Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо бояд чӣ гуна шахс бошед

Шумо бояд чӣ гуна шахс бошед

«Шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ [«садоқатмандӣ ба Худо», ТДН] чӣ гуна бояд бошед» (2 ПЕТ. 3:11).

1, 2. Барои ба Худо писанд омадан, мо бояд чӣ гуна инсон бошем?

 ОДАТАН мо бепарво нестем, ки дигарон дар бораи мо чӣ фикр мекунанд. Лекин мо, масеҳиён, оё набояд пеш аз ҳама дар бораи он ғам хӯрем, ки Яҳува дар бораи мо чӣ фикр дорад? Охир, Ӯ Шахсияти бузургтарин дар олам аст ва «чашмаи ҳаёт» бо Ӯст (Заб. 35:10).

2 Петруси ҳавворӣ таъкид намуд, ки барои ба Яҳува писанд омадан, мо бояд чӣ гуна шахс бошем. Ӯ гуфт, ки мо бояд «рафтори муқаддасона» ва «садоқатмандӣ ба Худо» дошта бошем. (2 Петрус 3:11-ро бихонед.) Рафтори мо танҳо он гоҳ муқаддасона хоҳад буд, агар мо аз ҳама ҷиҳат, яъне ҳам ахлоқан, ҳам рӯҳан ва ҳам дар фикр пок бошем. Инчунин мо аз муҳаббат ва эҳтиром ба Худо бояд нисбати Ӯ садоқатмандӣ нишон диҳем. Пас, Худо на танҳо ба рафтори мо, балки инчунин ба ҳиссиёте, ки мо нисбати Ӯ дорем, аҳамият медиҳад. Яҳува «дилҳоро имтиҳон» мекунад, аз ин рӯ Ӯ медонад, ки оё рафтори мо муқаддасона аст ва оё мо ба Ӯ содиқем ё не (1 Вақ. 29:17).

3. Кадом саволҳоро мо бояд ба худ диҳем?

3 Шайтон Иблис намехоҳад, ки мо ба Худо писанд оем. Дар асл, вай тамоми кӯшишашро ба харҷ медиҳад, то ки муносибатҳои моро бо Яҳува вайрон кунад. Шайтон пайваста мекӯшад, ки макру фиребро истифода бурда моро ба васваса андозад, то ин ки мо ба Яҳува ибодат карданро бас кунем (Юҳ. 8:44; 2 Қӯр. 11:13–15). Барои ҳамин, дида баромадани саволҳои зерин аз рӯи хирад мебуд: «Чӣ тавр Шайтон одамонро фиреб медиҳад? Чӣ гуна ман муносибати бо Яҳува доштаамро муҳофизат карда метавонам?»

ЧӢ ТАВР ШАЙТОН ОДАМОНРО ФИРЕБ МЕДИҲАД?

4. Шайтон барои муносибатҳои моро бо Худо вайрон кардан, чиро ба нишон мегирад ва чаро?

4 Шогирди Исо, Яъқуб, навиштааст: «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад. Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад» (Яъқ. 1:14, 15). Шайтон барои муносибатҳои моро бо Худо вайрон кардан, сарчашмаи хоҳишҳои мо, яъне дили моро ба нишон мегирад.

5, 6. а) Бо кадом роҳ Шайтон мекӯшад, ки ба дили мо таъсир кунад? б) Барои дар дили мо хоҳишҳои нодуруст пайдо кунондан Шайтон кадом се домро истифода мебарад ва то чӣ андоза вай дар ин кор моҳир аст?

