Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз хазинаи мо

«Ин фаромӯшнашаванда аст!»

«Ин фаромӯшнашаванда аст!»

«ИН ФАРОМӮШНАШАВАНДА АСТ!» Бо ин суханон бисёриҳо ба «Драмаи офариниш» баҳо медоданд. Он айнан саривақт пешкаши одамон гашт ва дар хотири онҳо сахт нақш баст. Чанде пеш аз он ки халқи Худо дар Аврупо зери ҳукмронии Гитлер бо таъқиботҳои бераҳмона рӯ ба рӯ шуд, ба воситаи «Драмаи офариниш» дар бораи Яҳува шаҳодати дар ҳақиқат бузурге дода шуд. Лекин худи «Драмаи офариниш» чӣ буд?

Номи драмаи нав бар китоби «Schöpfung» (Офариниш) асос ёфта буд

Соли 1914 идораи марказии ходимони Яҳува дар шаҳри Бруклин (Ню–Йорк, ИМА) «Фотодрамаи офариниш»-ро пешкаши тамошобинон кард. Ин драма ҳашт соат давом мекард ва аз расму наворҳои ранга иборат буд, ки онҳоро садои сабтшуда ҳамроҳӣ мекард. «Фотодрамаи офариниш»-ро миллионҳо одамон аз саросари ҷаҳон тамошо карданд. Ҳамчунин соли 1914 шакли кӯтоҳи ин драма бо номи «Драмаи эврика» омода гашт. Лекин тақрибан солҳои 1920 расму тасвирҳо, наворҳо ва таҷҳизоте, ки барои намоиш додани наворҳо истифода мешуданд, кӯҳна ва корношоям гаштанд. Ҳамзамон, одамони зиёд мехостанд, ки «Фотодрамаи офариниш»-ро тамошо кунанд. Масалан, сокинони шаҳри Людвигсбург (Олмон) чунин савол медоданд: «“Фотодрамаи офариниш” боз кай нишон дода мешавад?» Ин масъаларо чӣ тавр ҳал кардан мумкин буд?

Барои дар оянда намоиш додани он драма соли 1920 бародарон аз оилаи Байт–Или Магдебург (Олмон) аз муассисаи иттилоотӣ дар Париж (Фаронса) наворҳо ва аз матбааҳои шаҳри Лейпсиг ва Дрезден расму тасвирҳоро харидорӣ намуданд. Ин маводҳоро ба баъзе тасвирҳои «Фотодрама»-и кӯҳна, ки ҳоло онҳоро истифода бурдан мумкин буд, ҳамроҳ карданд.

Бародар Эрик Фрост, ки мусиқачии боистеъдод буд, мусиқие эҷод кард, ки ҳангоми намоиш додани драма садо медод. Суханони муаллиф дар ин драма қисман аз китоби «Офариниш» гирифта шуда буд. Аз ин рӯ, ба драмаи нав «Драмаи офариниш» ном доданд.

Ин драма мисли «Фотодрама» ҳашт соат давом меёфт ва дар давоми якчанд шом қисм-қисм намоиш дода мешуд. Аз он тамошобинон оиди давраҳои офариниш маълумоти батафсил мегирифтанд, бо таърихи воқеаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда ва таърихи ҷаҳон шинос мешуданд ва мефаҳмиданд, ки дини дурӯғин одамизодро гумроҳ кардааст. «Драмаи офариниш» дар Австрия, Олмон, Люксембург, Швейтсария ва дар дигар маҳалҳое, ки он ҷо ба забони олмонӣ гап мезананд, намоиш дода шуд.

Эрик Фрост ва нотаҳои барои мусиқии драма навиштааш

Эрик Фрост нақл мекунад: «Ҳангоми намоиш додани драма ман ҳамкоронамро, махсусан касонеро, ки дар оркестр буданд, бармеангехтам, ки дар вақти танаффус байни қаторҳо гашта ба тамошобинон китобҳо ва рисолаҳо пешниҳод кунанд. Бо ин роҳ мо шумораи бештари адабиётҳоро паҳн мекардем, назар ба он ки дар мавъизаи хона ба хона карда метавонистем». Ёханнес Рауте, ки дар Полша ва ҷумҳурии ҳозираи Чехия намоиши драмаҳоро ташкил карда буд, ба хотир меорад, ки бисёри ҳозирон суроғаҳои худро медоданд, то ки воизон онҳоро хабар гиранд. Ин суроғаҳо ба боздидҳои самаранок асос гузоштанд.

Солҳои 1930-юм ҳангоми намоиши «Драмаи офариниш» толорҳо аз одамон пур мешуданд ва ҳама сокинони шаҳрҳое, ки дар онҳо драма намоиш дода мешуд, оиди Шоҳидони Яҳува гап мезаданд. То соли 1933 тақрибан як миллион нафар ба намоишҳое, ки зери роҳбарии филиали Олмон гузаронида мешуданд, ташриф оварда буданд. Кате Краус ба хотир меорад: «Мо бо мақсади тамошои ин намоиш, ки панҷ рӯз давом мекард, ҳар рӯз танҳо барои як тараф 10 км роҳро пиёда тай намуда аз байни ҷангалҳо ва талу теппаҳо гузашта мерафтем». Элзе Билҳартс мегӯяд: «“Драмаи офариниш” барои ҳақиқатро дӯст доштани ман асос гузошт».

Алфред Алмендингер нақл мекунад, ки вақте модараш «Драма»-ро тамошо кард, ӯ «чунон ба ваҷд омад, ки рафта Китоби Муқаддас харид ва дар он калимаи “аъроф [мувофиқи ақидаи баъзе динҳо ҷое байни дӯзаху биҳишт]”-ро ҷустуҷӯ кард». Азбаски ӯ ин калимаро дар Китоби Муқаддас наёфт, ӯ калисоро тарк кард ва таъмид гирифт. «Шумораи беҳисоби одамон ба туфайли “Драмаи офариниш” ба ҳақиқат омаданд»,— ба хотир меорад Эрик Фрост (3 Юҳ. 1–3).

Вақте ки «Драмаи офариниш» аллакай ба шумораи зиёди одамон намоиш дода шуд, қувваи партияи натсионал–сотсиалҳо дар Аврупо пурзӯр гашт. Соли 1933 фаъолияти Шоҳидонро дар Олмон манъ карданд. Аз ҳамон сол сар карда то анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ соли 1945 Шоҳидони Яҳува дар Аврупо бо таъқиботҳои сахт рӯ ба рӯ мешуданд. Эрик Фрост дар давоми ҳашт сол аз озодӣ маҳрум буд, лекин ӯ ҳама душвориҳои ба сараш омадаро паси сар намуд ва баъдтар дар Байт–Или Висбаден (Олмон) хизмат кард. То чӣ андоза саривақт буд ин драмаи фаромӯшнашаванда, ки далерии шумораи зиёди масеҳиёнро, ки имонашон дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ озмуда шуд, пурзӯр гардонд! (Аз хазинаи мо дар Олмон.)