Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува Худои тартибу низом аст

Яҳува Худои тартибу низом аст

«Худо Худои ҳарҷумарҷ [бетартибӣ] нест, балки Худои осоиштагист» (1 ҚӮР. 14:33).

1, 2. a) Офаридаи аввалини Яҳува кӣ буд ва чӣ тавр Яҳува ӯро истифода бурд? б) Чӣ нишон медиҳад, ки фариштагон ба таври муташаккилона амал мекунанд?

ЯҲУВА, Офаридгори олам, ҳамаи корҳояшро бо тартибу низом ба ҷо меорад. Офаридаи нахустини Ӯ Писари ягоназодаш, Исо, буд. Ӯ дар Китоби Муқаддас «Калом» номида шудааст, зеро чун намояндаи асосии Худо амал мекард. Мо мехонем: «Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд». Ӯ дар осмон ба Яҳува миллионҳо сол хизмат кард. Китоби Муқаддас дар бораи Исо инчунин мегӯяд: «Ҳама чиз ба воситаи Ӯ [Калом] ба вуҷуд омад ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт». Зиёда аз 2000 сол қабл аз замони мо, Худо Каломро чун инсони комил, Исои Масеҳ, ба замин фиристод. Исо дар замин иродаи Падарашро садоқатмандона иҷро мекард (Юҳ. 1:1–3, 14).

2 То ба замин омаданаш Исо чун ёрдамчии моҳир содиқона дар осмон ба Худо хизмат мекард (Мас. 8:30). Ба воситаи ӯ, Яҳува миллионҳо фариштагони дигарро дар осмон ба вуҷуд овард (Қӯл. 1:16). Дар бораи ин фариштагон дар Китоби Муқаддас чунин навишта шудааст: «Ҳазорон-ҳазор ба [Яҳува] хизмат мекарданд, ва беварҳо–бевар ба ҳузури ӯ меистоданд» (Дон. 7:10). Дар ояти дигар бошад, ин офаридаҳои сершумор «лашкарҳои» Яҳува номида шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки онҳо ба таври муташаккилона, яъне бо тартибу низом амал мекунанд (Заб. 102:21).

3. Шумораи ситораҳо ва сайёраҳо то чӣ андоза бузург мебошанд ва онҳо бо кадом тартиб ҷойгир шудаанд?

3 Дар бораи офаридаҳои ҷисмонӣ, ба монанди сайёраву ситораҳои бешумор чӣ гуфтан мумкин аст? Дар рӯзномаи «Хюстон-Техас кроникл» хабар дода мешавад, ки мувофиқи тадқиқотҳои солҳои охир ба ақидаи олимон дар кайҳон «300 секстиллион» ситораҳову сайёраҳо вуҷуд доранд, ки ин аз шумораи пештарае, ки онҳо ҳисоб карда буданд, се маротиба зиёд аст. Дар он ҳисобот ҳамчунин омадааст: «Ин адад бо 3 ва 23 сифр ё чун ҳосили зарби 3 триллион ба 100 миллиард нишон дода мешавад». Оё ин ситораву сайёраҳо дар фазо бо тартиб ҷойгир шудаанд? Бале, гурӯҳи ситораҳо дар якҷоягӣ галактикаҳоро ташкил медиҳанд. Ҳар як галактика аз миллиардҳо ё ҳатто аз триллионҳо ситораҳо иборат аст. Аксари галактикаҳо аз рӯи тартиботи ҷойгиршавӣ дар якҷоягӣ галаи галактикаҳоро ташкил медиҳанд. Ва ин галаҳо бошанд, боз ба гурӯҳҳои калонтар бо ҳам муттаҳид шуда, галаҳои азими галактикаҳоро ташкил медиҳанд.

4. Чаро хулоса баровардан дуруст аст, ки ходимони заминии Худо муташаккилона амал мекунанд?

