Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хислатҳои Яҳуваро пурра қадр кунед

Хислатҳои Яҳуваро пурра қадр кунед

«Чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед» (ЭФС. 5:1).

1. а) Одатан мо оиди кадом хислатҳои Яҳува фикр мекунем? б) Аз дида баромадани хислатҳои Яҳува мо чӣ манфиат гирифта метавонем?

 ВАҚТЕ КИ шумо дар бораи шахсияти Яҳува фикр мекунед, ба ёдатон кадом хислатҳои Ӯ меоянд? Бисёриҳо дарҳол дар бораи муҳаббат, адолат, хирад ва қуввати Ӯ фикр мекунанд. Лекин мо ҳамзамон медонем, ки Яҳува боз бисёр дигар хислатҳои беҳамто дорад. Дар ҳақиқат, зиёда аз 40 хислатҳои гуногуни Яҳуваро номбар кардан мумкин аст, ки ҳар яки онҳо дар адабиётҳоямон муҳокима шудаанд. Танҳо тасаввур кунед! Агар мо дар омӯзиши шахсӣ ё оилавӣ ин хислатҳои Яҳуваро чуқуртар дида бароем, мо дар бораи шахсияти Яҳува бисёр фикрҳои пурарзишро хоҳем фаҳмид. Чунин омӯзиш ба мо чӣ манфиат меорад? Он ба мо кӯмак мекунад, ки хислатҳои Падари осмониамонро бештар қадр намоем. Ва чӣ қадаре ки мо онҳоро бештар қадр кунем, ҳамон қадар зиёдтар мо мехоҳем ба Ӯ наздик шавем ва ба хислатҳояш пайравӣ намоем (Еҳ. 23:8; Заб. 72:28).

2. а) Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр мо метавонем хислатҳои Яҳуваро бештар қадр намоем. б) Мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

2 Вале чизеро «қадр кардан» чӣ маъно дорад? Дар мақолаи мазкур ин ибора маънои дарк кардани арзиши ин ё он чизро дорад. Қадр кардани баъзе чизҳоро мо бо мурури вақт ёд мегирем. Масалан, хӯроке, ки мо ҳоло ҳеҷ гоҳ начашидаем, он вақт ба мо бештар маъқул мешавад, агар мо бӯи хуши онро ҳис кунем, ҳар як луқмаи онро баҳузур хоида аз он лаззат барем ва ниҳоят худамон онро тайёр кунем. Ба ин монанд, ин ё он хислати Яҳува ҳамон вақт бароямон арзиши бештар пайдо мекунад, агар мо бо он шинос шавем, оидаш мулоҳиза намоем ва сипас дар ҳаёти худ он хислатро зоҳир кунем (Эфс. 5:1). Мо одатан дар бораи хислатҳои асосии Яҳува бисёртар фикр мекунем. Лекин ин мақола ва ду мақолаи навбатӣ ба мо кӯмак мекунанд, ки дигар хислатҳои Яҳуваро, ки дар бораашон шояд камтар мулоҳиза меронем, бештар қадр кунем. Дар вақти дида баромадани ҳар яки ин хислатҳо мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Ин хислат чӣ маъно дорад? Чӣ тавр Яҳува онро зоҳир мекунад? Ва мо чӣ гуна ба Яҳува пайравӣ карда метавонем?

ЯҲУВА ДАСТРАС АСТ

3, 4. а) Шахси дастрасро шумо чӣ гуна тасвир мекардед? б) Чӣ тавр Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки Ӯ дастрас аст?

3 Биёед дар аввал оиди хислати дастрас будан мулоҳиза ронем. Дастрас будан чӣ маъно дорад? Одами дастрас меҳрубон аст, дигарон метавонанд бемалол ба наздаш раванд ва бо ӯ озодона гап зананд. Ӯ бо тарзи гапзанӣ, қиёфаи рӯй ва ишораву ҳаракатҳои гуногунаш нишон медиҳад, ки барои гӯш кардан ва кӯмак расондан тайёр аст.

