Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба дӯстдорони Яҳува ҳеҷ чиз монеа намешавад

Ба дӯстдорони Яҳува ҳеҷ чиз монеа намешавад

«Дӯстдорони шариати Ту осоиштагии зиёде доранд, ва чизе ба онҳо монеъ намешавад» (ЗАБ. 118:165).

1. Чӣ тавр бо азми қавӣ давом додани хизматамонро бо мисоли даванда муқоиса кардан мумкин аст?

 МЭРИ ДЕККЕР ҳанӯз бистсола набуд, ки чун даванда дар ҷаҳон машҳур гашт. Бисёриҳо боварӣ доштанд, ки вай соли 1984 дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ, дар давиши 3 000-метра медали тиллоро соҳиб мешавад. Лекин ӯ ба хати марра нарасид. Пои ӯ ба пои давандаи дигар бархӯрд ва ӯ ба замин афтид. Мэрии захмдоршударо, ки чашмонаш пур аз ашк буд, бардошта аз майдони давиш бароварданд. Аммо ҳамаи ин Мэриро аз давидан боз надошт. Тақрибан дар давоми як сол ӯ қувваташро аз нав барқарор намуда, соли 1985 дар мусобиқаи давиш рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт.

2. Ба кадом маъно масеҳиёни ҳақиқӣ медаванд ва диққати мо бояд ба чӣ равона бошад?

2 Чун масеҳиёни ҳақиқӣ мо дар майдони рамзӣ медавем. Мо бояд мақсад дошта бошем, ки ғолибиятро ба даст орем. Дар ин мусобиқа шарт нест, ки барои ғолиб баромадан, бо суръати хеле зиёд давем. Вале ҳамзамон суръати давидани мо набояд суст ва бемақсад бошад. Давиши мо бештар ба марафон монанд мебошад, ки барои ғолиб шудан, истодагарӣ муҳим аст. Павлуси ҳавворӣ дар номаи худ ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт, ки дар он ҷо бисёр вақт мусобиқаҳои варзишӣ мегузаштанд, мисоли давандаро истифода бурд. Вай навишт: «Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофот мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед» (1 Қӯр. 9:24).

3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи давандагон метавонанд ҳаёти ҷовидониро чун мукофот соҳиб шаванд?

3 Китоби Муқаддас моро барои давидан дар ин майдони рамзӣ даъват мекунад. (1 Қӯринтиён 9:25–27-ро бихонед.) Мукофоти ин мусобиқа, ҳам барои тадҳиншудагон ва ҳам барои давандагони дигар, ки умеди заминӣ доранд, ҳаёти ҷовидона аст. Мусобиқаи мо аз бисёр мусобиқаҳои варзишӣ фарқ мекунад, зеро дар мусобиқаи мо ҳамаи иштирокчиёне, ки то ба охир истодагарӣ мекунанд, соҳиби мукофот хоҳанд шуд (Мат. 24:13). Танҳо ҳамон иштирокчиёне, ки қоидаи давиданро вайрон мекунанд ё ба хати марра намерасанд, соҳиби мукофот намегарданд. Бояд қайд кард, ки ин ягона мусобиқаест, ки ҳаёти ҷовидониро чун мукофот пешниҳод менамояд.

4. Аз кадом сабаб ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ душвор аст?

4 Ба хати марра рафта расидан осон нест. Барои ин лозим аст, ки одам худдорӣ зоҳир кунад ва диққаташро ба мақсад равона намояд. Танҳо як шахс — Исои Масеҳ ягон бор пешпо нахӯрда, ба хати марра расид. Лекин шогирди вай Яъқуб дар бораи пайравони Масеҳ чунин навишт: «Ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем» (Яъқ. 3:2). То чӣ андоза ҳаққанд ин суханон! Ба ҳамаи мо нокомилии худамон ва дигарон таъсир мерасонад. Барои ҳамин, чунин шуда метавонад, ки мо баъзан пешпо хӯрем, сипас ноустуворона қадам занем ва оқибат суръати давишамон суст гардад. Мо шояд ҳатто ғалтем; лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мо мехезем ва давиданро давом медиҳем. Баъзеҳо чунон сахт ғалтиданд, ки барои аз нав хестан ва давом додани давиш, ба кӯмаки дигарон ниёз доштанд. Баъзан мо низ бо чунин вазъият рӯ ба рӯ шуда метавонем, яъне ягон вақт метавонем хато кунем, пешпо хӯрем ё тамоман афтем (3 Подш. 8:46).

Агар афтед, кӯмакро қабул кунед ва аз нав бархезед!

