Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бо интихоби хирадмандона мероси худро нигоҳ доред

Бо интихоби хирадмандона мероси худро нигоҳ доред

«Аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед» (РУМ. 12:9).

1, 2. а) Чӣ ба шумо кӯмак расонд, ки хизматгори Яҳува шуданро интихоб кунед? б) Оиди меросе, ки Яҳува медиҳад, мо кадом саволҳоро дида мебароем?

 МИЛЛИОНҲО Шоҳидони Яҳува хирадмандона рафтор карда хизматгори Яҳува Худо ва пайрави Исои Масеҳ шуданро интихоб карданд (Мат. 16:24; 1 Пет. 2:21). Ҳаёти худро ба Худо бахшидан барои мо қарори сабукфикрона набуд. Интихоби мо на бар дониши рӯякии якчанд оятҳо, балки ба омӯзиши бодиққат ва чуқури Каломи Худо асос ёфта буд. Дар натиҷа, мо дар бораи меросе, ки Яҳува ваъда медиҳад, бисёр чизро фаҳмидем ва имонамонро мустаҳкам гардонидем. Яҳува ин меросро ба ҳамаи онҳое, ки дар бораи «Худои ягонаи ҳақиқӣ» ва фиристандаи Ӯ, Исои Масеҳ, дониш мегиранд, ато мекунад (Юҳ. 17:3; Рум. 12:2).

2 Барои нигоҳ доштани муносибати хуб бо Яҳува, мо бояд қарорҳое қабул кунем, ки ба Падари осмониамон маъқуланд. Барои ҳамин, мо дар ин мақола саволҳои муҳими зеринро дида мебароем: Мероси мо чист? Чӣ тавр мо бояд ба он муносибат кунем? Барои муҳофизат кардани мероси худ чӣ бояд кард? Чӣ ба мо барои интихоби дуруст кӯмак мекунад?

МЕРОСИ МО ЧИСТ?

3. а) Тадҳиншудагонро чӣ гуна мерос интизор аст? б) гӯсфандони дигарро-чӣ?

3 Шумораи нисбатан ками масеҳиён «мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда»-ро, яъне имконияти бебаҳои ҳамроҳи Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ карданро интизоранд (1 Пет. 1:3, 4). Онҳое, ки ин меросро мегиранд, чун тадҳиншудагон бояд аз рӯҳ «таваллуд» ёбанд (Юҳ. 3:1–3). Дар бораи миллионҳо «гӯсфандони дигар»-и Исо, ки ҳамроҳи тадҳиншудагон хушхабари Салтанати Худоро мавъиза мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст? (Юҳ. 10:16). Онҳо меросеро, ки Одаму Ҳавво нагирифтанд, соҳиб хоҳанд шуд ва дар биҳишти рӯи замин, ҷовидона бе ягон дарду ранҷ, марг ва андӯҳ зиндагӣ хоҳанд кард (Ваҳй 21:1–4). Аз ин рӯ, Исо ба ҷинояткоре, ки ҳамроҳи ӯ мурд, ваъда дод: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:43, ТДН).

4. Аз кадом баракатҳо мо аллакай имрӯз баҳра мебарем?

4 Аллакай имрӯз, мо аз баъзе ҷонибҳои мероси худ баҳра мебарем. Азбаски мо ба «кафорате ки дар Исои Масеҳ аст», имон дорем, мо осоиштагии ботинӣ ҳис мекунем ва бо Худо муносибати наздик дорем (Рум. 3:23–25). Мо ваъдаҳои пурарзиши дар Каломи Худо бударо равшан мефаҳмем. Муҳаббате, ки бародарону хоҳарони мо дар тамоми ҷаҳон ба якдигар зоҳир мекунанд, моро хеле хурсанд мегардонад. Ва Шоҳиди Яҳува будан, аллакай имконияти бебаҳо аст. Бешубҳа, мо мероси худро хеле қадр мекунем!

5. Шайтон бо халқи Худо чӣ кор кардан мехоҳад ва чӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки ба дасисаҳои вай муқобилият кунем?

