Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува онҳоро зери сояи кӯҳҳо паноҳ мекард

Яҳува онҳоро зери сояи кӯҳҳо паноҳ мекард

САҲАРИИ барвақт зан ба назди дари хонаи худ баромада, чашмаш ба халтае меафтад, ки дар пеши остона истодааст. Ӯ онро ба даст гирифта, ба гирду атроф назар мекунад, вале мебинад, ки дар кӯча касе нест. Эҳтимол, шахси ношиносе шабона омада, халтаро монда рафтааст. Зан як лаби халтаро кушода, ба дарунаш нигоҳ мекунад ва зуд ба хона даромада, дарро аз пасаш мепӯшад. Чаро? Зеро дар даруни халта адабиёти манъшудаи бар Китоби Муқаддас асосёфта буд! Ӯ халтаро ба сари синааш пахш намуда, дарунакӣ дуо мегӯяд ва ба Яҳува барои ғизои пурарзиши рӯҳонӣ миннатдорӣ баён мекунад.

Дар давоми солҳои 1930-юм воқеаҳои ба ин монанд бисёр рӯй медоданд. Баъди он ки соли 1933 фашистон ба сари қудрат омаданд, фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар бисёр давлатҳо манъ карда шуд. «Мо боварӣ доштем, ки дар бораи Яҳува ва номи Ӯ мавъиза карданро ягон қарори аз тарафи одамон баровардашуда манъ карда наметавонад,— мегӯяд Ричард Рудолф, бародаре, ки ҳоло синнаш аз сад гузаштааст *.— Барои омӯзиш ва хизмат адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта воситаи муҳим буданд. Лекин, аз боиси манъ будани фаъолияти мо, ба даст овардани он осон набуд. Мо дар андеша будем, ки хизматамонро минбаъд чӣ тавр давом медиҳем». Дере нагузашта, Ричард фаҳмид, ки дар қонеъ кардани чунин эҳтиёҷот, ӯ ба таври хеле аҷоиб ёрӣ дода метавонад. Дар ин кор сояи кӯҳҳо бояд кӯмак мекарданд (Дов. 9:36).

ИСТИФОДА АЗ РОҲҲОИ ҚОЧОҚЧИЁН

Агар шумо қад-қади дарёи Элба равон шавед, оқибат ба мавзеи Крконоше мерасед, ки маънояш «Кӯҳҳои азимҷусса» аст. Он ҳоло сарҳади байни Ҷумҳурии Чехия ва Полша мебошад. Ҳарчанд баландии ин кӯҳҳо қариб 1600 м асту халос, ҳарорати он ҷо хеле хунук мебошад, барои ҳамин он мавзеъро «ҷазираи арктикӣ дар Аврупо» номидаанд. Одатан пуштаҳои ин кӯҳ то 3 м барфпӯш мегарданд, ки дар давоми қариб ним сол об намешаванд. Обу ҳавои ин ҷо хеле тағйирёбанда аст ва онҳое, ки ба ин беаҳамиятӣ мекунанд, бо хатари тумани ғафс, ки ногаҳон кӯҳро печонида мегирад, дучор шуда метавонанд.

Дар давоми асрҳо ин қаторкӯҳ байни давлатҳову кишварҳо ва шоҳигариҳо чун сарҳади табиӣ хизмат мекард. Азбаски он ҷои хеле хатарнок буду боду ҳавояш ногаҳон бад шуда метавонист, барои сарҳадчиён назорат кардани он душвор буд. Аз ин сабаб, дар гузашта бисёр қочоқчиён ба воситаи ин кӯҳҳо молу маводи манъшударо пинҳонӣ мегузаронданд. Солҳои 1930, вақте ки Кӯҳҳои азимҷусса Чехословакия ва Германияро аз ҳам ҷудо карданд, Шоҳидони далер роҳҳои кӯҳнаи қочоқчиёнро истифода мебурдагӣ шуданд. Бо кадом мақсад? Барои аз ҷойҳои нисбатан дастрас кашондани адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта. Ричарди ҷавон яке аз он Шоҳидон буд.

