Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Ёри худро мисли худ дӯст бидор»

«Ёри худро мисли худ дӯст бидор»

«[Ҳукми] дуюмаш монанди он аст: “Ёри худро мисли худ дӯст бидор”» (МАТТО 22:39).

1, 2. а) Исо оиди дуюм ҳукми бузургтарин чӣ гуфт? б) Ба кадом саволҳо мо ҷавоб меёбем?

БОРЕ як фарисӣ бо мақсади озмудани Исо аз ӯ пурсид: «Эй Устод! Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?» Чуноне, ки дар мақолаи гузашта қайд кардем, Исо ҷавоб дод, ки «ҳукми аввалин ва бузургтарин» ин аст: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор». Сипас, Исо илова кард: «Дуюмаш монанди он аст: “Ёри худро мисли худ дӯст бидор”» (Мат. 22:34–39).

2 Исо гуфт, ки мо бояд ёри худро мисли худ дӯст бидорем. Лекин, ёри мо кист? Чӣ тавр мо аз рӯи гуфти Исо амал карда метавонем? Дар давоми ин мақола мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем ва мефаҳмем, ки чаро дӯст доштани одамон ба Яҳува писанд аст ва чӣ тавр он ба худи мо манфиат меорад.

ЁРИ МО КИСТ?

3, 4. а) Исо дар ҷавоб ба саволи «ёри ман кист?» чӣ гуна масал овард? б) Марди сомарӣ ба шахсе, ки дар роҳ захмин ва ниммурда мехобид, чӣ гуна кӯмак кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Мо одатан фикр мекунем, ки ёри мо ин шахсест, ки бо мо зиндагӣ мекунад ё дӯст ва рафиқи наздики мо аст (Мас. 27:10). Вале биёед дар ин бора фикри Исоро фаҳмем. Вақте як мард аз ӯ пурсид, ки «ёри ман кист?», Исо барои фаҳмондани ин дар бораи як сомарии некдил масале овард. (Луқо 10:29–37-ро бихонед.) Дар он масал, роҳзанон марди яҳудиеро ғорат карда, ӯро маҷрӯҳ ва ниммурда дар роҳ гузошта мераванд. Аз назди ӯ аввал як коҳини исроилӣ ва сипас левизодае мегузарад. Шунаванда шояд гумон кунад, ки онҳо ӯро дида, чун ёри хуб рафтор мекунанд, вале онҳо ҳеҷ ёрдаме накарда, аз пешаш гузашта мераванд. Баръакси онҳо, марди сомарие ба вай кӯмак мекунад. Дар он замон сомариён ба халқе тааллуқ доштанд, ки Қонуни Мусоро ҳурмат мекарданд, вале аксари яҳудиён ва сомариён аз ҳамдигар нафрат доштанд (Юҳ. 4:9).

4 Марди сомарӣ ба захмҳои яҳудии маҷрӯҳшуда равған ва шароб рехта, ҷароҳатбандӣ кард ва сипас ӯро гирифта ба меҳмонхона бурд ва ба соҳиби он ҷо ду динор дода, хоҳиш кард, ки ӯро нигоҳубин кунад. Маблағе, ки ӯ дод, ба музди меҳнати дурӯзаи коргарон баробар буд (Мат. 20:2). Ба осонӣ дидан мумкин аст, ки бо марди маҷрӯҳ кӣ чун ёри ҳақиқӣ рафтор кард. Бешубҳа, аз масали Исо мо мефаҳмем, ки ёри мо кист: мо бояд ба ҳар гуна одамон раҳмдилу дилсӯз бошем ва онҳоро дӯст дорем.

Ходимони Яҳува ба зоҳир кардани муҳаббат ҳамеша омодаанд (Ба сархати 5 нигоҳ кунед)

5. Баъди тӯфони «Сэнди» Шоҳидони Яҳува ба одамон чӣ тавр муҳаббат зоҳир намуданд?

