Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр рӯҳияи фидокориро нигоҳ дорем?

Чӣ тавр рӯҳияи фидокориро нигоҳ дорем?

«Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор [кунад]» (МАТ. 16:24).

1. Чӣ тавр Исо намунаи беҳтарини фидокорӣ боқӣ гузошт?

ВАҚТЕ КИ Исо дар рӯи замин мезист, вай ба мо намунаи беҳтарини фидокориро боқӣ гузошт. Ӯ хоҳишҳои худро як сӯ мегузошт, то ки хости Худоро ба ҷо орад (Юҳ. 5:30). Исо то дами марг дар сутуни шиканҷа садоқати худро нигоҳ дошта, исбот намуд, ки ӯ тайёр аст ба андозаи номаҳдуд рӯҳияи фидокорӣ зоҳир намояд (Флп. 2:8).

2. Чӣ тавр мо метавонем рӯҳияи фидокорӣ зоҳир созем ва чаро ин зарур аст?

2 Ба мо чун пайравони Исо зарур аст, ки рӯҳияи фидокорӣ зоҳир намоем. Вале чунин рӯҳия доштан чӣ маъно дорад? Оддӣ карда гӯем, рӯҳияи фидокорӣ маънои онро дорад, ки шахс бо омодагӣ аз хоҳишу манфиатҳои худ даст мекашад, то ба дигарон ёрӣ диҳад. Он баръакси худпарастист (Мат. 16:24). Рӯҳияи фидокорӣ ба мо кӯмак мекунад, ки на хости худ, балки хоҳишҳои дигаронро дар ҷои аввал гузорем (Флп. 2:3, 4). Бале, Исо таълим дода буд, ки рӯҳияи фидокорӣ бояд асоси ибодати мо бошад. Чаро? Муҳаббати масеҳӣ, ки яке аз сабабҳои зоҳир кардани рӯҳияи фидокорӣ мебошад, аломати фарқкунандаи шогирдони ҳақиқии Исо аст (Юҳ. 13:34, 35). Ҳамчунин мо қисми бародарияти умумиҷаҳоние ҳастем, ки чунин рӯҳияро зоҳир мекунад ва аз ин рӯ мо баракатҳои зиёдеро соҳибем!

3. Чӣ метавонад рӯҳияи фидокории моро суст гардонад?

3 Вале дар баробари ин мо душмане дорем, ки метавонад рӯҳияи фидокории моро оҳиста-оҳиста суст гардонад. Ин душман майли мо ба худпарастӣ мебошад. Ба ёд оред, ки чӣ тавр ҳатто Одаму Ҳавво худпарастӣ зоҳир карданд. Ҳавво худбинона рафтор намуда хост, ки мисли Худо шавад. Шавҳараш бошад, хоҳиши худпарастонаи худро дар он зоҳир намуд, ки на мувофиқи хости Яҳува, балки занаш амал кард (Ҳас. 3:5, 6). Баъд аз он ки Иблис Одам ва Ҳавворо аз ибодати ҳақиқӣ дур сохт, вай инчунин одамони дигарро ба он тела медод, ки худпараст бошанд. Ӯ ҳатто дар мавриди васваса кардани Исо ҳам чунин амал кард (Мат. 4:1–9). Дар рӯзҳои мо Шайтон моҳирона аксари одамонро гумроҳ сохта, ба он водор месозад, ки дар бисёр мавридҳо худпараст бошанд. Ин сазовори диққати мо мебошад, зеро рӯҳияи пурзӯри худпарастӣ бо мурури вақт метавонад дар мо низ инкишоф ёбад (Эфс. 2:2).

4. a) Оё мо ҳоло майлҳои худпарастонаи худро бартараф сохта метавонем? Фаҳмонед. б) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?

