Пеш аз он ки «айёми бадӣ» биёяд, ба Яҳува хизмат кунед
«Офаринандаи худро... дар хотир нигоҳ дор» (ВОИЗ 12:1).
1, 2. а) Зери илҳоми илоҳӣ Сулаймон ба ҷавонон чӣ маслиҳат дод? б) Чаро ин маслиҳати Сулаймон барои масеҳиёни синнашон ба 50 расида ва калонтар низ аҳамият дорад?
ХУДО шоҳ Сулаймонро илҳом бахшид, ки ба ҷавонон бо суханони зерин муроҷиат кунад: «Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор, пеш аз он ки айёми бадӣ биёяд». Ин ҷо «айёми бадӣ» гуфта Сулаймон чиро дар назар дошт? Ӯ бо забони шоирона айёми душвори пириро тасвир мекунад, ки дар он дастони одам ларзон, пойҳояш ноустувор мегарданд, дандонҳояш мерезанд, чашмонаш хира ва гӯшҳояш вазнин мегарданд, мӯйҳо сафед мешаванд ва қоматаш мехамад. Албатта ҳеҷ кадоми мо набояд барои сар кардани хизмати Яҳува омадани давраи пириро интизор шавем. (Воиз 12:1–5-ро бихонед.)
2 Бисёр масеҳиёне, ки синнашон аз 50 боло аст, худро дар ин синну сол низ бардаму бақувват ҳис мекунанд. Эҳтимол дар сари онҳо мӯйҳои сафед пайдо шудааст, лекин саломатиашон шояд ҳоло то ба он дараҷае, ки Сулаймон тасвир карда буд, заиф нагаштааст. Оё ин масеҳиёни ботаҷриба аз суханони ба ҷавонон
гуфтаи Сулаймон — «Офаринандаи худро... дар хотир нигоҳ дор», манфиат гирифта метавонанд? Ин маслиҳат чӣ маъно дорад?3. Дар хотир нигоҳ доштани Офаринандаи худ чӣ маъно дорад?
3 Дар хотир нигоҳ доштани Офаринандаи худ маънои онро дорад, ки мо ҳатто агар солҳои зиёд ба Яҳува хизмат карда истода бошем ҳам, хуб мебуд, вақт аз вақт истода, оиди бузургии Офаридгорамон мулоҳиза ронем. Магар олами зинда моро ба ваҷд намеорад? Мураккабии сохти офаридаҳо аз доираи фаҳмиши мо берунанд. Чизҳои хубу зебое, ки Яҳува барои аз ҳаёт лаззат гирифтани мо офаридааст, сону шумор надоранд. Мулоҳиза оиди офаридаҳои Яҳува дилҳои моро аз нав барои муҳаббат, хирад ва қуввати Ӯ лабрези миннатдорӣ мегардонад (Заб. 142:5). Вале дар хотир нигоҳ доштани Офаридгорамон боз маънои онро дорад, ки мо талаботҳои Ӯро дар ёдамон нигоҳ дорем. Мулоҳиза оиди ҳамаи ин чизҳо моро бармеангезад, ки то дами дар ҳаёт будан дар хизмати Яҳува ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем ва ҳамин тавр ба Ӯ миннатдориамонро нишон диҳем (Воиз 12:13).
ПАЙДО ШУДАНИ ИМКОНИЯТҲОИ НАВ
4. Масеҳиёне, ки таҷрибаи бисёрсола доранд, ба худ чӣ гуна савол дода метавонанд ва чаро?
4 Агар шумо масеҳии баркамоледу таҷрибаи бисёрсола доред, аз худ бипурсед: «Ҳоло, ки ман қуввату саломатӣ дорам, ҳаёти худро чӣ гуна истифода хоҳам бурд?» Чун масеҳии ботаҷриба шумо соҳиби имкониятҳое ҳастед, ки дигарон надоранд. Масалан, шумо метавонед он чизҳоеро, ки аз Яҳува таълим гирифтаед, ба ҷавонон бидиҳед. Воқеаҳои рӯҳбаландкунандаеро, ки дар давоми хизмататон рӯй дода буданд, ба дигарон нақл карда, онҳоро қувват бахшида метавонед. Шоҳ Довуд дар бораи доштани чунин имконият ба Худо дуо мегуфт. Ӯ навишт: «Худоё! Ту маро аз хурдсолиам таълим додаӣ... Маро, эй Худо, то вақти пирӣ ва мӯйсафедӣ низ тарк накун, то даме ки бозуи Туро ба ин насл, ва қудрати Туро ба ҳамаи ояндагон ҳикоят кунам» (Заб. 70:17, 18).
