Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё ӯ барои шумо намунаи хуб ё намунаи огоҳкунанда аст?

Оё ӯ барои шумо намунаи хуб ё намунаи огоҳкунанда аст?

Оё ӯ барои шумо намунаи хуб ё намунаи огоҳкунанда аст?

«Худои Яъқуб... тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем» (ИШ. 2:3).

1, 2. Аз намунаҳои Китоби Муқаддас чӣ манфиат гирифта метавонед?

ШУМО бешубҳа боварӣ доред, ки он чизе ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст ба фоидаи шумо мебошад. Дар он шумо оиди намунаҳои мардон ва занони содиқе мехонед, ки ба онҳо пайравӣ кардан мехoҳед (Ибр. 11:32–34). Шумо ҳамчунин дар бораи тарзи фикрронӣ ва рафтори мардону заноне мехонед, ки ба намунаи онҳо набояд пайравӣ кард. Намунаи онҳо барои шумо намунаи огоҳкунанда мебошад.

2 Дар ҳақиқат, дар Китоби Муқаддас мисоли баъзе одамоне оварда шудааст, ки онҳо барои мо, ҳам намунаи хуб ва ҳам намунаи огоҳкунанда мебошанд. Дар бораи Довуд, ки чӯпони фурӯтан ва шоҳи пурқудрат буд, фикр кунед. Намунаи хуби ӯ дар он буд, ки вай ҳақиқатро дӯст медошт ва ба Яҳува таваккал мекард. Лекин Довуд гуноҳҳои ҷиддӣ содир кард, масалан, бо Батшобаъ зино кард, сабаби марги Уриё шуд ва инчунин бехирадона халқро саршуморӣ намуд. Дар ин мақола бошад, мо ба намунаи писараш Сулаймон, ки подшоҳ ва ҳамчунин нависандаи Китоби Муқаддас буд, таваҷҷӯҳ мекунем. Мо аввал ду мавридеро дида мебароем, ки ӯ намунаи хуб нишон дод.

«Ҳикмати Сулаймон»

3. Чаро мо гуфта метавонем, ки Сулаймон барои мо намунаи хуб гузоштааст?

3 Сулаймони Бузургтар, Исои Масеҳ, дар бораи шоҳ Сулаймон сухан ронда, ба ӯ чун ба намунаи хуб ишора кард, то аз ӯ ибрат гирем. Исо ба баъзе яҳудиёне, ки дудила буданд, чунин гуфт: «Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст» (Мат. 12:42). Бале, Сулаймон ба туфайли хирадаш машҳур буд ва барои ба даст овардани он моро ташвиқ кард.

4, 5. Дар мавриди ба даст овардани хирад байни Сулаймон ва мо чӣ фарқияте ҳаст?

4 Дар аввали ҳукмронии Сулаймон, Худо ба ӯ дар хоб зоҳир гардида аз ӯ пурсид, ки ҳар чизе ки мехоҳад, талаб кунад. Сулаймон хирад пурсид, зеро медонист, ки таҷрибаи кам дорад. (3 Подшоҳон 3:5–9-ро бихонед.) Ба Худо писанд омад, ки шоҳ аз Ӯ хирад пурсид. Барои ҳамин, Худо на танҳо ба ӯ «дили пурҳикмат ва бохирад», ҳамчунин он чизҳое ки ӯ напурсида буд, яъне сарват ва ҷалолро низ ато намуд (3 Подш. 3:10–14). Чӣ тавре ки Исо қайд кард, хиради Сулаймон то андозае бузург буд, ки маликаи Сабо инро шунида, барои боварӣ ҳосил кардан роҳи хеле дурро тай намуд (3 Подш. 10:1, 4–9).

5 Худо ба Сулаймон ба таври мӯъҷизавӣ хирадро ато кард, аммо имрӯз мо бо чунин роҳ хирад ба даст оварда наметавонем. Сулаймон гуфт, ки «Худованд ҳикмат мебахшад», аммо ӯ навишт, ки барои ба даст овардани ин хислати илоҳӣ бояд кӯшиш кунем: «Гӯши худро ба шунидани ҳикмат роғиб ва дили худро ба хирад моил гардон». Ӯ ибораҳои «даъват намоӣ», «орзу кунӣ» ва «ҷустуҷӯ намоӣ»-ро дар мавриди ба даст овардани хирад истифода бурд (Мас. 2:1–6). Бешубҳа, мо хирадро ба даст оварда метавонем.