5 Одамоне, ки ба мисли сомарии некдил дилсӯзанд, хеле кам вомехӯранд. Хусусан дар ин «айёми охир» аксари одамон, бераҳму дилсахтанд ва ба дигарон муҳаббат надоранд (2 Тим. 3:1–3). Чунин ҳолатҳои ғамоварро дар давоми рух додани офатҳои табиӣ бештар мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, вақте ки моҳи октябри соли 2012 дар яке аз шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида тӯфони «Сэнди» рух дод, сокинони он сахт зарар диданд. Бисёри одамон аз набудани қувваи барқ, гармӣ ва дигар чизҳои зарурӣ азоб мекашиданд. Лекин дуздон аз фурсат истифода бурда, ба хонаҳои бе он ҳам осебдида даромада, онҳоро ғорат менамуданд. Шоҳидони Яҳува бошанд, тамоман дигар хел амал карданд. Онҳо муҳаббати ҳақиқии масеҳӣ зоҳир намуда, ба бародарону хоҳарони худ ва инчунин ба дигар шахсони осебдида кӯмак расонданд. Боз бо кадом роҳҳо ба одамон муҳаббат зоҳир кардан мумкин аст?

ЧӢ ТАВР МО БА ОДАМОН МУҲАББАТ ЗОҲИР КАРДА МЕТАВОНЕМ?

6. Мо ба одамон чӣ гуна кӯмак пешниҳод карда метавонем?

6 Аз Китоби Муқаддас ба одамон кӯмаки рӯҳонӣ пешкаш кунед. Чӣ тавр мо ин корро карда метавонем? — Агар диққати одамонро ба Навиштаҳо ва ваъдаҳои тасаллибахши он равона кунем (Рум.15:4). Бале, мо ба дигарон дар бораи ҳақиқати Китоби Муқаддас нақл карда, ба онҳо муҳаббат зоҳир мекунем (Мат. 24:14). Чӣ шарафи бузург аст ба одамон расонидани хабари умедбахши Худо! (Рум. 15:13).

7. Қоидаи тиллоӣ чист ва риояи он чӣ манфиат меорад?

7 Аз рӯи Қоидаи тиллоӣ рафтор кунед. Исо чӣ гуна будани он қоидаро ҳангоми Мавъизаи болоикӯҳиаш қайд кард. Ӯ гуфт: «Ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё» (Мат. 7:12). Исо «Таврот» гуфта, китобҳои аз Ҳастӣ то Такрори Шариат ва «суҳафи анбиё» гуфта, китобҳои пайғамбаронро аз Навиштаҳои Ибронӣ дар назар дошт. Вақте ки мо бо одамон аз рӯи маслиҳати Исо бо муҳаббат рафтор мекунем, мо дар асл мувофиқи рӯҳияи «Таврот» ва «суҳафи анбиё» амал мекунем. Имрӯз ҳам, Яҳува аз мо интизор аст, ки одамонро дӯст дорем. Масалан, Ӯ тавассути Ишаъё гуфт: «Инсофро нигоҳ доред... Хушо [хушбахт] касе ки инро ба ҷо меоварад» (Иш. 56:1, 2). Агар мо ба одамон муҳаббат зоҳир кунем ва мувофиқи қоидаи тиллоӣ рафтор кунем, мо хушбахт хоҳем буд.

8. Чаро мо бояд душманонамонро дӯст дорем ва агар ин тавр кунем, он чӣ натиҷа оварда метавонад?

8 Душманони худро дӯст доред. «Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун”,— гуфт Исо. “Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед, то ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед”» (Мат. 5:43–45). Павлуси ҳавворӣ низ насиҳати ба ин монанде дода буд: «Агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ» (Рум. 12:20; Мас. 25:21). Мувофиқи Қонуни Мусо, агар исроилӣ медид, ки чорвои душманаш зери бор афтида хобидааст, ӯ бояд ба душманаш барои озод кардани он чорво кӯмак мекард (Хур. 23:5). Ҳамин тавр, дар натиҷаи якҷоя амал кардан, душмани пештара ба дӯсти хуб табдил ёфта метавонист. Азбаски мо чун масеҳиён муҳаббат зоҳир мекунем, дили бисёри душманонамон нисбати мо мулоим мешавад. Дар натиҷаи муҳаббат зоҳир кардани мо, ҳатто баъзе аз таъқибкунандагони ашаддӣ метавонанд ходимони Яҳува гарданд.

