Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Оё соати аниқи мехкӯб шудани Исоро муайян кардан мумкин аст?

Сабаби пайдо шудани ин савол дар он аст, ки суханони Юҳанно ва Марқӯс оиди марги Исо бо ҳам муқобил метобанд. Масалан, дар Инҷили Марқӯс навишта шудааст: «Соати сеюм буд, ки [сарбозон] Ӯро маслуб карданд» (Марқ. 15:25). Дар Инҷили Юҳанно бошад, гуфта мешавад, ки «дар соати шашум» Пилотус ӯро ба дасти яҳудиён супурд, то ӯро мехкӯб кунанд (Юҳ. 19:14–16). Шореҳони Китоби Муқаддас барои маънидод кардани ин фарқият ақидаҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Аммо барои фаҳмондани он ки чаро байни ин ду хабари Инҷил фарқият вуҷуд дорад, дар Китоби Муқаддас ҷавоби аниқ дода нашудааст. Ба ҳар ҳол, дида баромадани он ки одамон дар гузашта вақтро чӣ тавр ҳисоб мекарданд, барои фаҳмидани ин ба мо кӯмак карда метавонад.

Дар асри яки эраи мо ибриён рӯзи равшанро ба 12 соат тақсим намуданд, ки онро аз тулӯи офтоб ҳисоб мекарданд (Юҳ. 11:9). Аз ин сабаб, «соати сеюм» аз соати 8 то соати 9-и саҳар ва «соати шашум» аз соати 11 то 12-и мо давом мекард. Албатта вақти тулӯъ ва ғуруби офтоб дар давоми сол тағйир меёфт. Аз ин сабаб давомнокии рӯзи равшан мувофиқи фасли сол иваз мешуд. Ғайр аз ин, соати рӯз бо мушоҳида кардани мавқеи офтоб дар осмон муайян карда мешуд. Бинобар ин вақтро тахминан муайян мекарданд. Дар Навиштаҳои Юнонӣ ҳангоми дар бораи ягон воқеа маълумот додан, умуман ба соатҳои се, шаш ё нӯҳ ишора мешавад ва бисёр вақт қарибии он соат дар назар дошта мешавад (Мат. 20:3, 5; Аъм. 10:3, 9, 30). Танҳо дар мавридҳои махсус барои дуруст фаҳмидани воқеа баъзан дар Китоби Муқаддас вақти аниқтарро нишон додан лозим буд. Масалан «соати ҳафтум» яке аз чунин мисолҳо аст (Юҳ. 4:52).

Чор китоби Инҷил оиди вақти воқеаҳое, ки дар рӯзи охирини ҳаёти заминии Исо рӯй доданд, хеле бо ҳам мувофиқанд. Дар ҳар чор китоби Инҷил гуфта мешавад, ки саркоҳинон ва пирони қавм саҳар бо ҳам вохӯрданд ва Исоро дастгир карда, назди Понтиюс Пилотус оварданд (Мат. 27:1; Марқ. 15:1; Луқ. 22:66; Юҳ. 18:28). Матто, Марқӯс ва Луқо дар китоби худ қайд карданд, ки баъд аз соати 6-ум, вақте ки Исо аллакай дар ғӯлачӯб буд, «тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт» (Мат. 27:45, 46; Марқ. 15:33, 34; Луқ. 23:44).

Барои муайян намудани вақти мехкӯб кардани Исо як омили муҳимро ба назар метавон гирифт: бо қамчин задани шахс ба протсесси мехкӯб кардан дохил мешуд. Баъзан бо қамчин задан ба дараҷае даҳшатовар буд, ки шахс ба он тоб оварда наметавонист ва дар натиҷа мемурд. Дар мавриди Исо низ ин протсесс хеле сахт буд, зеро ғӯлачӯберо, ки аввал худаш мебардошт, лозим омад, ки дигар кас бардорад (Луқ. 23:26; Юҳ. 19:17). Агар вақти бо қамчин задани шахс чун саршавии протсесси мехкӯбкунӣ ба ҳисоб равад, пас то дар ғӯлачӯб мехкӯб кардани Исо бояд якчанд муддат мегузашт. Барои ҳамин, шахсони гуногун метавонанд ба ягон соати протсесси мехкӯбкунӣ ишора кунанд ва ин аз он вобаста аст, ки онҳо кадом мавриди мехкӯбкуниро тасвир мекунанд.

Юҳаннои ҳавворӣ Инҷили худро даҳсолаҳо пас, баъд аз навишта шудани се Инҷили дигар навишт. Барои ҳамин, се Инҷиле, ки аллакай навишта шуда буданд, ба ӯ дастрас буданд. Дуруст аст, ки навиштаи Юҳанно ва навиштаи Марқӯс оиди вақти мехкӯбкунии Исо бо ҳам муқобил метобанд. Лекин ин далели равшанест, ки Юҳанно навиштаи Марқӯсро нусхабардорӣ накард. Ҳам Юҳанно ва ҳам Марқӯсро Худо илҳом бахшида буд. Нигоҳ накарда ба он ки дар Навиштаҳо оиди ин фарқият маълумоти кофӣ вуҷуд надорад, мо ба чор хабари ҳаввориён, ки мехкӯбкунии Исоро тасвир мекунанд, боварӣ дошта метавонем.