Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саховатмандӣ ва бомулоҳизагии Яҳуваро қадр кунед

Саховатмандӣ ва бомулоҳизагии Яҳуваро қадр кунед

«Худованд барои ҳама некӯст, ва марҳаматҳои Ӯ бар тамоми аъмоли Ӯст» (ЗАБ. 144:9).

1, 2. Дӯстони Яҳува чӣ имконият доранд?

 «МО ҚАРИБ 35 сол боз оиладорем»,— мегӯяд хоҳаре бо номи Моника. «Ману шавҳарам якдигарро хеле нағз медонем. Вале, ҳатто баъди ин қадар солҳо, мо то ҳол дар бораи ҳамдигар чизҳои навро мефаҳмем!» Дар бораи дигар оилаҳо ва дӯстон низ чунин гуфтан мумкин аст.

2 Мо дар бораи касоне, ки дӯст медорем, бисёртар фаҳмидан мехоҳем. Лекин ҳеҷ кадом дӯстие, ки мо инкишоф дода метавонем, аз дӯстӣ бо Яҳува муҳимтар нест. Мо ҳеҷ гоҳ ҳама чизро дар бораи Ӯ фаҳмида наметавонем (Рум. 11:33). Дар давоми тамоми абадият мо имконият хоҳем дошт, ки бо хурсандӣ оиди хислатҳои Яҳува бештар дониш гирем ва онҳоро қадр кунем (Воиз 3:11).

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Мақолаи гузашта ба мо кӯмак кард, ки хислатҳои дастрас будан ва рӯйбинӣ надоштани Яҳуваро бештар қадр кунем. Ҳоло бошад, биёед боз ду хислати олиҷаноби Яҳува — саховатмандӣ ва бомулоҳизагии Ӯро дида бароем. Бо ин роҳ мо метавонем ба маънои гуфтаҳои зерин чуқуртар сарфаҳм равем: «Худованд барои ҳама некӯст, ва марҳаматҳои Ӯ бар тамоми аъмоли Ӯст» (Заб. 144:9).

ЯҲУВА САХОВАТМАНД АСТ

4. Маънои саховатмандии ҳақиқиро фаҳмонед?

4 Саховатманд будан чӣ маъно дорад? Ҷавоби инро мо аз суханони Исо, ки дар Аъмол 20:35 навишта шудаанд, меёбем. Ӯ гуфт: «Додан аз гирифтан беҳтар аст». Бо ин суханони оддӣ Исо маънои саховатмандии ҳақиқиро фаҳмонда дод. Шахси саховатманд бо омодагӣ вақт, қувват ва дороиашро баҳри беҳбудии дигарон сарф менамояд ва ӯ инро бо хурсандӣ мекунад. Саховатманд будани кас на аз рӯи арзиш ё андозаи тӯҳфааш, балки аз рӯи нияти ӯ маълум мешавад. (2 Қӯринтиён 9:7-ро бихонед.) Дар саховатмандӣ ҳеҷ кас ба Худои мо, Яҳува, баробар шуда наметавонад (1 Тим. 1:11).

5. Бо кадом роҳҳо Яҳува саховатмандӣ зоҳир мекунад?

5 Чӣ тавр Яҳува саховатмандӣ зоҳир мекунад? Вай ниёзҳои ҳамаи одамон, ҳатто касонеро, ки ҳоло Ӯро ибодат намекунанд, қонеъ мегардонад. Дар ҳақиқат, Яҳува «барои ҳама некӯст». Ӯ «офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад» (Мат. 5:45). Барои ҳамин, Павлуси ҳавворӣ ҳангоми ба беимонон мавъиза карданаш гуфт, ки Яҳува бо некиаш «ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад» (Аъм. 14:17). Равшан аст, ки Яҳува нисбати тамоми одамизод сахӣ аст (Луқ. 6:35).

6, 7. а) Яҳува хусусан ниёзҳои киро бо хурсандӣ қонеъ мегардонад? б) Бо мисол нишон диҳед, ки чӣ тавр Худо ходимони содиқашро дастгирӣ менамояд.

