Бигзор сухани шумо гоҳ «оре» ва гоҳ «не» набошад
Чунин вазъиятро тасаввур кунед: Як пири ҷамъомад, ки аъзои Кумитаи кор бо беморхонаҳо мебошад, бо бародари ҷавоне гапзанон кард, ки рӯзи якшанбе ҳамроҳ ба хизмат мераванд. Саҳарии ҳамон рӯз ба он пири ҷамъомад ногаҳон бародари дигаре занг зад. Зани он бародар навакак ба садамаи автомобилӣ дучор шуда ба беморхона афтида будааст. Он бародар аз пир илтимос кард, ки барои ёфтани духтуре, ки дар масъалаи муолиҷаи бехун ҳамкорӣ мекунад, ёрӣ диҳад. Аз ин рӯ, пири ҷамъомад бо бародари ҷавон ба хизмат рафта натавонист, то ки ба оилаи ба фоҷиа дучоршуда кӯмак расонад.
Ҳолати дигарро тасаввур кунед: Модари танҳоро бо ду фарзандаш ҷуфти ҳамсароне аз ҷамъомад бегоҳии як шом ба меҳмонӣ таклиф карданд. Вақте ки модар дар ин бора ба кӯдаконаш мегӯяд, онҳо хеле хурсанд мешаванд. Бачаҳо бесаброна он шомро интизорӣ мекашанд. Лекин, як рӯз пеш аз он шом ҷуфти ҳамсарон ба модар мегӯянд, ки ногаҳон як коре баромад ва барои ҳамин онҳоро қабул карда наметавонанд. Хоҳар баъдтар мефаҳмад, ки сабаби иҷро накардани ваъдаашон чӣ буд: баъди ӯро таклиф кардан, ҳамсаронро дар ҳамон шоми муқарраршуда дӯстонашон ба хонаи худ таклиф намуданд ва онҳо ин таклифро қабул карданд.
Мо чун масеҳиён бояд албатта ба гапи худ истем. Мо набояд шахсоне бошем, ки суханони мо гоҳ «оре» ва гоҳ «не» бошанд (2 Қӯр. 1:18). Лекин чӣ тавре ки ду мисоли дар боло овардашуда нишон медиҳанд, вазъиятҳо гуногун буда метавонанд. Шояд баъзан барои бекор кардани нақшаи кашида ягон сабаби ҷиддӣ вуҷуд надорад, лекин дар баъзе мавридҳо шахс шояд маҷбур аст, ки нақшаи кашидаашро тағйир диҳад. Боре Павлуси ҳавворӣ ба чунин вазъият дучор шуда буд.
ПАВЛУСРО АЙБДОР КАРДАНД, КИ БА ГАПАШ НАМЕИСТАД
Соли 55-уми эраи мо, вақте Павлус ҳангоми сафари сеюми миссионериаш дар Эфсӯс буд, ӯ ният дошт, ки баҳри Эгейро гузашта, ба Қӯринтус равад ва аз он ҷо ба Мақдуния сафар кунад. Сипас, дар роҳи бозгашт ба Ерусалим ӯ нақша дошт, ки бори дуюм ба ҷамъомади шаҳри Қӯринтус ташриф оварда, хайрияҳои онҳоро гирифта ба бародарони Ерусалим барад (1 Қӯр. 16:3). Ин аз 2 Қӯринтиён 1:15, 16 маълум аст. Мо он ҷо мехонем: «Бо ҳамин эътимод ман ният доштам аввал назди шумо биёям, то ки дубора файз ёбед, ва аз мавзеи шумо ба Мақдуния гузашта равам ва боз аз Мақдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудия гусел кунед».