9. Оиди бо ҳамимонон сулҳро барқарор кардан Исо чӣ гуфта буд?

9 «Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед» (Ибр. 12:14). Бешубҳа, ин ҷо ҳамимононамон низ дар назар дошта шудаанд, зеро Исо гуфт: «Ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун» (Maт. 5:23, 24). Ҳар гоҳ дар байни мо ва ягон ҳамимонамон ҳамдигарнофаҳмие рӯй диҳад, хуб мебуд, ки ҳар чӣ тезтар барои бо ӯ оштӣ шудан кӯшиш кунем. Ин хел рафтор карда, мо ба ӯ муҳаббатамонро нишон медиҳем ва ба Яҳува писанд меоем.

10. Чаро мо набояд дигаронро танқид кунем?

10 Айбҷӯй набошед. «Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед,— гуфт Исо,— зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд. Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: “Иҷозат деҳ, ки хасро аз чашми ту дур кунам”; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст? Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ» (Мат. 7:1–5). То чӣ андоза таъсирбахшанд ин суханони Исо! Аз ин ҷо мо барои худ чунин дарс мегирем: мо набояд дигаронро барои хатоҳои майда–чуйда танқид кунем, зеро худи мо низ хатогиҳои бисёр мекунем.

РОҲИ БЕҲТАРИНИ ЗОҲИР КАРДАНИ МУҲАББАТ

11, 12. Роҳи муҳимтарини ба одамон муҳаббат зоҳир кардан кадом аст?

11 Мо бо роҳҳои бисёр ба одамон муҳаббат зоҳир карда метавонем. Вале Исо таълим дод, ки роҳи беҳтарини зоҳир кардани муҳаббат — ин мавъиза кардани хушхабари Салтанат аст (Луқ. 8:1). Вай ба пайравонаш супориш дод: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» (Мат. 28:19, 20). Ба ин амри Исо итоат карда, мо ба одамон ёрӣ медиҳем, ки роҳи васеъ ва фарохеро, ки сӯи ҳалокат мебарад, тарк карда бо роҳи танге, ки сӯи ҳаёт мебарад, равона шаванд (Мат. 7:13, 14). Бешубҳа, Яҳува чунин кӯшишҳои моро баракат медиҳад.

12 Исо ба одамон кӯмак мекард, ки ба Яҳува мӯҳтоҷ буданашонро дарк кунанд (Мат. 5:3). Ба одамон хушхабари Худоро нақл карда, мо ба Исо пайравӣ мекунем (Рум. 1:1). Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки ба туфайли қурбонии Исо онҳо метавонанд бо Худо муносибати наздик пайдо кунанд ва дӯстӣ Ӯ шаванд (2 Қӯр. 5:18, 19). Ба одамон мавъиза кардани хушхабар ин роҳи муҳимтарини зоҳир кардани муҳаббат мебошад.

13. Дар кори шогирдсозӣ иштирок карда, шумо чӣ ҳис мекунед?

13 Вақте ки мо бо тайёрии хуб ба боздидҳо меравем ва омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронем, мо ба одамон ёрӣ медиҳем, ки ҳаёташонро ба меъёрҳои одилонаи Худо мувофиқ гардонанд. Ба баъзеҳо лозим аст, ки тарзи ҳаёти худро аз бисёр ҷиҳат тағйир диҳанд (1 Қӯр. 6:9–11). Вақте ки одамони фурӯтан ҳаёташонро дигаргун сохта, дӯстони Яҳува мегарданд, мо аз ин хеле хурсанд мешавем (Аъм. 13:48). Китоби Муқаддасро омӯзиш карда, ғаму ноумедии бисёриҳо ба шодӣ ва тарсу хавотириашон ба оромиву осоиштагӣ табдил меёбад, чунки онҳо ба Падари осмониамон боварӣ пайдо мекунанд. То чӣ андоза хурсандиовар аст мушоҳида намудани пешравии рӯҳонии омӯзандагони нав! Бале, ба воситаи кори шогирдсозӣ мо ба одамон муҳаббат зоҳир мекунем.