4 Худпарастиро ба занги оҳан монанд кардан мумкин аст. Агар оҳан зери таъсири намӣ ё дигар омилҳои зараррасон қарор гирад, он ба занг задан сар мекунад. Хатари ҷиддӣ дар он аст, ки аз сабаби беаҳамиятӣ занги оҳан зиёд мешавад ва оҳанро корношоям мегардонад. Ба монанди ин, гарчанде мо наметавонем ҳоло пурра нокомилӣ ва майлҳои худпарастонаи худро бартараф созем, мо бояд аз хатаре, ки бо чунин майлҳо алоқаманд аст, хабардор бошем ва бо онҳо мубориза бурданро давом диҳем (1 Қӯр. 9:26, 27). Чӣ тавр мо метавонем аломатҳои худпарастиро дар худ пай барем? Ва чӣ тавр мо боз ҳам бештар метавонем рӯҳияи фидокориамонро инкишоф диҳем?

БО ЁРИИ КИТОБИ МУҚАДДАС МАЙЛҲОИ ХУДПАРАСТОНАРО ДАР ХУД ПАЙ БАРЕД

5. a) Чаро Китоби Муқаддасро ба оина монанд кардан мумкин аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Вақте ки худро тафтиш карда, майлҳои худпарастонаамонро муайян карданӣ мешавем, мо бояд аз чӣ эҳтиёт шавем?

5 Чӣ тавре ки мо бо ёрии оина андоми худро аз назар мегузаронем, ҳамон тавр Китоби Муқаддасро низ барои тафтиш кардани ботини худ ва ислоҳ намудани камбудиҳои пайбурдаамон истифода бурда метавонем. (Яъқуб 1:22–25-ро бихонед.) Аммо оина танҳо он вақт фоида меорад, агар мо онро дуруст истифода барем. Масалан, агар мо ба оина саросемавор нигоҳ кунем, шояд нуқсони хурд, лекин ҷиддиро пай набарем. Ё агар ба оина аз як паҳлӯи он нигарем, метавонем акси каси дигарро бинем. Ба мисли ин, барои он ки мо бо ёрии Китоби Муқаддас камбудиҳоеро аз қабили худпарастӣ дар худ пай барем, тезу саросема хонда баромадани он ё истифодаи он барои дидани хатоҳои дигарон чандон дуруст намебуд.

6. Чӣ тавр мо дар шариати комили Худо «устувор» монда метавонем?

6 Масалан, мо метавонем Каломи Худоро мунтазам ва ҳатто ҳар рӯз хонем, вале ба ин нигоҳ накарда, аломатҳои худпарастиро, ки дар мо инкишоф ёфта истодааст, пайхас накунем. Чӣ тавр ин хел шуда метавонад? Аҳамият диҳед, ки дар мисоли овардаи Яъқуб нодурустӣ дар он набуд, ки шахс ба симои худ диққат надод. Не, ӯ «ба чеҳраи худ нигоҳ кард». Дар ин ҷо Яъқуб калимаи юнониеро истифода бурд, ки маънои чуқур омӯхтан ё бодиққат дида баромаданро дорад. Пас, дар ин маврид кадом амали шахс нодуруст буд? Яъқуб давом медиҳад: «[Ӯ] рафт, ва дарҳол фаромӯш кард, ки он чӣ гуна аст». Бале, ӯ мувофиқи чизи дидааш амал накарда, аз пеши оина рафт. Иҷрокунандаи Калом бошад, на танҳо «ба шариати комил... диққат мекунад», балки ҳамчунин «дар он устувор мемонад». Ба ҷои аз шариати комили Каломи Худо дур шудан, вай дар таълимоти он устувор мемонад, яъне мувофиқи он амал намуданро давом медиҳад. Исо фикри ба ин монандро чунин баён намуда буд: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд» (Юҳ. 8:31).

7. Чӣ тавр мо аз Китоби Муқаддас истифода бурда, нишонаҳои худпарастиро дар худ муайян сохта метавонем?

