Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба бемориҳо нагузоред, ки шуморо аз хурсандӣ маҳрум созанд

Ба бемориҳо нагузоред, ки шуморо аз хурсандӣ маҳрум созанд

Ба бемориҳо нагузоред, ки шуморо аз хурсандӣ маҳрум созанд

ТАСАВВУР кунед, ки шумо саҳарӣ аз хоб мехезеду ҳоло рӯз сар нашуда, аллакай тамом шудани онро мехоҳед. Шумо бояд боз як рӯзи дигар бо дарди ҷисмонӣ ё эмотсионалӣ мубориза баред. Шумо шояд худро мисли Айюб ҳис кунед, ки дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас суханони ӯ чунин омадаанд: «Маргро аз ҳамаи азобҳоям афзал медонам» (Айюб 7:15, «The New English Bible»). Чӣ бояд кард, агар чунин ҳолат шуморо солҳои сол азоб диҳад?

Дар чунин ҳолат Мефибӯшет, ки писари дӯсти Довуд, Йӯнотон буд, қарор дошт. Вақте ки Мефибӯшет панҷсола буд, «ӯ афтода, ланг шуд» (2 Подш. 4:4). Баъдтар, вақте ки ӯро ноҳақ дар хиёнати шоҳ айбдор намуданду сипас ӯ молу мулкашро аз даст дод, ин дарди эмотсионалӣ эҳтимол азоби ҷисмониашро боз ҳам зиёдтар кард. Вале дар ҳамаи ин ӯ бо маъюбӣ, тӯҳмат ва ноумедиҳо мубориза бурда, намунаи олиҷаноб нишон медод ва намегузошт, ки ин душвориҳо ӯро аз хурсандӣ маҳрум созанд (2 Подш. 9:6–10; 16:1–4; 19:24–30).

Мисоли дигар, Павлуси ҳавворӣ мебошад. Боре ӯ оиди «неше дар ҷисм» навишт, ки бояд бо он мубориза мебурд (2 Қӯр. 12:7). Павлус неш гуфта, шояд заифии дурударози худ ё одамонеро, ки ҳавворӣ будани ӯро зери шубҳа мегузоштанд дар назар дошт. Чизе ки набошад, он проблема дурудароз давом карда буд ва Павлус бояд ба дарди ҷисмонӣ ё эмотсионалие, ки он неш ба ӯ мерасонд, тоб меовард (2 Қӯр. 12:9, 10).

Бемориҳои кӯҳнаи (хронические) бемадоркунанда ё фишорҳои эмотсионалӣ имрӯз баъзе хизматгорони Худоро азият медиҳанд. Дар синни 18–солагӣ дар Магдалена бемории «системная красная волчанка»-ро муайян намуданд. Ин бемориест, ки аз он қувваҳои муҳофизаткунандаи организми инсон ба узвҳои худи ӯ ҳамла мекунанд. «Ман ба даҳшат афтодам,— мегӯяд ӯ.— Бо гузашти вақт ҳолати ман бадтар мешуд ва аз ҳисоби вайрон шудани ҳазми хӯрок, пайдошавии захмҳо дар даҳонам ва аз сабаби нағз кор накардани ғадуди сипаршакл вазъи саломатиам торафт бад мегашт». Изабела бошад, ба беморие гирифтор аст, ки бад будани вазъи саломатиаш ба назар он қадар намоён нест. Вай мефаҳмонад: «Ман аз кӯдакиам аз бемории депрессия азоб мекашам. Аз ин сабаб ман тарси воҳиманок дорам, нафаскашиам душвор аст ва меъдаам дард мекунад. Ман тамоман беҳолу бемадор мешавам».

Воқеъбин бошед

Бемориву заифӣ метавонанд ҳаётатонро тамоман тағйир диҳанд. Агар чунин рӯй диҳад, ба шумо чӣ кӯмак мекунад? Нишаста ба вазъияти худ ошкоро баҳо диҳед. Ба шумо дарк кардани он ки имкониятҳоятон акнун маҳдуданд, шояд бароятон душвор бошад. Магдалена мегӯяд: «Бемории ман авҷгиранда аст. Бисёр вақт ман чунон беҳол мешавам, ки аз ҷойгаҳ хеста наметавонам. Азбаски ҳолати ман пешгӯинашаванда аст, бароям чизеро ба нақша гирифтан душвор аст. Аз ҳама бештар ман аз он рӯҳафтода мешавам, ки ба Яҳува мисли пештара хизмат карда наметавонам».

