Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Он бояд «барои шумо рӯзи ёдгорӣ» бошад

Он бояд «барои шумо рӯзи ёдгорӣ» бошад

«Он рӯз барои шумо рӯзи ёдгорӣ хоҳад буд, ва онро ҳамчун иде барои Худованд ид кунед» (ХУР. 12:14).

1, 2. Ба кадом солгард ҳамаи масеҳиён бояд таваҷҷӯҳи хосса зоҳир кунанд ва чаро?

 ВАҚТЕ КИ шумо калимаи «солгард»-ро мешунавед, пеш аз ҳама чӣ ба хотиратон меояд? Агар шумо оиладор бошед, шояд дар бораи солгарди тӯятон фикр кунед. Баъзеҳо мумкин ҷашнгирии рӯйдоди таърихӣ, масалан, истиқлолияти ватанашонро ба ёд меоранд. Вале, оё шумо медонед, ки беш аз 3500 сол инҷониб солгарди кадом иди миллӣ ҷашн гирифта мешавад?

2 Ин ҷашни миллӣ иди Фисҳ аст, ки ба озод шудани исроилиёни қадим аз ғуломии Миср ишора мекунад. Дар бораи ин ид маълумот гирифтан барои шумо хеле муҳим мебошад. Чаро? Зеро он ба баъзе ҷонибҳои муҳими ҳаётатон таъсир мерасонад. Вале, шояд шумо фикр кунед: «Иди Фисҳро яҳудиён қайд мекунанд, ман бошам дар дини яҳудӣ нестам. Чӣ хел ин ҷашни ҳарсола ба ман дахл дошта метавонад?» Ҷавобро дар суханони муҳими зерин ёфтан мумкин аст: «Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст» (1 Қӯр. 5:7). Ин чӣ маъно дорад? Барои ҷавоб ёфтан ба ин савол ба мо лозим аст, ки дар бораи Фисҳи яҳудиён бештар фаҳмида, оиди аҳкоми ба ҳамаи масеҳиён додашуда мулоҳиза ронем.

ЧАРО ИСРОИЛИЁН ИДИ ФИСҲРО ҶАШН МЕГИРИФТАНД?

3, 4. Пеш аз Фисҳи аввалин кадом рӯйдодҳо ба вуқӯъ омада буданд?

3 Дар саросари замин садҳо миллион одамоне, ки яҳудӣ нестанд, аз воқеае, ки ба ҷашн гирифтани Фисҳ асос гузошт, то дараҷае хабардоранд. Шояд онҳо ин воқеаро дар Китоби Муқаддас, аз китоби Хуруҷ хондаанд, ё онро аз даҳони касе шунидаанд, ё мумкин дар ин бора филм тамошо кардаанд.

4 Пас аз он ки исроилиён солҳои зиёд дар Миср ғулом буданд, Яҳува Мусо ва бародараш Ҳорунро назди фиръавн фиристод, то халқашро озод кунад. Вале он ҳокими мағрури Миср ба ин розӣ нашуд ва барои ҳамин Яҳува сарзамини Мисрро паи ҳам ба як қатор балоҳои харобиовар гирифтор кард. Оқибат, баъд аз балои даҳум, вақте ки нахустзодагони Миср кушта шуданд, фиръавн маҷбур шуд, ки ба онҳо иҷозати рафтан диҳад (Хур. 1:11; 3:9, 10; 5:1, 2; 11:1, 5).

5. Исроилиён барои озод шудан бояд чӣ кор мекарданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Вале пеш аз озод шудан исроилиён бояд якчанд корро иҷро менамуданд. Ин дар баҳори соли 1513 то э. мо, тақрибан ҳангоми баробар шудани шабу рӯз, дар моҳи ибрии абиб, ки баъдтар моҳи нисон номида шуд, ба амал омад *. Худо ба исроилиён гуфт, ки дар рӯзи даҳуми нисон ба рӯзи 14-ум тайёрӣ диданро сар кунанд, то дар он рӯз дастуроти махсусро пас аз ғуруби офтоб ба ҷо оранд. Чаро пас аз ғуруби офтоб? Чунки ибриён рӯзро аз як ғуруби офтоб то ғуруби дигараш ҳисоб мекарданд. 14-уми нисон ҳар як хонавода бояд барра (ё бузғола)-ро сар мезад ва як миқдор хуни онро гирифта, ба паҳлӯдариҳо ва болодарии хонааш мемолид (Хур. 12:3–7, 22, 23). Шом аҳли оила бояд барраи бирёнкардаро бо нони бехамиртуруш ва сабзаҳои талх мехӯрданд. Дар он шаб фариштаи Худо замини Мисрро гузашта, ҳамаи нахустзодагони онро нобуд кард, вале исроилиёни итоаткор аз бало эмин монда, баъдтар озод гаштанд (Хур. 12:8–13, 29–32).