7 Бинобар ин, барои бо нишонаҳои худпарастӣ бомуваффақият мубориза бурдан ба шумо пеш аз ҳама лозим аст, ки Каломи Худоро бодиққат хонед. Ин ба шумо ёрӣ медиҳад, ки ҷиҳатҳои барои ислоҳ заруриро дар худ муайян созед. Лекин бояд кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳед. Барои чуқуртар мулоҳиза рондан тадқиқот гузаронед. Баъд аз он ки шумо воқеаеро аз Китоби Муқаддас мехонед, худро дар он вазъият тасаввур кунед ва ба худ ин гуна саволҳо диҳед: «Ман дар чунин вазъият чӣ гуна рафтор мекардам? Оё ман дар ҳақиқат дуруст амал менамудам?» Хеле муҳим аст, ки баъд аз фикрронӣ оиди чизи хондаатон, барои ба кор бурдани он кӯшиш кунед (Мат. 7:24, 25). Биёед дида бароем, ки чӣ тавр нақлҳо оиди подшоҳ Шоул ва Петруси ҳавворӣ ба мо ёрӣ дода метавонанд, то ки рӯҳияи фидокориро нигоҳ дорем.

НАМУНАИ ОГОҲКУНАНДАИ ПОДШОҲ ШОУЛ

8. Тарзи фикрронии Шоул ҳангоми нав подшоҳ шуданаш чӣ гуна буд ва ӯ онро чӣ тавр дар амал зоҳир кард?

Подшоҳи исроилиён Шоул барои мо мисоли огоҳкунандаест, ки чӣ тавр худпарастӣ бо мурури вақт рӯҳияи фидокориамонро барҳам дода метавонад. Дар аввали подшоҳиаш Шоул нисбати худ назари хоксорона ва фурӯтанона дошт (1 Подш. 9:21). Ӯ он исроилиёнеро, ки зидди ҳукмронии ӯ гап мезаданд, ҷазо надод, гарчанд ӯ метавонист фикр кунад, ки чун шахси аз тарафи Худо таъиншуда ба ин ҳақ дорад (1 Подш. 10:27). Подшоҳ Шоул зери роҳнамоии рӯҳулқудси Худо исроилиёнро сарварӣ карда, дар ҷанг бо аммӯниён ғолиб баромад. Баъд аз он ҳам ӯ фурӯтанона тамоми ҷалолро барои ғолибият аз они Яҳува донист (1 Подш. 11:6, 11–13).

9. Чӣ тавр Шоул тарзи фикрронии худбинонаро инкишоф дод?

9 Аммо баъдтар Шоул роҳ дод, ки тарзи фикрронии худбинона ва ғурур чун занги оҳан дар ӯ инкишоф ёбанд. Вақте ки ӯ амолеқиёнро дар ҷанг мағлуб сохт, хоҳишҳои худро аз итоаткорӣ ба Яҳува дида болотар гузошт. Шоул ба ҷои он ки ғанимати дар ҷанг бадастовардаашро мувофиқи амри Худо нобуд созад, ҳарисона онро нигоҳ дошт. Ҳамчунин ӯ худро болобардор карда, барои худ ҳайкал сохт (1 Подш. 15:3, 9, 12). Вақте ки пайғамбар Самуил ба Шоул гуфт, ки Худо аз ӯ норозист, Шоул худро сафед карда, диққатро ба он равона сохт, ки дар кадом мавридҳо ба фармони Худо итоат кардааст ва ҳамчунин ӯ дар хатои худ дигаронро айбдор кард (1 Подш. 15:16–21). Илова бар ин, аз сабаби ҳавобаландиаш Шоул на дар бораи ба Худо писанд омадан, балки оиди дар пеши одамон обрӯю эътибори худро нигоҳ доштан фикр мекард (1 Подш. 15:30). Чӣ тавр мо метавонем нақли дар бораи Шоул навишташударо чун оина истифода бурда, рӯҳияи фидокориамонро нигоҳ дорем?

