Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ходимони содиқи пешинро рӯҳулқудси Худо ҳидоят мекард

Ходимони содиқи пешинро рӯҳулқудси Худо ҳидоят мекард

Ходимони содиқи пешинро рӯҳулқудси Худо ҳидоят мекард

«Худованд Худо Маро фиристодааст ва Рӯҳи Ӯ бар Ман аст» (ИШ. 48:16).

1, 2. Барои зоҳир намудани имон чӣ лозим аст ва вақте ки оиди ходимони содиқи пешин мефаҳмем, чӣ рӯҳбаландӣ мегирем?

ГАРЧАНД аз замони Ҳобил сар карда бисёриҳо имон зоҳир мекунанд, лекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «на ҳар кас имон дорад» (2 Тас. 3:2). Пас, чаро баъзе одамон имон доранд ва барои содиқ мондан чӣ ба онҳо кӯмак мерасонад? Имон аз шунидани Каломи Худо пайдо мешавад (Рум. 10:17). Имон яке аз хусусияти самари рӯҳулқудси Худо аст (Ғал. 5:22, 23). Аз ин рӯ, барои изҳор кардан ва дар амал нишон додани имон мо ба рӯҳулқудс ниёз дорем.

2 Одамон бо имон таваллуд намешаванд. Ходимони намунавие, ки дар бораашон аз Китоби Муқаддас мехонем «монанди мо» буданд (Яъқ. 5:17). Дар онҳо ҳисси нобоварӣ, тарс ва сустӣ дида мешуд, лекин ҳангоми бо душвориҳо дучор гаштан, онҳо тавассути рӯҳулқудси Худо «боқувват шуданд» (Ибр. 11:34). Дида баромадани он ки чӣ тавр рӯҳулқудс дар онҳо амал мекард, моро имрӯз бармеангезад, ки хизматамонро ба Яҳува содиқона давом диҳем. Махсусан дар замони мо, ки бисёр чизҳо имони моро суст гардонда метавонанд, чунин рӯҳбаландӣ хеле муҳим аст.

Рӯҳулқудс ба Мусо қувват бахшид

3–5. а) Мо аз куҷо медонем, ки Мусо вазифаҳояшро бо кӯмаки рӯҳулқудс иҷро мекард? б) Аз намунаи Мусо дар бораи он ки Яҳува рӯҳулқудсашро медиҳад, мо чӣ меомӯзем?

3 Мусо аз ҳамаи одамоне, ки дар соли 1513-и то эраи мо зиндагӣ мекарданд, «бағоят фурӯтан буд» (Ад. 12:3). Яҳува ба ӯ масъулияти бузург дод, то халқи Исроилро роҳбарӣ кунад. Рӯҳулқудси Худо ба Мусо барои пешгӯиву доварӣ кардан, навиштан, роҳбарӣ намудан ва мӯъҷиза кардан қувват бахшид. (Ишаъё 63:11–14-ро бихонед.) Вале Мусо боре шикоят кард, ки барои ӯ халқро роҳбарӣ кардан хеле душвор аст (Ад. 11:14, 15). Барои ҳамин, Яҳува аз «Рӯҳе ки» бар Мусо буд, гирифта ба 70 мардони дигар низ дод, то онҳо ба ӯ ёрдам диҳанд (Ад. 11:16, 17). Гарчанд дар назари Мусо ин вазифааш хеле гарон метофт, вале дар асл ин вазифаро, ҳам ӯ ва ҳам 70 мардон, танҳо бо қувваи худашон иҷро намекарданд.

4 Яҳува ба Мусо барои иҷро кардани супориш ба таври кофӣ рӯҳулқудс дод. Баъд аз он ки Яҳува ба 70 мардон рӯҳулқудс дод, Мусо ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ рӯҳулқудс дошт. Мусо аз рӯҳулқудс камӣ надошт ва 70 мардони дигар низ аз ҳад зиёд рӯҳулқудс надоштанд. Чӣ қадаре ки ба мо рӯҳулқудс даркор аст, Яҳува мувофиқи шароитамон онро ба мо медиҳад. «Худо Рӯҳро бамизон [бамеъёр] ато намекунад», балки бо пуррагӣ ато мекунад (Юҳ. 1:16; 3:34).

