Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува Дӯсти беҳтарини мост

Яҳува Дӯсти беҳтарини мост

«[Иброҳим] дӯсти Худо номида шуд» (ЯЪҚ. 2:23).

1. Азбаски ба шабоҳати Худо офарида шудаем, мо дорои чӣ гуна қобилият ҳастем?

«ИН ПИСАР ба падараш рафтааст»,— мегӯянд баъзан одамон. Дар ҳақиқат бисёри фарзандон ба волидонашон сахт монанданд. Охир, хусусиятҳои ирсии ҳам падар ва ҳам модар ба кӯдак мегузаранд. Яҳува, Падари осмонии мо, Атокунандаи ҳаёт аст (Заб. 35:10). Ва мо, фарзандони инсонии Ӯ, то андозае ба Ӯ монанд ҳастем. Азбаски мо ба шабоҳати Ӯ офарида шудаем, мо қобилият дорем, ки фикр ронем, хулоса барорем, муносибати дӯстона инкишоф диҳем ва онро нигоҳ дорем (Ҳас. 1:26).

2. Дӯстӣ бо Яҳува бар чӣ асос меёбад?

2 Яҳува метавонад Дӯсти беҳтарини мо бошад. Чунин дӯстӣ бар муҳаббате, ки Худо ба мо дорад ва имоне, ки мо ба Ӯ ва Писараш зоҳир мекунем, асос меёбад. Исо гуфта буд: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Мо намунаи бисёр касонеро медонем, ки бо Яҳува муносибатҳои наздик доштанд. Биёед дутои он намунаҳоро дида бароем.

ИБРОҲИМ — «ДӮСТИ ХУДО»

3, 4. Дар мавриди дӯстӣ бо Яҳува, Иброҳим аз насли худ бо чӣ фарқ мекард?

3 Яҳува дар бораи Иброҳим — саравлоди халқи Исроил сухан ронда, ӯро «дӯсти Ман» гуфт (Иш. 41:8). Дар 2 Вақоеънома 20:7 низ Иброҳим дӯсти Худо номида шудааст. Дӯстии мустаҳкаме, ки ин марди содиқ бо Офаридгор дошт, бар чӣ асос меёфт? Бар имоне, ки Иброҳим дошт (Ҳас. 15:6; Яъқуб 2:21–23-ро бихонед).

4 Яҳува барои насли Иброҳим, яъне халқи қадимаи Исроил аз аввали пайдоишашон Падар ва Дӯст буд. Вале афсӯс, ки онҳо ин муносибатҳои дӯстонаро аз даст доданд. Чаро? Зеро онҳо рафта-рафта имонашонро ба ваъдаҳои Яҳува гум карданд.

5, 6. а) Чӣ тавр Яҳува Дӯсти шумо гашт? б) Оиди кадом саволҳо фикр кардан хуб мебуд?

5 Чӣ қадаре ки шумо дар бораи Яҳува бештар фаҳмед, имони шумо ба Ӯ қавитар ва муҳаббататон чуқуртар мегардад. Он вақтро ба хотир оред, ки шумо Худоро чун Шахсияти воқеӣ шинохтед ва фаҳмидед, ки бо Ӯ муносибатҳои наздик инкишоф додан мумкин аст. Инчунин шумо донистед, ки ҳамаи мо аз боиси беитоатии Одам гунаҳкор таваллуд мешавем. Шумо дарк намудед, ки инсоният дар кулли худ аз Худо бегона аст (Қӯл. 1:21). Баъд шумо фаҳмидед, ки Падари пурмуҳаббати осмонии мо шахси бароямон дур ва нисбати мо бепарво нест. Вақте мо оиди он ки Яҳува қурбонии Исоро пешкаш кардааст, фаҳмидем ва ба он имон овардем, мо бо Худо дӯстӣ пайдо карданро сар кардем.

6 Ҳоло дар бораи он вақт фикр карда, мо метавонем аз худ пурсем: «Оё ман дӯстиамро бо Худо инкишоф дода истодаам? Оё эътимоди ман ба Ӯ қавӣ аст ва оё муҳаббати ман ба Дӯсти азизам, Яҳува, рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст?» Шахси дигаре, ки дар замонҳои қадим мезисту бо Яҳува муносибати наздик дошт, Ҷидъӯн аст. Биёед ҳоло намунаи хуби ӯро дида бароем ва ба он пайравӣ кунем.

