Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нақши худро чун башоратдиҳанда пурра иҷро намоед

Нақши худро чун башоратдиҳанда пурра иҷро намоед

«Кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо» (2 ТИМ. 4:5).

1. Чаро Яҳуваро аввалин ва бузургтарин Башоратдиҳанда номидан мумкин аст?

 БАШОРАТДИҲАНДА ин шахсест, ки хушхабарро ба дигарон мерасонад. Аввалин ва бузургтарин Башоратдиҳанда Яҳува Худо аст. Баъд аз исён бардоштани нахустволидонамон, Ӯ дарҳол хушхабареро эълон карда гуфт, ки мор, яъне Шайтон Иблис нест карда хоҳад шуд (Ҳас. 3:15). Дар тӯли асрҳо Яҳува ба воситаи пайғамбарон пурратар фаҳмонд, ки Ӯ чӣ гуна номашро муқаддас мегардонад, чӣ тавр зарари расонидаи Шайтонро бартараф мекунад ва чӣ тавр инсоният имконияти ҷовидона зистанро аз нав соҳиб мегардад.

2. а) Дар кори башоратдиҳӣ фариштагон кадом нақшро мебозанд? б) Исо барои башоратдиҳандагон чӣ намуна гузошт?

2 Фариштагон низ башоратдиҳанда мебошанд. Онҳо худашон хабарҳои хушро ба дигарон мерасонанд ва ба хизматгорони Худо барои паҳн кардани хушхабар кӯмак мекунанд (Луқ. 1:19; 2:10; Аъм. 8:26, 27, 35; Ваҳй 14:6). Аммо дар бораи сарвари фариштаҳо Микоил чӣ гуфтан мумкин аст? Вақте ки ӯ чун инсон дар замин зиндагӣ кард, вай барои башоратдиҳандагони одамӣ намунаи ибрат гузошт. Охир, тамоми ҳаёти Исо ба паҳн кардани хушхабар равона шуда буд! (Луқ. 4:16–21).

3. а) Кадом хабари хушро мо паҳн мекунем? б) Дида баромадани кадом саволҳо ба мо, чун ба воизони хушхабар шавқоваранд?

3 Исо ба шогирдонаш амр дод, ки башоратдиҳанда бошанд (Мат. 28:19, 20; Аъм. 1:8). Павлуси ҳавворӣ ҳамкори худ Тимотиюсро барангехта гуфт: «Кори башоратдиҳандаро [воизи хушхабарро] ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо» (2 Тим. 4:5). Кадом хабари хушро мо чун пайравони Исо паҳн мекунем? Мо ба одамон мегӯем, ки Падари осмониамон, Яҳува, моро дӯст медорад (Юҳ. 3:16; 1 Пет. 5:7). Яҳува муҳаббаташро асосан тавассути Салтанаташ зоҳир мекунад. Барои ҳамин, мо хурсандона ба одамон нақл мекунем, ки агар онҳо ба Салтанати Ӯ итоат кунанд, Худоро гӯш кунанд ва аз рӯи адолат рафтор намоянд, он гоҳ бо Яҳува дӯст шуда метавонанд (Заб. 14:1, 2). Дар ҳақиқат, Яҳува ният дорад, ки ранҷу азоб ва беадолатиро барҳам диҳад. Ӯ ҳамчунин хотираҳои дардовари азоби гузаштаро бартараф хоҳад кард. Магар ин хабари хуш нест? (Иш. 65:17). Азбаски мо воизони хушхабарем, биёед ба ду саволи муҳим ҷавоб ёбем: Чаро муҳим аст, ки одамон хушхабарро шунаванд? Ва чӣ гуна мо чун воизони хушхабар дар пурра иҷро кардани нақши худ муваффақият ба даст оварда метавонем?

ЧАРО ОДАМОН БОЯД ХУШХАБАРРО ШУНАВАНД?

Барои ба дили одамон таъсир расондан, мо бояд тавре таълим диҳем, ки онҳо боварӣ ҳосил намоянд

4. Одамон дар бораи Худо баъзан чӣ гуна ривоятҳои бардурӯғ мегӯянд?

