Чӣ тавр мо Яҳуваро интизор шуда метавонем?
«Ман ба Худованд интизорӣ мекашам» (МИК. 7:7).
1. Аз кадом сабаб мо ба бетоқатӣ дода шуда метавонем?
ВАҚТЕ КИ соли 1914 Салтанати Масеҳоӣ барпо гашт, барои тартиботи Шайтон рӯзҳои охир сар шуданд. Он вақт Исо дар осмон бо Шайтон ва девҳояш ҷанг кард ва дар натиҷа онҳоро ба замин партофт. (Ваҳй 12:7–9-ро бихонед.) Шайтон медонад, ки ҳоло «вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:12). Вале он «вақт» даҳсолаҳо боз давом мекунад, аз ин рӯ, баъзеҳо шояд бетоқат шуда чунин фикр кунанд, ки рӯзҳои охир дурудароз тӯл кашида истодаанд. Дар бораи худи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё то вақти амал кардани Яҳува мо бетоқатӣ зоҳир мекунем?
2. Дар ин мақола мо чиро муҳокима хоҳем кард?
2 Бетоқатӣ хатарнок буда метавонад. Чаро? Зеро агар мо бетоқат шавем, ин метавонад моро ба амали бехирадона тела диҳад. Чӣ ба мо ёрдам медиҳад, ки Худоро босаброна интизор шавем? Дар ин кор муҳокимаи мақолаи мазкур кӯмак хоҳад кард. Мо дар давоми муҳокима се саволи зеринро дида мебароем: 1) Аз намунаи пурсабрии пайғамбар Мико мо чӣ дарс гирифта метавонем? 2) Кадом воқеаҳо аломати ба охир расидани давраи интизории мо хоҳанд буд? 3) Мо чӣ тавр метавонем ба пуртоқатии Яҳува миннатдориамонро нишон диҳем?
АЗ НАМУНАИ МИКО МО ЧӢ ДАРС ГИРИФТА МЕТАВОНЕМ?
3. Дар рӯзҳои Мико вазъият дар Исроил чӣ гуна буд?
3 Мико 7:2–6-ро бихонед. Пайғамбари Яҳува, Мико, медид, ки халқи Исроил дар ҳолати бади рӯҳонӣ қарор дорад ва таҳти роҳбарии шоҳи золим Оҳоз ин вазъият торафт бадтар мегашт. Мико исроилиёни хиёнаткорро ба «хор» ва «хорбаст», ки шахсро захмдор месозад, ташбеҳ дод. Он исроилиён ба растании хордоре монанд буданд, чунки онҳо ба дигарон муносибати бад мекарданд ва зарар мерасонданд. Бадахлоқӣ чунон паҳн шуда буд, ки ҳатто аъзоёни оила якдигарро дӯст намедоштанд. Мико дарк мекард, ки барои тағйир додани чунин вазъият аз дасташ ҳеҷ чиз намеояд, барои ҳамин ӯ дилашро ба Яҳува холӣ кард. Сипас ӯ босаброна вақти амал кардани Худоро интизор шуд. Мико боварии комил дошт, ки Яҳува дар вақти лозима ба ин дахолат хоҳад кард.
4. Мо бо кадом душвориҳо дучор мешавем?
4 Монанди Мико мо дар байни одамони худпараст зиндагӣ мекунем. Бисёриҳо «кӯрнамак, ва осӣ [бефаво], ва ноаҳл» мебошанд (2 Тим. 3:2, 3). Вақте ки ҳамкорон, ҳамсинфон ва ҳамсоягонамон рӯҳияи худпарастӣ зоҳир мекунанд, ин моро ғамгин месозад. Вале баъзе ходимони Худо душвории аз ин ҳам ҷиддитар доранд. Исо гуфта буд, ки пайравони ӯ аз тарафи аъзоёни оилаашон бо муқобилият дучор мешаванд. Ӯ барои тасвир кардани он ки наздикон ба хабари Салтанат чӣ гуна муносибат карда метавонанд, суханони ба ояти Мико 7:6 монандро истифода бурд. «Омадаам,— гуфт Исо,— то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд» (Мат. 10:35, 36). Суханони таҳқиромез ва муқобилияти аъзоёни ҳамимоннабудаи оиларо тоқат кардан, дар ҳақиқат, мушкил буда метавонад. Ҳангоми бо чунин озмоиш дучор шудан, биёед ба фишори онҳо дода нашавем. Ба ҷои ин, биёед ба Яҳува содиқ монем ва Ӯро пурсаброна интизор шавем, то ки ин вазъиятро Ӯ худаш ҳал кунад. Агар мо пайваста аз Худо кӯмак пурсем, Ӯ ба мо барои истодагарӣ кардан қувват ва хиради лозима ато мекунад.
