Далер бошед, Яҳува мададгори шумост!
«Метавонем далерона бигӯем: “Худованд мададгори ман аст”» (ИБР. 13:6).
1, 2. Бисёр муҳоҷирон баъди ба хона баргаштан бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
«МАН дар хориҷа кори хубе доштам ва пули зиёд кор мекардам,— ба хотир оварда мегӯяд Эдуардо *.— Вале вақте ман бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам, фаҳмидам, ки масъулияти аз ин муҳимтаре дорам, яъне ғайр аз таъмини моддии оилаам бояд дар бораи ниёзҳои рӯҳонии он низ ғамхорӣ кунам. Барои ҳамин ман ба хона баргаштам» (Эфс. 6:4).
2 Эдуардо медонист, ки ба назди оилааш баргаштани ӯ ба Яҳува писанд аст. Вале монанди Мэрелин, ки дар борааш дар мақолаи пешина гуфта будем, Эдуардо бояд кӯшишҳои зиёд ба харҷ медод, то муносибатҳои оилавиашро барқарор кунад ва дар вазъияти душвори иқтисодӣ кор ёфта, онҳоро таъмин кунад. Ӯ чӣ тавр аз ӯҳдаи ин мебарояд? Аз дигар аъзоёни ҷамъомад ӯ чӣ гуна кӯмакро интизор шуда метавонад?
БАРҚАРОР КАРДАНИ ҲАЁТИ ОИЛАВӢ ВА РӮҲОНӢ
3. Набудани волидон ба фарзандон чӣ гуна таъсир мекунад?
3 Эдуардо иқрор шуда мегӯяд: «Ман ба фарзандонам маҳз ҳамон вақте ки онҳо ба насиҳату навозиши ман бештар мӯҳтоҷ буданд, беэътиноӣ кардам. Ман дар хона набудам, то ки ба онҳо ҳикояҳои Китоби Муқаддасро нақл кунам, ҳамроҳашон дуо гӯям, онҳоро ба оғӯш гирам ва бо онҳо бозӣ кунам» (Такр. Ш. 6:7). Духтари калонии ӯ ба ёд меорад: «Азбаски падарамон дар хона набуд, ман ҳис мекардам, ки гӯё ӯ моро дӯст намедорад. Вақте ки ӯ ба хона омад, мо ӯро танҳо аз чеҳраи рӯяш ва овозаш шинохтем. Вақте ӯ маро ба оғӯш мегирифт, ин бароям нотабиӣ буд».
4. Чаро аз хона дур будани падар, сарвари хуби оила буданро барояш душвор мегардонад?
4 Муддати дурудароз аз хона дур будани падар иҷро кардани нақши сарвариро ба ӯ мушкил мегардонад. Зани Эдуардо, Руби мефаҳмонад: «Ман бояд нақши ду кас — ҳам модар ва ҳам падарро иҷро мекардам ва одат карда будам, ки аксари қарорҳои оилавиро худам қабул кунам. Вақте ки Эдуардо ба хона омад, ман бояд ба принсипи сарварӣ итоат карданро ёд мегирифтам. Ҳатто ҳозир, ба ман баъзан лозим меояд, ки шавҳарам дар ҳамин ҷо буданашро ба худ хотиррасон намоям» (Эфс. 5:22, 23). Эдуардо илова мекунад: «Духтаронам одат карда буданд, ки барои ба чизе иҷозат пурсидан назди модарашон раванд. Чун волидон мо дарк кардем, ки ҳардуямон бояд дар пеши фарзандонамон бошем. Ҳамчунин ба ман лозим буд, ки ба таври масеҳӣ ба оилаам роҳбарӣ карданро ёд гирам».
5. Як падар барои бартараф кардани зараре, ки аз набудани ӯ ба оилааш расида буд, чӣ хел кӯшиш кард ва он чӣ натиҷа овард?
5 Эдуардо ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард, то муносибаташро бо оилааш барқарор кунад ва барои рӯҳан бақувват шудани онҳо кӯмак расонад. Ӯ мехост бо гуфтор ва рафтори шахсии худ ба фарзандонаш ҳақиқатро таълим диҳад — на танҳо «ман Яҳуваро дӯст медорам» гӯяд, балки ин муҳаббаташро дар амал нишон диҳад (1 Юҳ. 3:18). Оё Яҳува кӯшишҳои Эдуардоро баракат дод? Духтари ӯ Анна мегӯяд: «Дидани он ки ӯ барои падари хуб будан ва ба мо наздик шудан тамоми кӯшишашро сарф мекард, ба мо таъсири калон расонд. Вақте мо дидем, ки падарам дар ҷамъомад соҳиби масъулият шуд, мо аз ин фахр кардем. Ҷаҳон мекӯшид, ки моро аз Яҳува дур кунад. Вале мо медидем, ки волидонамон диққаташонро ба ҳақиқат равона карда буданд, барои ҳамин мо низ мисли онҳо амал мекардем. Дадаам ваъда дод, ки дигар ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунад ва ӯ дар ҳақиқат ба гапаш истод. Агар ӯ мерафт, ман эҳтимол ҳоло дар ташкилоти Яҳува намебудам».