6 Яҳува хусусан ниёзҳои хизматгорони содиқашро бо хурсандӣ қонеъ мегардонад. Шоҳ Довуд аз мушоҳидаи худ навишт: «Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад, ва наслаш нон мепурсида бошанд» (Заб. 36:25). Бисёр масеҳиёни содиқ чунин ғамхории Яҳуваро дар худ ҳис кардаанд. Мисолеро дида мебароем.

7 Чанд сол пеш хоҳарамон Нэнси, ки пурравақт хизмат мекард, бо вазъияти мушкиле рӯ ба рӯ шуд. «Ба ман 66 доллар лозим буд, ки иҷорапулии хонаамро супорам ва як рӯз мӯҳлат монда буд,— ба ёд меорад ӯ.— Ман намедонистам, ки ин пулҳоро аз куҷо ёбам. Дар ин бора ман ба Яҳува дуо гуфтам ва баъд ба корам, ки он ҷо чун пешхизмат кор мекардам, рафтам. Ман интизор набудам, ки он шаб чойпулии зиёд кор мекунам, чунки дар ин рӯзи ҳафта одатан ба қаҳвахонаи мо одам кам меомад. Ҳайратовар буд, ки якчанд мизоҷон маҳз он шаб ба қаҳвахона омаданд. Вақте ки соати кориам тамом шуд, ман ҳамаи чойпулии ҷамъшударо ҳисоб кардам ва дидам, ки он айнан 66 доллар буд». Нэнси боварӣ дорад, ки Яҳува саховатмандона маҳз чизеро, ки ба ӯ лозим буд, дод (Мат. 6:33).

8. Ҳадияи аз ҳама саховатмандонаи Яҳува кадом аст?

8 Ҳадияи аз ҳама саховатмандонаи Яҳува ба ҳар як кас дастрас аст. Ин чист? Ин фидияи қурбонии Писари Ӯ мебошад. Исо гуфта буд: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Дар ин оят ибораи «ҷаҳон» ба одамизод ишора мекунад. Бале, ҳадияи аз ҳама саховатмандонаи Яҳува ба ҳамаи хоҳишмандон дастрас аст. Онҳое, ки ба Исо имон меоранд, ҳаётро бо фаровонӣ хоҳанд гирифт, яъне ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард! (Юҳ. 10:10). Дар ҳақиқат, оё далели аз ин бузургтаре ҳаст, ки сахӣ будани Яҳуваро нишон медиҳад?

БА САХОВАТМАНДИИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ НАМОЕД

Яҳува мехост, ки исроилиён мисли Ӯ сахӣ бошанд (Ба  сархати 9 нигаред)

9. Чӣ тавр мо ба саховатмандии Яҳува пайравӣ карда метавонем?

 9 Чӣ тавр мо ба саховатмандии Яҳува пайравӣ карда метавонем? Яҳува «ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад», аз ин рӯ, мо бояд нисбати дигарон «кушодадаст» бошем, то ки онҳоро хурсанд кунем (1 Тим. 6:17–19, ТТФ). Мо бо хурсандӣ аз дороии худ истифода бурда, ба наздиконамон тӯҳфаҳо тақдим мекунем ё ба мӯҳтоҷон ёрӣ медиҳем. (Такрори Шариат 15:7-ро бихонед.) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки муҳим будани саховатмандиро дар ёд дорем? Баъзе масеҳиён чунин амал мекунанд: Ҳар вақте ки онҳо тӯҳфае мегиранд, худашон низ имконият меҷӯянд, ки ба ягон каси дигар тӯҳфа кунанд. Дар ҷамъомади масеҳӣ бародарону хоҳарони бешумор ҳастанд, ки дар худ рӯҳияи саховатмандӣ инкишоф медиҳанд.

10. Яке аз роҳҳои беҳтарини зоҳир кардани саховатмандӣ кадом аст?