5, 6. Яҳува Микоро чӣ тавр мукофот дод, вале Мико чиҳоро надид?
5 Яҳува Микоро барои пуртоқатиаш мукофот дод. Мико шоҳиди марги шоҳи золим Оҳоз ва анҷоми ҳукмронии ӯ шуд. Вай дид, ки писари Оҳоз, шоҳи одил Ҳизқиё, тахтро мерос гирифт ва ибодати покро барқарор намуд. Инчунин хабарҳои маҳкумкунандае, ки Яҳува бар зидди Сомария тавассути Мико эълон карда буд, иҷро шуданд, яъне салтанати шимолии Исроил аз тарафи ашшуриён забт карда шуд (Мико 1:6).
6 Лекин Мико дар ҳаёти худ иҷрошавии ҳамаи он чизҳоеро, ки Яҳува ба воситаи ӯ пешгӯӣ кард, надид. Масалан, Мико навишта буд: «Дар айёми охир... кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз пуштаҳо баланд хоҳад шуд, ва қавмҳо сӯи он равона хоҳанд шуд. Ва халқҳои бисёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: “Биёед, ба кӯҳи Худованд... бароем”» (Мик. 4:1, 2). Мико чандин асрҳо пеш аз иҷро шудани ин пешгӯӣ вафот карда буд. Вале ба ҳар ҳол, новобаста аз он ки одамони гирду атрофаш чӣ кор мекунанд, вай иродаи устувор дошт, ки ба Яҳува то охири умр содиқ монад. Дар ин бобат Мико навишт: «Ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд, вале мо ба исми Худованд Худои худ то абад равона хоҳем шуд» (Мик. 4:5). Мико дар замонҳои душвор тавонист пуртоқатӣ зоҳир кунад, зеро вай боварии комил дошт, ки Яҳува ҳамаи ваъдаҳояшро иҷро хоҳад кард. Ин пайғамбари содиқ ба Яҳува такя мекард.
7, 8. а) Мо барои ба Яҳува боварӣ доштан, чӣ сабабҳо дорем? б) Чӣ кор кунем, то вақти боқимонда ба назарамон дурудароз натобад?
7 Оё мо низ мисли Мико ба Яҳува боварӣ дорем? Барои чунин боварӣ доштан сабаби асосноке ҳаст. Мо бо чашми худ мебинем, ки чӣ тавр пешгӯии Мико иҷро шуда истодааст. Дар давоми «айёми охир» миллионҳо одамон аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, қавмҳо ва забонҳо ба сӯи «кӯҳи хонаи Худованд» равонаанд. Нигоҳ накарда ба он ки ин ходимони Худо аз халқу миллатҳое мебошанд, ки бо якдигар рақобат доранд, онҳо «шамшерҳои худро барои позаҳо [олоти шудгор], ва найзаҳои худро барои досколаҳо» мешикананд ва «ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт» (Мик. 4:3). Дар байни халқи сулҳҷӯи Яҳува будан шараф аст!
