Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бигзор ёдраскуниҳои Яҳува хурсандии дили ту бошанд

Бигзор ёдраскуниҳои Яҳува хурсандии дили ту бошанд

«Шаҳодоти [«ёдраскуниҳои», ТДН] Туро то абад мероси худ кардаам» (ЗАБ. 118:111).

1. a) Вақте ба одамон насиҳат медиҳанд, онҳо чӣ гуна муносибат мекунанд ва чаро? б) Шахси мағрур дар ҷавоб ба насиҳат чӣ тавр муносибат мекунад?

 ВАҚТЕ КИ ба одамон дастуру насиҳат медиҳанд, муносибати онҳо ба ин гуногун буда метавонад. Насиҳати шахси баландмартаба ё ҳокимиятдор одатан боэҳтиромона қабул карда мешавад, дар ҳоле ки маслиҳати шахси ҳамсол ё ҳокимият надошта, рад карда мешавад. Ҳиссиётҳое, ки дар ҷавоб ба насиҳат пайдо мешаванд, ҳамчунин гуногун буда метавонанд: аз ҳисси ғамгиниву рӯҳафтодагӣ сар карда, то ҳисси боварӣ ба қобилиятҳои худ ва хоҳиши беҳтар шудан. Чаро ин тавр? Яке аз сабабҳо мағрурӣ мебошад. Дар ҳақиқат, рӯҳияи ҳавобаландӣ метавонад тарзи фикрронии шахсро вайрон кунад ва боиси қабул накардани насиҳат ва аз маслиҳати пурарзиш фоида нагирифтани ӯ гардад (Мас. 16:18).

2. Чаро масеҳиёни ҳақиқӣ маслиҳати бар Каломи Худо асосёфтаро қадр мекунанд?

2 Масеҳиёни ҳақиқӣ бошанд, маслиҳати муфидро қадр мекунанд, хусусан, агар он бар Каломи Худо асос ёбад. Ёдраскуниҳои Яҳува ба мо ёрдам мекунанд, ки хатарнок будани чунин рафтори нодурустро ба монанди чизпарастӣ, бадахлоқии ҷинсӣ, нашъамандӣ ва бадмастиро дарк намуда, аз онҳо канорагирӣ намоем (Мас. 20:1; 2 Қӯр. 7:1; 1 Тас. 4:3–5; 1 Тим. 6:6–11). Беш аз ин, мо «аз хушии дил» тараннум мекунем, ки натиҷаи итоат кардан ба ёдраскуниҳои Худо мебошад (Иш. 65:14).

3. Ба кадом муносибати забурнавис тақлид намудан ба мо манфиатбахш мебуд?

3 Барои нигоҳ доштани муносибати наздик бо Падари осмониамон мо бояд ба кор бурдани дастуроти бохирадонаи Яҳуваро дар ҳаёти худ давом диҳем. Чӣ хуб аст, агар рӯҳияи мо ба монанди таронасаро бошад, ки навишта буд: «Шаҳодоти [«ёдраскуниҳои», ТДН] Туро то абад мероси худ кардаам; зеро ки онҳо хурсандии дили ман аст» (Заб. 118:111). Оё мо низ аз аҳкоми Яҳува хурсандӣ мегирем ё ба онҳо баъзан чун ба бори гарон менигарем? Ҳатто агар гоҳо ба мо қабул кардани баъзе маслиҳатҳо душвор бошад ҳам, мо набояд рӯҳафтода шавем. Инкишоф додани эътимоди қавӣ ба хиради бемисли Худо бароямон имконпазир аст! Биёед се тарзи ин тавр амал карданро дида бароем.

БО ВОСИТАИ ДУО ЭЪТИМОДАТОНРО БА ЯҲУВА ҚАВӢ ГАРДОНЕД

4. Чӣ дар ҳаёти Довуд бетағйир мемонд?

4 Дар ҳаёти шоҳ Довуд пастиву баландиҳои зиёде буданд, вале як чиз бетағйир мемонд — эътимоди пурраи ӯ ба Офаридгор. Ӯ гуфта буд: «Сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро баланд мекунам. Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам» (Заб. 24:1, 2). Чӣ ба Довуд ёрдам дод, ки ба Падари осмониаш чунин эътимод дошта бошад?

5, 6. Мо аз Каломи Худо дар бораи муносибатҳое, ки Довуд бо Яҳува дошт, чӣ мефаҳмем?