4 Чун дар байни фариштагони содиқ, дар ҷойгиршавии сайёраҳову ситораҳо низ тартибу низоми хеле баланд мушоҳида карда мешавад (Иш. 40:26). Пас, чунин хулоса баровардан аз рӯи мантиқ аст, ки Яҳува фаъолияти хизматгорони заминиашро низ ба таври муташаккилона ба роҳ мемонад. Ӯ мехоҳад, ки онҳо тартиби хубро нигоҳ доранд. Ин хеле зарур аст, зеро ба онҳо кори ҳаётан муҳим супорида шудааст. Дар тӯли ҳазорсолаҳо Яҳува халқи худро тавре созмон медод, ки онҳо ба Ӯ содиқона ибодат карда тавонанд. Бисёр мисолҳо исбот мекунанд, ки Ӯ ҳамеша бо онҳо аст ва Ӯ «Худои ҳарҷумарҷ [бетартибӣ] нест, балки Худои осоиштагист». (1 Қӯринтиён 14:33, 40-ро бихонед.)

ЧӢ ТАВР ХУДО ДАР ЗАМОНИ ҚАДИМ БАРОИ ХОДИМОНАШ ТАРТИБУ НИЗОМ ҶОРӢ МЕКАРД?

5. Чӣ ба иҷрошавии нияте, ки Яҳува оиди оилаи инсонӣ дошт, халал расонд?

Вақте ки Яҳува нахустин одамонро офарид, Ӯ ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед» (Ҳас. 1:28). Яҳува яку якбора миллионҳо одамони комилро наофарид, балки Ӯ ният дошт, ки оилаи инсонӣ ба таври ботартиб афзун гашта, оҳиста–оҳиста рӯи заминро пур кунад ва ҳудуди Биҳиштро то ба тамоми рӯи замин васеъ гардонад. Беитоатӣ кардани Одаму Ҳавво ба иҷрошавии ин нияти Яҳува муваққатан халал расонд (Ҳас. 3:1–6). Аксари фарзандони Одаму Ҳавво низ ба Яҳува итоат намекарданд ва баъди чанд вақт «Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст». Дар натиҷа, «замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд». Барои ҳамин Худо қарор дод, ки тӯфони азиме оварда, ҳамаи золимонро несту нобуд кунад (Ҳас. 6:5, 11–13, 17).

6, 7. а) Чаро Нӯҳ дар чашми Яҳува илтифот ёфт? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Бо ҳамаи одамони беимони замони Нӯҳ чӣ рӯй дод?

6 Лекин «Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт», зеро ӯ «марди одил буд, ва дар насли худ покдоман». Азбаски «Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт», Яҳува ба ӯ дастур дод, ки киштии калоне бисозад (Ҳас. 6:8, 9, 14–16). Сохти он барои аз Тӯфон наҷот ёфтани одамон ва ҳайвонот хеле мувофиқ буд. Итоаткорона, «Нӯҳ ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармуд, ба ҷо овард» ва бо оилааш ҳамкорӣ карда, муташаккилона сохтмони киштиро ба анҷом расонд. Баъди он ки онҳо ҳамаи ҳайвонотро ба киштӣ дароварданд ва худашон низ даромаданд, Яҳува дарро пӯшид (Ҳас. 7:5, 16).

7 Соли 2370-уми то эраи мо, вақте ки Тӯфон ба амал омад, Яҳува «ҳар махлуқе[-ро] ки бар рӯи замин буд... аз замин маҳв» кард, вале Нӯҳи содиқ ва оилаи ӯро дар киштӣ зинда нигоҳ дошт (Ҳас. 7:23). Ҳар як инсон имрӯз дар замин насли Нӯҳ ва писарони ӯ мебошад. Вале ҳамаи одамони беимоне, ки дар беруни киштӣ буданд, нест шуданд, зеро онҳо ба огоҳиҳои Нӯҳ, воизи адолат, гӯш надоданд (2 Пет. 2:5).

Ба туфайли бо тартибу низоми хуб ба ҷо овардани корҳо, ҳашт нафар дар вақти Тӯфон наҷот ёфтанд (Ба сархати 6 ва 7 нигаред))

8. Вақте Худо ба халқи Исроил амр дод, ки ба Замини ваъдашуда дароянд, дар байни онҳо кадом тартибу низом вуҷуд дошт?

