Дар айёми ҷавонӣ қарорҳои оқилона қабул кунед
«Ҷавонон ва бокираҳо... исми Худовандро мадҳ мекунанд» (ЗАБ. 148:12, 13).
1. Бисёр ҷавонони масеҳӣ аз кадом имкониятҳои олиҷаноб баҳраманданд?
МО ДАР замони бузурги таърихӣ зиндагӣ дорем. Аз ин пеш ҳеҷ гоҳ чунин нашуда буд, ки миллионҳо одамон аз ҳамаи халқҳо ба ибодати ҳақиқӣ рӯй оварда бошанд (Ваҳй 7:9, 10). Бисёр ҷавонон ба дигарон барои фаҳмидани ҳақиқатҳои наҷотбахши Китоби Муқаддас кӯмак расонда, ҳаёти худро бо воқеаҳои хурсандибахш рангин месозанд (Ваҳй 22:17). Онҳо бо одамон омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронда, барои беҳтар гардондани ҳаёташон ёрӣ медиҳанд. Ҷавонони дигар хушхабарро дар маҳаллҳои хориҷизабон боғайратона мавъиза мекунанд (Заб. 109:3; Иш. 52:7). Барои дар ин кори қаноатбахш бештар саҳм гузоштан шумо чӣ кор карда метавонед?
2. Чӣ тавр намунаи Тимотиюс нишон медиҳад, ки Яҳува тайёр аст ба ҷавонон супоришҳои масъулиятнок бахшад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
2 Ҷавонон, шумо ҳоло метавонед қарорҳое қабул кунед, ки баъдтар дар хизмати Худо бароятон дарҳои навро боз хоҳанд кард. Масалан, аз намунаи Тимотиюс аён аст, ки ӯ қарорҳои хуб қабул карда буд ва ин ба ӯ ёрдам кард, ки дар синни тахминан 20-солагӣ хизмати миссионериро сар кунад (Аъм. 16:1–3). Аз афташ ҳамагӣ баъди чанд моҳи ба хизмати миссионерӣ шурӯъ карданаш, Павлус ба ӯ супориш дод, ки ба ҷамъомади навташкилёфтаи шаҳри Таслӯникӣ рафта, бародаронро, ки зери таъқиботи сахт буданд, рӯҳбаланд кунад. Худи Павлус аз боиси мухолифати шадид он ҷоро маҷбуран тарк карда буд (Аъм. 17:5–15; 1 Тас. 3:1, 2, 6). Оё шумо метавонед тасаввур кунед, ки аз гирифтани он таъинот Тимотиюс чӣ қадар хурсанд буд?
ҚАРОРИ МУҲИМТАРИНИ ШУМО
3. Қарори муҳимтарине, ки шумо дар ҳаёти худ қабул мекунед, кадом аст ва кай шумо бояд онро қабул кунед?
3 Ҷавонӣ айёми қабул кардани қарорҳои муҳим аст. Вале қароре ҳаст, ки назар ба ҳамаи дигар қарорҳо муҳимтар мебошад. Ин қарори ба Яҳува хизмат кардани шумост. Кадом вақт ин қарорро қабул кардан беҳтар аст? Яҳува мегӯяд: «Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор» (Воиз 12:1). Ягона роҳи дурусти «дар хотир нигоҳ» доштани Яҳува ин аз таҳти дил ба Ӯ хизмат кардан аст (Такр. Ш. 10:12). Ин муҳимтарин қарорест, ки шумо дар ҳаёти худ қабул мекунед. Он ба тамоми бақияи умри шумо таъсир хоҳад кард (Заб. 70:5).
4. Кадом қарорҳои муҳим барои дар оянда хизмат кардани шумо таъсир хоҳанд расонд?
4 Албатта, қарори ба Яҳува хизмат кардан ягона қароре нест, ки ба ояндаи шумо таъсир мекунад. Масалан, шумо инчунин бояд оиди он қарор қабул кунед, ки оиладор мешавед ё не, ба кӣ оиладор мешавед ва чӣ тавр худро таъмин хоҳед кард. Инҳо қарорҳои хеле муҳиманд, вале аз рӯи хирад мебуд, ки аввал оиди он фикр кунед, ки оё ба Яҳува ба таври пурра хизмат кардан мехоҳед ё не (Такр. Ш. 30:19, 20). Барои чӣ? Барои он ки ҳамаи ин қарорҳо бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Он қароре, ки шумо дар бораи оиладоршавӣ ва кор қабул мекунед, ба чӣ тавр хизмат кардани шумо таъсир мекунад (Бо Луқо 14:16–20 муқоиса кунед). Ва баръакс, хоҳиши ба Худо хизмат кардан ба қарорҳое, ки шумо оиди издивоҷ ва кор қабул мекунед, таъсир хоҳад кард. Пас, барои худ қарор диҳед, ки дар ҳаёти шумо кадом чизҳо аввалиндараҷа хоҳанд буд (Фил. 1:10).