5. Чӣ тавр масеҳиёни солхӯрда хираду таҷрибаи худро ба дигарон дода метавонанд?
5 Чӣ тавр шумо ба дигарон имконият дода метавонед, то аз хираде, ки тӯли солҳо ба даст овардаед, баҳра баранд? Масалан, агар имкониятатон бошад, бародарону хоҳарони ҷавонро барои муоширати рӯҳбаландкунанда ба хонаатон таклиф кунед. Ё шумо метавонед бо онҳо якҷоя ба хизмат рафтанро ба нақша гиред. Ба онҳо нишон диҳед, ки хизмати Яҳува ба шумо чӣ қадар хурсандӣ меорад. Элиҳу, ки дар замони қадим зиста буд, гуфт: «Бигзор синни зиёд сухан ронад, ва фаровонии солҳо ҳикмат омӯзад» (Айюб 32:7). Павлуси ҳавворӣ занони баркамоли масеҳиро ташвиқ мекард, ки бо гуфтор ва рафтори худ дигаронро рӯҳбаланд кунанд. Вай навишт: «Пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад... некиро таълим диҳанд» (Тит. 2:3).
БАРОИ КӮМАК БА ДИГАРОН ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?
6. Чаро мо масеҳиёнеро, ки таҷрибаи бисёрсола доранд, қадр мекунем?
6 Агар шумо масеҳии ботаҷриба бошед, шумо ба дигарон хеле кӯмак карда метавонед. Масалан, оиди он фикр кунед, ки чизе ки ҳозир шумо мефаҳмед, 30 ё 40 сол пеш намедонистед. Шумо дар вазъиятҳои гуногун чӣ тавр истифода бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро медонед. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки шумо бо ҳақиқати Китоби Муқаддас ба дили дигарон таъсир расонда метавонед. Агар пири ҷамъомад бошед, шумо медонед, ки ба бародароне, ки «гирифтори хатое» шудаанд, чӣ гуна кӯмак расонед (Ғал. 6:1). Эҳтимол шумо дар назорат кардани корҳои ҷамъомад, шӯъбаҳои анҷуман, сохтмони Толори Салтанат таҷриба пайдо кардаед. Шояд шумо медонед, ки чӣ тавр духтуронро ба истифодаи усулҳои табобати бехун ташвиқ кардан мумкин аст. Ҳатто агар ба наздикӣ ба ҳақиқат омада бошед ҳам, шумо таҷрибаи бои ҳаётӣ доред. Масалан, агар фарзанд калон карда бошед, шумо дорои маҳорати фоиданоке ҳастед. Масеҳиёни солхӯрда қобилияти таълимдиҳӣ доранд ва бародарону хоҳаронро ҳидоят ва рӯҳбаланд мекунанд, аз ин рӯ онҳо дар байни халқи Яҳува қадру қиммати хеле баланд доранд. (Айюб 12:12-ро бихонед.)
7. Масеҳиёни солхӯрда ба ҷавонон кадом чизҳои фоиданокро таълим дода метавонанд?
7 Боз бо кадом роҳҳо шумо қобилиятҳои худро барои кӯмак ба дигарон истифода бурда метавонистед? Мумкин шумо метавонед ба ҷавонон чӣ тавр сар кардан ва гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддасро ёд диҳед. Агар шумо хоҳар бошед, шояд ба модарони ҷавон маслиҳат дода метавонед, ки чӣ тавр дар баробари ғамхориву нигоҳубини кӯдаки хурдсолашон аз корҳои рӯҳонӣ дур нашаванд. Агар шумо бародаред, оё метавонед ба бародарони ҷавон бо шавқу завқ нутқ гуфтан ва самараноктар мавъиза карданро таълим диҳед? Оё ба онҳо нишон дода метавонед, ки ҳангоми ба хабаргирӣ рафтани бародарону хоҳарони пиронсол чӣ тавр онҳоро рӯҳбаланд мекунед? Ҳатто агар шумо мисли солҳои пеш қуввати ҷисмонӣ надошта бошед ҳам, шумо барои таълим додани ҷавонон имкониятҳои беҳамто доред. Каломи Худо мегӯяд: «Ҷалолати ҷавонон қуввати онҳост, ва шавқати пирон — мӯи сафедашон» (Мас. 20:29).