4 Тасаввур кунед, ки ба шумо мегӯянд, ки падаратон шуморо бо аҳли оилаатон тарк кардааст. Касоне, ки гӯё вайро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ шахси бепарвову бераҳм аст ва фикру ниятҳояшро аз ҳама пинҳон медорад. Баъзеҳо шояд шуморо ҳатто бовар кунонданӣ шаванд, ки барои аз нав бо падаратон алоқа кардан кӯшиш накунед, чунки ӯ мурдааст. Дар ҳақиқат, бисёриҳо дар бораи Худо чунин ривоятҳо мегӯянд. Онҳо таълим медиҳанд, ки Худо шахси асрорангез аст, Ӯро шинохтан мумкин нест ё ин ки Ӯ бераҳм мебошад. Масалан, баъзе роҳбарони динӣ мегӯянд, ки Худо одамони бадро то абад дар дӯзах азоб медиҳад. Дигарон бошанд, мусибатҳоеро, ки офатҳои табиӣ меоранд, аз Худо медонанд. Ҳарчанд дар чунин офатҳо, ҳам одамони бад ва ҳам одамони хуб нобуд мешаванд, онҳо мегӯянд, ки ин ҷазо аз тарафи Худованд аст.

[Тасвир дар саҳифаи 6]

Саволҳои таъсирбахш ба одамон кӯмак мекунанд, то фикр кунанд, ки эътиқодашон бар чӣ асос меёбад

5, 6. Таъсири назарияи эволютсия ва таълимотҳои инсонӣ чӣ гуна аст?

5 Дигар гурӯҳи одамон мегӯянд, ки Худо нест. Дар ин маврид оиди назарияи эволютсия фикр кунед. Бисёр тарафдорони ин назария ақида доранд, ки ҳаёт худ аз худ пайдо шудааст. Онҳо мегӯянд, ки Офаридгор вуҷуд надорад. Баъзеҳо ҳатто қайд мекунанд, ки одамизод ин як намуди ҳайвон аст ва мегӯянд, ки агар шахс мисли ҳайвон рафтор кунад, мо набояд ҳайрон шавем. Онҳо чунин ақида доранд, ки бар заифон ҳукмронӣ кардани одамони пурзӯр табиӣ аст. Пас ҳайратовар нест, ки бисёриҳо фикр мекунанд, ки беадолатӣ ҳамеша вуҷуд хоҳад дошт. Барои ҳамин, касоне, ки ба назарияи эволютсия боварӣ доранд, аз умеди ҳақиқӣ маҳруманд.

6 Бешубҳа, назарияи эволютсия ва таълимотҳои бардурӯғ яке аз сабабҳои ранҷу азобҳое мебошанд, ки инсоният дар давоми рӯзҳои охир аз сар гузаронида истодааст (Рум. 1:28–31; 2 Тим. 3:1–5). Ин таълимотҳои инсонӣ ба мо ягон хабари хушу ҳаётбахш намеоранд. Баръакс, чӣ тавре ки Павлуси ҳавворӣ қайд кард, аз чунин таълимот ақли одамон «тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона» мешаванд (Эфс. 4:17–19). Илова бар ин, назарияи эволютсия ва таълимотҳои дурӯғ ба одамон барои қабул кардани хушхабар халал мерасонанд. (Эфсӯсиён 2:11–13-ро бихонед.)

[Тасвир дар саҳифаи 6]

Саволҳо ақлу дили одамонро ба қабул кардани ҳақиқат мекушоянд

7, 8. Танҳо бо кадом роҳ одамон хушхабарро пурра фаҳмида метавонанд?

7 Барои бо Худо оштӣ шудан, одамон бояд пеш аз ҳама боварӣ ҳосил кунанд, ки Яҳува вуҷуд дорад ва барои ба Ӯ наздик шудан сабабҳои асоснок ҳаст. Барои ин, мо метавонем онҳоро барангезем, ки офаридаҳои Ӯро чуқуртар омӯзанд. Вақте ки одамон офаридаҳоро самимона меомӯзанд, онҳо аз хирад ва қуввати Худо бохабар мешаванд (Рум. 1:19, 20). Мо мехоҳем, ки ба одамон кӯмак расонем, то онҳо оиди корҳои Офаридгори бузургамон мулоҳиза ронда, ҳисси эҳтиром ва миннатдории худро ба Ӯ зиёдтар гардонанд. Барои ин, мо метавонем аз брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» истифода барем. Ҳатто дар чунин сурат, касоне, ки фақат офаридаҳоро меомӯзанд, ба чунин саволҳои муҳим ҷавоб намеёбанд: Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад? Худо нисбати замин чӣ ният дорад? Оё Худо ба ҳар як шахс ғамхорӣ мекунад?

