Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд — Африқои Ғарбӣ
ПАСКАЛ ҳангоми дар маҳаллаи қашшоқи Кот-Дивуар ба воя расиданаш, ҳаёти беҳтареро орзу мекард. Ӯ, ки шавқманди варзиши бокс буд, чунин мулоҳиза меронд: «Дар куҷо барои ман имконияти ситораи варзиш гаштан ва бой шудан пайдо мешуда бошад?» Вақте ки ӯ ба синни 25 расид, ӯ ба хулосае омад, ки чунин орзуҳояш дар Аврупо амалӣ мегарданд. Лекин аз сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ӯ ба Аврупо ба таври ғайриқонунӣ ворид шуданӣ буд.
Соли 1998, дар синни 27-солагӣ Паскал сафари худро оғоз намуд. Аз сарҳад гузашта, ӯ ба мамлакати Гана ворид шуд. Сипас аз мамлакати Того ба Бенин гузашта, ба шаҳри Бирни-Нконни, ки дар мамлакати Нигер ҷойгир аст, расид. Акнун қисми хеле хатарноки сафараш бояд сар мешуд. Барои ба шимол расидан ба ӯ лозим буд, ки ба ягон мошини боркаш савор шаваду биёбони Сахараро гузарад. Баъд, ҳангоми ба баҳри Миёназамин расиданаш, ӯ бо киштӣ ба Аврупо рафтан мехост. Чунин буд нақшаи Паскал. Лекин ду воқеаи дар мамлакати Нигер рӯйдода ӯро боздошт.
Якум воқеа ин буд, ки ӯ бе пул монд. Дуюм, ӯ бо Ноэ, бародаре, ки чун пешрав хизмат мекунад, вохӯрд. Ноэ бо Паскал омӯхтани Китоби Муқаддасро сар кард. Он чизе ки Паскал меомӯхт, ба дили ӯ сахт таъсир кард ва ӯ муносибати худро ба ҳаёт тағйир дод. Аз он вақт сар карда, мақсадҳои пештарааш ба мақсадҳои рӯҳонӣ иваз шуданд. Моҳи декабри соли 1999 Паскал таъмид гирифт. Барои изҳор кардани миннатдорӣ ба Яҳува ӯ соли 2001 чун пешрав хизмат карданро дар Нигер, дар худи он шаҳре, ки ҳақиқатро омӯхта буд, оғоз намуд. Паскал дар бораи хизмати худ чӣ фикр мекунад? Ӯ мегӯяд: «Ман дар ҳаётам чизи беҳтаринро пайдо карда истодаам!»
ПАЙДО КАРДАНИ ҲАЁТИ ҚАНОАТБАХШ — ДАР АФРИҚО
Мисли Паскал бисёриҳо дарк намуданд, ки агар шахс пеш аз ҳама аз паи мақсадҳои рӯҳонӣ равона шавад, дар ҳаёт қаноатмандии зиёд пайдо карда метавонад. Барои ба чунин мақсадҳо расидан баъзеҳо Аврупоро тарк карда, ба Африқо мекӯчанд, то дар минтақаҳое, ки ба воизони Салтанат ниёзи бештар вуҷуд дорад, хизмат кунанд. Бояд гуфт, ки қариб 65 Шоҳиди Яҳува, ки синнашон аз 17 то 70 аст, аз Аврупо ба мамлакатҳои Бенин, Буркина Фасо, Нигер ва Того *, ки дар Африқои Ғарбӣ ҷойгиранд, кӯчиданд. Чӣ онҳоро барангехт, то чунин қарори ҷиддиро қабул кунанд ва ин чӣ гуна натиҷаҳо овард?