«ХУДОВАНД — ОСОИШТАГӢ»

7–9. а) Бо Ҷидъӯн чӣ воқеаи ғайриоддие рӯй дод ва оқибати он чӣ гуна буд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чӣ тавр мо дӯстиамонро бо Яҳува мустаҳкамтар карда метавонем?

7 Ҷидъӯни довар баъди ба Замини ваъдашуда дохил шудани халқи Исроил дар замони ноороме ба Яҳува хизмат мекард. Боби 6-уми китоби Доварон нақл мекунад, ки боре фариштаи Яҳува дар Ӯфро ба пеши Ҷидъӯн пайдо шуд. Он вақтҳо халқи ҳамсоя Мидён ба Исроил таҳдид мекард. Аз ин сабаб Ҷидъӯн гандумро на дар саҳрои кушод, балки дар чархушт мекӯфт, то ки ба зудӣ ғалларо пинҳон карда тавонад. Вақте ки фаришта ба ӯ зоҳир шуда, ӯро «марди диловар» хонд, Ҷидъӯн ҳайрон шуда аз ӯ пурсид, ки оё Яҳува, ки Исроилро аз Миср наҷот дода буд, дар ҳақиқат ҳоло ба онҳо кӯмак карданист. Аз номи Офаридгор сухан ронда, фаришта Ҷидъӯнро боварӣ бахшид, ки Яҳува дар наҷот додани халқаш ӯро албатта дастгирӣ мекунад.

8 Ҷидъӯн ба тааҷҷуб афтод, ки чӣ тавр ӯ «Исроилро аз дасти Мидён наҷот» дода метавонад. Ва ӯ ҷавоби аниқу равшан гирифт. Яҳува гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ту Мидёнро мисли як касе шикаст хоҳӣ дод» (Дов. 6:11–16). Ҷидъӯн мулоҳиза меронд, ки ин чӣ тавр иҷро мегардад, барои ҳамин аломате пурсид. Аҳамият диҳед, ки Ҷидъӯн заррае шубҳа надошт, ки оё Яҳува Шахсияти воқеӣ аст ё не.

9 Он чизе ки баъд аз ин рӯй дод, имони Ҷидъӯнро қувват бахшид ва ӯро ба Худо наздиктар сохт. Ҷидъӯн хӯроке тайёр карда, дар пеши фаришта гузошт. Вақте ки фаришта асояшро ба хӯрок расонду он ба таври мӯъҷиза оташ гирифт, Ҷидъӯн фаҳмид, ки он фаришта дар ҳақиқат намояндаи Яҳува аст. Ӯ ба изтироб омада, хитоб кард: «Эй вой ба ман, Худоё Худовандо! Чунки фариштаи Худовандро рӯ ба рӯ дидаам» (Дов. 6:17–22). Вале оё ин воқеа сабаби аз Яҳува дур гаштани Ҷидъӯн гашт? Не, баръакс, Ҷидъӯн Яҳуваро ба таври беҳтар шинохт ва фаҳмид, ки бо Ӯ дар сулҳу осоиштагӣ аст. Инро мо аз он мефаҳмем, ки ӯ қурбонгоҳи дар он ҷо сохтаашро «Худованд — Осоиштагӣ» ном ниҳод. (Доварон 6:23, 24-ро бихонед.) Вақте мо оиди он мулоҳиза меронем, ки Яҳува ҳар рӯз бароямон чӣ кор мекунад, мо дарк мекунем, ки Ӯ Дӯсти ҳақиқиамон аст. Вақте ки мо мунтазам ба Худо дуо мегӯем, осоиштагии зиёдтарро ҳис мекунем ва дӯстиамон бо Ӯ қавитар мегардад.

КӢ ДАР ХАЙМАИ ЯҲУВА ИҚОМАТ ХОҲАД КАРД?

10. Мувофиқи Забур 14:3, 5 Яҳува аз онҳое, ки дӯстони Ӯ будан мехоҳанд, чӣ талаб мекунад?