МУҲАББАТИ ҲАҚИҚӢ ЧӢ ГУНА АСТ?

14. Баъзе хусусиятҳои муҳаббатро, ки дар 1 Қӯринтиён 13:4–8 оварда шудаанд, бо суханони худ шарҳ диҳед.

14 Павлус низ дар бораи муҳаббат сухан ронда буд. Агар мо дар муносибат бо одамон гуфтаҳои ӯро ба кор барем, худро аз бисёр проблемаҳо эмин медорем, яъне гапамон бо дигарон камтар мегурезад. Инчунин мо хурсандӣ ҳис мекунем ва баракати Яҳуваро соҳиб мешавем. (1 Қӯринтиён 13:4–8-ро бихонед). Биёед кӯтоҳ дида бароем, ки Павлус дар бораи муҳаббат чӣ гуфт ва чӣ тавр мо суханони ӯро дар муносибат ба одамон ба кор бурда метавонем.

15. а) Чаро мо бояд пурсабр ва меҳрубон бошем? б) Аз кадом сабаб мо набояд ҳасад барем ва манманӣ кунем?

15 «Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст». Худо нисбати инсонияти нокомил сабр ва меҳрубонӣ зоҳир мекунад. Мо низ бояд ба Ӯ пайравӣ кунем, яъне вақте ки дигарон хато мекунанд, бемулоҳиза ё ҳатто дағалона рафтор менамоянд, бо онҳо босабр ва меҳрубон бошем. «Муҳаббат ҳасад намебарад», яъне муҳаббати ҳақиқӣ намегузорад, ки мо ба таъиноти дар ҷамъомад доштаи ҳамимонон ё ягон чизи дигаре, ки онҳо доранд, ҳасад барем. Инчунин, агар мо муҳаббат дошта бошем, мо аз муваффақиятҳои худ намеболем ё каттагӣ намекунем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува аз «чашмони ҳавобаландона ва дили пурғурур» нафрат дорад (Мас. 21:4).

16, 17. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 13:5, 6 мо бо одамон чӣ гуна рафтор мекунем?

16 Муҳаббат «бадкирдорӣ намекунад». Агар мо одамонро дӯст дорем, мо ба онҳо дурӯғ намегӯем, ягон чизашонро намедуздем ё ягон кори дигаре намекунем, ки ба қонуну принсипҳои Яҳува муқобил аст. Инчунин мо манфиати худро аз манфиати дигарон боло намегузорем, зеро муҳаббат «нафъи худро толиб нест». Яъне мо ба одамон ҳамеша некхоҳона рафтор мекунем (Фил. 2:4).

17 Муҳаббати ҳақиқӣ зуд «ба хашм намеояд». Он «ба дил кина намегирад», яъне мо дар диламон ҳисоб карда намегардем, ки дигарон чанд бор моро хафа карданд (1 Тас. 5:15). Агар мо дар диламон бухсу кина гирифта гардем, хашми мо метавонад рӯзе мисли оташ даргирад, ки он ҳам ба худамон ва ҳам ба дигарон зарар меорад (Ибд. 19:18). Баръакс, мо бояд онҳоро бахшем ва гузаштаро фаромӯш кунем. Муҳаббат моро бармеангезад, ки «аз ростӣ хурсанд» шавем, вале он «аз зулм шод намешавад». Ҳатто агар шахсе ки аз мо нафрат дорад, бо муносибати бад ё беадолатӣ дучор шавад, мо азоби ӯро дида шодӣ намекунем. (Масалҳо 24:17, 18-ро бихонед.)

18. Аз 1 Қӯринтиён 13:7, 8 мо дар бораи муҳаббат чӣ меомӯзем?