Анне-Ракел, ки аз мамлакати Дания аст, нақл мекунад: «Волидони ман пеш дар Сенегал чун миссионер хизмат кардаанд. Онҳо оиди ҳаёти миссионериашон чунон бо шавқ нақл мекарданд, ки ман низ хостам чунин тарзи ҳаёт дошта бошам». Қариб 15 сол пеш, вақте ки синну соли Анне-Ракел аз 20 гузашт, ӯ ба Того кӯчид ва ҳоло дар он ҷо дар ҷамъомади имову ишора
хизмат карда истодааст. Чӣ тавр ин қарори ӯ ба дигарон таъсир расонд? Ӯ мегӯяд: «Дертар хоҳар ва додарам ба ман пайравӣ карда, ба Того омаданд».Оурел, бародари 70-солаи оиладор, ки аз Фаронса мебошад, чунин қайд мекунад: «Панҷ сол пеш, вақте ман ба нафақа баромадам, аз ду тарзи ҳаёт якеро бояд интихоб мекардам: дар Фаронса ҳаёти оромона ба сар бурда, омадани биҳиштро интизор шавам ё барои васеъ кардани хизмати худ чора андешам». Оурел дуюмашро интихоб кард. Қариб се сол пеш ӯ ва занаш Албер-Фейет ба Бенин кӯчиданд. «Ба ин ҷо омадан ва хизмат кардани мо аз ҳама корҳое, ки пеш карда будем, беҳтарин аст»,— мегӯяд Оурел. «Ва чуноне ки аён гашт,— илова мекунад ӯ бо табассум,— қисми минтақаи мо, ки лаб-лаби соҳил тӯл мекашад, ба биҳишт монанд аст».
Клодомир ва зани ӯ Лисйен 16 сол пеш аз Фаронса ба Бенин кӯчиданд. Дар аввал онҳо хешу табор ва дӯстони фаронсавиашонро сахт ёд мекарданд ва метарсиданд, ки оё ба ҳаёти навашон одат карда метавонанд ё не. Лекин тарси онҳо беҳуда буд, зеро аз хурсандии бисёре баҳраманд гаштанд. «Дар ин 16 соли хизматамон,— мегӯяд Клодомир,— мо имконияти олиҷаноб доштем, ки ба ҳисоби миёна ҳар сол ба як нафар барои қабул кардани ҳақиқат ёрӣ расонем».
Себастиен ва Ҷоанна, ҳамсарон аз Фаронса, соли 2010 ба Бенин кӯчиданд. «Дар ҷамъомад кор хеле зиёд аст»,— мегӯяд Себастиен. Аз ин сабаб онҳо маҳорати худро босуръат сайқал медиҳанд. Одамони он ҷой чӣ тавр ба хушхабар муносибат мекунанд? Ҷоанна мегӯяд: «Одамон ташнаи ҳақиқат мебошанд. Ҳатто агар дар мавъиза набошем ҳам, одамон моро дар кӯча боздошта, оиди Китоби Муқаддас саволҳо медиҳанд ва адабиётамонро мепурсанд». Кӯчидани онҳо ба издивоҷашон чӣ тавр таъсир кард? Себастиен чунин қайд мекунад: «Ба ин ҷо кӯчиданамон бандҳои издивоҷи моро торафт мустаҳкамтар мегардонад. Барои ман гузаронидани тамоми рӯзҳо дар хизмат бо ҳамсарам ҳаловатбахш аст».
Эрик ва занаш Кэти дар минтақаи камаҳолие, ки дар шимоли Бенин ҷойгир аст, чун пешравон хизмат мекунанд. Тақрибан даҳ сол пеш, ҳангоми дар Фаронса зистанашон, онҳо ба хондани мақолаҳо оиди хизмат дар ҷойҳое, ки ниёзи калон вуҷуд дорад, шавқ пайдо карданд. Ҳамчунин онҳо бо ходимони пурравақт сӯҳбат мекарданд. Дар натиҷа дар онҳо хоҳиши ба мамлакати дигар рафтан пайдо шуд ва соли 2005 ин хоҳишашонро амалӣ гардонданд. Мушоҳида кардани он ки чӣ тавр кори мавъиза торафт пеш меравад, барои онҳо хеле таъсирбахш аст. Эрик мегӯяд: «Дар шаҳри Тангиета ду сол пеш дар гурӯҳамон 9 нафар воиз буд, ҳозир бошад, 30 нафар. Рӯзи якшанбе аз 50 то 80 нафар ба вохӯрӣ ташриф меоранд. Чӣ хурсандии бемисл аст дидани чунин афзоиш!»
