Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Ман то абад маъюб нестам!»

«Ман то абад маъюб нестам!»

«Ман то абад маъюб нестам!»

Нақл кард сара ван дер мӯнд

Бисёр вақт одамон ба ман мегӯянд: «Сара, ту табассуми зебо дорӣ. Барои чӣ ту ҳамавақт хурсандӣ?» Ман ба онҳо мегӯям, ки ман умеди олиҷаноб дорам. Онро ба таври кӯтоҳ чунин фаҳмондан мумкин аст: «Ман то абад маъюб нестам!»

МАН соли 1974 дар Париж (Фаронса) таваллуд шудам. Ман бо душворӣ таваллуд шудам ва баъд духтурон фаҳмиданд, ки ман фалаҷи мағзи сар дорам. Ман озодона ҳаракат карда наметавонистам ва нутқам буррову фаҳмо набуд. Ҳамчунин ман гирифтори бемории эпилепсия шудам ва тез–тез шамол мехӯрдам.

Вақте ки ман дусола будам оилаи мо ба Мелбурн (Австралия) кӯчид. Ду сол пас, дадаам ману очаамро партофта рафт. Ин бори аввал буд, ки ман худро ба Яҳува наздик ҳис кардам. Очаам, ки Шоҳиди Яҳува буд, маро доимо ба вохӯриҳои масеҳӣ мебурд. Дар он ҷо ман фаҳмидам, ки Худо маро дӯст медорад ва дар бораи ман ғамхорӣ мекунад. Ин дониш ва муҳаббату дилбардориҳои очаам ба ман ҳиссиёти бехатарӣ мебахшид, нигоҳ накарда ба он ки вазъияти мо дигар шуда буд.

Очаам ҳамчунин ба ман чӣ тавр ба Яҳува дуо гуфтанро ёд дод. Дар асл, барои ман дуо гуфтан аз гап задан осонтар аст. Дар вақти дуогӯӣ ба ман лозим нест, ки барои талаффуз кардани калимаҳо азоб кашам. Ба ҷои ин, ман суханонамро дар даруни дилам ба таври равшан талаффуз мекунам. Ва азбаски ман ба таври фаҳмо гап зада наметавонам, маро донистани он тасаллӣ мебахшад, ки Яҳува ҳама чизро мефаҳмад, хоҳ онро дар даруни дил гӯям, хоҳ нофаҳмо талаффуз кунам (Заб. 64:3).

Душвориҳоро паси сар мекунам

Бо гузашти вақт бемории фалаҷам вазнинтар шуд ва дар панҷсолагиам ман бе корсети оҳанин роҳ гашта наметавонистам. Росташро гӯям, роҳгардии ман бештар ба калавидан монанд буд, на ба роҳ гаштан. Дар синни 11–солагӣ ман ҳатто инро карда наметавонистам. Баъдтар, ман ҳатто аз ҷойхобам бе ягон ёрӣ хеста наметавонистам. Барои ҳамин ман асбоби электрикие доштам, ки маро аз ҷойхобам мебардошту ба аробачаи маъюбиам мешинонд. Ин аробача мотор дошт ва ба воситаи даст ман онро идора мекардам.

Росташро гӯям, ман баъзан аз сабаби маъюбиам рӯҳафтода мешавам. Лекин, дар ин мавридҳо ман шиори оилаамонро ба ёд меорам: «Дар бораи корҳое, ки ту карда наметавонӣ, ғам нахӯр. Беҳтараш, бо корҳое, ки карда метавонӣ, машғул шав». Ин ба ман кӯмак кард, ки ҳатто аспсаворӣ, бо бодбон ва каноэ шинокунӣ... ва дар ҷои маҳкаму бе мошин мошинрониро ёд гирам! Азбаски табиатан одами эҷодкорам, ман рассомӣ, дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва гилкориро нағз мебинам.

Аз сабаби сахт маъюб буданам, баъзеҳо гумон мекарданд, ки ман қобилият надорам, ки ба Худо чун шахси соҳибақл ибодат кунам. Вақте ки ман 18–сола шудам, муаллимаи мактабам маро водор кард, ки хонаро тарк кунам ва аз дини модарам «гурезам». Вай ҳатто гуфт, ки барои ёфтани хона ба ман кӯмак мекунад. Лекин ман ба вай гуфтам, ки ман ҳеҷ гоҳ имонамро тарк намекунам ва то он вақте ки дар бораи ниёзҳои худам бештар ғамхорӣ карданро ёд нагирам, аз хона намеравам.

Дере нагузашта ман таъмид гирифтам. Ду сол пас, ман ба як хонаи хурде кӯчидам. Ман аз ин хурсандам, зеро аз як тараф ман ёрдами даркориро мегирам, аз тарафи дигар бошад, ман пурра аз дигарон вобаста нестам.

Пешниҳоди ногаҳонӣ

Дар давоми солҳо ман боз бо дигар озмоишҳои имон рӯ ба рӯ шудам. Як рӯз ман қариб беҳуш шудам, зеро як ҳамкурсам, ки ҳамчунин маъюб аст, аз ман хоҳиш кард, ки зани ӯ шавам. Дар аввал ман хурсанд шудам. Мисли аксарияти ҷавондухтарон ман мехоҳам, ки шавҳар дошта бошам. Лекин, он ки ҳардуямон маъюбем, кафолати он нест, ки оилаи мо хушбахт хоҳад буд. Беш аз ин, он ҷавон ҳамимони ман набуд. Эътиқоди мо, машғулиятҳо ва мақсадҳои мо тамоман гуногун буданд. Пас чӣ тавр мо ҳаёти умумӣ дошта метавонистем? Ҳамчунин Худо роҳбарии аниқ додааст, ки мо танҳо дар Худованд оиладор шавем ва ман иродаи қавӣ доштам, ки ба он итоат кунам (1 Қӯр. 7:39). Аз ин рӯ, ман эҳтиромона ба вай гуфтам, ки пешниҳодашро қабул карда наметавонам.

Ҳатто имрӯз ман фикр мекунам, ки қарори дуруст интихоб кардам. Ва ҳеҷ шубҳае надорам, ки дар дунёи наве, ки Худо ваъда кардааст, ман хушбахт мешавам (Заб. 144:16; 2 Пет. 3:13). Ҳоло бошад, ман иродаи қавӣ дорам, ки садоқатмандиамро назди Худо нигоҳ дорам ва аз вазъияти ҳозираам қаноатманд бошам.

Ман бесаброна он рӯзеро интизорам, ки аз аробачаи маъюбиам ҷаста мехезам ва озодона медавам. Он гоҳ ман хитоб мекунам: «Ман маъюб будам, лекин ҳоло солим ҳастам — то абад!»