6. Дар бобати иди Фисҳ ба халқи Худо чӣ гуфта шуда буд?

6 Исроилиён бояд рӯзеро, ки аз Миср озод шуданд, дар ёд медоштанд. Худо ба онҳо гуфта буд: «Он рӯз барои шумо рӯзи ёдгорӣ хоҳад буд, ва онро ҳамчун иде барои Худованд ид кунед; онро, ҳамчун қонуни абадӣ, насл ба насли худ ид кунед». Пас аз ҷашни 14-уми нисон боз ҳафт рӯзи дигар Иди фатир қайд карда мешуд. Баъзан ҳамаи он ҳашт рӯзро дар якҷоягӣ иди Фисҳ меномиданд (Хур. 12:14–17; Луқ. 22:1; Юҳ. 18:28; 19:14). Ин ид яке аз идҳое буд, ки ибриён бояд ҳар сол ҷашн мегирифтанд (2 Вақ. 8:13).

7. Исо ҳангоми охирин бор ҷашн гирифтани Фисҳ кадом маросимро ҷорӣ намуд?

7 Исо ва шогирдонаш, ҳамчун яҳудиёне, ки Шариати Мусоро риоя менамуданд, иди Фисҳро сол аз сол қайд мекарданд (Мат. 26:17–19). Ҳангоми охирин бор ҷашн гирифтани ин ид Исо маросими нав — Шоми ёдбудро ҷорӣ намуд, ки пайравонаш минбаъд онро бояд ҳар сол мегузаронданд. Вале онҳо дар кадом рӯз бояд онро ҷашн мегирифтанд?

ШОМИ ЁДБУД МАҲЗ ДАР КАДОМ РӮЗ ГУЗАРОНИДА ШУДА БУД?

8. Кадом савол оиди иди Фисҳ ва Шоми ёдбуд ба миён меояд?

8 Азбаски Исо Шоми ёдбудро дарҳол пас аз хӯрдани таоми Фисҳ муқаррар намуда буд, ҳардуи ин ҷашнҳо бояд ба як рӯз рост оянд. Аммо шумо шояд пай бурдаед, ки имрӯз яҳудиён Фисҳро айнан дар ҳамон рӯзе ки мо Шоми ёдбудро қайд мекунем, ҷашн намегиранд. Чаро чунин фарқият дида мешавад? Ҳукме, ки Худо ба исроилиён дода буд, барои ёфтани ҷавоб қисман ёрӣ медиҳад. «Тамоми ҷамъомади ҷамоати Исроил» бояд 14уми нисон барраро забҳ мекарданд ва ба онҳо гуфта шуд, ки маҳз дар кадом қисми рӯз бояд ин корро ба ҷо оваранд. (Хуруҷ 12:5, 6-ро бихонед.)

9. Мувофиқи Хуруҷ 12:6 барраи Фисҳ бояд дар кадом вақт забҳ карда мешуд? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Дар кадом қисми рӯз?» нигаред.)

9 Дар Хуруҷ 12:6 гуфта шудааст, ки барраро бояд «бегоҳирӯзӣ», яъне пас аз ғуруби офтоб, то фаро расидани торикӣ забҳ кунанд. Дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ин фикр бо ибораи «байни ду бегоҳ» ифода шудааст. Дар дигарашон бошад, аз он ҷумла дар «Танах»-и дини яҳудӣ, чун «нимторикӣ», «шом», «бегоҳ, ҳангоми акнун торик шудан» ва «вақти ғуруб» тарҷума шудааст. Ҳамин тавр, барраро бояд пас аз нишастани офтоб, торик нашуда, забҳ мекарданд, яъне ҳангоми саршавии 14-уми нисон.

10. Аз рӯи ақидаи баъзеҳо барраро кай забҳ кардан лозим буд, вале кадом савол ба миён меояд?