10, 11. a) Мо аз ҳаёти Шоул оиди нигоҳ доштани рӯҳияи фидокорӣ барои худ чӣ дарс мегирем? б) Чӣ тавр мо метавонем аз тарзи рафтори нодурусти Шоул канорагирӣ кунем?

10 Аввалан, мисоли Шоул нишон медиҳад, ки мо набояд аз сабаби пештар рӯҳияи фидокорӣ зоҳир карданамон худбоварона хулоса барорем, ки минбаъд низ бе ягон кӯшиш чунин рафтор хоҳем кард (1 Тим. 4:10). Ба хотир оред, ки Шоул якчанд вақт дуруст рафтор мекард ва илтифоти Худоро соҳиб буд, лекин ӯ пеши роҳи майлҳои худхоҳонаашро, ки дар ӯ торафт зиёд мегаштанд, нагирифт. Яҳува оқибат Шоулро аз боиси беитоатиаш рад кард.

11 Дуюм, мо набояд танҳо ба баъзе ҷиҳатҳои ҳаётамон, ки дар онҳо дуруст рафтор мекунем, аҳамият дода, дигар ҷиҳатҳоеро, ки дар онҳо бояд беҳтар шавем, сарфи назар кунем. Ин ба монанди он мебуд, ки мо либоси навамонро пӯшида, онро бо ҳавас дар оина тамошо мекунему лекин ба чирки рӯямон аҳамият намедиҳем. Ҳатто агар мо мисли Шоул худбовар набошем ҳам, мо бояд бешубҳа аз ҳар гуна майле, ки ба рафтори нодуруст оварда мерасонад, каноргирӣ кунем. Агар ба мо маслиҳат диҳанд, биёед худро сафед накунем, хатоямонро ночиз нашуморем ва айбро ба гардани дигарон нагузорем. Ба ҷои чун Шоул рафтор кардан, беҳтар мебуд, ки маслиҳатро бо омодагӣ қабул кунем. (Забур 140:5-ро бихонед.)

12. Агар мо гуноҳи ҷиддӣ содир карда бошем, чӣ тавр рӯҳияи фидокорӣ ба мо кӯмак карда метавонад?

12 Вале агар мо гуноҳи ҷиддӣ содир карда бошем-чӣ? Шоул хост, ки обрӯяшро нигоҳ дорад ва ин ба рӯҳан шифо ёфтани ӯ монеъ гашт. Баръакси ин, рӯҳияи фидокорӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз шарманда шудан натарсему ёрии заруриро қабул кунем (Мас. 28:13; Яъқ. 5:14–16). Бародареро мисол меорем, ки дар синни 12-солагиаш ба тамошо кардани порнография сар кард ва зиёда аз даҳ сол пинҳонӣ чунин рафторашро давом медод. Ӯ нақл мекунад: «Ба ман хеле душвор буд, ки оиди ин рафторам ба занам ва пирони ҷамъомад гап занам. Лекин ҳозир, пас аз иқрор шуданам, гӯё як бори вазнине аз китфам афтид. Баъзе дӯстонам аз он ки маро аз ходими ёвар будан гирифтанд, рӯҳафтода шуданд, зеро инро аз ман ҳеҷ интизор набуданд. Аммо ман медонам, ки ҳозир хизматам ба Яҳува маъқултар аст, назар ба он вақте ки ман порнографияро тамошо мекардам ва фикри Ӯ барои ман аз ҳама муҳимтар аст».

ПЕТРУС БАР МАЙЛИ ХУДПАРАСТӢ ҒОЛИБ МЕОЯД

13, 14. Чӣ тавр майли худбинонаи Петрус зоҳир гашт?

