Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба дигарон барои ривоҷ додани қобилиятҳояшон кӯмак кунед

Ба дигарон барои ривоҷ додани қобилиятҳояшон кӯмак кунед

«Туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст» (ЗАБ. 31:8).

1, 2. Яҳува ба хизматгоронаш чӣ гуна менигарад?

ВАҚТЕ волидон бозӣ кардани кӯдакони худро тамошо мекунанд, онҳо бисёр вақт аз дидани қобилиятҳои доштаи фарзандонашон ба ҳайрат меоянд. Шояд шумо низ инро дида бошед. Як кӯдак шояд табиатан чусту чолок аст ва дар бозиҳои варзишӣ қобилият дорад, модоме ки хоҳарак ё додарчааш дар бозиҳои рӯимизӣ ё сохтану эҷод кардани ҳар гуна чизҳо моҳир аст. Вале новобаста аз он ки фарзандон чӣ гуна лаёқат доранд, волидон аз пай бурдани он хушҳол мегарданд ва тайёранд, ки дар ривоҷу равнақ додани он ба фарзандашон кӯмак кунанд.

2 Яҳува низ фарзандони заминиашро бо шавқи самимӣ мушоҳида мекунад. Ӯ ба хизматгорони имрӯзааш чун ба «неъматҳои ҳамаи халқҳо» менигарад (Ҳаҷ. 2:7). Хусусан имон ва садоқатмандиашон онҳоро дар назди Ӯ шахсони пурарзиш мегардонад. Лекин шумо шояд аҳамият додаед, ки ҳамаи ҳамимонони мо қобилиятҳои гуногун доранд. Баъзе бародарон қобилият доранд, ки бо нутқҳо хеле нағз баромад кунанд, дигар бародарон бошанд ташкилотчии хубанд. Бисёр хоҳарон дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ лаёқати хуб доранд ва онро барои хизмат истифода мебаранд, модоме ки дигарон дар рӯҳбаланд кардани шахсони рӯҳафтода ё ғамхорӣ ба беморон намунаи олиҷанобанд (Рум. 16:1, 12). Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки дар ҷамъомад бо чунин бародарону хоҳарон хизмат мекунем.

3. Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?

3 Лекин баъзе ҳамимонони мо, аз он ҷумла ҷавонон ё шахсони навтаъмидёфта шояд ҳис кунанд, ки дар ҷамъомад ҳоло ҷои худро наёфтаанд. Чӣ тавр мо ба онҳо кӯмак карда метавонем, ки қобилиятҳои доштаи худро пурра истифода баранд? Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки ба Яҳува пайравӣ карда дар онҳо хислатҳои некро ҷӯем?

ЯҲУВА ДАР ХИЗМАТГОРОНАШ ЧИЗИ НЕКРО МЕБИНАД

4, 5. Чӣ тавр нақле, ки дар Доварон 6:11–16 омадааст, нишон медиҳад, ки Яҳува қобилияту хусусиятҳои ниҳонии ходимонашро мебинад?

4 Якчанд воқеаҳо аз Китоби Муқаддас равшан месозанд, ки Яҳува на танҳо хислатҳои хуби хизматгоронаш, балки ҳамчунин қобилиятҳои ниҳонии онҳоро мебинад Масалан, Яҳува Ҷидъӯнро интихоб кард, то ба воситаи ӯ халқашро аз зери фишори мидёниён озод кунад. Вақте фариштаи Худо ба Ҷидъӯн салом дода гуфт, ки «Худованд бо туст, эй марди диловар!», ӯ аз ин хеле ба тааҷҷуб афтод. Маълум мешавад, ки Ҷидъӯн худро «диловар», яъне далеру ҷасур намеҳисобид. Ӯ ҳис мекард, ки аз ӯҳдаи озод кардани халқи Худо намебарояд. Вале «марди диловар» хонда шудани ӯ нишон медод, ки Яҳува ба ӯ тамоман дигар хел менигарист. Ӯ аз худи Ҷидъӯн дида бештар медонист, ки вай чӣ гуна қобилиятҳо дорад. (Доварон 6:11–16-ро бихонед.)