10 Баъдтар баъзе яҳудиён чунин фикр мекардагӣ шуданд, ки забҳ кардани ҳамаи барраҳои ба маъбад овардашуда вақти зиёдро мегирад. Барои ҳамин, аз рӯи ақидаи онҳо «бегоҳирӯзӣ»-и дар Хуруҷ 12:6 гуфташуда ба охири 14-уми нисон ишора мекард. Яъне онҳо фикр мекарданд, ки гӯсфандонро рӯзи 14-уми нисон, пас аз нисфирӯзӣ то ғуруби офтоб забҳ кардан лозим аст. Вале агар забҳкунӣ то охири рӯзи 14-ум давом мекард, исроилиён хӯроки Фисҳро бояд кай мехӯрданд? Профессор Ҷонатан Клеванс, мутахассис оид ба дини қадимаи яҳудӣ, чунин қайд намуд: «Рӯзи нав ҳангоми ғуруби офтоб сар мешавад, бинобар ин қурбониро рӯзи 14-уми моҳ меоварданд, вале иди Фисҳ ва хӯрдани таоми шом аслан дар санаи 15-ум сурат мегирифт». Вале худи ин профессор эътироф мекунад, ки дар китоби Хуруҷ рӯирост чунин дастурот дода нашудааст. Ӯ ҳамчунин менависад, ки дар адабиёти раввинҳо, яъне сарварону устодони дини яҳудӣ гуфта нашудааст, ки то валангор шудани маъбад дар соли 70-уми э. мо, таоми Фисҳ чӣ гуна омода карда мешуд.

11. a) Рӯзи Фисҳи соли 33 дар ҳаёти Исо кадом воқеаҳо ба амал омаданд? б) Чаро 15-уми нисони соли 33 «шанбеи бузург» ном гирифта буд? (Ба эзоҳ нигаред.)

11 Дар бораи Фисҳи соли 33-и э. мо бошад, чӣ гуфтан мумкин аст? Рӯзи 13-уми нисон, ҳангоми наздик шудани рӯзе, ки дар он «барраи фисҳро қурбонӣ кардан лозим буд», Исо ба Петрусу Юҳанно гуфт: «Биравед ва фисҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед» (Луқ. 22:7, 8). «Ҳангоме ки соат расид», яъне баъд аз ғуруби офтоб дар 14-уми нисон, ки бегоҳии рӯзи панҷшанбе буд, Исо бо ҳаввориёнаш таоми Фисҳро хӯрд ва сипас Шоми ёдбудро муқаррар намуд (Луқ. 22:14, 15). Он шаб ӯро ҳабс карда, ба марг маҳкум намуданд. Дертар, тақрибан нисфирӯзии 14-уми нисон Исо ба сутун мехкӯб карда шуд ва баъд аз он нисфирӯзӣ мурд (Юҳ. 19:14). Ҳамин тавр, «Фисҳи мо, Масеҳ» дар худи ҳамон рӯзе, ки барраи Фисҳ забҳ карда мешуд, қурбон гашт (1 Қӯр. 5:7; 11:23; Мат. 26:2). Исо пеш аз он ки рӯзи дигар, яъне 15-уми нисон сар шавад, дафн карда шуд * (Ибд. 23:5–7; Луқ. 23:54).

ЁДГОРИИ ПУРМАЪНО

12, 13. Чӣ тавр кӯдакони яҳудӣ дар ҷашнгирии Фисҳ иштирок мекарданд?

12 Биёед ба воқеаҳое, ки дар Миср рӯй дода буданд, баргардем. Мусо гуфт, ки халқи Худо пас аз озод шудан ҳам бояд ҳар сол иди Фисҳро қайд кунад; ин барояшон қоидае буд, ки бояд «ба сурати абадӣ» риоя карда мешуд. Ҳангоми Фисҳ кӯдакон аз падару модарашон пурсида метавонистанд, ки ин ид чӣ маъно дорад (Хуруҷ 12:24–27-ро бихонед; Такр. Ш. 6:20–23). Ҳамин тавр, иди Фисҳ ҳатто барои кӯдакон «рӯзи ёдгорӣ»-е буд, ки аз он бисёр чизҳоро фаҳмида метавонистанд (Хур. 12:14).

13 Исроилиён насл ба насл дарсҳои муҳимеро, ки бо иди Фисҳ алоқаманд буданд, ба фарзандони худ меомӯзонданд. Яке аз дарсҳо ин буд, ки Яҳува ибодаткунандагони худро муҳофизат мекунад. Кӯдакон мефаҳмиданд, ки Яҳува шахсияти воқеӣ, Худои зинда буда, нисбати халқаш ғамхор аст ва ба манфиати онҳо амал мекунад. «Вақте ки мисриёнро зарба зад», Ӯ нахустзодагони исроилиёнро эмин нигоҳ дошт — онҳо зинда монданд.

14. Таърихи иди Фисҳро дониста, волидони масеҳӣ ба фарзандони худ чиро фаҳмонда метавонанд?