8 Баъди беш аз 800 соли Тӯфон, Худо халқи Исроилро ташкил дод. Ӯ барои ҳар як ҷониби ҳаёти онҳо, хусусан барои чӣ тавр ибодат карданашон тартиби муайянро ҷорӣ кард. Масалан, Ӯ баъзеҳоро чун коҳинон ва левизодагон таъин кард. Инчунин, баъзе занон «назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ» хизмат мекарданд (Хур. 38:8). Яҳува ба халқи Исроил амр дод, ки ба сарзамини Канъон дохил шаванд. Вале аксари онҳо тарсиданд ва итоат накарданд. Аз ҳамин сабаб, Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба ин замине ки дар бораи он Ман... қасам хӯрдаам, ки шуморо дар он сокин созам, дохил нахоҳед шуд, ба ҷуз Колеб ибни Ефунне ва Еҳушаъ ибни Нун». Зеро Еҳушаъ ва Колеб ягона шахсоне буданд, ки баъди ҷосусӣ кардани Замини ваъдашуда бо хабари нек баргаштанд (Ад. 14:30, 37, 38). Мувофиқи дастуроти Худо, баъдтар Мусо Еҳушаъро ба ҷои худ таъин кард, ки исроилиёнро роҳбарӣ кунад (Ад. 27:18–23). Чанде пеш аз он ки Еҳушаъ исроилиёнро ба замини Канъон гирифта барад, Худо ба вай гуфт: «Қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст» (Еҳ. 1:9).

9. Роҳоб ба Яҳува ва халқи Ӯ чӣ гуна муносибат кард?

9 Дар ҳақиқат, Еҳушаъ ба куҷое ки намерафт, Яҳува Худо бо ӯ буд. Масалан, оиди он фикр кунед, ки соли 1473 то эраи мо, вақте исроилиён дар наздикии яке аз шаҳрҳои Канъон — Ериҳӯ ӯрду заданд, чӣ рӯй дод. Еҳушаъ ду мардро чун ҷосус ба он шаҳр фиристод, то онро ба таври пинҳонӣ аз назар гузаронда оянд. Ҷосусон дар он ҷо Роҳоби фоҳишаро вохӯрданд, ки онҳоро дар боми хонаи худ пинҳон кард, зеро одамони подшоҳ мехостанд онҳоро дастгир кунанд. Роҳоб ба ҷосусони исроилӣ гуфт: «Ман медонам, ки Худованд ин заминро ба шумо додааст... Зеро шунидаем, ки чӣ гуна Худованд обҳои баҳри Қулзумро пеши шумо хушк кардааст... ва чӣ гуна шумо бо ду подшоҳи амӯрӣ [амал намудаед]». Ӯ инчунин гуфт: «Худованд Худои шумо ҳам дар осмон ва ҳам бар замин Худо мебошад» (Еҳ. 2:9–11). Азбаски Роҳоб ба Яҳува имон овард ва ба халқи онвақтаи Ӯ ҳамроҳ шуд, Худо ғамхорӣ кард, ки ӯ ва аҳли оилааш ҳангоми аз тарафи исроилиён забт шудани Ериҳӯ наҷот ёбанд (Еҳ. 6:25). Роҳоб ба Яҳува ва халқи Ӯ эҳтироми чуқур нишон дод.

МАСЕҲИЁНИ АСРИ ЯК МУТАШАККИЛОНА АМАЛ МЕКАРДАНД

10. Исо ба сарварони динии замони худ чӣ гуфт ва чаро?

10 Зери роҳбарии Еҳушаъ халқи Исроил паи ҳам шаҳрҳои сарзамини Канъонро забт карданд. Вале баъдтар чӣ рӯй дод? Дар давоми асрҳо исроилиён гаштаву баргашта қонунҳои Худоро поймол менамуданд. Замоне ки Яҳува Писарашро ба замин фиристод, исроилиён ба Худо ва пайғамбарони Ӯ то ба он дараҷа беитоат шуда буданд, ки Исо Ерусалимро кушандаи анбиё номид. (Матто 23:37, 38-ро бихонед.) Худо сарварони дини яҳудиро аз сабаби ба қонунҳои Ӯ беҳурматӣ карданашон рад намуд. Аз ин рӯ Исо ба онҳо гуфт: «Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад» (Мат. 21:43).