4 Чӣ тавр Яҳува нишон медиҳад, ки Ӯ дастрас аст? Ҳарчанд Ӯ Офаридгори пуриқтидор аст, Ӯ моро боварӣ мебахшад, ки ҳамеша ба гӯш кардани дуоҳои мо ва барои ба онҳо ҷавоб додан тайёр аст. (Забур 144:18; Ишаъё 30:18, 19-ро бихонед.) Мо ба Худо дар ҷой ва вақти дилхоҳ, чӣ қадаре ки хоҳем дуо гуфта метавонем. Ва мо озодона метавонем ба Яҳува ҳиссиётамонро баён кунем, чунки медонем, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ моро сарзаниш намекунад (Заб. 64:3; Яъқ. 1:5). Дар Каломи Худо бо суханони ба одамон фаҳмо нишон дода шудааст, ки мо метавонем бемалол ба Ӯ муроҷиат кунем. Масалан, забурнавис Довуд навишт, ки «чашмони Худованд бар» мо ва «гӯшҳои Ӯ сӯи истиғосаи» мо аст (Заб. 33:16; 62:9). Пайғамбар Ишаъё Яҳуваро ба чӯпон монанд карда гуфт: «Баррагонро бо бозуи худ ҷамъ карда, дар оғӯши Худ хоҳад гирифт» (Иш. 40:11). Танҳо тасаввур кунед! Яҳува мехоҳад, то мо мисли баррае, ки дар оғӯши чӯпони ғамхор аст, ба Ӯ наздик бошем. То чӣ андоза дастрас аст Падари мо! Чӣ тавр мо дар ин бобат ба Ӯ пайравӣ карда метавонем?

ХИСЛАТИ ХЕЛЕ ПУРАРЗИШ

5. Чаро ба пирон муҳим аст, ки дастрас бошанд?

5 Ба қарибӣ, ба Шоҳидони боғайрате, ки дар давлатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, чунин савол дода шуд: «Шумо бештар кадом хислати пиронро қадр мекунед?» Аксарият чунин ҷавоб доданд: «Дастрас будани пиронро». Албатта, ҳар як масеҳӣ бояд ин хислатро дар худ инкишоф диҳад, вале дастрас будан махсусан ба пирон муҳим аст (Иш. 32:1, 2). Як хоҳар фикрашро оиди муҳиммияти ин хислат қайд намуда гуфт: «Танҳо дар вақти дастрас будани пири ҷамъомад, мо аз дигар хислатҳои хуби вай баҳра бурда метавонем». Оё шумо бо ин суханон розиед? Вале барои дастрас будан чӣ бояд кард?

6. Омили муҳиме, ки моро ба дигарон дастрас мегардонад, кадом аст?

6 Омили муҳиме, ки моро ба дигарон дастрас мегардонад, ин зоҳир кардани таваҷҷӯҳи самимӣ мебошад. Агар пири ҷамъомад нисбати дигарон ғамхорӣ кунад ва ба кӯмаки онҳо омодагӣ нишон диҳад, бародарону хоҳарон, аз ҷумла ҷавонон дастрас будани ӯро ҳис хоҳанд кард (Марқ. 10:13–16). Карлоси 12-сола мегӯяд: «Ман дар Толори Салтанат пирони меҳрубон ва чеҳрахандонро дида, мисли онҳо шудан мехоҳам». Албатта, барои пири ҷамъомад та́нҳо гуфтани он кифоя нест, ки вай дастрас аст; ӯ бояд ин хислатро дар амал зоҳир намояд (1 Юҳ. 3:18). Ӯ инро чӣ тавр карда метавонад?

7. Чаро лавҳачаи сарисинагии анҷуман бисёр вақт сабаби оғоз ёфтани сӯҳбат мегардад ва мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем?

