Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Салтанати Ту биёяд» Аммо кай?

«Салтанати Ту биёяд» Аммо кай?

«Чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст» (МАТ. 24:33).

1, 2. а) Аз кадом сабаб шахс метавонад ба маъное нобино гардад? б) Ба иҷро гаштани кадом суханҳо мо дилпур буда метавонем?

ШОЯД шумо пай бурдаед, ки шоҳидони ягон воқеа бисёр вақт онро ба таври гуногун нақл мекунанд. Чаро? Зеро касе ба як чиз аҳамият медиҳад, каси дигар бошад ба чизи дигар. Ё вақте ки духтур бемории дарёфтшудаи шахсро ба ӯ хабар медиҳад ва сипас чӣ кор карданро мефаҳмонад, бемор шояд ҳамаи гуфтаҳои духтурро дар хотир нигоҳ дошта натавонад. Ё касе шояд калид ё айнаки худро ёфта наметавонад, ҳарчанд он чиз дар наздаш аст. Чаро чунин парешонхотирӣ рӯй медиҳад? Тадқиқотчиён мегӯянд, ки дар чунин мавридҳо шахс ба як намуди нобиноӣ гирифтор мегардад, яъне чизеро пай намебарад ё онро фаромӯш мекунад, зеро фикраш бо чизи дигар банд аст. Дар асл, майнаи сари мо дар як вақт диққати пурраи худро танҳо ба як чиз равона карда метавонад, на ба чизҳои бисёр.

2 Имрӯзҳо дар бисёр одамон чунин намуди «нобиноӣ» дида мешавад, зеро онҳо гӯё намебинанд, ки дар ҷаҳон чӣ рӯй дода истодааст. Онҳо шояд розӣ шаванд, ки вазъияти ҷаҳон аз соли 1914 сар карда хеле тағйир ёфт, лекин онҳо маънои ҳақиқии ин рӯйдодҳоро дарк намекунанд. Чун омӯзандагони Китоби Муқаддас, мо мефаҳмем, ки Салтанати Худо соли 1914 ба он маъно омад, ки Исо дар осмон подшоҳ гашт. Лекин мо медонем, ки омадани Салтанати Худо чизи бештареро дар бар мегирад, зеро Исо гуфт: «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Мат. 6: 10). Фаҳмост, ки иҷрошавии ин суханҳо ба охир расидани тартиботи шариронаи имрӯзаро дар бар мегиранд. Танҳо дар он вақт иродаи Худо, чуноне ки ҳоло дар осмон иҷро шуда истодааст, дар замин ҳам амалӣ мегардад.

3. Ба туфайли омӯзиши Каломи Худо мо чиро мефаҳмем?

3 Азбаски мо мунтазам Каломи Худоро меомӯзем, мо дида метавонем, ки пешгӯиҳои Китоби Муқаддас ҳоло иҷро шуда истодаанд. Мутаассифона, аксарияти одамон инро намебинанд! Онҳо пурра бо корубори зиндагӣ ва иҷрои мақсадҳои худ банд мебошанд ва ба далели равшани он ки Масеҳ аз соли 1914 ҳукмронӣ карда истодаасту ба қарибӣ ин ҷаҳони шарирро нест мекунад, аҳамият намедиҳанд. Аммо ба ин саволи шахсӣ таваҷҷӯҳ кунед: Агар шумо ба Худо аллакай тӯли даҳсолаҳо хизмат карда истода бошед, оё то ҳол мисли солҳои пеш дарк мекунед, ки мо дар кадом замон зиндагӣ дорем ва ба он мисли пештара аҳамияти ҷиддӣ медиҳед? Ҳатто агар шумо ба қарибӣ хизматгори Яҳува гашта бошед, диққататон бештар ба чӣ равона карда шудааст? Шояд ҷавоби ҳар яки мо гуногун бошад. Лекин се далел моро дилпурӣ мебахшад, ки ба қарибӣ Исо чораҳои лозимӣ меандешад, то иродаи Худо дар замин пурра иҷро гардад. Биёед ҳоло ин се далелро дида бароем.

АСПСАВОРОН БЕРУН МЕОЯНД

4, 5. а) Аз соли 1914 сар карда Исо чӣ кор карда истодааст? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Берун омадани се аспсавор рамзи чист ва чӣ тавр ин ба вазъияти ҷаҳон таъсир карда истодааст?