ПЕШПО ХӮРЕД ҲАМ, ДАВИДАНРО ДАВОМ ДИҲЕД

5, 6. a) Чаро гуфтан мумкин аст, ки барои масеҳиён чизе «монеъ намешавад» ва барои хестан ба онҳо чӣ кӯмак хоҳад расонд? б) Чаро баъзеҳо баъд аз пешпо хӯрдан аз нав намехезанд?

5 Шояд шумо барои ҳолати рӯҳонии шахсро тасвир кардан ибораи «пешпо хӯрдан» ва «афтидан»-ро истифода баред. Аммо дар Китоби Муқаддас ин ибораҳо на ҳама вақт чунин маъно доранд. Масалан, ба суханони дар Масалҳо 24:16 омада диққат диҳед: «Одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад, вале шарирон гирифтори бало мешаванд».

6 Ҳатто мо пешпо хӯрем ё афтем ҳам, метавонем аз нав бархезем. Зеро то он даме ки мо ба Яҳува такя мекунем, Ӯ тайёр аст, ки дар душвориҳо ё хатогиҳоямон моро дастгирӣ кунад. Яҳува моро бовар мекунонад, ки барои бархестан ба мо кӯмак мерасонад, то ки минбаъд низ содиқона хизматамонро давом дода тавонем. Барои ҳамаи онҳое, ки Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медоранд, донистани ин хеле тасаллибахш аст! Шарирон бошанд, хоҳиши аз нав хестанро надоранд. Онҳо кӯмаки рӯҳулқудси Худо ва халқи Ӯро намеҷӯянд ё вақте ки ба онҳо кӯмак пешниҳод карда мешавад, онро рад мекунанд. Баръакси ин, барои «дӯстдорони шариати» Яҳува санги монеа вуҷуд надорад, ки онҳоро аз роҳи ҳаёт чунон сахт занад, ки хеста натавонанд. (Забур 118:165-ро бихонед.)

7, 8. Аз чӣ сабаб шахс афтида метавонад ва чӣ тавр ба ин нигоҳ накарда ӯ метавонад соҳиби илтифоти Худо бошад?

7 Баъзеҳо аз боиси сустиҳои худ гуноҳи на он қадар ҷиддӣ содир мекунанд — ҳатто такроран. Аммо онҳо дар назари Яҳува одил монда метавонанд, агар аз нав хезанд, яъне самимона тавба кунанд ва кӯшиш намоянд, то ки хизматашонро содиқона давом диҳанд. Мо инро аз муносибати Худо бо исроилиён дида метавонем (Иш. 41:9, 10). Иқтибоси аз Масалҳо 24:16 овардашуда диққатро на ба ҷиҳати манфӣ, яъне афтидани мо, балки ба ҷиҳати мусбӣ, ба бархестани мо, ки ин бо кӯмаки Худои меҳрубонамон имконпазир аст, бештар равона мекунад. (Ишаъё 55:7-ро бихонед.) Яҳува Худо ва Исои Масеҳ дилпурии нисбати мо доштаашонро баён карда, моро бармеангезанд, ки бархезем (Заб. 85:5; Юҳ. 5:19).

8 Ҳатто агар даванда дар марафон пешпо хӯрад ё биафтад, вай барои аз нав бархестан ва то ба хати марра расидан вақт дорад, агар дарҳол амал кунад. Дар роҳе, ки сӯи ҳаёти ҷовидона мебарад, мо намедонем, ки давишамон дар кадом «рӯз ва соат» ба анҷом мерасад (Мат. 24:36). Лекин, агар мо кам пешпо хӯрем, эҳтимоли зиёд аст, ки суръати давишамонро мунтазам нигоҳ медорем, аз роҳ намебароем ва бомуваффақият то ба хати марра мерасем. Пас, чӣ кор карда метавонем, то пешпо нахӯрем?

САНГҲОИ МОНЕАЕ, КИ БА РУШДИ РӮҲОНӢ ХАЛАЛ МЕРАСОНАНД

9. Мо кадом сангҳои монеаро, ки ба мо халал расонда метавонанд, дида мебароем?

9 Биёед панҷ навъи сангҳои монеаро, ки ба мо халал расонда метавонанд, дида бароем: сустиҳои шахсӣ, хоҳишҳои нодуруст, беадолатӣ аз тарафи ҳамимонон, мусибат ё таъқибот ва нокомилии дигарон. Аммо фаромӯш накунед, ки агар мо пешпо хӯрда бошем, Яҳува нисбати мо пурсабрӣ зоҳир мекунад ва дарҳол ба чунин хулоса намеояд, ки мо шахси бевафо ҳастем.