ХИЗМАТ ДАР ҶОЕ, КИ НИЁЗИ БЕШТАР ВУҶУД ДОРАД
8. Дар айёми пирии худ Павлус чӣ кор кард?
8 Павлуси ҳавворӣ ҳатто дар синни пиронсолиаш дар хизмати Худо хеле фаъол буд. Тахминан соли 61-уми эраи мо ӯ аз маҳбаси Рум озод шуд. То он вақт ӯ аллакай солҳои зиёд чун миссионер хизмат карда, бисёр душвориҳоро аз сар гузаронида буд ва акнун метавонист ба ҳеҷ ҷо сафар накарда, дар Рум мавъиза кунад ва ҳаёти осонтар ба сар барад (2 Қӯр. 11:23–27). Бародарони румӣ бешубҳа аз истодани Павлус ва кӯмаки минбаъдаи ӯ хеле хурсанд мешуданд. Вале Павлус дид, ки дар дигар мамлакатҳо ниёзи бештар вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, вай бо Тимотиюс ва Титус фаъолияти миссионерии худро давом дод. Онҳо ба шаҳри Эфсӯс, сипас ба Крит ва аз афташ ба Мақдуния низ сафар карданд (1 Тим. 1:3; Тит. 1:5). Мо аниқ намедонем, ки ӯ ба Испания рафт ё не, лекин ӯ чунин нақша дошт (Рум. 15:24, 28).
9. Кай Петрус ба ҷое, ки ниёзи калонтар буд, сафар кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
9 Петруси ҳавворӣ вақте ба ҷое, ки ниёзи калонтар буд, сафар кард, эҳтимол синнаш аз 50 гузашта буд. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Агар ӯ ҳамсинну соли Исо ё шояд каме аз ӯ калон бошад, пас вақте ки соли 49-уми эраи мо ӯ дар Ерусалим бо дигар ҳаввориён вохӯрд, тахминан 50-сола буд (Аъм. 15:7). Чанде пас аз он вохӯрӣ Петрус ба Бобил рафт ва бешубҳа мақсад дошт, ки ба яҳудиёни бисёре, ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, мавъиза кунад (Ғал. 2:9). Соли 62-юми эраи мо, вақте ки ӯ зери илҳоми илоҳӣ номаи якуми худро навишт, вай дар Бобил зиндагӣ мекард (1 Пет. 5:13). Ба шаҳри дигар рафта, ҷойгир шудан душвор буда метавонад, вале синну соли Петрус ба ӯ монеа нашуд, ки ӯро аз хурсандие, ки хизмати фидокорона меорад, маҳрум созад.
10, 11. Мисол оред, ки чӣ тавр баъзе касони солхӯрда ба маҳалле, ки ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад, сафар мекунанд.
10 Имрӯзҳо, бисёри масеҳиёни синну солашон ба 50 расида ва болотар дарк мекунанд, ки вазъияташон аз пештара тағйир ёфтааст ва онҳо бо роҳҳои нав ба Яҳува хизмат карда метавонанд. Баъзеҳо ба маҳалле мекӯчанд, ки дар он ҷо ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад. Масалан, Роберт ном бародар менависад: «Ману занам тақрибан дар 55-солагӣ дарк кардем, ки барои хизмат кардан имкониятҳои нав пайдо кардаем. Ягона писари мо аз хонаамон кӯчида рафт, волидони пиронсоли мо вафот карданд ва мероси начандон калоне ба мо монда буд. Ман ҳисоб кардам, ки агар мо хонаамонро фурӯшем, метавонем ҳамаи қарзҳои худро диҳем ва маблағи боқимондаро то гирифтани нафақапулии ман барои рӯзғор сарф намоем. Мо шунидем, ки дар Боливия бисёр одамон Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан мехоҳанд ва он ҷо нарху наво арзон аст. Аз ин рӯ, мо қарор кардем, ки ба он ҷо мекӯчем. Ба хонаи нав одат кардан
осон набуд. Ҳама чӣ дар ин ҷо аз шароите, ки мо дар Амрикои Шимолӣ одат карда будем, сахт фарқ мекард. Вале кӯшишҳои мо арзанда буданд».11 Роберт илова мекунад: «Акнун тамоми ҳаёти мо ба корҳои ҷамъомад нигаронида шудааст. Баъзе одамоне, ки мо бо онҳо Китоби Муқаддас меомӯхтем, таъмид гирифтанд. Як оилае, ки мо бо онҳо омӯзиш мегузарондем, дар деҳаи дурдаст ва шароити душвор зиндагӣ мекунанд. Вале онҳо ҳар ҳафта роҳи пуразобро паси сар карда, ба шаҳр меоянд, то ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф оранд. Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки дидани рушди рӯҳонии он оила ба мо чӣ қадар хурсандӣ мебахшад. Писари калонии онҳо ҳатто чун пешрав хизмат карда истодааст».