ДУШВОРИҲОРО МУАЙЯН СОЗЕД ВА ОНҲОРО ПАСИ САР КУНЕД
Баъзеи он воизони боғайрат бо чӣ гуна душвориҳо дучор мешаванд? Бинямин, ки 33-сола аст, додари Анне-Ракел мебошад. Соли 2000 дар Дания ӯ бо миссионере вохӯрд, ки дар Того хизмат мекард. Бинямин ба хотир меорад: «Вақте ман ба он миссионер гуфтам, ки чун пешрав хизмат кардан мехоҳам, ӯ дар ҷавоб гуфт: “Ту метавонӣ дар Того пешрав шуда хизмат кунӣ”». Бинямин дар ин бора мулоҳиза кард. Ӯ мегӯяд: «Дар он вақт ман ҳоло 20-сола ҳам набудам, ду апаам бошанд, аллакай дар Того хизмат мекарданд. Барои ҳамин ба ман ба он ҷо рафтан осонтар буд». Ва ӯ ба он ҷо рафт. Ба ҳар ҳол ӯ бо душворӣ рӯ ба рӯ шуд. Бинямин мефаҳмонад: «Ман ягон калимаи фаронсавиро намедонистам. Шаш моҳи аввал хеле душвор буд, чунки ман нағз муошират карда наметавонистам». Лекин бо гузашти вақт ӯ аз ин ҷиҳат пешравӣ кард. Ҳозир бошад, Бинямин дар Байт-Или Бенин хизмат карда, барои фиристодани адабиётҳо ва дар шӯъбаи компютерӣ ёрӣ медиҳад.
Эрик ва Кэти, ки дар бораашон дар боло гуфта будем, пеш аз ба Бенин рафтан дар Фаронса, дар минтақаи хориҷизабон хизмат мекарданд. Вале хизмат дар Африқои Ғарбӣ чӣ фарқият дошт? Кэти мегӯяд: «Ёфтани ҷои зисти мувофиқ осон набуд. Дар давоми якчанд моҳ мо дар хонае зиндагӣ мекардем, ки бо об ва қувваи барқ таъмин карда намешуд». Эрик илова мекунад: «Мусиқии баланд дар наздикии хона то нисфи шаб хомӯш намегашт. Шахс бояд нисбати чунин душвориҳо пурсабрӣ зоҳир кунад ва барои мутобиқ шудан омода бошад». Ҳардуи онҳо бо гуфтаи зерин розианд: «Хурсандӣ аз хизмат дар ҷойҳои қариб мавъизанашуда ҳама гуна душвориҳоро рӯпӯш мекунад».
Мишел ва Мари-Анес, ҳамсарон аз Фаронса, ки қариб 60-сола мебошанд, тақрибан панҷ сол пеш ба Бенин кӯчиданд. Дар аввал онҳо ҳисси хавотирӣ доштанд. Мишел мегӯяд: «Баъзеҳо кӯчидани моро ба он монанд мекарданд, ки гӯё дорбозе аробаи якчархаро болои арғамчин тела медиҳад ва мо дар он ароба нишаста будем! Ин метавонист воҳиманок тобад, агар шахс надонад, ки дорбоз Яҳува буд. Барои ҳамин мо барои Яҳува ва бо Яҳува кӯчидем».
ЧӢ ТАВР ХУДРО ТАЙЁР КУНЕМ?
Он воизони ботаҷриба қайд мекунанд, ки худро тайёр кардан хеле муҳим аст ва чунин маслиҳатҳо медиҳанд: Пешакӣ нақша кашед. Мутобиқ шуданро ёд гиред. Пулатонро мувофиқи нақшаи тартибдодаатон сарф намоед. Ба Яҳува такя кунед (Луқ. 14:28–30).