18 Биёед бубинем, ки Павлус оиди муҳаббат боз чӣ гуфт. Ӯ гуфт, ки муҳаббат «ҳама чизро рӯпӯш мекунад». Агар касе моро ранҷонаду лекин баъд бахшиш пурсад, мо аз муҳаббат ӯро мебахшем. Павлус инчунин навишт, ки муҳаббат «ба ҳама чиз боварӣ дорад». Мо ба ҳама чизе, ки аз Китоби Муқаддас мехонем, бовар мекунем ва барои ғизои рӯҳоние, ки ташкилоти Яҳува медиҳад, миннатдорем. Муҳаббат «ба ҳама чиз умед мебандад». Мо дар дил умед дорем, зеро ба ҳамаи он чизҳое, ки Яҳува ваъда додааст, пурра бовар мекунем. Ва азбаски мо одамонро дӯст медорем, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба онҳо дар бораи умеди худ нақл кунем (1 Пет. 3:15). Мо инчунин дуо гуфта, ба беҳтар шудани вазъиятҳои мушкил умед мебандем. Агар касе ба муқобили мо гуноҳ кунад ё моро таъқиб намояд, мо аз муҳаббат «ба ҳама чиз тоб» меорем. Беш аз ин, «муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад». Шахсони ба Яҳува итоаткор ин хислатро абадан зоҳир хоҳанд кард.

МИНБАЪД НИЗ ДИГАРОНРО МИСЛИ ХУД ДӮСТ ДОРЕД

19, 20. Кадом оятҳо аз Китоби Муқаддас ба мо таълим медиҳанд, ки ҳамеша бо одамон аз рӯи муҳаббат рафтор кунем?

19 Агар мо маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор барем, мо ҳамавақт одамонро мисли худ дӯст хоҳем дошт. Ҳам Худо ва ҳам Исо аз мо зоҳир кардани чунин муҳаббатро интизоранд. Мо бояд на танҳо одамони халқу миллати худ, балки тамоми одамонро новобаста аз нажод ва маданияташон дӯст дорем (Мат. 22:39). Агар дар ин ё он ҳолат ба одамон муҳаббат зоҳир кардан бароямон душвор бошад, биёед ба Худо дуо гуфта, аз Ӯ рӯҳулқудс пурсем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки аз рӯи муҳаббат рафтор кунем ва баракати Яҳуваро ба даст орем (Рум. 8:26, 27).

20 Иҷрои ҳукми “ёри худро мисли худ дӯст бидор” чунон муҳим аст, ки он «шариати шоҳона» номида шудааст (Яъқ. 2:8). Баъди номбар кардани баъзе аҳкоми Шариати Мусо, Павлус чунин гуфт: «Тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи: “Ёратро мисли худат дӯст дор” ҷамъбаст карда шудааст. Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст» (Рум. 13:8–10). Барои ҳамин, ба мо лозим аст, ки ҳамеша ба одамон бо муҳаббат рафтор кунем.

21, 22. Чаро мо бояд Худо ва одамонро дӯст бидорем?

21 Исо ба мо кӯмак кард, то хубтар фаҳмем, ки ёри мо кист. Ӯ гуфт, ки Падари ӯ «офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад» (Мат. 5:43–45). Исо таълим медод, ки мо бояд ба ҳамаи одамон, хоҳ одил бошанд, хоҳ золим, муҳаббат зоҳир кунем. Чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, роҳи муҳимтарини зоҳир кардани чунин муҳаббат — ин ба онҳо мавъиза кардани хушхабари Салтанат мебошад. Агар онҳо хушхабарро бо миннатдорӣ қабул кунанд, онҳо метавонанд дӯсти Худо гашта, хушбахтии зиёдро ба даст оранд.

22 Мо аллакай фаҳмидем, ки аз кадом сабабҳо бояд Яҳуваро бо тамоми дил, ҷон ва ҳуши худ дӯст дорем. Мо инчунин омӯхтем, ки чӣ тавр ба одамон муҳаббат зоҳир карда метавонем. Агар мо Яҳува ва одамонро дӯст дорем, мо ду ҳукми бузургтаринро иҷро хоҳем кард. Ва аз ҳама муҳимаш мо ба Падари пурмуҳаббати осмониамон Яҳува писанд хоҳем омад.