8 Ҳамаи мо мехоҳем, ки Яҳува ба ин дунёи шарир зудтар хотима бахшад. Лекин барои пурсаброна интизор шудан, ба мо лозим аст, ки ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ кунем. Ӯ рӯзеро муқаррар кардааст, ки дар он инсониятро «ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст», яъне Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард (Аъм. 17:31). Вале пеш аз омадани он рӯз Худо ба ҳамаи одамон имконият медиҳад, ки «дониши ростӣ» гирифта, мувофиқи он амал кунанд ва оқибат наҷот ёбанд. Ба мо лозим аст, ки зери хатар будани ҳаёти одамонро дар ёд дорем. (1 Тимотиюс 2:3, 4-ро бихонед.) Агар мо ба дигарон барои оиди Худо дониш гирифтан кӯмак расонда, бо ин кор банд бошем, вақти боқимонда ба назарамон тезтар мегузарад. Ва ҳангоми расидани он рӯз, мо чӣ қадар хурсанд хоҳем буд, ки доимо бо кори мавъизаи Салтанат банд будем!
КАДОМ ВОҚЕАҲО АЛОМАТИ БА ОХИР РАСИДАНИ ДАВРАИ ИНТИЗОРИИ МО ХОҲАНД БУД?
9–11. Оё пешгӯии ояти 1 Таслӯникиён 5:3 иҷро шудааст? Фаҳмонед.
9 1 Таслӯникиён 5:1–3-ро бихонед. Ба қарибӣ «осоиштагӣ ва амният» эълон карда хоҳад шуд. Агар мо хоҳем, ки аз он гумроҳ нашавем, ба мо лозим аст, ки «бедор ва ҳушёр бошем» (1 Тас. 5:6). Барои рӯҳан ҳушёру бедор мондан, биёед дар сархати навбатӣ баъзе рӯйдодҳоеро, ки ба ин эълони муҳим оварда мерасонанд, дида бароем.
10 Баъди тамом шудани ду ҷанги ҷаҳонӣ халқҳо барпо кардани сулҳу осоиштагиро талаб карданд. Пас аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ барои барпо шудани сулҳу осоиштагӣ Лигаи Миллатҳо ташкил гардид. Сонитар, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ одамон умед доштанд, ки Созмони Милали Муттаҳид сулҳу амниятро пойдор мекунад. Ҳокимият ва сарварони динӣ ба ҳар дуи ин ташкилот таваккал мекарданд. Масалан, Созмони Милали Муттаҳид соли 1986-ро Соли байналҳалқии сулҳ эълон кард. Он сол бисёр сардорони сиёсиву динӣ бо ташаббуси сарвари Калисои католикӣ дар шаҳри Ассизи (Италия) ҷамъ шуданд, то ин ки дар бораи сулҳ дуо гӯянд.
11 Валекин, на он эълони сулҳу осоиштагӣ ва на дигар чизҳои ба ин монанд иҷрошавии пешгӯии 1 Таслӯникиён 5:3 набуданд. Чаро? Зеро ҳалокати ногаҳонии пешгӯишуда рӯй надодааст.
12. Мо оиди эълони «осоиштагӣ ва амният» чиро медонем?
12 Кӣ ин хабари муҳимро, яъне «осоиштагӣ ва амният»-ро дар оянда эълон хоҳад кард? Дар ин кор сарварони ҷаҳони масеҳият ва дигар динҳо кадом нақшро иҷро хоҳанд кард? Ҳокимиятҳои гуногун бо ин эълон чӣ гуна алоқаманд хоҳанд буд? Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Мо танҳо ҳаминро медонем, ки чӣ тавр садо додан ва то чӣ андоза боварибахш будани ин эълон аҳамияте надорад, зеро он фақат ба назар ботантана хоҳад тофту халос. Дар он вақт ҳам ин ҷаҳон зери таъсири Шайтон хоҳад буд. Ва новобаста аз нидоҳо оиди сулҳу осоиштагӣ ин ҷаҳон фосид хоҳад монд, чунки он аз решааш пӯсидааст. Агар мо ба ин ташвиқоти Шайтон бовар кунему ба ин ҷаҳон ҳамроҳ шавем, ин хеле ғамангез хоҳад буд!
13. Барои чӣ фариштагон бодҳои ҳалокатоварро нигоҳ дошта истодаанд?