6. Чӣ тавр мо ба намунаи хуби Сулаймон пайравӣ карда метавонем?

6 Хуб мебуд, ки аз худ бипурсед: «Оё ман барои ба даст овардани хиради илоҳӣ аз намунаи Сулаймон ибрат мегирам?» Бисёр одамон аз сабаби душвориҳои иқтисодӣ бисёртар дар бораи кор ва пул фикр мекунанд. Ҳамчунин аз сабаби ин душвориҳо онҳо оиди гирифтани маълумоти олӣ фикр мекунанд. Дар бораи шумо ва оилаатон чӣ гуфтан мумкин аст? Оё интихоби шумо нишон медиҳад, ки хиради Худоро қадр менамоед ва онро ҷустуҷӯ мекунед? Оё ба шумо лозим аст, ки тарзи фикррониатонро оиди пул ва гирифтани маълумоти олӣ дигар кунед, то ки хиради бештарро ба даст оред? Дар ҳақиқат, ба даст овардан ва ба кор бурдани хирад ба шумо манфиати доимӣ меоварад. Сулаймон навишт: «Он гоҳ адолат ва инсоф ва ҳаққонияти ҳар тариқи некро хоҳӣ фаҳмид» (Мас. 2:9).

Дар ҷои аввал гузоштани ибодати ҳақиқӣ сулҳу осоиштагӣ овард

7. Чӣ тавр маъбади боҳашамат барои Худо сохта шуда буд?

7 Сулаймон дар аввали подшоҳиаш барои иваз кардани хаймае, ки аз замони Мусо истифода мешуд, ба сохтмони маъбади боҳашамат шурӯъ намуд (3 Подш. 6:1). Ҳарчанд мо онро маъбади Сулаймон меномем, лекин ӯ онро бо мақсади ҷалол ёфтани номи худ насохта буд. Сохтани маъбадро ӯ ҳатто пешниҳод ҳам накарда буд. Дар асл сохтани маъбадро Довуд аввалин шуда ба нақша гирифт. Худо ба ӯ барои сохтани маъбад ва ашёҳои дохили он нақшаи муфассал дод. Довуд барои сохтани маъбад маблағи калонро хайрия кард (2 Подш. 7:2, 12, 13; 1 Вақ. 22:14–16). Аммо сохтани маъбад бошад, ба ӯҳдаи Сулаймон буд, ки ӯ сохтмонро дар муддати ҳафтуним сол ба анҷом расонд (3 Подш. 6:37, 38; 7:51).

8, 9. а) Аз он ки Сулаймон кори хубро боисрор иҷро мекард, ба мо кадом намунаи нағз гузошт? б) Бо он ки Сулаймон ибодати ҳақиқиро дар ҷои аввал гузошт, чӣ натиҷа овард?

8 Аз он ки Сулаймон кори хубро боисрор иҷро мекард ва чизҳои муҳимро дар ҷои аввал мемонд, ба мо намунаи хуб гузошт. Вақте ки сохтмони маъбад ба охир расид ва сандуқи аҳдро ба он ҷо гузоштанд, Сулаймон дар пеши ҳама дуо гуфт. Дар дуояш ӯ ба Яҳува гуфт: «[Бигзор] чашмони Ту бар ин хона, бар ин маконе ки дар бораи он гуфтаӣ: “Исми Ман дар он ҷо хоҳад буд”, шабу рӯз воз бошад ва Ту дуоеро, ки бандаат дар ин макон мегӯяд, бишнавӣ» (3 Подш. 8:6, 29). Исроилиён ва дигарон дар маконе, ки барои ҷалол додани номи Худо сохта шуда буд, дуо гуфта метавонистанд (3 Подш. 8:30, 41–43, 60).

Вақте ки Сулаймон ибодати ҳақиқиро дар ҷои аввал гузошт, он чӣ натиҷа овард? Баъд аз маросими ботантанаи маъбад, мардум «аз тамоми некие ки Худованд барои бандаи Худ Довуд ва қавми Худ Исроил карда буд, хурсанд ва дилшод гардида, ба хаймаҳои худ рафтанд» (3 Подш. 8:65, 66). Дар давоми 40 соли подшоҳии Сулаймон одамон дар фаровонӣ ва сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекарданд. (3 Подшоҳон 4:20, 21, 25–ро бихонед.) Забур 71 дар ин бора ба мо нақл мекунад ва кӯмак мерасонад, то мо хубтар дарк кунем, ки зери роҳбарии Сулаймони Бузургтар, Исои Масеҳ, чӣ баракатҳо хоҳем дошт (Заб. 71: 6–8, 16).

