Ба ҳеҷ чиз нагузоред, ки барои ҷалол ёфтанатон монеа шавад
«Шахси фурӯтан ҷалол меёбад» (МАС. 29:23).
1, 2. а) Калимае, ки аз забони аслӣ чун «ҷалол» тарҷума шудааст, чӣ маъно дорад? б) Кадом саволҳоро мо дар ин мақола муҳокима мекунем?
ВАҚТЕ КИ шумо калимаи «ҷалол»-ро мешунавед, ба саратон кадом фикр меояд? Бузургӣ ва зебоии офаридаҳо? (Заб. 18:2). Ё шӯҳрат ва ҷалоли одамони бой, донишманд ё дар ҳаёт муваффақ? Калимае, ки аз забони ибронӣ чун «ҷалол» тарҷума шудааст, маънои «вазнинӣ»-ро дорад. Дар замонҳои қадим тангаҳо аз металлҳои қимматбаҳо, масалан аз тилло ва нуқра сохта мешуданд. Ва чӣ қадаре ки танга вазнинтар бошад, арзишаш ҳамон қадар баландтар буд. Барои ҳамин калимае, ки чун «ҷалол» тарҷума шудааст, метавонад ба ягон чизи пурарзиш, бузург ё хеле боҳашамат ишора кунад.
2 Одамон одатан шахсони пурқудрат, обрӯманд ва машҳурро болобардор мекунанд ва ҷалол медиҳанд. Лекин барои аз тарафи Худо ҷалол ёфтан ба шахс кадом хислат лозим аст? Дар Масалҳо 22:4 гуфта шудааст: «Подоши фурӯтанӣ ва худотарсӣ сарват ва ҷалол ва ҳаёт аст». Ва Яъқуби шогирд навишта буд: «Дар ҳузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард» (Яъқ. 4:10). Яҳува одамонро бо чӣ гуна ҷалол сарафроз мегардонад? Барои аз тарафи Худо ҷалол ёфтани мо чӣ монеа шуда метавонад? Ва чӣ тавр мо метавонем ба дигарон барои соҳиби чунин ҷалол шудан кӯмак расонем?
3–5. Яҳува моро сӯи кадом ҷалол роҳнамоӣ мекунад?
3 Забурнавис боварӣ дошт, ки Яҳува аз дасти росташ гирифта ӯро сӯи ҷалоли ҳақиқӣ ҳидоят менамояд. (Забур 72:23, 24-ро бихонед.) Яҳува ин корро чӣ тавр мекунад? Ӯ хизматгорони фурӯтанашро бо якчанд роҳ ҷалол медиҳад. Яҳува ба онҳо барои фаҳмидани иродааш мадад мерасонад, ки ин яке аз баракатҳои Ӯст (1 Қӯр. 2:7). Ҳамчунин Худо ба шахсоне, ки ба Ӯ гӯш медиҳанд ва итоат мекунанд, имконият медиҳад, ки бо Ӯ муносибати наздик дошта бошанд (Яъқ. 4:8).
4 Яҳува ҳамчунин ба ходимони худ боварӣ карда ба онҳо ганҷи пурарзиш — хизмати масеҳиро супоридааст (2 Қӯр. 4:1, 7). Ва ин хизмат сӯи ҷалол мебарад. Онҳое, ки аз имтиёзи худ истифода бурда дар кори мавъиза иштирок мекунанд, Яҳуваро ҷалол медиҳанд ва ба дигарон манфиат меоранд. Яҳува дар навбати худ онҳоро ҷалол медиҳад. Ӯ ваъда додааст: «Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард» (1 Подш. 2:30). Чунин шахсон дар назди Яҳува номи нек пайдо мекунанд ва ҳамчунин ба эҳтироми дигар аъзоёни ҷамъомад ноил мегарданд (Мас. 11:16; 22:1).