Збигнев мегӯяд: «Бо гузашти солҳо артрити ревматоидӣ ба буғумҳои ман паи ҳам зиён расонда, торафт маро беқувват мегардонад. Баъзан, вақте ки дард хеле зӯр мешавад, ман ақаллан корҳои оддитаринро карда наметавонам. Аз ин ман рӯҳафтода мешавам».

Чанд сол пеш, духтурон муайян карданд, ки Барбара ба бемории авҷгирандаи варами мағзи сар (опухоль мозга) гирифтор аст. «Дар ҷисми ман тағйиротҳои ногаҳонӣ ба амал меоянд,— мегӯяд ӯ.— Ман ба ҳама чиз майлу шавқамро гум кардам, бисёр вақт сарам дард мекунад ва хотирам парешон аст. Аз сабаби вазъияти нави маҳдудкунандаи худ ман бояд ҳама чизро аз нав дида мебаромадам».

Ҳамаи ин шахсон хизматгорони таъмидёфтаи Яҳува мебошанд. Барои онҳо иҷро кардани иродаи Ӯ дар ҷои аввал меистад. Онҳо ба Худо пурра таваккал мекунанд ва аз дастгирии Ӯ манфиат меёбанд (Мас. 3:5, 6).

Яҳува кӯмак мекунад — Чӣ тавр?

Мо бояд чунин фикр накунем, ки азобу уқубатҳои мо нишонаи норозигии Худо аст (Нав. Ирм. 3:33). Ба хотир оред, ки Айюб новобаста аз «беайб ва росткор» буданаш чӣ азобҳоро аз сар гузаронд (Айюб 1:8). Худо ҳеҷ касро бо бадӣ намеозмояд (Яъқ. 1:13). Ҳамаи бемориҳо, аз он ҷумла бемориҳои кӯҳна ва эмотсионалӣ — мероси ғамовари нахустволидони мо, Одаму Ҳавво, мебошанд (Рум. 5:12).

Лекин, Яҳува ва Исо одамони одилро бе ёрдаму дастгирии худ намемонанд (Заб. 33:16). Хусусан дар мавридҳои душвори ҳаётамон мо боварӣ ҳосил мекунем, ки Худо паноҳгоҳ ва қалъаи мост (Заб. 90:2). Пас, ҳангоми тоб овардан ба ҳолатҳое, ки паси сар карданашон осон нест, чӣ ба шумо кӯмак мекунад, то хурсандиатонро гум накунед?

Дуо. Шумо метавонед ба хизматгорони содиқи пешини Худо пайравӣ намуда, ба Падари осмониамон дуо гӯед ва бори дилатонро ба Ӯ партоед (Заб. 54:23). Чунин карда, шумо «осоиштагии Худо»-ро ҳис хоҳед кард, ки он «аз ҳар хирад болотар аст». Он оромиву осоиштагии ботинӣ «дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо... нигоҳ хоҳад дошт» (Фил. 4:6, 7). Дар дуо ба Худо такя намуда, Магдалена ба касалии бемадоркунандаи худ тоб меорад. Ӯ мегӯяд: «Вақте ки дар дуо диламро ба Худо холӣ мекунам, ман сабук мешавам ва аз нав хурсандӣ ҳис мекунам. Ҳоло ман дар ҳақиқат дарк мекунам, ки ҳар рӯз ба Худо такя кардан чӣ маъно дорад» (2 Қӯр. 1:3, 4).

Дар ҷавоби дуоҳои шумо, Яҳува метавонад тавассути Каломаш, рӯҳулқудсаш ва бародарияти масеҳӣ шуморо дастгирӣ кунад. Шумо интизор намешудед, ки Худо беморӣ ё заифиатонро ба таври мӯъҷизавӣ бартараф мекунад. Вале дилпур буда метавонед, ки Ӯ ба шумо барои ба ҳар гуна мушкилӣ тоб овардан хирад ва қуввати лозимаро медиҳад (Мас. 2:7). Ӯ метавонад ба шумо «бартарии қувват» бахшад ва шуморо тасаллӣ диҳад (2 Қӯр. 4:7).