5 Яҳува пурра боварӣ дошт, ки Ҷидъӯн Исроилро наҷот дода метавонад, чунки Ӯ қобилияту хусусиятҳои доштаи ӯро мушоҳида мекард. Масалан, фариштаи Яҳува аҳамият дод, ки чӣ тавр Ҷидъӯн ҳангоми кӯфтани гандум бо тамоми қувваташ кор мекард. Диққати фариштаро боз чизи дигаре ҷалб намуд. Дар замонҳои қадим, деҳқонон одатан гандумро дар фазои кушод мекӯфтанд, то ки бо ёрии шамол онро аз хасу хошок тоза кунанд. Лекин Ҷидъӯн бошад, гандумро дар чархушт — зарфе, ки ангурро мефишурданд, мекӯфт, то ки ҳосили ба дастовардаи ӯро мидёниён набинанд. Чӣ амали зираконае! Дар чашми Яҳува Ҷидъӯн на танҳо деҳқони эҳтиёткор, балки инчунин марди дурандеш ва доное буд. Бале, Яҳува қобилиятҳои ниҳонии ӯро медид ва дар ривоҷ додани онҳо кӯмак кард.

6, 7. а) Чӣ тавр назари Яҳува ба Омӯс аз назари баъзе исроилиён фарқ мекард? б) Чӣ нишон медиҳад, ки Омӯс шахси бесавод набуд?

6 Ба ин монанд, мо аз мисоли пайғамбар Омӯс мебинем, ки Яҳува қобилиятҳои ин ё он хизматгорашро пай мебарад, ҳатто агар он шахс ба чашми бисёриҳо оддию назарногир тобад ҳам. Омӯс подабон буд ва инчунин дар саҳро кори оддиеро иҷро мекард. Вале Яҳува маҳз Омӯсро интихоб кард, то ба воситаи ӯ ба салтанати даҳсибтаи Исроил, ки ба бутпарастӣ дода шуда буд, хабарҳои доварии худро эълон кунад. Баъзе исроилиён фикр мекарданд, ки Омӯс аз ӯҳдаи ин кор намебарояд. Чаро? (Омӯс 7:14, 15-ро бихонед.)

7 Омӯс аз деҳоти дурдасте буд. Вале ӯ шахси бесавод набуд, зеро ба туфайли муомила бо савдогароне, ки аз қишлоқи онҳо мегузаштанд, ӯ дар бораи урфу одат ва қоидаҳои замони худ маълумоти аниқ дошт. Масалан, ӯ дар бораи халқҳои ҳамсоя ва дар ҳолати бад қарор доштани Исроил нағз бохабар буд (Омӯс 1:6, 9, 11, 13; 2:8; 6:4–6). Омӯс инчунин нависандаи хуб буд. Ӯ қобилият дошт, ки бо истифодаи суханони оддӣ чизҳои хеле таъсирнок гӯяд. Ӯ нотарсона саркоҳини фосиқ Амасёро маҳкум кард. Дар ҳақиқат, Яҳува барои эълон кардани хабари худ шахси муносибро интихоб карда буд. Ӯ дар Омӯс қобилиятҳои пурарзишеро медид, ки аз чашми дигарон пӯшида буданд (Омӯс 7:12, 13, 16, 17).

8. а) Яҳува ба Довуд чӣ ваъда дод? б) Чаро суханони Забур 31:8 касонеро, ки ба қобилиятҳои худ боварӣ надоранд, рӯҳбаланд мекунад?