10 Барои он ки Яҳува Дӯсти мо бошад, мо бояд ба талаботҳои муайян мувофиқат кунем. Дар таронаи 14-уми китоби Забур, Довуд дар бораи он месарояд, ки барои дар хаймаи Худо иқомат кардан, яъне барои дӯсти Худо будан, мо бояд чӣ кор кунем (Заб. 14:1). Биёед ба дутои он талабот диққат диҳем — дурӣ ҷустан аз тӯҳмат ва ростқавл будан дар ҳамаи корҳои худ. Довуд гуфт, ки шахсе ки дар хаймаи Яҳува иқомат кардан мехоҳад, бояд «бо забони худ бӯҳтон назанад... ва бар зидди бегуноҳ ришва нагирад» (Заб. 14:3, 5).

11. Чаро мо бояд аз бадгӯӣ кардани дигарон канорагирӣ кунем?

11 Дар таронаи дигари Забур Довуд огоҳ мекунад: «Забонатро аз бадӣ нигоҳ дор» (Заб. 33:14). Агар мо ба ин насиҳати зери илҳоми илоҳӣ додашуда гӯш надиҳем, дӯстӣ байни мо ва Падари одили осмониамон канда мешавад. Дар асл, бадгӯиву тӯҳмат хусусияти душмани асосии Яҳува, Шайтон аст. Калимаи «Иблис» аз калимаи юноние бармеояд, ки маънояш «тӯҳматчӣ» аст. Вақте ки мо ҳангоми дар бораи дигарон гап задан забонамонро аз бадгӯӣ нигоҳ медорем, дӯстиамон бо Яҳува зарар намебинад. Ин хусусан дар мавриди муносибате, ки мо ба бародарони дар ҷамъомад таъиншуда дорем, ҳақ аст. (Ибриён 13:17 ва Яҳудо 8-ро бихонед.)

12, 13. а) Чаро мо бояд дар ҳар бобат ҳалолкор бошем? б) Ростқавлии мо ба дигарон чӣ гуна таъсир карда метавонад?

12 Ҳамчунин хизматгорони Яҳува на бо фиребгарӣ, балки бо ростқавливу ҳалолкории худ фарқ мекунанд. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем» (Ибр. 13:18). Азбаски мо бо иродаи қавӣ «дар ҳар бобат ҳалолкорона рафтор» мекунем, мо бародарони масеҳиамонро бар фоидаи худ истифода намебарем. Масалан, агар онҳо дар зери дасти мо кор кунанд, мо ҳамеша бо онҳо боинсофона муносибат мекунем ва ба онҳо мувофиқи шартномаи басташуда ҳаққи корашонро медиҳем. Чун масеҳиён, мо бо сардорони корхонаи худ ва инчунин бо дигарон ростқавлона рафтор мекунем. Ва агар мо дар корхонаи хусусии ягон ҳамимонамон кор кунем, мо бояд эҳтиёт шавем, то аз ӯ ба фоидаи худ имтиёзҳои махсусро талаб накунем.

13 Бисёр вақт одамони ҷаҳонӣ, ки бо Шоҳидони Яҳува сарукор дошта буданд, миннатдории самимӣ изҳор мекунанд. Масалан, сарвари як корхонаи калон пай бурд, ки Шоҳидони Яҳува ба қавли худ меистанд. «Шумо ҳамеша мувофиқи шартномаи басташуда амал мекунед»,— гуфт ӯ (Заб. 14:4). Чунин рафтор ба мо кӯмак мекунад, ки дӯстии худро бо Яҳува нигоҳ дорем. Беш аз ҳама, ин ба Падари меҳрубони осмониамон ҷалол меорад.

БА ДИГАРОН БАРОИ ДӮСТИ ЯҲУВА ШУДАН КӮМАК КУНЕД

Мо ба дигарон барои бо Яҳува дӯст шудан кӯмак мекунем (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред)

14, 15. Чӣ тавр ҳангоми хизмат мо ба одамон барои дӯсти Яҳува шудан кӯмак карда метавонем?