11, 12. а) Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува дар асри як ба ҷои халқи Исроил илтифоташро ба халқи нави дигаре равона кард? б) Он халқи нав аз киҳо иборат буд?

11 Дар асри якуми эраи мо Яҳува аз халқи саркаши Исроил рӯй гардонд. Лекин ин маънои онро надошт, ки Худо дигар дар замин ташкилоте, ки аз хизматгорони содиқ иборат аст, надорад. Ба ҷои халқи Исроил, Яҳува акнун илтифоташро ба пайравони Исои Масеҳ, ки ба ӯ ва таълимоташ содиқона итоат мекарданд, равона кард. Ин халқ дар Пантикости соли 33 эраи мо ташкил ёфт. Он рӯз қариб 120 нафар шогирдони Исо дар ҷое бо ҳам ҷамъ омада буданд ва «баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми хонаро пур кард». Баъд «забонаҳои аз ҳам ҷудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, якто-якто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт. Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати такаллум [гапзанӣ] бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан шурӯъ карданд» (Аъм. 2:1–4). Ин воқеаи ҳаяҷонбахш бешубҳа далели он буд, ки Яҳува ин халқи нав ташкилёфтаро, ки аз шогирдони Масеҳ иборат буд, дастгирӣ мекунад.

12 Дар худи «ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар» ба қатори пайравони Исо ҳамроҳ шуданд. Илова бар ин, «Худованд ҳар рӯз» одамонро ба сафи наҷотёбандагон қатӣ мекард (Аъм. 2:41, 47). Он шогирдони Исо дар кори мавъизаи худ чунон муваффақият ба даст меоварданд, ки «Каломи Худо торафт интишор меёфт [паҳн мешуд], шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд». Ҳатто «бисёре аз коҳинон низ ба имон тан доданд» (Аъм. 6:7). Ҳамин тариқ, ба туфайли мавъизаи аъзоёни ин халқи нав бисёр одамони самимӣ таълимоти Масеҳро қабул мекарданд. Дертар вақте, ки Яҳува ғайрияҳудиёнро низ ба ҷамъомади масеҳӣ ҷалб кард, боз равшантар исбот гашт, ки Ӯ халқи навташкилёфтаро дастгирӣ мекунад. (Аъмол 10:44, 45-ро бихонед.)

13. Супорише, ки Худо ба халқи навташкилёфтаи худ дод, аз чӣ иборат буд?

13 Аниқ маълум буд, ки Худо ба пайравони Масеҳ иҷрои кадом корро супоридааст. Худи Исо дар ин кор ба шогирдонаш намуна гузошта буд, зеро дарҳол баъди таъмид дар бораи «Малакути осмон» маъвиза карданро сар кард (Мат. 4:17). Исо кардани ин корро ба шогирдонаш низ ёд дод. Ӯ ба онҳо гуфт: «[Шумо] дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8). Пайравони аввалини Масеҳ мефаҳмиданд, ки Худо аз онҳо кардани кадом корро интизор аст. Масалан, дар Антиёхияи Писидия Павлус ва Барнаббо ба яҳудиёне, ки ба онҳо мухолифат мекарданд, гуфтанд: «Воҷиб буд, ки каломи Худо аввал ба шумо мавъиза карда шавад, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти ҷовидонӣ надонистед, бинобар ин мо ба ғайрияҳудиён рӯ меоварем; зеро ки Худованд ба мо чунин амр фармудааст: “Туро нури халқҳо гардондам, то ки Ту то ақсои замин василаи наҷот бошӣ”» (Аъм. 13:14, 45–47). Аз асри як инҷониб, қисми заминии ташкилоти Худо ба воситаи мавъизаи хушхабар роҳи наҷотро ба дигарон эълон карда истодааст.

БИСЁРИҲО НОБУД ШУДАНД, ВАЛЕ ХОДИМОНИ ХУДО НАҶОТ ЁФТАНД

14. Дар асри як бо Ерусалим чӣ ҳодиса рӯй дод, вале киҳо наҷот ёфтанд?