8 Ягона роҳе, ки одамон хушхабар оиди Худо ва ниятҳои Ӯро пурра фаҳмида метавонанд, ин омӯзиш кардани Китоби Муқаддас аст. Чӣ шарафест, ки мо ба одамон барои ба саволҳои худ ҷавоб ёфтан, кӯмак карда метавонем! Аммо барои ба дили онҳо таъсир расондан, фақат додани маълумот кифоя нест; мо бояд тавре таълим диҳем, ки онҳо боварӣ ҳосил намоянд (2 Тим. 3:14). Барои дар ин кор бештар муваффақ гаштан, мо аз намунаи Исо ибрат гирифта метавонем. Чаро ӯ ба таври боварибахш таълим дода метавонист? Яке аз сабабҳо дар он аст, ки ӯ саволҳоро моҳирона истифода мебурд. Чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

БАШОРАТДИҲАНДАГОНИ МУВАФФАҚ САВОЛҲОРО МОҲИРОНА ИСТИФОДА МЕБАРАНД

9. Агар мо ба одамон аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак кардан хоҳем, бояд чӣ кор кунем?

9 Чаро дар кори башоратдиҳӣ мо бояд монанди Исо саволҳоро истифода барем? Биёед чунин вазъиятро тасаввур кунем: Духтуре, ки шуморо табобат мекунад, мегӯяд, ки бароятон хабари хуш дорад. Ӯ мегӯяд, ки агар шумо ба ҷарроҳии ҷиддӣ розӣ шавед, бемории шуморо табобат карда метавонад. Шумо шояд ба вай бовар кунед. Аммо агар ӯ оиди ҳолати саломатиатон ягон чиз напурсида дарҳол чунин ваъда медод, шумо чӣ фикр мекардед? Он гоҳ шояд ваъдаи ӯ ба шумо шубҳанок метофт. Новобаста аз он ки духтур то чӣ андоза ботаҷриба аст, пеш аз ба шумо ягон кӯмаки муфид расондан, ӯ бояд саволҳо диҳад ва шуморо гӯш карда, нишонаҳои дардатонро фаҳмад. Ба ин монанд, агар мо хоҳем, ки ба одамон барои қабул кардани хушхабари Салтанат кӯмак расонем, бояд аз саволҳо моҳирона истифода барем. Мо танҳо ҳамон вақт ба онҳо кӯмак расонда метавонем, агар дар бораи ҳолати рӯҳониашон тасаввуроти аниқ пайдо кунем.

10, 11. Ба тарзи таълимдиҳии Исо пайравӣ намуда, мо чӣ натиҷаҳоро ба даст оварда метавонем?

10 Исо медонист, ки саволҳои хубфикркардашуда на танҳо ба муаллим барои фаҳмидани нуқтаи назари омӯзанда кӯмак мерасонанд; онҳо ҳамчунин шунавандаро ба сӯҳбат ҷалб мекунанд. Масалан, вақте Исо хост, ки ба шогирдонаш фурӯтаниро таълим диҳад, ӯ аввал ба онҳо саволе дод, ки онҳоро ба худтафтишкунӣ бармеангехт (Марқ. 9:33). Вақте ки Исо ба Петрус оиди принсип мулоҳиза карданро ёд доданӣ шуд, ба ӯ саволе дод, ки ду варианти ҷавобро дар бар мегирифт (Мат. 17:24–26). Дар мавриди дигар бошад, Исо барои фаҳмидани андешаҳои дили шогирдонаш ба онҳо чанд саволе дод, ки нуқтаи назарашонро ошкор мекард. (Матто 16:13–17-ро бихонед.) Ҳангоми таълим додани одамон, Исо на танҳо худаш мегуфт, ки чӣ кор кардан лозим аст, балки бо додани саволҳо онҳоро бармеангехт, ки хушхабарро қабул намоянд ва дар ҳаёташон дигаргуниҳо дароранд.

11 Вақте ки мо ба Исо пайравӣ намуда, саволҳоро моҳирона истифода мебарем, мо камаш се натиҷаро ба даст меорем: Мо муайян месозем, ки чӣ гуна ба таври беҳтарин ба одамон кӯмак расонем; ба эътирозҳое, ки сӯҳбатро мебуранд, ғолиб оем; ва шахсони фурӯтанро таълим диҳем, ки ба худашон фоида бирасонанд. Ҳоло биёед се мавридро дида бароем ва бинем, ки чӣ тавр мо бо истифодаи саволҳо натиҷаи хуб ба даст оварда метавонем.

12–14. Чӣ тавр шумо ба фарзандатон барои бо боварии бештар мавъиза кардан кӯмак карда метавонед? Мисол оред.