14 Бисёр одамоне, ки мо дар хизмат вомехӯрем, мумкин ба вуҷуд доштани Худо бовар мекунанд, лекин Ӯро ҳамчун Дӯсти беҳтарин намедонанд. Чӣ тавр мо ба онҳо ёрӣ дода метавонем? Аҳамият диҳед, ки вақте Исо 70 шогирдашро дунафарӣ ба мавъиза фиристод, ба онҳо чӣ гуна дастурот дод: «Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: “Салом бар ин хона бод!” Агар дар он ҷо писари осоиштагӣ бошад, саломи шумо бар вай қарор мегирад; вагар на, сӯи шумо бармегардад» (Луқ. 10:5, 6). Мо метавонем бо муносибати дӯстонаамон одамонро ба ҳақиқат ҷалб кунем. Ҳангоми бо зиддият дучор шудан чунин рафтор ёрӣ медиҳад, ки муносибати душманонаро бартараф кунем ва барои ташрифи дигар воизон заминаи хуб гузорем.

15 Агар мо одамонеро вохӯрем, ки зери таъсири дини дурӯғ қарор доранд ё урфу одатҳои ба Навиштаҳо асоснаёфтаро риоя мекунанд, мо бо онҳо меҳрубонона ва сулҳҷӯёна муносибат карданро давом медиҳем. Баъзан ба вохӯриҳои мо шахсоне меоянд, ки аз вазъияти ҷомеаи ҳозира норозиянд ва аз ин рӯ дар бораи Худои мо бештар фаҳмидан мехоҳанд. Мо чунин шахсонро гарму ҷӯшон қабул мекунем. Оиди ин дар мақолаҳо аз рубрикаи «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» бисёр мисолҳои хуб оварда шудаанд.

ҲАМКОРӢ БО ДӮСТИ БЕҲТАРИНАМОН

16. Ба кадом маъно мо ҳам дӯстон ва ҳам ҳамкорони Яҳува буда метавонем?

16 Шахсоне, ки бо ҳам кор мекунанд, аксар вақт дӯсти наздик мешаванд. Ҳамаи онҳое, ки ҳаёташонро ба Яҳува бахшидаанд, имконият доранд, ки бо Ӯ ҳам дӯст бошанд ва ҳам ҳамкор. (1 Қӯринтиён 3:6, 9-ро бихонед.) Дар ҳақиқат, ҳангоми иштирок дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ мо бо хусусиятҳои аҷиби Падари осмониамон боз ҳам хубтар шинос мешавем. Мо мебинем, ки чӣ тавр рӯҳи муқаддаси Ӯ ба мо кӯмак мекунад, то супориши худро оиди мавъизаи хушхабар нағз ба ҷо орем.

17. Чӣ тавр ғизои рӯҳоние, ки дар анҷуманҳо пешкаш карда мешавад, нишон медиҳад, ки Яҳува Дӯсти мост?

17 Чӣ қадаре ки мо дар кори шогирдсозӣ бисёртар иштирок кунем, ҳамон қадар худро ба Яҳува наздиктар ҳис мекунем. Масалан, мо мушоҳида мекунем, ки чӣ тавр Яҳува нақшаҳои душманонро вайрон мекунад. Якчанд соли охирро пеши назар оред. Оё аниқу равшан дида намешавад, ки Худо чӣ тавр моро роҳнамоӣ карда истодааст? Мо аз он ба ваҷд меоем, ки Яҳува моро беист бо ғизои фаровони рӯҳонӣ таъмин мекунад. Аз барномаи анҷуманҳо аён аст, ки Падари меҳрубони мо оиди мушкилиҳо ва ниёзҳои мо бепарво нест. Як оила миннатдориашонро барои анҷуман дар нома чунин изҳор намуданд: «Барнома ба дили мо сахт таъсир кард. Мо ҳис кардем, ки то чӣ андоза Яҳува ҳар яки моро дӯст медорад ва мехоҳад, ки дар ҳаётамон комёб бошем». Баъд аз ташрифорӣ ба анҷумани якрӯза дар Ирландия як ҷуфти ҳамсарон аз Олмон барои пазироии гарму ҷӯшон ва ғамхории ҳамимонон сипосгузорӣ баён карда, илова намуданд: «Аз ҳама бисёртар мо ба Яҳува ва Подшоҳи Ӯ Исои Масеҳ миннатдорем. Онҳо моро даъват карданд, ки аъзои ин халқи дар ҳақиқат муттаҳид бошем. Мо дар бораи ягонагӣ на танҳо гап мезанем, балки онро ҳар рӯз эҳсос мекунем. Хотирот аз анҷумани махсуси дар шаҳри Дублин гузашта ҳамеша ба мо онро ёдрас мекунад, ки бо ҳамаи шумо якҷоя ба Худои бузурги худ хизмат кардан имконияти пуршараф аст».