7 Дар бораи мисоли зерин фикр кунед. Чанде пеш, як бародар ҳангоми аз давлати хориҷа, аз анҷуман бо тайёра баргаштанаш, лавҳачаи сарисинагии худро накашид. Вақте ки хизматчии тайёра дид, ки дар лавҳачаи вай «Бигзор Салтанати Худо биёяд!» навишта шудааст, ӯ ба бародар гуфт: «Бале, бигзор биёяд. Ман мехостам, дар ин бора бо шумо бисёртар сӯҳбат кунам». Баъдтар онҳо сӯҳбат карданд ва хизматчӣ бо хурсандӣ маҷаллаҳоямонро гирифт. Бо бисёрии мо чунин воқеаҳо рӯй додаанд. Чаро лавҳачаи сарисинагӣ бисёр вақт сабаби оғоз ёфтани сӯҳбат мегардад? Зеро он диққати одамонро ҷалб карда, онҳоро бармеангезад, ки ба мо муроҷиат кунанд. Ин лавҳача чун аломатест, ки ба одамон нишон медиҳад, ки мо тайёрем дар бораи имонамон гап занем. Ба ин монанд, пирони ҷамъомад мехоҳанд бо «аломатҳо», яъне амалҳои муайян ба ҳамимонон нишон диҳанд, ки ба онҳо бемалол муроҷиат кардан мумкин аст. Баъзе аз ин амалҳо кадоманд?

8. Бо кадом амалҳо пирон нисбати дигарон таваҷҷӯҳи самимӣ нишон дода метавонанд ва ин ба ҷамъомад чӣ гуна таъсир мерасонад?

8 Маданияти ҳар мамлакат гуногун буда метавонад, лекин одатан, вақте ки мо ба бародарону хоҳарон самимона табассум мекунем, даст дароз намуда вохӯрдӣ менамоем ва озодона салому алейк мекунем, бо ин мо нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем. Кӣ бояд дар ин корҳо ибрат нишон диҳад? Ба намунаи Исо диққат диҳед. Матто менависад, ки дар вақти вохӯрӣ бо шогирдонаш, «Исо наздик омада» бо онҳо сухан ронд (Мат. 28:18). Мисли ин, имрӯз пирон аввал шуда худашон ба назди ҳамимонон мераванд ва бо онҳо гап мезананд. Чӣ тавр ин ба ҷамъомад таъсир расонда метавонад? Хоҳари пешрав, ки 88-сола аст, қайд намуд: «Вақте ки ман ба Толори Салтанат меоям, табассуми самимӣ ва суханони рӯҳбаландкунандаи пирон, онҳоро бароям боз ҳам азизтар мегардонанд». Боз як хоҳари содиқе мегӯяд: «Вақте ки пире бо табассум маро дар ҷамъомад пешвоз мегирад, ин барои ман аҳамияти калон дорад».

БА ДИГАРОН ДАСТРАС БОШЕД

9, 10. а) Яҳува аз кадом ҷиҳат намунаи олиҷаноб нишон медиҳад? б) Чӣ тавр пирон худро ба дигарон дастрас гардонда метавонанд?

 9 Албатта, агар дигарон доимо бинанд, ки мо банд ҳастем, онҳо фикр мекунанд, ки мо барояшон дастрас нестем. Яҳува аз ҷиҳати дастрас будан намунаи олиҷаноб аст, чунки дар Каломаш гуфта шудааст, ки «Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест» (Аъм. 17:27). Яке аз роҳҳое, ки пирон худро ба дигарон дастрас карда метавонанд, ин то ҷамъомад ва баъди он вақт ҷудо карда, бо бародарону хоҳарони пиру ҷавон муошират кардан аст. Бародари пешраве гуфт: «Вақте пире аз ман мепурсад, ки корҳоям чӣ хел аст ва баъд истода ба ҷавобам гӯш медиҳад, ман худро боқадр ҳис мекунам». Хоҳаре ки қариб 50 сол боз ба Яҳува хизмат мекунад, мегӯяд: «Вақте ки пирон баъди вохӯрӣ каме вақт ҷудо карда, бо ман гап мезананд, ман ҳис мекунам, ки маро дӯст медоранд ва қадр менамоянд».

10 Фаҳмост, ки пирони масеҳӣ оиди дигар вазифаҳои худ низ бояд ғамхорӣ кунанд. Лекин дар вохӯриҳои ҷамъомад мақсади асосии пирон ин пеш аз ҳама ба гӯсфандон таваҷҷӯҳ зоҳир кардан аст.

ЯҲУВА РӮЙБИН НЕСТ

11, 12. а) Рӯйбин набудан чиро дар бар мегирад? б) Аз куҷо медонем, ки Яҳува рӯйбин нест?

