Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо баҳри Салтанат қурбониҳо меоред?

Оё шумо баҳри Салтанат қурбониҳо меоред?

«Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад» (2 ҚӮР. 9:7).

1. Бисёр одамон чӣ гуна қурбониҳо мекунанд ва барои чӣ?

 ОДАМОН баҳри чизҳои барояшон муҳим ба ҳар гуна қурбониҳо тайёранд. Масалан, волидон вақту қувват ва пули худро баҳри фарзандонашон қурбон мекунанд. Варзишгарони ҷавоне, ки аз номи мамлакати худ дар бозиҳои олимпӣ иштирок карда, ғолиб омадан мехоҳанд, соатҳои дарозро сарф намуда, машқ мекунанд, модоме ки ҳамсолони онҳо бо бозиву дилхушӣ машғуланд. Исо низ баҳри чизҳое, ки барояш муҳим буд, фидокориҳо мекард. Ӯ дар ҳаёташ аз паи ҳузуру ҳаловат намедавид ва зану фарзанд надошт. Ба ҷои ин, тамоми диққати ӯ ба пеш бурдани кори Салтанат равона шуда буд (Мат. 4:17; Луқ. 9:58). Пайравони Исо низ бисёр фидокориҳо менамуданд. Кори аз ҳама муҳимтарин барои онҳо пеш бурдани кори Салтанат буд, аз ин рӯ онҳо барои ҳарчи бештар дастгирӣ кардани он қурбониҳо мекарданд (Мат. 4:18–22; 19:27). Пас, мо аз худ пурсида метавонем: «Дар ҳаёти ман чӣ аз ҳама муҳим аст?»

2. а) Кадом қурбониҳо барои ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ зарурӣ мебошанд? б) Баъзеҳо чӣ гуна қурбониҳои иловагӣ меоранд?

2 Баъзе қурбониҳо барои ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ зарур мебошанд ва бе онҳо инкишоф додани муносибати хуб бо Яҳува ва нигоҳ доштани он ғайриимкон аст. Ба чунин қурбониҳо вақту қуввате, ки ҳар яки мо барои дуо, хондани Китоби Муқаддас, ибодати оилавӣ, ташрифорӣ ба ҷамъомад ва иштирок дар хизмати мавъиза сарф мекунем, дохил мешаванд * (Еҳ. 1:8; Мат. 28:19, 20; Ибр. 10:24, 25). Дар натиҷаи кӯшишҳои мо ва баракати Яҳува, кори мавъиза босуръат пеш рафта истодааст ва шумораи ҳарчи бештари одамон ба сӯи «кӯҳи хонаи Худованд» равонаанд (Иш. 2:2). Барои дастгирии корҳои Салтанат бисёриҳо фидокорӣ зоҳир намуда, дар Байт-Ил хизмат мекунанд, дар сохтмони Толорҳои Салтанат ва Толорҳои анҷуманҳо ёрӣ медиҳанд, анҷуманҳо ташкил мекунанд, ба осебдидагони офатҳои табиӣ мадад мерасонанд. Ҳарчанд барои соҳиб шудан ба ҳаёти ҷовидона кардани чунин корҳо талаб карда намешавад, онҳо имрӯз барои пеш бурдани кори Салтанат хеле муҳиманд.

3. а) Вақте ки мо баҳри Салтанат қурбониҳо меорем, аз ин чӣ манфиат мегирем? б) Оиди кадом саволҳо мо бояд андеша ронем?

3 Имрӯз аз ҳарвақта дида бештар муҳим аст, ки мо кори Салтанатро ҳар чӣ зиёдтар дастгирӣ кунем. Чӣ хурсандиовар аст, ки бисёриҳо бо омодагӣ ба Яҳува қурбониҳо меоранд! (Забур 53:8-ро бихонед.) Агар мо ҳам чунин рӯҳияи саховатмандӣ зоҳир кунем, ин то омадани Салтанати Худо ба мо хурсандии зиёд хоҳад овард (Такр. Ш. 16:15; Аъм. 20:35). Лекин ҳар яки мо бояд худро ба таври ҷиддӣ тафтиш кунем ва аз худ пурсем: «Оё ман боз бо роҳҳои дигар метавонам барои Салтанат кори бештаре кунам? Вақт, пул ва қуввату қобилиятҳоямро чӣ тавр истифода бурда истодаам? Ман ба кадом корҳо набояд беэътиноӣ кунам?» Биёед баъзе намунаҳои қурбониҳои ихтиёриро дида бароем. Ин ба мо барои зиёд гардондани хурсандиамон кӯмак хоҳад кард.

