Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳидояти рӯҳулқудси Худо дар асри як ва замони мо

Ҳидояти рӯҳулқудси Худо дар асри як ва замони мо

Ҳидояти рӯҳулқудси Худо дар асри як ва замони мо

«Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад» (1 ҚӮР. 12:11).

1. Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?

ПАНТИКОСТИ соли 33-юми эраи мо рӯзе буд, ки дар он воқеаҳои ҳаяҷонбахше ба амал омада буданд! Дар он рӯз Худо рӯҳулқудсашро бар хизматгоронаш рехт (Аъм. 2:1–4). Аз ҳамон вақт сар карда Худо халқашро бо роҳи нав ҳидоят мекардагӣ шуд. Мо дар мақолаи гузашта баъзе роҳҳоеро дида баромадем, ки чӣ тавр рӯҳулқудс дар гузашта ба хизматгорони содиқи Худо қобилият мебахшид, ки дар хизмати Ӯ корҳои душворро иҷро намоянд. Лекин тарзи амал кардани рӯҳулқудс дар замони пеш, аз тарзи амал кардани он дар асри як бо чӣ фарқ мекард? Ва дар замони мо масеҳиён аз ҳидояти рӯҳулқудси Худо чӣ манфиат мегиранд? Биёед ин саволҳоро дида бароем.

«Инак, канизи Худованд ҳастам»

2. Чӣ тавр Марям таъсири рӯҳулқудсро дида буд?

Вақте ки дар Ерусалим ба одамоне, ки дар болохонаи калон ҷамъ шуда буданд, рӯҳулқудс рехта шуд, Марям низ дар он ҷо ҳузур дошт (Аъм. 1:13, 14). Вале зиёда аз сӣ сол пеш аз он воқеа Марям аллакай дида буд, ки Яҳува ба воситаи рӯҳулқудсаш корҳои бузург карда метавонад. Яҳува ҳаёти Писарашро аз осмон ба замин, ба батни Марям гузаронд, ҳарчанд ӯ бокира буд. Он чӣ ки дар вай ба вуҷуд омад «аз Рӯҳулқудс» буд (Мат. 1:20).

3, 4. Марям чӣ гуна рӯҳия нишон дод ва мо чӣ тавр ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

3 Чаро барои ин кор Худо Марямро интихоб кард? Баъд аз он ки фаришта ба Марям фаҳмонд, ки иродаи Яҳува нисбати вай чист, ӯ гуфт: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи каломи ту бишавад» (Луқ. 1:38). Он чи ки Марям дар ҷавоб гуфт, рӯҳияи ӯро, ки Худо дар вай аллакай пай бурда буд, ошкор кард. Вай тайёр буд, ки нияти Худоро нисбати худ қабул кунад. Марям аз фаришта напурсид, ки одамон дар бораи ҳомиладории вай чӣ фикр мекунанд ё натарсид, ки Юсуф ӯро шояд ба занӣ намегирад. Ба худ чун ба каниз ишора намуда, Марям нишон дод, ки ба Яҳува чун ба Оғои худ пурра такя мекунад.

4 Оё шумо баъзан ҳис мекунед, ки масъулиятҳое, ки дар хизмати Худо доред барои шумо аз ҳад гаронанд? Хуб мебуд, ки ҳар яки мо аз худ пурсем: «Оё ман пурра боварӣ дорам, ки Яҳува ҳар масъаларо мувофиқи иродаи худ ҳал мекунад? Оё ман дар ҳақиқат рӯҳияи омодагӣ нишон медиҳам?» Дилпур бошед, ки Худо рӯҳашро ба онҳое медиҳад, ки ба Ӯ аз таҳти дил такя мекунанд ва ба Ӯ чун ба Ҳокими худ фармонбардоранд (Аъм. 5:32).

Рӯҳулқудс ба Петрус кӯмак кард

5. Пеш аз Пантикости соли 33-и эраи мо чӣ тавр Петрус таъсири рӯҳулқудсро ҳис карда буд?

