Чун ҷуфти ҳамсарон аз ҷиҳати рӯҳонӣ инкишоф ёбед
Калидҳои хушбахтии оила
Чун ҷуфти ҳамсарон аз ҷиҳати рӯҳонӣ инкишоф ёбед
Фредерик *: «Вақте ки мо нав хонадор шуда будем, ман боисрор хоҳиш мекардам, ки ману занам Китоби Муқаддасро якҷоя хонем. Ман хеле сахт мехостам, ки Лианн дар вақти омӯзишамон бодиққат бошад. Аммо Лианн дар вақти омӯзиш бодиққату ором буда наметавонист. Вақте ки ман ба ӯ савол медодам ҷавобҳояш фақат “ҳа” ё “не” буданд. Тарзи ҷавобдиҳии ӯ ба он тарзе, ки ба фикри ман омӯзиши Китоби Муқаддас бояд мегузашт, мувофиқат намекард».
Лианн: «Вақте ки ман ба Фредерик ба шавҳар баромадам, ман 18 сола будам. Мо мунтазам Китоби Муқаддасро якҷоя омӯзиш мекардем, лекин Фредерик ҳар як омӯзишро чун имконияти қайд кардани ҳамаи хатогиҳоям истифода мебурд, ки чун зан ман бояд дар чӣ беҳтар шавам. Ман аз ин рӯҳафтода ва зиқ мешудам!»
БА ФИКРИ шумо, дар муносибатҳои байни Фредерик ва Лианн чӣ душворие буд? Ниятҳои онҳо хуб буданд. Ҳардуяшон Худоро дӯст медоштанд. Ва ҳар ду мефаҳмиданд, ки ба омӯзиши якҷояи Китоби Муқаддас ниёз доранд. Лекин ба ҷои он ки омӯзиш ба ягонагии онҳо кӯмак кунад, он таъсири манфӣ расонд. Онҳо шояд якҷоя омӯзиш мегузаронданд, лекин чун ҷуфти ҳамсарон аз ҷиҳати рӯҳонӣ инкишоф намеёфтанд.
Рӯҳонӣ будан чӣ маъно дорад? Чаро ҳамсарон бояд онро инкишоф диҳанд? Бо кадом душвориҳо онҳо шояд рӯ ба рӯ шаванд ва чӣ тавр онҳоро бартараф кардан мумкин аст?
Рӯҳонӣ будан чӣ маъно дорад?
Калимае, ки дар Китоби Муқаддас чун «рӯҳонӣ» истифода бурда мешавад, ба муносибати шахс ба ҳаёт ё тарзи фикрронии ӯ ишора мекунад (1 Қӯринтиён 2:15). Масалан, дар Китоби Муқаддас Павлус дар бораи фарқияти байни шахси рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ навишта буд. Павлус қайд мекунад, ки шахсони ҷисмонӣ на дар бораи дигарон, балки бештар дар бораи манфиати худ фикр мекунанд. Онҳо ба қоидаҳои Худо беэътиноӣ намуда, танҳо он кореро мекунанд, ки дар назарашон дуруст аст (1 Қӯринтиён 2:14; Ғалотиён 5:19, 20).
Баръакси ин, онҳое ки тарзи фикрронии рӯҳонӣ доранд меъёрҳои Худоро қадр мекунанд. Онҳо Яҳува Худоро чун Дӯсти худ мешуморанд ва кӯшиш мекунанд, ки ба хислатҳои Ӯ пайравӣ Эфсӯсиён 5:1). Барои ҳамин дар муомила бо дигар шахсон меҳрубон, накӯкор ва мулоим мебошанд (Хуруҷ 34:6). Ва дар вазъиятҳои ноқулай ҳам, Худоро гӯш мекунанд (Забур 14:1, 4). Даррен, ки дар Канада зиндагӣ мекунад ва аллакай 35 сол дар издивоҷ аст, чунин мегӯяд: «Чӣ хеле ки ман инро мефаҳмам, шахси рӯҳонӣ ҳамеша фикр мекунад, ки чӣ тавр суханҳояш ва рафтораш ба дӯстии ӯ бо Худо таъсир мекунад». Занаш Ҷейн чунин илова мекунад: «Ман фикр мекунам, ки зани рӯҳонӣ ҳар рӯз сахт кӯшиш мекунад, то самари рӯҳулқудси Худо хусусияти шахсии ӯ бошад» (Ғалотиён 5:22, 23).