5 Чӣ тавр Шайтон дили моро ба нишон мегирад? «Тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст», гуфта шудааст дар Китоби Муқаддас (1 Юҳ. 5:19). Юҳаннои ҳавворӣ навишт, ки барои ба нишон гирифтани дили мо, Шайтон «он чиро, ки дар ҷаҳон аст», истифода мебарад. Ӯ гуфт: «Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст. Касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест. Зеро ҳар чӣ дар ҷаҳон аст: хоҳиши ҷисм, ҳаваси чашмон ва худситоӣ аз дороии худ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст» (1 Юҳ. 2:15, 16, ТДН). Дар давоми ҳазорсолаҳо, Иблис ҷаҳонро чунон моҳирона шакл додааст, ки ба воситаи он одамонро фиреб диҳад. Азбаски мо дар ин ҷаҳон зиндагӣ дорем, мо бояд худро аз домҳои маккоронаи вай эҳтиёт кунем (Юҳ. 17:15).

6 Шайтон бо ҳар роҳ мекӯшад, ки дар дили мо хоҳишҳои нодуруст пайдо кунонад. Юҳаннои ҳавворӣ се домеро, ки Шайтон истифода мебарад, номбар кард: 1) «хоҳиши ҷисм», 2) «ҳаваси чашмон» ва 3) «худситоӣ аз дороии худ». Шайтон барои Исоро дар биёбон озмудан аз ин се чиз истифода бурд. Азбаски Шайтон чунин домҳоро солҳои зиёд ба кор мебарад, вай дар истифодаи онҳо хеле моҳир гаштааст. Имрӯз низ вай аз онҳо устокорона истифода мебарад ва майлҳои ҳар як одамро ба назар гирифта, тарзҳои васвасакуниашро ба онҳо мувофиқ мегардонад. Чӣ тавр мо худро аз ин васвасаҳо муҳофизат карда метавонем? Пеш аз ба ин савол ҷавоб ёфтан, биёед аввал дида бароем, ки чӣ тавр Иблис бо истифодаи ин домҳо Ҳавворо фиреб дод, аммо Писари Худоро ба васваса андохта натавонист.

«ХОҲИШИ ҶИСМ»

Шайтон «хоҳиши ҷисм»-ро истифода бурда Ҳавворо фиреб дод (Ба сархати 7 нигаред)

7. Чӣ тавр Шайтон «хоҳиши ҷисм»-ро истифода бурда, Ҳавворо ба васваса андохт?

7 Ҳамаи одамон барои зиндагӣ кардан ба хӯрок ниёз доранд. Офаридгор заминро тавре сохтааст, ки дар он ба таври фаровон ғизо мерӯяд. Шайтон мекӯшад хоҳиши табиие, ки мо ба хӯрок дорем, истифода бурда, моро аз иҷрои иродаи Худо дур созад. Биёед бубинем, ки чӣ тавр ӯ бо Ҳавво чунин рафтор кард. (Ҳастӣ 3:1–6-ро бихонед.) Шайтон ба Ҳавво гуфт, ки агар ӯ аз меваи «дарахти маърифати неку бад» бихӯрад, нахоҳад мурд. Ӯ гуфт, ки агар вай аз он хӯрад, ӯ мисли Худо хоҳад буд (Ҳас. 2:9). Ҳамин тавр, Иблис маккорона Ҳавворо ба чунин фикр барангехт, ки барои зиндагӣ карданро давом додан ба ӯ шарт нест, ки ба Худо итоаткор бошад. Чӣ дурӯғи даҳшатноке буд ин! Баъди он ки Иблис фикри хӯрдани меваро дар майнаи Ҳавво ҷой кард, Ҳавво ду роҳи интихоб дошт. Ӯ метавонист: 1) он фикрро аз сараш дур кунад ё 2) дар бораи он мева фикр карданро давом дода, хоҳиши хӯрдани онро дар дилаш зиёд гардонад. Гарчанд тамоми дигар дарахтони боғ дар ихтиёри Ҳавво буданд, ӯ роҳи дуюмро интихоб намуд, яъне ӯ дар бораи дарахте, ки дар миёни боғ буд, фикр карданро давом дод ва оқибат «аз меваи он гирифта, хӯрд». Ҳамин тавр, Шайтон дар дили Ҳавво хоҳиши хӯрдани чизеро бедор кард, ки Офаридгори ӯ онро манъ карда буд.