12 Мавриди 1: Фарз мекунем, ки фарзанди наврасатон аз мактаб омада ба шумо нақл мекунад, ки имрӯз ҳамсинфонаш байни худ дар бораи ҳолати мурдагон ва дар дӯзах азоб кашидани гунаҳкорон гап заданд ва ҳарчанд ӯ мехост ба онҳо мавъиза кунад, лекин ягон далел оварда натавонист. Дар чунин маврид шумо ба фарзандатон чӣ хел кӯмак мекардед? Ба ҷои танқид кардан ё даррав ягон маслиҳат додан, шумо метавонед ба намунаи Исо пайравӣ карда, бо додани саволҳо аниқ кунед, ки худи ӯ дар ин бора чӣ фикр дорад.

13 Масалан, шумо метавонед ҳамроҳи ӯ аз китоби «Таълимот» якчанд сархати боби 6-ро хонед *. Сипас аз ӯ пурсед, ки кадом фикрҳои ин боб худи ӯро бештар боварӣ мебахшанд, ки мурдаҳо дар дӯзах азоб намекашанд. Ӯро ба он барангезед, ки фикрашро озодона баён кунад ва гӯяд, ки чаро ин дуруст аст (Рум. 12:2). Ба ӯ гӯед, ки метавонад мисолҳои дилхоҳи худашро орад.

14 Ба фарзандатон фаҳмонед, ки ҳангоми бо ҳамсинфонаш сӯҳбат кардан ӯ метавонад аз тарзе, ки шумо намоиш медиҳед, истифода барад. Яъне фарзанди навраси шумо метавонад мисоле оварад ва баъд ба ҳамсинфаш савол дода нуқтаи назари ӯро фаҳмад. Масалан, маълумоти сархати 17-ро аз ҳамон боб истифода бурда, ӯ ба ҳамсинфаш чунин гуфта метавонад: «Оё ягон падар барои ҷазо додани фарзанди гапнодаро дастони вайро дар оташ медорад?» Ҷавоби ҳамсинфашро гӯш карда, ба ӯ чунин савол дода метавонад: «Агар одамон фарзандашонро чунин азоб додан нахоҳанд, пас Худо, ки одамонро офаридааст, магар метавонад онҳоро дар оташ беохир азоб диҳад?» Барои он ки фарзандатон оиди имонаш дар мактаб бо боварии бештар сухан гӯяд, шумо метавонед мунтазам бо ӯ чунин мавридҳоро машқ кунед. Агар шумо ба фарзандатон моҳирона истифода бурдани саволҳоро ёд диҳед, ӯ вазифаи худро чун воизи хушхабар пурра иҷро карда метавонад.

15. Чӣ тавр мо метавонем барои ба шахсони атеист кӯмак кардан аз саволҳо истифода барем?

15 Мавриди 2: Дар вақти мавъиза мо касонеро вомехӯрем, ки ба вуҷуд доштани Худо шубҳа доранд. Масалан, шахс шояд гӯяд, ки вай атеист аст. Ба ҷои сӯҳбатро бас кардан, мо метавонем эҳтиромона аз ӯ пурсем, ки чанд вақт инҷониб ӯ атеист мебошад ва аз кадом сабаб вай чунин ақидаро қабул кардааст. Баъди гӯш кардани ҷавоби соҳибхона мо метавонем ӯро барои ба ин масъала ҷиддӣ назар карданаш таъриф кунем; сипас мо метавонем аз ӯ пурсем, ки оё вай хондани адабиётеро, ки дар он оиди офарида шудани ҳаёт далелҳо оварда шудаанд, нодуруст меҳисобад. Агар соҳибхона шахси самимӣ бошад, вай эҳтимол мегӯяд, ки хондани чунин адабиётро рад кардан бехирадӣ аст. Сипас мо брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?»-ро ба ӯ пешниҳод карда метавонем. Саволҳои боадабона ва бомулоимӣ додашуда, чун калид метавонанд дили шахсро ба хушхабар кушоянд.

16. Чаро дар вақти омӯзиш муҳим аст, ки омӯзанда фикрҳои шахсиашро баён кунад?