ҚУРБОНИҲО ДАР ИСРОИЛИ ҚАДИМ

4. Бо овардани қурбониҳо исроилиён чиро ба даст меоварданд?

4 Дар Исроили қадим одамон барои бахшида шудани гуноҳҳои худ бояд қурбониҳо меоварданд. Барои илтифоти Яҳуваро сазовор гаштан, пешкаш кардани қурбониҳо муҳим буд. Баъзеи онҳо ҳатмӣ буданд, баъзеи дигарашон бошад, ихтиёрӣ (Ибд. 23:37, 38). Қурбониҳои сӯхтанӣ, ки пурра дар оташ сӯзонда мешуданд, метавонистанд чун ҳадяҳои ихтиёрӣ, ё инъом, оварда шаванд. Як мисоли ба Яҳува пешкаш кардани қурбониҳо ин рӯзи кушодашавии маъбади Сулаймон буд (2 Вақ. 7:4–6).

5. Барои он ки камбағалон низ қурбонӣ оварда тавонанд, Яҳува чиро пешбинӣ карда буд?

5 Яҳуваи меҳрубон мефаҳмид, ки ҳама одамон қурбониҳои арзишашон якхела оварда наметавонанд ва Ӯ аз исроилиён талаб мекард, ки танҳо ҳамон чизеро, ки қувваташон мерасад, биёранд. Қонуни Яҳува амр медод, ки хуни ҳайвонҳое, ки ба қурбонӣ оварда мешуданд, рехта шавад. Ин қурбониҳо «сояи некиҳо»-е буданд, ки ба воситаи Исо имконпазир мегаштанд (Ибр. 10:1–4). Лекин, Яҳува ин қонунро хеле мулоҳизакорона ба кор мебурд. Масалан, агар касе гӯсфанд ё буз қурбонӣ оварда наметавонист, Худо иҷозат медод, ки фохтаҳоро чун қурбонӣ пешкаш кунад. Ҳамин тавр, ҳатто одамони камбағал метавонистанд бо хурсандӣ ба Яҳува қурбонӣ оранд (Ибд. 1:3, 10, 14; 5:7). Ҳарчанд Яҳува ҳайвоноти гуногунро чун қурбонӣ қабул мекард, аз ҳар касе ки қурбониҳои ихтиёрӣ меовард, ду чиз талаб карда мешуд. Инҳо чӣ буданд?

6. Аз онҳое, ки қурбонӣ меоварданд, кадом ду чиз талаб карда мешуд? Итоат ба он талаботҳо то чӣ андоза муҳим буд?

6 Якум, шахсе ки қурбонӣ меовард, бояд аз дороиаш чизи беҳтаринро медод. Яҳува ба халқ гуфта буд, ки барои «ҳусни таваҷҷӯҳ»-и Ӯро соҳиб шудан, қурбонии овардашуда бояд беайб бошад (Ибд. 22:18–20). Агар ҳайвон касал ё нуқсондор мебуд, Яҳува онро қабул намекард. Дуюм, шахсе ки қурбонӣ меовард, бояд пок мебуд. Агар ӯ дар худ гуноҳ ё нопокие дошта бошад, вай аввал бояд қурбонии гуноҳ ё ҷурм меовард, то ки аз нав илтифоти Яҳуваро соҳиб гардад. Танҳо баъд аз ин Яҳува қурбонии ихтиёрии ӯро қабул мекард (Ибд. 5:5, 6, 15). Ин масъалаи хеле ҷиддӣ буд. Яҳува пешакӣ огоҳ карда буд, ки агар каси нопоке аз қурбонии саломатӣ, ки ба ҳадяҳои ихтиёрӣ дохил мешуд, бихӯрад, вай бояд аз байни халқи Худо маҳв карда шавад (Ибд. 7:20, 21). Аз тарафи дигар, вақте ки шахс пок буду қурбонии бенуқсон меовард, ӯ бо виҷдони пок шодиву хурсандӣ карда метавонист. (1 Вақоеънома 29:9-ро бихонед.)

ОВАРДАНИ ҚУРБОНИҲО ДАР РӮЗҲОИ МО

7, 8. а) Бисёриҳо баҳри Салтанат қурбониҳо карда, чӣ гуна хурсандӣ мегиранд? б) Мо чӣ дорем, ки онро ба Яҳува қурбонӣ карда метавонем?