Исо ба ҳеҷ чиз нагузошт, ки диққаташро парешон кунад (Ба сархати 8 нигаред)

8. Чӣ тавр Шайтон кӯшиш кард, ки «хоҳиши ҷисм»-ро истифода бурда, Исоро васваса кунад ва чаро ӯ дар ин муваффақ нагашт?

8 Шайтон чунин тарзро истифода бурда, Исоро ҳангоми дар биёбон буданаш ба васваса андохтан мехост. Баъди он ки Исо 40 шабу 40 рӯз чизе нахӯрда гурусна монда буд, Шайтон кӯшиш кард, ки ба воситаи хоҳиши табиии хӯрок хӯрдан ӯро ба васваса андозад. «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг бигӯй, ки нон шавад» — гуфт Шайтон (Луқ. 4:1–3). Исо ду роҳи интихоб дошт. Ӯ метавонист: 1) қудрати мӯъҷизакуниашро барои қонеъ кардани гуруснагии худ истифода барад ё 2) истифода бурдани онро рад кунад. Исо медонист, ки ӯ набояд аз ин қудраташ сӯиистифода барад. Ҳарчанд ӯ гурусна буд, муносибати бо Яҳува доштаашро аз хоҳиши хӯрок хӯрдан болотар гузошт. Исо ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо» (Луқ. 4:4).

«ҲАВАСИ ЧАШМОН»

9. Ибораи «ҳаваси чашмон» ба чӣ ишора мекунад ва чӣ тавр Шайтон аз ин ҳавас дар мавриди Ҳавво истифода бурд?

9 Дигар доми Шайтон, ки Юҳанно қайд намуда буд, ин «ҳаваси чашмон» аст. Ин ибора ба он ишора мекунад, ки шахс танҳо бо як нигоҳ метавонад ба чизе ҳавас пайдо кунад. Дар мавриди Ҳавво Шайтон ин ҳавасро бедор карда, гуфт: «Чашмони шумо воз хоҳад шуд». Чӣ қадаре ки Ҳавво ба он меваи манъшуда назар мекард, ҳамон қадар он барояш ҷолибу дилкаш мегашт. Ҳавво дид, ки дарахт «назаррабост».

10. Шайтон бо кадом роҳ «ҳаваси чашмон»-ро истифода бурд, то Исоро ба васваса андозад ва Исо чӣ тавр ҷавоб дод?

10 Чӣ тавр Шайтон барои васваса кардани Исо «ҳаваси чашмон»-ро истифода бурд? Вай «ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба [Исо] нишон дод» ва ба ӯ гуфт: «Тамоми салтанат ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам» (Луқ. 4:5, 6). Он чизе ки Исо дид, дар асл ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон набуданд, Шайтон ба вай ҷалоли онҳоро дар рӯъё нишон дод. Шайтон шарм накарда, ба Исо пешниҳод кард: «Агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад» (Луқ. 4:7). Исо ҳаргиз намехост, шахсе бошад, ки Шайтон онро мехост. Исо ҳатто оиди ин пешниҳод фикр накарда, дарҳол чунин ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки: “Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо”» (Луқ. 4:8).

«ХУДСИТОӢ АЗ ДОРОИИ ХУД»

11. Чӣ тавр Ҳавво ба дурӯғи Шайтон дода шуд?

11 Дар қатори чизҳои ҷаҳон, Юҳанно «худситоӣ аз дороии худ»-ро номбар кард. Вақте Одаму Ҳавво ягона инсонҳои рӯи замин буданд, албатта онҳо дар пеши одамони дигар аз дороии худ ҳавобаландӣ карда наметавонистанд. Вале онҳо ба ғурур дода шуданд. Шайтон ҳангоми Ҳавворо ба васваса андохтанаш, маккорона дар сари ӯ чунин фикрро ҷойгир кард, ки гӯё Худо аз ӯ чизи олиҷаноберо пинҳон мекунад. Иблис ба вай гуфт, ки дар рӯзе ки «аз дарахти маърифати неку бад» бихӯрад, вай монанди Худо «орифи неку бад» хоҳад шуд (Ҳас. 2:17; 3:5). Шайтон мехост, то Ҳавво фикр кунад, ки ӯ бе Яҳува зиндагӣ карда метавонад. Аз афташ ғурур яке аз сабабҳое буд, ки Ҳавво ба ин дурӯғ дода шуд. Вай аз меваи манъшуда хӯрд ва боварӣ дошт, ки намемирад. То чӣ андоза хато буд рафтори ӯ!

