Ёдраскуниҳои Яҳува сазовори боварианд
«Шаҳодати [«ёдраскунии», ТДН] Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад» (ЗАБ. 18:8).
1. Халқи Худо кадом мавзӯъҳоро мунтазам дида мебарояд ва мо аз ин чӣ фоида мегирем?
ҲАНГОМИ тайёр кардани мақола аз «Бурҷи дидбонӣ», оё шумо ягон вақт аз худ пурсида будед: «Магар ин мавзӯъро мо пештар дида набаромада будем?» Агар шумо аллакай якчанд вақт ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува ташриф меоварда бошед, пас шумо пай бурдед, ки баъзе мавзӯъҳо такрор мешаванд. Масалан, мавзӯъҳо оиди Салтанати Худо, фидия, кори шогирдсозӣ ва чунин хислатҳои масеҳӣ ба монанди муҳаббат ва имон, мунтазам чун қисми ғизои рӯҳонии мо пешкаш карда мешаванд. Дида баромадани чунин мавзӯъҳо ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар имон устувор монем ва на фақат шунавандагони Калом, балки иҷрокунандагони он бошем (Яъқ. 1:22).
2. a) Ёдраскуниҳои Худо аксаран ба чӣ ишора менамоянд? б) Ёдраскуниҳои Худо аз қонунҳои одамон бо чӣ фарқ мекунанд?
2 Калимаи иброние, ки чун «ёдраскунӣ» тарҷума шудааст, аксаран ба қонуну қоидаҳо ва аҳкому дастуроте, ки Худо ба халқаш медиҳад, ишора мекунад. Дар фарқият аз қонунҳои одамӣ, ки бисёр вақт ба ислоҳ ё илова кардан ниёз доранд, қонунҳо ва дастуроти Яҳува ҳамеша сазовори боварианд. Гарчанде баъзеи онҳо дар вақту ҳолатҳои муайян дода шудаанд, онҳо ҳеҷ гоҳ нодуруст ё нуқсондор намегарданд. Забурнавис чунин зикр намудааст: «Адолати шаҳодоти [«ёдраскуниҳои», ТДН] Ту то абад аст» (Заб. 118:144).
3, 4. a) Ёдраскуниҳои Яҳува чиро дар бар мегиранд? б) Агар исроилиён ба ёдраскуниҳои Худо гӯш медоданд, онҳо чӣ гуна баракатҳо меёфтанд?
3 Шояд шумо аҳамият додаед, ки ёдраскуниҳои Яҳува баъзан огоҳиҳоро дар бар мегиранд. Халқи Исроил мунтазам ба воситаи пайғамбарон чунин огоҳиҳоро мегирифтанд. Масалан, чанде пеш аз даромадан ба замини ваъдашуда Мусо онҳоро огоҳ карда гуфт: «Эҳтиёт бошед, мабодо дилатон фирефта шавад, ва шумо гумроҳ гардида, худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо саҷда баред; ва хашми Худованд бар шумо аланга занад» (Такр. Ш. 11:16, 17). Аз Китоби Муқаддас баръало маълум аст, ки Худо ба халқаш ёдраскуниҳои зиёди фоиданокро дода буд.
4 Дар бисёр ҳолатҳои дигар низ Яҳува исроилиёнро ба он ташвиқ мекард, ки аз Ӯ тарсанд, ба овозаш гӯш диҳанд ва номашро муқаддас гардонанд (Такр. Ш. 4:29–31; 5:28, 29). Худо ба онҳо ваъда дода буд, ки агар онҳо ба ёдраскуниҳои Ӯ гӯш диҳанд, онҳо бешубҳа баракатҳои сершуморро соҳиб мешаванд (Ибд. 26:3–6; Такр. Ш. 28:1–4).
МУНОСИБАТИ ИСРОИЛИЁН БА ЁДРАСКУНИҲОИ ЯҲУВА
5. Чаро Яҳува барои подшоҳ Ҳизқиё ҷангид?
