КАЛИДҲОИ ХУШБАХТИИ ОИЛА
Душвориҳо дар оилаҳое, ки падар ё модар ӯгай мебошанд
МАРГАРЕТ *, МОДАРИ ӮГАЙ АЗ АВСТРАЛИЯ: «Зани пешинаи шавҳарам ба фарзандон ёд додааст, ки ба ягон гапи ман гӯш накунанд, ҳатто ба чунин суханони оддӣ, монанди “Шустани дандонатонро фаромӯш накунед”». Маргарет ҳис мекунад, ки издивоҷи ӯ дар натиҷаи чунин рафтори ҷудоиовар осеб дидааст.
Оилаҳое, ки дар онҳо падар ё модар ӯгай ҳастанд, дар муносибат бо шахсони берун аз оила бисёр вақт бо душвориҳои махсус дучор мешаванд *. Масалан, ба аксари волидони ӯгай лозим меояд, ки бо волидони аслии фарзандон оиди масъалаҳои зерин, ба монанди хабаргирӣ, тарбия ва дастгирии пулӣ бо якдигар муомила кунанд. Ҳамчунин, барои дӯстону хешовандон ба аъзоёни нави оила одат кардан душвор буда метавонад. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас барои ҳалли ин мушкилиҳо кӯмак карда метавонанд.
1. МУНОСИБАТ БО ВОЛИДИ АСЛИИ КӮДАК
Модари ӯгае аз Намибия бо номи Ҷудит мегӯяд: «Модари фарзандони ӯгаям боре ба онҳо гуфт, ки ман фақат зани нави падарашон ҳастам ва ягон фарзанди мо ба онҳо бародару хоҳар шуда наметавонад. Суханони ӯ ба дилам сахт расиданд, чунки ман фарзандони ӯгаямро мисли фарзанди худам хеле дӯст медорам».
Мутахассисон мегӯянд, ки дар оилаҳои ӯгай муносибат бо волиди дигари кӯдак метавонад як масъалаи мушкил ва баҳсноке гардад. Бисёр вақт, мушкилӣ байни модари аслӣ ва модари ӯгай сар мезанад. Дар чунин ҳолат чӣ кӯмак карда метавонад?
Калид барои муваффақ гаштан: ҳудудҳои оқилона гузоред. Агар шумо фарзандро аз волиди аслиаш тамоман дур карданӣ шавед, кӯдак метавонад аз ҷиҳати эмотсионалӣ азоб кашад *. Волидони аслии кӯдак, яъне онҳое, ки ӯро «ба дунё оварда»-анд, дар ҳаёти кӯдак ҷои махсусро ишғол мекунанд (Мас. 23:22, 25). Лекин, агар шумо ба ҳамсари пешинаатон гузоред, ки ба оилаатон аз ҳад зиёд таъсир расонад, бо ин шумо метавонед ҳамсари наватонро хафа кунед ё ҳатто ба хашм оред. Бикӯшед, ки бомувозинат бошед, яъне то тавонистанатон бо волиди дигар ҳамкорӣ намоед ва ҳамзамон барои муҳофизат кардани издивоҷи худ ҳудудҳои оқилона гузоред.
МАСЛИҲАТҲО БАРОИ ВОЛИДОН
-
Вақте ки шумо бо ҳамсари пешинаатон гап мезанед, диққати худро асосан ба фарзандон равона кунед ва оиди мавзӯъҳои дигар камтар гап занед. Масалан, шумо метавонед аз ӯ эҳтиромона хоҳиш кунед, ки агар имкон бошад, дар давоми рӯз, дар як вақти муайян занг занад. Ин одатан назар ба зангҳое, ки ногаҳон ё дар бевақтии шаб карда мешаванд, бисёртар манфиат меорад.