5 Мисли Марям, Петруси ҳавворӣ низ таъсири пурзӯри рӯҳулқудсро пеш аз Пантикости соли 33-и эраи мо шахсан ҳис карда буд. Исо ба ӯ ва ба дигар ҳаввориён қудрат бахшида буд, ки девҳоро ронанд (Марқ. 3:14–16). Гарчанд дар Навиштаҳо дар ин бора маълумоти зиёде дода нашудааст, аз афташ Петрус ин қудратро истифода мебурд. Ҳамчунин вақте ки Исо Петрусро даъват кард, ки бар болои баҳр роҳ равад, Петрус инро бо кӯмаки рӯҳулқудс карда тавонист. (Матто 14:2529-ро бихонед.) Инак, равшан аст, ки Петрус ба кӯмаки рӯҳулқудс такя намуда, корҳои бузургро карда метавонист. Ба наздикӣ он рӯҳ бояд дар Петрус ва дигар шогирдон бо роҳҳои нав амал мекард.

6. Бо ёрдами рӯҳулқудс Петрус дар давоми Пантикости соли 33-и эраи мо ва баъд аз он чӣ корҳоро карда тавонист?

6 Дар ҷашни Пантикости соли 33-и эраи мо ба Петрус ва ба дигарон ба таври мӯъҷизавӣ қобилият дода шуд, то онҳо ба забонҳои шахсоне ки ба Ерусалим омада буданд, гап зананд. Баъд, Петрус дар миёни мардуми ҷамъомада истода сухан гуфт (Аъм. 2:1436). Бале, Петрус, ки баъзан тарс дошт ё ягон корро зуд бемулоҳиза иҷро мекард, баъди рехта шудани рӯҳулқудс далерӣ пайдо кард ва ҳатто ба таъқибот ва таҳдидҳо нигоҳ накарда беист маъвиза мекард (Аъм. 4:1820, 31). Худо рӯҳулқудсашро истифода бурда, ба Петрус дониши махсус дод (Аъм. 5:8, 9). Ва ба туфайли рӯҳулқудс ӯ ҳатто эҳё карда тавонист (Аъм. 9:40).

7. Кадом таълимотҳои Исо барои Петрус танҳо баъд аз тадҳин шуданаш равшан гаштанд?

7 Пеш аз Пантикост Петрус маънои бисёр ҳақиқатҳоеро, ки Исо таълим медод, мефаҳмид (Мат. 16:16, 17; Юҳ. 6:68). Лекин баъзе ҷонибҳои таълимоти Исо то Пантикост ба Петрус норавшан буданд. Масалан, Петрус дарк намекард, ки Исо чун шахсияти рӯҳӣ дар рӯзи сеюм эҳё карда мешавад ва ба ӯ тасаввур кардан душвор буд, ки Салтанат дар осмон хоҳад буд (Юҳ. 20:610; Аъм. 1:6). Бовар кардан ба он ки одамон шахсияти рӯҳӣ мегарданд ва дар Салтанати осмонӣ роҳбарӣ мекунанд барои ӯ душвор буд. Танҳо баъд аз он ки Петрус дар рӯзи Пантикост бо рӯҳулқудс тадҳин карда шуд ва ба ҳаёти осмонӣ интихоб гашт, ӯ ин таълимотҳои Исоро дарк кард.

8. Ҳам барои тадҳиншудагон ва ҳам барои «гӯсфандони дигар» кадом дониш дастрас аст?

8 Баъд аз рехта шудани рӯҳулқудс шогирдони Исо ба он таълимотҳое, ки пеш намефаҳмиданд, сарфаҳм рафтанд. Рӯҳулқудс ба нависандагони Навиштаҳои Юнонӣ илҳом бахшид, то оиди нияти Яҳува ҳақиқатҳои ҳаяҷонбахшро фаҳмонанд (Эфс. 3:811, 18). Имрӯз, ҳам тадҳиншудагон ва ҳам «гӯсфандони дигар» якҷоя метавонанд ин ҳақиқатҳоро биомӯзанд ва фаҳманд (Юҳ. 10:16). Оё шумо дониш ва фаҳмиши Каломи Худоро, ки рӯҳулқудс бароятон дастрас мегардонад, қадр мекунед?

