ. Лекин ӯ фаҳмонд: «Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам» (Юҳ. 17:11, 14). Ҳамин тавр, Исо равшан нишон дод, ки пайравони ҳақиқиаш нисбати «ин дунё», ки худояш Шайтон мебошад, бояд чӣ гуна муносибат кунанд (2 Қӯр. 4:4). Гарчанд онҳо дар ин дунёи шарир зиндагӣ кунанд ҳам, онҳо набояд қисми он бошанд. Онҳо дар ин ҷаҳон бояд мисли «ғарибон ва муҳоҷирон» зиндагӣ кунанд (1 Пет. 2:11).

Онҳо чун «мусофир ва ғариб» зиндагӣ мекарданд

2, 3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Ҳанӯх, Нӯҳ, Иброҳим ва Соро чун «мусофир ва ғариб» зиндагӣ мекарданд?

2 Ходимони содиқи Худо ҳама вақт аз одамони ҷаҳони худобехабар фарқ мекарданд. Масалан, пеш аз тӯфон Ҳанӯх ва Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафтанд (Ҳас. 5:22–24; 6:9). Ҳардуи онҳо довариҳои Яҳуваро бар ҷаҳони шарири Шайтон далерона мавъиза мекарданд. (2 Петрус 2:5; Яҳудо 14, 15–ро бихонед.) Онҳо дар ҷаҳони худобехабар зиндагӣ намуда Худоро гӯш мекарданд, барои ҳамин Ҳанӯх «ба Худо писанд омад» ва Нӯҳ нишон дод, ки «дар насли худ покдоман» аст (Ибр. 11:5; Ҳас. 6:9).

3 Иброҳим ва Соро даъвати Худоро қабул карда, ҳаёти бароҳати дар шаҳри Ури калдониён доштаашонро тарк намуданд. Ҳамчунин онҳо розӣ шуданд, ки чун кӯчманчӣ дар мамлакати бегона зиндагӣ кунанд ва бо душвориҳои чунин тарзи ҳаёт рӯ ба рӯ шаванд (Ҳас. 11:27, 28; 12:1). Павлуси ҳавворӣ навишт: «Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад. Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард» (Ибр. 11:8, 9). Оиди чунин хизматгорони вафодори Яҳува Павлус чунин гуфт: «Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд» (Ибр. 11:13).

Огоҳӣ барои исроилиён

4. Пеш аз заминро ба исроилиён додан, Яҳува онҳоро аз чӣ огоҳ кард?

4 Насли Иброҳим зиёд шуд ва Яҳува аз он халқи Исроилро ташкил кард, ки онҳо соҳиби қонун ва замин гаштанд (Ҳас. 48:4; Такр. Ш. 6:1). Халқи Исроил бояд ҳаргиз фаромӯш намекард, ки Хӯҷаини аслии заминашон Яҳува буд (Ибд. 25:23). Онҳо мисли иҷоранишин хоҳишҳои Хӯҷаинашонро бояд ҳурмат мекарданд. Зиёда аз ин, онҳо бояд дар хотир медоштанд, ки «одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад» ва ҳеҷ гоҳ бояд роҳ намедоданд, ки беҳбудии моддиашон сабаби фаромӯш гаштани Яҳува шавад (Такр. Ш. 8:1–3). Пеш аз он ки Яҳува ба онҳо заминро диҳад, Ӯ онҳоро огоҳ намуд: «Ҳангоме ки Худованд Худоят туро ба замине дароварад, ки ба падаронат — ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб — қасам хӯрдааст, ки онро ба ту бидиҳад, бо шаҳрҳои бузург ва хубе ки ту бино накардаӣ, ва бо хонаҳои пур аз ҳар неъмат, ки ту пур накардаӣ, ва бо ҳавзҳои дар санг кандашуда, ки ту накандаӣ, ва бо токҳо ва дарахтони зайтун, ки ту нашинондаӣ, ва ту аз меваи онҳо хӯрда сер хоҳӣ шуд,— Он гоҳ эҳтиёт бош, мабодо Худовандро, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, фаромӯш кунӣ» (Такр. Ш. 6:10–12).

5. Чаро Яҳува халқи Исроилро рад намуд ва кадом халқи навро барои худ интихоб кард?

