БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Март 2014
Аз ин шумора мефаҳмем, ки чӣ тавр фидокорӣ зоҳир намуда, нисбати худ назари мусбатро нигоҳ дорем. Чӣ тавр дар бораи пиронсолон ва хешовандонамон ғамхорӣ карда метавонем?
Ба ҳақиқат ҷалб намудани хешовандони ҳамимоннабуда
Мо аз муносибати Исо нисбати хешовандонаш чӣ меомӯзем? Чӣ тавр ба хешовандонамон, ки эътиқодашон дигар аст ё умуман ба Худо бовар надоранд, ҳақиқатро расонем?
Чӣ тавр рӯҳияи фидокориро нигоҳ дорем?
Мо душмане дорем, ки барои фидокор мондан халал мерасонад. Аз ин мақола мо дар бораи ин душман ва дар бораи он ки чӣ тавр Китоби Муқаддас барои мубориза бурдан бо душманамон ёрдам мекунад, мефаҳмем.
Чӣ тавр нисбати худ назари мусбиро нигоҳ дорем?
Чаро бисёриҳо фикрҳои манфӣ доранд? Ин мақола нишон медиҳад, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас барои инкишоф додан ва нигоҳ доштани назари мусбӣ кумак мекунад.
Ибодати оилавӣ. Чӣ метавон кард, то он хурсандии бештар орад?
Фаҳмед, ки чӣ тавр оилаҳо дар дигар мамлакатҳо ибодати оилавиашонро мегузаронанд ва барои худ манфиат гиред.
Пиронсолонро эҳтиром намоед
Дар бораи назари Худо дар бораи пиронсолон фаҳмед. Фарзандон нисбати волидони пиронсолашон чӣ гуна уҳдадорӣ доранд? Чӣ тавр аъзоёни ҷамъомад пиронсолонро эҳтиром карда метавонанд?
Дар ҳаққи пиронсолон ғамхорӣ кунед
Волидони пиронсол ва фарзандонашон баъзе масъалаҳоро «пеш аз он ки рӯзҳои сахт биёянд» муҳокима карда метавонанд. Чӣ ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки душвориҳоро паси сар кунанд?
Бигзор сухани шумо гоҳ «оре» ва гоҳ «не» набошад
Масеҳиён бояд доимо ба гапашон истанд ва «оре»-и онҳо доимо «оре» бошаду «не»-и онҳо «не».Агар аз гапамон гаштан зарур бошад-чӣ? Бо мисоли Павлуси расул шинос шавед.