5 Лекин, барои нигоҳ доштани мероси беҳамтои худ, ба мо лозим аст, ки аз домҳои Шайтон эҳтиёт бошем. Шайтон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки халқи Худоро ба васваса андозад, то онҳо интихоби нодуруст карда, аз мероси худ маҳрум шаванд (Ад. 25:1–3, 9). Бо донистани он ки вақташ кам мондааст, Шайтон тамоми қувваташро истифода бурда, моро гумроҳ кардан мехоҳад. (Ваҳй 12:12, 17-ро бихонед.) Агар мо хоҳем, ки ба «дасисаҳои Иблис муқобилат» намоем, бояд ҳамеша мероси худро сахт қадр кунем (Эфс. 6:11). Дар алоқамандӣ бо ин, хуб мебуд, ки мо аз намунаи огоҳкунандаи писари нахустини Исҳоқ, Эсов барои худ дарс гирем.

МОНАНДИ ЭСОВ НАБОШЕД

6, 7. Эсов кӣ буд ва чӣ гуна мерос ӯро интизор буд?

6 Тақрибан 4 000 сол пеш, зани Исҳоқ, Ривқо, ду писари дугоник — Эсов ва Яъқубро таваллуд кард. Дугоникҳо калон мешуданд ва бо хулқу рафтори худ аз якдигар тамоман фарқ мекарданд. «Эсов сайёди моҳир ва марди саҳроӣ шуд, вале Яъқуб — марди ҳалими хайманишин [буд]» (Ҳас. 25:27). Яъқуб барои он ҳалим номида шудааст, ки ӯ беайб ва росткор буд.

7 Вақте ки Эсов ва Яъқуб 15-сола шуданд, бобояшон Иброҳим вафот кард, аммо Яҳува ваъдаеро, ки ба Иброҳим дода буд, дар ёд дошт. Баъдтар, Яҳува ин ваъдаро ба Исҳоқ такрор карда гуфт, ки ҳамаи халқҳои рӯи замин ба воситаи насли Иброҳим баракат хоҳанд ёфт. (Ҳастӣ 26:3–5-ро бихонед.) Ҳамин тавр, Худо ба Иброҳим ошкор намуд, ки Масеҳ, яъне «насл»-и содиқе, ки дар борааш дар Ҳастӣ 3:15 гуфта шудааст, аз насли ӯ меояд. Эсов чун писари нахустзодаи Исҳоқ барои соҳиби ин баракат гаштан ҳуқуқи қонунӣ дошт. Чӣ мероси олиҷанобе Эсовро интизор буд! Вале оё Эсов ин меросро қадр кард?

Мероси рӯҳонии худро зери хатар нагузоред

8, 9. а) Дар алоқамандӣ бо мероси худ Эсов чӣ кор кард? б) Баъди гузаштани солҳо Эсов нисбати интихобаш чиро фаҳмид ва чӣ тавр ба ин муносибат кард?

8 Як рӯз Эсов аз саҳро баргашта дид, ки Яъқуб «ош мепухт» ва ба ӯ гуфт: «Аз ин оши сурх барои хӯрданам бидеҳ, зеро ки аз гуруснагӣ лакот шудаам». Дар ҷавоб Яъқуб гуфт: «Аввал нахустзодагии худро ба ман бифрӯш». Эсов чиро интихоб кард? Ҳарчанд инро тасаввур кардан душвор аст, лекин вай чунин ҷавоб дод: «Аз ин нахустзодагӣ ба ман чӣ фоида?» Бале, Эсов як табақ ошро аз ҳуқуқи нахустзодагиаш боло донист! Барои қонунӣ кардани нахустзодагӣ Яъқуб ба Эсов гуфт: «Ҳозир ба ман қасам ёд кун». Бе ягон дудилагӣ Эсов нахустзодагиашро дод. Баъд аз ин, «Яъқуб ба Эсов нон ва оши адас [наск] дод: ва ӯ хӯрд, ва нӯшид, ва бархоста, бирафт; ба ҳамин тариқ Эсов нахустзодагии худро хор дид» (Ҳас. 25:29–34).

