Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дигаргун шуда истодаед?

Оё шумо дигаргун шуда истодаед?

«Ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред» (РУМ. 12:2).

1, 2. Чӣ тавр муҳити атроф ва тарбияи гирифтаамон ба мо таъсир мерасонад?

 БА ҲАМАИ МО тарбия ва муҳити атроф сахт таъсир мерасонад. Мо хӯрокҳои муайянеро дӯст медорем, бо тарзи муайяне либос мепӯшем ва рафтор мекунем. Чаро? Қисман ин аз таъсири атрофиён ва шароити зиндагиамон вобаста аст.

2 Вале чизҳое ҳастанд, ки аз интихоби хӯрок ва тарзи либоспӯшӣ муҳимтаранд. Масалан, мувофиқи тарбияи гирифтаамон мо баъзе амалҳоро раво меҳисобему баъзеашонро не. Вале назари одамон нисбати чунин корҳо гуногун буда метавонад. Баъзан ба интихоби мо виҷдонамон таъсир мерасонад. Дар Китоби Муқаддас эътироф карда мешавад, ки аксар вақт «халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд» (Рум. 2:14). Оё ин маънои онро дорад, ки агар қонуни муайяне аз ҷониби Худо набошад, мо метавонем ба меъёрҳо ва амалҳои аксарияти одамони маҳалламон ва тарбияи гирифтаамон пайравӣ кунем?

3. Бо кадом ду сабаб масеҳиён кӯр-кӯрона аз паи тариқҳо ва меъёрҳои аз тарафи аксарият қабулшуда намераванд?

3 Барои масеҳиён камаш ду сабаби муҳиме ҳаст, ки чаро онҳо ин тавр рафтор намекунанд. Оиди яке аз сабабҳо дар Китоби Муқаддас чунин хотиррасон карда мешавад: «Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст» (Мас. 16:25). Аз сабаби нокомилӣ мо, одамон пурра муайян карда наметавонем, ки чӣ бароямон дар ҳақиқат фоиданок аст, то қадамҳоямонро дуруст равона созем (Мас. 28:26; Ирм. 10:23). Мувофиқи Китоби Муқаддас сабаби дуюм ин аст, ки майлҳо ва меъёрҳои ҷаҳон аз тарафи Шайтон, «худои ин дунё» идора карда мешаванд (2 Қӯр. 4:4; 1 Юҳ. 5:19). Бинобар ин, агар мо илтифот ва баракати Яҳуваро соҳиб шудан хоҳем, зарур аст, ки ба огоҳии дар Румиён 12:2 навишташуда гӯш диҳем. (Оятро бихонед.)

4. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

4 Дар ин мақола се фикри муҳими дар Румиён 12:2 навишташуда муҳокима карда мешаванд: 1) Чаро ба мо зарур аст, ки «шакли тозае» гирем, яъне дигаргун шавем? 2) Дигаргун шудан чиро дар бар мегирад? 3) Чӣ тавр мо дигаргун шуда метавонем? Биёед ин саволҳоро дида бароем.

ЧАРО ДИГАРГУН ШУДАН ЗАРУР АСТ?

5. Суханони Павлус, ки дар Румиён 12:2 омадааст, ба кӣ равона карда шудаанд?

5 Суханони Павлуси ҳавворӣ, ки дар нома ба румиён навишта шудаанд, на ба ҳамаи сокинони Рум, балки ба масеҳиёни тадҳиншудае, ки дар он шаҳр мезистанд, равона карда шудаанд (Рум. 1:7). Ӯ онҳоро даъват кард, ки дигаргун шаванд ва «худро ба ин дунё ҳамшакл» насозанд. «Дунё» барои масеҳиёне, ки тақрибан соли 56-уми эраи мо дар Рум зиндагӣ мекарданд, меъёрҳо, анъанаҳо, урфу одатҳо ва тарзи зиндагиеро дар бар мегирифт, ки ба Руми он замона хос буд. «Ҳамшакл насозед» гуфтани Павлус ба он ишора мекунад, ки баъзеи он масеҳиён ҳанӯз ҳам зери таъсири дунёи онвақта буданд. Ин чӣ гуна таъсирот буд?