5 Аз таърихи халқи Исроил бармеояд, ки Худо ҳамеша ба ваъдаи худ вафо мекард. Масалан, вақте ки подшоҳи Ашшур Санҳериб ба Яҳудо ҳуҷум карда даромад ва ба шоҳ Ҳизқиё таҳдид мекард, Яҳува фариштаашро фиристод. Фариштаи Худо дар як шаб «ҳамаи мардони ҷангӣ»-и лашкари Ашшурро ҳалок сохт ва ҳамин тавр Санҳериб маҷбур шуд, ки шармандавор ба ватанаш баргардад (2 Вақ. 32:21; 4 Подш. 19:35). Чаро Худо барои подшоҳ Ҳизқиё ҷангид? Чунки Ҳизқиё «ба Худованд часпида, аз пайравии Ӯ дур намешуд, ва аҳкомеро, ки Худованд... амр фармуда буд, риоя мекард» (4 Подш. 18:1, 5, 6).
6. Чӣ тавр подшоҳ Йӯшиёҳу нишон дод, ки ба Яҳува таваккал мекунад?
6 Шахси дигаре, ки ба аҳкоми Яҳува итоат мекард, подшоҳ Йӯшиёҳу буд. Аз ҳаштсолагиаш сар карда, вай «он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, ва... ба тарафи рост ё чап майл накард» (2 Вақ. 34:1, 2). Йӯшиёҳу ба Яҳува таваккал карданашро бо он нишон дод, ки сарзаминашонро аз бутҳо тоза кард ва ибодати ҳақиқиро барқарор намуд. Ин тавр амал намудани Йӯшиёҳу, на танҳо ба ӯ, балки ба тамоми халқ баракатҳои зиёд овард. (2 Вақоеънома 34:31–33-ро бихонед.)
7. Вақте ки халқи Исроил нисбати ёдраскуниҳои Яҳува беэътиноӣ зоҳир мекард, ин ба чӣ оварда мерасонд?
7 Мутаассифона, исроилиён на ҳама вақт ба ёдраскуниҳои Яҳува эътимод зоҳир мекарданд. Дар давоми асрҳо онҳо гоҳ итоаткор буданд, гоҳ не. Вақте ки имонашон суст мешуд, онҳо бисёр вақт, агар бо суханони Павлуси ҳавворӣ гӯем, «бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда» мешуданд (Эфс. 4:13, 14). Чуноне ки пешгӯӣ шуда буд, вақте онҳо ба ёдраскуниҳои Худо эътимодашонро нишон намедоданд, оқибатҳои талхи инро мечашиданд (Ибд. 26:23–25; Ирм. 5:23–25).
8. Чӣ тавр мо аз намунаи халқи Исроил барои худ дарс гирифта метавонем?
8 Чӣ тавр намунаи халқи Исроил барои мо манфиатбахш буда метавонад? Худо имрӯз низ ходимонашро насиҳат медиҳад ва огоҳ мекунад (2 Пет. 1:12). Ҳар вақте ки мо Каломи Худоро мехонем, он барои мо чун як ёдраскуние мебошад. Мо чун шахсони соҳибихтиёр метавонем ба дастуроти Яҳува итоат кунем ё аз паи он чизе шавем, ки ба назари худамон дуруст метобад (Мас. 14:12). Биёед баъзе сабабҳоеро дида бароем, ки чаро мо бояд ба ёдраскуниҳои Яҳува гӯш диҳем ва аз ин чӣ фоида мегирем.
БА ХУДО ИТОАТ НАМУДА, АЗ ҲАЁТ БАҲРАВАР ГАРДЕД
9. Чӣ тавр дар биёбон Яҳува исроилиёнро бовар кунонд, ки онҳоро пуштибонӣ карда истодааст?