ТАЛАБОТ ДАР МИНТАҚАИ ХОРИҶИЗАБОН
12, 13. Дар бораи масеҳиёне нақл кунед, ки баъди ба нафақа баромадан, бо роҳҳои нав хизмат карданро сар карданд.
12 Ҷамъомадҳо ва гурӯҳҳои хориҷизабон аз хизмати бародарону хоҳарони солхӯрда манфиати зиёд гирифта метавонанд. Ва хизмат кардан дар чунин минтақаҳо хеле шавқовар аст. Масалан, Брайан ном бародар аз Бритониё менависад: «Вақте ман дар синни 65-солагӣ ба нафақа баромадам, ману занам ҳис кардем, ки ҳаётамон якранг шудааст. Фарзандони мо хонаро тарк карда буданд ва дар маҳалли худ мо одамонеро, ки Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан мехостанд, хеле кам вомехӯрдем. Он вақт ман як ҷавонмарди хитоиро вохӯрдам, ки дар донишгоҳи маҳаллӣ тадқиқот мегузаронд. Ӯ таклифи маро ба вохӯрии ҷамъомад қабул кард ва ман бо Ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам. Баъди чанд ҳафта ӯ як ҳамкори худро ҳамроҳаш ба ҷамъомад меовард. Ду ҳафта пас онҳо се нафар ва сипас чор нафар шуда меомаданд.
13 Вақте ки панҷум тадқиқотчии хитоӣ омӯзиши Китоби Муқаддасро хоҳиш кард, ман ба худ фикр кардам: “Агар ман 65-сола бошам, ин маънои онро надорад, ки ман бояд аз хизмати Яҳува ба нафақа бароям”. Аз ин рӯ, ман аз занам, ки ду сол аз ман хурд аст, пурсидам, ки оё забони хитоиро омӯхтан намехоҳад. Мо барои ёд гирифтани забон аз курси омӯзишии сабтшуда истифода бурдем. Ин воқеа даҳ сол пеш буд. Дар минтақаи хориҷизабон мавъиза карда, мо худро аз нав ҷавон ҳис мекардем. То имрӯз мо ҳамагӣ бо 112 нафар шахсони хитоизабон омӯзиш гузарондем. Аксари онҳо ба вохӯриҳо ташриф меоранд ва як нафар чун пешрав хизмат мекунад».
АЗ ОН ЧИЗЕ КИ КАРДА МЕТАВОНЕД, ХУРСАНДӢ ГИРЕД
14. Масеҳиёни солхӯрда чиро набояд фаромӯш кунанд ва чӣ тавр намунаи Павлус онҳоро рӯҳбаланд карда метавонад?
14 Ҳарчанд бисёр масеҳиён дар синни 50–60 солагӣ имконият пайдо мекунанд, ки ба Яҳува бо роҳҳои нав хизмат кунанд, лекин на ҳамаи онҳо инро карда метавонанд. Баъзеҳо саломатии заиф доранд, дигарон ба волидони пиронсол ё фарзандонашон ғамхорӣ мекунанд. Вале фаромӯш накунед, ки Яҳува ҳар он чизеро ки шумо дар хизмати Ӯ ба ҷо меоред, қадр мекунад. Аз ин рӯ, ба ҷои аз кори наметавонистаи худ рӯҳафтода шудан, аз чизе ки карда метавонед, хурсандӣ гиред. Оиди намунаи Павлус фикр кунед. Ӯ дар давоми чанд сол дар маҳбаси хонагӣ буд ва хизмати миссионериашро давом дода наметавонист. Аммо ҳар гоҳе ки одамон ба наздаш меомаданд, вай дар бораи Навиштаҳо бо онҳо сӯҳбат мекард ва имонашонро қавӣ мегардонд (Аъм. 28:16, 30, 31).