6, 7. Чӣ тавр дар замони Павлус вазъи ҷамъиятӣ ва динӣ дар Рум барои масеҳиён душвориҳо пеш меовард?

6 Имрӯз он касоне, ки ба саёҳати Рум мераванд, боқимондаи маъбадҳо, қабрҳо, ҳайкалҳо, майдонҳо, театрҳо ва дигар ёдгориҳои таърихиро дида метавонанд. Баъзе аз ин биноҳо ба асри як тааллуқ доранд. Бодиққатона ба чунин ёдгориҳо назар карда, оиди ҳаёти ҷамъиятӣ ва динии Руми қадим тасаввурот пайдо кардан мумкин аст. Мо ҳамчунин аз китобҳои таърих оиди бозиҳои бераҳмонаи гладиаторӣ, мусобиқа бо аробаҳо, намоишҳои театрӣ ва мусиқавии гуногун, ки баъзеашон бадахлоқонаву нанговар буданд, хонда метавонем. Ба ғайр аз ин, Рум маркази пешрафтаи хариду фурӯш буд, бинобар ин имкониятҳои зиёде барои бой шудан фароҳам меовард (Рум. 6:21; 1 Пет. 4:3, 4).

7 Румиён маъбадҳои бисёр доштанд ва худоёни зиёдеро парастиш мекарданд, аммо онҳо чун шахсоне, ки бо худоёни худ муносибатҳои наздик доштанд, машҳур набуданд. Барои онҳо дин асосан аз урфу одатҳое, ки дар рӯзи таваллуд, ҳангоми оиладоршавӣ ва маросими дафн гузаронида мешуданд, иборат буд ва ин қисми ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо ба ҳисоб мерафт. Танҳо тасаввур кунед, ки то чӣ андоза ин урфу одатҳо ҳаёти масеҳиёни шаҳри Румро душвор месохтанд. Азбаски онҳо дар он муҳит тарбия ёфта буданд, акнун барои масеҳии ҳақиқӣ шудан бояд дигаргун мегаштанд ва ин дигаргуншавӣ дар рӯзи таъмид гирифтанашон анҷом намеёфт.

8. Чаро ҷаҳони имрӯза барои масеҳиён хатарнок аст?

8 Чун дар Руми он замона, дар ҷаҳони имрӯза ҳам барои масеҳиёни содиқ хатарҳои зиёде вуҷуд дорад. Чаро? Барои он ки рӯҳияи ин ҷаҳон ҳама ҷоро фаро гирифтааст. (Эфсӯсиён 2:2, 3 ва 1 Юҳанно 2:16-ро бихонед.) Рӯз аз рӯз бо ҳавасҳо, фикрронӣ, арзишҳо ва ахлоқи ин ҷаҳон рӯ ба рӯ шуда, мо доимо зери хатари қисми ин ҷаҳон шудан қарор дорем. Бинобар ин мо сабабҳои зиёд дорем, то ба огоҳии «худро ба ин дунё ҳамшакл» насохтан ва «шакли тозае ба худ» гирифтан гӯш диҳем. Барои ин мо бояд чӣ кор кунем?

ДИГАРГУНШАВӢ ЧИРО ДАР БАР МЕГИРАД?

9. Бисёриҳо пеш аз таъмид гирифтан дар ҳаёти худ чӣ гуна тағйирот ба амал меоранд?

9 Вақте ки шахс ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро меомӯзад ва онҳоро ба кор мебарад, вай рӯҳан афзоиш мекунад. Дар натиҷаи ин ӯ ҳаёти худро мувофиқи дониши гирифтааш тағйир медиҳад. Вай амалҳои бо дини дурӯғин алоқаманд ва рафтори нодурусташро тарк карда, шахсияти масеҳиро дар бар мекунад (Эфс. 4:22–24). Мо хурсандем, ки ҳар сол садҳо ҳазор одамон рӯҳан чунин пешравӣ намуда, худро ба Яҳува Худо мебахшанд ва таъмид мегиранд. Ин бешубҳа дили Яҳуваро шод мегардонад (Мас. 27:11). Лекин хуб мебуд, ки оиди саволи зерин мулоҳиза ронем: Оё танҳо чунин дигаргуниҳоро ба амал овардан кифоя аст?

«Қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад» (Эфс. 4:31).

10. Дигаргун шудан аз беҳтаршавӣ чӣ фарқият дорад?

10 Дар ҳақиқат дигаргун шудан ин танҳо беҳтар гаштан нест: он чизи бештареро дар назар дорад. Масалан, дар баъзе ҷойҳо маҳсулотро камтар дигар карда, ба он тамғаи «беҳтаршуда» мезананд, лекин дар асл он ҳамон маҳсулот аст. Шояд ба он танҳо як чизи навро илова мекунанд ё муқоваашро ҷалбкунанда месозанд. Дар як луғати динӣ гуфта мешавад, ки ибораи «шакли тоза гирифтан», ки дар Румиён 12:2 омадааст, ба воситаи рӯҳулқудс нав кардан ё тағйир додани фикррониро дар бар мегирад. Бинобар ин шакли тоза гирифтан, ё дигаргун шудани шахси масеҳӣ танҳо партофтани одатҳои зарарнок, бадзабонӣ ва бадахлоқиро дар бар намегирад. Баъзе касоне ҳастанд, ки дониши Китоби Муқаддасро надоранд, лекин кӯшиш мекунанд то андозае аз ин чизҳо озод бошанд. Пас, дигаргун шудан барои масеҳиён чӣ маъно дорад?

11. Мувофиқи суханони Павлус барои дигаргун шудани шахс чӣ дар талаб аст?

11 Павлус навишт: «Ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред». Зери калимаи «ақл» қобилияти фикрронии мо дар назар дошта шудааст. Вале дар Китоби Муқаддас ин калима ҳамчунин тарзи фикрронӣ ва ба чӣ гуна мулоҳизаронӣ майл доштанро дар бар мегирад. Павлус пештар ба румиён оиди одамоне, ки «ба афкори фосид гирифтор» карда шуданд, навишта буд. Чунин шахсон аз «кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб» ва дигар корҳои бад пур буданд (Рум. 1:28–31). Фаҳмост, ки чаро Павлус шахсонеро, ки дар чунин муҳит калон шуданд, аммо баъд ходими Худо гаштанд, даъват менамояд, ки дигаргун шаванд ва ақли худро нав созанд.

Ба бисёриҳо лозим аст, ки аз ҷаҳони Шайтон берун оянд ва дигаргун шаванд (Ба сархати 9 нигаред)

12. Фикрронии аксарияти одамон имрӯз чӣ гуна аст ва чӣ тавр чунин тарзи фикрронӣ барои масеҳиён хатарнок буда метавонад?

12 Мутаассифона, моро чунин одамоне, ки Павлус дар бораашон гуфта буд, иҳота мекунанд. Онҳо шояд чунин ақида доранд, ки мувофиқи меъёрҳо ва принсипҳо зистан нишонаи ақибмондагӣ аст ва ҳеҷ кас набояд ба дигарон талқин намояд, ки мувофиқи онҳо зиндагӣ кунанд. Бисёре аз муаллимон ва волидон ба кӯдакон иҷозат медиҳанд, ки чӣ коре хоҳанд, кунанд. Онҳо тарафдори тарзи фикрронии «озод» мебошанд. Чунин шахсон боварӣ доранд, ки чӣ баду чӣ нек буданро ҳеҷ кас фаҳмида наметавонад. Ҳатто бисёри онҳое, ки худро диндор мешуморанд, ба Худо ва аҳкоми Ӯ итоат карданро зарур намедонанд (Заб. 13:1). Ин гуна тарзи фикрронӣ барои масеҳиёни содиқ хатарнок аст. Агар шахс эҳтиёткор набошад, он гоҳ нисбати дастуроте, ки ба воситаи ташкилоти Худо мегирем, чунин назари нодуруст пайдо карда метавонад. Чунин шахсон шояд намехоҳанд, ки мувофиқи тартиби дар ҷамъомад муқарраршуда бо омодагӣ амал намоянд ва ҳатто нисбати чизҳое, ки барояшон маъқул нест, норозигӣ баён мекунанд. Ҳамчунин онҳо метавонанд барои гӯш надодан ба насиҳатҳои илоҳӣ оиди вақтхушӣ, истифодаи Интернет ва гирифтани маълумоти олӣ баҳонаҷӯӣ кунанд.