9 Вақте исроилиён бо роҳе равона шуданд, ки бояд дар «биёбони... даҳшатангез» 40 сол давом мекард, Яҳува ба онҳо пешакӣ оиди чӣ тавр ҳидояту ҳимоя ва ғамхорӣ карданаш маълумоти батафсил надод. Лекин Ӯ такроран нишон медод, ки онҳо ба Ӯ ва ба дастуроташ такя карда метавонанд. Бо истифода бурдани сутуни абр дар рӯз ва сутуни оташ дар шаб, Яҳува ба исроилиён ёдрас мекард, ки онҳоро дар биёбони душворгузар пуштибонӣ карда истодааст (Такр. Ш. 1:19; Хур. 40:36–38). Ӯ ҳамчунин оиди ниёзҳои асосии онҳо ғамхорӣ мекард: ҳангоми дар биёбон буданашон, «либоси онҳо кӯҳна нашуд, ва пойҳои онҳо варам накард». Дар ҳақиқат, онҳо «ба чизе эҳтиёҷ надоштанд» (Наҳ. 9:19–21).
10. Чӣ тавр имрӯз Яҳува халқашро роҳнамоӣ мекунад?
10 Имрӯз ходимони Худо дар остонаи дунёи нави одилона қарор доранд. Оё мо боварӣ дорем, ки Яҳува барои дар «мусибати бузург» зинда монданамон ба мо чизи лозимаро пешкаш мекунад? (Мат. 24:21, 22; Заб. 118:40, 41). Дуруст аст, ки Яҳува моро бо сутуни абр ё оташ ба дунёи нав роҳнамоӣ намекунад, вале Ӯ бо воситаи ташкилоташ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ҳушёру бедор монем. Масалан, бештар таъкид карда мешавад, ки ба воситаи хониши шахсии Китоби Муқаддас, гузарондани шоми ибодати оилавӣ ва ҳамчунин иштироки мунтазам дар вохӯриҳо ва хизмат, худро рӯҳан мустаҳкам гардонем. Оё мо барои мувофиқи ин дастурот амал кардан чора меандешем? Агар ҷавобамон мусбӣ бошад, пас мо имоне хоҳем дошт, ки барои зинда монданамон зарур аст.
11. Худо бо кадом тарзҳо дар бораи мо ғамхорӣ мекунад?
11 Дастуроти Яҳува на танҳо барои рӯҳан бедор монданамон, балки дар ҳаёти ҳаррӯзаамон низ ёрӣ медиҳад. Масалан, агар ба чизҳои моддӣ муносибати дуруст дошта бошем ва ҳаёти хоксорона ба сар барем, ташвишҳои мо камтар мешаванд. Ҳамчунин маслиҳатҳои Худо оиди либоспӯшӣ ва ороиш, оиди соҳибмаълумот шудан ва интихоби вақтхушиҳо, барои мо хеле фоиданоканд. Оиди бехатарӣ дар Толорҳои Салтанат, хонаву автомобилҳои худ ва тайёрӣ ба ҳолатҳои фавқуллода низ ёдраскуниҳо дода мешаванд. Чунин маслиҳатҳо нишон медиҳанд, ки Худо дар бораи беҳбудии мо ғамхорӣ мекунад.
ЁДРАСКУНИҲО БА МАСЕҲИЁНИ ПЕШИН КӮМАК МЕКАРДАНД, КИ СОДИҚ МОНАНД
12. a) Исо ба шогирдонаш дар бораи чӣ такрор ба такрор гап мезад? б) Кадом амали фурӯтанона ба Петрус таассуроти калон гузошт ва он ба мо низ бояд чӣ гуна таъсир кунад?
12 Дар асри як халқи Худо доимо ёдраскуниҳо мегирифтанд. Исо на як бор ба шогирдони худ дар бораи инкишоф додани фурӯтанӣ гап мезад. Вале ӯ на танҳо мегуфт, ки фурӯтан будан чӣ маъно дорад, балки инро дар амал ҳам нишон медод. Шаби пеш аз маргаш Исо ва ҳаввориёнаш барои ҷашн гирифтани иди Фисҳ ҷамъ омаданд. Вақте ҳаввориён хӯрок мехӯрданд, Исо аз сари дастархон хеста, пойҳои онҳоро шуст, яъне ӯ кореро кард, ки одатан хизматгор ба ҷо меовард (Юҳ. 13:1–17). Ин амали фурӯтанона ба онҳо таассуроти калон гузошт. Тақрибан 30 сол пас Петруси ҳавворӣ, ки дар он шом ҳузур дошт, ба ҳамимононаш оиди фурӯтанӣ маслиҳат дод (1 Пет. 5:5). Намунаи Исо бояд ҳамаи моро ба он барангезад, ки дар муносибат бо якдигар фурӯтан бошем (Фил. 2:5–8).