ҚАБУЛ КАРДАНИ МАСЪУЛИЯТ
6. Бисёр волидон дар давраи ҷанги Балкан барои худ чӣ дарс гирифтанд?
6 Фарзандон мехоҳанд, ки волидонашон бо онҳо бошанд. Аз баъзе мисолҳо аён мегардад, ки дар давоми ҷанг дар мамлакатҳои Балкан фарзандони бародарону хоҳарони мо, ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, нигоҳ накарда ба шароити вазнини ҳаёт худро хушбахт ҳис мекарданд. Чаро? Чунки волидоне, ки ба кор рафта наметавонистанд, дар хона бо онҳо мемонданд. Волидон ҳамроҳи онҳо бозӣ мекарданд, бо онҳо гап мезаданд ва омӯзиш мегузаронданд. Аз ин чӣ дарс гирифтан мумкин аст? Кӯдакон назар ба пулу тӯҳфа бештар ба он ниёз доранд, ки волидонашон ҳамроҳи онҳо бошанд. Дар ҳақиқат, чӣ тавре ки Каломи Худо мегӯяд, вақте волидон бо фарзандони худ вақт мегузаронанд ва онҳоро таълим медиҳанд, ин бар манфиати кӯдакон хоҳад буд (Мас. 22:6).
7, 8. a) Баъзе волидоне, ки ба хона бармегарданд, ба чӣ гуна хатогӣ роҳ медиҳанд? б) Чӣ тавр волидон муносибаташонро бо фарзандони худ барқарор карда метавонанд?
7 Афсӯс, ки баъзе волидон ба назди оилаи худ баргашта, дар фарзандашон ҳисси норозигӣ ё бепарвоиро мебинанд ва чунин мегӯянд: «Магар барои ҳамаи азобҳое, ки ман барои ту кашидам, ту ҳамин тавр “раҳмат” мегӯӣ?» Лекин ҳиссиёти манфии кӯдакон асосан аз сабаби тарк карда рафтани волидон буда метавонад. Чӣ тавр волид хафагиро аз дили кӯдакаш бароварда метавонад?
8 Ба Яҳува дуо гӯед, ки ба шумо барои дуруст фаҳмидани ҳиссиёти наздиконатон кӯмак кунад. Сипас, ҳангоми сӯҳбат бо оилаатон иқрор шавед, ки ин проблема ба андозае бо айби шумо ба миён омадааст. Аз таҳти дил бахшиш пурсидан кӯмак карда метавонад. Вақте ки ҳамсару фарзандонатон мушоҳида мекунанд, ки шумо пайваста барои ислоҳ кардани вазъият ҳаракат карда истодаед, онҳо самимӣ
будани кӯшишҳоятонро ҳис хоҳанд кард. Бо пурсабрӣ ва иродаи устувор шумо оҳиста–оҳиста муҳаббат ва эҳтироми оилаатонро ба даст оварда метавонед.ТАЪМИН КАРДАНИ ОИЛАИ ХУД
9. Чаро мо бояд ба шароити зист ва чизҳои доштаамон қаноат кунем?
9 Павлуси ҳавворӣ навишт, ки агар масеҳиёни пиронсол худашонро таъмин карда натавонанд, фарзандон ва наберагонашон бояд ба онҳо кӯмак кунанд. Вале Павлус ҳамаи масеҳиёнро ташвиқ кард, ки бо чизҳои барои ҳаёти ҳаррӯза зарур — хӯрок, пӯшок ва ҷои зист қаноат кунанд. Мо набояд доим кӯшишамонро ба ҳар чи хубтару бароҳаттар гардонидани ҳаёт ё ба ҳар чи бештар барои оянда пасандоз кардан равона кунем. (1 Тимотиюс 5:4, 8; 6:6–10-ро бихонед.) Барои «ба аҳли хона»-и худ ғамхорӣ кардан, ба масеҳиён зарур нест, ки дар ин ҷаҳоне, ки ба наздикӣ нобуд мешавад, бою сарватманд гарданд (1 Юҳ. 2:15–17). Мо набояд ба «ҳирси сарват» ё «ғамхӯриҳои зиндагӣ» роҳ диҳем, ки ба оилаи мо барои дар дунёи нави одилонаи Худо «ҳаёти ҷовидониро аз они худ» сохтан халал расонанд (Марқ 4:19; Луқ. 21:34–36; 1 Тим. 6:19).