Эҳтимол, Павлус дар номаи пештар ба бародарони қӯринтӣ навиштааш оиди нақшаи ба он ҷо рафтан хабар дода буд (1 Қӯр. 5:9). Вале, чанде пас аз навиштани мактубаш Павлус аз хонаводаи Хӯло шунид, ки дар он ҷамъомад проблемаҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд (1 Қӯр. 1:10, 11). Пас аз шунидани он суханҳо Павлус нақшаи аввалаашро дигар кард ва қарор дод, ки он вақт ба Қӯринтус намеравад. Сипас ӯ ба онҳо номае навишт, ки имрӯз ба мо чун Номаи якум ба қӯринтиён маълум аст. Дар он нома Павлус онҳоро бомуҳаббат насиҳат ва ислоҳ намуд. Ӯ инчунин ба онҳо хотиррасон кард, ки нияти доштаашро дигар кард ва аз Эфсӯс аввал ба Мақдуния меравад ва сипас ба Қӯринтус (1 Қӯр. 16:5, 6) *.
Аз афташ, вақте ки бародарони қӯринтӣ номаи Павлусро гирифта хонданд, баъзе аз онҳо вайро айбдор карданд, ки ӯ ба гапаш намеистад ва ваъдаҳои додаашро иҷро намекунад. Онҳо худро аз Павлус беҳтар меҳисобиданд. Ӯ чунин шахсонро «ҳаввориёни олӣ» номид. Павлус барои ҳимояи худ гуфт: «Пас, модоме ки чунин ният доштам, оё бемулоҳиза рафтор кардам? Ё ки он чи ман иқдом [ният] менамоям, оё ба ҳасби ҷисм иқдом менамоям, ба тавре ки дар ман гоҳ “оре, оре”, гоҳ “не, не” мешавад?» (2 Қӯр. 1:17; 11:5).
Мо метавонем андеша ронем, ки оё дар он ҳолу вазъият Павлус дар ҳақиқат «бемулоҳиза» рафтор кард? Албатта не! Калимае, ки чун «бемулоҳиза» тарҷума шудааст, маънои боваринок набуданро дорад ва нисбати касе истифода мешавад, ки ба ваъдаҳояш намеистад. Саволи Павлус — «оё ба ҳасби [мувофиқи] ҷисм иқдом менамоям», бояд ба масеҳиёни қӯринтӣ кӯмак мекард, то фаҳманд, ки сабаби дигар шудани нақшаҳои Павлус он нест, ки ӯ шахси ба гапаш ноустувор буд.
Павлус айбдоркунии онҳоро боадабона рад карда, чунин навишт: «Худо амин аст, ки сухани мо ба шумо гоҳ “оре”, гоҳ “не” набуд» (2 Қӯр. 1:18). Павлус бо дигар кардани нақшаҳои сафараш бешубҳа ба манфиати бародарону хоҳарони қӯринтӣ амал кард. Дар 2 Қӯринтиён 1:23 Павлус ба онҳо мегӯяд: «Шуморо амон дода, то ҳол ба Қӯринтӯс наомадаам». Дар ҳақиқат, бо дигар кардани нақшааш, Павлус ба онҳо имконият дод, ки пеш аз омадани ӯ онҳо насиҳати додашударо қабул кунанд ва ислоҳ шаванд. Ва онҳо ҳамин тавр карданд. Ҳангоми дар Мақдуния буданаш, Павлус аз Титус фаҳмид, ки номаи навиштааш дар ҳақиқат қӯринтиёнро барангехт, ки пушаймон шаванд ва тавба кунанд. Ин ба Павлус шодии бузург бахшид (2 Қӯр. 6:11; 7:5–7).
ҲАМАИ ВАЪДАҲОИ ХУДО ДАР ИСО «ОРЕ» БУД
«Ҳаввориёни олӣ» Павлусро дар ваъдашиканӣ айбдор намуда, шояд инчунин гуфтанӣ буданд, ки мавъизааш низ сазовори боварӣ нест. Аммо Павлус ба қӯринтиён хотиррасон намуд, ки ӯ Исои Масеҳро ба онҳо мавъиза кардааст. «Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, “оре” ва “не” набуд, балки дар Ӯ фақат “оре” буд» (2 Қӯр. 1:19). Оё Исои Масеҳ ягон бор нишон дод, ки сазовори боварӣ нест? Не, албатта. Дар тӯли тамоми ҳаёт ва хизматаш Исо ҳамеша рост мегуфт (Юҳ. 14:6; 18:37). Агар он чизе ки Исо мавъиза мекард, аз ҳама ҷиҳат росту боваринок буд ва Павлус айнан он хабарро мавъиза мекард, пас мавъизаи Павлус низ сазовори боварӣ буд.