Бародарону хоҳарон чун сайёҳон либос пӯшида, адабиётро тавассути Кӯҳҳои азимҷусса ба Германия меоранд

«САЁҲАТҲОИ» ХАТАРНОК

«Рӯзҳои истироҳат мо, гурӯҳи бародарони ҷавон, ки аз ҳафт кас ё бештар иборат будем, чун сайёҳон либос пӯшида, ба кӯҳҳо равона мешудем,— ба ёд меорад Ричард.— Барои аз тарафи Германия бо воситаи кӯҳ гузашта, то истироҳатгоҳи Шпиндлерув-Млин расидан қариб се соат вақт мерафт». Ин истироҳатгоҳ аз сарҳади Чехия 16,5 км дуртар ҷойгир шуда буд. Он вақтҳо бисёр шаҳрвандони Германия дар он минтақа мезистанд. Яке аз онҳо марди чорводоре буд, ки барои бо бародарони мо ҳамкорӣ кардан розӣ шуд. Он мард, ки одатан бо аспу аробаи худ сайёҳони ба истироҳат омадаро мекашонд, қуттиҳои адабиётро аз истгоҳи роҳи оҳан ба аробаи худ бор карда, ба фермаи худ меовард ва дар қабати хасу хошок пинҳон мекард, то даме ки бародарони мо омада, адабиётро ба Германия мебурданд.

Ричард давом медиҳад: «Баъди ба ферма расидан, мо адабиётро ба борхалтаҳои худ, ки маҳз барои бардоштани бори вазнин дӯхта шуда буданд, меандохтем. Ҳар як кас қариб 50 кг борро мебардошт». Барои риояи бехатарӣ онҳо шабона роҳ мерафтанд — ҳангоми нишастани офтоб ба роҳ мебаромаданд ва пеш аз тулӯи офтоб ба хона расида меомаданд. Эрнст Виснер, ки он вақтҳо дар Германия нозири ноҳиявӣ буд, нақл мекунад, ки барои эҳтиёткорӣ бародарон чӣ гуна чораҳо меандешиданд: «Ду бародар пеш-пеш мерафтанд ва агар касеро вохӯранд, бо фонарикҳои худ хабар медоданд. Ин аломат барои бародароне буд, ки тақрибан 100 м қафотар бо борхалтаҳои вазнин меомаданд. Онҳо сигналро фаҳмида, дар байни буттаҳо пинҳон мешуданд ва то он ду бародар ба наздашон баргашта, пароли муайянеро нагӯянд, намебаромаданд. Пароли онҳо ҳар ҳафта нав мешуд». Лекин, роҳи онҳо на танҳо аз боиси полисҳои кабудпӯши Германия хатарнок буд.

«Як бегоҳ ман бояд аз ҳарвақта дида бисёртар кор мекардам,— нақл мекунад Ричард,— аз ин рӯ, ба тарафи сарҳади Чехия аз бародарон дида дертар равона шудам. Ҳаво торик ва хеле хунук буд, борони яхчадор меборид. Ман роҳ мерафтаму аз хунукӣ меларзидам. Байни дарахтони хурди санавбар ман роҳгум задам ва якчанд соат роҳи худро ёфта натавонистам. Дар ин роҳ бисёр сайёҳон мурдаанд. Танҳо саҳарии барвақт, вақте ки бародарон гашта меомаданд, ман бо онҳо вохӯрдам».

Қариб се сол гурӯҳи хурди бародарони ҷасур ҳар ҳафта ба кӯҳҳо мерафтанд. Дар фасли зимистон онҳо барои кашондани бори пурарзиши худ аз чанаҳо ва лижаҳо истифода мебурданд. Баъзан, гурӯҳҳо аз 20 нафар бародарон ташкил меёфтанд, ки рӯзона ба сафар баромада, сарҳадро аз пайраҳаҳои махсус, ки барои сайёҳон буданд, мегузаштанд. Барои вонамуд кардани он ки онҳо сайёҳони безарар мебошанд, якчанд хоҳарон ҳамроҳашон мерафтанд. Баъзеи онҳо пеш-пеш роҳ мегаштанд ва агар ягон хатарро пай баранд, шляпаҳои худро ба боло ҳаво медоданд.