5 Оё шумо дар озмоишҳо қарор доред? Оё масъулиятҳои шумо бисёр шуда истодаанд ва он вақти зиёди шуморо мегирад? Оё шумо нигоҳ накарда ба баланд шудани нарху наво ё бад шудани саломатиатон кӯшиш карда истодаед, ки оилаатонро бо хӯрок, ҷои зист ва таълимоти илоҳӣ таъмин кунед? Ё шояд шумо дар ҷамъомад масъулиятҳои ҷиддиро ба ӯҳда доред? Боварӣ дошта бошед, ки Худо ба воситаи рӯҳулқудсаш метавонад ба шумо мувофиқи вазъиятатон қуввати лозима бахшад, то ки ба душворӣ тоб оварда тавонед (Рум. 15:13).

Рӯҳулқудси Худо ба Басалъил қобилият бахшид

6–8. а) Рӯҳулқудси Худо ба Басалъил ва Оҳолиоб барои иҷрои кадом кор кӯмак расонд? б) Чӣ нишон медиҳад, ки Басалъил ва Оҳолиобро рӯҳи Худо ҳидоят кард? в) Чаро мисоли Басалъил махсусан рӯҳбаландкунанда аст?

6 Мисоли ҳамзамони Мусо, Басалъил дар бораи он ки рӯҳулқудс чӣ тавр амал карда метавонад бисёр чизро кушод. (Хуруҷ 35:30–35-ро бихонед.) Басалъил барои сохтани ашёҳои лозимаи хаймаи Худо таъин шуда буд. Оё ӯ пештар чӣ тавр иҷро кардани чунин кори бузургро медонист? Шояд медонист, лекин эҳтимолияти калон аст, ки ӯ пеш дар Миср бо хиштрезӣ машғул буд (Хур. 1:13, 14). Пас, Басалъил аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи душвор чӣ тавр мебаромад? Яҳува «ӯро аз Рӯҳи Худо, аз ҳикмат ва фаҳм ва дониш ва ҳар ҳунар пур кардааст, то ки санъатҳоро омӯхта... ...ҳар кори нафисро ба ҷо оварад». Шояд Басалъил шахси қобилиятнок буд, лекин бо кӯмаки рӯҳулқудс қобилияташ боз ҳам беҳтар гашт. Дар бораи Оҳолиоб низ чунин гуфтан дуруст мебуд. Басалъил ва Оҳолиоб бояд корашонро хуб меомӯхтанд, зеро онҳо на танҳо кори худро хуб иҷро мекарданд, ҳамчунин ба дигарон низ ёд медоданд. Бале, Худо дар дили онҳо қобилияти таълимдиҳиро андохт.

7 Мо ҳамчунин медонем, ки рӯҳулқудс Басалъил ва Оҳолиобро ҳидоят мекард, зеро корашон хеле сифатнок буд. Маҳсули кори онҳо тақрибан 500 сол пас низ истифода мешуд (2 Вақ. 1:2–6). Аксарияти истеҳсолкунандагони имрӯза мехоҳанд, ки дигарон барои чизи истеҳсолкардаашон онҳоро ҷалол диҳанд. Аммо Басалъил ва Оҳолиоб бошад, чунин ният надоштанд. Баръакс, онҳо мехостанд, ки тамоми ҷалолу шараф ба Яҳува дода шавад (Хур. 36:1, 2).

8 Шояд имрӯз мо бояд кореро кунем, ки қобилиятҳои махсусро талаб мекунад, масалан: корҳои сохтмонӣ, чоп кардани адабиёт, ташкил кардани анҷуманҳо, кӯмак ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва фаҳмондани нуқтаи назари Китоби Муқаддас оиди хун ба духтурон ва коркунони беморхонаҳо. Баъзан ин корҳоро шахсони қобилиятнок иҷро мекунанд, аммо бисёр вақт ин аз тарафи ихтиёриёне, ки ягон қобилияти махсус надоранд, иҷро карда мешавад. Рӯҳи Худо барои хуб иҷро кардани кор ба онҳо кӯмак мерасонад. Шумо шояд фикр кунед, ки дигарон назар ба шумо корро нағзтар иҷро мекунанд, оё ин сабаб шуда метавонад, ки шумо аз иҷрои супориши Яҳува даст кашед? Дар ёд доред, ки рӯҳулқудси Яҳува метавонад дониш ва қобилияти шуморо зиёдтар гардонад ва барои иҷро намудани ҳар супорише, ки Худо ба шумо медиҳад, кӯмак расонад.

Еҳушаъ бо кӯмаки рӯҳулқудс муваффақ гашт

9. Баъди баромадан аз Миср исроилиён бо кадом вазъияти нав дучор шуданд ва кадом савол ба миён омад?