5 Исроилиён маҳз ҳамон корҳоеро мекарданд, ки Яҳува манъ карда буд. Дар рӯзҳои Наҳемё гурӯҳи левизодагон рафтори нодурусти исроилиёнро бо хиҷолат ба ёд меоварданд. Баъди ба Замини ваъдашуда даромадан, исроилиён соҳиби хонаҳои бароҳат ва соҳиби хӯроку шароби фаровон гаштанд ва «хӯрда, сер ва фарбеҳ шуданд ва лаззат бурданд». Оқибат онҳо зидди Худо исён бардоштанд, ҳатто пайғамбаронеро, ки Ӯ барои огоҳкунӣ мефиристод, мекуштанд. Барои ҳамин, Яҳува онҳоро ба дасти душманонашон супурд. (Наҳемё 9:25–27-ро бихонед; Ҳуш. 13:6–9.) Баъдтар, зери ҳукмронии румиён, яҳудиёни хиёнаткор ҳатто ба дараҷае расиданд, ки Масеҳи ваъдашударо ба қатл расонданд. Яҳува исроилиёнро рад кард ва халқи нав, Исроили рӯҳониро интихоб намуд (Мат. 21:43; Аъм. 7:51, 52; Ғал. 6:16).

Онҳо аз ҷаҳон набуданд

6, 7. а) Гапҳои Исоро оиди пайравонаш ва ин ҷаҳон шумо чӣ тавр мефаҳмондед? б) Мувофиқи гуфтаҳои Петрус, чаро масеҳиёни ҳақиқӣ бояд қисми ин ҷаҳони Шайтон намешуданд?

6 Чӣ тавре ки дар аввали ин мақола фаҳмонда шудааст, сардори ҷамъомади масеҳӣ, Исои Масеҳ, равшан нишон дод, ки пайравонаш қисми ин ҷаҳони шайтонӣ нестанд. Чанде пеш аз маргаш, Исо ба шогирдонаш гуфт: «Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад» (Юҳ. 15:19).

7 Баъди гузашти вақт, масеҳиён паҳн шуданд. Онҳо бояд минбаъд низ худро аз ҷаҳон дур мегирифтанд, ба корҳои он ва тарзи ҳаёти одамони гирду атрофи худ пайравӣ намекарданд. Онҳо дар куҷое ки зиндагӣ накунанд, бояд аз дигарон фарқ мекарданд. Баъд аз 30 соли марги Исо, Петруси ҳавворӣ ба масеҳиёне, ки дар вилоятҳои гуногуни Рум зиндагӣ мекарданд, навишт: «Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед. Ва дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред» (1 Пет. 1:1; 2:11, 12).

8. Як таърихшинос дар бораи қисми ҷаҳон набудани масеҳиёни асри як чиро қайд намуд?

8 Масеҳиён дар замони империяи Рум «ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон» зиндагӣ мекарданд. Як таърихшинос навишт, ки масеҳиён зуд–зуд бо таъқиботҳои сахт дучор мешуданд. Ӯ гуфт, ки аз сабаби он ки онҳо дар маросимҳои бутпарастона иштирок намекарданд, онҳоро беимон меҳисобиданд. Ҳамчунин масеҳиёнро чун «нафраткунандагони инсоният» айбдор мекарданд, чунки онҳо дар вақтхушӣ ва идҳое, ки дар онҳо ибодати дурӯғ ва бадахлоқии ҷинсӣ дида мешуд, иштирок намекарданд.

Аз ҷаҳон пурра фоида намебарем

9. Чун масеҳиёни ҳақиқӣ, чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки «нафраткунандагони инсоният» нестем?

9 Дар бораи масеҳиёни имрӯза чӣ гуфтан мумкин аст? Мо низ мисли масеҳиёни асри як қисми «ин олами шарир» нестем (Ғал. 1:4). Аз ин сабаб бисёриҳо моро намефаҳманд ва баъзеҳо ҳатто аз мо нафрат доранд. Лекин мо «нафраткунандагони инсоният» нестем. Мо аз муҳаббат ба одамон хона ба хона гашта, кӯшиш мекунем, ки ба ҳар як шахс хушхабари Салтанати Худоро расонем (Мат. 22:39; 24:14). Мо оиди Салтанати Яҳува мавъиза мекунем, зеро боварии комил дорем, ки он зери роҳбарии Исо ба наздикӣ ба ҳокимияти нокомили инсонӣ хотима мебахшад ва онро бо дунёи нави боадолатона иваз мекунад (Дон. 2:44; 2 Пет. 3:13).

10, 11. а) Чӣ тавр мо аз ин ҷаҳон истифода мебарем? б) Роҳҳое, ки масеҳиён аз ҷаҳон пурра истифода намебаранд кадоманд?