Намунаи огоҳкунандаи Сулаймон

10. Сулаймон ба кадом хатогии ҷиддӣ роҳ дод?

10 Чаро мо гуфта метавонем, ки тарзи ҳаёти Сулаймон барои мо ҳамчунин намунаи огоҳкунанда аст? Шумо шояд пеш аз ҳама дар бораи занони аҷнабӣ ва суриягонаш фикр кунед. Мо мехонем: «Дар вақти пирии Сулаймон чунин воқеъ шуд, ки занонаш дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд ва дили ӯ, мисли дили падараш Довуд, ба Худованд Худояш амин набуд» (3 Подш. 11:1–6). Бешубҳа, шумо ҳеҷ гоҳ ба рафтори беақлонаи ӯ пайравӣ карданӣ нестед. Лекин оё аз ҳаёти Сулаймон ин фақат як намунаи огоҳкунанда барои мо мебошад? Ҳоло бошад, баъзе мавридҳои тарзи ҳаёти ӯро, ки шояд ба он диққат надодаем, муҳокима мекунем ва мебинем, ки боз чӣ барои мо огоҳӣ буда метавонад.

11. Аз издивоҷи аввалини Сулаймон мо ба чӣ хулоса омада метавонем?

11 Сулаймон 40 сол ҳукмронӣ кард (2 Вақ. 9:30). Инро ба назар гирифта, мо аз 3 Подшоҳон 14:21 ба чӣ хулоса омада метавонем? (Бихонед.) Мувофиқи ин оят, вақте ки Сулаймон мурд, писараш Раҳабъом дар синни 41 солагиаш подшоҳ шуд, номи модари ӯ «Наамои аммӯнӣ» буд. Ин маънои онро дорад, ки Сулаймон пеш аз подшоҳ шуданаш аз дигар халқияти бутпараст, ки душмани исроилиён буданд, ба худ зан гирифта буд (Дов. 10:6; 2 Подш. 10:6). Мо гуфта наметавонем, ки занаш бутпарастии худро давом дод ё мисли Роҳоб ва Рут Худои ҳақиқиро ибодат мекардагӣ шуд (Рут 1:16; 4:13–17; Мат. 1:5, 6). Ба ҳар ҳол, Сулаймон бо хешовандони занаш, ки ба Яҳува хизмат намекарданд, эҳтимол хешу табор шуд.

12, 13. Дар аввали ҳукмрониаш Сулаймон ба кадом хатои ҷиддӣ роҳ дод ва шояд чиро баҳона мекард?

12 Вазъияти Сулаймон баъд аз подшоҳ шуданаш боз ҳам бадтар шуд. «Сулаймон ба фиръавн, подшоҳи Миср, домод шуд ва духтари фиръавнро гирифта, ба шаҳри Довуд овард» (3 Подш. 3:1). Оё ин зани мисрӣ дар ибодати ҳақиқӣ ба Рут пайравӣ кард? Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Баръакс, дар он гуфта мешавад, ки Сулаймон барои занаш ва шояд барои канизакони мисрӣ берун аз шаҳри Довуд хонае сохт. Чаро? Дар Навиштаҳо гуфта мешавад, ки Сулаймон аз он сабаб чунин кард, зеро дар он ҷое ки сандуқи аҳд қарор дошт, бутпарастон набояд зиндагӣ мекарданд (2 Вақ. 8:11).

13 Сулаймон шояд фикр мекард, ки барои мустаҳкам кардани дӯстии байни Исроил ва Миср, издивоҷи вай бо маликаи Миср фоида меорад. Оё ин баҳона шуда метавонист? Хеле пеш аз ин, Худо ба халқаш амр дода буд, ки бо канъониёни бутпараст издивоҷ накунанд. Ӯ ҳатто халқҳоеро номбар кард, ки исроилиён бо онҳо бояд хонадор намешуданд (Хур. 34:11–16). Оё Сулаймон чунин фикр мекард, ки азбасаки Миср дар рӯйхати номбаршудаи халқҳо набуд, ӯ аз он ҷо зан гирифта метавонад? Ҳатто агар Сулаймон чунин фикр карда бошад ҳам, оё ин тарзи фикррониаш ба Худо маъқул буд? Сулаймон ба гуфтаҳои Яҳува оиди хатари бо дигар халқҳо издивоҷ кардан беэътиноӣ кард. Онҳое ки ба Яҳува ибодат намекарданд, метавонистанд исроилиёнро ба ибодати дурӯғ барангезанд. (Такрори Шариат 7:1–4-ро бихонед.)