АЙЁМИ ҶАВОНИИ ХУДРО БА ЧӢ ХОҲЕД БАХШИД?
5, 6. Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр қабул кардани қарорҳои дуруст оқибат ба дигар имкониятҳои хуб роҳ мекушоянд. (Дар ҳамин маҷалла ба мақолаи «Мақсади ман дар кӯдакӣ» нигаред.)
5 Агар ки шумо ба Яҳува хизмат карданро интихоб карда бошед, оиди он фикр кунед, ки Яҳува аз шумо чиро интизор аст ва сипас муайян созед, ки ба Ӯ чӣ тавр хизмат хоҳед кард. Бародаре аз Япония менависад: «Вақте ки 14-сола будам, ман бо як пири ҷамъомад ба хизмат рафтам. Дар вақти хизмат ӯ пай бурд, ки ман аз хизмат кардан хурсандӣ намегирам. Ӯ бо меҳрубонӣ ба ман гуфт: “Ба хона рав, Ючиро. Нишаста нағзакак фикр кун, ки Яҳува барои ту чӣ кор кард ва карда истодааст”. Ман аз рӯи гуфти ӯ амал кардам. Аслашро гӯям, ман давоми чанд рӯз фикр кардам ва дуо гуфтам. Оқибат, рӯҳияи ман дигар шуд. Дере нагузашта, ман дарк кардам, ки аз хизмати Яҳува хурсандӣ мегирам. Ба ман дар бораи миссионерон хондан маъқул буд ва дар ман фикри ба Яҳува пурратар хизмат кардан пайдо шуд».
6 Ючиро суханашро давом дода мегӯяд: «Ман хостам қарорҳое қабул кунам, ки ба туфайли онҳо баъд дар давлати дигар хизмат карда тавонам. Масалан, ман қарор додам, ки дар курси омӯзиши забони англисӣ мехонам. Баъди хатми мактаб ман чун муаллими забони англисӣ кор мекардам ва ин ба ман имкон медод, ки чун пешрав хизмат кунам. Дар 20-солагӣ ман омӯхтани забони муғулиро сар кардам ва имконият доштам, ки ба вохӯриҳои гурӯҳи муғулзабон ташриф орам. Ду сол пас, дар соли 2007 ман ба Муғулистон сафар кардам. Дар он ҷо ман бо баъзе пешравон ба хизмат рафта дидам, ки бисёр одамон ташнаи ҳақиқат мебошанд. Аз ин рӯ, ман хостам ба он ҷо кӯчида, ба кори мавъиза ёрӣ диҳам. Ва ман ба Япония баргаштам, то ки барои ба Муғулистон кӯчидан тайёрӣ бинам. Аз моҳи апрели соли 2008 сар карда ман дар Муғулистон чун пешрав хизмат карда истодаам. Ин ҷо шароити ҳаёт душвор аст. Вале одамон хушхабарро қабул карда истодаанд ва ман метавонам ба онҳо барои ба Яҳува наздик шудан кӯмак расонам. Ман ҳис мекунам, ки қарори қабулкардаам қарори беҳтарин дар ҳаёти ман аст».
7. Оиди кадом чизҳо мо бояд худамон қарор қабул кунем ва Мусо барои мо чӣ намуна гузоштааст?
7 Ҳар як шахс худаш бояд қарор кунад, ки чун Шоҳиди Яҳува ҳаёташро чӣ гуна сарф мекунад (Еҳ. 24:15). Ҷавонон, мо наметавонем ба шумо оиладор шудан ё нашудан, ба кӣ оиладор шудан ё дар куҷо кор карданро амр диҳем. Оё шумо чунин корро интихоб мекунед, ки ёд гирифтанаш вақти зиёдро талаб намекунад? Баъзеи шумо, ҷавонони масеҳӣ, шояд дар маҳалҳои қашшоқ зиндагӣ мекунед, баъзеи дигаратон шояд дар шаҳрҳои ободу тараққикарда. Шумо хислату қобилиятҳои гуногун доред, дараҷаи маълумотнокӣ ва чизҳои бароятон шавқовар ва мақсадҳои рӯҳониатон аз ҳам фарқ мекунанд. Шароити ҳаёти шумо низ эҳтимол аз якдигар фарқ дорад, чӣ тавре ки дар Мисри қадим ҳаёти Мусои ҷавон аз ҳаёти дигар ҷавонони ибрӣ фарқ мекард. Ба Мусо чун ба писари духтари подшоҳ ҳамаи шароит муҳайё буд, вале дигар ҷавонони ибрӣ ғулом буданд (Хур. 1:13, 14; Аъм. 7:21, 22). Мисли шумо, онҳо низ дар айёми муҳими таърихӣ зиндагӣ мекарданд (Хур. 19:4–6). Ҳар яки онҳо бояд қарор менамуданд, ки оё ба Яҳува аз таҳти дил хизмат мекунанд ё не. Мусо интихоби дуруст кард. Ӯ қарор дод, ки иродаи Яҳуваро иҷро мекунад. (Ибриён 11:24–27-ро бихонед.)