4 Соли 1914 Исои Масеҳ, ки дар китоби Ваҳй чун савораи аспи сафед тасвир карда шудааст, тоҷи Салтанатро қабул кард, яъне ӯ подшоҳи Салтанати Худо гашт. Ӯ дарҳол ба он шурӯъ намуд, ки бар тартиботи шариронаи Шайтон ғалабаи пурра ба даст орад. (Ваҳй 6:1, 2-ро бихонед.) Пешгӯиҳои боби 6-уми китоби Ваҳй, ки бо рамзҳо тасвир карда шудаанд, нишон медиҳанд, ки пас аз барпо гаштани Салтанати Худо вазъияти рӯи замин босуръат бад шудан мегирад, аз он ҷумла ҷангҳо, норасоии хӯрокворӣ, вабоҳо ва дигар офатҳои марговар назар ба солҳои пештара хеле авҷ мегиранд. Дар он пешгӯӣ ин офатҳо бо се аспсаворе, ки аз қафои Исои Масеҳ медаванд, тасвир шудаанд (Ваҳй 6:3–8).

5 Чуноне ки пешгӯӣ шуда буд, осоиштагӣ аз замин гирифта шудааст ва ин нигоҳ накарда ба он ки давлатҳои бисёр ваъда дода буданд, ки бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд ва амниятро нигоҳ медоранд. Ҷанги якуми ҷаҳониро чун оғози ҷангҳои бузургу харобкунанда донистан мумкин аст ва ин аз рӯйдодҳои минбаъдаи ҷаҳон аён гашт. Ҳамчунин нигоҳ накарда ба он ки аз соли 1914 одамон дар соҳаи иқтисодиёт ва илм ба комёбиҳои бисёр ноил гаштанд, то ҳол норасоии хӯрокворӣ дида мешавад ва он ба бехатарии ҷаҳон таҳдид мекунад. Ғайр аз ин, кӣ метавонад рад кунад, ки ҳар сол аз сабаби бемориҳои гуногун, офатҳои табиӣ ва дигар мусибатҳо миллионҳо одамон аз ҳаёт маҳрум мегарданд? Чунин рӯйдодҳо назар ба гузашта зуд-зуд рух дода, зарари бештар меоранд ва назар ба таърихи гузаштаи инсоният нафарони зиёдтарро нобуд мекунанд. Оё шумо дарк мекунед, ки ин чӣ маъно дорад?

Ҳар қадаре ки аспсаворон тохтан гиранд, ҳамон қадар бештар вазъияти ҷаҳон бад мешавад (Ба расми сархатҳои 4 ва 5 нигаред)

6. Киҳо ба иҷрошавии пешгӯии Китоби Муқаддас диққат медоданд ва онҳо пас аз иҷро гаштани он чӣ кор карданд?

6 Соли 1914 Ҷанги якуми ҷаҳонӣ сар шуд ва бемории зукоми испанӣ паҳн мегашт. Ҳуши бисёри одамон ба худи ин рӯйдодҳо равона шуда буд, на ба маънои аслии онҳо. Аммо масеҳиёни тадҳиншуда омадани соли 1914-ро чун вақти ба охир расидани замони муайяншудаи халқҳо ё «даврони ғайрияҳудиён» сахт интизор буданд (Луқ. 21:24). Он тадҳиншудагон аниқ намедонистанд, ки ин чӣ тавр иҷро мешавад, лекин онҳо медонистанд, ки соли 1914 воқеаи хеле муҳиме, ки бо ҳукмронии Худо алоқаманд аст, рӯй медиҳад. Вақте онҳо дарк карданд, ки пешгӯии Китоби Муқаддас иҷро шуда истодааст, онҳо далерона ба дигарон оиди он ки ҳукмронии Худо сар шуд, эълон мекарданд. Бисёри онҳое, ки паёми Салтанатро ба дигарон мерасонданд, бо таъқиботи сахт рӯ ба рӯ гаштанд. Ин таъқиботҳо, ки дар мамлакатҳои бисёр ба миён омаданд, ҳамчунин қисми пешгӯиҳо буданд. Дар давоми даҳсолаҳои минбаъда душманони Салтанати Худо аз «номи қонун ноинсофиро ба вуҷуд» меоварданд. Онҳо ҳамчунин ба халқи Худо зӯроварӣ мекарданд, онҳоро ба ҳабс мегирифтанд ва ҳатто ҳукми қатлро истифода бурда, бародаронро ба дор мекашиданд, мепарронданд ё онҳоро сар мебуриданд (Заб. 93:20; Ваҳй 12:15).

7. Чаро аксарияти одамон маънои аслии рӯйдодҳои ҷаҳониро дарк намекунанд?