10 Яке аз роҳҳои беҳтарини саховатманд будан, ин бо сухан ва рафтор дастгирӣ кардани дигарон мебошад. Чӣ тавр мо инро карда метавонем? — Агар вақт ва қуввати худро барои мадади дигарон ва рӯҳбаландкунии онҳо истифода барем (Ғал. 6:10). Барои тафтиш кардани он ки оё мо чунин карда истодаем ё не, метавонем аз худ пурсем: «Оё дигарон ҳис мекунанд, ки ман ба кӯмаки онҳо ва гӯш кардани ташвишҳои онҳо тайёрам? Агар касе аз ҳамимонон барои иҷрои ягон супориш ё кори дигар аз ман кӯмак пурсад, оё ҳангоми имконият доштанам, ман розӣ мешавам? Кай охирон бор ман ягон аъзои оилаам ё ҳамимонеро самимона таъриф карда будам?» Агар мо дар ин корҳо сахӣ ва дасткушод бошем, мо боварӣ дошта метавонем, ки муносибатамон ҳам бо Яҳува ва ҳам бо дӯстонамон наздиктар хоҳад шуд (Луқ. 6:38; Мас. 19:17).

11. Баъзе аз роҳҳое, ки мо нисбати Яҳува саховатманд буда метавонем, кадом аст?

 11 Мо ҳамчунин нисбати Яҳува саховатманд буда метавонем. «Аз дороии худ... Худовандро ҷалол деҳ», — гуфта шудааст дар Китоби Муқаддас (Мас. 3:9). Ба ин «дороӣ» вақт, қувват ва маблағе, ки мо бо омодагӣ барои хизмати Ӯ сарф мекунем, дохил мешаванд. Ҳатто кӯдакони хурдсол метавонанд нисбати Яҳува саховатманд буданро ёд гиранд. Падаре бо номи Ҷейсон мегӯяд: «Агар оилаи мо дар Толори Салтанат хайрия карданӣ шавад, мо ин пулро ба фарзандонамон медиҳем, ки ба қуттии хайрия андозанд. Кӯдакон аз ин хурсандӣ мегиранд, зеро вақте ки пулро ба қуттӣ мегузоранд, онҳо ҳис мекунанд, ки чизеро ба Яҳува дода истодаанд». Фарзандоне, ки дар хурдиашон аз саховатмандӣ ба Яҳува хурсандӣ мегиранд, калон шаванд ҳам, эҳтимол саховатманд буданро давом медиҳанд (Мас. 22:6).

ЯҲУВА БОМУЛОҲИЗА АСТ

12. Бомулоҳиза будан чӣ маъно дорад?

12 Боз як хислати хуби Яҳува ин бомулоҳизагӣ аст. «Бомулоҳиза» будан чӣ маъно дорад? (Тит. 3:1, 2, ТДН) Шахси бомулоҳиза гузашт мекунад, яъне тайёр аст, ки ба манфиати каси дигар аз баҳри чизе барояд. Ӯ доимо ба иҷрои «ҳарфи қонун» маҷбур намекунад, аз ҳад зиёд сахтгир, ҷиддӣ ва дағал нест. Баръакс, вай мекӯшад, ки дар муносибат бо дигарон мулоим бошад ва вазъиятҳои онҳоро ба инобат гирад. Ӯ тайёр аст, ки дигаронро гӯш кунад ва агар бамаврид бошад, хоҳишҳои онҳоро ба назар гирад ва талаботҳои худро иваз кунад.

13, 14. а) Чӣ тавр Яҳува бомулоҳизагӣ зоҳир мекунад? б) Аз тарзи муносибати Худо бо Лут мо оиди бомулоҳизагӣ чӣ меомӯзем?

13 Чӣ тавр Яҳува бомулоҳизагӣ зоҳир мекунад? Ӯ бо меҳрубонӣ ҳиссиёти хизматгоронашро ба назар мегирад ва бисёр вақт хоҳишҳои онҳоро иҷро мекунад. Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки Яҳува бо марди одил Лут чӣ гуна рафтор кард. Вақте Яҳува қарор кард, ки шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро нобуд мекунад, Ӯ ба Лут дастуроти аниқ дод, ки ба кӯҳҳо гурезад. Лекин, бо баъзе сабабҳо Лут аз Худо илтиҷо кард, ки барои ба дигар маҳал гурехтан иҷозат диҳад. Танҳо фикр кунед — дар асл Лут аз Яҳува хоҳиш кард, ки дастуроташро иваз кунад! (Ҳастӣ 19:17–20-ро бихонед.)