14 Албатта, ба волидони масеҳӣ ҳатмӣ нест, ки ҳар сол ба фарзандони худ маънои Фисҳро фаҳмонанд. Вале оё шумо, волидон, ба кӯдаконатон дарсеро, ки аз ин ид омӯхтан мумкин аст, яъне онро ки Худо халқашро ҳимоя мекунад, мефаҳмонед? Оё ба он ки Яҳува ҳоло ҳам Ҳимоятгари халқаш мебошад, боварии пурра дошта, инро ба кӯдаконатон нишон медиҳед? (Заб. 27:11; Иш. 12:2). Ва ин чизҳоро на чун нутқи дилгиркунанда, балки дар сӯҳбати шавқовару гуворо ба фарзандонатон баён мекунед? Кӯшиш намоед, то донистани ин ҳақиқат дар бораи шахсияти Худо ба рӯҳан пеш рафтани оилаатон мусоидат кунад.

Дар бораи иди Фисҳ муҳокима ронда, шумо ба фарзандонатон чиро омӯзонда метавонед? (Ба сархати 14 нигаред)

15, 16. Мавзӯи иди Фисҳ ва бобҳои аз 12 то 15-и китоби Хуруҷро истифода бурда, чиро дар бораи Яҳува дида баромадан мумкин аст?

15 Вале аз нақл оиди Фисҳ мо на танҳо онро меомӯзем, ки Яҳува халқашро ҳимоя карда метавонад. Ӯ ҳамчунин бо он ки халқи Исроилро «аз Миср... берун овард», онҳоро наҷот дод. Ин суханон чиро пеши назар оварда метавонанд? Тасаввур кунед, ки чӣ тавр Яҳува бо сутуни абр ва оташ исроилиёнро сӯи баҳри Сурх роҳнамоӣ кард. Баъд онҳо аз қаъри баҳр, ки обҳояш аз тарафи чапу рост чун девор қомат афрохта буданд, бе ягон осеб гузаштанд ва диданд, ки он обҳо фурӯ рехта, лашкари мисриёнро нобуд сохтанд. Исроилиёни наҷотёфта дар васфи Яҳува чунин суруд хонданд: «Барои Худованд месароям, зеро ки Ӯ... асп ва савори онро дар баҳр вожгун сохт. Худованд қувват ва ҳамду санои ман аст, ва Ӯ наҷоти ман шуд» (Хур. 13:14, 21, 22; 15:1, 2; Заб. 135:11–15).

16 Агар шумо фарзанд дошта бошед, оё ба онҳо ёрӣ медиҳед, ки ба Яҳува чун ба Наҷотдиҳанда таваккал кунанд? Оё дар вақти бо кӯдаконатон гап задан ва қабул кардани қарорҳо онҳо мебинанд, ки шумо ба Худо такя мекунед? Ҳангоми ибодати оилавӣ шумо албатта метавонед бобҳои аз 12 то 15-и китоби Хуруҷро муҳокима намуда, диққатро ба он равона кунед, ки чӣ тавр Яҳува халқи худро наҷот дод. Дафъаҳои дигар метавонед ин фикрро ҳангоми муҳокимаи Аъмол 7:30–36 ё Дониёл 3:16–18, 26–28 чуқуртар дида бароед. Бале, ҳама новобаста аз синну сол бояд боварии пурра дошта бошанд, ки Яҳува на танҳо дар гузашта чун Наҷотдиҳанда амал мекард, балки дар оянда низ моро раҳо хоҳад дод. (1 Таслӯникиён 1:9, 10-ро бихонед.)

ЧИРО БОЯД ДАР ЁД ДОШТ?

17, 18. Мулоҳизаронӣ оиди истифода бурдани хун дар Фисҳи нахустин чиро бояд ба ёди мо орад?

17 Масеҳиёни ҳақиқӣ Фисҳи яҳудиёнро ҷашн намегиранд, зеро ин ид қисми Шариати Мусо буд, мо бошем, зери он Шариат нестем (Рум. 10:4; Қӯл. 2:13–16). Баръакс, мо рӯйдоди дигар, ёдбуди марги Исои Масеҳро қайд мекунем. Ба ҳар ҳол, аз иди Фисҳ, ки якум бор дар Миср таҷлил шуда буд, мо бисёр чизҳоро омӯхта метавонем.