Оила. Фазои пурмуҳаббат дар оила ва дилсӯзии наздикон метавонад ба шумо кӯмак кунад, то ба бемориатон тоб оред. Лекин, дар ёд дошта бошед, ки наздиконатон низ азоб мекашанд. Онҳо шояд аз он ба ташвиш оянд, ки дарди шуморо сабук карда наметавонанд. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳамеша ва ҳатто дар ҳолатҳои вазнин ба кӯмаки шумо тайёранд. Якҷоя бо онҳо дуо гуфтан ба шумо кӯмак мекунад, ки дар дили худ оромиро нигоҳ доред (Мас. 14:30).

Барбара дар бораи духтараш ва дигар хоҳарони ҷавони ҷамъомад чунин мегӯяд: «Онҳо дар хизмат маро дастгирӣ мекунанд. Аз боғайратии онҳо ман рӯҳбаланд ва хурсанд мешавам». Збигнев дастгирии ҳамсарашро хеле қадр мекунад. Ӯ мегӯяд: «Аксарияти корҳои хона бар дӯши занам аст. Вай ҳамчунин ба ман барои либоспӯшӣ ёрӣ медиҳад, ҳангоми ба вохӯриҳои масеҳӣ ва хизмат рафтан сумкаи маро мебардорад».

Ҳамимонон. Дар ҳалқаи ҳамимонон мо рӯҳбаландӣ ва тасаллӣ мегирем. Вале чӣ бояд кард, агар шумо аз боиси бемориатон ба вохӯриҳои ҷамъомад рафта натавонед? Магдалена дар ин хусус мегӯяд: «Аъзоёни ҷамъомад ғамхорӣ мекунанд, то ман аз вохӯриҳо тавассути аудио–сабтҳо манфиат гирам. Бародарону хоҳарон бисёр вақт ба ман занг зада мепурсанд, ки боз бо кадом роҳ ба ман кӯмак карда метавонанд. Онҳо ҳамчунин ба ман номаҳои рӯҳбаландкунанда мефиристанд. Донистани он, ки онҳо маро дар ёд доранд ва дар бораи беҳбудии ман ғам мехӯранд, барои истодагарӣ кардан ба ман ёрӣ медиҳад».

Изабела, ки аз депрессия азоб мекашад, нақл мекунад: «Дар ҷамъомад, ман бисёр “падарон” ва “модарон” дорам, ки онҳо маро гӯш мекунанд ва мекӯшанд, ки маро фаҳманд. Ҷамъомад оилаи ман аст — дар он ҷо ман оромӣ ва хурсандӣ ҳис мекунам».

Онҳое, ки аз душвориҳои гуногун азоб мекашанд, аз дигарон канораҷӯӣ намекунанд. Баръакс, онҳо ҳамроҳи ҷамъомад буданро қадр мекунанд (Мас. 18:1). Ҳамин тавр онҳо барои дигарон сарчашмаи хуби рӯҳбаландӣ мегарданд. Шумо шояд дар аввал аз бародарону хоҳарон шарм дошта ба чӣ ниёз доштанатонро нагӯед. Лекин ҳамимонон ошкоро сухан гуфтани шуморо қадр хоҳанд кард. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки дар «бародардӯстии бериё» фарохдил шаванд (1 Пет. 1:22). Пас, хуб мебуд, то онҳоро хабардор созед, ки барои ба ҷамъомад рафтан шумо ба ёрии касе мӯҳтоҷед, бо онҳо хизмат кардан мехостед ё мехоҳед, ки бо онҳо самимона сӯҳбат кунед. Албатта, мо набояд серталаб бошем, балки барои кӯмаки онҳо миннатдор бошем.

Рӯҳияи мусбӣ дошта бошед. Барои ба бемории кӯҳна тоб овардан ва ҳамзамон хурсандиро аз даст надодан, бисёр чиз аз худи шумо вобаста аст. Зиққӣ ва ҳисси ғамгинӣ ба фикрҳои манфӣ оварда мерасонад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Рӯҳи одам бемории ӯро мебардорад, вале рӯҳ агар афсурда бошад, кист, ки тавонад онро бардорад?» (Мас. 18:14).

