Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Шавкати Худовандро мушоҳида» намоед

«Шавкати Худовандро мушоҳида» намоед

Вазъиятҳои душвор ба мо зарбаи хеле сахт расонда метавонанд. Онҳо метавонанд тамоми фикру хаёли моро ба худ ҷалб кунанд, қуввату мадори моро гиранд ва ба назаре, ки мо ба зиндагӣ дорем, таъсир расонанд. Шоҳи қадими Исроил Довуд бо мушкилиҳои сахт рӯ ба рӯ шуда буд. Ӯ чӣ тавр онҳоро паси сар кард? Дар таронаи таъсирбахше Довуд ба ин савол чунин ҷавоб медиҳад: «Бо овози худ сӯи Худованд фарёд мекашам, бо овози худ сӯи Худованд зорӣ мекунам. Андӯҳамро пеши Ӯ изҳор менамоям; тангиамро пеши Ӯ баён мекунам. Вақте ки рӯҳам дар ман аз ҳол мерафт, Ту тариқи маро медонистӣ». Бале, Довуд фурӯтанона дар дуо аз Худо мадад мепурсид (Заб. 141:1–3).

Дар вақтҳои тангӣ Довуд фурӯтанона дар дуо аз Яҳува мадад мепурсид

Дар таронаи дигари Забур Довуд чунин сароидааст: «Як чизро аз Худованд пурсидаам, ва онро хоҳам талабид, ки тамоми айёми умри худ дар хонаи Худованд сокин бошам, шавкати Худовандро мушоҳида намоям ва дар қасри Ӯ назорат кунам» (Заб. 26:4). Довуд левизода набуд, аммо тасаввур кунед, ки ӯ берун аз саҳни муқаддас, назди маркази ибодати ҳақиқӣ, истодааст. Дили Довуд чунон аз миннатдорӣ лабрез аст, ки ӯ мехоҳад рӯзҳои боқимондаи умри худро дар он ҷо гузаронад ва ҳамин тавр «шавкати Худовандро мушоҳида» намояд.

Калимаи «шавкат» ба бузургию ҷалоли Худо ишора мекунад ва мулоҳиза дар бораи он ба ваҷд меорад. Довуд доимо ба ҳама чизе, ки Яҳува барои ибодат фароҳам оварда буд, бо миннатдорӣ назар мекард. Мо аз худ пурсида метавонем: «Оё ман низ монанди Довуд чунин миннатдорӣ ҳис мекунам?»

БА СОХТОРИ МУҚАРРАРКАРДАИ ХУДО БО МИННАТДОРӢ НАЗАР КУНЕД

Имрӯз мо дар ягон маъбади аслӣ ба Яҳува ибодат намекунем. Ба ҷои ин, мо дар маъбади бузурги рӯҳонӣ — сохтори муқаддаси ибодати ҳақиқӣ Ӯро парастиш мекунем *. Агар мо ба ин сохтор бо миннатдорӣ назар дӯзем, мо низ «шавкати Худовандро мушоҳида» карда метавонем.

Оиди қурбонгоҳи мисине, ки дар пеши даромадгоҳи хаймаи муқаддас меистод, мулоҳиза ронед (Хур. 38:1, 2; 40:6). Он қурбонгоҳ рамзи он буд, ки Худо бо омодагӣ ҳаёти Исоро чун қурбонӣ қабул мекунад (Ибр. 10:5–10). Танҳо фикр кунед, ки он барои мо чӣ маъно дорад! Павлуси ҳавворӣ навишт: «[Мо] бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа... [кардем]» (Рум. 5:10). Ба хуни рехтаи Исо имон зоҳир карда, мо метавонем дӯсти Худо гардем ва илтифоту боварии Ӯро ба даст орем (Яъқ. 2:23).

Азбаски гуноҳҳои мо бахшида шудаанд, мо аз «айёми фароғат аз ҳузури Худованд» баҳра мебарем (Аъм. 3:19, 20). Ҳолати мо ба ҳолати маҳбусе монанд аст, ки вақти иҷрошавии ҳукми судро интизор шуда, аз рафтори пештараи худ сахт пушаймон мегардад ва тарзи фикррониашро ба куллӣ тағйир медиҳад. Дидани ин чиз судяи хайрхоҳро бармеангезад, ки ӯро дигар ҷинояткор наҳисобад ва ҳукми қатлро бекор намояд. Чӣ сабукӣ ва хурсандӣ ҳис мекунад чунин маҳбус! Ба мисли он судя, Яҳува ба одамоне, ки самимона тавба мекунанд, меҳрубонӣ зоҳир карда, онҳоро аз ҳукми марг раҳо мекунад.