-
Агар фарзандонатон бо шумо зиндагӣ накунанд, метавонед бо онҳо ба воситаи зангҳои телефонӣ, номаҳо, СМС-ҳо ва почтаи электронӣ алоқаи доимиро нигоҳ доред (Такр. Ш. 6:6, 7). Баъзеҳо ҳатто тавассути Интернет якдигарро дида сӯҳбат мекунанд. Он гоҳ шумо метавонед оиди ниёзҳо ва мушкилиҳои фарзандонатон бисёртар фаҳмед ва ба онҳо маслиҳати фоиданок диҳед.
МАСЛИҲАТҲО БАРОИ МОДАРОНИ ӮГАЙ
-
Ба модари фарзанд «ҳамдардӣ» зоҳир карда, равшан нишон диҳед, ки шумо ҷои вайро гирифтанӣ нестед (1 Пет. 3:8). Ӯро аз кору аҳволи фарзандонаш бохабар карда истед ва диққататонро асосан ба чизҳои мусбӣ равона кунед (Мас. 16:24). Аз вай маслиҳат пурсед ва вақте ки ӯ маслиҳат медиҳад, миннатдорӣ баён кунед.
-
Дар ҳузури модари аслӣ меҳру навозишро камтар зоҳир кунед. Модари ӯгае аз Иёлоти Муттаҳида бо номи Беверли мегӯяд: «Фарзанди ӯгаи хурдиам мехоҳад маро “модар” гӯяд. Мо маслиҳат кардем, ки ӯ метавонад маро дар хона “модар” гӯяд, лекин дар пеши модари худаш Ҷейн, ё оилаи ӯ ин тавр нагӯяд. Баъди ин, муносибати ману Ҷейн беҳтар шуд. Баъдтар мо ҳатто якҷоя ба фарзандон дар намоишҳои мактабӣ ва экскурсияҳо кӯмак мерасондем».
МАСЛИҲАТҲО БАРОИ МУРОСО КАРДАНИ ВОЛИДОНИ АСЛӢ ВА ӮГАЙ
-
Ҳеҷ гоҳ дар ҷое, ки кӯдак шуморо шунида метавонад, оиди волиди аслӣ ё ӯгай сухани бад нагӯед. Ба суханони танқидомез дода шудан осон аст, лекин ин кӯдакро хеле ғамгин мекунад. Ва шумо намедонед, ки кай ва чӣ тавр гапҳои шумо метавонад ба гӯши волиди дигар рафта расад (Воиз 10:20). Агар кӯдак гӯяд, ки волиди аслӣ ё ӯгаяш шуморо ганда кард, ба ҷои ба хашм омадан, беҳтараш ба ҳиссиёти кӯдак диққат диҳед. Шумо чунин гуфта метавонед: «Афсӯс, ки ту ин суханонро шунидӣ. Модари ту аз ман хафа аст ва агар одамон хафа бошанд, баъзан суханони на он қадар хуб мегӯянд».
-
Кӯшиш кунед, ки қоидаву тартибот дар хонаи шумо бо қоидаву тартиботи оилаи дигари кӯдак монанд бошад. Агар ин имконнопазир бошад, шумо метавонед волиди дигарро танқид накарда, фарқиятро ба фарзандон фаҳмонед. Мавриди зеринро дида мебароем:
Модари ӯгай: Тоҳир, илтимос сачоқи тарро ба мех овез.
Тоҳир: Дар хонаи модарам, мо сачоқро ба замин мепартоем ва модарам худаш онро ба мех меовезад.
Модари ӯгай (бо хашм): Ҳа, бо ин вай ба шумо танбалиро ёд медиҳаду халос.
Оё ҷавоби зерин хубтар намебуд?
Модари ӯгай (оромона): Хуб, фаҳмо. Дар ин ҷо мо худамон онҳоро меовезем.
-
Дар вақтҳое, ки кӯдакон бояд бо волиди дигар бошанд, ягон корҳои оилавиро ба нақша нагиред (Мат. 7:12). Лекин, агар шумо нақшаатонро дигар карда натавонед, пеш аз ба кӯдак гуфтани нақшаи худ аввал ба волиди дигар вазъиятро фаҳмонед ва иҷозат пурсед.