11 Рӯйбин набудан ин боз як хислати хуби Яҳува мебошад. Ин хислат чӣ маъно дорад? Шахсе ки рӯйбин нест, ӯ боинсоф аст, шиносбозӣ намекунад, як шахсро аз дигараш боло намегузорад. Ин хислат ду ҷониб дорад: ҳиссиёт ва амал. Барои чӣ ҳардуи ин ҷониб муҳим аст? Чунки шахс танҳо он вақт дар амал рӯйбинӣ намекунад, агар ҳисси рӯйбинӣ надошта бошад. Дар Навиштаҳои Юнонӣ маънои аслии ибораи «рӯйбинӣ надоштан» ин «ба рӯй нигоҳ накардан», яъне як шахсро аз дигараш боло нагузоштан аст (Аъм. 10:34). Барои ҳамин, шахсе, ки рӯйбинӣ надорад, на ба намуди зоҳирӣ ва мавқею мансаби кас, балки ба чӣ гуна инсон будани ӯ аҳамият медиҳад.

12 Дар рӯйбин набудан Яҳува намунаи бузургтарин аст. Дар Каломаш гуфта мешавад, ки Ӯ «рӯйбинӣ надорад» ва «рӯбинӣ намекунад». (Аъмол 10:34, 35; Такрори Шариат 10:17-ро бихонед.) Вазъияте ки дар рӯзҳои Мусо рӯй дода буд, инро исбот мекунад.

Духтарони Салофҳод миннатдор буданд, ки Худо бо онҳо берӯйбинӣ муносибат кард (Ба  сархатҳои 13, 14 нигаред)

13, 14. а) Панҷ духтари Салофҳод бо кадом вазъият дучор шуданд? б) Чӣ тавр Яҳува рӯйбин набудани худро нишон дод?

 13 Пеш аз он ки исроилиён ба Замини ваъдашуда дароянд, панҷ хоҳари бешавҳар бо мушкилие рӯ ба рӯ шуданд. Он чӣ гуна мушкилӣ буд? Онҳо медонистанд, ки оилаашон мисли дигар оилаҳои исроилӣ бояд порчаи заминеро, ки ба падарашон ҷудо карда мешуд, мерос гирад (Ад. 26:52–55). Лекин падари онҳо Салофҳод, ки аз сибти Менашше буд, вафот кард. Аз рӯи қонун замини Салофҳод бояд ба писаронаш мерос мемонд, вале фарзандони вай фақат духтар буданд (Ад. 26:33). Дар ин оила писар набуд. Пас, чӣ рӯй дод? Оё замини оила ба хешовандон дода шуд ва духтарон бе мероси оилавӣ монданд?

14 Панҷ хоҳарон ба назди Мусо омада, ба ӯ гуфтанд: «Чаро номи падари мо, аз боиси он ки писаре надорад, аз миёни қабилаи ӯ нест шавад?» Онҳо аз ӯ илтиҷо карданд: «Лутфан, ба мо дар миёни бародарони падари мо мулке бидеҳ». Магар Мусо ба онҳо гуфт, ки ин аз рӯи қонун нест? Не, «Мусо даъвои онҳоро ба ҳузури Худованд овард» (Ад. 27:2–5). Яҳува чӣ ҷавоб дод? Ӯ ба Мусо гуфт: «Духтарони Салофҳод дуруст мегӯянд; ба онҳо дар миёни бародарони падарашон мулки меросие бидеҳ, ва мулки падарашонро ба онҳо бисупор». Яҳува ба Қонун илова дароварда, ба Мусо дастур дод: «Агар касе бимирад ва писаре надошта бошад, мулки ӯро ба духтараш бисупоред» (Ад. 27:6–8; Еҳ. 17:1–6). Аз он вақт сар карда, ҳамаи занҳои исроилӣ, ки бо чунин ҳолат дучор мешуданд, бемерос намемонданд.

15. а) Яҳува бо халқаш, хусусан бо мӯҳтоҷон чӣ гуна муносибат мекунад? б) Боз кадом мисолҳои Китоби Муқаддас рӯйбин набудани Яҳуваро нишон медиҳанд?