7 Имрӯз низ бисёриҳо бо омодагӣ қуввати худро барои хизмати Яҳува сарф мекунанд ва Яҳува аз ин хушнуд аст. Барои манфиати дигарон меҳнат кардан хурсандӣ ва қаноатмандӣ мебахшад. Як бародаре, ки дар сохтмони Толорҳои Салтанат иштирок мекунад ва ба осебдидагони офатҳои табиӣ ёрӣ медиҳад, нақл мекунад, ки қаноатмандиеро, ки аз ин тарзи хизмат мегирад, тасвир карда наметавонад. Ӯ мегӯяд: «Дидани он ки чӣ тавр бародарону хоҳарони маҳаллӣ баъди ба Толори нави Салтанат даромадан ё баъди гирифтани ёрӣ дар офатҳои табиӣ хурсандиву миннатдорӣ ҳис мекунанд, маро боварӣ мебахшад, ки кӯшишу меҳнатҳоям беҳуда нестанд».

Бисёри қурбониҳои замони пеш чун қурбониҳое, ки мо имрӯз меорем, ихтиёрӣ буданд (Ба сархатҳои 7–13 нигаред)

8 Ташкилоти имрӯзаи Яҳува барои дастгирӣ кардани Салтанати Худо ҳамеша роҳу имконият меҷӯяд. Соли 1904, бародар Ч. Т. Рассел фаҳмонд, ки ҳамаи мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ки вақт, пул ва дигар чизҳои худро истифода бурда, Яҳуваро ҷалол диҳем. Ҳарчанд қурбонӣ кардан барои Яҳува бо сарф кардани чизе алоқаманд аст, ин ба мо баракатҳои бисёр меорад (2 Подш. 24:21–24). Оё чизҳои доштаамонро мо ба таври боз ҳам беҳтар истифода бурда метавонем?

Аъзоёни Байт-Ил (Австралия)

9. Оиди истифодаи вақт, мо аз дастуроти дар Луқо 10:2–4 додаи Исо чӣ меомӯзем?

9 Вақти мо. Тарҷума ва чоп кардани адабиётҳоямон, сохтани ҷойҳои ибодат, ташкил кардани анҷуманҳо, кӯмак расондан ба осебдидагони офатҳои табиӣ ва бисёри дигар корҳои муҳим вақту қуввати зиёд металабад. Ҳар як рӯз аз якчанд соати муайян иборат асту халос. Исо принсиперо дод, ки барои оқилона истифода бурдани вақт ба мо кӯмак карда метавонад. Вақте ки шогирдонашро ба мавъиза фиристонд, Исо ба онҳо гуфт, ки «ба ҳеҷ кас дар роҳ салом» нагӯянд (Луқ. 10:2–4). Чаро ӯ чунин дастурот дод? Як тадқиқотчии Китоби Муқаддас чунин гуфт, ки саломуалек дар байни мардуми Шарқ на танҳо аз нимхам шуда таъзим кардан ва даст дода вохӯрӣ намудан иборат буд. Онҳо ҳамдигарро якчанд бор ба оғӯш мегирифтанд ва ҳатто то ба замин таъзим мекарданд. Барои ҳамаи ин вақти зиёд лозим буд. Исо гуфтанӣ набуд, ки пайравонаш бо дигарон дағалу нописанд бошанд. Аниқтараш, ӯ ба онҳо кӯмак кард, то бифаҳманд, ки вақташон маҳдуд аст. Барои ҳамин онҳо бояд вақташонро оқилона ва ба корҳои муҳим сарф мекарданд (Эфс. 5:16). Оё мо ҳам метавонем ин принсипро ба кор барем, то ба корҳои Салтанат вақтамон бештар монад?

Воизон дар назди Толори Салтанат (Кения, Африқо)

10, 11. а) Хайрияҳое, ки мо ба кори умумиҷаҳонӣ мекунем, барои кадом корҳо сарф мешаванд? б) Принсипе, ки дар 1 Қӯринтиён 16:1, 2 навишта шудааст, ба мо чӣ тавр кӯмак карда метавонад?