9 Рӯҳулқудс ҳамчунин боз як шахсеро ҳидоят мекард, ки вай ҳамзамони Мусо ва Басалъил буд. Дере нагузашта, баъди баромадан аз Миср, амолеқиён ба халқи Худо ногаҳон ҳуҷум карданд. Исроилиён таҷрибаи ҷангкунӣ надоштанд. Акнун онҳо бори аввал бояд чун халқи озод меҷангиданд (Хур. 13:17; 17:8). Барои ҳамин, шахсе даркор буд, ки онҳоро дар ин кор роҳбарӣ кунад. Ин шахс кӣ буд?

10. Чаро Еҳушаъ ва исроилиён дар ҷанг ғалаба ба даст оварданд?

10 Яҳува Еҳушаъро интихоб кард. Аммо оё кори пештараи Еҳушаъ ба ӯ кӯмак мекард, ки вазифаи сарлашкариро иҷро кунад? Еҳушаъ дар бораи ҷанг чиро медонист? Охир ӯ ғуломе буд, ки хишт мерехт ва дар биёбон барои хӯроки ҳаррӯзааш манн ҷамъ мекард. Дуруст аст, ки бобои Еҳушаъ, Элишомоъ, пешвои сибти Эфроим буд, ки 108 100 лашкарро роҳбарӣ мекард (Ад. 2:18, 24; 1 Вақ. 7:26, 27). Лекин Яҳува ба Мусо нагуфт, ки худи Элишомоъ ё писараш Нунро интихоб кунад, балки гуфт, ки Еҳушаъ бояд лашкарро роҳбарӣ намояд ва душманро нест кунад. Ҷанг қариб як рӯз давом кард. Азбаски Еҳушаъ ба Худо итоат кард ва ҳидояти рӯҳулқудсро қабул намуд, исроилиён ғалаба ба даст оварданд (Хур. 17:9–13).

11. Чӣ тавр мисли Еҳушаъ мо аз ӯҳдаи хизмати муқаддасамон баромада метавонем?

11 Еҳушаъ, ки «аз рӯҳи ҳикмат пур» шуда буд, баъдтар ба ҷои Мусо интихоб шуд (Такр. Ш. 34:9). Рӯҳулқудси Худо ба Еҳушаъ мисли Мусо қобилияти пешгӯӣ ва мӯъҷиза карданро надода буд, лекин рӯҳулқудс ба ӯ қобилият бахшид то лашкарони Исроилро сардорӣ кунад ва ва заб замини Канъонро забт намояд. Имрӯз мо шояд барои иҷро кардани баъзе ҷиҳатҳои хизмати муқаддасамон худро камтаҷриба ва камқобилият ҳис кунем. Лекин агар мо пурра аз рӯи дастуроти Худо амал кунем, мисли Еҳушаъ аз ӯҳдаи супоришҳоямон баромада метавонем (Еҳ. 1:7–9).

«Рӯҳи Худованд Ҷидъӯнро фаро гирифт»

12–14. а) Мо аз 300 мардони исроилӣ, ки дар ҷанги Мидён ғалаба ба даст оварданд, ба худ чӣ дарс мегирем? б) Яҳува Ҷидъӯнро чӣ тавр бовар кунонд? в) Имрӯз мо аз ҷониби Худо кадом кӯмакро интизор шуда метавонем?

12 Баъд аз марги Еҳушаъ Яҳува минбаъд низ рӯҳулқудсашро истифода бурда, ходимони содиқашро қувват мебахшид. Китоби Доварон аз намунаҳои одамоне, ки «аз заъф боқувват шуданд», пур аст (Ибр. 11:34). Масалан, ба воситаи рӯҳулқудс Худо Ҷидъӯнро барангехт, ки ба манфиати халқаш ҷанг кунад (Дов. 6:34). Лашкарони Ҷидъӯн назар ба лашкарони Мидён кам буданд. Ба як аскари исроилӣ чор аскари мидёнӣ рост меомад. Лекин дар назари Яҳува ҳатто ин лашкари хурди исроилиён хеле зиёд буд. Ӯ ду бор ба Ҷидъӯн фармуд, ки шумораи аскаронашро кам кунад, то ба 1 аскари исроилӣ 450 нафар душман рост ояд (Дов. 7:2–8; 8:10). Акнун Яҳува розӣ шуд. Ҳамин тавр, агар ғалаба ба даст оварда шавад, ҳеҷ кас фахр карда намегуфт, ки ин бо қувва ё хиради одамӣ ба даст оварда шуд.