10. Чаро аз гирифтани қарз канорагирӣ кардан аз рӯи хирад аст?
10 Яҳува медонад, ки барои зисту зиндагонии мо миқдори муайяни пул лозим аст. Вале пул моро то ба андозаи хиради Худо муҳофизат ва дастгирӣ карда наметавонад (Воиз 7:12; Луқ. 12:15). Бисёр вақт одамон дарк намекунанд, ки ба шаҳр ё давлати дигар рафта кор кардан чӣ қадар душвориҳо дорад. Ва кафолате нест, ки он ҷо онҳо пул кор карда метавонанд. Бисёри муҳоҷирон ҳатто бо қарзҳои калон бармегарданд. Ва ба ҷои озодона ба Худо хизмат кардан, онҳо бояд ба касоне, ки аз онҳо қарз гирифтаанд, хизмат кунанд. (Масалҳо 22:7-ро бихонед.) Роҳи аз ҳама бохирадона ин умуман аз касе қарз нагирифтан аст.
11. Аз рӯи буҷет зиндагӣ кардан чӣ тавр ба оилаҳо ёрдам медиҳад?
11 Эдуардо медонист, ки баъди ба хона баргаштан барои он ки нисбати оилааш ба хубӣ ғамхорӣ намояд, ӯ бояд пулро эҳтиёткорона сарф кунад. Ӯ ва занаш дар асоси он чизҳое, ки ба онҳо дар ҳақиқат лозим аст, буҷет тартиб доданд *. Албатта акнун буҷети онҳо маҳдуд буд ва онҳо чун дар вақти серпулиашон чизҳои бисёр харида наметавонистанд. Вале ҳамаи аъзоёни оила бо якдигар ҳамкорӣ карда, пулро аз зарурият берун сарф намекарданд. «Масалан,— мегӯяд Эдуардо,— ман фарзандонамро аз мактаби хусусӣ гирифта, ба мактаби хуби таҳсилоти ҳамагона гузарондам». Ӯ ва оилааш дуо гуфтанд, то ӯ коре ёбад, ки ба реҷаи рӯҳонии онҳо халал нарасонад. Яҳува ба дуоҳои онҳо чӣ гуна ҷавоб дод?
12, 13. Як падар барои таъмин кардани оилааш чӣ гуна чораҳои амалӣ андешид ва Яҳува қарори ӯро оиди ҳаёти оддӣ бурдан чӣ тавр баракат дод?
12 «Ду соли аввал мо рӯзғорамонро базӯр кашола мекардем,— ба хотир меорад Эдуардо.— Пулҳои пасандозкардаи ман торафт кам мешуд, маоши ман на ҳама вақт хароҷотҳоямонро пӯшонда метавонист ва ман аз ҷиҳати ҷисмонӣ бисёр хаста мешудам. Вале мо метавонистем ба ҳамаи вохӯриҳои ҷамъомад ташриф орем ва якҷоя ба хизмат равем». Эдуардо ба худ қарор дод, ки дар бораи пешниҳодҳои корие, ки дар давоми чанд моҳ ё сол аз оила дур буданро талаб мекунанд, ҳатто фикр намекунад. «Ба ҷои ин,— мегӯяд ӯ,— ман кардани корҳои гуногунро ёд гирифтам, то ки агар як намуди кор набошад, дигарашро карда тавонам».
13 Азбаски Эдуардо қарзҳояшро якбора неву дар мӯҳлати дароз пардохт мекард, ӯ бояд фоизи баланд месупорид, ки он дар натиҷа аз андозаи худи қарз зиёд мешуд. Лекин ӯ ба ин чиз тайёр буд, то ки ҳамроҳи оилааш бошад ва якҷоя бо онҳо ба Яҳува хизмат кунад. «Ҳоло пуле, ки ман кор мекунам қариб ба даҳ фоизи маоше, ки дар хориҷа мегирифтам, баробар аст,— мегӯяд Эдуардо,— вале мо гурусна нестем. “Дасти Худованд кӯтоҳ нест”. Мо ҳатто қарор додем, ки чун пешрав хизмат мекунем. Ҳайратовар аст, ки чанде пас вазъи иқтисодии мамлакат беҳтар шуд ва ба даст овардани Иш. 59:1).