7 Далелҳои зиёд нишон медиҳанд, ки Салтанати Худо аллакай дар осмон барпо гаштааст. Пас, чаро аксарияти одамон инро дарк намекунанд? Чаро онҳо намебинанд, ки бо рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза пешгӯиҳои Китоби Муқаддас аниқ иҷро шуда истодаанд, ҳарчанд халқи Худо инро дар давоми солҳои бисёр эълон мекунад? Шояд сабаб дар он аст, ки аксарияти одамон танҳо он чизеро, ки бо чашм дидан мумкин аст, мебинанду халос (2 Қӯр. 5:7). Ё аз сабаби бо корҳои шахсӣ овора буданашон, онҳо нобино гашта, корҳои ба амал овардаистодаи Худоро намебинанд (Мат. 24:37–39). Ё мумкин баъзе аз ин одамон диққати худро бештар ба ақида ва мақсадҳои ҷаҳони Шайтон равона кардаанд (2 Қӯр. 4:4). Дар асл, барои дарк кардани он ки Салтанати Худо чӣ кор карда истодааст, имон ва фаҳмиши рӯҳонӣ лозим аст. Мо хеле хурсандем, ки дар асл чӣ рӯй дода истоданашро мефаҳмем ва «нобино» нестем!

ШАРОРАТ ТОРАФТ ЗИЁД ШУДА ИСТОДААСТ

8–10. а) Чӣ тавр пешгӯӣ аз 2 Тимотиюс 3:1–5 иҷро шуда истодааст? б) Чаро мо гуфта метавонем, ки шарорат торафт афзуда истодааст?

8 Далели дуюме, ки моро ба наздик омадани Салтанати Худо боварӣ мебахшад, ин аст: шарорат дар ҷомеаи инсонӣ нисбат ба пештара боз ҳам зиёдтар гашта истодааст. Пешгӯӣ аз 2 Тимотиюс 3:1–5 қариб як аср боз иҷро мешавад. Ахлоқи бади дар ин оятҳо тасвиршуда тамоми гӯшаю канори ҷаҳонро фаро гирифта истодааст. Оё шумо ҳам инро мебинед? Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем. (2 Тимотиюс 3:1, 13-ро бихонед.)

9 Оиди он фикр кунед, ки солҳои 1940–1950 кадом рафтор дар назари одамон нораво ҳисобида мешуду имрӯз мо дар ҷои кор, дар соҳаи вақтхушӣ, варзиш ва дар тарзи либоспӯшии одамон чиро мебинем. Зӯроварии бераҳмона ва бадахлоқӣ имрӯз хеле васеъ паҳн гаштааст. Одамон ба он мекӯшанд, ки бо зӯроварӣ, бадахлоқӣ ва рафтори бераҳмонаашон дигаронро ба ваҷд оранд ва ба ҳайрат гузоранд. Барномаҳои телевизионие, ки одамон дар солҳои 1950-ум нораво меҳисобиданд, имрӯзҳо чун вақтхушӣ барои оила дониста мешаванд. Бисёриҳо пай мебаранд, ки ҳомосексуалистҳо ба соҳаи вақтхушӣ ва тарзи либоспӯшии одамон таъсири калон мерасонанд ва дар назди мардум тарзи ҳаёташонро ошкоро тарафдорӣ мекунанд. Чӣ қадар мо миннатдорем, ки нуқтаи назари Худоро оиди чунин корҳо медонем! (Яҳудо 14, 15-ро бихонед.)

10 Ҳамчунин рафтори исёнкоронаи ҷавонони солҳои 1950-умро бо рафтори ҷавонони имрӯза муқоиса кунед. Масалан, солҳои 1950-ум волидон оиди он хавотир мешуданд, ки оё фарзандонашон тамоку мекашанд, аз машруботи спиртӣ истеъмол мекунанд ва ё бо тарзи нораво мерақсанд ё не. Имрӯз бошад, бисёр вақт мо хабарҳои даҳшатоварро мешунавем. Масалан, талабаи 15-сола дар мактаб ба ҳамсинфони худ тир холӣ кард ва дар натиҷа 2 нафар кушта ва 13 нафар маҷрӯҳ гаштанд. Гурӯҳи ҷавонони бадмаст ваҳшиёна духтарчаи 9-соларо куштанд, падар ва як хеши ӯро заданд. Мувофиқи ахбори расонаи иттилоотӣ дар яке аз мамлакатҳои Осиё тӯли даҳ соли охир дар содир намудани панҷоҳ фоизи амалҳои ҷинояткорона маҳз ҷавонон айбдор дониста шудаанд. Магар ягон кас рад карда метавонад, ки вазъият аз пештара дида бадтар шуда истодааст?