14 Шояд касе ба осонӣ Лутро маҳкум карда гӯяд, ки вай одами заиф ва беитоат буд. Охир Яҳува Лутро дар куҷое, ки набошад албатта наҷот дода метавонист, аз ин рӯ, тарси ӯ ягон асос надошт. Ба ҳар ҳол, Лут тарсу ҳарос ҳис мекард ва Яҳува ин ҳиссиёти ӯро ба инобат гирифт. Ӯ ба Лут иҷозат дод, то ба шаҳре, ки онро ҳам нобуд карданӣ буд, гурезад. (Ҳастӣ 19:21, 22-ро бихонед.) Равшан аст, ки Яҳува бераҳм ва сахтгир нест. Ӯ мулоим ва бомулоҳиза аст.

15, 16. Чӣ тавр Қонуни Мусо бомулоҳизагии Яҳуваро инъикос мекард? (Ба расми аввали мақола нигаред)

15 Мисоли дигари бомулоҳизагии Яҳуваро дида мебароем. Мувофиқи Қонуни Мусо, агар исроилӣ аз ҳад камбағал бошаду барои қурбонӣ кардан гӯсфанд ё буз оварда натавонад, ӯ метавонист ду мусича ё ду кабӯтар пешниҳод кунад. Аммо агар исроилӣ чунон камбағал мебуд, ки ҳатто ду кабӯтар ҳам қурбонӣ карда наметавонист, он гоҳ-чӣ? Дар чунин маврид, Яҳува иҷозат дода буд, ки исроилиёни камбағал каме орд қурбонӣ кунанд. Лекин, ба як чизи муҳим аҳамият диҳед: барои ин ҳар намуди орд мувофиқ намеомад, балки маҳз «орди маҳин», яъне навъи беҳтарин лозим буд, ки барои меҳмонони олиқадр истифода бурда мешуд (Ҳас. 18:6). Чаро ин муҳим буд? (Ибодат 5:7, 11-ро бихонед.)

16 Тасаввур кунед, ки шумо дар Исроил зиндагӣ мекунеду камбағалед. Вақте ки шумо ба хаймаи муқаддас барои қурбонӣ каме орд меоред, чашматон ба исроилиёни давлатманд меафтад, ки аз чорвои худ қурбонӣ меоранд. Шояд ҳадияи ордии шумо ба назаратон беқадр тобад ва шумо аз ин шарм доред. Лекин баъд ба ёдатон меояд, ки дар чашми Яҳува ҳадияи шумо аҳамияти калон дорад. Чаро? Зеро шумо аз рӯи талаботи Яҳува орди сифати беҳтаринро овардед. Яҳува гӯё ба шумо чунин мегӯяд: «Ман мефаҳмам, ки ту мисли дигарон бисёр қурбонӣ оварда наметавонӣ, лекин Ман ҳамчунин медонам, ки он чизе ки ту ба Ман медиҳӣ, беҳтарин чизест, ки ту дорӣ». Дар ҳақиқат, Яҳува маҳдудиятҳо ва шароитҳои хизматгоронашро ба назар мегирад ва бомулоҳизагӣ зоҳир мекунад (Заб. 102:14).

17. Яҳува чӣ гуна хизматро қабул мекунад?

 17 Моро донистани он тасаллӣ мебахшад, ки Яҳува бомулоҳиза аст ва хизматеро, ки мо аз ҷону дил ба ҷо меорем, қабул мекунад (Қӯл. 3:23). Хоҳари калонсол Констанс, ки дар Италия зиндагӣ мекунад, гуфт: «Бо дигарон дар бораи Офаридгорам гап задан кори аз ҳама дӯстдоштаи ман аст. Барои ҳамин, ман то ҳол мавъиза кардан ва гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддасро давом медиҳам. Баъзан ман афсӯс мехӯрам, ки аз сабаби саломатиам бисёр хизмат карда наметавонам. Вале ман мефаҳмам, ки Яҳува маҳдудиятҳои маро медонад ва Ӯ маро дӯст медорад ва чизеро, ки ман карда метавонам, қадр мекунад».