Албатта, Яҳува «Худои ростӣ» аст (Заб. 30:6). Инро суханони навбатии Павлус нишон медиҳанд: «Ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ [Масеҳ] “оре” буд». Азбаски Исо ҳангоми дар замин буданаш пурра беайбии худро нигоҳ дошт, мо метавонем дилпур бошем, ки ваъдаҳои Яҳува сазовори боварианд. Барои ҳамин, Павлус дар давоми суханаш мегӯяд, ки ваъдаҳои Худо «дар Ӯ “омин” буд,— барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо» (2 Қӯр. 1:20). Исо «омин» аст, яъне кафолати он аст, ки Яҳува Худо ҳар як ваъдаи худро иҷро мекунад!
Ба мисли Яҳува ва Исо, Павлус низ ҳама вақт он чизеро ки мегуфт, иҷро мекард (2 Қӯр. 1:19). Ӯ одами боваринок буд; вай шахсе набуд, ки ваъдаҳояш «ба ҳасби ҷисм» бошанд (2 Қӯр. 1:17). Баръакси ин, ӯ «бар тибқи Рӯҳ рафтор» мекард (Ғал. 5:16). Дар ҳар коре ки ӯ мекард, вай мехост баҳри беҳбудии бародарону хоҳарон амал кунад. Ореи ӯ оре буд!
ОЁ ОРЕИ ШУМО ОРЕ АСТ?
Имрӯзҳо барои одамоне, ки аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ намекунанд, муқаррарӣ гаштааст, ки ваъда диҳанд ва сипас бо сабаби ба миён омадани мушкилии ночиз ё пайдо гаштани пешниҳоди хубтар ба ваъдаашон вафо накунанд. Дар масъалаҳои корӣ «оре» на ҳамеша «оре» аст, ҳатто дар сурате ки шартномаи хаттӣ баста шудааст. Бисёриҳо ба издивоҷ дигар чун ба аҳду паймони якумра наменигаранд. Баръакс, шумораи афзудаистодаи оилаҳои вайроншуда нишон медиҳад, ки бисёриҳо ба издивоҷ чун ба пайванди тасодуфӣ, ки ба осонӣ кандан мумкин аст, назар мекунанд (2 Тим. 3:1, 2).
Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ореи шумо оре аст? Чӣ тавре ки дар аввали ин мақола дидем, ҳолате рӯй дода метавонад, ки шумо маҷбур мешавед чизи ваъдадодаатонро иҷро накунед, вале на аз сабаби он ки шумо ба гапатон ноустуворед, балки бо сабабе, ки аз шумо вобаста нест. Вале агар шумо чун масеҳӣ ваъдае ё қавле дода бошед, шумо бояд барои иҷрои он ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед (Заб. 14:4; Мат. 5:37). Агар чунин рафтор кунед, дигарон шуморо чун одами боваринок, чун шахсе, ки доимо рост мегӯяд, хоҳанд шинохт (Эфс. 4:15, 25; Яъқ. 5:12). Вақте одамон мефаҳманд, ки шумо дар корҳои ҳаррӯза ростқавл мебошед, онҳо шояд ҳангоми оиди Салтанати Худо мавъиза карданатон шуморо бо омодагии бештар гӯш хоҳанд кард. Барои ҳамин, биёед ҳамавақт кӯшиш кунем, то ореи мо дар ҳақиқат оре бошад!
^ сарх. 7 Чанде пас аз навиштани Номаи якум ба қӯринтиён, Павлус дар ҳақиқат ба воситаи Трӯос ба Мақдуния сафар кард. Дар он ҷо ӯ Номаи дуюм ба қӯринтиёнро навишт (2 Қӯр. 2: 12; 7:5). Баъдтар, ӯ ба Қӯринтус ташриф овард.