Павлус «аз Рӯҳулқудс пур шуд»

9. Бо ёрдами рӯҳулқудс Павлус кадом корҳоро иҷро мекард?

9 Тақрибан як сол пас, баъди Пантикости соли 33-и эраи мо боз ба шахси дигаре атои рӯҳулқудс дода шуд. Он шахс Шоул буд, ки баъд чун Павлус маълум гашт. Рӯҳи Худо ба Павлус ба кардани корҳое қобилият бахшид, ки имрӯз мо аз онҳо манфиат гирифта метавонем. Масалан, зери илҳоми илоҳӣ Павлуси ҳавворӣ 14 китоби Навиштаҳои Муқаддасро навишт. Мисли мавриди Петрус рӯҳулқудс ба Павлус низ ёрдам кард, ки дар бораи умеди бефаноӣ ва ҳаёти намирандагӣ дар осмон фаҳмиш дошта бошад ва дар бораи он нависад. Бо ёрдами рӯҳулқудс Павлус беморонро шифо медод, девҳоро меронд ва ҳатто мурдагонро зинда мекард! Вале қувваи ба воситаи рӯҳулқудс додашуда барои кори муҳимтаре бояд истифода бурда мешуд, ки имрӯз ҳамаи хизматгорони Худо ин корро иҷро мекунанд, ҳарчанд рӯҳулқудс ба онҳо ба таври мӯъҷизавӣ таъсир намекунад.

10. Чӣ тавр рӯҳулқудс ба қобилияти суханронии Павлус таъсир кард?

10 Павлус, ки «аз рӯҳулқудс пур» шуда буд, бар зидди ҷодугаре нотарсона сухан ронд. Ва ҳокими Кипр, ки тамоми суханони Павлусро мешунид, аз онҳо хеле ба ваҷд омад ва ҳақиқатро қабул намуд. Дар китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ӯ «аз таълими Худованд мутаҳайир шуд» (Аъм. 13:812). Павлус бешубҳа медонист, ки танҳо бо ёрдами рӯҳулқудс ӯ дар бораи ҳақиқат далерона сухан ронда метавонад (Мат. 10:20). Павлус баъдтар аз ҷамъомади шаҳри Эфсӯс хоҳиш кард, ки дар ҳаққи ӯ дуо гуфтанро давом диҳанд, то ба ӯ «калом ато шавад», яъне қобилияти сухан рондан дода шавад (Эфс. 6:1820).

11. Чӣ тавр рӯҳулқудси Худо Павлусро роҳнамоӣ мекард?

11 Рӯҳулқудс ба Павлус барои сухан гуфтан кӯмак мекард, аммо дар баъзе ҷойҳо бошад, намегузошт, ки ӯ сухан ронад. Павлусро дар сафарҳои миссионериаш рӯҳулқудс роҳнамоӣ мекард (Аъм. 13:2; Аъмол 16:6–10-ро бихонед.) Яҳува то ҳол кори мавъизаро тавассути рӯҳулқудсаш роҳбарӣ карда истодааст. Мисли Павлус, ҳамаи хизматгорони итоаткори Яҳува мекӯшанд, ки ҳақиқатро бо далериву ғайрат эълон кунанд. Гарчанд тарзи роҳнамоии Худо имрӯз аз тарзи роҳнамоии замони Павлус фарқ мекунад, мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ба воситаи рӯҳулқудсаш то ҳол одамони самимиро ба ҳақиқат ҷалб карда истодааст (Юҳ. 6:44).

«Амалҳо гуногун аст»

12–14. Оё рӯҳулқудс дар ҳама хизматгорони Худо як хел амал мекунад? Фаҳмонед.