14. Чӣ тавр аз намунаи огоҳкунандаи Сулаймон манфиат гирифта метавонем?

14 Оё намунаи Сулаймон барои мо намунаи огоҳкунанда мебошад? Хоҳаре шояд ба фармони «фақат дар Худованд» бояд издивоҷ кард, беэътиноӣ карда, худро сафед карданӣ шавад (1 Қӯр. 7:39). Ё мо шояд дар дигар мавридҳо барои итоат накардан баҳона ҷӯем. Масалан, чунин шуда метавонад, ки шахс барои дар варзиш ё дарсҳои иловагии мактаб иштирок кардан, ҳарчанд ин аз ӯ талаб карда намешавад, худро сафед мекунад. Ё касе шояд барои пурра насупоридани андоз баҳона ҷӯяд, ё шахсе шояд аз баъзе корҳояш хиҷолат кашида, ҳақиқатро пинҳон мекунад. Хулоса, Сулаймон барои ба қонунҳои Худо итоат накардан, аз афташ худро сафед мекард ва бо мо низ чунин шуда метавонад.

15. Яҳува ба Сулаймон чӣ тавр раҳм зоҳир кард, аммо мо оиди ин чиро бояд дар хотир нигоҳ дорем?

15 Шоёни диққат аст, ки ҳатто нигоҳ накарда ба он ки Сулаймон аллакай маликаи аҷнабиро ба занӣ гирифта буд, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо ба ӯ хирадеро, ки талабид ато кард ва ҳамчунин боигарӣ низ дод (3 Подш. 3:10–13). Гарчанд Сулаймон дастуроти Худоро рад намуд, аммо Худо ба вай раҳм кард. Худо даррав аз ӯ шоҳигариро нагирифт ва ӯро ҷазо надод. Зеро Худо медонад, ки мо одамони нокомил ҳастем ва аз хок сохта шудаем (Заб. 102:10, 13, 14). Аммо дар ёд доред, ки натиҷаи рафторамон метавонад имрӯз ё шояд дар оянда ба ҳаётамон таъсир расонад.

Ин қадар занони бисёр!

16. Бо гирифтани занони бисёр Сулаймон чиро рад кард?

16 Дар Суруди Сурудҳо, шоҳ Сулаймон дар бораи духтаре месарояд, ки вай аз 60 маликаҳо ва 80 сурриягон хушрӯйтар буд (Сур. С. 6:1, 8–10). Агар дар ин ҷо сухан дар бораи Сулаймон равад, дар ин маврид ӯ аллакай занони бисёр дошт. Ҳатто агар аксарият ё ҳамаи занонаш Худои ҳақиқиро ибодат мекарданд, ба ҳар ҳол Сулаймон фармони Худоро рад кард. Зеро Худо ба воситаи Мусо фармуда буд, ки подшоҳи Исроил «занонро барои худ афзун нанамояд, то ки дилаш фосид нашавад» (Такр. Ш. 17:17). Аммо ин дафъа ҳам, Яҳува аз Сулаймон рӯй нагардонд. Дар асл Худо Сулаймонро мисли пештара баракат дод ва ӯро дар навиштани китоби Суруди Сурудҳо, ки қисми Китоби Муқаддас аст, истифода бурд.

17. Кадом ҳақиқатро мо бояд дар хотир дошта бошем?

17 Бо он ки Сулаймон дастуроти Худоро рад кард ва ҷазо надид, оё ин маънои онро дорад, ки мо низ чунин карда метавонем? Не. Ин танҳо нишон медиҳад, ки Худо хеле пуртоқат аст. Чунин шуда метавонад, ки онҳое ки аҳкомҳои Худоро рад мекунанд, шояд аз оқибати он даррав азоб накашанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо дар оянда бо оқибати бад рӯ ба рӯ намешаванд. Дар хотир доред, ки Сулаймон чӣ гуфт: «Азбаски фатво [ҳукм] оид ба амали бад ба зудӣ иҷро намешавад, бинобар ин дили бани–одам барои бадкории онҳо пур аз ҷуръат мегардад». Ӯ давом дод: «Ман медонам, ки дар оқибат некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд, ки онҳо ба ростӣ аз Ӯ метарсанд» (Воиз 8:11, 12).

