Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Волидон, фарзандонатонро аз айёми кӯдакӣ таълим диҳед

Волидон, фарзандонатонро аз айёми кӯдакӣ таълим диҳед

«ИНАК, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд; самари батн муздест аз ҷониби Ӯ», гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас (Заб. 126:3). Пас, ҳайратовар нест, ки таваллуд шудани кӯдак барои волидон воқеаи хурсандибахше аст.

Дар баробари хурсандӣ, таваллудшавии кӯдак ба дӯши волидон масъулиятҳои муҳимро низ вогузор мекунад. Онҳо бояд ба кӯдакашон ҳар рӯз хӯроки серғизо диҳанд, то ки ӯ солиму бардам калон шавад. Лекин барои он ки кӯдак дар роҳи ҳақиқат устувор шавад, вай инчунин ба таълим ва роҳнамоии волидонаш ниёз дорад. Онҳо бояд ба ӯ принсипҳои Каломи Худоро таълим диҳанд (Мас. 1:8). Чунин таълимдиҳиро кай бояд сар кард ва он чиро бояд дар бар гирад?

ВОЛИДОН БА ДАСТУРОТ НИЁЗ ДОРАНД

Китоби Муқаддас дар бораи Монӯаҳ ном марде нақл мекунад, ки дар Исроили қадим, дар шаҳри Соръо, зиндагӣ мекард. Монӯаҳ ва занаш фарзанд надоштанд, лекин рӯзе фариштаи Худо ба зани Монӯаҳ хабар дод, ки ӯ писар таваллуд хоҳад кард (Дов. 13:2, 3). Аз шунидани ин хабари нек Монӯаҳ ва занаш бешубҳа хеле хурсанд буданд. Лекин онҳо ҳамчунин сахт ба ташвиш афтоданд, ки чӣ тавр фарзандашонро хуб тарбия кунанд. Барои ҳамин Монӯаҳ ба Яҳува чунин дуо гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Бигзор он марди Худо, ки фиристодӣ, бори дигар назди мо омада, моро таълим диҳад, ки бо кӯдаке ки бояд таваллуд ёбад, чӣ гуна рафтор намоем» (Дов. 13:8). Монӯаҳ ва занаш ба писарашон, Шимшӯн, Қонуни Худоро таълим доданд ва кӯшишҳои онҳо албатта бенатиҷа намонд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки рӯҳулқудси Яҳува ба Шимшӯн кӯмак мекард ва ӯ чун яке аз доварони Исроил хизмат карда, бисёр корҳои бузургро анҷом медод (Дов. 13:25; 14:5, 6; 15:14, 15).

Монӯаҳ дуо гуфта, барои таълим додани фарзандаш аз Худо роҳнамоӣ пурсид

Кай волидон бояд ба таълим додани фарзандашон сар кунанд? Ба Тимотиюс модараш Авниқо ва модаркалонаш Лӯид «аз кӯдакӣ» дар бораи Яҳува таълим медоданд (2 Тим. 1:5; 3:15). Яъне онҳо аз айёми хурдсолии Тимотиюс ба вай таълим додани «Навиштаҳои Муқаддасро» сар карда буданд.

Аз рӯи хирад мебуд, ки волидон дар дуо аз Худо роҳнамоӣ пурсанд ва барои фарзандашонро «аз кӯдакӣ» таълим додан, пешакӣ мулоҳиза карда чораҳои лозима андешанд. «Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст», гуфта мешавад дар Масалҳо 21:5. Бешубҳа, волидон пеш аз таваллуд шудани кӯдак хуб тайёрӣ мебинанд. Онҳо ҳатто рӯйхат тартиб медиҳанд, ки ба кӯдакашон чиҳо лозим мешавад. Ҳамчунин ба онҳо муҳим аст, ки оиди чизҳои рӯҳонӣ низ фикр кунанд. Онҳо бояд назди худ мақсад гузоранд, ки аз айёми кӯдакӣ ба ӯ таълим додани чизҳои рӯҳониро сар мекунанд.

Дар китобе, ки оид ба тарбияи кӯдак маслиҳатҳо дода шудааст, гуфта мешавад, ки дар моҳҳои аввали баъди таваллудшавиаш ҳуҷайраҳои майнаи сари кӯдак хеле тез инкишоф меёбанд. Барои ҳамин ба волидон хеле муҳим аст, ки аз ин вақт истифода баранд ва ба кӯдакашон дар бораи Яҳува ва меъёрҳои Ӯ таълим диҳанд!

Модаре, ки чун пешрави доимӣ хизмат мекунад, дар бораи духтарчаи хурдакакаш чунин гуфт: «Ман ӯро ҳанӯз аз якмоҳагиаш бо худ ба хизмат мебурдам. Ҳарчанд вай намефаҳмид, ки дар атроф чӣ рӯй дода истодааст, ман боварӣ дорам, ки аз хурдӣ бо ман ба хизмат рафтан ба ӯ таъсири хуб гузоштааст. Дар 2-солагӣ ӯ бемалол метавонист ба одамоне, ки мо дар хизмат вомехӯрдем, рисолаҳоро худаш пешниҳод кунад.