13 Ваҳй 7:1–4-ро бихонед. Ҳоло ки мо иҷрошавии ояти 1 Таслӯникиён 5:3-ро интизорем, фариштагони пурқудрат бодҳои ҳалокатовари мусибати бузургро нигоҳ дошта истодаанд. Онҳо чиро интизоранд? Юҳаннои ҳавворӣ навишт, ки «бандагони Худои мо» бояд мӯҳри охирини худро гиранд *. Вақте ки мӯҳргузории охирин ба анҷом мерасад, фариштагон бодҳои ҳалокатоварро сар медиҳанд. Баъди ин чӣ рӯй хоҳад дод?
14. Чӣ нишон медиҳад, ки нобудшавии Бобили бузург наздик аст?
14 Бобили бузург — империяи ҷаҳонии дини дурӯғ несту нобуд карда хоҳад шуд, ки он ба ин сазовор аст. Вақте ки он фурӯ меғалтад, ягон «одамон ва қавмон, ва қабилаҳо ва забонҳо» ба он кӯмак карда наметавонанд. Мо аллакай ҳозир нишонаҳои наздик будани нобудшавии дини дурӯғро мебинем (Ваҳй 16:12; 17:15–18; 18:7, 8, 21). Аллакай ҳозир дастгирӣ кардани он суст шуда истодааст ва мо инро дар он дида метавонем, ки нисбати дин ва сардорони динӣ танқидкунӣ дар воситаҳои ахборотӣ торафт зиёд шуда истодааст. Ҳатто ба ин нигоҳ накарда, сардорони динӣ ҳис намекунанд, ки онҳоро хатари ҳақиқӣ интизор аст. То чӣ андоза онҳо иштибоҳ мекунанд! Пас аз эълон карда шудани «осоиштагӣ ва амният» ҳукуматдорон ногаҳон ба дини дурӯғ ҳамла карда, онро пурра несту нобуд хоҳанд кард. Бобили бузург ба таври абадӣ нест хоҳад шуд! Албатта ин гуна воқеаи муҳимро босаброна интизор шудан арзанда аст (Ваҳй 18:8, 10).
ЧӢ ТАВР БАРОИ ПУРТОҚАТИИ ЯҲУВА МИННАТДОРӢ НИШОН ДИҲЕМ?
15. Чаро Яҳува пуртоқатӣ зоҳир мекунад?
15 Ҳарчанд одамон ба номи Яҳува доғ меоранд, Ӯ пурсаброна барои амал кардан вақти мувофиқро интизор аст. Яҳува намехоҳад, ки ягон одами одил нобуд шавад (2 Пет. 3:9, 10). Оё мо низ чунин ҳиссиёт дорем? Пеш аз омадани рӯзи Яҳува мо метавонем миннатдории худро барои пуртоқатии Ӯ бо роҳҳои зерин нишон диҳем.
16, 17. а) Чаро мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки ба шахсони ғайрифаъол кӯмак расонем? б) Чаро маҳз ҳозир ба назди Яҳува баргаштани шахсони ғайрифаъол муҳим аст?
16 Ба шахсони ғайрифаъол кӯмак кунед. Исо гуфт, ки ҳангоми ёфт шудани як гӯсфанди гумшуда дар осмон хурсандӣ мешавад (Мат. 18:14; Луқ. 15:3–7). Бешубҳа, Яҳува ба ҳамаи касоне, ки нисбати номи Ӯ муҳаббат зоҳир мекунанд, ҳатто агар онҳо ҳоло ғайрифаъол бошанд ҳам, хеле ғамхор аст. Вақте ки мо ба чунин одамон барои ба ҷамъомад баргаштан ёрӣ мерасонем, мо бо ин ба хурсандии Яҳува ва фариштагон мусоидат мекунем.