13 Ҷидъӯн ва аскаронаш қариб тайёр буданд. Агар шумо дар ҳамин гурӯҳи хурд мебудед, бо донистани он ки ҳамроҳонатон навакак аз тарсончакӣ ва бедиққатӣ ба хона гусел карда шуданд, худро чӣ гуна ҳис мекардед? Оё шумо аз он метарсидед, ки оқибат чӣ мешавад? Мо боварӣ дошта метавонем, ки Ҷидъӯн ба Яҳува таваккал мекард. Ӯ он чизеро ки Яҳува гуфт, иҷро кард! (Доварон 7:9–14-ро бихонед.) Ҷидъӯн мехост, ки Яҳува ӯро дастгирӣ кунад, аз ин рӯ нишонае талаб кард. Худо барои ин хоҳишаш вайро сарзаниш накард (Дов. 6:36–40). Баръакс, Яҳува имони Ҷидъӯнро мустаҳкам гардонд.

14 Яҳува барои наҷот додан қувваи беохир дорад. Ӯ халқи худро аз ҳар гуна вазъияти душвор озод карда метавонад, ҳатто ба воситаи онҳое ки ба назар суст ва нотавон метобанд. Баъзан мо шояд ҳис кунем, ки шумораи душманонамон аз мо зиёданд ё дар вазъияте қарор дорем, ки ноилоҷ аст. Мо интизор намешавем, ки Худо моро мисли Ҷидъӯн ба таври мӯъҷизавӣ бовар кунонад. Аммо Яҳува ба воситаи Калом ва ҷамъомад, ки тавассути рӯҳулқудс ҳидоят карда мешавад, моро роҳнамоӣ мекунад ва тасаллӣ медиҳад (Рум. 8:31, 32). Ваъдаҳои пурмуҳаббати Яҳува имонамонро мустаҳкам мегардонад ва бовар мекунонад, ки Ӯ дар ҳақиқат Мададгори мо аст!

«Рӯҳи Худованд бар Йифтоҳ буд»

15, 16. Чаро духтари Йифтоҳ намунаи хуб гузошт ва чӣ тавр ин волидонро рӯҳбаланд мекунад?

15 Мисоли дигареро дида мебароем. Вақте ки исроилиён зидди аммӯниён меҷангиданд «рӯҳи Худо бар Йифтоҳ буд». Азбаски Йифтоҳ барои ҷалол додани Яҳува ғалаба ба даст овардан мехост, ӯ қасам хӯрд, ки чизи хеле азизашро медиҳад. Йифтоҳ қасам хӯрд, ки агар Худо аммӯнниёнро ба дасташ супорад, ҳангоми ба хона баргаштанаш касе ки аввал аз дар барояд аз они Яҳува хоҳад шуд. Вақте ки Йифтоҳ ғалаба ба даст оварда ба хона баргашт, ба пешвози ӯ духтараш баромад (Дов. 11:29–31, 34). Оё барои Йифтоҳ ин ногаҳонӣ буд? Эҳтимол не, чунки вай танҳо соҳиби як фарзанд буд. Вай ба ваъдааш вафо карда, духтарашро барои хизмат дар хаймаи муқаддаси Худо, ки дар Шилӯ буд, бахшид. Духтари Йифтоҳ чун хизматгори бовафои Яҳува бечунучаро мехост, ки қасами падараш иҷро шавад. (Доварон 11:36–ро бихонед.) Рӯҳулқудси Яҳува ба ҳардуи онҳо қувваи лозимаро дод.

16 Духтари Йифтоҳ чунин рӯҳияи фидокориро дар худ чӣ тавр инкишоф дод? Бешубҳа, вақте ки вай ғаюрӣ ва садоқатмандии падарашро мушоҳида мекард, имонаш мустаҳкам гашт. Волидон, дар ёд доред, ки фарзандонатон ба намунаи шумо диққат медиҳанд. Қарорҳои шумо нишон медиҳанд, ки чизе ки шумо мегӯед ба он боварӣ доред. Кӯдаконатон дуои самимии шуморо гӯш мекунанд, ба таълимдиҳиатон диққат медиҳанд ва бо ҷидду ҷаҳд ба Яҳува аз таҳти дил хизмат кардани шуморо мушоҳида мекунанд. Ҳамаи ин эҳтимол ба онҳо кӯмак кунад, то хоҳиши сахти ба Яҳува хизмат карданро дошта бошанд. Ин ба шумо хурсандии зиёд меоварад.

Рӯҳулқудси Яҳува бар Шимшӯн нозил шуд

17. Бо кӯмаки рӯҳулқудс Шимшӯн чӣ кор кард?