10, 11. Довуд бо кадом сустии шахсӣ мубориза мебурд?

10 Сустиҳои шахсиро бо сангҳои дар роҳ буда монанд кардан мумкин аст. Аз воқеаҳои дар ҳаёти шоҳ Довуд ва Петруси ҳавворӣ рӯйдода, мо ду намуди сустӣ — норасоии худдорӣ ва одамтарсиро дида метавонем.

11 Аз амалҳои бо Батшобаъ кардаи шоҳ Довуд, маълум гашт, ки ба вай худдорӣ намерасид. Ҳамчунин ӯ аз дашноми Нобол қариб буд, ки бехирадона рафтор кунад. Бале, гарчанд дар ин мавридҳо ӯ худдориро аз даст дод, лекин нигоҳ накарда ба ин, вай кӯшиши ба Яҳува писанд омаданро давом медод. Бо ёрдами дигарон ӯ қуввати рӯҳониашро барқарор карда тавонист (1 Подш. 25:5–13, 32, 33; 2 Подш. 12:1–13).

12. Нигоҳ накарда ба он ки Петрус пешпо мехӯрд, чӣ тавр ӯ давиданро давом дод?

12 Петрус аз сабаби одамтарсӣ баъзан сахт пешпо мехӯрд, лекин ба ин нигоҳ накарда, вай ба Исо ва Яҳува содиқ монд. Масалан, ӯ дар назди одамон Устоди худро на як бор, балки се бор инкор кард (Луқ. 22:54–62). Баъдтар низ Петрус чун масеҳӣ рафтор накард, зеро ӯ нисбати ҳамимонони ғайрияҳудӣ чунон муносибат кард, ки гӯё онҳо назар ба яҳудиёни хатнашуда бад ҳастанд. Аммо Павлуси ҳавворӣ бошад, хуб медонист, ки дар ҷамъомад набояд рӯйбинӣ вуҷуд дошта бошад. Муносибати Петрус нодуруст буд. Пеш аз он ки чунин рафтори Петрус чун хамиртуруш ба ҳамимонон таъсири манфӣ расонад, Павлус бо Петрус вохӯрда, ӯро сахт мазаммат кард (Ғал. 2:11–14). Оё Петрус аз маслиҳати Павлус сахт хафа шуда, майдони давишро тарк кард? Не. Ӯ оиди маслиҳати Павлус ҷиддӣ мулоҳиза ронд, онро ба кор бурд ва давиданро давом дод.

13. Чӣ тавр душвории бо беморӣ алоқаманд санги монеа шуда метавонад?

13 Баъзан сустиҳои шахсӣ дар он зоҳир мегарданд, ки мо барои саломатиамон аз ҳад зиёд ташвиш мекашем. Ин ҳам мисли сангест, ки дар роҳ монеа шуда метавонад. Дар давишамон он метавонад ба мо халал расонад, ҳатто сабаби ноустувор қадам мондан ва хаста шуданамон гардад. Масалан, як хоҳари ҷопонӣ баъди таъмид гирифтанаш, аз ҷиҳати саломатӣ 17 сол азоб мекашид. Азбаски ин хоҳар ба саломатии худ хеле андармон буд, ӯ рӯҳан суст шуд ва муддате пас ғайрифаъол гашт. Сипас, ду пири ҷамъомад ба хабаргирии ӯ рафтанд. Хоҳарамон аз суханони меҳрубононаи пирон рӯҳбаландӣ гирифта, ба ҷамъомад ташриф меовардагӣ шуд. Вай мегӯяд: «Аз муносибати меҳрубононаи бародарон чашмонам пури об шуданд». Ҳоло ин хоҳарамон аз нав ба майдон баргашта давиданро давом дода истодааст.

14, 15. Вақте ки хоҳишҳои нодуруст моро фаро мегиранд, кадом чораҳои қатъиро андешидан зарур аст? Мисол оред.

14 Бисёриҳо аз сабаби хоҳишҳои нодуруст пешпо мехӯранд. Вақте ки ин сангҳои монеа сабаби ба васваса афтодани мо мегарданд, барои аз ҷиҳати ахлоқиву рӯҳонӣ тоза мондан, мо бояд чораҳои қатъӣ андешем. Мувофиқи маслиҳати Исо ҳар чизеро, ки ба мо монеа шуда метавонад, бояд «аз худ дур кун[ем]», ҳатто чашм ё дасти худро ба маънои рамзӣ бояд аз худ дур созем. Магар ин монеа фикру рафтори бадахлоқонаро дар бар намегирад, ки аз боиси он баъзеҳо майдонро тарк намуданд? (Мат. 5:29, 30).

