Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Еҳу ибодати покро муҳофизат мекунад

Еҳу ибодати покро муҳофизат мекунад

Еҳу ибодати покро муҳофизат мекунад

ЕҲУ муҳофизаткунандаи ибодати пок буд. Ӯ супоришашро фаъолона, чусту чолокона, бо иродаи қавӣ, боғайратона ва далерона иҷро мекард. Хуб мебуд, ки мо дар зоҳир кардани чунин хислатҳо ба Еҳу пайравӣ намоем.

Вақте ба Еҳу супориш дода шуд, халқи Исроил дар ҳолати вазнин қарор дошт. Мамлакат зери таъсири бади Изобал буд. Дар он вақт шавҳари Изобал, подшоҳ Аҳъоб, мурда буд ва писараш Йӯром дар Исроил подшоҳӣ мекард. Изобал одамонро водор мекард, ки ба Баал ибодат кунанд, на ба Яҳува. Вай пайғамбарони Худоро мекушт ва халқро бо «зинокориҳо» ва «ҷодугариҳо»–и худ фосид мекард (4 Подш. 9:22; 3 Подш. 18:4, 13). Яҳува фармон дод, ки тамоми хонадони Аҳъоб, аз он ҷумла Йӯром ва Изобал несту нобуд карда шаванд. Ва Еҳу бояд ин корро роҳбарӣ мекард.

Бори аввал мо дар бораи Еҳу дар Навиштаҳо мехонем, ки ӯ бо сарлашкарон дар ҷое нишастааст. Он вақт исроилиён дар Ромӯт–Ҷилъод бо арамиён меҷангиданд. Еҳу дар лашкари Исроил мавқеи баландро ишғол мекард ё ҳатто сардори он буд. Пайғамбар Элишоъ якеро аз байни пайғамбарон ба назди Еҳу фиристод, то ӯро чун подшоҳ тадҳин кунад ва ба ӯ супориш диҳад. Еҳу бояд тамоми мардони хонадони осишудаи Аҳъобро мекушт (4 Подш. 8:28; 9:1–10).

Вақте ки сарлашкарон дар бораи мақсади омадани он мард пурсиданд, Еҳу ҷавоб додан нахост. Лекин вақте ки ӯро маҷбур карданд, ӯ росташро гуфт ва ҳамроҳи рафиқонаш қасди куштани Йӯромро карданд (4 Подш. 9:11–14). Шояд баъзе аскарони лашкари Исроил аз роҳбарии хонадони Аҳъоб ва корҳои Изобал розӣ набуданд. Вале ба ҳар ҳол, Еҳу бисёр фикр мекард, ки чӣ тавр ба таври беҳтарин супоришашро иҷро кунад.

Шоҳ Йӯром дар ҷанг захмдор шуд ва барои ҳамин ба шаҳри Изреъил рафт, то дар он ҷо шифо ёбад. Еҳу медонист, ки нақшааш ҳамон вақт барор мегирад, агар ягон сокини Изреъил аз он бохабар набошад. Аз ин рӯ, Еҳу чунин фармон дод: «Бигзор ҳеҷ кас аз шаҳр берун набарояд, то ки ба Изреъил рафта хабар диҳад» (4 Подш. 9:14, 15). Эҳтимол ӯ фикр мекард, ки аз тарафи лашкаре, ки ба Йӯром содиқ буд, бо ягон муқобилат дучор шуда метавонад. Ва Еҳу мехост, ки чунин муқобилатро пешгирӣ кунад.

ВАЙ БОШИДДАТ АСП РОНД

Ӯ бо аробааш масофаи 72 км роҳро тай намуда аз Ромӯт–Ҷилъод ба Изреъил рафт. Ӯ бошиддат асп ронд, то ягон кас аз омаданаш хабардор нашавад. Вақте ки ба шаҳр наздик шуд, дидбоне «издиҳоми Еҳуро» дид (4 Подш. 9:17). Эҳтимоли калон аст, ки Еҳу аскарони зиёдро ҳамроҳи худ гирифт, то дилпур бошад, ки ба мақсадаш мерасад.