8 Бале, Яҳува қобилиятҳои ниҳонии ҳар як ходимашро мебинад. Масалан, Яҳува шоҳ Довудро боварӣ бахшида буд, ки ҳамеша ӯро ҳидоят хоҳад кард ва маслиҳати лозима хоҳад дод. (Забур 31:8-ро бихонед.) Ба фикратон чаро ин моро рӯҳбаланд мекунад? Ҳатто агар мо ба қобилиятҳои худ боварӣ надошта бошем ҳам, Яҳува метавонад дар кардани корҳое ба мо кӯмак кунад, ки дар назарамон имконнопазир метобанд. Бо ёрдами ӯ мо ба мақсадҳое расида метавонем, ки ҳаргиз дар ҳушу хаёламон набуданд. Масалан, муаллим ҳар як қадами алпинисти ҷавонро бодиққат назорат мекунад, то ба ҷои даркорӣ задани чангакро ба ӯ нишон диҳад. Ҳамин тавр, Яҳува низ тайёр аст, ки қадамҳои моро сӯи пешрафти рӯҳонӣ ҳидоят намояд. Яҳува инчунин метавонад барои инкишоф додани қобилиятҳои ниҳонии мо ҳамимононамонро истифода барад. Чӣ тавр?

ДАР ДИГАРОН ХИСЛАТҲОИ НЕКРО ҶӮЕД

9. Чӣ тавр мо дар бораи манфиати бародарону хоҳарон «ғамхорӣ» карда метавонем?

9 Павлус ҳар як масеҳиро ташвиқ мекард, ки дар бораи манфиати дигарон «ғамхорӣ намояд». (Филиппиён 2:3, 4-ро бихонед.) Чӣ тавр мо аз рӯи ин насиҳати Павлус амал карда метавонем? Ба мо лозим аст, ки қобилиятҳои доштаи дигаронро мушоҳида кунем ва дар ин бора ба онҳо гӯем. Масалан, вақте ки ягон кас хислати хуберо дар мо пай бурда, дар ин бора ба мо гӯяд, мо чӣ ҳис мекардем? Одатан ин моро бармеангезад, ки ин хислатро боз ҳам бештар дар худ ривоҷ диҳем. Ба ин монанд, вақте ки мо ба хислату қобилиятҳои ҳамимононамон аҳамият медиҳем ва онҳоро таъриф мекунем, мо ба онҳо ёрӣ медиҳем, ки дар инкишоф додани ин чизҳои нек боз ҳам бештар кӯшиш кунанд ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд намоянд.

10. Хусусан кӣ ба диққату таваҷҷӯҳи мо ниёз дорад?

10 Хусусан кӣ ба диққату таваҷҷӯҳи мо ниёз дорад? Рост аст, ки ҳар яки мо баъзан ба таваҷҷӯҳи махсуси дигарон мӯҳтоҷ мешавем. Вале асосан ҷавонон ва бародарони навтаъмидёфта мехоҳанд, ки онҳоро дар корҳои ҷамъомад истифода баранд. Ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки худро дар байни халқи Худо даркорӣ ҳис кунанд. Китоби Муқаддас ин бародаронро ташвиқ мекунад, ки барои гирифтани масъулиятҳои бештар кӯшиш намоянд (1 Тим. 3:1). Вале агар касе корҳои кардаи онҳоро дуруст қадр накунад, ин метавонад ғайрат ва хоҳиши онҳоро барои гирифтани масъулиятҳои бештар суст гардонад.

11. а) Чӣ тавр як пири ҷамъомад ба ҷавони шармгине кӯмак кард? б) Аз мисоли Ҷулиен шумо ба худ чӣ дарс мегиред?