18. Чӣ тавр мисоли Сулаймон нишон медиҳад, ки суханони дар Ғалотиён 6:7 омада ҳаққанд?

18 Афсӯс, ки Сулаймон ба ин суханони зери илҳоми илоҳӣ навишташуда беэътиноӣ кард. Бояд гуфт, ки ӯ бисёр корҳои хуб кард ва аз баракатҳои Яҳува солҳои зиёд баҳра бурд. Аммо бо гузашти вақт, ӯ ба хатогиҳо роҳ додан гирифт. Ба аҳкоми Яҳува итоат накардан ба ӯ одат шуд. То чӣ андоза ҳаққанд суханони Павлуси ҳавворӣ, ки зери илҳоми илоҳӣ навиштааст: «Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро тамасхур кунанд. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид» (Ғал. 6:7). Сулаймон баъдтар, дар натиҷаи рад кардани дастуроти Худо оқибати талхро чашид. Мо мехонем: «Подшоҳ Сулаймон, ғайр аз духтари фиръавн, бисёр занони аҷнабиро аз мӯобиён, аммӯниён, адӯмиён, сидӯниён, ҳиттиён дӯст медошт» (3 Подш. 11:1). Эҳтимол бисёре аз занҳояш ибодати дурӯғро тамоман тарк накарданд ва ин ба Сулаймон таъсир расонд. Ӯ аз Худо дур шуда, гумроҳ гашт ва илтифоти Худои пурсабрамонро аз даст дод. (3 Подшоҳон 11:4–8-ро бихонед.)

Аз намунаи хуб ва бади ӯ дарс гиред

19. Китоби Муқаддас кадом намунаҳои хубро дар бар дорад?

19 Яҳува Павлусро илҳом бахшид, ки чунин нависад: «Ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем» (Рум. 15:4). Ин суханон намунаи хуби занон ва мардони бисёрро, ки имони барҷаста доранд, дар бар мегиранд. Павлус чунин гуфт: «Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям, ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд... ...аз заъф боқувват шуданд» (Ибр. 11:32–34). Мо метавонем ва бояд аз намунаҳои хуби Китоби Муқаддас манфиат гирем ва ба онҳо пайравӣ кунем.

20, 21. Чаро шумо мехоҳед, ки минбаъд низ аз намунаҳои огоҳкунандаи Каломи Худо дарс гиред?

20 Аммо баъзе намунаҳои Китоби Муқаддас барои мо огоҳкунанда мебошанд. Баъзеи онҳо мардон ва заноне буданд, ки як замоне ба Яҳува хизмат мекарданд ва ба Ӯ писанд буданд. Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас мо мебинем, ки чӣ гуна онҳо ба хатогӣ роҳ доданд ва ин барои мо дарс мешавад, ки хатогии онҳоро такрор накунем. Мо аз намунаҳои онҳо мефаҳмем, ки дар баъзеяшон майли нодуруст оҳиста–оҳиста инкишоф ёфт, ки оқибаташ бо бадӣ анҷомид. Барои аз ин намунаҳо дарс гирифтан, мо ба худ саволҳои зеринро дода метавонем: «Чӣ тавр ин шахс чизҳои бадро фикр мекардагӣ шуд? Оё бо ман низ чунин шуда метавонад? Чӣ тавр ин намуна ба ман кӯмак мерасонад, ки ба ин хатогӣ роҳ надиҳам?»

21 Мо барои бодиққат дида баромадани ин намунаҳо сабабҳои хуб дорем. Павлус гуфт: «Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст» (1 Қӯр. 10:11).

Шумо чӣ омӯхтед?

• Чаро дар Китоби Муқаддас шумо, ҳам намунаи хуб ва ҳам намунаи огоҳкунандаро ёфта метавонед?

• Чаро Сулаймон ба хатогиҳо роҳ додан гирифт?

• Чӣ тавр шумо аз намунаи огоҳкунандаи Сулаймон дарс гирифта метавонед?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 7]

Сулаймон хиради худододашро ба кор мебурд

[Tасвир дар саҳифаи 10]

Оё шумо аз намунаи огоҳкунандаи Сулаймон дарс мегиред?