Дар яке аз аробаҳо савор будани Еҳуи далерро фаҳмида дидбон хитоб кард: «Вай бошиддат асп меронад» (4 Подш. 9:20). Ҳарчанд Еҳу одатан ҳамин тавр асп меронд, лекин шояд донистани он ки ин супоришашро бояд ҳарчи зудтар ба иҷро расонад, ӯро водор мекард, ки боз ҳам тезтар асп ронад.

Баъди он ки ду хабаррасон ба назди Еҳу фиристода шуданд ва ӯ ба саволи онҳо ҷавоб надод, Еҳу бо шоҳ Йӯром ва иттифоқчии ӯ шоҳи Яҳудо, Аҳазёҳу, вохӯрд. Ҳар дуи онҳо дар аробаҳои худ савор буданд. Йӯром аз Еҳу пурсид: «Оё саломатист?» Еҳу дар ҷавоб гуфт: «Чӣ гуна саломатӣ хоҳад буд, дар сурате ки зинокориҳои модарат Изобал ва ҷодугариҳои вай ин қадар бисёр аст?» Йӯром аз ин ҷавоб ба ташвиш омада гурехтанӣ шуд, вале натавонист. Еҳу дарҳол камонашро гирифта ба дили Йӯром тир зад ва шоҳ ба аробааш афтода мурд. Ҳарчанд Аҳазёҳу гурехта тавонист, Еҳу баъдтар ӯро ёфт ва фармон дод, ки ӯро низ кушанд (4 Подш. 9:22–24, 27).

Аъзои дигари хонадони Аҳъоб, ки баъд аз ин кушта шуд, ин маликаи шарир Изобал буд. Еҳу ӯро барҳақ «он лаънатӣ» номид. Вақте ки Еҳу ба Изреъил омад, ӯ дид, ки Изобал аз тирезаи дарбор ба вай нигоҳ мекунад. Ва дарҳол Еҳу аниқу равшан ба хоҷасароён фармон дод, ки Изобалро аз тиреза партоянд. Ва сипас аспони ӯ ин фосидкунандаи тамоми Исроилро лагадкӯб карданд. Баъд аз ин, Еҳу боз даҳҳо нафар аъзоёни дигари хонадони Аҳъоби шарирро нест кард (4 Подш. 9:30–34; 10:1–14).

Ҳарчанд дар бораи зӯроварӣ фикр кардан ба мо маъқул набошад ҳам, мо бояд дарк кунем, ки дар он рӯзҳо Яҳува хизматгоронашро барои амалӣ гардондани ҳукмҳои худ истифода мебурд. Навиштаҳо мегӯянд: «Ҳалокати Аҳазёҳу аз ҷониби Худо буд, ки ӯ назди Йӯром омад, ва омадан замон бо Йӯром ба Еҳу ибни Нимшӣ муқобил баромад, ки варо Худованд барои нест кардани хонадони Аҳъоб тадҳин намуда буд» (2 Вақ. 22:7). Яҳува ваъда дода буд, ки Аҳъобро барои куштани Нобӯт ҷазо хоҳад дод. Ва вақте ки Еҳу ҷасади Йӯромро аз аробааш ба қитъаи замини Нобӯт партофт, ӯ фаҳмид, ки бо чунин рафтораш он пешгӯии Яҳуваро иҷро мекунад. Беш аз ин, ба Еҳу фармон дода шуд, ки «хуни ҳамаи бандагони Худовандро аз дасти Изобал» бигирад (4 Подш. 9:7, 25, 26; 3 Подш. 21:17–19).