17 Намунаи дигареро дида мебароем. Вақте ки исроилиён асири фалиштиён гаштанд «Рӯҳи Худованд... шурӯъ намуд», то ки Шимшӯн исроилиёнро наҷот диҳад (Дов. 13:24, 25). Худо ба Шимшӯн қувваи ғайриоддӣ ато намуд, ки ҳеҷ кас надошт. Вақте ки фалиштиён баъзе исроилиёнро барои дастгир кардани Шимшӯн истифода бурданд, «Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, танобҳое ки бар бозуяш буд, мисли нахҳои катон, ки дар оташ сӯхта бошад, канда гардид ва бандҳо аз дастҳояш фуромад» (Дов. 15:14). Баъдтар Шимшӯн аз боиси рафтори бехирадонааш қувваташро аз даст дод. Аммо ҳатто вақте ки Шимшӯн ҷисман суст гардида буд, вай дар лаҳзаи охир «бо имон» боқувват шуд (Ибр. 11:32–34; Дов. 16:18–21, 28–30). Дар ин мавриди ғайриоддӣ рӯҳулқудс дар Шимшӯн ба таври махсус амал кард. Ин воқеаҳо то ҳол моро сахт рӯҳбаланд мекунанд. Чӣ тавр?

18, 19. а) Намунаи Шимшӯн моро ба чӣ боварӣ мебахшад? б) Аз намунаҳои ходимони содиқи пешин, ки дар ин мақола омадаанд, шумо чӣ манфиат гирифтед?

18 Мо ба ҳамон рӯҳулқудс такя мекунем, ки Шимшӯн такя мекард. Мо боварӣ дорем, ки рӯҳулқудс ба мо кӯмак мекунад, то коре ки Исо ба мо додааст, иҷро кунем, яъне «ба мардум мавъиза намоем ва шаҳодат диҳем» (Аъм. 10:42). Ин кор қобилиятҳоеро талаб мекунад, ки барои мо шояд табиӣ нестанд. То чӣ андоза мо миннатдорем, ки Яҳува рӯҳулқудсашро ба мо медиҳад, то вазифаҳое, ки ба мо супорида шудааст, иҷро кунем! Мо бо гуфтаҳои зерини пайғамбар Ишаъё розием: «Худованд Худо Маро фиристодааст ва Рӯҳи Ӯ бар Ман аст» (Иш. 48:16). Бале, ин рӯҳулқудси Худо аст, ки моро фиристода истодааст! Чӣ тавре ки Яҳува ба Мусо, Басалъил ва Еҳушаъ дар иҷрои вазифаашон кӯмак карда буд, ба мо низ барои беҳтар кардани қобилиятамон кӯмак карданро давом медиҳад. Мо «шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост» истифода бурда, боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ ба мисли Ҷидъӯн, Йифтоҳ ва Шимшӯн ба мо қувват мебахшад (Эфс. 6:17, 18). Барои аз сар гузарондани душвориҳо мо ба Яҳува такя карда рӯҳан боқувват шуда метавонем, чуноне ки Шимшӯн ҷисман боқувват шуда буд.

19 Маълум аст, ки Яҳува онҳоеро, ки дар ибодати ҳақиқӣ далерона истодагарӣ мекунанд, баракат медиҳад. Агар мо иҷозат диҳем, ки рӯҳулқудси Худо моро ҳидоят кунад, имонамон мустаҳкам мешавад. Инчунин дар Навиштаҳои Юнонӣ намунаҳои шахсоне омадаанд, ки онҳоро рӯҳулқудс ҳидоят мекард. Дар мақолаи навбатӣ мо мехонем, ки чӣ тавр рӯҳулқудси Яҳува ба ходимони содиқаш дар асри як, яъне ҳам пеш ва ҳам баъд аз Пантикости соли 33-юми эраи мо кӯмак расонд.

Донистани он ки чӣ тавр рӯҳулқудси Худо дар ходимони содиқи пешин амал мекард, чаро шуморо рӯҳбаланд месозад, масалан...

• дар Мусо?

• дар Басалъил?

• дар Еҳушаъ?

• дар Ҷидъӯн?

• дар Йифтоҳ?

• дар Шимшӯн?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 27]

Рӯҳулқудси Худо чуноне ки Шимшӯнро ҷисман қувват бахшид, ба мо низ рӯҳан қувват бахшида метавонад

[Tасвир дар саҳифаи 26]

Волидон, намунаи хуби шумо ба фарзандонатон таъсир мекунад