намоянд (Албатта шарт нест, ки барои инкишоф додани тарзи фикрронии рӯҳонӣ, шахс бояд дар издивоҷ бошад. Дар асл, Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки ҳар кас вазифадор аст, ки дар бораи Худо дониш гирад ва ба Ӯ пайравӣ кунад (Аъмол 17:26, 27).
Чаро чун ҷуфти ҳамсарон аз ҷиҳати рӯҳонӣ инкишоф бояд ёфт?
Пас, чаро ҳамсарон барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ инкишоф ёфтан чун ҷуфт бояд кӯшиш кунанд? Мисоли зеринро дида мебароем: Ду деҳқон, ки соҳиби як қисми замин мебошанд, мехоҳанд дар он ҷо сабзавот парвариш кунанд. Якеаш дар вақти муайян тухмро коридан мехоҳад, дигаре бошад, фикр мекунад, ки тухмро баъдтар коштан лозим аст. Яке мехоҳад аз пору истифода барад, аммо дигаре бошад қатъиян зид аст ва фикр мекунад, ки барои растаниҳо ягон чизи иловагӣ лозим нест. Яке дар замин ҳаррӯз меҳнат кардан мехоҳад, дигаре бошад меҳнат накарда ҳосилро интизор аст. Дар чунин вазъият замин шояд ҳосил медиҳад, лекин кам. Аммо агар ҳардуи деҳқонон ба иҷро кардани як кор розӣ мебуданд ва баъд якҷоя ҳамкорӣ мекарданд, аллбатта замин аз будаш бештар ҳосил медод.
Зан ва шавҳар мисли он деҳқонон мебошанд. Агар ҳатто яке аз ҳамсарон аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯшиш кунад, муносибати онҳо беҳтар мегардад (1 Петрус 3:1, 2). Аммо то чӣ андоза хуб аст, вақте ки ҳардуи онҳо розианд, ки аз рӯи меъёрҳои Худо зиндагӣ кунанд ва барои дар хизмати илоҳӣ якдигарро дастгирӣ кардан сахт кӯшиш кунанд! «Ду нафар аз як нафар беҳтаранд»,— гуфт шоҳ Сулаймон. Чаро? «Чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад» (Воиз 4:9, 10).
Шумо эҳтимол, сахт мехоҳед, ки ҳам ҳамсаратон ва ҳам худатон дар худ шахси рӯҳониро инкишоф диҳед. Аммо чӣ тавре ки аз мисоли деҳқонон маълум гашт танҳо хоҳиш доштан самари хуб намеорад. Биёед ба ду душворӣ ва маслиҳатҳо диққат диҳем.
ПРОБЛЕМАИ 1: Мо вақт ёфта наметавонем. Сю, ки ба қарибӣ издивоҷ карда буд, мегӯяд: «Шавҳарам аз ҷои корам маро соати 19:00 бо мошин мегирад. Вақте ки мо ба хона мерасем моро боз корҳои хона интизоранд. Ин як муборизаи байни ақл ва ҷисм мебошад: ақламон ба мо мегӯяд, ки барои дар худ шахси рӯҳониро инкишоф додан бояд ҳаракат кунем, аммо ҷисмамон сахт мехоҳад, ки дам гирем».