9 Баъди гузаштани солҳо, вақте Исҳоқ ҳис кард, ки маргаш наздик аст, Ривқо чора андешид, то Яъқуб нахустзодагиеро, ки Эсов ба ӯ фурӯхта буд, дар ҳақиқат соҳиб гардад. Вақте ки Эсов дертар дарк намуд, ки интихоби беақлона кардааст, вай Исҳоқро зорӣ кард: «Маро низ баракат деҳ, падарам!... Оё барои ман баракате нигоҳ надоштӣ?» Исҳоқ гуфт, ки наметавонад баракати аллакай ба Яъқуб додаашро иваз намояд ва аз шунидани ин «Эсов овози худро баланд карда, гирист» (Ҳас. 27:30–38).

10. Худо нисбати Эсов ва Яъқуб чӣ ақида дошт ва чаро?

10 Аз рафтори Эсов мо чӣ дарс гирифта метавонем? Ӯ нишон дод, ки қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм ба ӯ аз гирифтани баракатҳои оянда, ки бо меросаш алоқаманд буданд, муҳимтаранд. Эсов нахустзодагиашро қадр накард ва аз афташ Худоро дар ҳақиқат дӯст намедошт. Ғайр аз ин, Эсов оиди оқибате, ки интихоби ӯ ба насли ояндааш оварда метавонист, фикр накард. Баръакси ӯ, Яъқуб мероси худро хеле қадр мекард. Масалан, дар интихоби зан ӯ мувофиқи дастуроти волидонаш амал намуд (Ҳас. 27:46–28:3). Азбаски Яъқуб роҳеро интихоб намуд, ки пуртоқатӣ ва қурбониҳоро талаб кард, вай яке аз аҷдодони Масеҳ гашт. Худо нисбати Эсов ва Яъқуб чӣ ақида дошт? Ба воситаи пайғамбар Малокӣ Яҳува гуфт: «Ман Яъқубро дӯст доштам, ва аз Эсов нафрат кардам» (Мал. 1:2, 3).

11. а) Чаро намунаи Эсов ба мо чун ба масеҳиён аҳамият дорад? б) Барои чӣ Павлус дар мавриди амали Эсов оиди зино сухан гуфт?

11 Оё он чизе ки Китоби Муқаддас дар бораи Эсов мегӯяд, имрӯз барои мо ягон аҳамият дорад? Албатта. Павлуси ҳавворӣ ҳамимононашро огоҳ кард, то эҳтиёт бошанд, ки «мабодо зинокоре ё осие ёфт шавад, ки мисли Эсов барои як таом аз нахустзодагии худ даст кашад» (Ибр. 12:16). Ин огоҳӣ ба масеҳиёни имрӯза низ дахл дорад. Мо бояд чизҳои муқаддасро қадр кунем, то ки ба васвасаҳо муқобилат карда, мероси рӯҳониамонро нигоҳ дорем. Аммо чаро Павлус дар мавриди амали Эсов оиди зино сухан гуфт? Чунки агар мо монанди Эсов иҷозат диҳем, ки хоҳишҳои ҷисм бар мо ғолиб оянд, пас эҳтимоли зиёд аст, ки мо чизҳои муқаддасро ба ҳузуру ҳаловати нораво, мисли зино иваз кунем.

ДИЛИ ХУДРО ПЕШАКӢ ОМОДА СОЗЕД

12. а) Шайтон чӣ тавр дар роҳи мо васвасаҳо мегузорад? б) Кадом мисолҳои Навиштаҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ба васвасаҳо муқобилат кунем?

12 Чун хизматгорони Яҳува мо албатта аз ҳолатҳое, ки моро ба васваса андохта, ба рафтори бадахлоқона тела медиҳанд, дурӣ меҷӯем. Ва агар касе моро ба васваса андозад, мо ба Яҳува Худо дуо мегӯем, то барои бо он мубориза бурдан ба мо кӯмак кунад (Мат. 6:13). Мо сахт мекӯшем, ки дар ин ҷаҳони пур аз фисқу фуҷур беайбиамонро нигоҳ дорем. Вале Шайтон пайваста кӯшиш мекунад, ки муносибати моро бо Яҳува суст гардонад (Эфс. 6:12). Чун худои ин ҷаҳон, Иблис медонад, ки чӣ тавр хоҳишҳои гунаҳкоронаи моро истифода бурда, дар роҳи мо васвасаҳо гузорад (1 Қӯр. 10:8, 13). Вай кӯшиш мекунад, ки ҳар яки моро ба ин гуна васвасаҳо тела диҳад. Масалан, ҳолатеро тасаввур кунед, ки он ба шумо имконият медиҳад, то хоҳиши нодурустатонро қонеъ гардонед. Шумо чиро интихоб мекардед? Оё монанди Эсов ба осонӣ ба васваса дода мешудед? Ё монанди Юсуф, ки васвасаи зани Фӯтифарро дарҳол рад кард, бо он мубориза мебурдед? (Ҳастӣ 39:10–12-ро бихонед.)