15. Чаро хизматгорони куҳансоли Яҳува дар ҳақиқат қадру қиммати баланд доранд?
15 Яҳува инчунин он хизматеро, ки пирони куҳансол ба ҷо меоранд, қадр мекунад. Гарчанд Сулаймон қайд кард, ки айёми пирӣ давраи осон нест, лекин Яҳува он чизе ки масеҳиёни куҳансол барои ҷалол додани Ӯ карда метавонанд хеле қадр мекунад (Луқ. 21:2–4). Ҷамъомадҳо ҳамимонони куҳансолро, ки дар садоқатмандӣ ва истодагарӣ намунаи ибрат нишон медиҳанд, баланд қадр мекунанд.
16. Кадом имкониятҳоро эҳтимол Ҳано надошт, вале ӯ барои ибодати Худо чӣ кор мекард?
16 Дар Китоби Муқаддас оиди Ҳано ном зани куҳансоле гуфта шудааст, ки дар пиронсолиаш низ содиқона хизмати Худоро ба ҷо меовард. Вақте ки Исо таваллуд ёфт, ӯ 84-сола буд. Мумкин умри ӯ нарасид, ки пайрави Исо гардад, бо рӯҳулқудс тадҳин шавад ё хушхабари Салтанатро мавъиза кунад. Аммо Ҳано чизеро ки карда метавонист, бо хурсандӣ ба ҷо меовард. «Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард» (Луқ. 2:36, 37). Рӯзе, вақте ки вай дар маъбад буд, Исои кӯдакро дид ва ба ҳама «дар бораи Ӯ сухан ронд», ки ӯ Масеҳ хоҳад шуд ва ба Ерусалим наҷот хоҳад овард (Луқ. 2:38).
17. Чӣ тавр мо ба ҳамимонони пиронсол ё бемор барои дар ибодати ҳақиқӣ иштирок кардан кӯмак карда метавонем?
17 Имрӯз мо бояд барои кӯмак расондан ба бародарону хоҳарони пиронсол ё бемор бодиққат бошем. Бисёри онҳо мехоҳанд дар ҷамъомадҳо ва анҷуманҳо ҳамроҳи мо бошанд, вале на ҳамаашон омада метавонанд. Чӣ тавр ҷамъомад ба онҳо ёрӣ дода метавонад? Дар баъзе ҷойҳо ҷамъомадҳо бо меҳрубонӣ чора андешидаанд, то пиронсолон барномаи вохӯриро ба воситаи телефон гӯш карда тавонанд. Дар дигар ҷойҳо шояд барои ин шароит нест. Ҳатто дар сурати ба вохӯриҳо омада натавонистан, пиронсолон метавонанд дар дастгирӣ кардани ибодати ҳақиқӣ саҳм гузоранд. Масалан, дуоҳои онҳо ба муваффақияти ҷамъомад мусоидат мекунанд. (Забур 91:14, 15-ро бихонед.)
18, 19. а) Чаро масеҳиёни куҳансол шояд пай набаранд, ки то чӣ андоза дигаронро рӯҳбаланд месозанд? б) Кӣ аз рӯи маслиҳати «Офаринандаи худро... дар хотир нигоҳ дор» амал карда метавонад?
18 Масеҳиёни куҳансол шояд худашон намедонанд, ки то чӣ андоза онҳо дигаронро рӯҳбаланд мекунанд. Масалан, ҳарчанд Ҳано ҳамаи он солҳо дар маъбад содиқона хизмат мекард, ӯ эҳтимол дарк намекард, ки намунаи ӯ ва муҳаббати ба Яҳува доштааш дар Китоби Муқаддас навишта хоҳад шуд ва то имрӯз моро рӯҳбаланд хоҳад кард. Ба ин монанд, он муҳаббате, ки шумо ба Яҳува доред, аз ёди ҳамимонон фаромӯш нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, фаҳмост, ки чаро дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Тоҷи ҷалолат мӯйсафедист, ки он дар роҳи адолат муяссар мегардад» (Мас. 16:31).
19 Имкониятҳое, ки ҳар яки мо дар хизмати Яҳува дорем, маҳдуданд. Вале биёед, то он даме ки қуввату саломатиамон имконият медиҳад, бо иродаи қавӣ «Офаринандаи худро... пеш аз он ки айёми бадӣ биёяд», дар хотир нигоҳ дорем (Воиз 12:1).