ДАР ИБОДАТИ ҲАҚИҚӢ ХУРСАНДӢ ЁБЕД

Баъзе корҳои бо ибодати ҳақиқӣ алоқаманде, ки Довуд дар хонаи Яҳува мушоҳида карда метавонист, инҳо буданд: ҷамъ шудани шумораи зиёди исроилиён, дар пеши тамоми мардум хонда шудани Қонун ва фаҳмонда додани он, сӯзондани бухур ва аз тарафи коҳинону левизодагон ба ҷо оварда шудани хизмати муқаддас (Хур. 30:34–38; Ад. 3:5–8; Такр. Ш. 31:9–12). Чун дар Исроили қадим, дар рӯзҳои мо низ ибодати ҳақиқӣ корҳои ба ин монандро дар бар мегирад.

«Чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир» аст, ки имрӯз низ бародарон дар ягонагӣ зиндагӣ мекунанд (Заб. 132:1). Шумораи бародарону хоҳарони мо дар саросари ҷаҳон торафт афзуда истодааст (1 Пет. 2:17). Дар вохӯриҳои мо Каломи Худо хонда ва фаҳмонда мешавад. Тавассути ташкилоташ Яҳува ба мо дастуроту маслиҳатҳои зиёд медиҳад. Инчунин барои омӯзиши шахсӣ ва ибодати оилавии мо ғизои фаровони рӯҳонӣ дар намуди чопӣ дастрас аст. Як аъзои Ҳайати роҳбарикунанда чунин қайд намуд: «Мулоҳиза оиди Каломи Яҳува ва маънои он ва бо ёрии тадқиқот ба даст овардани фаҳмиши чуқур, ҳаёти маро бо ганҷҳои рӯҳонӣ пур мекунад ва ба ман қаноатмандӣ мебахшад». Бале, дониш метавонад «ба ҷони» мо ҳаловат бахшад! (Мас. 2:10).

Дар замони мо низ ходимони Яҳува ҳар рӯз ба таври ба Ӯ мақбул дуо мегӯянд. Барои Яҳува чунин дуоҳо ба мисли бӯи муаттари бухур мебошанд (Заб. 140:2). Чӣ хурсандиовар аст дарк кардани он ки дуоҳои бо фурӯтанӣ гуфтаи мо ба Яҳува Худо хеле хуш меоянд!

Мусо чунин дуо мегуфт: «Бигзор ҳусни таваҷҷӯҳи Худованд Худои мо бар мо бошад! Ва амали дастҳои моро бар мо тақвият намо» (Заб. 89:17). Вақте ки мо хизматамонро бо ҷидду ҷаҳд ба ҷо меорем, Яҳува кори моро баракат медиҳад (Мас. 10:22). Шояд мо ба баъзе касон барои фаҳмидани ҳақиқат кӯмак мекунем. Эҳтимол, мо қатъи назар аз бепарвоии одамон, саломатии заиф, душвориҳои эмотсионалӣ ё таъқибот солҳои зиёд бо истодагарӣ хизмат мекунем (1 Тас. 2:2). Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо «шавкати Худовандро мушоҳида» менамоем ва дарк мекунем, ки Падари осмониамон кӯшишҳои моро хеле қадр мекунад. Магар ҳамин тавр нест?

«Худованд ҳиссаи насибаи ман ва косаи ман аст,— месароид Довуд.— Ту қуръаи маро нигоҳ доштаӣ. Марзаҳои ман ба мақомҳои хуш афтодааст» (Заб. 15:5, 6). Довуд барои «ҳиссаи» худ, яъне барои муносибатҳои хуби бо Яҳува доштааш ва имконияти ба Ӯ хизмат карданаш миннатдор буд. Мисли Довуд шояд мо низ аз душвориҳо азоб мекашем, лекин чӣ қадар баракатҳои зиёди рӯҳониро мо соҳибем! Аз ин рӯ, биёед минбаъд низ дар ибодати ҳақиқӣ хурсандӣ ёбем ва ҳамеша ба маъбади рӯҳонии Яҳува бо миннатдорӣ назар дӯзем.

^ сарх. 6 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 июли с. 1996, саҳ. 14–24 нигаред.