13. а) Чӣ тавр имрӯз бисёриҳо монанди Юсуф ва баъзеҳо монанди Эсов рафтор мекунанд? б) Барои мисли Эсов рафтор накардан мо бояд чӣ кор кунем?

13 Бисёр бародарону хоҳарони мо дар ҳолатҳое қарор доштанд, ки бояд интихоб мекарданд, ки мисли Эсов рафтор кунанд ё мисли Юсуф. Аксарият хирадмандона амал карданд ва дили Яҳуваро шод гардонданд (Мас. 27:11). Аммо баъзе ҳамимононамон ҳангоми бо васвасаҳо дучор шудан, чун Эсов рафтор карда, мероси рӯҳонии худро зери хатар гузоштанд. Ҳар сол аз сабаби содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ нисбати бисёриҳо чораҳои ислоҳкунанда андешида мешаванд ё онҳо аз ҷамъомад хориҷ карда мешаванд. То чӣ андоза муҳим аст, ки мо дили худро ҳозир, яъне пеш аз дучор шудан бо ҳолатҳое, ки беайбии моро меозмоянд, омода созем! (2 Вақ. 12:14). Мо метавонем камаш ду қадамро пешакӣ гузорем, ки дар вақти васвасаҳо ба мо чун девори муҳофизаткунанда хизмат мекунанд ва барои интихоби хирадмандона кардан ёрӣ медиҳанд.

МУЛОҲИЗА КУНЕД ВА ТАЙЁР БОШЕД

Омӯзиши Каломи Худо барои муқобилият ба васвасаҳо ба мо кӯмак карда метавонад

14. Мулоҳиза оиди кадом саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки «аз бадӣ нафрат» кунем ва «ба некӣ» бичаспем?

14 Қадами якум ин оиди оқибатҳои рафторамон мулоҳиза рондан аст. Чӣ қадаре, ки мо Яҳуваро дӯст дорем, ҳамон қадар бештар мероси рӯҳониамонро қадр хоҳем кард. Охир, агар мо касеро дӯст дорем, мо намехоҳем, ки ба ӯ дард расонем. Ба ҷои ин, мо мекӯшем, ки сазовори илтифоти ӯ гардем. Пас, хуб мебуд, ки вақт ҷудо карда, дар бораи он дарде, ки рафтори нопоки мо ба худамон ва ба дигарон расонда метавонад, мулоҳиза ронем. Мо бояд аз худ бипурсем: «Чӣ тавр рафтори худхоҳонаи ман ба муносибатам бо Яҳува таъсир мерасонад? Рафтори нодурусти ман ба аъзоёни оилаам чӣ гуна таъсир хоҳад расонд? Чӣ тавр ин дар ҷамъомад ба бародарону хоҳарон таъсир мерасонад? Оё ман бо ин рафторам ба касе санги монеа намегардам?» (Фил. 1:10). Мо ҳамчунин аз худ пурсида метавонем: «Оё чанд лаҳзаи ҳузуру ҳаловати нораво ба дарде, ки рафтори ман бо худ меорад, меарзад? Оё ман дар ҳақиқат мехоҳам, ки мисли Эсов бошам ва баъди дарк кардани оқибати рафторам зор-зор ашк резам?» (Ибр. 12:17). Мулоҳиза оиди чунин саволҳо ба мо ёрӣ медиҳад, ки «аз бадӣ нафрат» кунем ва «ба некӣ» бичаспем (Рум. 12:9). Хусусан муҳаббати Яҳува моро водор мекунад, ки ба мероси худ бичаспем (Заб. 72:28).

15. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то барои муқобилат кардан ба васвасаҳо тайёр бошем ва муносибатамонро бо Худо нигоҳ дорем?

15 Қадами дуюм ин аст, ки мо худро барои мубориза бурдан бо васвасаҳо тайёр кунем. Яҳува бароямон бисёр чизҳоро фароҳам овардааст, то ки мо худро қавӣ гардонда, ба омилҳое, ки рӯҳонияти моро зери хатар мегузоранд, муқобилат кунем. Ба ин чизҳо омӯзиши Китоби Муқаддас, вохӯриҳои ҷамъомад, хизмати мавъиза ва дуо дохил мешаванд (1 Қӯр. 15:58). Ҳар гоҳе ки мо диламонро ба Яҳува дар дуо холӣ мекунем ва дар хизмати мавъиза фаъолона иштирок менамоем, мо гӯё деворҳоеро, ки моро аз васвасаҳо муҳофизат мекунанд, мустаҳкам мегардонем. (1 Тимотиюс 6:12, 19-ро бихонед.) Мустаҳкам будани ин деворҳо асосан аз худи мо вобаста аст (Ғал. 6:7). Инро боби дуюми китоби Масалҳо равшан мефаҳмонад.

ОНРО ҶУСТУҶӮ НАМОЕД

16, 17. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки интихоби хирадмандона кунем?

16 Боби дуюми китоби Масалҳо моро бармеангезад, ки хирад ва фаросат ба даст орем. Ин хислатҳоро Яҳува ба мо ато мекунад. Онҳо ёрӣ медиҳанд, ки байни чизи дуруст ва нодуруст интихоби хирадмандона кунем ва хоҳишҳоямонро идора намоем, на ин ки онҳоро ба таври нодуруст қонеъ гардонем. Аммо мо танҳо он вақт муваффақ мегардем, агар бо омодагӣ саъю кӯшиш кунем. Муҳимияти инро Китоби Муқаддас чунин мефаҳмонад: «Эй писарам! Агар гуфтаҳои маро бипазирӣ ва аҳкоми маро дар худ маҳфуз дорӣ, ба тавре ки гӯши худро ба шунидани ҳикмат роғиб ва дили худро ба хирад моил гардонӣ; агар донишро даъват намоӣ ва овози худро сӯи хирад баланд кунӣ; агар онро мисли нуқра орзу кунӣ ва мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ намоӣ,— он гоҳ худотарсиро хоҳӣ фаҳмид ва дониши Худоро хоҳӣ ёфт, зеро ки Худованд ҳикмат мебахшад: дониш ва хирад аз даҳони Ӯст» (Мас. 2:1–6).

17 Агар мо корҳои дар оятҳои боло зикршударо иҷро намоем, он гоҳ метавонем интихоби хирадмандона кунем. Агар мо гузорем, ки гуфтаҳои Яҳува ботини моро дигар кунанд, агар мо бо исрор аз Яҳува дар дуо роҳнамоӣ пурсем ва агар ҷустани дониши Худоро чун ганҷҳои ниҳон давом диҳем, мо метавонем бо муваффақият ба васвасаҳо муқобилият намоем.

18. Шумо бо қатъият чӣ кор карданиед ва чаро?

18 Яҳува ба шахсоне, ки барои ҷустани дониш, фаҳмиш, фаросат ва хирад саъю кӯшиш менамоянд, ин хислатҳоро ато мекунад. Чӣ қадаре, ки мо онҳоро ҷӯем ва истифода барем, мо ҳамон қадар ба Яҳува, Атокунандаи ин хислатҳо, наздиктар мешавем. Ва муносибати наздик бо Яҳува Худо моро ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо васвасаҳо муҳофизат менамояд. Агар мо чунин муносибатро нигоҳ дорем ва худотарсӣ дошта бошем, мо сахт мекӯшем, ки худро аз гуноҳ дур гирем (Заб. 24:14; Яъқ. 4:8). Дӯстии мо бо Яҳува ва хираде, ки Ӯ медиҳад, ба мо кӯмак мерасонад, ки интихоби хирадмандона кунем ва мероси худро нигоҳ дорем.