5 Дар бораи ояндаи онҳое, ки ба Худованд умед мебанданд ва тариқи Ӯро риоя менамоянд, чӣ гуфтан мумкин аст? Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Ӯ [Яҳува] туро баланд хоҳад кард, то ки вориси замин гардӣ; ҳангоми маҳв шудани шарирон инро хоҳӣ дид» (Заб. 36:34). Хизматгорони Худо интизори ҷалоли беҳамтоянд, ки ин ба даст овардани ҳаёти ҷовидона мебошад (Заб. 36:29).
«ҶАЛОЛРО АЗ МАРДУМ ҚАБУЛ НАМЕКУНАМ»
6, 7. Барои чӣ бисёриҳо ба Масеҳ будани Исо имон наоварданд?
6 Оё чизе моро аз қабул кардани ҷалоле, ки Яҳува ба мо доданӣ аст, боздошта метавонад? Ҳа, метавонад. Масалан, шояд моро фикру ақидаи шахсоне, ки дӯсти Худо нестанд, аз ҳад зиёд ба ташвиш орад. Оиди суханоне, ки Юҳаннои ҳавворӣ нисбати баъзе касони обрӯманди рӯзҳои Исо навишта буд, фикр кунед. Мо мехонем: «Бисёре аз сардорон низ ба [Исо] имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд; зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд» (Юҳ. 12:42, 43). То чӣ андоза беҳтар мебуд, ки он сардорон ба фикру ақидаи фарисиён ин қадар аҳамияти калон намедоданд!
7 Пештар, худи Исо ба таври равшан қайд кард, ки чаро бисёриҳо ӯро қабул накарданд ва ба вай имон наоварданд. (Юҳанно 5:39–44-ро бихонед.) Халқи Исроил тӯли асрҳо омадани Масеҳро интизор буданд. Вақте ки Исо таълим доданро сар кард, баъзеҳо шояд аз пешгӯии Дониёл фаҳмиданд, ки вақти омадани Масеҳ расидааст. Якчанд моҳ пеш аз ин, вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда мавъиза мекард, бисёриҳо мегуфтанд: «Оё вай Масеҳ аст ё не»? (Луқо 3:15). Ва инак, Масеҳе, ки дер боз интизораш буданд, дар байнашон таълим медод. Аммо шариатдонон ӯро қабул накарданд. Барои чӣ? Сабаби инро аз суханони Исо, ки ба онҳо гуфта буд, фаҳмидан мумкин аст: «Шумо чӣ тавр метавонед имон оваред, дар сурате ки ҷалол аз якдигар металабед, лекин ҷалолеро, ки аз Худои ягона аст, толиб нестед?»
8, 9. Бо мисоли равшанӣ фаҳмонед, ки чӣ тавр ҷалол аз одамон нисбат ба ҷалол аз Яҳува бароямон муҳимтар гашта метавонад.
8 Биёед бо мисоле дида бароем, ки чӣ тавр ҷалол аз одамон нисбат ба ҷалол аз Яҳува бароямон муҳимтар гашта метавонад. Ситораву сайёраҳои коиноти мо равшании бузург доранд. Оё шумо дар ёд доред, ки кай бори охир шабона ба осмони софу беғубор нигоҳ карда аз тамошои ҳазорон ситорагони дурахшону ҷилодор баҳра бурда будед? «Ҷалоли ситораҳо» моро ба ваҷд меорад (1 Қӯр. 15:40, 41). Лекин вақте ки шумо дар кӯчаи серчароғ истода ба осмон менигаред, оё ситорагон бо ҳамон ҷилои бузург ба назаратон метобанд? Не, чунки равшании чароғҳои шаҳр дидани ҷилои ситораҳоро қариб номумкин мегардонад. Оё сабаби ин дар он аст, ки чароғи роҳҳо, майдонҳо ва биноҳо нисбат ба нури ситорагон равшантару зеботаранд? Албатта не! Сабаб дар он аст, ки чароғҳои шаҳр ба мо наздиктаранд ва дидани ҷилои ситорагонро ба мо душвор мегардонанд. Барои ҳаловат бурдан аз тамошои осмони зебои шабона ба мо лозим аст, ки аз равшании чароғҳои сунъӣ дуртар равем.