10 Азбаски анҷоми ҷаҳони шарирона наздик аст, мо чун хизматгорони Яҳува дарк мекунем, ки имрӯз вақти он нест, ки барои соҳиби ҳаёти бароҳат шудан, кӯшиш кунем. Мо ба суханони Павлуси ҳавворӣ диққат медиҳем: «Эй бародарон, инро мегӯям: вақт танг аст, ба тавре ки... харидорон мисли он [бошанд] ки хариде накарда бошанд; ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он [бошанд] ки фоидабар набошанд; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст» (1 Қӯр. 7:29–31). Лекин масеҳиёни имрӯза аз ҷаҳон чӣ тавр фоида мебаранд? Онҳо технологияи замонавӣ ва воситаҳои алоқаро истифода мебаранд, то ки таълимоти Китоби Муқаддасро дар тамоми ҷаҳон бо садҳо забон паҳн кунанд. Онҳо ҳамчунин кор мекунанд, то пули лозимаро ба даст оранд. Ва онҳо аз чизҳо ва хизматрасоние, ки барояшон зарур аст, истифода мебаранд. Лекин онҳо аз ҳар чизе ки дар ҷаҳон аст, пурра фоида намебаранд. Ин маънои онро дорад, ки пул, кор ва чизу чорае, ки дорем дар ҳаёти мо ҷои аз ҳама муҳимро ишғол намекунанд. (1 Тимотиюс 6:9, 10–ро бихонед.)

11 Роҳи дигари аз ин ҷаҳон пурра истифода набурдан дар он аст, ки масеҳиён гирифтани маълумоти олиро, ки ин ҷаҳон пешниҳод мекунад, он қадар муҳим намеҳисобанд. Дар ин ҷаҳон бисёр одамон фикр мекунанд, ки шахс бояд маълумоти олӣ гирад, кори хуб пайдо кунад ва пули калон кор кунад. Аммо мо масеҳиён чун мусофирон зиндагӣ мекунем ва аз паи мақсадҳои дигар мешавем. Мо аз талаб кардани «чизҳои бузург» дурӣ меҷӯем (Ирм. 45:5; Рум. 12:16). Мо чун пайравони Масеҳ ба огоҳии ӯ гӯш медиҳем: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест» (Луқ. 12:15). Барои ҳамин, масеҳиёни ҷавон ташвиқ карда мешаванд, ки сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитобанд ва танҳо ба он андозае маълумот гиранд, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои асосиашон лозим аст. Бо ин онҳо метавонанд ба Яҳува бо тамоми дил, бо тамоми ҷон ва бо тамоми қуввату ҳуши худ хизмат кунанд (Луқ. 10:27). Ҳамин тавр амал карда, масеҳиёни ҷавон метавонанд «пеши Худо сарват» ҷамъ кунанд. (Луқ. 12:21; Матто 6:19–21-ро бихонед.)

Нагузоред, ки ташвишҳои зиндагӣ шуморо фурӯ баранд

12, 13. Ба суханони Исо, ки дар Матто 6:31–33 омадаанд, гӯш дода, мо аз одамони ҷаҳон чӣ тавр фарқ мекунем?

12 Хизматгорони Яҳува аз одамони ин ҷаҳон бо он фарқ мекунанд, ки муносибаташон ба чизҳои моддӣ дигар аст. Дар ин хусус Исо ба пайравонаш чунин гуфт: «Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: “Чӣ бихӯрем?” ё: “Чӣ бинӯшем?” ё: “Чӣ бипӯшем?” Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:31–33). Бисёри ҳамимонони мо аз таҷрибаи худ медонанд, ки Падари осмониамон онҳоро бо чизҳои зарурӣ таъмин мекунад.

13 «Диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад» (1 Тим. 6:6). Ин суханон аз нуқтаи назари одамони имрӯза тамоман фарқ мекунанд. Масалан, вақте ки ҷавонон оиладор мешаванд, бисёри онҳо мехоҳанд, ки яку якбора чизҳои зиёд дошта бошанд. Онҳо хонаи бароҳат, мебел, анҷомҳои замонавӣ ва мошини хубу асбобҳои электронии навбаромад доштан мехоҳанд. Лекин масеҳиёне, ки чун мусофирон зиндагӣ мекунанд, хоҳишҳояшонро идора менамоянд ва аз чизҳое ки барои харидан имконият надоранд, худдорӣ мекунанд. Дар ҳақиқат сазовори таъриф аст, ки бисёриҳо аз доштани ҳаёти бароҳат худдорӣ мекунанд, то ки вақту қуввати бештари худро барои мавъизаи хушхабар сарф намоянд. Дигарон чун пешравон, ходимони Байт–Ил, нозирони сайёр ё миссионерон хизмат мекунанд. Ҳамаи мо хизмати самимонаи ҳамимононамонро хеле қадр мекунем!

