Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро шумо бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:

Рӯзи 14-уми нисон, барраи Фисҳ бояд дар кадом вақт забҳ карда мешуд?

Баъзе тарҷумонони Китоби Муқаддас мегӯянд, ки он бояд «байни ду бегоҳ» забҳ карда мешуд. «Байни ду бегоҳ» вақтеро дар бар мегирад, ки аз нишастани офтоб то пурра торик шудан давом мекунад (Хур. 12:6). (w13 15.12. [bw 541] саҳ. 18, 19.)

Ба ҷавонон барои қабул кардани қарорҳои хуб кадом принсипҳои Китоби Муқаддас кӯмак карда метавонанд?

Се принсипи зерин: 1) Аввал Салтанати Худо ва адолати Ӯро ҷустан (Мат. 6:19–34). 2) Аз хизмат ба дигарон хурсандӣ ёфтан (Аъм. 20:35). 3) Дар айёми ҷавонӣ ба Яҳува хизмат кардан (Воиз 12:1). (w14 15.1. [bw 542] саҳ. 19, 20.)

«Никоҳи Барра» кай баргузор мегардад? (Ваҳй 19:7)

«Никоҳи Барра» баъди он баргузор мегардад, ки Подшоҳ Исои Масеҳ ғалабаи пурра ба даст меорад, яъне пас аз он ки Бобили Бузург несту нобуд карда мешавад ва ҷанги Ҳармиҷидӯн ба охир мерасад. (w14 15.2. [bw 543] саҳ. 10.)

Дар кадом асос яҳудиёни асри як «интизор»-и Масеҳ буданд? (Луқ. 3:15)

Мо бо боварӣ гуфта наметавонем, ки яҳудиёни асри як пешгӯии Дониёлро оиди Масеҳ мисли мо мефаҳмиданд (Дон. 9:24–27). Вале онҳо дар бораи эълони фаришта ба чӯпонон ё он чиро ки Ҳанои набия оиди Исои кӯдак дар маъбад гуфт, шуниданашон мумкин буд. Ҳамчунин, ситорашиносон барои дидани «Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт», омада буданд (Мат. 2:1, 2). Баъдтар, Яҳёи Таъмиддиҳанда башорат дода мегуфт, ки Масеҳ бояд ба наздикӣ пайдо шавад. (w14 15.2. [bw 543] саҳ. 26, 27.)

Чӣ тавр шахсе, ки бо эҳсосоти манфиаш мубориза мебарад, дар худ назари мусбиро инкишоф дода метавонад?

Вақте ки шахс диққаташро ба муносибатҳои бо Худо доштааш равона мекунад, ба вай бо ҳиссиёти манфӣ мубориза бурдан осон мегардад. Инчунин донистани он моро тасаллӣ мебахшад, ки Яҳува ҳамеша бо халқаш хоҳад буд ва онҳоро дар душвориҳо дастгирӣ хоҳад кард. (w14 15.3. [bw 544] саҳ. 16.)

Чӣ кор кунем, то суханони мо гоҳ «оре» ва гоҳ «не» набошад? (2 Қӯр. 1:18)

Рост аст, ки баъзан ҳолати ногаҳоние рӯй дода метавонад, ки мо аз рӯи маслиҳати кардаамон амал карда наметавонем. Вале агар мо ваъда ё қавле дода бошем, мо бояд барои иҷрои он ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. (w14 15.3. [bw 544] саҳ. 32.)

Чӣ тавр мо ба васвасаи тамошои порнография муқобилат карда метавонем?

Се қадам ба ин ёрӣ медиҳад: 1) Агар чашмамон ба расму тасвири шаҳватомез афтад, мо нигоҳамонро зуд ба дигар сӯ равона мекунем. 2) Барои пок нигоҳ доштани майнаамон мо оиди чизҳои мусбӣ фикр мекунем ва ба Худо дуо мегӯем. 3) Барои аз вазъиятҳои хатарнок дурӣ ҷустан мо филмҳо ё сайтҳоеро, ки тасвирҳои шаҳватангез доранд, тамошо намекунем. (w14 15.4. [bw 545] саҳ. 30–32.)

Вақте ки масеҳӣ оилаи худро тарк карда, барои пулкоркунӣ ба давлати дигар меравад, ин чӣ оқибатҳои манфӣ оварда метавонад?

Вақте ки волидон бо фарзандонашон дар як ҷо зиндагӣ намекунанд, ин ба фарзандон зарари эмотсионалӣ ва ахлоқӣ расонда метавонад. Дар дили онҳо нисбати волид(онашон) хафагӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Ва ҳамсароне, ки аз ҳам дур зиндагӣ мекунанд, бо васвасаи содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ дучор шуда метавонанд. (w14 15.4. [bw 545] саҳ. 17, 18.)

Аз кадом ҷиҳатҳо мо ба имони Мусо пайравӣ карда метавонем?

Мусо хоҳишҳои ҷисмро рад мекард, хизмати пуршарафи худро қадр менамуд ва бодиққат ба мукофот назар медӯхт. (w14 15.4. [bw 545] cаҳ. 4–6.)

Ҳангоми дар хизмат бо одамон гап задан бояд кадом чор саволро дар ёд дорем?

Бо кӣ мо гап мезанем? Дар куҷо мо гап мезанем? Кадом вақт барои бо одамон гап задан беҳтар аст? Чӣ тавр бояд бо одамон гап занем? (w14 15.5. [bw 546], саҳ. 12–15.)

Ба ҳамимоне, ки аз ҳамсараш ҷудо шудааст, шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Шунавандаи бодиққат бошед ва ба ӯ таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир кунед. Ӯро боварӣ бахшед, ки Яҳува вазъиятро мефаҳмад. Ӯро барангезед, ки ба воситаи дуо, омӯзиши шахсӣ ва мулоҳиза муносибаташро бо Яҳува қавӣ гардонад. Ташвиқ кунед, ки ӯ ба ҷамъомад наздик бимонад. Якҷоя ба хизмат рафтан ё ҳамроҳ ба вохӯриҳо тайёрӣ диданро пешниҳод кунед. (w14 15.6. [bw 547] саҳ.10, 11.)