Фарзандонро аз хурдӣ таълим дода, волидон метавонанд натиҷаҳои хеле хуб ба даст оранд. Вале волидон ҳамчунин медонанд, ки ин кор на ҳамеша осон аст.

ВАҚТ ҶУДО КУНЕД

Азбаски кӯдакон беқароранд ва диққати онҳоро муддати дароз ба чизе ҷалб кардан мушкил аст, ба волидон таълим додани онҳо душвор буда метавонад. Ҳуши кӯдак ба осонӣ метавонад парешон шавад. Охир онҳо мехоҳанд ҳама чизро донанд ва дунёи гирду атрофи худро омӯзанд. Волидон чӣ кор карда метавонанд, то диққати кӯдаконашонро ба чизе, ки таълим додан мехоҳанд, ҷалб намоянд?

Биёед, гуфтаҳои Мусоро оиди ин дида бароем. Дар китоби Такрори Шариат қайд карда шудааст: «Ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад, ва онҳоро ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо» (Такр. Ш. 6:6, 7). Ибораи «талқин кардан» чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки волидон бояд чизеро, ки ба фарзандонашон таълим медиҳанд, зуд-зуд такрор намоянд. Кӯдаки хурд ба ниҳоли наве монанд аст, ки ба обдиҳии бомеъёри доимӣ ниёз дорад. Азбаски такрор кардан ба одамони калон барои дар ёд доштани чизҳои муҳим кӯмак мерасонад, он бешубҳа ба кӯдакони хурд низ ёрдам хоҳад кард!

Барои ба кӯдакон таълим додани ҳақиқати Худо, ба волидон лозим аст, ки бо онҳо вақт гузаронанд. Дар ин рӯзҳои шарир барои ин кор вақт ҷудо кардан дар ҳақиқат душвор буда метавонад. Аммо Павлуси ҳавворӣ маслиҳат дода буд, ки «фурсатро ғанимат» донем, то кори масеҳии худро ба ҷо орем (Эфс. 5:15, 16). Чӣ тавр инро кардан мумкин аст? Масалан, барои бародаре, ки пири ҷамъомад асту занаш чун пешрави доимӣ хизмат мекунад, дар иҷрои ҳамаи масъулиятҳояш бомувозинат будан душвор аст. Чунки ӯ бояд бодиққат ба нақша гирад, ки миқдори лозимаи вақтро барои таълимдиҳии кӯдак ва миқдори дурусти вақтро барои ғамхорӣ оиди ҷамъомад ва кори давлат сарф кунад. Чӣ тавр онҳо барои таълими духтарчаашон вақт меёбанд? Ин бародар мегӯяд: «Ҳар саҳар пеш аз он ки ман ба кор равам, ману занам ба ӯ аз китобчаи “Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас” ё ин ки аз брошураи “Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо” порчаеро мехонем. Бегоҳӣ пеш аз хоб рафтанаш низ мо ба ӯ албатта аз адабиётҳоямон чизеро мехонем ва вақте ки мо ба хизмат меравем, ӯро ҳамроҳи худ мегирем. Мо намехоҳем, ки ин солҳои аввали ҳаёти ӯро аз даст диҳем».

ФАРЗАНДОН МИСЛИ ТИРҲОЯНД

Албатта мо мехоҳем, ки кӯдаконамон чун шахсони бомасъулият ба воя бирасанд, вале мақсади асосии таълимдиҳии мо ин аст, ки дар дили онҳо муҳаббати Худоро инкишоф диҳем (Марқ. 12:28–30).

Дар Забур 126:4 гуфта шудааст: «Чӣ гунае ки тирҳо дар дасти зӯровар [шахси бақувват] аст, он гунаанд фарзандони айёми ҷавонӣ». Фарзандон ба тирҳое монанд карда шудаанд, ки бояд аниқ ба ҳадаф равона карда шаванд. Камонвар танҳо муддати кӯтоҳе тирро дар даст дошта, сипас онро меандозад. Ва баъди паррондан дигар равиши онро тағйир дода наметавонад. Ба ин монанд, волидон низ барои таълим додани фарзандони худ вақти нисбатан кӯтоҳ доранд, яъне то ба воя расидани онҳо ин корро карда метавонанд. Барои ҳамин, онҳо бояд ин вақти кӯтоҳро истифода бурда, дар дил ва ақли фарзандонашон принсипҳои Худоро ҷойгир кунанд.

Юҳаннои ҳавворӣ дар бораи фарзандони рӯҳонии худ чунин навишта буд: «Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд» (3 Юҳ. 4). Вақте волидон мебинанд, ки фарзандонашон «дар ростӣ рафтор мекунанд», онҳо низ метавонанд чунин хурсандӣ дошта бошанд.