10 Маблағи мо. Барои дастгирӣ кардани корҳои Салтанат маблағи бисёр лозим аст. Ҳар сол барои пӯшондани хароҷотҳои нозирони сайёр, пешравони махсус ва миссионерон даҳҳо миллион доллар сарф мешавад. Аз соли 1999 инҷониб, дар мамлакатҳои иқтисодиёташон паст беш аз 24 500 адад Толорҳои Салтанат сохта шуданд. Вале то ҳол қариб ба 6 400 Толори Салтанат талабот ҳаст. Ҳар моҳ қариб 100 миллион нусха маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» чоп мешаванд. Ҳамаи ин корҳо бо хайрияҳои ихтиёрии шумо дастгирӣ карда мешаванд.

11 Павлуси ҳавворӣ принсиперо навишт, ки мо онро дар бобати хайрия кардан ба кор бурда метавонем. (1 Қӯринтиён 16:1, 2-ро бихонед.) Зери илҳоми илоҳӣ ӯ бародарони қӯринтиро ташвиқ кард, ки то охири ҳафта интизор нашаванд, ки чӣ қадар маблағашон боқӣ мемонад, балки дар аввали ҳафта маблағеро, ки мувофиқи имконияташон аст, барои хайрия ҷудо карда монанд. Чун дар асри як, имрӯз бародарону хоҳаронамон пешакӣ ба нақша мегиранд, ки мувофиқи шароиташон чӣ қадар саховатмандона хайрия карда метавонанд (Луқ. 21:1–4; Аъм. 4:32–35). Яҳува чунин саховатмандиро бисёр қадр мекунад.

Ходими ихтиёрӣ аз Кумитаи минтақавӣ оид ба сохтмон (Таксидо, Ню-Йорк)

12, 13. Чаро баъзеҳо ба қуввату қобилияти худ шубҳа доранд, вале чӣ тавр Яҳува ба онҳо кӯмак мекунад?

12 Қувват ва қобилиятҳои мо. Вақте ки мо қуввату қобилиятҳои худро барои Салтанат истифода мебарем, Яҳува кӯшишҳои моро дастгирӣ мекунад. Ӯ ваъда медиҳад, ки агар хаста шавем, ба мо кӯмак мекунад (Иш. 40:29–31). Оё шумо фикр мекунед, ки барои дастгирӣ кардани кори Салтанат қобилияту маҳорати кофӣ надоред ё дигарон аз шумо беҳтар кор мекунанд? Дар ёд доред, ки Яҳува чун дар мавриди Басалъил ва Оҳолиоб, қобилиятҳои табиии ҳар касро беҳтар гардонда метавонад (Хур. 31:1–6; ба расми аввали мақола нигаред).

13 Яҳува моро ташвиқ мекунад, ки ба Ӯ чизи аз ҳама беҳтаринамонро диҳем ва аз ин даст накашем (Мас. 3:27). Дар давоми аз нав сохта шудани маъбад Яҳува ба яҳудиёни Исроил гуфт, ки оиди муносибати худ ба ин кор ҷиддӣ мулоҳиза ронанд (Ҳаҷ. 1:2–5). Онҳо ба корҳои худ андармон шуда буданд ва кори Яҳуваро дар ҷои аввал намемонданд. Хуб мебуд, то мо аз худ бипурсем: оё иҷро кардани иродаи Яҳува назар ба корҳои дигар барои мо муҳимтар аст? Оё мо метавонем «дилҳои худро бар роҳҳои худ» нигаронем, то ки дар ин рӯзҳои охир дар кори Салтанати Худо бештар иштирок намоем?

ҚУРБОНӢ МУВОФИҚИ ОН ЧИЗЕ КИ ДОРЕМ

14, 15. а) Мисоли бародарони камбизоат моро ба чӣ бармеангезад? б) Мо бояд дар пеши худ чӣ гуна мақсад гузорем?

14 Бисёр одамон дар ҷойҳое зиндагӣ доранд, ки ҳаёт хеле мушкил аст ва камбағалӣ як чизи муқаррарӣ мебошад. Ташкилоти мо мекӯшад, ки «камии» ҳамимононеро, ки дар чунин мамлакатҳо зиндагӣ мекунанд, «пур кунад» (2 Қӯр. 8:14). Вале, ҳатто бародарони камбизоат низ имконияти қурбонӣ карданро баланд қадр мекунанд. Яҳува аз дидани он ки онҳо нигоҳ накарда ба камбағалии худ, хурсандона қурбонӣ мекунанд, хушнуд мегардад (2 Қӯр. 9:7).