Имрӯз ягон хизматгори Яҳува барои муҳофизати ибодати пок бо душманон ҷанг намекунад. «Интиқом аз ҷониби Ман аст»,— мегӯяд Худо (Ибр. 10:30). Лекин барои ҷамъомадро аз таъсироти фасодкунанда нигоҳ доштан шояд ба пирони масеҳӣ лозим аст, ки мисли Еҳу далерона амал кунанд (1 Қӯр. 5:9–13). Ва ҳама аъзоёни ҷамъомад бояд аз муошират бо шахсони аз ҷамъомад хориҷкардашуда бо қатъият дурӣ ҷӯянд (2 Юҳ. 9–11).

ЕҲУ БАРОИ ХУДОВАНД РАШК ДОШТ

Суханони зерини ба Еҳӯнодоби содиқ гуфтаи Еҳу нишон медиҳанд, ки ӯро ба иҷро кардани супоришаш чӣ бармеангехт: «Ҳамроҳи ман биё ва рашки маро, ки барои Худованд дорам, бубин». Еҳӯнодоб ин даъватро қабул карда ба аробаи Еҳу савор шуд ва бо ӯ ба Сомария рафт. Дар он ҷо Еҳу «бо найранг» амал намуд, «то ки хизматгузорони Баалро ба ҳалокат расонад» (4 Подш. 10:15–17, 19).

Еҳу ба халқ эълон кард, ки ӯ «забҳи бузурге барои Баал» карданӣ аст (4 Подш. 10:18, 19). Олиме мегӯяд, ки ин ҷо «Еҳу калимаи ибронии “забҳ”–ро ба таври моҳирона истифода бурд. Ҳарчанд одатан калимаи “забҳ” маънои “қурбонӣ”–ро дорад, он ҳамчунин маънои “куштан”–и осиёнро дошта метавонад». Еҳу мехост, ки ба ин маҷлиси идона ҳамаи хизматгорони Баал ҳозир шаванд, барои ҳамин ӯ ҳар яки онҳоро дар хонаи Баал ҷамъ кард. Вай ҳамчунин ба онҳо либоси махсус дод. «Ва ҳангоме ки тақдим кардани қурбониҳои сӯхтанӣ ба анҷом расид», Еҳу ба 80 нафар мардони силоҳдор фармон дод, ки парастандагони Баалро бикушанд. Сипас ӯ гуфт, ки хонаи Баалро нест кунанд ва ӯ он ҷойро барои ҳоҷатхона муқаррар кард ва ҳамин тавр он ҷойро барои ибодат номувофиқ гардонд (4 Подш. 10:20–27).

Рост аст, ки Еҳу хуни бисёрро рехт. Лекин Навиштаҳо ӯро чун одами далере, ки Исроилро аз зулму ситами Изобал ва оилаи ӯ озод кард, тасвир мекунанд. Барои он ки ягон пешвои Исроил аз ӯҳдаи ин кор баромада тавонад, ба ӯ далерӣ, иродаи қавӣ ва боғайратӣ даркор мебуд. Як луғати Китоби Муқаддас супориши ба Еҳу додашударо шарҳ дода мегӯяд: «Ин кори душворе буд, ки пурра ва устуворона иҷро шуд. Чораҳои на он қадар сахт эҳтимол наметавонистанд парастиши Баалро дар Исроил нест кунанд».

Бешубҳа шумо мефаҳмед, ки вазъиятҳое, ки масеҳиёни имрӯза дучор мешаванд, аз онҳо зоҳир кардани хислатҳои ба Еҳу хосро талаб мекунанд. Масалан, мо бояд чӣ тавр рафтор кунем агар дар мо васваса пайдо шавад, ки бо корҳои ба Яҳува номаъқул машғул шавем? Мо бояд дарҳол ин васвасаро далерона ва боғайратона рад кунем. Агар сухан дар бораи садоқатмандии мо равад, мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки рашк ё ғайрати мо ба ибодати пок суст шавад.

АҲКОМҲОИ ЯҲУВАРО РИОЯ КУНЕД

Охири ин ҳикоя огоҳикунанда аст. Еҳу «аз гӯсолаҳои тилло, ки дар Байт–Ил ва дар Дон буд, дур нашуд» (4 Подш. 10:29). Чӣ тавр ин хел шуд, ки касе, ки ба ибодати пок ин қадар рашку ғайрат дошт, ба бутпарастӣ тоқат кард?