5 Бисёр одамон танҳо дар вақти тангӣ ба Худо дуо мегӯянд. Онҳо ба монанди дӯсте мебошанд, ки танҳо ҳангоми ба пул ё ягон ёрӣ мӯҳтоҷ буданаш, ба шумо муроҷиат мекунад. Бо гузашти вақт шумо шояд оиди он фикр мекунед, ки ниятҳои аслии дӯстатон чӣ гунаанд, яъне ӯ дӯсти ҷонӣ аст ё нонӣ. Вале Довуд чунин набуд. Аз муносибатҳои ӯ бо Худо маълум аст, ки вай дар давоми умри худ, ҳам дар тангӣ ва ҳам дар хурсандӣ, нисбати Худо имон ва муҳаббат зоҳир мекард (Заб. 39:9).

6 Ба суханони Довуд, ки дар васфи Яҳува ва аз сипосгузорӣ ба Ӯ гуфта шудаанд, аҳамият диҳед: «Худовандо, Худои мо! Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин! Ту шукӯҳи Худро бар осмон паҳн кардаӣ!» (Заб. 8:2). Оё ба шумо аён аст, ки муносибатҳои Довуд бо Падари осмониаш то чӣ андоза зич буданд? Довуд аз бузургӣ ва ҷалоли Худо то он дараҷа ба ваҷд меомад, ки «ҳар рӯз» ба ҳамду сано кардани Яҳува тайёр буд (Заб. 34:28).

7. Бо воситаи дуо ба Худо наздик шудан чӣ манфиат меорад?

7 Мо низ ба монанди Довуд бояд мунтазам бо Яҳува муошират кунем, то ки эътимодамон нисбати Ӯ қавӣ гардад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқ. 4:8). Бо воситаи дуо ба Яҳува наздик шудан, ҳамчунин тарзи муҳими пайдо кардани рӯҳулқудс мебошад. (1 Юҳанно 3:22-ро бихонед.)

8. Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки дуоҳоямон якранг набошанд?

8 Оё мо ҳангоми дуо гуфтан чунин майл дорем, ки ҳамон як калимаю ибораҳоро такрор ба такрор гӯем? Агар ин тавр бошад, пеш аз дуо гуфтан каме вақт ҷудо карда, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ гуфтан мехоҳед. Агар мо ҳар дафъаи бо ягон дӯст ё хешамон гап задан ҳамон як калимаҳоро гӯем, оё ин ба ӯ маъқул мешавад? Аз эҳтимол дур нест, ки ӯ дигар моро гӯш ҳам намекунад. Албатта, Яҳува ҳеҷ гоҳ аз гӯш кардани дуои самимии ягон ходими содиқаш рӯ наметобад, вале хеле хуб мебуд, агар дуоҳои мо якранг набошанд.

9, 10. a) Дар бораи чӣ мо дуо гуфта метавонем? б) Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки дуоҳоямонро самимӣ созем?

9 Агар мо ба Худо наздик шудан хоҳем, набояд сарсарӣ дуо гӯем. Ҳар қадаре ки мо бештар диламонро ба Яҳува кушоем, ҳамон қадар ба Ӯ наздиктар мешавем ва эътимоди мо ба Ӯ қавитар мегардад. Пас, мо дар бораи чӣ бояд дуо гӯем? Каломи Худо ҷавоб медиҳад: «Ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед» (Фил. 4:6). Ҳар он чизе ки ба ҳаёти мо ва ба муносибатҳоямон бо Худо дахл дорад, мавзӯи муносибе барои дуо гуфтан буда метавонад.

10 Дар Китоби Муқаддас дуоҳои мардону занони содиқ оварда шудаанд ва таваҷҷӯҳ намудан ба суханони онҳо бароямон манфиатбахш хоҳад буд (1 Подш. 1:10, 11; Аъм. 4:24–31). Масалан, китоби Забур сурудҳо ва дуоҳои самимиеро дар бар мегирад, ки ба Яҳува равона карда шудаанд. Тамоми эҳсосоти инсонӣ, аз ғаму дард сар карда, то шодии беандоза, дар ин дуоҳо ва сурудҳо баён карда шудаанд. Дида баромадани чунин дуоҳо ба мо ёрӣ дода метавонад, ки дуоҳоямон пурмаънотар гарданд.