11 Людовик ном пири ҷамъомад, ки дар ҷавониаш аз чунин таваҷҷӯҳи самимӣ манфиат гирифта буд, мегӯяд: «Вақте ки ман ба бародаре диққату таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекунам, ӯ тезтар пешравӣ мекунад». Яке аз чунин бародарон Ҷулиен буд. Людовик пай бурд, ки Ҷулиен шармгин аст ва вақте дар ҷамъомад ба коре кӯмак карданӣ мешуд, дастонаш ба кор намечаспид ва ноӯҳдабаро буд. Людовик мегӯяд: «Вале ман медидам, ки Ҷулиен одами хеле хуб аст ва дар ҷамъомад ҳақиқатан ба дигарон кӯмак кардан мехоҳад». Барои ҳамин, Людовик ба ҷои танқид кардани Ҷулиен диққаташро ба хислатҳои хуби ӯ равона сохта мекӯшид, ки ӯро рӯҳбаланд кунад. Бо гузашти вақт, Ҷулиен тавонист, ки ходими ёвар шавад ва ҳоло ӯ чун пешрави доимӣ хизмат мекунад.

БА ОНҲО КӮМАК КУНЕД, КИ ҚОБИЛИЯТҲОИ ХУДРО РИВОҶ ДИҲАНД

12. Агар хоҳем, ки ба касе дар ривоҷ додани қобилиятҳояш кӯмак кунем, мо бояд чӣ гуна хислат дошта бошем? Мисол оред.

12 Агар мо хоҳем, ки ба бародарон барои ривоҷ додани қобилиятҳояшон кӯмак кунем, мо бояд мушоҳидакор бошем. Чӣ тавре ки аз мисоли Ҷулиен фаҳмидем, мо бояд диққатамонро на ба камбудиҳо, балки ба хислату қобилиятҳои хуби бародарон равона кунем. Масалан, Исо ба шогирдаш Петрус ҳамин хел менигарист. Ҳарчанд баъзан ба назар чунин менамуд, ки Петрус шахси сустирода ва ба гапаш ноустувор аст, Исо дар ӯ қобилиятҳои хубро медид ва пешгӯӣ кард, ки ӯ чун санг устувор хоҳад буд (Юҳ. 1:42).

13, 14. а) Чӣ тавр Барнаббо бо Марқӯси ҷавон бомулоҳиза рафтор кард? б) Чӣ гуна ба як бародари ҷавон чун ба Марқӯс кӯмак расонда шуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

13 Биёед ҳамчунин дида бароем, ки чӣ тавр Барнаббо бо Юҳанно, ки лақаби румиаш Марқӯс буд, бомулоҳиза рафтор кард (Аъм. 12:25). Ҳангоми сафари якуми миссионерии Павлус ва Барнаббо, Марқӯс ба онҳо чун ёрдамчӣ хизмат карда, эҳтимол дар қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмониашон кӯмак мекард. Лекин, ҳангоми ба Памфилия расидан, Марқӯс ҳамроҳони худро дар вақти даркорӣ ногаҳон тарк кард. Ва Павлусу Барнаббо аз мавзеи хатарнок, ки бо роҳзанҳояш маъруф буд, гузашта роҳашонро танҳо давом доданд (Аъм. 13:5, 13). Вале Барнаббо бо Марқӯс чӣ гуна рафтор кард? Ӯ диққаташро на ба сустиҳои ӯ, балки ба хислатҳои хубаш равона кард. Вай ба Марқӯс чун ба одами бемасъулият наменигарист. Ба ҷои ин, Барнаббо Марқӯсро таълим дод ва баъдтар ӯ масеҳии баркамоле гашт (Аъм. 15:37–39). Ҷолиби диққат аст, ки баъди гузашти солҳо, вақте ки Павлус дар Рум, дар ҳабс буд, Марқӯс ҳамроҳи ӯ истода ба вай кӯмак мекард. Вақте ки Павлус ба масеҳиёни ҷамъомади шаҳри Қӯлассо нома навишт, ӯ дар ҳаққи Марқӯс суханони хуб гуфт (Қӯл. 4:10). Баъдтар, Павлус ҳатто хоҳиш кард, ки Марқӯс ба ӯ кӯмак расонад. Тасаввур кунед, ки вақте Барнаббо инро фаҳмид, ӯ чӣ қадар хурсанд шуд! (2 Тим. 4:11).