МУОШИРАТИ ДӮСТОН

18. Дар бобати муошират бо Яҳува мо ба худ чӣ гуна савол дода метавонем?

18 Вақте ки дӯстон бо ҳам нағз муошират мекунанд, дӯстии онҳо мустаҳкамтар мегардад. Дар ин асри пешравиҳои технологӣ муошират тавассути шабакаҳои интернетӣ ва смс-номаҳо хеле маъмул гаштааст. Вале дар муқоиса бо ин, ҳар яки мо ба муоширате, ки бо Дӯсти беҳтаринамон, Яҳува дорем, чӣ тавр баҳо медиҳем? Бале, Ӯ Шунавандаи дуо аст (Заб. 64:3). Вале оё мо аз тарафи худ барои бо Ӯ зуд-зуд гап задан кӯшиш мекунем?

19. Агар дили худро ба Падари осмониамон кушодан бароямон душвор бошад, чӣ ба мо дар ин ёрӣ медиҳад?

19 Ба баъзе ходимони Худо дили худро кушодан ва ҳиссиёти чуқури худро баён кардан осон нест. Вале Яҳува дар вақти дуо гуфтанамон аз мо маҳз ҳамин чизро мехоҳад (Заб. 118:145; Нав. Ирм. 3:41). Агар мо ҳиссиёти дар таги диламон бударо бо суханон ифода карда натавонем, Худо дар ин ба мо кӯмак мерасонад. Павлус ба масеҳиёни румӣ навишт: «Мо намедонем дар чӣ хусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст. Таҳқиқкунандаи дилҳо аз андешаи Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофиқи хости Худо шафоат мекунад» (Рум. 8:26, 27). Мулоҳиза кардан оиди суханоне, ки дар Китоби Муқаддас, масалан, дар китоби Айюб, Забур ва Масалҳо навишта шудаанд, ба мо ёрӣ медиҳад, ки эҳсосоти чуқури худро ба Яҳува баён кунем.

20, 21. Мо аз суханоне, ки Павлус дар Филиппиён 4:6, 7 гуфтааст, чӣ гуна тасаллӣ меёбем?

20 Вақте ки мо бо вазъиятҳои мушкил дучор мешавем, биёед ба маслиҳате, ки Павлус зери илҳоми илоҳӣ ба филиппиён дод, гӯш диҳем. Ӯ гуфт: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед». Чунин муоширати ошкоро бо Дӯсти беҳтарини мо бешубҳа ба мо тасаллӣ ва оромӣ мебахшад. Ва ин аз давоми суханони Павлус аён аст: «Осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (Фил. 4:6, 7). Биёед ҳамеша «осоиштагии Худо»-ро, ки бемислу монанд аст ва дар ҳақиқат дилҳо ва фикрҳои моро муҳофизат мекунад, қадр кунем.

Чӣ тавр дуо дӯстии моро бо Худо қавӣ мегардонад? (Ба сархати 21 нигаред)

21 Дуо кӯмак мекунад, ки мо дӯстиамонро бо Яҳува инкишоф диҳем. Аз ин рӯ, биёед «пайваста дуо» гӯем (1 Тас. 5:17). Бигзор омӯзиши ин мақола муносибати пурарзишеро, ки мо бо Худо дорем, мустаҳкам кунад ва иродаи моро дар риоя кардани талаботҳои одилонаи Ӯ қавӣ гардонад. Азбаски Яҳува дар ҳақиқат Падари мо, Худои мо ва Дӯсти мост, мо баракатҳои зиёдро соҳибем. Пас, биёед вақт ҷудо кунем, то ки оиди ин баракатҳо мулоҳиза ронем.