Қуллаҳои барфпӯш аз Кӯҳҳои азимҷусса гузаштанро хатарнок мегардонданд

Баъди баргаштан аз сафари дурудароз бародарон чӣ кор мекарданд? Онҳо мекӯшиданд, ки адабиёт ҳар чӣ зудтар тақсим карда шавад. Чӣ тавр? Адабиётро ба қуттиҳо тавре ҷо ба ҷо мекарданд, ки ба назар чун қуттиҳои собун тобад ва сипас онро ба истгоҳи роҳи оҳани Ҳиршберг мебурданд. Қуттиҳо ба қисмҳои гуногуни Германия фиристода мешуд, ки дар он ҷойҳо бародарону хоҳарон эҳтиёткорона адабиётро ба ҳамимонон тақсим мекарданд, чӣ тавре ки дар аввали мақола тасвир шудааст. Агар аз ин амалиёт полис каме ҳам хабардор мешуд, бародарони бисёр дастгир шуда метавонистанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Рӯзе аз тарафе, ки мо интизор набудем, полисони кабудпӯш садди роҳ шуданд.

Соли 1936, анбори адабиёт дар наздикии Берлин фош гардид. Дар байни чизҳое, ки кормандони полис аз он ҷо ёфтанд, се халтае буд, ки шахси ношиносе аз Ҳиршберг фиристода буд. Полис аз рӯи навиштаҷоте, ки дар ин халтаҳо буд, ташхиси ҳусни хат гузаронид, то «қочоқчии» асосиро ёбад. Дар натиҷа он бародар дастгир карда шуд. Аз ин воқеа чанде нагузашта, боз ду шахси гумонбар, аз он ҷумла Ричард Рудолф дастгир шуданд. Азбаски ин бародарон ҳама айбро ба гардани худ гирифтанд, дигарон тавонистанд боз муддати муайян он кори хеле хатарнокро давом диҳанд.

ДАРС БАРОИ МО

Адабиётҳое, ки бо борхалтаҳои сайёҳӣ тавассути Кӯҳҳои азимҷусса оварда мешуданд, барои бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардани Шоҳидони Германия нақши муҳим бозиданд. Вале барои расондани адабиёт Кӯҳҳои азимҷусса ягона роҳ набуданд. То соли 1939, яъне то вақте ки қувваҳои мусаллаҳи Германия Чехословакияро забт кард, дар сарҳади он давлат роҳҳои ба ин монанд вуҷуд дошт. Инчунин дар дигар давлатҳои бо Германия ҳамсарҳад, масалан дар Фаронса, Нидерландия ва Швейтсария, Шоҳидон аз ҳар ду ҷониб ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҳамимонони дар таъқибот будаашонро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекарданд.

Аксарияти мо имрӯз адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро бо миқдор ва формати дилхоҳ ба даст оварда метавонем. Вақте ки шумо адабиётҳои навро хоҳ аз Толори Салтанат мегиред ё хоҳ аз сайти интернетии jw.org сабт мекунед, метавонед фикр кунед, ки барои дастрас гардидани он чӣ қадар меҳнат сарф шудааст. Шояд он тавассути кӯҳҳои барфпӯш дар нисфи шаб оварда нашуда бошад, вале то ба дасти шумо омада расидан, бешубҳа бисёр ҳамимононамон барои он сахт меҳнат кардаанд.

^ сарх. 3 Ӯ дар ҷамъомади шаҳри Ҳиршберг (вилояти Силезия) хизмат кардааст. Он шаҳр ҳоло Еленя Гура ном дошта, дар тарафи ҷанубу ғарбии Полша воқеъ мебошад.