8. Барои қабули қарорҳои хуб ба ҷавонон чӣ кӯмак карда метавонад?
8 Яҳува ба шумо ёрӣ медиҳад, ки дар айёми ҷавонӣ қарорҳои оқилона қабул намоед. Маслиҳатҳои худро Ӯ дар шакли принсипҳо медиҳад, ки шумо новобаста аз вазъу шароити худ онҳоро истифода бурда метавонед (Заб. 31:8). Агар чӣ тавр ба кор бурдани ин принсипҳоро надонед, волидонатон ё пирон дар ин кор ба шумо кӯмак карда метавонанд (Мас. 1:8, 9). Биёед се принсипи асосиеро дида бароем, ки ба шумо барои қабули қарорҳои бохирадона ёрӣ медиҳанд.
СЕ ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС, КИ БА ШУМО ЁРӢ МЕДИҲАНД
9. а) Чӣ тавр Яҳува бо додани озодии интихоб ба мо эҳтиром нишон медиҳад? б) «Аввал Малакути Худо»-ро ҷустан чӣ гуна имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед. (Матто 6:19–21, 24–26, 31–34-ро бихонед.) Ҷавонон, Яҳува ба шумо эҳтиром зоҳир намуда, озодии интихоб додааст. Ӯ ба шумо амр намедиҳад, ки чӣ қадар вақтатонро бояд ба хизмати мавъиза сарф кунед. Вале Исо ба мо муҳиммияти дар ҷои аввал гузоштани Салтанатро ёд дод. Вақте ки шумо пеш аз ҳама Салтанати Худоро меҷӯед, ба рӯи шумо дарҳои бисёр кушода мешаванд. Масалан, шумо имкониятҳои зиёд пайдо мекунед, ки ба Яҳува ва одамон муҳаббати худро зоҳир кунед ва миннатдориатонро барои умеди ҳаёти ҷовидона нишон диҳед. Вақте шумо дар бораи оиладоршавӣ ё ба кор даромадан фикр мекунед, мулоҳиза ронед, ки қарорҳоятон чиро нишон медиҳанд: хоҳиши ҳар чӣ бештар ба даст овардани чизҳои моддиро ё ғайрату кӯшиши дар ҷои аввал мондани кори Салтанатро?
10. Сабаби хушбахтии Исо чӣ буд ва кадом қарорҳо ба шумо хушбахтӣ меоранд?
10 Аз хизмат ба дигарон хурсандӣ ёбед. (Аъмол 20:20, 21, 24, 35-ро бихонед.) Исо бо меҳрубонӣ ба мо ин принсипи асосии ҳаётро таълим дод. Ӯ одами хеле хушбахт буд, чунки на иродаи худ, балки иродаи Падарашро ба ҷо меовард. Ҳамчунин Исо аз дидани он ки одамони ҳалим ба хушхабар гӯш медиҳанд, хурсандӣ мегирифт (Луқ. 10:21; Юҳ. 4:34). Эҳтимол, шумо низ ба дигарон хизмат карда, аз ин хурсандӣ ҳис кардаед. Агар қарорҳои муҳими ҳаётатонро дар асоси принсипе, ки Исо таълим дода буд, қабул кунед, ин бешубҳа ба шумо ва инчунин ба Яҳува шодиву хурсандӣ хоҳад овард (Мас. 27:11).
11. Чаро Борух хурсандиашро гум кард ва Яҳува ба ӯ чӣ гуна маслиҳат дод?