ОИДИ ЁДРАСКУНИҲОИ ХУДО ЧУҚУР МУЛОҲИЗА РОНЕД

11. Чаро ба мо лозим аст, ки оиди насиҳатҳои Худо мулоҳиза ронем?

11 Довуд гуфта буд: «Шаҳодати [«ёдраскунии», ТДН] Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад» (Заб. 18:8). Бале, ҳатто агар мо камтаҷриба бошем ҳам, ба воситаи итоаткорӣ ба аҳкоми Яҳува мо доно шуда метавонем. Лекин барои пурра манфиат гирифтан ба мо лозим аст, ки оиди баъзе насиҳатҳои Китоби Муқаддас чуқур мулоҳиза ронем. Масалан, фикрронӣ оиди принсипҳои илоҳӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ҳангоми дар мактаб ё ҷои кор бо фишор рӯ ба рӯ шудан беайбии худро нигоҳ дорем, қонунҳои Худоро оиди хун, дахолат накардан ба корҳои сиёсии ин ҷаҳон ва либоспӯшиву ороиш риоя кунем. Дар хотир доштани назари Худо нисбати ин масъалаҳо ба мо кӯмак хоҳад кард, ки ба мушкилиҳо пешакӣ тайёр шавем. Мо дар дили худ қарор карда метавонем, ки ҳангоми сар задани мушкилӣ чӣ гуна рафтор хоҳем кард. Ин ба мо ёрӣ медиҳад, то ки ба хатоҳои дардовар роҳ надиҳем (Мас. 15:28).

12. Фикрронӣ оиди чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки мувофиқи ёдраскуниҳои Худо зиндагӣ кунем?

12 Иҷрошавии ваъдаҳои Худоро интизор шуда, оё мо бо тарзи ҳаёти худ нишон медиҳем, ки рӯҳан ҳушёру бедор ҳастем? Масалан, оё мо дар ҳақиқат боварӣ дорем, ки Бобили бузург ба қарибӣ несту нобуд мешавад? Оё баракатҳои оянда, аз он ҷумла ҳаёти ҷовидонӣ дар биҳишти рӯи замин ва эҳёшавӣ, барои мо ҳоло ҳам чун дар вақти аввалин бор фаҳмиданамон воқеианд? Оё мо мисли пештара бо ҷидду ҷаҳд хизмат карда истодаем ё ташвишу ҳавасҳои шахсиамон дар ҳаёти мо ҷои аввалро ишғол мекунанд? Дар бораи муқаддас гардондани номи Яҳува ва тарафгирии ҳокимияти Ӯ бошад, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ин чизҳо ҳоло ҳам бароямон хеле муҳим мебошанд? Мулоҳиза оиди ин гуна саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки чуноне ки забурнавис гуфта буд, рафтор кунем, яъне ёдраскуниҳои Худоро «то абад мероси худ» гардонем (Заб. 118:111).

13. Чаро фаҳмиши баъзе чизҳо барои масеҳиёни асри як душвор буд? Мисол оред.

13 Баъзе чизҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда шояд ҳоло пурра фаҳмо нестанд, зеро вақти таъинкардаи Яҳува барои кушодани онҳо нарасидааст. Исо гаштаву баргашта ба ҳаввориёнаш мегуфт, ки ӯ ҳатман бояд азоб кашаду кушта шавад. (Матто 12:40 ва 16:21-ро бихонед.) Вале шогирдонаш маънои суханони ӯро намефаҳмиданд. Онҳо маънои гуфтаҳои ӯро танҳо баъд аз маргу эҳёшавии Исо дарк карданд, вақте ки ӯ дар ҷисми инсонӣ ба якчанд шогирдаш намудор шуд ва «зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд» (Луқ. 24:44–46; Аъм. 1:3). Ҳамчунин, пайравони Масеҳ то дами дар иди Пантикости соли 33-и эраи мо фурӯ рехта шудани рӯҳулқудс дарк намекарданд, ки Салтанати Худо бояд дар осмон барпо гардад (Аъм. 1:6–8).

14. Дар аввали асри бист аксари бародарони мо дар мавриди нафаҳмидани ҳақиқат оиди охирзамон ба мо чӣ гуна намуна гузоштанд?