МИСЛИ ЯҲУВА БОМУЛОҲИЗА БОШЕД

18. Яке аз роҳҳое, ки волидон ба намунаи Яҳува пайравӣ карда метавонанд, кадом аст?

18 Чӣ тавр мо мисли Яҳува бомулоҳиза буда метавонем? Бори дигар оиди он фикр кунед, ки Яҳува бо Лут чӣ тавр муносибат кард. Яҳува ҳақ дошт, ки дастуроташро дигар накунад ва ба гапаш истад; аммо вақте ки Лут ҳиссиёташро гуфт, Худо бо меҳрубонӣ ӯро гӯш кард; Ӯ хоҳиши Лутро иҷро намуд. Агар шумо фарзанд дошта бошед, оё ба намунаи Яҳува пайравӣ карда метавонед? Оё метавонед хоҳишҳои фарзандонатонро гӯш кунед ва агар бамаврид бошад, бо дархостҳои онҳо розӣ шавед? Дар ин бора дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 сентябри с. 2007 гуфта шудааст, ки баъзе волидон пеш аз муқаррар кардани қоидаҳои оилавӣ, аввал фикри фарзандонашонро гӯш мекунанд. Масалан, волидон метавонанд қарор кунанд, ки фарзандонашон бояд дар кадом соат ба хона баргарданд. Албатта онҳо ба ҷорӣ кардани чунин қоида ҳақ доранд, лекин онҳо метавонанд пеш аз соати аниқро муайян кардан, бо фарзандонашон гапзанон кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо, волидон метавонанд соати гуфтаашонро иваз кунанд, агар ин албатта принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон накунад. Вақте ки волидон пеш аз қароре баровардан бо фарзандони худ онро муҳокима мекунанд, фарзандонашон ин қоидаҳоро хубтар мефаҳманд ва бо майли бештар онҳоро риоя мекунанд.

19. Чӣ тавр пирон мекӯшанд, ки мисли Яҳува бомулоҳиза бошанд?

19 Пирони ҷамъомад бояд кӯшиш кунанд, ки мисли Яҳува бомулоҳизагӣ зоҳир карда, вазъиятҳои ҳамимононро ба назар гиранд. Ба ёд оред, ки Яҳува ҳатто қурбониҳои исроилиёни камбағалро қадр мекард. Ба ин монанд, баъзе бародарону хоҳарон эҳтимол аз сабаби беморӣ ё пиронсолӣ дар хизмат хеле кам иштирок мекунанд. Чӣ бояд кард, агар онҳо аз сабаби маҳдудиятҳояшон рӯҳафтода шаванд? Пирони ҷамъомад метавонанд бо меҳрубонӣ онҳоро боварӣ бахшанд, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад ва ҳар кореро, ки онҳо карда метавонанд, қадр мекунад (Марқ. 12:41–44).

20. Дар хизмати Худо бомулоҳиза будан чӣ маъно дорад? Фаҳмонед.

20 Албатта, бомулоҳиза будан маънои онро надорад, ки мо ба худ дилсӯзӣ карда камтар хизмат кунем (Мат. 16:22). Мо намехоҳем, ки дар сурати имконияти бештар доштанамон, дар хизмат фақат камакак иштирок намоем. Баръакс, ба ҳамаи мо лозим аст, ки дар кори Салтанат «саъю кӯшиш» ба харҷ диҳем (Луқ. 13:24). Яъне мо бояд дар риояи ду принсип бомувозинат бошем. Аз як тараф, мо саъю кӯшиш мекунем, ки дар хизмат ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Аз дигар тараф, мо дар хотир медорем, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ аз мо беш аз чизе ки карда метавонем, талаб намекунад. Агар ҳамин тавр бомувозинат бошем, мо боварӣ дошта метавонем, ки Худоро хурсанд мекунем. То чӣ андоза мо хушбахтем, ки ба чунин Худои қадрдон ва бомулоҳиза хизмат мекунем! Дар мақолаи оянда мо боз ду хислати хуби Яҳуваро муҳокима хоҳем кард (Заб. 72:28).

«Аз дороии худ... Худовандро ҷалол деҳ» (Мас. 3:9). (Ба  сархати 11 нигаред)

«Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред» (Қӯл. 3:23). (Ба  сархати 17нигаред)