11 Ба Яҳува хизмат кардан ба мо хурсандии бузургтаринро мебахшад (Мас. 16:20). Котиби Ирмиё, Борух, аз афташ инро фаромӯш кард. Боре чунин рӯй дод, ки ӯ дигар аз хизмати Яҳува хурсандӣ намегирифт. Яҳува ба ӯ гуфт: «Оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун; зеро инак, Ман бар тамоми башар мусибат хоҳам овард... вале ҷони туро дар ҳар маконе ки биравӣ, барои ту ғанимат хоҳам гузошт» (Ирм. 45:3, 5). Ба фикри шумо, чӣ ба Борух хушбахтӣ оварда метавонист: талаб кардани чизҳои бузург ва нобуд шудан ё чун хизматгори содиқ дар вақти харобшавии Ерусалим зинда мондан? (Яъқ. 1:12).
12. Рамиро чӣ гуна қарор қабул кард, ки он ба ҳаёти ӯ хурсандӣ овард?
12 Як бародар, ки ба дигарон хизмат карда, хушбахтӣ ҳис мекунад, Рамиро мебошад. Ӯ мегӯяд:«Ман дар оилаи одамони камбағал, ки дар як қишлоқи кӯҳҳои Анд мезистанд, таваллуд ёфтаам. Аз ин рӯ, вақте бародари калониам пешниҳод кард, ки барои дар донишгоҳ таҳсил карданам маблағашро медиҳад, ин имконияти калон буд. Вале ман чанде пеш таъмид гирифта будам ва ба ман як пешниҳоди дигаре низ карда шуда буд — пешраве маро таклиф намуд, ки ҳамроҳ ба шаҳраки хурде рафта, мавъиза кунем. Ман ҳамроҳи ӯ ба он шаҳр рафтам, барои таъмин кардани худ сартароширо ёд гирифтам ва дӯконе кушодам. Бисёр одамон дар он шаҳр ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ мешуданд. Баъдтар, ман ба ҷамъомади навташкилёфтае, ки бо забони он маҳал гап мезаданд, ҳамроҳ шудам. Ҳоло даҳ сол мешавад, ки ман дар ин ҷо пурравақт хизмат мекунам. Ба одамон барои бо забони модариашон фаҳмидани Китоби Муқаддас ёрӣ дода, ман чунон хурсандӣ ҳис мекунам, ки ягон касби дигар онро бахшида наметавонад».
13. Чаро айёми ҷавонӣ барои бо тамоми дил ба Яҳува хизмат кардан вақти беҳтарин аст?
13 Дар айёми ҷавонӣ ба Яҳува хизмат кунед. (Воиз 12:1-ро бихонед.) Ҷавонон, фикр накунед, ки пеш аз хизмати пешравиро сар кардан, аввал бояд кори хубе ёбед. Айёми ҷавонӣ барои бо тамоми дил ба Яҳува хизмат кардан вақти беҳтарин аст. Аксари шумо масъулиятҳои зиёди оилавӣ надоред. Шумо саломатӣ ва қуввати зиёд доред, барои ҳамин метавонед супоришҳои душворро ба ӯҳда гиред. Дар ин давраи ҳаётатон шумо барои Яҳува чӣ кор кардан мехостед? Шояд шумо мақсад доред, ки чун пешрав хизмат кунед ё дар маҳалли хориҷизабон мавъиза намоед? Ё эҳтимол, роҳҳои дигареро мебинед, ки дар ҷамъомади худ пурратар хизмат карда метавонед. Кадом мақсаде надошта бошед, ба шумо лозим аст, ки барои таъмин кардани худ дар ягон ҷо кор кунед. Аз худ бипурсед: «Чӣ гуна касбро ман интихоб мекунам ва барои ёд гирифтани он чӣ қадар вақт сарф мешавад?»
БО ИСТИФОДАИ ПРИНСИПҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС ҚАРОРҲОИ ОҚИЛОНА ҚАБУЛ НАМОЕД
14. Ҳангоми ҷустани кор чаро шумо бояд эҳтиёт бошед?
14 Се принсипи Китоби Муқаддас, ки дар боло дида баромадем, ба шумо ёрӣ медиҳанд, ки кори мувофиқро интихоб кунед. Муаллимони мактаб ё ходимони шуғли аҳолӣ эҳтимол медонанд, ки дар маҳалли шумо дар куҷо ҷои кор ҳаст. Маслиҳате, ки чунин шахсон медиҳанд, шояд фоиданок бошад, вале эҳтиёт шавед. Одамоне, ки Яҳуваро дӯст намедоранд, метавонанд ба он бикӯшанд, ки дар дилатон муҳаббати ин ҷаҳонро коранд (1 Юҳ. 2:15–17). Вақте шумо дар бораи он чизе ки ҷаҳон пешкаш менамояд, фикр мекунед, дилатон метавонад шуморо ба осонӣ фиреб диҳад (Масалҳо 14:15-ро бихонед; Ирм. 17:9).