15 Дар яке аз давлатҳои камбизоати Африқо, баъзе бародарони мо ҳиссае аз замини боғи худро ҷудо карда, ҳосили дар он рӯидаро мефурӯшанд ва ҳамаи маблағи ба даст омадаро барои кори Салтанат хайрия мекунанд. Дар ҳамон мамлакат ба Толори Салтанат ниёзи хеле калон вуҷуд дошт ва сохтмони он ба нақша гирифта шуд. Бародарону хоҳарони маҳаллӣ хостанд, ки ба он сохтмон ёрӣ расонанд. Лекин сохтмон дар айни мавсими кишту кори онҳо мегузашт. Ба ҳар ҳол, онҳо азми қавӣ доштанд, ки дар он иштирок кунанд. Онҳо рӯзона ба сохтмон ёрӣ медоданд ва бегоҳ рафта дар саҳро кор мекарданд, то кишту кори худро ба охир расонанд. Чӣ рӯҳияи фидокоронае! Ин мисол ба мо бародарони мақдуниро, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, хотиррасон мекунад. Онҳо ба «бенавоии сахти» худ нигоҳ накарда, аз Павлус илтимос карданд, ки барои бародарони худ маблағе хайрия кунанд (2 Қӯр. 8:1–4). Ба ин монанд, биёед ҳар яки мо низ «бар ҳасби баракате ки Худованд» Яҳува ба мо додааст, алоқадри қуввати худ қурбонӣ кунем. (Такрори Шариат 16:17-ро бихонед.)

16. Дар кадом ҳолат мо дилпур буда метавонем, ки қурбониҳои мо ба Яҳува мақбуланд?

16 Лекин ба мо эҳтиёткор будан лозим аст. Чун исроилиёни қадим мо бояд дилпур бошем, ки қурбониҳои ихтиёрии мо ба Яҳува мақбуланд. Дар кадом ҳолат Яҳува қурбониҳои моро рад карда метавонад? Агар мо нисбати иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаи худ — ғамхорӣ ба оила ва ибодати Яҳува беэътиноӣ кунем. Аз ин рӯ, мо бояд бомувозинат бошем. Вақту дороии худро баҳри дигарон сарф кардан набояд сабаб шавад, ки мо ба беҳбудии рӯҳонӣ ва ҷисмонии оилаамон беэътиноӣ кунем. Дар акси ҳол, мо гӯё чизи набудаамонро ба Яҳува қурбонӣ мекунем. (2 Қӯринтиён 8:12-ро бихонед.) Илова бар ин, мо бояд саломатии рӯҳонии худро дар ҳолати хуб нигоҳ дорем (1 Қӯр. 9:26, 27). Вале агар мо мувофиқи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунем, метавонем дилпур бошем, ки қурбониҳоямон ба Яҳува «мақбул» меафтанд ва ба мо шодиву қаноатмандии зиёд меоранд.

ҚУРБОНИҲОИ МО АРЗИШИ КАЛОН ДОРАНД

17, 18. Мо ба онҳое, ки баҳри Салтанат қурбониҳо меоранд, чӣ гуна муносибат мекунем ва оиди чӣ мо бояд мулоҳиза ронем?

17 Бисёр бародарону хоҳарони мо беғаразона вақт, қувват ва пули худро баҳри дастгирии кори муҳими Салтанат сарф мекунанд (Фил. 2:17). Мо онҳоеро, ки чунин рӯҳияи фидокорӣ зоҳир менамоянд, самимона қадр мекунем. Инчунин зану фарзандони бародароне, ки дар кори Салтанат роҳбариро ба ӯҳда доранд, барои рӯҳияи саховатмандӣ ва фидокориашон сазовори таъриф мебошанд.

18 Дастгирӣ кардани кори Салтанат кӯшишу меҳнати хеле зиёд металабад. Биёед ҳар яки мо бо дуо мулоҳиза ронем, ки чӣ тавр боз ҳам бештар дар ин кор саҳм гузорем. Он гоҳ мо дар ҳаёти ҳозираамон баракатҳои бисёрро соҳиб мешавем ва «дар олами оянда» бошад, мукофоти аз ин ҳам бештар моро интизор аст (Марқ. 10:28–30).

^ сарх. 2 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 январи с. 2012 (bw518-TJ), саҳ. 21–25, мақолаи «Ба Яҳува аз ҷону дил қурбониҳо оред» нигаред.