чизҳои зарурӣ бароямон осонтар гашт» (ТОБ ОВАРДАН БА ФИШОРИ ХЕШОВАНДОН
14, 15. Вақте ки хешовандон чизҳои моддиро аз ибодати Яҳува боло гузоштанро талаб мекунанд, мо ба ин фишори онҳо чӣ гуна ғолиб омада метавонем? Намунаи хуби мо чӣ натиҷа оварда метавонад?
14 Урфу одати бисёр ҷойҳо чунин аст, ки одамон бояд ба хешовандону дӯстони худ пул ва тӯҳфаҳо фиристода истанд. «Ин қисми маданияти мо аст»,— мефаҳмонад Эдуардо, вале илова мекунад: «Ин чиз ҳудуд дорад. Ман боадабона ба хешу таборонам фаҳмондам, ки ба онҳо ҳамон қадар дода метавонам, ки дар натиҷа оилаи худам аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва моддӣ зарар набинанд».
15 Баъзе хешовандон аз касоне, ки ба назди оилаашон бармегарданд ё оилаашонро партофта ба ҷои дур ба кор рафтан намехоҳанд, хафа мешаванд ва ҳатто онҳоро бемеҳр ва худпараст меноманд. Чаро? Зеро ки ин хешовандон аз онҳо пул интизоранд (Мас. 19:6, 7). «Ба ҳар ҳол, вақте ки мо чизҳои рӯҳониро аз манфиатҳои моддӣ боло мегузорем,— мегӯяд духтари Эдуардо, Анна,— баъзе хешовандонамон оқибат метавонанд фаҳманд, ки ҳаёти масеҳӣ барои мо то чӣ андоза муҳим аст. Лекин, агар мо талаби онҳоро иҷро кардан гирем, ин чизро онҳо кай мефаҳманд?»
ЗОҲИР КАРДАНИ ИМОН БА ХУДО
16. а) Чӣ тавр шахс худро бо фикрҳои хато фиреб дода метавонад? (Яъқ. 1:22) б) Яҳува чӣ гуна қарорҳоро баракат медиҳад?
16 Як хоҳар, ки оилаашро монда, ба давлати тараққикардае ба кор рафт, ба пирон чунин гуфт: «Ба мо лозим буд, ки бисёр чизҳоро қурбон кунем, то ки ман ба ин ҷо биёям. Шавҳари ман ҳатто чун пири ҷамъомад хизмат карданро бас кард. Аз ин рӯ, ман умед дорам, ки Яҳува ба ин ҷо омадани маро албатта баракат медиҳад». Яҳува ҳамеша қарорҳоеро, ки дар асоси имон қабул карда мешаванд, баракат медиҳад, вале чӣ тавр Ӯ қарори ба иродаи Ӯ муқобилро, хусусан қарореро, ки бо тарк кардани таъиноти муқаддас алоқаманд аст, баракат дода метавонад? (Ибриён 11:6; 1 Юҳанно 5:13–15-ро бихонед.)
17. Чаро мо бояд роҳнамоии Яҳуваро пеш аз қабули қарорҳо ҷӯё шавем ва мо инро чӣ тавр карда метавонем?
17 Роҳнамоии Яҳуваро пеш аз қабул кардани қарор ва додани ваъда ҷӯё шавед, то ки баъдтар пушаймон нашавед. Дар бораи рӯҳулқудс, хирад ва ҳидояти Худо дуо гӯед (2 Тим. 1:7). Аз худ пурсед: «Зери кадом вазъиятҳо ман барои ба Яҳува итоат кардан тайёрам? Оё ҳатто дар вақти таъқибот ба Ӯ итоат хоҳам кард?» Агар ҳа, пас оё шумо тайёред, ки дар ҳолати сатҳи пасти зиндагӣ доштан ба Ӯ итоат кунед ва бо оилаатон монед (Луқ. 14:33). Аз пирон мадад пурсед ва аз рӯи маслиҳати бар Китоби Муқаддас додашуда амал кунед. Бо ҳамаи ин шумо нишон медиҳед, ки ба Яҳува, ки ба шумо ёрӣ доданро ваъда медиҳад, такя мекунед. Пирон наметавонанд ба ҷои шумо қарор қабул кунанд, вале онҳо ба шумо барои интихоб кардани роҳе кӯмак мекунанд, ки он ба шумо хушбахтии бардавом меорад (2 Қӯр. 1:24).
18. Барои таъмини оила кӣ вазифадор аст ва мо барои кӯмак намудан ба онҳо чӣ кор карда метавонем?