12. Боз бо кадом роҳ Шайтон Исоро ба васваса андохтанӣ шуд ва Исо чӣ тавр рафтор кард?

12 Баръакси Ҳавво, Исо дар фурӯтанӣ намунаи олиҷаноб гузошт! Шайтон Исоро боз бо роҳи дигаре ба васваса андохтанӣ шуд, то ӯ кори ғайриоддие карда, бо ин Худоро озмояд. Ин амали мағрурона мебуд! Ба ҷои чунин рафтор кардан, Исо рӯирост ва ба таври қатъӣ ҷавоб дод: «Гуфта шудааст, ки “Худованд Худои худро наозмой”». (Луқо 4:9–12-ро бихонед.)

ЧӢ ТАВР МО МУНОСИБАТАМОНРО БО ЯҲУВА МУҲОФИЗАТ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

13, 14. Фаҳмонед, ки чӣ тавр Шайтон имрӯз мекӯшад, ки моро фиреб диҳад.

13 Имрӯз низ Шайтон аз ҳамон домҳое, ки дар мавриди Ҳавво ва Исо ба кор бурда буд, истифода мебарад. Иблис бо истифодаи ҷаҳони худ мекӯшад дар одамон «хоҳиши ҷисм»-ро бедор кунад ва онҳоро ба бадахлоқӣ, пурхӯрӣ ва бадмастӣ тела диҳад. Бо воситаи порнография, хусусан дар Интернет, вай метавонад диққати шахсони беэҳтиётро ҷалб кунад ва дар онҳо «ҳаваси чашмон»-ро бедор созад. Ва ба воситаи чизпарастӣ, шӯҳрату мансаб Шайтон мекӯшад одамонро ба васваса андозад, то ки онҳо «аз дороии худ» ҳавобаландӣ кунанд.

Дар ин ҳолатҳо кадом принсипҳои Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам дода метавонанд? (Ба сархатҳои 13, 14 нигаред)

14 Чизҳои ин ҷаҳон ба воситаҳое монанданд, ки моҳигир барои доштани моҳӣ истифода мебарад. Онҳо ба назар ҷолиб метобанд, вале дар даруни худ доме доранд. Шайтон чизҳоеро ки ба назари мо табииву муқаррарӣ метобанд, истифода бурда мекӯшад, то дар дили мо хоҳишеро бедор кунад, ки ба муқобили қонуни Худо аст. Ба воситаи чунин хоҳишҳо Шайтон моро бармеангезад, то фикр кунем, ки ғамхорӣ оиди ниёзҳои шахсиамон ва бароҳат гардондани ҳаёт, аз иҷрои иродаи Худо муҳимтаранд. Оё шумо ба фиреби Шайтон дода мешавед?

15. Чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ намуда, ба васвасаҳои Шайтон муқобилият карда метавонем?

15 Дар муқоиса бо Ҳавво, ки ба васвасаҳои Шайтон дода шуд, Исо бомуваффақият ба онҳо муқобилият кард. Ҳар дафъа ӯ аз Навиштаҳо ҷавоб дода мегуфт: «Навишта шудааст» ё «Гуфта шудааст». Агар мо Китоби Муқаддасро боғайратона омӯзем, мо бо Навиштаҳо хуб шинос мешавем. Ва ҳангоми дучор шудан бо васвасаҳо оятҳоеро, ки барои нигоҳ доштани солимфикрӣ кӯмак мекунанд, ба ёд оварда метавонем (Заб. 1:1, 2). Аз Китоби Муқаддас ба хотир овардани намунаи шахсони ба Худо содиқ ба мо ёрдам мекунад, ки ба онҳо пайравӣ кунем (Рум. 15:4). Эҳтироми ҳақиқӣ ба Яҳува, муҳаббат ба он чизе ки Ӯ дӯст медорад ва нафрат аз он чизе ки Ӯ бад мебинад, моро муҳофизат хоҳанд кард (Заб. 96:10).