13. Чаро мо бояд худро ростқавлона тафтиш кунем?

13 Бинобар ин, барои он ки ҷаҳон моро дигаргун насозад, ё шакл надиҳад, ба мо лозим аст, ки ба тарзи фикрронӣ ва ҳиссиёти аслии худ, арзишҳо ва мақсадҳоям ростқавлона баҳо диҳем. Чунин чизҳо метавонанд ба чашми одамон аён набошанд. Баъзеҳо шояд ба мо гӯянд, ки одами хуб ҳастем. Вале, танҳо худи мо медонем, ки дар ҳақиқат дониши аз Китоби Муқаддас гирифтаамонро ба кор бурда, дигаргун шуда истодаем ё не. (Яъқуб 1:23–25-ро бихонед.)

ЧӢ ТАВР ДИГАРГУН ШУДА МЕТАВОНЕМ?

14. Чӣ тавр фаҳмида метавонем, ки дар чӣ бояд ислоҳ шавем?

14 Барои дигаргун шудан ба мо лозим аст, ки дилу ботини худро тағйир диҳем. Чӣ ба мо ёрӣ дода метавонад, ки чунин кунем? Вақте ки мо дар бораи талабҳо ва нияти дар Китоби Муқаддас баёншудаи Яҳува мефаҳмем, муносибати мо ба ин нишон медиҳад, ки дар дили мо чӣ аст ва бояд дар чӣ ислоҳ шавем, то мувофиқи «иродаи... комили Худо» амал кунем (Рум. 12:2; Ибр. 4:12).

15. Шакл додани Яҳува чӣ гуна дигаргуниро ба амал оварда метавонад?

15 Ишаъё 64:8-ро бихонед. Мисоле, ки пайғамбар Ишаъё овардааст, ба мо дарси муҳимеро меомӯзонад. Чӣ тавр Яҳува, Кӯзагари бузург, моро, ки гил ҳастем, шакл медиҳад? Албатта, Ӯ моро на зоҳиран, масалан, барои намуди зеботару ҷолибтар пайдо кардан, балки ботинан тағйир медиҳад. Агар мо роҳ диҳем, ки Ӯ моро шакл диҳад, дар ботин дигаргун хоҳем шуд. Ин кӯмак мекунад, ки бо таъсироти ин ҷаҳон мубориза барем. Чӣ тавр Яҳува моро шакл медиҳад?

16, 17. a) Фаҳмонед, ки кӯзагар барои кӯзаи хуб сохтан лойро чӣ кор мекунад. б) Чӣ тавр Каломи Худо ба мо ёрӣ медиҳад, ки дигаргун шуда, дар назари Яҳува пурарзиш гардем?

16 Барои сохтани кӯзаи аълосифат кӯзагар лойи навъаш хубро истифода мебарад. Лекин, ду чизи дигаре низ лозим аст. Пеш аз ҳама, лой бояд шуста тоза карда шавад. Баъдан, ба он миқдори муайяни об рехта, тавре омехта кардан зарур аст, ки он шакли худро нигоҳ дошта тавонад.