14 Ба монанди ин, дар аввали асри бист масеҳиёни ҳақиқӣ оиди «айёми охир» баъзе интизориҳои нодуруст доштанд (2 Тим. 3:1). Масалан, соли 1914 баъзеҳо фикр мекарданд, ки худи ҳамон сол ба осмон хоҳанд рафт. Вале ҳангоме ки умеди онҳо дар вақти гумонкардаашон амалӣ нагашт, онҳо Навиштаҳоро аз нав бодиққат дида баромаданд ва фаҳмиданд, ки кори бузурге, яъне мавъизаи хушхабар дар пеш аст (Марқ. 13:10). Бинобар ин, соли 1922 Ҷозеф Рутерфорд, ки он вақт кори мавъизаро роҳбарӣ мекард, дар анҷумани байналмилалие, ки дар Сидар-Пойнт (иёлоти Огайо, ИМА) баргузор гашта буд, ба ҷамъомадагон гуфт: «Нигаред, Подшоҳ ҳукмронӣ мекунад! Шумо воизони ӯ ҳастед. Аз ин рӯ, Подшоҳ ва салтанати ӯро мавъиза кунед, мавъиза кунед, мавъиза кунед». Аз он вақт инҷониб ходимони Яҳува бо эълон кардани хушхабари Салтанат маълуманд (Мат. 4:23; 24:14).

15. Мулоҳизаронӣ оиди он ки чӣ тавр Худо бо халқаш муносибат мекунад, ба мо чӣ манфиат меорад?

15 Мулоҳизаронӣ оиди он ки чӣ гуна Яҳува ба таври аҷоиб бо халқаш ҳам дар гузаштаву ҳам дар замони ҳозира муносибат мекунад, ба мо боварии калон мебахшад, ки Ӯ дар оянда ба иҷро кардани иродаву нияти худ қодир аст. Дар айни замон, ёдраскуниҳои Худо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки ваъдаҳои ҳоло иҷронашудаи Ӯро доимо дар ақлу дили худ нигоҳ дорем ва боварӣ дошта бошем, ки онҳо ҳатман иҷро мешаванд.

ЯҲУВАРО ИБОДАТ НАМУДА, ЭЪТИМОДИ ХУДРО БА Ӯ ҚАВӢ ГАРДОНЕД

16. Дар хизмат фаъол мондан чӣ гуна баракатҳо меорад?

16 Худои мо — Яҳува, Худои амалҳост. «Кист, ки мисли Ту, эй Худованд, тавоно бошад?» — пурсида буд таронасаро ва илова намуд,— «Дасти Ту пурқувват аст, ямини Ту боло» (Заб. 88:9, 14). Аз ин рӯ, Яҳува кӯшишҳои моро дар пешравии кори Салтанат қадр мекунад ва баракат медиҳад. Ӯ мебинад, ки ходимонаш, хоҳ мард бошанду хоҳ зан, хоҳ пир бошанду хоҳ ҷавон, танбалӣ намекунанд ва «нони коҳилиро» намехӯранд (Мас. 31:27). Дар кори Салтанат фаъолона иштирок карда, мо ба Офаридгори худ пайравӣ менамоем. Бо тамоми дил ба Худо хизмат кардан моро хушбахт мегардонад ва дили Яҳуваро хушнуд месозад. (Забур 61:13-ро бихонед.)

17, 18. Чаро гуфтан мумкин аст, ки бо имон амал карда, мо эътимоди худро ба маслиҳатҳои Яҳува қавӣ мегардонем? Мисол оред.

17 Чӣ тавр бо имон амал карда, мо эътимоди худро ба Яҳува қавӣ мегардонем? Биёед нақли ба замини ваъдашуда ворид шудани исроилиёнро, ки дар Китоби Муқаддас зикр шудааст, дида бароем. Мувофиқи амри Яҳува коҳиноне, ки сандуқи аҳдро мебардоштанд, бояд ба дарёи Ӯрдун медаромаданд. Вале ҳангоми ба дарё наздик шудан исроилиён диданд, ки он аз сабаби боришоти баҳорӣ аз соҳилҳои худ баромада, башаст равона аст. Инро дида, онҳо бояд чӣ кор мекарданд? Магар онҳо дар соҳили дарё урдӯгоҳ барпо карда, ҳафтаҳо ё аз ин ҳам зиёдтар дар интизори паст шудани оби дарё менишастанд? Не, онҳо мувофиқи дастуроти Яҳува амал намуда, пурра ба Ӯ таваккал кардани худро нишон доданд. Натиҷаи ин чӣ гуна буд? Дар Китоби Муқаддас мо мехонем: «Ҳамин ки... пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқ ба канори об ғӯтид... обҳое ки аз боло фурӯд меомад,.. бозистод... Ва коҳинони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд андаруни Ӯрдун дар хушкӣ маҳкам меистоданд... то даме ки аз Ӯрдун убур кардани тамоми халқ анҷом ёфт» (Еҳ. 3:12–17). Тасаввур кунед, ки то чӣ андоза баваҷдоварда буд дидани он ки обҳои дарё бозистоданд! Дар ҳақиқат, имони исроилиён ба Яҳува қавӣ гашт, зеро онҳо ба дастуроти Ӯ таваккал карданд.