14 Александре ном пири навтаъиншуда, ба ёд меорад, ки чӣ тавр як бародар нисбати ӯ оқилона рафтор карда буд. «Вақте ки ман ҷавонтар будам,— мегӯяд ӯ,— дар назди ҷамъомад дуо гуфтан бароям беҳад душвор буд. Ва пире ба ман ёд дод, ки чӣ тавр барои дуо гуфтан пешакӣ тайёр шуда, худро нисбатан озод ҳис кунам. Ба ҷои он ки дигар ба ман дуо гуфтанро супориш надиҳад, ӯ ба ман мунтазам имконият медод, ки дар вохӯриҳо барои мавъиза дуо гӯям. Бо гузашти вақт, ман ба худ боварии бештар пайдо кардам».

15. Павлус чӣ тавр нишон медод, ки бародарону хоҳаронро қадр мекард?

15 Вақте мо ягон хислати неки ҳамимонамонро мебинем, ки ба мо хеле маъқул мешавад, оё дар ин бора ба ӯ мегӯем? Дар боби 16-уми Нома ба Румиён ҳаввории Павлус номи беш аз 20 ҳамимононашро номбар карда, салом мерасонад, ки барои хислатҳои хубашон онҳо ба ӯ азиз гашта буданд (Рум. 16:3–7, 13). Масалан, Павлус ба Андрониқӯс ва Юниёс салом расонида, онҳоро барои аз ӯ бештар ба Масеҳ хизмат карданашон ва истодагарӣ таъриф кард. Ҳамчунин, Павлус дар бораи модари Руфус, ки нисбати ӯ ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир карда буд, хотиррасон намуд.

Фредерик (аз чап) Рикоро ташвиқ кард, ки дар хизмати Яҳува устувор монад (Ба сархати 16 нигаред)

16. Таъриф ба ҷавонон чӣ тавр таъсир карда метавонад?

16 Вақте мо касеро самимона таъриф мекунем, ин натиҷаи хеле хуб оварда метавонад. Намунаи писарбачаи ҷавон Ри́коро, ки аз Фаронса мебошад дида мебароем. Падари ӯ шоҳиди Яҳува набуд ва ба таъмид гирифтани Рико муқобилат мекард. Аз ин чиз Рико хеле рӯҳафтода мешуд. Ӯ фикр мекард, ки танҳо баъди ба синни балоғат расидан ба Яҳува хизмат карда метавонад. Инчунин, ӯ аз он сабаб зиқ мешуд, ки дар мактаб дигарон ӯро мазоҳу масхара мекарданд. Вале Фредерик ном пири ҷамъомад, ки ҳамроҳи Рико омӯзиш мекард, ӯро таъриф карда мегуфт, ки вай аз он сабаб ба муқобилиятҳо дучор мешавад, ки хеле далерона мавъиза мекунад. Таърифу таҳсини бародар ба Рико қувват бахшид, ки дар роҳи ҳақиқат устувор монад ва кӯмак кард, ки ӯ бо падараш муносибаташро беҳтар гардонад. Дар натиҷа, Рико дар синни 12-солагиаш таъмид гирифт.

Ҷером (аз рост) ба Риен кӯмак кард, ки миссионер шавад (Ба сархати 17 нигаред)

17. а) Чӣ тавр мо ба бародарон барои зиёдтар пешравӣ кардан кӯмак расонида метавонем? б) Чӣ тавр як миссионер ба бародарони ҷавон таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир кард ва ин чӣ натиҷа овард?