16, 17. Чӣ тавр фикрҳои мо ба чӣ гуна шахс будани мо таъсир мекунанд?

16 Павлуси ҳавворӣ моро ташвиқ мекунад, ки «оқилона» рафтор кунем ва шахсоне бошем, ки мувофиқи тарзи фикрронии Яҳува амал мекунанд, на аз рӯи фикрронии ин ҷаҳон (Рум. 12:1, 2). Павлус таъкид намуд, ки мо бояд фикрҳоямонро идора кунем ва чунин гуфт: «Мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем» (2 Қӯр. 10:5). Фикрҳои мо ба чӣ гуна инсон буданамон таъсири калон мерасонанд, барои ҳамин, мо бояд пайваста оиди чизҳои ба Худо писанд фикр кунем (Фил. 4:8).

17 Агар мо дар худ фикру хоҳишҳои нодурустро парварем, мо муқаддас буда наметавонем. Мо бояд Яҳуваро «аз дили соф» дӯст дорем (1 Тим. 1:5). Вале дил маккор аст ва мо шояд ҳатто пай набарем, ки он «чи дар ҷаҳон аст» то чӣ андоза ба мо сахт таъсир расонда истодааст (Ирм. 17:9). Барои ҳамин, муҳим аст, ки аз рӯи маслиҳати Павлус амал намоем. Ӯ гуфт: «Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед». Ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас мо бояд аз худ бипурсем: «Ман чӣ гуна шахс ҳастам? Оё фикру хоҳишҳои ман ба Худо писанданд?» (2 Қӯр. 13:5).

18, 19. Чаро мо бояд аз болои худ кор кунем, то шахсе бошем, ки ба Яҳува писанд аст?

18 Боз як чиз ба мо кӯмак мекунад, ки ба васвасаи чизҳои ин ҷаҳон муқобилият кунем. Ин дар ёд доштани суханони илҳомбахшидашудаи Юҳанно мебошад. Ӯ гуфт: «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳ. 2:17). Ҷаҳони Шайтон ба назар доимӣ метобад. Вале рӯзе он ба анҷом мерасад. Ягон чизи ҷаҳони Шайтон доимӣ нест. Дар ёд доштани ин чиз ба мо кӯмак мекунад, ки ба доми васвасаҳои Иблис наафтем.

19 Петруси ҳавворӣ моро бармеангезад, ки модоме, ки мо «омадани рӯзи Худоро» интизорем,— «дар он рӯз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт»,— мо бояд шахсе бошем, ки писанди Худо аст (2 Пет. 3:12). Омадани он рӯз хеле наздик аст ва Яҳува ҳар он чизеро, ки дар ин ҷаҳони Шайтон аст, несту нобуд хоҳад кард. То омадани он вақт Шайтон чизҳои ин ҷаҳонро истифода хоҳад бурд, то ки моро чун дар мавриди Ҳавво ва Исо ба васваса андозад. Мо набояд мисли Ҳавво бошем ва аз паи иҷрои хоҳишҳои шахсӣ равем. Чунин рафтор нишон медод, ки гӯё мо Шайтонро худои худ меҳисобем. Ба мо лозим аст, ки мисли Исо бошем ва ба васвасаҳо муқобилият намоем, новобаста аз он ки онҳо ба назарамон чӣ қадар ҷолибу назаррабо метобанд. Биёед ҳар яки мо аз болои худ кор кунем, то шахсе бошем, ки ба Яҳува писанд аст.