17 Аҳамият диҳед, ки об ҳам барои тозакунии лой ва ҳам барои ба он мулоимии зарурӣ додан лозим аст, то зарф, аз он ҷумла, зарфи нозук сохта шавад. Оё мо мебинем, ки Каломи Худо низ дар ҳаёти мо чунин нақшҳоро мебозад? Он ба мо кӯмак расонда метавонад, то тарзи фикррониеро, ки пеш аз бо Худо шинос шудан доштем, дигар кунем ва дар назари Худо пурарзиш гардем (Эфс. 5:26). Ба мо маротибаҳои зиёд ёдрас карда мешавад, ки Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонем ва доимо ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф орем. Чаро? Чунки ба ин восита мо ба Яҳува роҳ медиҳем, ки моро шакл диҳад (Заб. 1:2; Аъм. 17:11; Ибр. 10:24, 25).

Дигаргун шудан ба шумо ёрӣ медиҳад, ки мушкилиҳоро ба таври дуруст ҳал намоед (Ба сархати 18 нигаред)

18. a) Барои он ки Каломи Худо моро дигаргун созад, чаро бар он мулоҳиза рондан муҳим аст? б) Дар ин кор кадом саволҳо ба мо ёрӣ расонда метавонанд?

18 Барои он ки Каломи Худо дар мо дигаргунии заруриро ба амал оварад, танҳо хониш ва омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас кифоя нест. Бисёр одамон Китоби Муқаддасро мехонанд ва то дараҷае бо мазмуни он шиносанд. Шояд шумо ҳангоми мавъиза бо чунин шахсон вохӯрдаед. Баъзеи онҳо ҳатто порчаҳои Китоби Муқаддасро аз ёд гуфта метавонанд *. Аммо ин ба фикрронӣ ва тарзи ҳаёти онҳо таъсири кам мерасонад. Барои чӣ? Зеро шахс бояд роҳ диҳад, ки Каломи Худо ба дили ӯ сахт таъсир расонад. Танҳо дар натиҷаи ин шахс дигаргун шуда метавонад. Бинобар ин, мо бояд вақт ҷудо кунем, то дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем. Хуб мебуд, ки ба худ чунин саволҳо диҳем: «Оё ман боварӣ дорам, ки ин таълимоти динии хушку холӣ нест? Оё ман мефаҳмам, ки ин ҳақиқат аст? Ғайр аз ин, ман он чизеро ки меомӯзам, дар ҳаёти худ ба кор мебарам, ё онро танҳо ба дигарон меомӯзонам? Оё ман ҳис мекунам, ки Яҳува шахсан бо ман гап мезанад?» Андешаронӣ ба воситаи чунин саволҳо ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба Яҳува наздиктар шавем ва муҳаббатамон нисбати Ӯ зиёдтар гардад. Вақте дониши гирифтаамон ба дили мо чунин таъсир мекунад, дар мо дигаргуниҳои мусбӣ ба амал меоянд (Мас. 4:23; Луқ. 6:45).

19, 20. Ба кор бурдани кадом насиҳат аз Китоби Муқаддас ба мо манфиати калон меорад?

19 Хониши мунтазами Каломи Худо ва мулоҳизаронӣ бар он моро бармеангезад, ки минбаъд низ «одами кӯҳнаро бо аъмоли вай» аз худ дур созем ва «одами навро» дар бар кунем, ки ба туфайли дониши дақиқ нав мешавад (Қӯл. 3:9, 10). Бале, агар мо суханони Каломи Худоро нағз фаҳмем ва онҳоро ба кор барем, шахсияти нав хоҳем шуд ва ин моро аз домҳои маккоронаи Шайтон муҳофизат хоҳад кард.

20 Петруси ҳавворӣ ба мо ёдрас мекунад: «Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки... доштед, мувофиқат накунед, балки... дар тамоми рафторатон муқаддас бошед» (1 Пет. 1:14, 15). Вақте ки мо ҳар кори аз дастамон меомадаро карда, тарзи фикрронии пештараамонро тарк менамоем ва дигаргун мешавем, баракатҳои зиёдро соҳиб мегардем. Оиди ин баракатҳо дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем ронд.

^ сарх. 18 Ба мисоле, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 феврали с. 1994 (рус.), саҳ. 10, сарх. 7 оварда шудааст, нигаред.