15 Аз номаи як бародар, ки дар оилаи масеҳӣ калон шудааст, маълум мешавад, ки ӯ солҳои дароз бо майли нодурусти ҳомосексуализм доимо мубориза мебурд. Ӯ чунин мегӯяд: «Ман ҳамеша худро ноҳинҷор ҳис мекардам. Ба назарам чунин менамуд, ки ман дар ҳама ҷо мисли “зоғи ало” ҳастам». Дар синни 20-солагӣ ӯ аллакай чун пешрави доимӣ ва дар ҷамъомад чун ходими ёвар хизмат мекард. Лекин баъд ӯ гуноҳи ҷиддӣ содир намуд, сипас пирон вайро аз рӯи Навиштаҳо мазаммат намуданд ва ӯ ин кӯмакро қабул кард. Ба воситаи мунтазам дуо гуфтан, Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан ва бо кӯшиши ба дигарон кӯмак расондан, ӯ аз нав ба по хеста, давиши рӯҳониро давом дод. Баъди сипарӣ гаштани солҳо, ӯ иқрор мешавад: «Ҳанӯз ҳам он ҳиссиёт дар ман вуҷуд дорад, лекин ман намегузорам, ки он ҳиссиётҳо маро пахш кунанд. Ман фаҳмидам, ки Яҳува намегузорад, ки мо берун аз қувватамон озмуда шавем. Худо маро бовар мекунонад, ки ман инро паси сар карда метавонам, ман ҳам ба ин боварӣ дорам». Ин бародар чунин хулоса кард: «Барои ҳамаи муборизаҳоям ман дар дунёи нав мукофотонида мешавам. Ман инро сахт мехоҳам! То он вақт ман муборизаро давом хоҳам дод». Ин бародар бо азми қавӣ давишро давом доданӣ аст.

16, 17. a) Ба бародаре, ки гумон мекард, ки нисбати ӯ беадолатӣ кардаанд, чӣ кӯмак расонд? б) Барои пешпо нахӯрдан, мо бояд диққатамонро ба кӣ равона созем?

16 Яке аз сангҳои монеа ин беадолатӣ аз тарафи ҳамимонон буда метавонад. Дар Фаронса як пири ҷамъомад фикр мекард, ки нисбати ӯ беадолатӣ карданд ва аз ин сахт хафа буд. Дар натиҷа, ӯ бо аъзоёни ҷамъомад дигар муошират намекард ва ғайрифаъол гашт. Сипас, ду пири ҷамъомад ба хабаргириаш рафта, ӯро бо ҳамдардӣ гӯш карданд ва суханашро набурида ба вай имконият доданд, ки нуқтаи назарашро оиди ин масъала баён кунад. Пас аз ин онҳо ӯро барангехтанд, ки бори дилашро ба Яҳува партояд ва қайд намуданд, ки аз ҳама чизи муҳим ин Худоро хурсанд кардан аст. Ӯ ин маслиҳатҳоро нағз қабул кард ва дере нагузашта ба майдони давиш баргашта, дар ҷамъомад аз нав фаъол шуд.

17 Ба ҳамаи масеҳиён лозим аст, ки диққаташонро ба Сарвари таъиншудаи ҷамъомад, Исои Масеҳ, равона созанд, на ба шахсони нокомил. Чашмони Исо, ки «мисли шӯълаи оташ» аст, ҳар воқеаи рӯймедодаро пурра мебинад ва аз мо дида онро нағзтар медонад (Ваҳй 1:13–16). Масалан, ӯ мефаҳмад, ки он чизе ки ба назари мо беадолатӣ менамояд, дар асл хулосаи нодуруст ё нафаҳмидани масъала аз тарафи мо буда метавонад. Исо ниёзҳои ҷамъомадро ба таври комил ва дар вақти лозима қонеъ хоҳад гардонд. Аз ин рӯ, мо набояд гузорем, ки қарор ё амалҳои ягон ҳамимонамон ба мо санги монеа шаванд.

18. Чӣ тавр мо дар озмоишҳо ё душвориҳои сахт истодагарӣ карда метавонем?