9 Ба ҳамин монанд, агар ҷалол аз одамон ба диламон аз ҳад «наздик» бошад, ҷалоли пойдоре, ки Яҳува медиҳад, бароямон камарзиш шуда метавонад. Бисёриҳо хабари Салтанатро қабул намекунанд, зеро метарсанд, ки баъд шиносон ва аъзоёни оилаашон дар бораи онҳо чӣ фикр мекунанд. Лекин оё хоҳиши ба даст овардани ҷалол аз тарафи одамон ҳатто ба ходимони таъмидёфтаи Худо таъсир карда метавонад? Фарз мекунем, ки ҷавоне барои мавъиза ба маҳалле таъин шудааст, ки ӯро дар он ҷо хуб мешиносанд, аммо ҳоло Шоҳиди Яҳува буданашро намедонанд. Оё тарс пеши роҳи мавъиза кардани ӯро мегирад? Ва ё тасаввур кунед, ки шахсеро барои сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитофтанаш масхара мекунанд. Оё ӯ мегузорад, ки тарзи фикрронии шахсоне, ки хизмати Яҳуваро ба таври лозима қадр намекунанд, ба интихоби кардаи ӯ таъсир расонад? Ё шояд шахсе гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст. Оё ӯ аз тарси он ки обрӯяш дар назди ҷамъомад мерезад ё шахсони наздикаш рӯҳафтода мешаванд, гуноҳи содиркардаашро пинҳон мекунад? Дар ин ҳолат, агар дӯстӣ бо Яҳува барояш чизи муҳимтарин бошад, вай ба пирони ҷамъомад муроҷиат мекунад ва аз онҳо кӯмак меҷӯяд. (Яъқуб 5:14–16-ро бихонед.)
10. а) Чӣ рӯй медиҳад, агар мо аз ҳад зиёд ташвиш хӯрем, ки дигарон дар бораи мо чӣ фикр мекунанд? б) Агар мо фурӯтанона рафтор кунем, мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем?
10 Шояд шумо кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодаед, то хислатҳои масеҳиатонро беҳтар гардонед, вале бародаре зуд–зуд оиди ин ё он камбудиатон ба шумо маслиҳат медиҳад. Маслиҳатҳои вай ба шумо ёрӣ дода метавонанд, агар шумо ба ғурур, хоҳиши нигоҳ доштани обрӯ, ё худсафедкунӣ дода нашавед. Ё фарз мекунем, ки шумо ҳамроҳи ягон ҳамимон якҷоя кореро иҷро карда истодаед. Оё шумо ташвиш мехӯред, ки барои фикрҳои хуб ё заҳмати кашидаатон дигарон киро таърифу таҳсин мекунанд? Агар шумо ягон вақт бо яке аз ин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шуда бошед, дар ёд доред, ки «шахси фурӯтан ҷалол меёбад» (Мас. 29:23).
11. Мо бояд ба таърифу таҳсин чӣ гуна муносибат кунем ва чаро?
11 Ҳамчунин нозирон ва дигар бародароне, ки ба чунин масъулиятҳо мекӯшанд, бояд эҳтиёт бошанд, ки аз одамон ҷалол наҷӯянд (1 Тим. 3:1; 1 Тас. 2:6). Агар бародарро барои хуб иҷро кардани ягон коре самимона таъриф кунанд, ӯ бояд ба ин чӣ гуна муносибат кунад? Албатта ӯ мисли подшоҳ Шоул барои худ ҳайкал намесозад (1 Подш. 15:12). Лекин, оё ӯ бо омодагӣ эътироф мекунад, ки муваффақияти ба даст овардааш танҳо ба туфайли дастгирии Яҳува имконпазир гашт ва ҳар гуна комёбиҳои ояндааш низ аз баракату кӯмаки Ӯ вобаста аст? (1 Пет. 4:11). Он ки мо дар дил ба таърифу таҳсин чӣ гуна муносибат мекунем, ошкор месозад, ки мо аз кӣ ҷалол меҷӯем (Мас. 27:21).
«ШУМО МЕХОҲЕД ОРЗУҲОИ ПАДАРИ ХУДРО БА АМАЛ ОВАРЕД»
12. Чӣ ба баъзе яҳудиён барои гӯш кардани хабари Исо монеа шуд?