Оё шумо чунин эътимодеро, ки халқи Яҳува дар рӯзҳои Еҳушаъ доштанд, зоҳир хоҳед кард? (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред)

18 Дуруст аст, ки Яҳува имрӯз барои халқи худ чунин мӯъҷизаҳо намекунад, вале Ӯ ҳамоно аз рӯи имон амал кардани ходимонашро баракат медиҳад. Ба туфайли қувваи фаъоли Худо онҳо дар саросари дунё хабари Салтанатро мавъиза мекунанд. Шоҳиди барҷастаи Худо, Исои Масеҳи эҳёшуда, шогирдони худро дилпур сохт, ки онҳоро дар ин кори муҳим дастгирӣ хоҳад кард: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед... Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20). Бисёр Шоҳидони Яҳува, ки шояд аз ҳамсӯҳбат шудан бо ношиносон шарм медоранд ё ба ин ҷуръат намекунанд, тасдиқ карда метавонанд, ки чӣ тавр рӯҳулқудси Худо ба онҳо ҷасорат мебахшад. (Забур 118:46 ва 2 Қӯринтиён 4:7-ро бихонед.)

19. Ба маҳдудиятҳои худ нигоҳ накарда, мо аз чӣ дилпур буда метавонем?

19 Баъзе бародарону хоҳарони мо аз сабаби беморӣ ё пиронсолӣ маҳдудиятҳои ҷисмонӣ доранд. Вале онҳо боварӣ дошта метавонанд, ки «Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло» вазъияти ҳар як ходими содиқашро мефаҳмад (2 Қӯр. 1:3). Ӯ ҳар он чиро ки мо барои пешравии кори Салтанат мекунем, қадр мекунад. Ҳамаи мо бояд дар хотир нигоҳ дорем, ки наҷоти мо асосан аз имон доштан ба фидияи Масеҳ вобаста аст (Ибр. 10:39).

20, 21. Баъзе роҳҳои ба Яҳува эътимод зоҳир кардан кадомҳоянд?

20 Ибодати мо онро дар бар мегирад, ки мо вақт, қувват ва дороии худро ҳар қадаре ки бароямон имконпазир аст, сарф мекунем. Бале, мо мехоҳем, ки бо тамоми дили худ «кори башоратдиҳандаро» ба ҷо орем (2 Тим. 4:5). Мо хушбахтем, ки ба дигарон барои гирифтани «дониши ростӣ» кӯмак мекунем (1 Тим. 2:4). Бешубҳа, ҷалол додан ва васф кардани Яҳува моро рӯҳан сарватманд мекунад (Мас. 10:22). Ба воситаи ин эътимодамон ба Офаридгор пурзӯртар мегардад (Рум. 8:35–39).

21 Чӣ тавре ки мо дида баромадем, эътимод ба дастуроти хирадмандонаи Яҳува худ ба худ пайдо намешавад — барои чунин эътимод доштан саъю кӯшиш кардан зарур аст. Бинобар ин, ба воситаи дуо ба Яҳува такя кунед. Оиди он ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта иродаи худро ба ҷо меовард ва чӣ тавр дар оянда мекунад, чуқур мулоҳиза ронед. Яҳуваро ибодат намуда, минбаъд низ эътимоди худро ба Ӯ қавӣ гардонед. Оре, ёдраскуниҳои Яҳува то абад боқӣ хоҳанд монд. Шумо низ нисбати ин ёдраскуниҳо бодиққат буда, то абад зиста метавонед!