15, 16. Кӣ ба шумо дар мавриди кор маслиҳати бохирадона дода метавонад?
15 Баъди фаҳмидани он ки чӣ гуна ҷойҳои корӣ вуҷуд доранд, шумо ба маслиҳати амалӣ ниёз доред (Мас. 1:5). Кӣ ба шумо кӯмак карда метавонад, то дар асоси принсипҳои Китоби Муқаддас ба кори ёфтаи худ баҳо диҳед? Шахсонеро гӯш кунед, ки Яҳува ва шуморо дӯст медоранд ва вазъиятҳои шуморо хуб медонанд. Онҳо ба шумо барои муайян кардани қобилият ва ниятҳои аслиатон кӯмак мекунанд. Шояд чизе ки онҳо мегӯянд, ба шумо ёрӣ медиҳад, то ки мақсадҳоятонро аз нав дида бароед. Агар волидони шумо Яҳуваро дӯст доранд, онҳо ба шумо кӯмаки калон расонда метавонанд. Ҳамчунин, пирони ҷамъомадатон ба шумо маслиҳати хуб хоҳанд дод. Аз пешравон ва нозирони сайёр метавонед пурсед, ки чаро онҳо хизмати пурравақтро интихоб намуданд. Чӣ тавр онҳо хизмати пешравиро сар карданд ва худро чӣ тавр таъмин менамуданд? Аз хизмати худ онҳо чӣ гуна қаноатмандӣ мегиранд? (Мас. 15:22).
16 Онҳое, ки шуморо дар ҳақиқат нағз медонанд, ба шумо маслиҳати хуб дода метавонанд. Барои мисол, фарз мекунем, ки шумо мехоҳед аз синфҳои болоӣ баромада, чун пешрав хизмат кунед, зеро супоришҳои душворе, ки дар мактаб дода мешаванд, ба шумо маъқул нестанд. Шахсе ки шуморо дӯст медорад, метавонад ниятҳои аслии шуморо пай барад ва кӯмак кунад, то фаҳмед, ки таҳсил дар мактаб барои тобовар будан ва аз душвориҳо нагурехтан ёрӣ медиҳад. Агар шумо ба Яҳува ҷовидонӣ хизмат кардан хоҳед, доштани ин хислат муҳим аст (Заб. 140:5; Мас. 6:6–10).
17. Аз қабул кардани чӣ гуна қарорҳо мо бояд эҳтиёт бошем?
17 Ҳар як шахсе, ки ба Яҳува хизмат мекунад, бо вазъиятҳои хатарноке дучор хоҳад шуд, ки метавонанд имони ӯро суст карда, аз Яҳува дур созанд (1 Қӯр. 15:33; Қӯл. 2:8). Вале баъзе намудҳои кор барои имони шумо бахусус хатарнок буда метавонанд. Шояд шумо пай бурда бошед, ки баъзе касон баъди интихоб кардани ягон намуди коре «киштии имонашон ғарқ шуд» (1 Тим. 1:19). Аз интихоби ҳар намуди кор, ки муносибати байни шумову Яҳуваро зери хатар мегузоранд, канорагирӣ карда, шумо бешубҳа аз рӯи хирад рафтор хоҳед кард (Мас. 22:3).
ДАР АЙЁМИ ҶАВОНӢ БА ЯҲУВА ХИЗМАТ КУНЕД
18, 19. Агар шумо ҳоло бештар хизмат кардан нахоҳед, чӣ кор карда метавонед?
18 Агар шумо дар дилатон хоҳиши самимии ба Яҳува хизмат карданро парваред, аз имкониятҳое, ки Ӯ дар айёми ҷавонӣ ба шумо пешкаш мекунад, истифода баред. Қарорҳое қабул кунед, ки барои дар ин замони муҳим хурсандона ба Худо хизмат кардан имконият медиҳанд (Заб. 148:12, 13).
19 Аз тарафи дигар, шумо чӣ кор карда метавонед, агар барои бештар хизмат кардан ҳоло майлу хоҳиш надоред? Кӯшишатонро суст накарда, қавӣ гардондани имони худро давом диҳед. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад» (Фил. 2:13). Ҷавонон, дар хотир доред, ки Яҳува шуморо дӯст медорад ва маслиҳатҳое, ки Ӯ медиҳад, беҳтаринанд. Ӯ назар ба ҳар каси дилхоҳ метавонад ба таври аз ҳама хуб ба шумо кӯмак кунад, ки дар айёми ҷавонии худ қарорҳои бохирадона қабул намоед.