12 Имрӯз, вақте мо мехонем, ки чӣ тавр Яҳува ҷамъомади тадҳиншудагони асри якро баракат медод, мо хеле рӯҳбаланд мешавем. Дар он замон рӯҳулқудс ба масеҳиён қобилиятҳо ё «бахшоишҳо»-и махсус медод. Дар номаи худ ба ҷамъомади шаҳри Қӯринт Павлус навишт: «Бахшоишҳо гуногун аст, лекин Рӯҳ ҳамон як аст; ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст; ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад» (1 Қӯр. 12:46, 11). Бале, барои иҷро шудани нияти Яҳува рӯҳулқудс ба хизматгорони гуногуни Худо ба тарзҳои гуногун амал карда метавонад. Рӯҳулқудс, ҳам ба «рамаи хурд» ва ҳам ба «гӯсфандони дигар» дастрас аст (Луқ. 12:32; Юҳ. 10:16). Лекин он дар ҳар як аъзои ҷамъомад ҳамеша бо як тарз амал намекунад.

13 Масалан, пирони ҷамъомад тавассути рӯҳулқудс таъин карда мешаванд (Аъм. 20:28). Лекин на ҳама масеҳиёне, ки бо рӯҳулқудс тадҳин карда шудаанд чун пирони ҷамъомад хизмат мекунанд. Аз ин мо ба чӣ хулоса омада метавонем? Ин нишон медиҳад, ки рӯҳи Худо ба аъзоёни ҷамъомад бо тарзҳои гуногун амал мекунад.

14 Рӯҳе ки тадҳиншудагонро боварӣ мебахшад, ки онҳо чун писарони Худо қабул шудаанд, ҳамон рӯҳест, ки Яҳува барои ба ҳаёти осмонӣ эҳё кардани Исо истифода бурд. (Румиён 8:11, 15–ро бихонед.) Яҳува ҳамон рӯҳро барои офаридани тамоми олам истифода бурдааст (Ҳас. 1:13). Бо воситаи ҳамон рӯҳулқудс Яҳува ба Басалъил қобилият бахшид, ки дар хаймаи муқаддас супориши махсусеро иҷро кунад ва ба Шимшӯн қувват бахшид, ки корҳое ки ягон кас карда наметавонист иҷро кунад. Ҳамчунин ба Петрус кӯмак кард, то ӯ ба болои оби баҳр роҳ гашта тавонад. Барои ҳамин, биёед дар ёд дошта бошем, ки бо рӯҳулқудс ҳидоят карда шудан ва бо рӯҳулқудс тадҳин шудан чизҳои гуногунанд. Бо рӯҳулқудс тадҳин шудан ин як роҳи махсуси амал кардани рӯҳулқудс аст. Ва имконияти бо рӯҳулқудс тадҳин шудан аз интихоби Худо вобаста аст.

15. Оё бо рӯҳулқудс тадҳин шудан абадӣ давом меёбад? Фаҳмонед.

15 Рӯҳулқудс дар хизматгорони содиқи Худо тӯли ҳазорсолаҳо, то он даме ки Худо ба тадҳин намудани одамон сар кард, бо роҳҳои гуногун амал карда истодааст. Аз иди Пантикости соли 33-и эраи мо сар карда ба тарзи нав амал кардани рӯҳулқудс оғоз ёфт — аз он вақт Худо одамонро бо рӯҳулқудс тадҳин мекунад. Лекин ин абадӣ давом нахоҳад ёфт. Гарчанд бо рӯҳулқудс тадҳин шудани одамон ба охир мерасад, лекин рӯҳулқудс дар халқи Худо амал карданро давом хоҳад дод, то ки онҳо абадан иродаи Ӯро иҷро кунанд.

16. Имрӯз хизматгорони Худо бо кӯмаки рӯҳулқудс кадом корро иҷро карда истодаанд?