Еҳу шояд чунин фикр мекард, ки мустақилияти салтанати Исроил аз Яҳудо талаб мекунад, ки ин ду салтанат дини гуногун дошта бошанд. Пас, ӯ чун подшоҳони пештараи Исроил ибодати гӯсолаи тиллоиро дастгирӣ кард, то ки дини ин ду салтанат аз ҳам фарқ кунанд. Вале ин нишон медод, ки имони Еҳу ба Яҳува, ки ӯро подшоҳ таъин кард, суст буд.

Яҳува Еҳуро таъриф кард, зеро ӯ «он чиро, ки дар назари [Худо] мақбул буд», нағз иҷро кард. Ба ҳар ҳол, «Еҳу саъю кӯшиш накард, ки шариати Худованд Худои Исроилро бо тамоми дили худ пайравӣ намояд» (4 Подш. 10:30, 31). Ҳамаи он корҳоеро, ки Еҳу пештар карда буд, ба назар гирифта шумо шояд аз ин ҳайрону ғамгин шавед. Лекин, ин барои мо дарс буда метавонад. Мо бояд ҳамеша ба муносибати бо Яҳува доштаамон чун ба як чизи бебаҳо нигоҳ кунем. Ҳар рӯз ба мо лозим аст, ки садоқатмандии худро ба Худо инкишоф диҳем. Чӣ тавр? Агар Каломи Ӯро омӯзем, дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем ва ба Падари осмониамон самимона дуо гӯем. Пас, биёед кӯшиш кунем, ки аҳкомҳои Яҳуваро аз таҳти дил риоя кунем (1 Қӯр. 10:12).

[Чорчӯба дар саҳифаи 4]

Далелҳои шахсияти таърихӣ будани Еҳу

Олимон бисёр вақт вуҷудияти қаҳрамонҳои Китоби Муқаддасро зери шубҳа мегузоранд. Пас оё дар бораи шахсияти таърихӣ будани Еҳу ғайр аз Китоби Муқаддас ягон далел вуҷуд дорад?

Камаш дар се ҳуҷҷати Ашшури қадим номи ин подшоҳи Исроил навишта шудааст. Яке аз ин ҳуҷҷатҳо нишон медиҳад, ки Еҳу ё яке аз сафиронаш ба шоҳи Ашшур Шалманасари III гӯё таъзим карда ба ӯ хироҷ пешкаш мекунад. Дар он ҳуҷҷат чунин навиштаҷот аст: «Хироҷи Еҳу (Иа–у–а), писари Омрӣ (Ҳу–ум–ри); Ман аз ӯ нуқра, тилло, зарфи тиллоии саплу, зарфи тиллоии тагаш нӯгтез, қадаҳҳои тиллоӣ, сатилҳои тиллоӣ, қалъа, чӯбдаст барои подшоҳ (ва) пуруҳтуи чӯбӣ [маънои ин калима маълум нест] гирифтам». Еҳу ба маънои аслӣ «писари Омрӣ» набуд, вале эҳтимол аз сабаби машҳур будани Омрӣ ва барои он ки ӯ пойтахти Исроил, Сомарияро сохта буд, баъди марги ӯ ибораи «писари Омрӣ» нисбати подшоҳони Исроил истифода бурда мешуд.

Гуфтаҳои подшоҳи Ашшур оиди хироҷе, ки Еҳу гӯё ба ӯ дода буд, далел надоранд. Ба ҳар ҳол, ӯ се бор номи Еҳуро зикр кард: якум, дар як сутуни сангин; дуюм, дар ҳайкали Шалманасар ва сеюм, дар ҳуҷҷатҳои расмии подшоҳ. Ин қайдҳо ҳар гуна шубҳаҳоро дар мавриди шахсияти таърихӣ будани ин қаҳрамони Китоби Муқаддас бартараф мекунанд.