Як ҳалли проблема: Ба тағйиротҳо омода бошед ва ҳамкорӣ кунед. Сю мегӯяд: «Ману шавҳарам қарор кардем, ки барвақтар аз хоб бедор шуда, порчаи Китоби Муқаддасро пеш аз ба кор рафтан дида бароем. Ӯ ҳамчунин ба ман дар иҷрои баъзе корҳои хона ёрдам мекунад, барои ҳамин ман имконият дорам, ки бо ӯ вақт гузаронам». Аз ба кор бурдани чунин кӯшишҳои иловагӣ чӣ фоида аст? Эд, ки шавҳари Сю аст, мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки вақте ки ману Сю фикрҳои рӯҳониро якҷоя дида мебароем, ҳал кардани душвориҳо бароямон осонтар мегардад ва ташвишҳои диламон камтар мешавад».
Ғайр аз ҳамроҳ сӯҳбат кардан, хеле муҳим аст, ки барои ҳар рӯз якҷоя дуо гуфтан якчанд дақиқа ҷудо кунед. Чӣ тавр ин ёрдам карда метавонад? Райен, ки 16 сол дар издивоҷ аст, мегӯяд: «Чанде пеш ман ва занам дар муносибат душвории сахт доштем. Лекин мо ҳар шаб вақт ҷудо мекардем, то ки якҷоя дар дуо ташвишҳоямонро ба Худо гӯем. Ман ҳис кардам, ки бо ҳам дуо гуфтан ба мо кӯмак кард, то нофаҳмиҳоро ҳал кунем ва хурсандиро дар издивоҷамон аз нав барқарор созем».
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Дар охири ҳар як рӯз якчанд дақиқа ҷудо кунед то чизҳои хуберо, ки шумо чун ҷуфти ҳамсарон аз сар гузарондед ва чизҳое, ки аз барои он шумо ба Худо миннатдор буда метавонед, муҳокима кунед. Инчунин дар бораи душвориҳое гап занед, ки шумо ҳардуятон хусусан
ба кӯмаки Худо ниёз доред. Огоҳӣ: Шумо инро чун имконияти барои номбар кардани хатогиҳои ҳамсаратон истифода набаред, балки ҳангоми якҷоя дуо гуфтан он камбудиҳоеро номбар кунед, ки ҳардуятон бояд аз болои он кор кунед. Рӯзи дигар мувофиқи он чизҳое ки шумо дар дуо талаб кардед, амал намоед.ПРОБЛЕМАИ 2: Қобилиятҳои мо гуногун аст. «Барои ман хондан ва омӯхтани китоб душвор аст»,— мегӯяд Тони. Занаш Натали мегӯяд: «Ман хонданро дӯст медорам ва ба ман дар бораи чизи хондаам муҳокима кардан маъқул аст. Баъзан ман фикр мекунам, ки ҳангоми дар асоси Китоби Муқаддас муҳокима кардани ягон мавзӯъ, Тони аз ман ка́мтар рӯҳафтода мешавад».
Як ҳалли проблема: Ба ҷои рақобат ё танқид кардани ҳамсаратон, ӯро дастгирӣ кунед. Ҳамсаратонро барои хислатҳои хубаш таъриф кунед ва барои беҳтар гардондани он ба ӯ кӯмак расонед. Тони мегӯяд: «Шавқу рағбати зиёди занам барои дида баромадани мавзӯъҳо аз Китоби Муқаддас баъзан метавонад маро андак дилгир кунад, барои ҳамин пеш ман бо ӯ бо дили нохоҳам мавзӯъҳои рӯҳониро дида мебаромадам. Лекин Натали маро бисёр дастгирӣ мекунад. Ҳоло бошад, мо мавзӯъҳои рӯҳониро мунтазам якҷоя дида мебароем ва ман дарк кардам, ки аз ягон чиз тарсидан лозим нест. Ман аз дида баромадани ин мавзӯъҳо ҳамроҳи занам ҳаловат мебарам. Он ба мо ёрдам кард, ки мо чун ҷуфт бештар орому осуда бошем».