18 Ду санги монеаи дигар ин мусибат ё таъқибот ва нокомилии дигарон дар ҷамъомад мебошад. Исо дар масали худ оиди коранда гуфт, ки аз боиси Калом баъзеҳо бо «азияте ё таъқиботе» дучор шуда, пешпо мехӯранд. Таъқибот метавонад аз тарафи оила, ҳамсояҳо ё ҳукуматдорон сар занад. Дар чунин мавридҳо шахсе, ки «дар худ реша надорад» ва ба вай дониши чуқури Калом намерасад, давишро бас карда метавонад (Мат. 13:21). Лекин, агар мо ҳолати дурусти дили рамзиамонро нигоҳ дорем, тухми Салтанат барои мустаҳкам гардондани решаҳои имони мо кӯмак хоҳад кард. Ҳангоми бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шудан, кӯшиш кунед, ки бо дуо оиди чизҳое, ки шоёни таҳсинанд, мулоҳиза ронед. (Филиппиён 4:6–9-ро бихонед.) Бо қувваи Худо мо дар душвориҳо истодагарӣ хоҳем кард ва нахоҳем гузошт, ки вазъиятҳои сахт дар роҳи мо сангҳои монеа гарданд.

Ба ягон чиз нагузоред, ки шуморо аз анҷом додани давиш боздорад!

19. Чӣ кор карда метавонем, то аз ягон кас хафа шудани мо ба санги монеа табдил наёбад?

19 Мутаассифона, баъзеҳо роҳ медиҳанд, ки нокомилии дигарон барояшон санги монеа гардад ва аз ин сабаб майдони давишро тарк мекунанд. Азбаски дар масъалаҳои бо виҷдон алоқаманд аъзоёни ҷамъомад нуқтаи назари гуногун доранд, ин барои баъзеҳо санги монеа гашт (1 Қӯр. 8:12, 13). Агар касе моро хафа кунад, оё мо «аз пашша фил месозем»? Китоби Муқаддас масеҳиёнро ба таври ҷиддӣ насиҳат медиҳад, ки ҳукм карданро бас намоянд, дигаронро бахшанд ва барои гапи худро гузарондан якравӣ накунанд (Луқ. 6:37). Ҳангоми бо ягон санги монеа дучор шудан, аз худ бипурсед: «Оё ман дигаронро беадолатона аз рӯи фикру ақидаи шахсиам ҳукм мекунам? Аз донистани он ки ҳамимононам нокомиланд, оё ман мегузорам, ки нокомилии ягон кас маро аз роҳе, ки сӯи ҳаёт мебарад, дур созад?» Муҳаббат ба Яҳува ба мо кӯмак расонда метавонад, то мо бо истодагарӣ роҳ равем ва нагузорем, ки ягон кас барои ба хати марра расидан ба мо халал расонад.

ПЕШПО НАХӮРДА БО ИСТОДАГАРӢ БИДАВЕД

20, 21. Чун давандагон дар роҳи ҳаёт, шумо чӣ тавр амал карданиед?

20 Оё шумо барои давишро анҷом додан тайёред? (2 Тим. 4:7, 8). Барои ин, доштани омӯзиши шахсӣ ҳатмист. Истифода бурдани Китоби Муқаддас ва адабиётҳоямон барои тадқиқот гузарондан, мулоҳиза рондан ва барои муайян намудани санги дар роҳбуда кӯмак мерасонад. Аз Яҳува дар дуо рӯҳулқудс пурсед, то ки ба шумо қувваи рӯҳонии лозима ато шавад. Дар ёд доред, ки агар даванда баъзан пешпо хӯрад ё ғалтад ин маънои онро надорад, ки акнун ӯ ҳеҷ вақт ба хати марра намерасад. Ӯ метавонад бархезад ва давишро давом диҳад. Ӯ ҳатто сангҳои монеаро чун зинаҳо истифода бурда метавонад ва аз ҳар як душвориҳои бо имон алоқаманд дарсҳои муфид мегирад.

21 Китоби Муқаддас тасвир мекунад, ки барои ҳаёти ҷовидонаро ба даст овардан, дар давиш фаъол будан лозим аст, на ин ки суст. Ин мисли он нест, ки шахс ба мошин савор шуда, ба осонӣ ба хати марра рафта мерасад. Барои ба даст овардани ҳаёт мо худамон бояд бидавем. Агар мо ин тавр кунем, «осоиштагии зиёде» аз тарафи Яҳува моро мисли бод тела хоҳад дод (Заб. 118:165). Мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува имрӯз баракат доданро давом медиҳад ва ҳамаи онҳое, ки ба хати марра мерасанд, баракатҳои беохирро соҳиб хоҳанд шуд (Яъқ. 1:12).