18 Хуни барра, ки ба паҳлӯдариҳо ва болодарии хона молида мешуд, воситае буд барои эмин доштани ҳаёт. Имрӯзҳо мо албатта на дар рӯзи Фисҳ ва на дар дигар рӯзҳо барои Худо ҳайвонҳоро қурбонӣ намекунем. Аммо қурбонии дигаре ҳаст, ки арзиши хеле баланд дорад, зеро метавонад ба таври ҳамешагӣ моро аз марг эмин дорад. Павлуси ҳавворӣ навишта буд, ки ба воситаи хуни «пошиданӣ»-и Исо тадҳиншудагон дар осмон абадан зиста метавонанд. Онҳо «нахустзодагоне [мебошанд,] ки дар афлок навишта шудаанд» (Ибр. 12:23, 24). Масеҳиёне, ки умеди заминӣ доранд, ҳамчунин метавонанд ба воситаи имон ба хуни Исо ҳаёти ҷовидониро соҳиб шаванд. Ҳамаи масеҳиён бояд вақт аз вақт суханони дилпуркунандаи зеринро ба ёд оранд: «Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем» (Эфс. 1:7).

19. Чӣ тавр маълумот оиди қурбонии Фисҳ боварии моро нисбати пешгӯиҳои Китоби Муқаддас мустаҳкамтар месозад?

19 Вақте ки исроилиён барои Фисҳ барраро забҳ мекарданд, онҳо набояд устухонҳояшро мешикастанд (Хур. 12:46; Ад. 9:11, 12). Ва дар бораи «Барраи Худо», ки ҳаёташро чун фидия қурбон кард, чӣ гуфтан мумкин аст? (Юҳ. 1:29). Аз ду тарафи Исо ду ҷинояткор низ мехкӯб шуда буданд. Яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки устухонҳои он се нафарро шикананд, то марги онҳо тезтар фаро расида, ҷасадашон дар рӯзи 15-уми нисон, «шанбеи бузург», бар сутунҳо намонад. Сарбозон пойҳои ду ҷинояткори мехкӯбшударо шикастанд, вале «чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд» (Юҳ. 19:31–34). Ин рӯйдод барраи Фисҳро, ки устухонҳояш шикаста намешуданд, ба хотир меорад, зеро аз ин ҷиҳат барра «сояи» қурбоние буд, ки 14-уми нисони соли 33 оварда шуд (Ибр. 10:1). Беш аз ин, дар он рӯз суханони дар Забур 33:21 навишташуда иҷро гаштанд ва ин бояд боварии моро нисбати пешгӯиҳо қавитар созад.

20. Байни ҷашни Фисҳ ва Шоми ёдбуд чӣ гуна фарқияти муҳиме вуҷуд дорад?

20 Аммо байни иди Фисҳе, ки яҳудиён ҷашн мегирифтанд, ва Шоми ёдбуд, ки Исо қайд карданашро ба пайравони худ фармуда буд, якчанд фарқият ҳаст. Масалан, исроилиён ҳангоми иди Фисҳ аз гӯшти барра мехӯрданд, на аз хуни он. Ин аз он чизе, ки Исо ба шогирдонаш таъин карда буд, фарқ мекард. Ӯ гуфт, ки онҳое ки «дар Малакути Худо» ҳукмронӣ мекунанд, бояд ҳам аз нон ва ҳам аз шаробе, ки рамзи бадан ва хуни вай мебошанд, бичашанд. Дар бораи ин мо муфассалтар дар мақолаи навбатӣ мулоҳиза хоҳем ронд (Марқ. 14:22–25).

21. Чаро дар бораи иди Фисҳ маълумот доштан бароямон фоиданок аст?

21 Нигоҳ накарда ба ин фарқият шубҳае нест, ки иди Фисҳ дар таърихи муносибатҳои Худо бо халқи Исроил санаи муҳиме буд ва ҳар яки мо аз он барои худ манфиат гирифта метавонем. Гарчанд Фисҳ танҳо барои яҳудиён «рӯзи ёдгорӣ» буд, мо чун масеҳиён бояд дар бораи ин ид донем ва аз он барои худ дарсҳои арзишнок гирем, зеро «тамоми Навиштаҳо» аз рӯи илҳоми илоҳӣ мебошанд (2 Тим. 3:16).

^ сарх. 5 Гарчанд моҳи якуми тақвими яҳудиён (абиб) танҳо баъди аз асорати Бобил озод шудани исроилиён нисон ном гирифт, барои осонӣ дар ин мақола ба ҷои абиб номи баъдинаи ин моҳ, яъне нисон истифода бурда мешавад.

^ сарх. 11 Дар соли 33 э. мо рӯзи 15-уми нисон, ки баъд аз иди Фисҳ, ҳангоми ғуруби офтоб сар шуд, ба рӯзи шанбе рост омад. Он ҳамчунин рӯзи якуми Иди фатир буд, ки ҳама вақт, новобаста аз он ки ба кадом рӯзи ҳафта рост меомад, шанбе ҳисоб меёфт. Азбаски ин ду шанбе якҷоя афтиданд, он рӯз «шанбеи бузург» номида шуд (Юҳ. 19:31, 42).