16 Мавриди 3: Дар вақти гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас, мо метавонистем бо он қаноат кунем, ки омӯзанда ҷавобҳои дар адабиёт чопшударо такроран хонад. Лекин, агар мо чунин кунем, ӯ аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд карда наметавонад. Барои чӣ? Чунки шахсе, ки мулоҳиза накарда, ҷавобҳои тайёрро такрор мекунад, дар роҳи ҳақиқат решаи чуқур намедавонад. Он гоҳ вай дар зери офтоби сӯзони озмоишҳо чун растанӣ метавонад ба осонӣ хушк шавад (Мат. 13:20, 21). Барои чунин нашудан, оиди чизҳои хондаистодаатон фикри шахсии омӯзандаро пурсед ва муайян созед, ки оё ӯ бо фикрҳои овардашуда розӣ аст ё не. Муҳимтараш ба ӯ имконият диҳед, то сабаби розӣ ё норозӣ буданашро баён кунад. Сипас, ба вай кӯмак расонед, то бар оятҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронда дар охир худаш хулосаи дуруст бароварда тавонад (Ибр. 5:14). Агар мо саволҳоро моҳирона истифода барем, эҳтимоли зиёд аст, ки омӯзандагони мо дар роҳи ҳақиқат реша давонда, дар имон мустаҳкам хоҳанд шуд. Он гоҳ онҳо метавонанд ба фишор ва ақидаҳои нодурусти касоне, ки зид мебароянд, муқобилият намоянд (Қӯл. 2:6–8). Боз мо чӣ кор карда метавонем, то нақши худро чун башоратдиҳанда пурра иҷро намоем?

БАШОРАТДИҲАНДАГОНИ МУВАФФАҚ БА ЯКДИГАР КӮМАК МЕКУНАНД

17, 18. Вақте ки мо ҳамроҳи касе ба хизмат меравем, чӣ тавр дар ягонагӣ ҳамкорӣ карда метавонем?

17 Исо шогирдонашро дукаса ба мавъиза мефиристонд (Марқ. 6:7; Луқ. 10:1). Баъдтар, Павлуси ҳавворӣ онҳоеро, ки дар роҳи башорат бо ӯ ҷидду ҷаҳд мекарданд, «ҳамроҳони» худ номид (Фил. 4:3). Дар асоси ин намунаҳои Китоби Муқаддас соли 1953 барномае ташкил карда шуд, ки дар асоси он воизони ботаҷриба ба воизони камтаҷриба кӯмак мерасонданд.

18 Вақте ки шумо ҳамроҳи бародар ё хоҳар ба хизмат меравед, чӣ тавр дар ягонагӣ ҳамкорӣ карда метавонед? (1 Қӯринтиён 3:6–9-ро бихонед.) Оятеро, ки ҳамроҳатон истифода мебарад, аз Китоби Муқаддаси худ кушода нигоҳ кунед. Ҳангоми гап задани ҳамроҳатон ё ин ки соҳибхона бодиққатӣ зоҳир кунед, чунки агар аз рафти сӯҳбат бохабар бошед, ба шумо осон мегардад, ки ҳамроҳатонро дар вақти лозима дастгирӣ кунед (Воиз 4:12). Лекин агар ҳамроҳатон мавзӯеро моҳирона муҳокима карда истода бошад, эҳтиёт шавед, ки гапи ӯро набуред. Бемаврид ба гап ҳамроҳ шудани шумо метавонад ҳамроҳатонро рӯҳафтода кунад ва соҳибхонаро ба ҳайрат гузорад. Баъзан шояд ба сӯҳбат ҳамроҳ шудани шумо бамаврид бошад. Лекин агар шумо чизе гуфтан хоҳед, кӯшиш кунед, ки фақат як-ду шарҳи кӯтоҳ диҳед. Баъд ба ҳамроҳатон имконият диҳед, ки сӯҳбатро худаш давом диҳад.

19. Чиро мо бояд дар хотир дорем ва чаро?

19 Чӣ тавр шумо ва ҳамроҳатон ҳангоми аз як дар то дари дигар рафтан ба ҳамдигар кӯмак карда метавонед? Ин мавриди хуб аст, ки тарзҳои беҳтар гардондани пешниҳодоти худро муҳокима кунед. Эҳтиёт бошед, ки дар бораи сокинони он маҳал суханони ноҷо назанед. Ҳамчунин аз танқид кардани камбудиҳои ҳамроҳатон канорагирӣ намоед (Мас. 18:24). Хуб мебуд, то дар ёд дорем, ки мо зарфҳои гилин ҳастем. Яҳува ба мо меҳрубонии беҳамто зоҳир карда, ганҷ, яъне мавъизаи хушхабарро боварӣ кардааст. (2 Қӯринтиён 4:1, 7-ро бихонед.) Мо мехоҳем барои ин ганҷ миннатдории худро ба Яҳува нишон диҳем. Пас, биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро карда, чун башоратдиҳанда нақши худро пурра иҷро намоем.

^ сарх. 13 Ҳамчунин ба рисолаи «Дӯзахи оташин — оё ҷазо аз Худост?» нигоҳ карда метавонед.

Барои ба дили одамон таъсир расондан, мо бояд тавре таълим диҳем, ки онҳо боварӣ ҳосил намоянд