Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ғизои мо он аст, ки иродаи Худоро ба ҷо орем

Ғизои мо он аст, ки иродаи Худоро ба ҷо орем

Чӣ ба шумо хурсандии зиёд мебахшад? Баъзе ҷонибҳои муносибатҳои одамӣ, ба монанди издивоҷ, калон кардани фарзандон ё инкишоф додани дӯстӣ ба кас шодию қаноатмандӣ мебахшанд. Эҳтимол, вақте ки шумо бо аҳли оила дар сари як дастархон ҷамъ меоед, табъатон хушу димоғатон чоқ мегардад. Лекин оё шумо розӣ нестед, ки мо чун хизматгорони Яҳува хурсандии аз ҳама зиёдро аз иҷрои гуфтаҳои Худо, омӯзиши Каломи Ӯ ва мавъизаи хушхабар ҳис мекунем?

Шоҳи Исроили қадим Довуд дар васфи Офаридгор чунин месароид: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст» (Заб. 39:9). Довуд ба азобу душвориҳои ҳаёташ нигоҳ накарда, аз иҷрои иродаи Худо хурсандии ҳақиқӣ мегирифт. Албатта, Довуд ягона ходими Яҳува набуд, ки хизмат ба Худои ҳақиқӣ ба ӯ қаноатмандӣ меовард.

Павлуси ҳавворӣ суханони Забур 39:9-ро нисбати Исо ба кор бурда, чунин навишт: «Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд: “Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ; қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хато барои Ту писандида набуд”. Он гоҳ гуфтам: “Инак, меоям,— чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст,— то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам”» (Ибр. 10:5–7).

Ҳангоми дар замин буданаш, Исо аз мушоҳида кардани офаридаҳо, муошират бо дӯстон ва якҷоя таом хӯрдан бо дигарон ҳаловат мебурд (Мат. 6:26–29; Юҳ 2:1, 2; 12:1, 2). Вале чизе ки барои ӯ аҳамияти аввалиндараҷа дошт ва хурсандии аз ҳама калон мебахшид — ин иҷрои иродаи Падари осмониаш буд. Аз ин рӯ, Исо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам» (Юҳ. 4:34; 6:38). Шогирдони Исо низ аз Устодашон сирри хушбахтии ҳақиқиро омӯхтанд. Онҳо бо омодагӣ ва бо ҷидду ҷаҳд хабари Салтанатро хурсандона ба дигарон мерасонданд (Луқ. 10:1, 8, 9, 17)

«БИРАВЕД ВА... ШОГИРД СОЗЕД»

Исо ба пайравонаш чунин амр дод: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20). Иҷрои ин супориш корҳои зеринро дар бар мегирад: дар ҳар ҷое, ки одамонро ёфтан мумкин аст, ба онҳо мавъиза кунем, шавқмандонро боздид намоем ва бо ҳар яки онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронем. Ба ҷо овардани ин кор ба мо хурсандии зиёд бахшида метавонад.

Муҳаббат моро бармеангезад, ки ба бепарвоии одамон нигоҳ накарда мавъиза карданро давом диҳем

Хоҳ одамон мавъизаи моро гӯш кунанд, хоҳ не, хурсандӣ дар хизмат асосан аз рӯҳияи мо вобаста аст. Чаро мо нигоҳ накарда ба бепарвоӣ ва беаҳмиятии одамон, эълон кардани хушхабарро давом медиҳем? Зеро мо мефаҳмем, ки дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ иштирок карданамон нишон медиҳад, ки мо Худо ва одамонро дӯст медорем. Дар ҳақиқат, гап дар бораи ҳаёти одамон меравад, зеро ҳам ҳаёти мо ва ҳам ҳаёти дигарон дар хатар аст (Ҳиз. 3:17–21; 1 Тим. 4:16). Биёед баъзе фикрҳоеро дида бароем, ки ба бисёр ҳамимонон барои дар хизмат нигоҳ доштани ғайрат ё барқарор кардани он кӯмак мекунанд.

ҲАР ЯК ИМКОНИЯТРО ИСТИФОДА БАРЕД

Дар хизмат истифода бурдани саволҳои бамавриду мувофиқ бисёр вақт натиҷаҳои хуб меоранд. Хоҳарамон Амалия саҳарии як рӯз дар хиёбоне хизмат мекард ва мардеро дид, ки газета хонда истодааст. Амалия ба назди вай омад ва пурсид, ки оё аз он газета ягон хабари нағз хонд. Вақте ки мард ҷавоб дод, ки не, Амалия гуфт: «Ман ба шумо дар бораи Салтанати Худо хабари хуш овардам». Ин шавқи мардро бедор кард ва ӯ ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуд. Амалия тавонист, ки дар он хиёбон бо се кас омӯзиши Китоби Муқаддас сар кунад.