18 Яҳува аз сарварони оила интизор аст, ки ҳама вақт оиди таъминоти моддии оилаашон ғамхорӣ кунанд (Ғал. 6:5). Мо бояд онҳоеро, ки ин масъулияти худро бе тарк карда рафтани оила иҷро мекунанд ва ба фишору васвасаи дигарон дода намешаванд, таъриф кунем ва дар ҳаққашон дуо гӯем. Ғайр аз дуо гуфтан, мо метавонем дар ҳолати рӯй додани вазъиятҳои ногаҳонӣ, ба монанди офатҳои табиӣ ё эҳтиёҷ ба ёрии таъҷилии тиббӣ ба якдигар дасти мадад дароз карда, муҳаббати ҳақиқиамонро зоҳир кунем (Ғал. 6:2; 1 Пет. 3:8). Оё шумо дар маҳаллатон ба ҳамимоне барои ёфтани кор, ё бо додани ягон чизе ки ӯ сахт мӯҳтоҷ аст, масалан хӯрок ё пул кӯмак карда метавонистед? Дасти ёрии шумо метавонад фишори иқтисодиеро, ки ӯ ҳис мекунад, кам гардонад ва шояд ӯ оилаашро тарк карда, барои ҷустани кор ба ҷои дигар наравад (Мас. 3:27, 28; 1 Юҳ. 3:17).
ДАР ХОТИР ДОРЕД, КИ ЯҲУВА МАДАДГОРИ ШУМОСТ!
19, 20. Чаро масеҳиён дилпур буда метавонанд, ки Яҳува ба онҳо кӯмак хоҳад кард?
19 Навиштаҳо моро ташвиқ мекунанд: «Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ [Худо] гуфтааст: “Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт”. Бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: “Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?”» (Ибр. 13:5, 6). Чӣ тавр мо ҳақ будани ин ваъдаро дар ҳаёти худ дида метавонем?
20 Як пири ҷамъомад, ки дар давлати иқтисодиёташ паст зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Одамон бисёр вақт Шоҳидони Яҳуваро чун шахсони хеле шоду хушбахт тасвир мекунанд. Онҳо инчунин пай мебаранд, ки ҳатто Шоҳидони камбағал ҳамеша хубу шинам либос мепӯшанд ва зиндагиашон аз дигарон беҳтар аст». Ин айнан ҳамон чизест, ки Исо ба шахсоне, ки Салтанатро дар ҷои аввал мемонанд, ваъда дода буд (Мат. 6:28–30, 33). Бале, Падари осмониамон Яҳува шуморо дӯст медорад ва ба шумову фарзандонатон танҳо чизҳои беҳтаринро мехоҳад. «Чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 Вақ. 16:9). Ҳамаи аҳкомҳои Ӯ — аз он ҷумла он дастуроте, ки Ӯ оиди ҳаёти оилавӣ ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти моддӣ медиҳад, бар манфиати моянд. Вақте ки мо аз рӯи онҳо амал мекунем, мо нишон медиҳем, ки Ӯро дӯст медорем ва ба Ӯ такя мекунем. «Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳ. 5:3).
21, 22. Чаро шумо бо иродаи қавӣ ба Яҳува такя карданиед?
21 «Ман медонам, ки он вақтеро, ки аз зану фарзандонам дур будам, ҳеҷ гоҳ баргардонда намешавад,— мегӯяд Эдуардо,— вале ман диққатамро ба пушаймониҳои худ равона намекунам. Бисёри ҳамкорони пештараи ман ҳоло бою сарватманданд, вале хушбахт нестанд. Онҳо дар оилаашон проблемаҳои ҷиддӣ доранд. Лекин, оилаи ман хеле хушбахт аст! Ва ман аз дидани он ба ваҷд меоям, ки чӣ тавр бародарон ҳатто камбағал бошанд ҳам, чизҳои рӯҳониро дар ҳаёт дар ҷои якум мегузоранд. Ҳамаи мо ҳақ будани ваъдаи Исоро дар худ чашида истодаем». (Матто 6:33-ро бихонед.)
22 Далер бошед! Роҳи ба Яҳува итоат карданро интихоб кунед ва аз Ӯ дилпур бошед. Бигзор муҳаббати шумо ба Худо, ба ҳамсаратон ва фарзандонатон шуморо барангезад, ки масъулиятҳои рӯҳониатонро нисбати оилаи худ ба ҷо оред. Дар натиҷа, шумо хоҳед гуфт: «Худованд мададгори ман аст».
^ сарх. 1 Номҳо иваз шудаанд.
^ сарх. 11 Нигаред ба силсилаи мақолаҳои «Чаро сарфакор будан лозим аст?» аз «Бедор шавед!» (рус.) моҳи сентябри с. 2011.