17 Ҳар гоҳ, вақте ки мо ба ҳамимонон барои супориши хуб иҷро кардаашон ё кӯшишҳои боғайратонаи онҳо миннатдорӣ баён мекунем, ин онҳоро бармеангезад, ки дар хизмати Яҳува боз ҳам бештар ҷидду ҷаҳд намоянд. Силви * ном хоҳаре, ки якчанд сол боз дар Байт–Или Фаронса хизмат мекунад, мегӯяд, ки хоҳарон низ метавонанд бародаронро таъриф кунанд. Ӯ қайд кард, ки хоҳарон бисёр вақт метавонанд чизҳоеро пай баранд, ки шояд ба чашми бародарон натобанд. Пас, вақте ки хоҳарон бародаронро барои кӯшишҳояшон таъриф мекунанд, ин ба суханони гуфтаи бародарони ботаҷриба қуввати иловагӣ мебахшад. Силви инчунин мегӯяд: «Таъриф кардани дигаронро ман вазифаи худ меҳисобам» (Мас. 3:27). Ҷером ном бародар, ки дар Гвианаи Фаронсавӣ миссионер шуда хизмат мекунад, ба бисёр бародарони ҷавон кӯмак кард, ки ба миссионер шудан мақсад гузоранд. Ӯ мегӯяд: «Ман аҳамият додам, ки вақте бародарони ҷавонро дар хизмат барои ягон чизи аниқ таъриф мекунам ё онҳоро барои шарҳҳои пурмазмунашон таҳсин мегӯям, онҳо ба худ боварии бештар пайдо мекунанд. Дар натиҷа, онҳо қобилиятҳои худро боз ҳам бештар инкишоф медиҳанд».

18. Чаро бо бародарони ҷавон ҳамкорӣ кардан хуб аст?

18 Мо инчунин бо ҳамимонон якҷоя ҳамкорӣ карда, онҳоро ба рӯҳан рушд кардан барангехта метавонем. Масалан, пири ҷамъомад метавонад аз бародари ҷавоне хоҳиш кунад, ки аз сайти jw.оrg маълумоти рӯҳбаландкунандаеро барои бародар ё хоҳари пиронсоле, ки компютер надорад, чоп кунад. Ё агар шумо дар гирду атрофи Толори Салтанат таъмир ё рӯбучин карда истода бошед, метавонед бародари ҷавонро барои якҷоя кор кардан даъват кунед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки чӣ гуна қобилиятҳо доштани ӯро мушоҳида кунед, ӯро таъриф намоед ва сипас натиҷаҳояшро бинед (Мас. 15:23).

БАРОИ ОЯНДА ТАҲКУРСӢ ГУЗОРЕД

19, 20. Чаро мо бояд барои пешрафт кардани дигарон кӯмак кунем?

19 Яҳува Еҳушаъро интихоб кард, то ба халқи Исроил роҳбарӣ кунад. Ҳамзамон Ӯ ба Мусо амр дод, ки Еҳушаъро таълим диҳад ва ӯро «қавӣ ва далер» гардонад. (Такрори Шариат 3:28-ро бихонед.) Имрӯз, шумораи ҳар чӣ бештари одамон ба ҷамъомади умумиҷаҳонии мо ҳамроҳ шуда истодаанд. На танҳо пирон, балки ҳамаи масеҳиёни ботаҷриба метавонанд ба бародарони ҷавон ва навтаъмидёфта дар ривоҷ додани қобилиятҳояшон кӯмак кунанд. Он гоҳ сафи ходимони пурравақт торафт зиёд гашта, шумораи ҳар чи бештари бародарон барои таълим додани дигарон лаёқат пайдо хоҳанд кард (2 Тим. 2:2).

20 Хоҳ мо аъзои ҷамъомади калоне бошем, ки дар он бародарони ботаҷриба бисёранд ё хоҳ аъзои гурӯҳи хурде ҳастем, ки акнун васеъ шуда истодааст, биёед ба ҷавонон кӯмак карда, барои ояндаи ташкилот таҳкурсӣ гузорем. Калиди муваффақият дар ин кор — пайравӣ кардан ба Яҳува аст. Агар мо мисли Ӯ дар дигарон ҳамеша хислатҳои хубро ҷӯё шавем, мо метавонем ба онҳо барои ривоҷ додани хислату қобилиятҳои хубашон кӯмак кунем.

^ сарх. 17 Ном иваз карда шудааст.