Ҷанис ном хоҳар ҷои кори худро чун минтақа барои мавъиза истифода мебарад. Боре ӯ мақолаеро аз маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ба посбони корхона ва як ҳамкораш нишон дод ва онҳо шавқ зоҳир карданд. Ҷанис барояшон мунтазам овардани маҷаллаҳоро пешниҳод кард ва онҳо розӣ шуданд. Ҳамин тарзро ӯ нисбати як ҳамкори дигараш, ки аз мавзӯъҳои гуногуни маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» ба завқ омада буд, истифода бурд. Инро дида, боз як ҳамкори дигараш аз Ҷанис хоҳиш кард, ки ба ӯ низ маҷаллаҳо биёрад. «Яҳува маро хеле баракат дод»,— мегӯяд Ҷанис. Дар натиҷа, ӯ ба 11 нафар ҳамкоронаш мунтазам маҷалла мебурдагӣ шуд.

КӮШИШҲОЯТОНРО СУСТ НАКУНЕД

Як нозири сайёр маслиҳат дод, ки ҳангоми хизмати хона ба хона хуб мебуд, ки воизон сӯҳбати худро танҳо бо гуфтани суханони зерин тамом накунанд: «Ман рӯзи дигар боз меоям». Ба ҷои ин, онҳо метавонанд чунин гӯянд: «Оё мехостед ба шумо нишон диҳам, ки омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад?» ё «Дар кадом рӯз ва соат ба шумо қулай аст, ки мо боз вохӯрем ва сӯҳбатамонро давом диҳем?» Он нозири сайёр нақл кард, ки дар як ҷамъомаде, ки ӯ хизмат карда буд, бародарону хоҳарон бо истифодаи ин тарз дар як ҳафта 44 омӯзиши Китоби Муқаддас сар карданд.

Баъди ташрифи аввал ҳар чӣ зудтар, яъне дар байни ду-се рӯз бо шахс боздид кардан, метавонад натиҷаи хеле хуб орад. Чаро? Зеро бо ин мо нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат ба одамони самимӣ дар фаҳмидани Китоби Муқаддас кӯмак кардан мехоҳем. Вақте аз як зан пурсиданд, ки чаро ӯ барои бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш кардани Китоби Муқаддас розӣ шуд, ӯ ҷавоб дод: «Ман барои он омӯзишро сар кардам, ки онҳо нисбати ман таваҷҷӯҳи самимӣ ва муҳаббат зоҳир намуданд».

Шумо метавонед аз соҳибхона пурсед: «Оё мехостед ба шумо нишон диҳам, ки омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад?»

Мадай ном хоҳар баъди хондан дар Мактаби пешравон, дар муддати кӯтоҳ 15 омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард ва боз 5-тои дигарашро ба воизони дигар супорид. Якчанд омӯзандагони ӯ ба вохӯриҳои ҷамъомад мунтазам меомадагӣ шуданд. Чӣ ба Мадай кӯмак кард, ки ин қадар омӯзиши зиёд сар кунад? Дар Мактаби пешравон таҳсил намуда, ӯ хеле нағз фаҳмид, ки мунтазам боздид кардани онҳое, ки бори аввал шавқ зоҳир мекунанд, хеле муҳим аст. Ин маслиҳатро ӯ ба кор бурд. Вай ба пеши одамоне, ки дар вохӯрии аввал шавқманд мешуданд, гаштаву баргашта мерафт, онҳоро ба омӯзиш ташвиқ мекард ва тарзи гузаронидани онро мефаҳмонд. Ва барои ҳамин муваффақият ба даст овард. Хоҳари дигаре, ки ба бисёриҳо барои ба ҳақиқат омадан кӯмак кардааст, мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки барои ёфтани одамоне, ки Яҳуваро шинохтан мехоҳанд, гаштаву баргашта боздид кардан зарур будааст».

Ҳар чӣ зудтар боздид карда, мо бо ин нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат ба одамони самимӣ дар фаҳмидани Китоби Муқаддас кӯмак кардан мехоҳем

Такрору батакрор боздид кардани одамон ва бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронидан кӯшиши зиёд ва бардавомро металабад. Вале баъди он ки мо самари онро мебинем, чунон хурсанд мешавем, ки ҳамаи душвориҳо дар назарамон ҳеҷ метобанд. Дар кори мавъизаи Салтанат иштирок карда, мо метавонем ба дигарон кӯмак кунем, ки «ба дониши ростӣ бирасанд» ва оқибат «наҷот ёбанд» (1 Тим 2:3, 4). Дар натиҷа, мо қаноатмандӣ ва хурсандии беандоза ҳис мекунем.