13. Исо инкишоф додани кадом хислати муҳимро ба шогирдонаш хотиррасон мекард?
13 Исо ба шогирдонаш инчунин на як бор дар бораи он гап зада буд, ки имони мустаҳкам доштан зарур аст. Боре, баъд аз он ки шогирдон аз писарча девро бароварда натавонистанд, аз Исо пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед... ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд» (Мат. 17:14–20). Бале, Исо дар давоми хизмати худ пайваста ба шогирдонаш таълим медод, ки имон доштан хеле муҳим аст. (Матто 21:18–22-ро бихонед.) Оё мо барои мустаҳкам кардани имони худ аз дастуроте, ки дар анҷуманҳо ва вохӯриҳоямон дода мешавад, истифода мебарем? Ин на танҳо имконият медиҳад, ки аз ҷамъ шуданамон хурсанд шавем, балки беш аз ин ба Яҳува таваккал кардани худро нишон диҳем.
14. Чаро дар рӯзҳои мо муҳим аст, ки муҳаббати фидокорона дошта бошем?
14 Навиштаҳои Юнонӣ пур аз оятҳое мебошанд, ки ба мо нисбати ҳамдигар муҳаббат нишон доданро хотиррасон мекунанд. Исо гуфта буд, ки дуюмин аҳкоми бузургтарин чунин аст: «Ёри худро мисли худ дӯст бидор» (Мат. 22:39). Ҳамчунин Яъқуб, бародари Исо, муҳаббатро «шариати шоҳона» номид (Яъқ. 2:8). Юҳаннои ҳавворӣ навишта буд: «Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед» (1 Юҳ. 2:7, 8). Юҳанно ба чӣ чун ба «ҳукми қадимӣ» ишора кард? Ӯ ҳукми дӯст доштанро дар назар дошт. Ин ҳукм ба он маъно «қадимӣ» аст, ки Исо онро «аз ибтидо», яъне даҳсолаҳо пеш дода буд. Он ҳамчунин «ҳукми тоза», ё нав, мебошад, зеро дертар шогирдон бояд муҳаббати фидокоронаро дар вазъиятҳои нав зоҳир менамуданд. Оё мо чун шогирдони Исо миннатдор нестем, ки оиди муқобилат кардан ба рӯҳияи худбинонаи ин ҷаҳон, ки муҳаббат ба атрофиёнро барҳам медиҳад, огоҳ карда мешавем?
15. Мақсади асосии ба замин омадани Исо чӣ буд?
15 Исо ба одамон таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир мекард. Муносибати меҳрубононаи ӯ нисбати одамон дар он дида мешавад, ки ӯ беморонро шифо медод ва мурдагонро зинда мекард. Вале вазифаи асосии Исо на шифо бахшидан, балки мавъиза кардану таълим додан буд, зеро ин кор ба ҳаёти одамон таъсири бештар мерасонд. Барои чӣ? Он одамони шифоёфтаву эҳёшуда оқибат пир шуданд ва мурданд, вале касоне ки мавъизаи Исоро қабул карданд, имконияти ҷовидона зистанро пайдо намуданд (Юҳ. 11:25, 26).
16. Кори мавъиза ва шогирдсозӣ дар замони мо то чӣ андоза паҳн гаштааст?
16 Кори мавъизае, ки Исо ба он дар асри як ибтидо гузошт, имрӯз дар миқёси хеле калонтар ба ҷо оварда мешавад. Исо ба шогирдонаш чунин супориш дода буд: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» (Мат. 28:19). Онҳо ин супоришро иҷро мекарданд ва мо низ ин корро давом дода истодаем. Зиёда аз ҳафт миллион Шоҳидони фаъоли Яҳува бо ҷидду ҷаҳд оиди Салтанати Худо дар зиёда аз 230 мамлакат мавъиза мекунанд ва бо миллионҳо нафар мунтазам Китоби Муқаддас меомӯзанд. Ин шаҳодати он аст, ки мо дар охирзамон зиндагӣ карда истодаем.
БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД
17. Павлус ва Петрус ҳамимононашонро ба чӣ ташвиқ мекарданд?
17 Равшан аст, ки ёдраскуниҳо ба масеҳиёни асри як барои дар имон устувор мондан кӯмак мерасонданд. Павлуси ҳавворӣ, ки баъдтар дар Рум ҳабс шуда буд, ба Тимотиюс гуфт: «Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ... пайравӣ намо» (2 Тим. 1:13). Тасаввур кунед, ки чӣ гуна Тимотиюс аз ин суханон рӯҳбаландӣ гирифт. Петруси ҳавворӣ ҳамимононашро ба инкишоф додани чунин хислатҳо ба мисли пурсабрӣ, бародардӯстӣ ва худдорӣ ташвиқ намуда чунин гуфт: «Ман ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед» (2 Пет. 1:5–8, 12).
18. Назари масеҳиёни асри як ба ёдраскуниҳо чӣ гуна буд?
18 Бале, номаҳои Павлус ва Петрус «суханонеро, ки пештар анбиёи муқаддас гуфтаанд», дар бар мегирифтанд (2 Пет. 3:2). Оё бародарони мо, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, аз гирифтани ёдраскуниҳои онҳо меранҷиданд? Не, зеро ин нишонаи муҳаббати Худо буд ва ба он мусоидат мекард, ки онҳо «дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ» нумӯ ёбанд (2 Пет. 3:18).
19, 20. Чаро ба мо лозим аст, ки ба ёдраскуниҳои Яҳува эътимод зоҳир кунем ва ин ба мо чӣ фоида меорад?
19 Имрӯзҳо мо барои эътимод зоҳир кардан ба ёдраскуниҳои Яҳува, ки дар Китоби Муқаддас, Каломи бенуқсони Ӯ ҷойгиранд, сабабҳои кофӣ дорем. (Еҳушаъ ибни Нун 23:14-ро бихонед.) Дар саҳифаҳои он мо хонда метавонем, ки чӣ тавр Худо дар тӯли ҳазорсолаҳо бо одамони нокомил муносибат мекард. Ин таърих барои манфиати мо навишта шуда буд (Рум. 15:4; 1 Қӯр. 10:11). Мо ҳамчунин иҷро шудани пешгӯиҳои дар Китоби Муқаддас навишташударо дида метавонем. Пешгӯиро ёдраскуние гуфтан мумкин аст, ки пешакӣ дода мешавад. Масалан, мувофиқи пешгӯие, ки бояд «дар айёми охир» иҷро шавад, миллионҳо нафар барои Яҳуваро дар покӣ ибодат кардан ҷамъ меоянд (Иш. 2:2, 3). Ҳамчунин торафт бад шудани вазъияти ин ҷаҳон, иҷрошавии пешгӯии Китоби Муқаддасро нишон медиҳад. Дар сар то сари замин авҷ гирифтани кори мавъиза низ, чӣ хеле ки дар боло қайд шуда буд, исбот месозад, ки суханони Исо амалӣ гашта истодаанд (Мат. 24:14).
20 Офаридгори мо дар давоми таърихи инсоният исбот намуд, ки Ӯ сазовори эътимод аст. Оё мо аз ёдраскуниҳои Ӯ манфиат мегирем? Як хоҳари мо, ки Роселлен ном дорад, чунин мегӯяд: «Вақте ки ба Яҳува пурра таваккал мекардагӣ шудам, ман боз ҳам бештар дидам, ки чӣ хел дасти пурмуҳаббати Ӯ маро дастгирӣ мекунад ва тақвият медиҳад». Бигзор мо низ ба ёдраскуниҳои Яҳува эътимод зоҳир карда, манфиат гирем.