14 Аксари яҳудиён хушхабарро қабул накарданд ва ба огоҳӣ оиди мусибате, ки дар ояндаи наздик бояд рӯй медод, аҳамият намедоданд. Исо шогирдонашро огоҳ карда гуфт: «Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст; он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд» (Луқ. 21:20, 21). Он чизе ки Исо пешгӯӣ карда буд, аниқ рӯй дод. Азбаски яҳудиён бар зидди румиён шӯриш бардоштанд, соли 66-уми эраи мо лашкари румӣ бо роҳбарии Сестий Галл Ерусалимро иҳота карданд. Лекин онҳо ногаҳон ақиб гаштанд ва ин ба пайравони Исо имконият дод, ки Ерусалим ва Яҳудоро тарк кунанд. Мувофиқи гуфтаҳои таърихшинос Евсевий, бисёриҳо аз дарёи Ӯрдун гузашта, ба Пелла — мавзеи кӯҳии вилояти Перея гурехтанд. Соли 70-уми эраи мо лашкари румӣ бо сардории Сестий Галл ба Ерусалим баргашт ва онро несту нобуд кард. Лекин бо масеҳиёни содиқ чӣ рӯй дод? Онҳо наҷот ёфтанд, чунки ба огоҳии Исо гӯш доданд.

15. Нигоҳ накарда ба чӣ шумораи масеҳиён зиёд мешуданд?

15 Дар асри як пайравони Исо бо таъқиботу душвориҳо ва бо дигар озмоишҳои имон рӯ ба рӯ мешуданд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, шумораи ҳар чӣ бештари одамон ҳақиқатро қабул мекарданд (Аъм. 11:19–21; 19:1, 19, 20). Шумораи масеҳиён торафт меафзуд, зеро Худо ҷамъомадро баракат медод (Мас. 10:22).

16. Барои қавӣ нигоҳ доштани имони худ масеҳиён бояд чӣ кор мекарданд?

16 Барои дар имон қавӣ мондан ва ягонагиро нигоҳ доштан, ҳар як масеҳӣ шахсан бояд кӯшиш мекард. Барои ин омӯзиши боғайратонаи Навиштаҳо, ташрифи мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ва иштироки фаъолона дар кори мавъизаи Салтанат хеле муҳим буд. Чун дар замони мо, ин корҳо ба саломатии рӯҳонӣ ва ягонагии масеҳиён мусоидат мекарданд. Ҷамъомадҳо аз рӯи тартибу низом амал менамуданд. Онҳо пирон ва ходимони ёвар доштанд, ки бо омодагӣ ба ҳамимонон ёрӣ мерасонданд ва меҳнати боғайратонаи ин бародарон ба ҷамъомадҳо манфиати зиёд меовард (Фил. 1:1; 1 Пет. 5:1–4) Ҳамчунин онҳо аз ташрифи нозирони сайёр, ба монанди Павлуси ҳавворӣ, рӯҳбаланд мешуданд (Аъм. 15:36, 40, 41). Ҷолиби диққат аст, ки байни ибодати мо ва масеҳиёни асри як монандиҳои зиёд вуҷуд доранд. То чӣ андоза мо миннатдорем, ки Яҳува ҳамеша ғамхорӣ мекунад, то хизматгоронаш бо тартибу низом ба Ӯ ибодат кунанд *.

17. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима хоҳем кард?

17 Мо дар рӯзҳои охир зиндагӣ карда истодаем ва ҷаҳони Шайтон ба қарибӣ нобуд хоҳад шуд. Лекин қисми заминии ташкилоти Яҳува бо суръати аз ҳарвақта тез ба пеш рафта истодааст. Оё шумо низ ҳамқадами он ҳастед? Оё шумо рӯҳан пеш рафта истодаед? Мақолаи навбатӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр шумо инро карда метавонед.

^ сарх. 16 Ба мақолаҳои «Масеҳиён дар рӯҳ ва ростӣ ибодат мекунанд» ва «Онҳо дар роҳи ҳақиқат роҳ рафтанро давом медиҳанд», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 июли с. 2002 чоп шуда буданд, нигаред. Мавзӯъ оиди фаъолияти имрӯзаи қисми заминии ташкилоти Худо дар брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?» муҳокима шудааст.