Ҳамсарони зиёд дарк карданд, ки вақте ки онҳо ҳар ҳафта барои якҷоя хондан ва омӯхтани Китоби Муқаддас вақт ҷудо мекунанд, издивоҷашон мустаҳкамтар мегардад. Лекин як огоҳиро ба назар гирифтан лозим аст: ҳангоми дида баромадани ягон маслиҳат, на ба ҳамсаратон, балки ба худатон ишора кунед, ки ин маслиҳатро чӣ тавр ба кор бурда метавонед (Ғалотиён 6:4). Душворие, ки байни шумо пайдо шудааст, на дар давоми омӯзиши Китоби Муқаддас, балки дар дигар вақт онро муҳокима кунед. Чаро?
Мисолеро дида мебароем: ҳангоми ҳамроҳи оилаатон хӯрок хӯрдан, оё шумо захми римдори худро кушода, онро тоза карда аз нав мебандед? Алабатта не. Чунки ин иштиҳои ҳамаро мебандад. Исо омӯхтан ва иҷро намудани иродаи Худоро бо хӯрдани хӯрок муқоиса кард (Матто 4:4; Юҳанно 4:34). Ҳар боре, ки Китоби Муқаддасро мекушоед, агар дар бораи захмҳои эҳсосӣ сӯҳбат кунед, ин ба гум кардани иштиҳои руҳонии ҳамсаратон оварда мерасонад. Бешубҳа, барои шумо оиди проблемаҳо сӯҳбат кардан лозим аст. Аммо барои ҳал кардани чунин душвориҳо вақти алоҳидаро ҷудо бояд кард (Масалҳо 10:19; 15:23).
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Ду ё се хислатҳои ҳамсаратонро, ки шумо хеле қадр мекунед, барои худ нависед. Дар омӯзишҳои минбаъда, агар мавзӯъ бо он ҳислатҳо алоқаманд бошад ба ҳамсаратон гӯед, ки аз тарзи нишон додани ин хислатҳояш шумо хеле миннатдор ҳастед.
Шумо чизи коштаатонро медаравед
Агар шумо чун ҷуфт чизҳои руҳонӣ коред ё аз ҷиҳати руҳонӣ афзоед, оқибат шумо издивоҷеро хоҳед даравид, ки дар он осудагӣ ва баракати зиёдтар хоҳад буд. Дар ҳақиқат, Каломи Худо кафолат медиҳад, ки «он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид» (Ғалотиён 6:7).
Фредерик ва Леанн, ки дар аввали мақола омадаанд, ҳақ будани ин принсипи Китоби Муқаддасро дарк карданд. Аллакай 45 сол мешавад, ки онҳо дар издивоҷ мебошанд ва дар ҳаёт чун ҷуфти ҳамсарон муваффақ гаштанд, зеро мунтазам дар беҳтар кардани оилаашон кӯшиш ба харҷ доданд. Фредерик мегӯяд: «Пеш ман занамро барои камгапиаш айбдор мекардам. Аммо бо гузашти вақт ман фаҳмидам, ки худам низ бояд кӯшиш кунам». Леанн мегӯяд: «Дар вақти душвориҳоямон чизе, ки дар асл ба мо ёрдам кард, ин муҳаббати ҳар дуи мо ба Яҳува буд. Дар давоми солҳо мо мунтазам омӯзиш мекардем ва якҷоя дуо мегуфтем. Ба ман Фредерикро дӯст доштан осонтар шуд, зеро ман мебинам, ки ӯ барои ба таври беҳтар нишон додани хислатҳои масеҳӣ кӯшиш карда истодааст».
[Эзоҳ]
^ сарх. 3 Номҳо иваз шудаанд.
[Tасвир дар саҳифаи 5]
Аз худ бипурсед...
▪ Кай мо охирон бор чун ҷуфти ҳамсарон якҷоя дуо гуфта будем?
▪ Ман чӣ кор карда метавонам, то ҳамсарам дар муҳокимаи мавзӯъҳои рӯҳонӣ бо ман бештар ошкор бошад?