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Дафъаи оянда ҳангоми вохӯрдан бо шавҳар ё зани пештараи ҳамсаратон ё ин ки бо зан ё шавҳари ҳамсари пешинаатон чунин қадамҳоро гузоред:
-
Нигоҳатонро ба ӯ равона кунед ва табассум намоед. Оҳи чуқур накашед, даст бар миён монда гап назанед ва чашматонро нагурезонед.
-
Агар ин аз рӯи эҳтиром бошад, номи он шахсро гирифта бо ӯ саломуалейк кунед. Масалан, гӯед, ки «Салом, Ҷейн».
-
Агар ҳамроҳи шумо дигарон низ бошанд, ӯро ба гап ҳамроҳ кунед.
2. МУНОСИБАТ БО ФАРЗАНДОНИ БАРКАМОЛ
Дар як китоб суханони зане оварда шудаанд, ки ӯ аз рафтори шавҳараш нолиш мекунад. Ӯ мегӯяд, ки шавҳараш доимо фарзандони баркамоли худро тарафгирӣ карда, ба муносибати дағалонае, ки онҳо ба вай мекунанд, аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад. «Аз чунин муносибат ман бештар ба хашм меоям»,— мегӯяд зан («Step Wars»). Шумо чӣ кор карда метавонед, то муносибат бо фарзандони баркамол ба издивоҷи шумо зиён нарасонад?
Калид барои муваффақ гаштан: ҳамдардӣ зоҳир кунед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро» (1 Қӯр. 10:24). Кӯшиш кунед, ки ҳиссиёти шахси дигар ва сабаби пайдо шудани онро фаҳмед. Фарзандони баркамол шояд метарсанд, ки аз меҳру навозиши волиди аслиашон маҳрум мешаванд. Ё ин ки онҳо шояд чунин фикр кунанд, ки агар бо волиди ӯгай нағз муносибат кунанд, онҳо гӯё ба оилаи аслиашон хиёнат мекунанд. Волидон бошанд, шояд метарсанд, ки агар фарзандашонро барои ба волиди ӯгай муносибати дағалона карданаш ҷанг кунанд, ӯ аз онҳо дур мешавад.
Ба ҷои фарзанди ӯгайро ба дӯстӣ маҷбур кардан, гузоред, ки муносибати шумо бо ӯ ба таври табиӣ инкишоф ёбад. Одатан, бо зӯрӣ ё фишор касеро дӯсти ҳақиқии худ кардан имконнопазир аст. Барои ҳамин, кӯшиш кунед, ки дар мавриди инкишоф додани дӯстӣ бо фарзандони ӯгай бомулоҳиза ва воқеъбин бошед.
Аз гуфтани ҳар гуна фикру ҳиссиёти худ, худдорӣ намоед, ҳатто агар бо муносибати беадолатона рӯ ба рӯ шавед ҳам (Мас. 29:11). Агар идора кардани забонатон душвор бошад, мисли шоҳи Исроил, Довуд, дуо гӯед: «Бар даҳонам, эй Худованд, посбоне бимон, ва дари лабҳоямро нигаҳбонӣ намо» (Заб. 140:3).
Агар шумо дар хонае, ки кӯдакон калон шудаанд, зиндагӣ карданӣ бошед, шумо шояд ба ҳайрат оед, ки онҳо ба он хона то ҳол меҳри зиёд доранд. Кӯшиш кунед, ки дар хона бисёр дигаргунӣ надароред, хусусан дар ҳуҷраҳое, ки пеш кӯдакон зиндагӣ мекарданд.