Магдалена қайд мекунад: «Ман ҳаракат мекунам, ки диққатамро ба душвориҳоям равона накунам. Вақтҳое, ки ман худро беҳтар ҳис мекунам, ман мекӯшам, ки аз он рӯзҳо ҳаловат барам. Хондани тарҷумаи ҳоли онҳое, ки ба бемориҳои кӯҳна нигоҳ накарда содиқ монданд, маро рӯҳбаланд мекунад». Изабеларо фикри он қувват мебахшад, ки Яҳува ӯро дӯст медорад ва қадр мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман медонам, ки Яҳува кӯшишҳоямро дар хизмат қадр мекунад ва аз ин ҳаётам пурмаъно мегардад. Ман ҳамчунин ба ояндаи дурахшон умед дорам».

Збигнев мегӯяд: «Дар бемориам ман фурӯтан ва итоаткор буданро ёд гирифтам. Беморӣ ба ман ёд дод, ки фаҳмиш ва боандешагӣ зоҳир намоям ва ҳамчунин дигаронро аз таҳти дил бахшам. Ман ба ҷои худхоҳ будан, аз хизмати Яҳува хурсандӣ гирифтанро омӯхтам. Аз ин бармеояд, ки бемориам маро ба рӯҳан афзоиш кардан барангехт».

Дар хотир доред, ки Яҳува ба истодагарии шумо бодиққат аҳамият медиҳад. Ӯ дар азобҳоятон ба шумо дилсӯзӣ мекунад ва нисбататон ғамхорӣ менамояд. Худо «кори шуморо ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ» зоҳир мекунед, фаромӯш намесозад (Ибр. 6:10). Фаромӯш накунед, ки Ӯ ба ҳамаи тарсгорони худ чунин ваъда додааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт» (Ибр. 13:5).

Агар ҳолате, ки шумо доред, шуморо баъзан рӯҳафтода кунад, диққататонро ба умеди олиҷаноби зиндагӣ дар дунёи нав равона созед. Он рӯз босуръат наздик шуда истодааст, ки дар он шумо бо чашмони худ дар рӯи замин баракатҳои Салтанати Худоро хоҳед дид!

[Чорчӯба/Tасвир дар саҳифаи 20]

Онҳо ба бемориҳои кӯҳна нигоҳ накарда мавъизаро давом медиҳанд

«Ман худам дигар роҳ гашта наметавонам, аз ин рӯ занам ё дигар бародарону хоҳарон маро дар хизмат ҳамроҳӣ мекунанд. Ман пешниҳодот ва оятҳои Китоби Муқаддасро аз ёд мекунам»,— Ежи, ки қобилияти биноияш суст шудааст.

«Ғайр аз тавассути телефон мавъиза кардан ман боз нома менависам ва бо якчанд рағбатдорон бо воситаи мактуб мунтазам муошират мекунем. Ҳангоми дар беморхона будан, ман доим назди катам Китоби Муқаддас ва адабиётҳо мегузорам. Ин ба сар кардани бисёр сӯҳбатҳои хуб ба ман кӯмак мекунад»,— Магдалена, ки ба бемории «системная красная волчанка» гирифтор аст.

«Ба ман хона ба хона мавъиза кардан маъқул аст, аммо вақте ки қувватам ба ин намерасад, ман ба воситаи телефон шаҳодат медиҳам»,— Изабела, ки аз депрессияи кӯҳна азоб мекашад.

«Ба ман боздид кардан ва дар гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас ёрӣ додан, маъқул аст. Дар рӯзҳое, ки ман худро беҳтар ҳис мекунам, ба ман хона ба хона мавъиза кардан маъқул аст»,— Барбара, ки варами мағзи сар дорад.

«Ман танҳо сумкаи сабуки маҷалладорро мебардорам. Ман ҳамон қадар мегардам, ки буғумҳои дардманди ман имконият медиҳанд»,— Збигнев, ки гирифтори артрити ревматоидӣ аст.

[Tасвир дар саҳифаи 22]

Ҷавонон ва калонсолон метавонанд сарчашмаи рӯҳбаландӣ бошанд