13 Вақте ки Петруси ҳавворӣ аз Исо таълим мегирифт, ӯ рӯҳияи фидокорӣ дошт (Луқ. 5:3–11). Аммо вай бояд бо майлҳои худхоҳонааш мубориза мебурд. Масалан, вақте ӯ фаҳмид, ки Яъқуб ва Юҳанно дар Салтанати Худо ҷойҳои намоёнро аз ду паҳлӯи Исо ишғол кардан мехоҳанд, ба хашм омад. Шояд Петрус фикр мекард, ки яке аз он ҷойҳо барои ӯ пешбинӣ шуда буд, зеро Исо гуфта буд, ки Петрус нақши махсусро иҷро хоҳад кард (Мат. 16:18, 19). Чӣ хеле набошад, Исо Яъқубу Юҳанно ва ҳамчунин Петрус ва дигар ҳаввориёнро огоҳ кард, ки аз кӯшиши худбинонаи бар бародарони худ «ҳукмронӣ» кардан эҳтиёт шаванд (Марқ. 10:35–45).

14 Ҳатто пас аз он ки Исо фикрронии Петрусро ислоҳ кард, ин ҳавворӣ бояд кӯшиш мекард, то нисбати худ назари дуруст дошта бошад. Вақте Исо ба ҳаввориён гуфт, ки онҳо ба муддате ӯро тарк хоҳанд кард, Петрус худро аз дигарон боло гирифта, даъво намуд, ки танҳо ӯ содиқ мемонад (Мат. 26:31–33). Вале худбоварии Петрус асос надошт, зеро худи ҳамон шаб ӯ баръакси суханонаш амал кард. Барои муҳофизати худ кӯшиш карда, Петрус се бор аз Исо рӯй гардонд (Мат. 26:69–75).

15. Чаро гуфтан мумкин аст, ки намунаи Петрус рӯҳбаландкунанда аст?

15 Нигоҳ накарда ба хатоҳои Петрус, намунаи ӯ моро рӯҳбаланд месозад. Бо кӯмаки рӯҳулқудс ва ҳамчунин шахсан кӯшиш карда, Петрус тавонист, ки бар майлҳои нодурусташ ғолиб ояд ва худдориву муҳаббати фидокорона зоҳир созад (Ғал. 5:22, 23). Ӯ дар озмоишҳое устувор монд, ки дар муқоиса бо вазъиятҳои пешина, ки сабаби пешпо хӯрданаш гаштанд, эҳтимол вазнинтар буданд. Вақте ки Павлуси ҳавворӣ ӯро дар пеши ҳама мазаммат кард, Петрус дар ҷавоб фурӯтанӣ нишон дод (Ғал. 2:11–14). Баъд аз шунидани мазаммат Петрус ба дил кина нагирифт, зеро фикр намекард, ки мавқеи ӯ аз сабаби сарзаниш кардани Павлус зери хатар гузошта шуд. Петрус пас аз он воқеа ҳам нисбати Павлус муҳаббат зоҳир мекард (2 Пет. 3:15). Мисоли Петрус ба мо ёрӣ медиҳад, ки рӯҳияи фидокориро дар худ инкишоф диҳем.

Баъд аз шунидани мазаммат Петрус чӣ гуна амал кард? Оё мо низ ҳамин тавр рафтор мекардем? (Ба сархати 15 нигаред)

16. Чӣ тавр мо дар мавридҳои душвор рӯҳияи фидокорӣ зоҳир карда метавонем?

16 Дар бораи он фикр кунед, ки шумо дар вазъиятҳои душвор чӣ гуна рафтор мекунед. Вақте ки Петрус ва дигар ҳаввориёнро аз боиси мавъиза карданашон ҳабс намуда, қамчинкорӣ карданд, онҳо «хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ӯ сазовори беҳурматӣ гардидаанд» (Аъм. 5:41). Шумо низ метавонед ба таъқибот чун ба имконияти ба Петрус пайравӣ карда, аз паи Исо равона шудан нигоҳ кунед ва рӯҳияи фидокорӣ зоҳир созед. (1 Петрус 2:20, 21-ро бихонед.) Беш аз ин, агар пирон ба шумо маслиҳати зарурӣ диҳанд, чунин назар ба шумо кӯмак карда метавонад. Дар чунин маврид ба ҷои хафа шудан ба намунаи Петрус пайравӣ намоед (Воиз 7:9).