Ё шояд шумо инчунин оиди ба ҷои нав кӯчидан фикр кунед.ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Агар фарзандони ӯгаи баркамол доимо бо шумо дағалона ё беэҳтиромона муносибат намоянд, ҳиссиёти худро ба ҳамсаратон гӯед ва фикрҳои ӯро бодиққат гӯш кунед. Ба ҳамсаратон фишор наоред, ки фарзандонашро ислоҳ намояд. Ба ҷои ин, кӯшиш кунед, ки байни худ ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошед. Агар шумо дар ин ҳолат «якдил бошед», якҷоя вазъиятро беҳтар карда метавонед (2 Қӯр. 13:11).
3. МУНОСИБАТ БО ДИГАР ХЕШОВАНДОН ВА ДӮСТОН
Марион, модари ӯгае аз Канада мегӯяд: «Волидонам зуд-зуд ба писари ман тӯҳфаҳо мекарданд, лекин ба кӯдакони шавҳарам не. Мо кӯшиш мекардем, ки ба онҳо худамон тӯҳфа харем, аммо баъзан барои ин имконият надоштем».
Калид барои муваффақ гаштан: оилаи наватонро дар ҷои аввал гузоред. Ба хешовандон ва дӯстонатон дар бораи масъулиятҳое, ки дар оилаи наватон доред, гӯед (1 Тим. 5:8). Ҳарчанд шумо наметавонед аз ҳамаи хешовандон ва дӯстонатон интизор шавед, ки аъзоёни оилаи наватонро дарҳол дӯст доранд, лекин метавонед хоҳиш кунед, ки нисбати онҳо меҳрубон ва боадолат бошанд. Ба онҳо фаҳмонед, ки агар дар вақти тӯҳфа додан ё бо дигар роҳ меҳрубонӣ нишон додан, кӯдаки ӯгайро ҷудо кунанд, ин ба кӯдак хеле дарднок хоҳад буд.
Ба волидони ҳамсари пешинаатон гузоред, ки бо набераҳояшон рафту омад кунанд. Модаре аз Англия бо номи Сузэн нақл мекунад: «Ман пас аз 18 моҳи марги шавҳарам, аз нав оиладор шудам ва ба волидони ҳамсари пешинаам қабул кардани шавҳари нави ман мушкил буд. Мо бо онҳо бештар муошират мекардагӣ шудем, кӯдакон ба онҳо занг мезаданд ва мо барои дастгириашон миннатдорӣ баён мекардем ва баъди ин муносибат байни мо беҳтар шуд».
ИНРО САНҶИДА БИНЕД: Муайян кунед, ки ба шумо бо кадом дӯст ё хеш муносибат кардан бештар душвор аст ва сипас бо ҳамсаратон муҳокима намоед, ки чӣ тавр он муносибатро беҳтар карда метавонед.
Дар оилае, ки падар ё модар ӯгай мебошанд, муносибат бо шахсони берун аз оила душвор буда метавонад. Лекин маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда, оилаи шумо метавонад баракатеро, ки Каломи Худо ваъда медиҳад, соҳиб гардад: «Хона бо ҳикмат бино меёбад ва бо хирад барқарор мегардад» (Мас. 24:3).
^ сарх. 3 Баъзе номҳо иваз шудаанд.
^ сарх. 4 Оиди мубориза бо мушкилиҳои дигар, дар маҷаллаи «Бедор шавед!» (аз апрели с. 2012, рус.) дар мавзӯи «Хушбахтӣ дар оилаҳое, ки падар ё модар ӯгай мебошанд» як қатор мақолаҳо чоп шудаанд.
^ сарх. 8 Албатта, агар муносибати ҳамсари пешинаатон ба оилаи ҳозираи шумо хатарнок ё таҳқиромез бошад, шумо бояд барои бехатарии оилаи худ ҳудудҳои боз ҳам ҷиддитар гузоред.
АЗ ХУД ПУРСЕД...
-
Чӣ тавр ман метавонам бо ҳамсари пешинаи ҳамсарам муносибатамро беҳтар гардонам?
-
Чӣ тавр мо ба дӯстон ва хешовандон кӯмак карда метавонем, ки нафаҳмида ба оилаи мо зарар нарасонанд?