11. Чаро одамон дарк намекунанд, ки вазъият боз ҳам бадтар шуда истодааст?

11 Петруси ҳавворӣ аниқ қайд намуд: «Дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда, хоҳанд гуфт: “Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст”» (2 Пет. 3:3, 4). Сабаби чунин муносибати онҳо чӣ мебошад? Ба назар чунин метобад, ки мо ба он чизе, ки тез-тез мебинем, кам аҳамият медиҳем. Агар шиноси наздикамон рафторашро якбора тағйир диҳад, ин метавонад моро ба ҳайрат орад. Вале агар ахлоқу рӯҳияи одамон дар муддати дароз оҳиста-оҳиста дигар шавад, мо шояд онро пай набарем. Ба ҳар ҳол, ин ҳолати торафт пастшудаистодаи ахлоқу одоб хатарнок аст.

12, 13. а) Чаро мо набояд аз вазъияти бадшудаистодаи ҷаҳон сахт рӯҳафтода шавем? б) Дарк намудани чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки «замонҳои сахт»-ро паси сар кунем?

12 Павлуси ҳавворӣ моро огоҳ карда буд, ки «дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид» (2 Тим. 3:1). Аммо ӯ нагуфт, ки онро паси сар кардан номумкин аст, бинобар ин мо набояд сахт рӯҳафтода шавем. Бо кӯмаки Яҳува, рӯҳи Ӯ ва ҷамъомади масеҳӣ мо ҳар ноумедӣ ё изтироберо, ки бо он рӯ ба рӯ мешавем, бо муваффақият паси сар карда, садоқатамонро нигоҳ дошта метавонем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо ба мо қувваи барзиёд медиҳад (2 Қӯр. 4:7–10).

13 Павлус пешгӯӣ оиди айёми охирро бо суханони «инро бидон» оғоз намуд. Ин суханон боварӣ мебахшиданд, ки он пешгӯӣ ҳатман иҷро мегардад. Мо медонем, ки то он рӯзе, ки Яҳува ҷамъияти аз Худо бегонаро нест накунад, вазъият боз ҳам бадтар шудан мегирад. Таърихчиён оиди ҷомеаҳо ё халқҳое маълумот медиҳанд, ки аз сабаби торафт зиёд гаштани бадахлоқиашон барҳам хӯрдаанд. Лекин дар муқоиса бо замони имрӯза ахлоқи одамон ҳеҷ гоҳ дар кулли худ то ин дараҷа вайрон нашуда буд. Одамони бисёр шояд ба маънои ин беэътиноӣ мекунанд, лекин воқеаҳое, ки аз соли 1914 дар ҷаҳон рӯй дода истодаанд, бояд моро боварӣ бахшанд, ки ба қарибӣ Салтанати Худо тамоми шароратро бартараф мекунад.

«ИН НАСЛ ҲАНӮЗ АЗ ОЛАМ НАГУЗАШТА, ҲАМАИ ИН ЧИЗҲО ВОҚЕЪ ХОҲАД ШУД»

14–16. Далели сеюми он ки Салтанати Худо ба қарибӣ меояд, кадом аст?

14 Таърихи халқи Худо далели сеюм аст, ки ба наздик будани охири тартиботи шарирона моро боварӣ мебахшад. Масалан, то вақти барпо намудани Салтанати Худо дар осмон, гурӯҳи тадҳиншудагони содиқ фаъолона ба Худо хизмат мекарданд. Вақте ки баъзе умедҳое, ки онҳо нисбати соли 1914 доштанд, иҷро нашуд, онҳо чӣ кор карданд? Аксарияти он масеҳиён зери озмоиш ва таъқибот садоқати худро нигоҳ доштанд ва ба Яҳува хизмат карданро давом доданд. Пас аз гузашти солҳо, аксарият ё гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи он тадҳиншудагон хизмати заминиашонро содиқона ба анҷом расонданд.

15 Дар пешгӯии худ оиди анҷоми ин тартиботи шарирона Исо гуфта буд: «Ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд». (Матто 24:33–35-ро бихонед.) Мо мефаҳмем, ки «ин насл», ки Исо дар борааш гуфт, ду гурӯҳи масеҳиёни тадҳиншударо дар бар мегирад. Гурӯҳи якум соли 1914 аллакай вуҷуд дошт ва онҳо мефаҳмиданд, ки Масеҳ дар ин сол чун подшоҳ ҳукмрониашро оғоз кардааст. Онҳое, ки ин гурӯҳро ташкил медоданд, дар соли 1914 на танҳо зинда буданд, балки ҳамчунин дар ин сол ё пеш аз он бо рӯҳулқудс тадҳин шуда буданд (Рум. 8:14–17).