16 Имрӯз хизматгорони Яҳува бо ёрдами рӯҳулқудс кадом корро иҷро карда истодаанд? Ваҳй 22:17 ҷавоб медиҳад: «Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: “Биё!” Ва ҳар кӣ мешунавад, бигӯяд: “Биё!” Бигзор ташна биёяд ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад». Бо кӯмаки рӯҳулқудс масеҳиён имрӯз даъвати ҳаётбахшандаи Яҳуваро ба «ҳар кӣ бихоҳад» мерасонанд, то ӯ оби ҳаётро бигирад. Масеҳиёни тадҳиншуда дар ин кор роҳбариро ба ӯҳда мегиранд ва гӯсфандони дигар дар паҳн намудани ин даъват бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Ҳар ду гурӯҳро ҳамон як рӯҳи муқаддас ҳидоят мекунад. Аъзоёни ҳар ду гурӯҳ ба Худо бахшидани худро бо он нишон медиҳанд, ки «ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс» таъмид мегиранд (Мат. 28:19). Ва ҳамаи онҳо дар ҳаёташон самари рӯҳро зоҳир мекунанд (Ғал. 5:22, 23). Мисли тадҳиншудагон гӯсфандони дигар низ мегузоранд, ки рӯҳулқудс ба онҳо кӯмак кунад. Бо кӯмаки он онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то ҳаёташонро аз ҳар ҷиҳат пок гардонда ба Худо писанд оянд (2 Қӯр. 7:1; Ваҳй 7:9, 14).

Рӯҳулқудсро биталабед

17. Чӣ нишон медиҳад, ки рӯҳи Худо дар шумо амал мекунад?

17 Ҳамин тавр, шумо хоҳ умеди осмонӣ дошта бошед, хоҳ умеди заминӣ, Яҳува метавонад ба шумо «бартарии қувват» бахшад, то ки беайбиатонро то ба охир нигоҳ доред ва соҳиби мукофот гардед (2 Қӯр. 4:7). Чунин шуда метавонад, ки одамон мунтазам мавъиза карданатонро дида, шуморо мазоҳу масхара кунанд. Аммо дар ёд доред, ки «агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳи Худо бар шумо қарор мегирад» (1 Пет. 4:14).

18, 19. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи рӯҳулқудсаш ба шумо кӯмак хоҳад кард ва чиро шумо бояд давом диҳед?

18 Худо рӯҳулқудсро ба онҳое, ки самимона онро металабанд, саховатмандона медиҳад. Он метавонад на фақат қобилиятҳои шуморо беҳтар гардонад, балки ҳамчунин хоҳишатонро зиёдтар гардонад, то дар хизмат ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед. «Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад». Кӯмаки рӯҳулқудс ва ҳам кӯшишҳое, ки худи шумо барои нигоҳ доштани «каломи ҳаёт» зоҳир мекунед, имконият медиҳад, ки «бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред» (Фил. 2:12, 13, 16).

19 Пас, ба рӯҳи Худо пурра такя карда ҳар кореро, ки Яҳува аз шумо талаб мекунад, аз таҳти дил ба ҷо оваред, ҳамчунин дар кори худ моҳир шавед ва кӯмаки Яҳуваро ҷӯё бошед (Яъқ. 1:5). Ӯ ҳар кӯмаки лозимаро ба шумо мерасонад, то ки Каломи Ӯро фаҳмед, дар мушкилиҳои ҳаёт истодагарӣ намоед ва хушхабарро мавъиза кунед. «Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд» (Луқ. 11:9, 13). Ин суханон ба талабидани рӯҳулқудс низ дахл дорад. Барои ҳамин, аз Яҳува пурсидани рӯҳулқудсро давом диҳед, то шумо ба хизматгорони содиқи гузаштаву ҳозираи Худо, ки онҳоро рӯҳулқудс роҳнамоӣ мекард, монанд бошед.

Шумо чӣ тавр мефаҳмондед?

• Мо мисли Марям кадом рӯҳияро, ки баракатҳо меорад, зоҳир карда метавонем?

• Чӣ тавр рӯҳулқудси Худо Павлусро роҳнамоӣ мекард?

• Чӣ тавр имрӯз рӯҳулқудс хизматгорони Худоро роҳнамоӣ карда истодааст?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 29]

Рӯҳулқудс ба Павлус қувват бахшид, ки бар рӯҳҳои шарир ғолиб ояд

[Tасвир дар саҳифаи 31]

Новобаста аз он ки масеҳиён имрӯз чӣ умед доранд, кӯмаки рӯҳулқудс барои онҳо дастрас аст