12 Чизи дигаре, ки барои гирифтани ҷалол аз Худо ба мо халал расонида метавонад, ин хоҳишҳои мо аст. Аз сабаби хоҳишҳои нодуруст шояд мо ҳақиқатро умуман шунидан намехоҳем. (Юҳанно 8:43–47-ро бихонед.) Исо ба баъзе яҳудиён гуфт, ки онҳо барои он хабари ӯро гӯш накарданд, ки «орзуҳои падари худ [Иблис]-ро ба амал» овардан мехостанд.
13, 14. а) Мувофиқи ақидаи олимон ҳангоми гап задани одамон мағзи сари мо чӣ тавр кор мекунад? б) Киро гӯш кардани мо аз чӣ вобаста аст?
13 Баъзан мо танҳо он чизеро мешунавем, ки шунидан мехоҳем (Юҳ. 9:27). Яҳува моро бо қобилияти аҷоибе офаридааст, ки мо ба садоҳои бароямон нодаркор аҳамият намедиҳем. Лаҳзае истед ва диққат диҳед, ки худи ҳоло шумо чӣ қадар овозҳои гуногунро шунида метавонед. Эҳтимол пеш аз ин шумо ба бисёри онҳо аҳамият намедодед. Як қисми мағзи сарамон ба он ҷавобгар аст, ки мо дар баробари шунидани садоҳои гуногун диққатамонро ба як чиз равона кунем. Лекин олимон муайян карданд, ки вақте мо овози гапзании одамонро мешунавем, фарқ кардани садоҳои гуногун бароямон торафт душвор мегардад. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми дар як вақт гап задани ду одам мо бояд интихоб кунем, ки диққатамонро ба кадоми онҳо равона месозем. Интихоби мо аз он вобаста хоҳад буд, ки мо кадоме аз онҳоро гӯш кардан мехоҳем. Яҳудиёне, ки иродаи падари худ, Шайтонро иҷро кардан мехостанд, Исоро гӯш намекарданд.
14 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ба маъное ҳам хирад ва ҳам аблаҳӣ моро даъват мекунанд, ки ба овозашон гӯш диҳем (Мас. 9:1–5, 13–17). Ин дар назди мо интихоб мегузорад. Даъвати кадоми онҳоро мо қабул мекунем? Ҷавоб аз он вобаста аст, ки мо иродаи киро ба ҷо овардан мехоҳем. Гӯсфандони Исо ба овози ӯ гӯш медиҳанд ва аз ақибаш мераванд (Юҳ. 10:16, 27). Исо гуфт, ки пайравонаш дар тарафи ҳақиқат мебошанд (Юҳ. 18:37). Онҳо «овози бегонаро намешиносанд» (Юҳ. 10:5). Чунин шахсони фурӯтан, ҷалол меёбанд (Мас. 3:13, 16; 8:1, 18).
ОН ҶАЛОЛИ ШУМОСТ
15. Ба кадом маъно азобҳои Павлус барои дигарон «ҷалол» буд?
15 Агар мо дар иҷрои иродаи Яҳува истодагарӣ кунем, ин ба дигарон кӯмак мекунад, ки ҷалол ёбанд. Павлус ба ҷамъомади шаҳри Эфсӯс навишта буд: «Хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахр [«ҷалол», ТДН]-и шумост» (Эфс. 3:13). Ба кадом маъно азобҳои Павлус барои эфсӯсиён «ҷалол» буд? Ба душвориҳо нигоҳ накарда бо омодагӣ хизматро давом додани Павлус ба эфсӯсиён нишон медод, ки хизмат ба Худо барои масеҳиён чизи аз ҳама пурарзиш аст. Агар Павлус ҳангоми дучор шудан бо азобҳо хизмат карданро бас мекард, оё ин эфсӯсиёнро ба он фикр тела намедод, ки муносибатҳои бо Яҳува доштаашон, хизмати онҳо ва умедашон ягон арзиш надоранд? Бо истодагариаш Павлус нишон дод, ки шогирди Масеҳ будан ба ҳар гуна фидокорӣ меарзад.