16 Гурӯҳи дуюми «ин насл»-ро он тадҳиншудагоне ташкил медиҳанд, ки дар вақти барҳаёт будани аъзоёни гурӯҳи якум на танҳо зиндагӣ мекарданд, балки инчунин бо рӯҳулқудс тадҳин гашта буданд. Аз ин бармеояд, ки имрӯз на ҳар як масеҳии тадҳиншуда ба «ин насл»-и гуфтаи Исо дохил мешавад. Имрӯз онҳое, ки дар гурӯҳи дуюманд, пир шуда истодаанд. Аммо суханони Исо, ки дар Матто 24:34 оварда шудааст, моро боварӣ мебахшад, ки ақаллан баъзе аз «ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта», мусибати бузург оғоз хоҳад шуд. Ин далел бояд боварии моро қавитар созад, ки он рӯзе, ки Подшоҳи Салтанати Худо шариронро нобуд месозад ва моро ба дунёи нави боадолат роҳнамоӣ мекунад, хеле наздик аст (2 Пет. 3:13).

МАСЕҲ БА ҚАРИБӢ ҒАЛАБАИ ПУРРА БА ДАСТ МЕОРАД

17. Аз дида баромадани се далели асоснок мо ба чӣ хулоса меоем?

17 Аз дида баромадани се далели дар боло овардашуда, мо ба чӣ хулоса омада метавонем? Исо моро огоҳ кард, ки рӯз ё соати аниқи анҷоми ин тартибот ба мо маълум нахоҳад буд ва он дар ҳақиқат ба мо маълум нест (Мат. 24:36; 25:13). Вале мо фаҳмида метавонем ва дар асл мо медонем, ки дар кадом «вақт» зиндагӣ дорем. (Румиён 13:11-ро бихонед.) Бале, мо медонем, ки дар охирзамон зиндагӣ мекунем. Агар мо диққатамонро пурра ба пешгӯиҳои Китоби Муқаддас ва ба он корҳое, ки Яҳува Худо ва Исои Масеҳ карда истодаанд, равона созем, мо хоҳем дид, ки дар ҳақиқат анҷоми ин ҷаҳони шарир наздик аст.

18. Онҳоеро, ки Салтанати Худоро эътироф кардан намехоҳанд, чӣ интизор аст?

18 Онҳое ки ҳокимияти Исои Масеҳ — Савораи аспи сафедро қабул кардан намехоҳанд, дар ояндаи наздик ноилоҷ иқрор хоҳанд шуд, ки хато кардаанд. Онҳо роҳи раҳоиро нахоҳанд ёфт. Дар он вақт бисёриҳо аз ваҳм фарёд хоҳанд зад: «Кист, ки битавонад истодагӣ намояд?» (Ваҳй 6:15–17). Лекин дар боби 7-уми китоби Ваҳй ҷавоб оварда шудааст. Дар он рӯз тадҳиншудагон ва касоне, ки умеди заминӣ доранд, дар ҳақиқат «истодагӣ» хоҳанд кард, зеро илтифоти Худо бо онҳост. Сипас «анбӯҳи бузурги» гӯсфандони дигар аз азоби азим наҷот ёфта, ба дунёи нави Худо дохил хоҳанд шуд (Ваҳй 7:9, 13–15).

19. Ба наздик будани анҷоми ин тартибот боварии пурра дошта, шумо чиро сахт интизоред?

19 Агар мо минбаъд низ диққатамонро ба пешгӯиҳои Китоби Муқаддас, ки ҳоло иҷро шуда истодаанд, равона созем, мо намегузорем, ки ҷаҳони Шайтон фикрҳоямонро парешон созад. Мо ҳамчунин ба маънои аслии рӯйдодҳои ҷаҳонӣ сарфаҳм меравем ва «нобино» намегардем. Масеҳ ба қарибӣ ғалабаи пурра ба даст меорад ва ин ҷаҳони шарирро аз рӯи адолат дар ҷанги Ҳармиҷидӯн нобуд мекунад (Ваҳй 19:11, 19–21). Танҳо тасаввур кунед, ки пас аз ин чӣ ҳаёти хушбахтонае насиби мо хоҳад гашт! (Ваҳй 20:1–3, 6; 21:3, 4).