17 Оё шумо ҳоло дар қатори онҳое ҳастед, ки ба Яҳува фаъолона хизмат намекунанд? Шояд шумо аз сабаби он ки касе дар ҷамъомад шуморо хафа кардааст, муоширатро бо ташкилоти Яҳува қатъ кардаед. Шояд аз он дам якчанд вақт гузашта бошад. Аз ин рӯ, аз худ пурсед: «Оё ҳаёти ман ҳоло пурмазмунтар шудааст ва оё ман хушбахттарам? Оё маро Яҳува хафа карда буд ё одами нокомил? Магар Яҳува ягон бор кореро барои зарари ман мекунад?» Дар асл, Яҳува ҳамеша бар фоидаи мо амал мекунад. Ҳатто агар мо аз рӯи ваъдаи ба Ӯ додаамон зиндагӣ накунем ҳам, Ӯ ҳамеша иҷозат медиҳад, то мо аз чизҳои хубе, ки Ӯ фароҳам меорад, баҳра барем (Яъқ. 1:16, 17). Ба наздикӣ рӯзи Яҳува хоҳад омад. Ҳоло вақти он аст, ки ба оғӯши Падари меҳрубони осмониамон ва ба ҷамъомад баргардем. Дар ин рӯзҳои охир ҷамъомад ягона паноҳгоҳи мо аст (Такр. Ш. 33:27; Ибр. 10:24, 25).
18. Чаро мо бояд онҳоеро, ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, дастгирӣ кунем?
18 Онҳоеро, ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, содиқона дастгирӣ намоед. Яҳува чун Чӯпони меҳрубон моро ҳидоят ва муҳофизат мекунад. Ӯ Писари худро бар рама ҳамчун Сарвари чӯпонон таъин кардааст (1 Пет. 5:4). Пирон дар зиёда аз 100 ҳазор ҷамъомадҳо гӯсфандони Худоро дар алоҳидагӣ парасторӣ мекунанд (Аъм. 20:28). Вақте ки мо содиқона бародаронеро, ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, дастгирӣ мекунем, бо ин нишон медиҳем, ки ба Яҳува ва Исо барои тамоми корҳои ба мо кардаашон миннатдорем.
19. Чӣ тавр мо дар як саф муттаҳид шуда метавонем?
19 Ба ҳамдигар наздик шавед. Ин чӣ маъно дорад? Масалан, вақте ки душманон ба лашкари хубтаълимёфта ҳамла мекунанд, аскарон дар як саф бо ҳам муттаҳид шуда, гӯё як девори мустаҳкамро ташкил медиҳанд. Ин амал онҳоро муҳофизат хоҳад кард ва онҳо мағлубнашаванда хоҳанд буд. Шайтон ҳамлаи худро муқобили халқи Худо пурзӯр карда истодааст. Ҳоло вақти он аст, ки мо бо ҳам наздик шавем ва дар як саф истода ҷангиданро давом диҳем. Ҳамчунин ҳоло вақти он аст, ки ба нокомилии ҳамимонон аҳамият надиҳем ва ба роҳбарии Яҳува боварӣ зоҳир кунем.
20. Ҳоло мо бояд чӣ кор кунем?
20 Пас биёед, ҳамакаса муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам кунем ва Ӯро интизор шавем. Биёед, пуртоқатона вақти эълон шудани «осоиштагӣ ва амният» ва мӯҳргузории охирони тадҳиншудагонро мунтазир бошем. Баъди ин воқеаҳо чор фаришта бодҳои ҳалокатоварро сар хоҳанд дод ва Бобили бузург нобуд хоҳад шуд. Модоме ки мо чунин воқеаҳои ҳаяҷоноварро интизорем, биёед ҳидояту дастуроти онҳоеро, ки дар ташкилоти Яҳува роҳбариро бар ӯҳда доранд, қабул кунем. Биёед, дар як саф муттаҳид шуда, ба Шайтон ва девҳояш муқобилият намоем! Ҳоло вақти он аст, ки ба насиҳати зерини забурнавис гӯш диҳем: «Матин бошед, ва дилатон қавӣ хоҳад шуд, эй ҳамаи умедворони Худованд!» (Заб. 30:25).
^ сарх. 13 Барои гирифтани маълумоти бештар оиди фарқи байни мӯҳргузории аввалин ва мӯҳргузории охирин ба тадҳиншудагон, ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1-уми январи с. 2007, саҳ. 30, 31 нигаред.