14. Аз масали Исо оиди коранда мо чӣ дарс гирифта метавонем?

14 Исо дар масали худ оиди коранда гуфт, ки «андешаҳои дунёӣ ва ҳирси сарват» метавонад каломро дар дили мо поймол кунад ва хизмати моро бесамар гардонад (Мат. 13:22). Чун мусофирон дар ин дунё ҳаёти хоксорона ба сар бурдан, ба мо кӯмак мекунад, ки ба ин дом наафтем. Илова бар ин ҳаёти хоксорона ёрӣ медиҳад, ки мо чашмамонро оддӣ нигоҳ дорем ва диққати худро ба хизмати Худо равона созем ва кори Салтанатро дар ҳаётамон дар ҷои аввал гузорем (Мат. 6:22).

«Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст»

15. Юҳаннои ҳавворӣ дар бораи ин ҷаҳон чӣ гуфт?

15 Яке аз сабабҳои асосии «ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон» зиндагӣ кардани масеҳиён дар он аст, ки онҳо боварии комил доранд, ки ба наздикӣ ин ҷаҳони Шайтон нест карда мешавад (1 Пет. 2:11; 2 Пет. 3:7). Мо бо тарзи ҳаётамон — бо қарорҳоямон, хоҳишҳоямон ва мақсадҳоямон нишон медиҳем, ки ба ин боварӣ дорем. Юҳаннои ҳавворӣ ба ҳамимононаш маслиҳат дод, ки ҷаҳон ва он чизе ки дар он аст дӯст надоранд, чунки «ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳ. 2:15–17).

16. Чӣ тавр нишон дода метавонем, ки мо чун халқи махсус интихоб шудаем?

16 Яҳува ба исроилиён гуфт, ки агар онҳо ба Ӯ гӯш диҳанд «аз миёни ҳамаи қавмҳо» «ганҷи гузин»-и Ӯ хоҳанд буд (Хур. 19:5). Вақте ки исроилиён ба Худо итоат мекарданд, ибодат ва тарзи ҳаёташон, онҳоро аз дигар қавмҳо фарқ мекунонд. Имрӯз низ Яҳува барои худ халқеро интихоб намудааст, ки аз одамони ин ҷаҳон хеле фарқ мекунад. Ба мо гуфта шудааст: «Маъсият [гуноҳ] ва шаҳавоти дунёро рад намуда, дар ин дунё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем. Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем, ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд» (Тит. 2:11–14). Ин «қавм» аз масеҳиёни тадҳиншуда ва аз миллионҳо «гӯсфандони дигар»-и Исо, ки тадҳиншудагонро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ мекунанд, иборат аст (Юҳ. 10:16).

17. Чаро тадҳиншудагон ва ҳамроҳони онҳо аз ҳаёти мусофиронаи худ дар ин дунёи шарир ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳанд шуд?

17 «Умеди муборак», яъне умеди хушбахтонаи тадҳиншудагон дар он аст, ки онҳо бо Исо дар осмон ҳукмронӣ хоҳанд кард (Ваҳй 5:10). Вақте ки дар замин дунёи нав барқарор мешавад, барои гӯсфандони дигар чун мусофирон зиндагӣ кардан лозим намеояд. Онҳо соҳиби хонаҳои зебо хоҳанд шуд ва аз хӯроку нӯшокиҳои болаззат ҳаловат хоҳанд бурд (Заб. 36:10, 11; Иш. 25:6; 65:21, 22). Баръакси исроилиён, онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд, ки ин фаровонӣ аз «Худои тамоми замин», Яҳува мебошад (Иш. 54:5). На тадҳиншудагон ва на гӯсфандони дигар аз ҳаёти мусофиронаи худ дар ин дунёи шарир пушаймон нахоҳанд шуд.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Чӣ тавр мардони содиқ дар замони қадим чун мусофир ва ғариб зиндагӣ мекарданд?

• Масеҳиёни асри як дар ҷаҳон зиндагӣ карда, чӣ гуна рафтор мекарданд?

• Чӣ тавр масеҳиёни ҳақиқӣ аз ҷаҳон пурра истифода намебаранд?

• Чаро мо ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавем, ки имрӯз дар ин ҷаҳони шарир чун мусофир зиндагӣ мекунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Тасвир дар саҳифаи 21]

Масеҳиёни асри як вақтхушиҳои бадахлоқона ва зӯровариро рад мекарданд