16. Бо Павлус дар Лустра чӣ рӯй дод?
16 Фикр кунед, ки ҷидду ҷаҳд ва истодагарии Павлус чӣ натиҷа овард. Дар Аъмол 14:19, 20 гуфта мешавад: «Аз Антиёхия ва Иқуния яҳудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва, ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр [-и Лустра] берун кашиданд. Вақте ки шогирдон дар гирди ӯ ҷамъ омаданд, [ӯ] бархоста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сӯи Дарба равона шуд». Тасаввур кунед, ки ба Павлус то чӣ андоза душвор буд пиёда тай кардани 100 километр роҳ баъди он рӯзе, ки ӯро сангсор карда қариб кушта буданд!
17, 18. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки Тимотиюс дар бораи азобҳои дар Лустра кашидаи Павлус медонист? б) Истодагарии Павлус ба Тимотиюс чӣ гуна таъсир расонд?
17 Оё дар байни он «шогирдон»-е, ки ба кӯмаки Павлус омаданд, Тимотиюс низ буд? Китоби Аъмол дар ин бора равшан чизе намегӯяд. Лекин, Тимотиюс дар бораи он чизе ки бо ӯ рӯй дод, медонист. Павлус дар номаи дуюмаш ба Тимотиюс навишт: «Ту таълим, тарзи ҳаёт... ва тоқати маро медонӣ, ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро, ки дар Антиёхия [вақте ки аз шаҳр ронданд], Иқуния [вақте ки ҳуҷум карда сангсор карданӣ шуданд] ва Лустра [вақте ки сангсор карданд] ба сари ман омад, ва чӣ тавр он таъқиботро ман аз сар гузарондам, ва Худованд маро аз ҳамааш халосӣ дод» (2 Тим. 3:10, 11; Аъм. 13:50; 14:5, 19).
18 Тимотиюс аз вазъиятҳои душвори ба сари Павлус омада ва истодагарие, ки ӯ зоҳир кард, бохабар буд. Аз афташ, Тимотиюси ҷавон аз намунаи Павлус бисёр чизҳоро таълим гирифт. Вақте ки Павлус ба Лустра ташриф овард, Тимотиюс дар ҷамъомад масеҳии намунавие шуда буд ва «бародарони сокини Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд» (Аъм. 16:1, 2). Бо гузашти вақт, Тимотиюс ба гирифтани масъулиятҳои бештар мувофиқат мекард (Фил. 2:19, 20; 1 Тим. 1:3).
19. Истодагарии мо ба дигарон чӣ тавр таъсир мекунад?
19 Истодагарии мо ба дигарон, махсусан ба ҷавонон, ки бисёре аз онҳо дар оянда хизматгорони пурарзиши Худо мегарданд, таъсири хуб мерасонад. Ҷавонон моро мушоҳида карда на танҳо қобилияти суханронӣ ва мавъиза карданамонро ёд мегиранд, балки ҳамчунин дар вазъиятҳои душвор истодагарӣ кардани моро дида аз ин дарс мегиранд. Павлус «ба ҳар чиз» сабр мекард, то ҳамаи шахсоне, ки содиқ мемонанд, ба наҷот ва «ҷалоли абадӣ ноил шаванд» (2 Тим. 2:10).
20. Чаро мо бояд ҷустани ҷалолеро, ки Худо медиҳад, давом диҳем?
20 Пас, оё мо набояд ҷустани «ҷалолеро, ки аз Худои ягона аст» давом диҳем? (Юҳ. 5:44; 7:18). Албатта! (Румиён 2:6, 7-ро бихонед.) Яҳува ба онҳое, ки «толиби ҷалол[анд]... ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод». Беш аз ин, «онҳое ки доим кори нек» мекунанд, дигаронро бармеангезанд, ки содиқ монанд ва ҳаёти ҷовидонӣ ба даст оранд. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ чиз нагузоред, ки барои аз Худо ҷалол ёфтанатон монеа шавад.