Себастиен, ки дар борааш аллакай гуфта будем, чунин нақл мекунад: «Пеш аз кӯчидан ману Ҷоанна дар давоми ду сол хароҷотамонро барои вақтхушиҳо кам кардем ва аз харидҳои на он қадар зарурӣ даст кашида, пул ҷамъ кардем». Барои хизматро дар хориҷа давом додан, онҳо ҳар сол дар муддати якчанд моҳ дар Аврупо кор мекунанд ва ин ба онҳо имкон
медиҳад, ки моҳҳои дигар чун пешрав дар Бенин хизмат кунанд.Мари-Терез яке аз тақрибан 20 хоҳарони муҷарраде мебошад, ки барои хизмат аз мамлакатҳои дигар ба Африқои Ғарбӣ омадаанд. Вай дар Фаронса ронандаи автобус шуда кор мекард, лекин соли 2006 ӯ ба муддати як сол аз кор ҷавоб гирифт, то ки дар Нигер чун пешрав хизмат кунад. Дере нагузашта ӯ фаҳмид, ки ин ҳамон тарзи ҳаётест, ки ӯ дар асл мехост. Мари-Терез мегӯяд: «Пас аз бозгаштан ба Фаронса ман бо сардори корхона дар бораи он гап задам, ки нақшаи кориамро дигар кардан мехоҳам ва ӯ бо омодагӣ розӣ шуд. Ҳоло ман аз моҳи май то август дар Фаронса чун ронандаи автобус кор мекунам ва аз сентябр то апрел дар Нигер ҳамчун пешрав хизмат мекунам».
Онҳое, ки «аввал Малакути Худо»-ро меҷӯянд, метавонанд ба он боварӣ дошта бошанд, ки Яҳува онҳоро бо ҳама гуна чизҳои зарурӣ таъмин хоҳад кард (Мат. 6:33). Инро мисоли Сафира, хоҳари муҷарраде аз Фаронса тасдиқ месозад. Ӯ қариб 30-сола аст ва чун пешрав дар Бенин хизмат мекунад. Соли 2011 ӯ ба Фаронса баргашт, то ки пули кофӣ ба даст орад ва соли оянда (соли шашуми хизматаш) дар Африқо хизмат карда тавонад. Сафира нақл мекунад: «Рӯзи ҷумъа рӯзи охирини кориам буд, вале ба ман боз даҳ рӯзи дигари корӣ лозим буд, то барои соли навбатӣ маблағи лозимаро ҷамъ оварам. То рӯзи аз Фаронса рафтанам ман танҳо ду ҳафта доштам. Ман ба Яҳува дуо гуфта, вазъияти худро фаҳмондам. Каме пас ба ман аз корхонаи шуғли аҳолӣ занг зада пурсиданд, ки оё метавонам дар муддати ду ҳафта ба ҷои дигар кас кор кунам». Рӯзи душанбе Сафира ба ҷои кор омад, то коргаре, ки вай бояд муваққатан иваз мекард, ба ӯ корро ёд диҳад. Ӯ мегӯяд: «Ман хеле ба ҳайрат омадам, вақте фаҳмидам, ки коргареро, ки ман бояд иваз мекардам, хоҳари рӯҳонии мо аст ва ба ӯ лозим буд, ки барои дар Мактаби пешравон таҳсил кардан даҳ рӯз аз кор озод бошад! Раиси корхонааш ба шарте ӯро ҷавоб доданӣ буд, ки ӯ ба ҷояш каси дигареро ёбад. Вай аз Яҳува илтиҷо кард, ки ба ӯ ёрӣ диҳад — ҳамон тавре ки ман карда будам».
МАНБАИ ҚАНОАТМАНДИИ ҲАҚИҚӢ
Баъзе бародарон ва хоҳарон тӯли солҳои зиёд дар Африқои Ғарбӣ хизмат мекунанд ва онро хонаи худ гардонидаанд. Дигарон бошад, дар давоми якчанд сол дар он ҷо истода, баъд ба ватанашон баргаштанд. Вале то ба имрӯз он воизон аз солҳои дар хориҷа хизмат кардаашон манфиат мегиранд. Онҳо фаҳмиданд, ки маҳз хизмат ба Яҳува қаноатмандии ҳақиқӣ мебахшад.
^ сарх. 6 Филиал дар мамлакати Бенин фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар ин чор мамлакат, ки аҳолиашон бо забони фаронсавӣ гап мезананд, назорат мекунад.