17, 18. a) Дар бобати мақсадҳои рӯҳонӣ ба худ чӣ гуна савол додан мумкин аст? б) Агар мо аломатҳои худпарастиро дар худ пай барем, чӣ кор карда метавонем?

17 Ҳамчунин, вақте ки шумо барои худ мақсадҳои рӯҳонӣ мегузоред, намунаи Петрус бароятон манфиатбахш хоҳад буд. Ба сӯи ин мақсадҳо тавре шитобед, ки рӯҳияи фидокориатон аён гардад. Аммо эҳтиёт шавед, ки ин кӯшишҳои шумо баҳри худнамоӣ набошад. Барои ҳамин ба худ чунин савол диҳед: «Оё ман бо нияти ба даст овардани ҳокимият ва пайдо кардани обрӯ дар байни дигарон, хизматамро беҳтар ё васеътар карданиам, чуноне ки дар мавриди ба Исо оиди мавқеи баланд муроҷиат кардани Яъқуб ва Юҳанно буд?»

18 Агар шумо пай баред, ки дар дилатон қадре худпарастӣ ҷой дорад, дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсед, то ки фикррониву ниятҳои дили шуморо ислоҳ кунад ва пас аз он сахт кӯшиш кунед, то диққататонро на ба худ, балки ба ҷалол додани Худо равона созед (Заб. 85:11). Ҳамчунин аз паи мақсадҳое шавед, ки диққати дигаронро аз ҳад зиёд ба шумо ҷалб намекунанд. Масалан, он хусусияти самари рӯҳро дар худ бештар инкишоф диҳед, ки зоҳир карданаш бароятон махсусан душвор аст. Ё агар шумо ба қисмҳои барномаи ҷамъомад хеле хуб тайёрӣ бинеду лекин ба рӯбучини Толори Салтанат чандон хоҳиш надошта бошед, мақсад монед, ки маслиҳати дар Румиён 12:16 додашударо ба кор баред. (Оятро бихонед.)

19. Чӣ кор кунем, то аз камбудиҳое, ки дар худ аз оинаи Каломи Худо мебинем, рӯҳафтода нашавем?

19 Вақте ки мо дар оинаи Каломи Худо ба худ бодиққат назар мекунем ва камбудиҳо ё ҳатто нишонаҳои худпарастиро мебинем, рӯҳафтода шуда метавонем. Агар бо шумо чунин ҳолат рӯй диҳад, оиди иҷрокунандаи Калом, ки дар борааш Яъқуб навишта буд, мулоҳиза ронед. Яъқуб нагуфт, ки он шахс камбудиҳояшро ба зудӣ ислоҳ кард ё ин ки ҳар як камбудиашро ислоҳ карда тавонист. Ба ҷои ин, ӯ навишт, ки он шахс дар шариати комил устувор монд (Яъқ. 1:25). Он шахс чизи дар оина дидаашро фаромӯш накард ва барои беҳтар шудан кӯшиш намуд. Бале, нисбати худ назари мусбиро нигоҳ доред ва ба нокомилиатон оқилона баҳо диҳед. (Воиз 7:20-ро бихонед.) Ба шариати комил диққат доданро давом диҳед ва барои нигоҳ доштани рӯҳияи фидокориатон кӯшиш кунед. Яҳува тайёр аст, ки ба шумо ёрӣ диҳад, чӣ тавре ки Ӯ ба бисёр бародарону хоҳарони дигар кӯмак карда буд. Агар нигоҳ накарда ба нокомилӣ, аз рӯи гуфтаҳои Китоби Муқаддас амал кунед ва зоҳир кардани рӯҳияи фидокориро давом диҳед, он гоҳ шумо илтифот ва баракати Яҳуваро ба даст хоҳед овард.