15 Дар ҳақиқат ин қарор аз рӯи адолат буд! Яҳува рӯйбинӣ накард ва ба ин занони мӯҳтоҷ чун бо дигар исроилиёни вазъияташон хубтар бо эҳтиром муносибат кард (Заб. 67:6). Ин танҳо яке аз бисёр воқеаҳоест, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд ва ҳақиқати рӯҳбаландкунандаи зеринро тасдиқ мекунанд: Яҳува рӯйбин нест ва бо ҳамаи хизматгоронаш як хел муносибат мекунад (1 Подш. 16:1–13; Аъм. 10:30–35, 44–48).

МО МЕТАВОНЕМ БА ЯҲУВА ПАЙРАВӢ КУНЕМ

16. Чӣ тавр мо хислати рӯйбин набуданро дар худ қавӣ гардонда метавонем?

16 Чӣ тавр мо ба рӯйбин набудани Яҳува пайравӣ карда метавонем? Ба ёд оред, ки мо танҳо он вақт бе рӯйбинӣ амал мекунем, агар ҳисси рӯйбинӣ надошта бошем. Албатта, ҳамаи мо мехоҳем фикр кунем, ки шахси самимӣ ҳастему рӯйбинӣ надорем. Лекин шумо эҳтимол розиед, ки ба ҳиссиёти худ ошкоро баҳо додан на ҳама вақт осон аст. Пас, мо чӣ тавр муайян карда метавонем, ки одами рӯйбин ҳастем ё не? Вақте ки Исо фаҳмидан хост, ки одамон дар борааш чӣ мегӯянд, вай аз дӯстони боваринокаш пурсид: «Мардум Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?» (Мат. 16:13, 14). Хуб мебуд, ки дар ин кор мисли Исо рафтор кунем. Шумо метавонед аз дӯсти боваринокатон пурсед, ки оё дигарон шуморо чун шахсе, ки рӯйбин нест, мешиносанд. Агар вай гӯяд, ки дар шумо баъзе аломатҳои нажодпарастӣ, миллатчигӣ ва бойпарастӣ боқӣ мондааст, шумо бояд чӣ кор кунед? Ба Яҳува дар бораи ҳиссиёти худ самимона дуо гӯед ва илтиҷо кунед, то Ӯ ба шумо ёрӣ диҳад, ки тарзи муносибататонро дигар кунед ва дар рӯйбин набудан пурра ба Ӯ пайравӣ намоед (Мат. 7:7; Қӯл. 3:10, 11).

17. Дар кадом мавридҳо мо бо дигарон бе рӯйбинӣ муносибат карда метавонем?

 17 Мо бо ҳамаи ҳамимонон бо ҳурмату эҳтиром ва меҳрубонии муҳаббатомез амал карда, нишон медиҳем, ки ба рӯйбин набудани Яҳува пайравӣ кардан мехоҳем. Масалан, дар вақти зоҳир кардани меҳмоннавозӣ, мо ба меҳмонӣ таклиф кардани бародарону хоҳарони гуногун, аз он ҷумла мусофир, камбағал, ятим ва бевамондаро фаромӯш намекунем. (Ғалотиён 2:10; Яъқуб 1:27-ро бихонед.) Ҳамчунин, дар кори мавъизаи Салтанат, мо бе рӯйбинӣ хушхабарро ба ҳама гуна одамон, аз он ҷумла ба онҳое, ки аз шаҳрҳои дигар омадаанд, мавъиза мекунем. Мо хеле хурсандем, ки адабиёти мо қариб ба 600 забон дастрас аст. Ин дар ҳақиқат далели он аст, ки Яҳува ва халқи ӯ рӯйбинӣ надоранд!

18. Мулоҳиза дар бораи дастрас будан ва рӯйбинӣ надоштани Яҳува шуморо бояд ба чӣ водор кунад?

18 Дар ҳақиқат, агар мо вақт ҷудо карда оиди дастрас будан ва рӯйбинӣ надоштани Яҳува мулоҳиза кунем, мо ин хислатҳои Ӯро боз ҳам бештар қадр хоҳем кард. Ва ин бояд моро водор кунад, ки дар муносибат бо ҳамимонон ва дигар одамон, пурра ба хислатҳои Яҳува тақлид намоем.

«Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд» (Заб. 144:18). (Ба  сархати 9 нигаред)

«Худованд Худои шумо... рӯбинӣ намекунад» (Такр. Ш. 10:17). (Ба  сархати 17 нигаред)